Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 27 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ рушду тараққиёт мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик мебошад. Зеро ин неъмате, ки Худованд барои бахти миллати мо ҳадя кардморо аз вартаи ноумедиҳову шикастҳо баровард. Барои мардум рузи нишоту ҳаёти ободу осударо фароҳам овард.

Вале, бо таассуф иброз менамоям, ки имрӯз боз як қабил афродони хиёнаткору фиребгар ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро пушти по зада, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи хорижиён гаштанд ва маҳз барои манфиати он хожагонашон аз миллати аз авлоди хеш аз мансабу аз обрӯву эътибори хеш сарфи назар нмуданд ва дар ниҳоят роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум намуданд. Дуруст ба мисоли намояндагни ТЭТ ҲНИ аз роҳбари гурезпояш Кабирӣ то шигирдонаш, ки имрӯз якчо ҳамаашон худро босмачиёни оянда эълон кардаанд.

Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки ба чунин ташкилотҳои иртижоӣ хосатан ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири ҳеҷ як чизи нодаркор худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Магар эшон дар зиндагӣ дигар орзуву омол ё ёру бародар  ва модару фарзанд надоранд, ки бидуни андеша ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна шомил гардида, амнияти ҳаёти худ ва хешу ақрабояшро дар хатар мегузорад. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ. 

 

 

Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  террористон  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташвиқотии  хешро идома дода истододаанд. Яъне сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд. Дар  ҳоле, ки  ҳамаи ин  баръакси кор аст.  Чунин шахсони нохалаф бо ин амалашон дар дар руи олам  нооромиро эҷод мекунанд, ва аз номи худашон доғеро   дар ҷомеа  мӯҳр мезананд .

Бино ба маълумотҳои ахборӣ,  вақтҳои охир  дар гурӯҳҳои экстремистии динӣ ба мисоли ТЭТ ҲНИ баъзе аз ҷавонони мо гумроҳшуда шомил гаштанд, ки ин  мо мардуми сулҳпарварро  ба ташвиш оварда буд ва ҳоло низ меорад, зеро то ҳол ин назҳатиҳо беимон паси пардаи ин ташкилот аз ҳар мавзеву макон истода, тарғиби терорру ақидаҳои ифротиро паҳн менамоянд.  Он ғояҳову идеяҳое ки ин гурӯҳҳо ба таффакури ҷавонон ҷорӣ кардаанд, дар асл ғояҳои ба дини мубини ислом  ягон умумияте надорад. Ба ҳама маълум, ки  дини мубини ислом идеяҳои сулҳ, маърифатпарварӣ, инсондӯстӣ, иззату ҳурмати волидайн ва монанди инҳоро мепарастад. Афсӯс, ки баъзе аз ҷавонон  шояд ки бо сабаби беаҳмиятии пеш аз ҳама волидайн, бефарқиятии мактабҳо ва таълимгоҳҳо фирефтаи агитаторҳои ин гурӯҳҳои экстремистӣ гашта истодаанд.  Онҳо мазмуни ҳақиқии ҳаёт,  оила,  падар,  модар, зан, фарзандро намедонанд.   Агар медонистанд,  он неъмати бебаҳое ки парвардигор ба онхо бахшидааст – ҳаёти худро  қадр мекарданд ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои илмомӯзӣ,  касбомӯзӣ, ташкили оила,  тарбияи фарзанд равона мекарданд.

 Намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки ҳамчун ташкилоти экстермистӣ эътироф гардидааст аз баъзе  камбудиҳое ки дар  ҷамъияти мо имрӯз вуҷуд дорад, моҳирона истифода бурда истодаандва ин аз дигагр жанба як баҳонаи хосе асту худсафедкуниҳоии Кабирӣ. Онҳо ба тафаккури ҷавонон   идеяи   ҷамъияти «боадолат»-ро  ташвиқот  карда истодаанд, ки онро гӯё  танҳо фаъолияти ҲНИ бо тағйир додани сохти давлатдории «давлати исломӣ»  таъмин  карда метавонад.   Агар мушоҳида  кунем, аксарияти ҷавононе ки ба ин ҳизбҳои экстремистӣ шомил мегарданд, бо ин идеяҳои ифлос ва ғаразнок  тариқи интернет ва адабиётҳои ғайриқонунӣ чоп карда шуда шинос гаштаанд.  Мо аъзоёни фаъоли ҷамъият, аз ҷумла, аъзоёни ҲХДТ,  зиёиён  ва ғайра бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем то  ки он фазои холигие,  ки дар ҳаёти  ҷавонон ҳаст, бо корҳои фоиданоки ҷамъияӣ  пур кунем.

Хурсандиовар он аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомли Раҳмон ба он оварда расонида истодааст, ки миқдори ҷавонони маърифатпарвар ва эҷодкор хеле ва хеле зиёд шуда гардидаанд. Мо таҷрибаи ин ҷавонони пешқадамро тариқи телевизион, радио, маҷаллаҳо ба ҳамаи дигар ҷавонон бояд расонем, то ки дигар ҷавонон аз онҳо ибрат гиранд. Инчунин зидди шахсоне, ки дар худ ниқоби динӣ гирифта аз номи дини мубини ислом ғояҳои ифродгаронаи худро паҳн мекунанд, чораҳои қатъӣ дида шавад ва ҷамъият аз ин гуна шахсон озод карда шавад.

Наим Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

ҲНИ  аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯҳрат» пайдо намуд. Дар муддати начандон тӯлонии даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сӯхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироқу ҷудоиҳо рӯ ба рӯ шуд. Гарчанде мо дар аксар маврид ҷанги бародаркушро дар Тоҷикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ мегӯем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромӯш кардем.   Ҳ Н И  аз замоне ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву»  «оҷиз» мешуморанд.

Имрӯз сазои ин носипосон ҳамин аст, ки онҳоро мардум чун  нерӯи пешбаранда қадр намекунанд.

 

Ҷавоб ба мавқеъгирии ғайрисозанда ва хилофкоронаи «генерал» Давлат Маҳмадризобеков

Дар дунё ҳама воқеаҳо ба воситаи чизе ба амал меоянд. Ин сатрҳоро мо ба воситаи чашмонамон дида истодаему мазмунашро бо ақли худ дарк менамоем. Овозро ба воситаи гушҳоямон мешунавему бо забонамон ҳарф мезанем. Абр меояду борон меборад. Ба воситаи оинаи ҷаҳоннамо мо ахбори нав мешунавему ҳодисаҳоро мебинем ва ҳоказо. Чунин аст ҳаводиси рӯзмарраи зиндагии ҳар фард дар замони муосир.

Боз воқеаҳои гузаштаи дар Бадахшон рух додаро низ ҳамаамон тавассути телевизион дидем. Ва ҳатто сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро низ худ бо чашми сар дидем ва суханрониҳои эшонро низ шунидем. Ин аст, ки барои фароҳам овардани фазои сулҳу дӯсти миёни мардумони Бадахшон ва пойдор намудани оромии ҷомеа дар ин марз Сарвари  давлат суханрониҳо намуда қайд намуданд, ки бояд таъиноти кадрӣ дар ин вилоят ба роҳ монда шавад. Ин аз ҳама роҳи беҳтаре буд, ки низому тартибро дар ҳамаи манотиқи вилоят ҷо ба ҷо менамоянд.

Тавре тариқи оинаи нилгун шоҳид гардидем, якчанд нафар ҷинояткоронро аз шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон пайдо намуданд, ки аз хонаҳои истиқоматии онҳо намуди зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт гардид. Ҳатто сарвари давлат низ зимни суханронии худ дар ин ҷо қайд карда буданд, ки «Ин ҳама тарёрии ҷангӣ ва лавозимоти ҷангӣ барои чӣ ва бар зидди кӣ». Ман низ мароқ зоҳир намудам ба ин тайёрии онҳо, ки барои чи ин қадар лавозимотҳои ҷангиро дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд, ки онҳоро ҳимоя мекунад, ки ба чунин корҳои ғайриқонунӣ даст задаанд. Кадрҳои фаъолияткунандаи ба гуфти ин «генерал», яъне «кадри маҳаллӣ» ба куҷо нигоҳ мекунад, ки ин шахсони ҷинояткор озод гаштаанд ва ба мардуму ҷомеа бо чунин амали худ хатарро таҳдид карда истодаанд.

Мусоҳибон низ имрӯз ёфтанд «генрале»-ро, ки бо ӯ мусоҳибаи ба фикри худ судманд оростаанд. Барои Давлат Маҳмадризобеков гуфтаниам, ки корнамоии кадрҳои маҳалли шуморо агар номбар кунем, дили кас аз ин маҳаллиён шояд монад, ҳол он ки идао кардед, то шаҳру ноҳия дар идораи онҳо бошад. Агар кадрҳои маҳалли сари вазифаи худ содиқ мебуданд, яке дар хориҷ бо таҳқиру мавриди масхара қарор додани кишвар барои грантҳои мухолифон ноил гаштааст, дуюмин дар утоқҳои кории хеш бо ҳар гуна амалҳои ифлос машғул гаштааст ва сеюмин миллатгароӣ намуда, дуруст ба мисоли худи ту мардумро алайҳи якдигар шӯронида аст. Куҷост идоракунӣ аз тарафи чунин кадрҳои маҳаллӣ. Ҳатто баъди пайдо намудани ин далелҳои бозёфтшуда низ ягон чора андешида нашудааст, аз ҷониби кадрҳои маҳаллӣ. Агар дурусттар баён намоем, аз ҳамон маҳал будани Давлат низ аз гуфтаҳои дӯрӯғросташ маълум. Боз як кадри маҳалли интихоби Шумо ба чунин суханони миллагаро оварда мерасонад, айнан ба мисоли «генерал» давлат, амианам, ки ин кадр низ тасодуфӣ ба вуқӯъ омадааст. Вагарна барои пешравии кори хеш метавонист Давлат дар пайравии Ҳукумати кишвар хулоса кунад, ки чунин кадрҳои маҳаллӣ баракс шаҳри Хоруғро ба макони ҷиноятпешагон мубаддал намудаанд. Ин пешгӯии Давлат барои идомаи амалҳои зишти зидди давлатист, зеро бо ба сари ҳокимият овардани ба қавле «шиносҳояшон» бе ягон мамоният мақсадҳои ғаразноки хешро амалӣ месозанд. Ба қавли мақоле «Хар ҳамон хар, вале харсавор нав».

Дар фарҷом ба Давлат Маҳамдризобеков иброз менамоям, ки ин ақидаҳои миллатгароиатро ба паси худ парто, зеро тамом шуд он худпарастиҳои шумо баринҳо, ки ба хости худ то имрӯз амал намудед. Ҳукумати кишвар медонад, ки барои фароҳам овардани фазои оромиву осудаҳоли миёни мардум кадом чораро биандешад. Аз ин хотир бидон, ки ҳамин миллатчигии баъзе аз худхоҳони шаҳр имрӯз вазъияти тамоми кишварро барои муташанниҷ намудан иқдом карда истодаанд. Ва медонем, ки ин суханони бемаънои гуфтаат низ барои дастгирии ҳамон ҷинояткорону аъзоёни ташкилотҳои терористистӣ аст.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули нашрияи «Меҳвари дониш»-и

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

      Роҳбарон ва аъзоёни Ҳизби назҳати ислом дар хориҷи кишвар низ фаъолияташро беш аз пеш пурқувват намуда истодаанд. Раёсати ҲНИ мунтазам оид ба манъи ғайриқонунии фаъолияти ҳизб, таъқиб ва фишори аъзоёни ҳизб аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ҳаёти носолими мардуми Тоҷикистон ахборот ва маълумоти бардурӯғ пахш менамоянд. Дар назари аҳли ҷомеа худро ҳамчун ашхоси ҷабрдида ва бегуноҳ аз кишвар ронда шуда нишон дода, ҳадаф ва мақсадҳои асосии худро амалӣ карда истодаанд. Барои ҳаёт ва фароғати хушро дар хориҷи кишвар таъмин кардан, маблағи калон лозим аст. Аз ин лиҳоз, аъзоёни ҳизб бояд ҳомиён ва сарпарастони худро  бовар кунонанд, ки онҳоро беасос аз ватан рондаанд. Эшон дар ин кор таҷрибаи калон доранд. Зеро ки роҳбарон ва пайравони ҲНИ аввали солҳои 90 асри 20 низ пас аз шикаст хӯрдан, яъне Ҳукумати қонуниро аз байн бурда натавонистан ватанро тарк намуда буданд. Вале бо ҳиллаву дурӯғ мардуми зиёди гумроҳро бо худ ба хориҷи кишвар бурда тавонистанд. Бо ташаббус ва заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳама гурезагон ба Ватан баргардонида шуда буданд.

       Аз ин рӯ, роҳбарони ҳизб фикр доштанд, ки пас аз ба хориҷа фирор намудан, нафарони зиёде онҳоро дастгирӣ менамоянд. Аммо мардуми бомаърифат ва сулҳхоҳи тоҷик онҳоро пайравӣ накарданд, баръакс баъд аз ниқоб аз рӯй бардошта, амалиёти кушоду руйрости зиддидавлатӣ (моҳи сентаябри соли 2015), аз мақсади ниҳоии онҳо бохабар гашта, ҳатто пайравонаш фаъолияти онҳоро маҳкум карда, аз ҲНИТ рӯй гардониданд. Алҳол бошад, маълум нашуд, ки чаро аъзоёни камшумори ҳизб зидди Ҳукумати қонунӣ мубориза намуданд? Магар онҳо мақсад доштанд, дар кишвар табаддулот гузаронида, сари қудрат оянд? Магар аз вазъу муҳити сиёсиву иҷтимоӣ, майлу хоҳиши мардум ва қудрату тавоноии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бехабар буданд? Албатта, не! Онҳо хуб огоҳ буданд, ки ин бор ҳам шикаст мехӯранд.  

      Онҳо бо нақшаи пешакӣ аз тарафи ҳомиён ва роҳбарони ҳизб тарҳрезӣ шуда, амалиёт намуда, шикаст хӯрда, аз кишвар фирор карданд. Ҳадафи асосӣ аз он иборат буд, ки бо ҳамин амалиёти бесамар дар байни ҷаҳониён худро ҷабрдида ва таъқибшуда нишон дода, минбаъд ҳам дастгирӣ ва маблағгузории сарпарастонашонро таъмин намоянд. Бояд қайд кард, ки қисман ба ин мақсади ниҳоӣ ноил ҳам шуданд, дар хориҷа сарпаноҳ пайдо карданд.

     Пас саволе ба миён меояд, ки ба баъзе давлатҳои хориҷа ин мухолифин чаро лозиманд? Аввалан, баъзе давлатҳо мухолифини дигар кишварҳоро моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намуда, дар оянда барои расидан ба ҳадафҳои худ, яъне тавассути онҳо фишор овардан ба дигар давлатҳо ва иҷро намудани мақсадҳои ғаразноки худ онҳоро моҳирона истифода мебаранд. Сониян, барои дар оянда ноором ва муташанниҷ намудани вазъи кишварҳои дигар онҳоро муваққатан дар мамлакати худ нигоҳ медоранд. Билохира, дар назари  ҷаҳониён худро чун «давлати адолатхоҳ» ва «ҳомиёни самимии» ҷабрдидагони дигар кишварҳо вонамуд мекунанд. Вале мақсади давлатҳои мазкур як аст, онҳоро барои ба даст овардани ҳадафҳо ва манфиатҳои стратегии худ дар вақти зарурӣ истифода бурдан аст. Мухолифин чун лӯхтак муддате барои расидан ба мақсадҳои сиёсии давлатҳои мутараққӣ хизмат менамоянд ва пас аз иҷрои вазифаи худ аз арсаи ҷаҳонӣ дур карда мешаванд ва дигар касе онҳоро ёдовар намешавад. Оқибати ҳама қувваҳо ва нафароне, ки ба миллати худ ва ватани худ хиёнат карда, ба ҳомиён ва сарпарастони хориҷӣ хизмат менамоянд, нобудӣ ва шармандагӣ мебошад. 

Таиба Бобоева, номзади илмҳои суханшиносӣ,

мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ  

 

Мардум соҳибназар ва иродатманди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон! Ҳар як шаҳрванди ваҳдатшиори кишвар аз он ифтихор дорад, ки ин минтақаи зеботарини кишвар бо кӯҳҳои сарбаафлоккашида ва мардуми ғаюру далери худ барои пойдории миллати бузурги тоҷик то кадом андоза саҳми шоиста дорад. Ин диёри биҳиштӣ воқеан ҳам барои Тоҷикистон беҳтарин сиёсатматдорон, шахсиятҳои бузурги таърихиро эҳдо кардааст ва мекунад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳар як шаҳрванди ин минтақа ба хотири  афзун намудани дониш ва малакаи худ дар бонуфузтарин муассисаҳои дохиливу хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ва бегумон Бадахшонро дарвозаи тиллоии мамлакат наменоманд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва робитаи ҳасана бо кишварҳои хориҷ имрӯз симои вилоят куллан дигар шуда, қомат афрохтани Донишгоҳи муосири Осиёи Миёна барои ғановати маънавии ин минтақа, ба ҳам омадани ҷавонони Осиёи Миёна, ки дорои дониши баланду нерӯи фитрии хосса доранд, мусоидат менамояд. Гузашта аз ин эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба ин минтақа боз ҳам зиёдтар намуд. Ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки минтақаи Бадахшоне, ки замоне аз марказ дар мавсими сармо моҳҳо ҷудо буд, имрӯз дар ҳама сол пайвандар бо дигар минтақаҳо ҳаст. Гузашта аз ин ба хотири ҳифзи марзу бум ҳамасола барои таҳкими сарҳади вилоят ва вазъи иҷтимоии сокинон маблағҳои зиёд аз буҷети кишвар масраф мегардад.

Сарвари давлат зимни сафари панҷрӯзаи худ бо нишонаи эҳтиром ба мардуми соҳибфарҳанги вилоят дилсӯзона вазъияти сиёсии вилоятро таҳлилу  баррасӣ намуда, ба хотири амну осиштагӣ дастур доданд, ки нафарони олами ҷиноӣ, гурӯҳбозу тафриқандозро ба низом дароранд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки маҳз чунин ашхоси бедилу бедин, манфиати худро аз манфиати ҷомеа боло гузошта боиси сар задани ҷангу ҷидол ва нофаҳмиҳо мегардад. Воқеан ҳам минтақа ба тартибу низом эҳтиёҷ дошт. Агар пеши роҳи амалҳои бадкирдоронаи гурӯҳҳои ҷинояткорро ба монанди Толиб, Боқир, Ёдгор нагирем, фардо дер хоҳад шуд. Ҳамзамон мо медонем, ки таъсир қувваҳои беруна низ барои оромию сулҳу суботи минтақа халал ворид мекард. Халъи силоҳ, аз байн бурдани гурӯҳу «рекетҳои» шаҳр, дастҷамъона мубориза бурдан ба нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ояндаи дурахшони вилоятро кафолат медиҳад. Вагарна мардум озодона нафас гирифта наметавонанд. Ба ғиреву дасисаҳои душманони миллат бовар накунем. Зеро онҳо манфиатдори нобасомониҳо ҳастанд.

Дар шӯронидани мардум нақши «сиёсатмадори гурезпо», ки замоне роҳбарии Ҳизби сотсиал – демократии Бадахшонро бар зима дошту имрӯз бо чанд диноре ба наҳзатиҳо фурӯхта шудааст Алим Шерзамонов ҳам хеле калон аст. Ин нафари худобехабар имрӯз худро роҳбари Анҷумани «Озодандешон» эълон карда, мехоҳад ангезаи ҷанги шаҳрвандиро маҳз аз минтақаи Бадахшон хезонад. Ҳамаи мо бо гушту нохуни худ оқибатҳои фалокатбори ҷанги хонумонсӯзро эҳсос намудаем. Он замон  ба ғайр аз минтақаи Хатлон Бадахшон низ бинобар канда шудани робита бо марказ давраҳои мушкилро аз сар гузаронид. Мо шукронаи имрӯзи давлаториро намоем. Атрофи давлат ва Ҳукумат сарҷамъ шуда, пайи ободии диёр, ҳифзи меҳан ва нангу номуси Ватандорӣ бар муқобили ин нокасон, ки хориҷ аз кишвар онҳоро хоҷагон парасторӣ мекунанд, якҷоя бояд мубориза барем. Ҳамзамон бо меҳнати ҳалол, масъулияти том дастовардҳои истеҳсолии худро зиёд намоем. Фарзандонамонро дар руҳияи хештаншиносиву дӯст доштани обу хоки Ватан тарбия намоем. Зеро меҳанамонро ба ҷузъ мо каси дигар обод нахоҳад кард.

Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

   

          

 

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равонро дар баробари рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ  нисбати осебпазирии қишри ҳассоси ҷомеа –ҷавонон  бобати эътибори хоса додан  ба  фанноварии муосир, нагаравидани онҳо  ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд.  Аз ҷумла зикр намудаанд, ки  аз устодону омӯзгорон ва волидон тақозо карда шавад, ки диққати наврасон  ва донишҷӯёнро барои азбар намудани  донишхои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, зоҳирпарастиву ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоянд. Зеро солҳои охир зуҳуроти терроризм  ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта,  ҷаҳони  муосирро ба ташвиш овардааст.  Мутаассифона кувваи  асосии зиндаи он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим  ташаккул медиҳанд.

Воқеан терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки  ба масоили мубрам табдил ёфтааст. Фоҷеаҳои нангини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик  ба вуқуъ пайвастааст, ҳеҷ ашхоси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин замина тарбияи  дуруст ва дар ҷодаи худшиносию худогоҳии миллӣ  тарбия намудани насли наврас  вазифаи ҷонии мо устодон ба шумор меравад.

Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба монанди ҲНИ, ки ҷаҳонро  ба таҳлука андохтаанд, ки хадафи асосии онҳо аз байн бурдани якпорчагии  давлат ва қатлу куштор  ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳокимиятро ба даст оранду ҷамъиятро ноором намоянд. Дар замони муосир аксари гурӯҳҳои террористӣ  ба қатлу куштори халқи осоишта машғуланд ва ба номи ислом ин амалҳои нангинро рабт медиҳанд.  Кисми зиёди ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд, на дониши кофии исломӣ доранду на дониши фарохи дунявӣ. Бо ваъдаҳои пӯч, ки оқибаташ танҳо марг аст, онҳоро фиреб менамоянд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе, ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад ва рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст то хонад, маърифатнок шавад. Тангназарон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масъулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинаву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз чаҳоряк аср танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои хеш интихоб кард. Ҷахду талошҳои Сарвари кишварамон ҳамарӯза баҳри некуаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагию мақоми байналмиллалии Ҷумхурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Аз ин рӯ, мебояд мо, устодон машғулиятҳои тарбиявиро  дар муассисаҳои ҷиддӣ ба роҳ монда, донишҷӯёну хонандагонро аз  вазъияти сиёсии ҷаҳон огоҳ намуда, ба онҳо бифаҳмонем, ки сулҳу вахдат ва истиқлолият неъмати бебаҳоянд. Бояд ба қадри сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвари хеш бирасем ва баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон талош варзем. Маҳз ин аст рисолати ватандорӣ ва ҳифзи якпорчаги марзу буми Меҳан.

Хуршед Худойбердиев,

номзади илмҳои физика ва математика,

дотсенти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои  муғризонаи гурӯҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати  имрӯзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои  ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед.      

Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз,  пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд.

Мо, ҷавонон аксаран аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз бо шарофати тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҷавонони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дар сафи артиши миллӣ дӯстона ва чун фарзандони як оила хидмати Модар-Ватанро сарбаландона адо менамоем. Ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони вилояти Суғд дар канори ҷавонони дигар манотиқи Тоҷикистон чун Хатлону Зарафшон, Ҳисору водии Рашт, дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон хидмат мекунанд. Аммо мутассифона шумораи ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хеле кам мебошад. Асосан, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз ба хидмат сафарбар шудаанд, ки онҳо низ нисбати дигар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб кам ҳастанд. Аммо аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ва Рӯшон  умуман ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба назар намерасанд.  Ҳол он ки аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон ҳатто худро «пешво»-и мардум эълон намуда, барои тафриқаандозӣ ва мардумситезӣ  кӯшиш доранд. Ин гурӯҳҳо бо кадом асос даъвои «пешво»-ӣ мекунанд, ки нафаре аз хешовандонашон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳифзи марзу буми хеш хидмат намекунад. Мутаассифона, ин ҷавонон агарчӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хидмати Модар- Ватан намераванд, вале дар хидмати ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша буда, ҳамчун ғулом супориши ин «пешвоёни мардумозор ва мардумбезор» -и хешро иҷро мекунанд.

 Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро  муқобилият ба мардум унвон мекунад. Инсоф куҷост? Вақте солҳо ту ва ҳамроҳони нашъаҷаллоб ва ҷинояткоратон бар сари мардуми Бадахшон чӣ қадар бадбахтиҳо овардаву имрӯз аз кишвар фирор кардед, чаро бешармона мардумро ба муқобили давлат мехоҳед бархезонед. Мо боварии комил дорем, ки халқи Бадахшон ҳаргиз ба дасисаҳои Шумо дигар бовар нахоҳад кард, чун имрӯз аллакай мӯйро аз хамир ҷудо кардааст.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо ҷавонони вилояти Суғд ба ҳамсолони худ муроҷиат менамоем, ки  дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед. Шумо, ҷавонони ватандӯсти вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳои барои ҳамаи мо ҳассос ва марҳилаи даъват ба артиши миллӣ имконият доред, ки бо раъйу иродати хеш ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, ҳамчун гурӯҳҳои ватандӯст, ватанпарвар дар самти ҷамъоварии пурраи силоҳ, пешгирии ҷинояткорӣ, таслими гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҷиноятпеша, нашъаҷаллоб, ки ҳамагӣ сабабгори чунин нооромиҳо дар минтақа гардиданд, саҳми назарраси хешро гузошта, оини ватандӯстӣ ва ватандории хешро дар назди халқу  Ватани азиз собит намоед.

                                                        ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

 

 

 

 

 

 

Аз таърихи давлатдории ҷаҳонӣ маълум аст, ки дар ҳама давру замонҳо шахсият ва гурӯҳҳое буданд, ки аз сохт ва умури давлатдорӣ норизоанд. Аммо онҳо бо кору амали худ камбудиҳоро ошкор намуда, роҳи ҳалли онро меҷустанд. Муҳимаш ба саодату эътимоди халқ ноил мегардиданд. Яъне, рақобати солимро ба  миён меоварданд. Дар кишвари мо низ то соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсии баробарамалкунанда фаъолият дошт. Аммо ин ташкилотҳо бо усули корбарии худ яке аз дигаре фарқ дошт. Мусаллам аст, ки он ҳизбе маҳбубияти халқро бештар ба даст меовард, ки содиқона ба ҳалқ хизмат кунад. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳарчанд ба гуфти худашон «куҳансолтарин» ҳизб баъди ҳизби коммунисти Тоҷикистон маҳсуб мешуд, давоми беш аз 23 соли фаълияти худ натавонистанд, боварию эътимоди мардумро ба даст орад. Аъзоёни соддалавҳи ин ҳизб ахиран дарк накарданд, ки мавҷудияти ин ҳизб барои соҳиб шудани курсии парлумонии Муҳиддин Кабирӣ ва нафари дигари калидии ин ташкилот буд. Агар чунин не, пас чаро дар интихоботи ахиран, ки ҳизб ба мағлубият дучор шуду Кабирӣ натавонист ба парлумон роҳ ёбад, норозигӣ зиёд шуд. Магар дар интихоботҳои пешин низ ҲНИ ғалаба кард? На, ин нафарон аъзои худро ғуломи хеш карда буданду халос. Агар Кабирӣ муҳаббати воқеӣ ба Ватан медошту дилсӯзи халқу миллат мебуд, ғами сарҷамъии миллат, ваҳдату суботро мехӯрд, на ин ки бар сари миллат бармехост. Ӯ ва Шӯрои олии ҳизб аз интихобот хулосаи даркорӣ мебаровард. Дар кучо камбудиҳо бошад, ислоҳ мекард. Воқеан  ҳизбе, ки Кабирӣ онро сарварӣ дошту онро чанд «фанат»- ҳо ҳимоят мекардд, то имрӯз чӣ коре ба нафъи ин миллат анҷом дод? Кадом аъзои ҳизби босаводи худро пуштибонӣ дошту кӯшиши дар парлумон мавқеъ ёфтанашро меварзид, ки мо ӯро бо боварии том ҷонибдор бошем? Нафареро метавонед чун аъзои ҲНИ ном баред, ки халқ ба фарҳангу илми ӯ қоил бошаду ояндаи ватанро ба ӯ бовар намояд? 

Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом дар мусоҳибаи худ дар сомонаи «Паём.нет» роҳбари ҳизб ва худи ҳизбро  ба таъбири халқи “Мусичаи уволак”  пиндошта, гӯиё ҳар он амале, ки ҲНИ анҷом додааст, бар нафъи халқ анҷом додааст. Агар ин тавр мебуд, чаро нафаре аз накӯиву хайр ва эҳсонкории аъзоёни ҲНИ ҳарфе бар лаб намезанад. Агар ҲНИ воқеан ҳам дархӯри розу ниёзи мардум мебуд, пас чаро бо роҳандозии барномаи худ лоақл ба дарди дарманде дармон ва ҳоҷати нафари ниёзмандро мебаровард. Не, онҳо баръакс аз бар захми ҷароҳатҳо намак мепошиданд. Танҳо иғвову дасиса ва тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи давлат ҷоиз медонистанд. Онҳо тавассути нашрияи “Наҷот” миллатро наҷот намедоданд, балки худро аз халқ дур мекарданд. Бастаҳои нашрияро ройгон ба халқ тақсим мекарданду тухми нифоқро мекоштанд. Орзуи “рӯзи саодат”-ро мекарданд. 

Маҳмудҷон Файзраҳмон иддао дорад, ки аъзои ҳизб пайрави дигар равия нест. Хеле соддалавҳона гуфтааст. Агар наҳзатиён шиамазҳаб набошанд, ин ҳама маблағҳои ҳангуфт, ки дирӯзу имрӯзу шуморо таъмин мекунад аз куҷо? Аз куҷо Кабирӣ дар Олмон карру фар карда мегардад? Аз куҷо Алим Шерзамонову Темур Варқӣ маблағ ёфта зиндагӣ мекарданд. Ин нафарон аввал имон, баъд миллаташонро бар ивази дастмузд фурӯхтаанд.

Дар мавриди ҳизби экстремистиву террористи эътироф шудани ҲНИ-ро ҳамон тавре, Маҳмуди Файзраҳмон мегӯяд, ягон давлат эътироф накардааст, хатои маҳз аст. Зеро 3,3 миллиард  аҳолии замин, ки ба Созмони ҳамкории Шанхай шомиланд ҳанӯз санаи 29 январи соли 2016 ҳизби наҳзатро чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф намуданд.

Пас, моро мебояд, ки ба халқ чеҳраи аслии ҳизб ва роҳбараш  Кабириро нишон диҳем. Барои сарҷамъии миллаи саъй варзем.  Яъне, чуноне ки мегӯянд аз сухан ба амал гузарем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Бояд гӯем, ки хуни ноҳақи садҳо бегуноҳон бар сари исломтарошони ҲНИ, ки пас аз солиёни дароз парда аз рӯи нобакориҳояшон бардошта шуд, бор аст. Маҳз саркардангони ҳамин ҳизб тавонистанд дар зеҳну шуури мардум андешаи «Худошиносу исломгарои»-ро ворид кунанд. Онҳо бо истифода аз масҷидҳои панҷвақта ва муассисаҳои диние, ки давлат барои фаъолияташон шароит фароҳам оварда буданд, пинҳонкорона нақшаҳои ғаразноки худро мекашиданд.

 Терроризму ифротгароӣ ҳадафи олии онҳо буд ва бо истифода аз ноамниҳои давлат ҳам аз тарафи хоҷагон маблағ мегирифтанд ва ҳам бо воситаи қатлу куштор сарват ҷамъ менамуданд.  Оқибати ин ҳама нодидагариҳои онҳоро мардум дарк карданд ва имрӯз наҳзатиён ду пула обрӯ дар ҷомеа надоранд.

Мо, устодон мунтазам дар вохӯрию конфронсҳо, соатҳои тарбиявӣ хонандагонро бо моҳият ва «рисолати нахзатиён» онҳоро ошно сохта, чеҳраи аслии «саромадони» ҳизбро ба дурустӣ  мефаҳмонем.   Кӯшиш ба харҷ медиҳем , ки хонандагони мо донанд,ки аз руйи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷони ширини худро аз даст медиҳанд, террористон ватан , дину оин ва мазҳаб надошта ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфикани ва бо ин роҳ ба мақсади шуми худ расидан мебошад.

Ҳамаи мо ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, ҷавобан ба щамхорию муҳаббати самимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастию донишмандӣ дучанд меҳнат карда саҳми босазо хоҳем гузошт.

Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро дур аз ин гирдоби осебкунандаи ҷаҳон нигоҳ дорад.

Мо,устодон амалҳои  номатлубро маҳкум намуда барои пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор хоҳем шуд.

 

 Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Мусаллам аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибтстиқлоли мо таҳти роҳбари хирадманду оқилаш ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, зеро он дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Вале ин пешравиҳо то чи андоза ба рухи М.Кабирӣ ва намояндагони иғвогаронаш таъсир расонидааст, ки хостанд бо гирифтани ҷони ҷавони чанде аз сайёҳони бечораи хориҷи дар шаҳри Данғара сафи сайёҳонро дар кишвар кам намоянд ва ба миллат иснод оваранд. Гузашта аз ин то ҳол идао менамоянд, ки ин кори мақомти давлатист.

Аввал ин, ки рафтори ноҷавонмардони ин назҳатиҳоро солҳост, ки мушоҳида намуда истодааем. Дуюм ин, ки мақомоти давлати аз Шумобаринҳо хиёнаткору ватанфурӯш нест, ки бо чунин амали нангин номи кишварро доғдор кунад. Ба миосли ин боз чанде “қаҳрамониҳоятон ”- ро бар гардани мақомотҳои давлати бор кардед. Ба фикратон мардум беақлу девонаанд, ки ба чунин суханони бемаврид бовар мекуннад. Донед, ки минбаъд шуморо ҳамон фармондеҳон гӯш мекуннаду бо ангушти ишораашон дар атрофи хууд бози медоранд, зеро аллакай шумобаринҳо лӯхтаки дасти он хориҷиён гаштаед.

Бисёр кам мондааст, ки онҳо низ аз истифодаи шумо дилбазан гашта, шуморо ба холи худ хоҳанд гузошт. Он вақт дарк хоҳҳед кард, ки ВАТАН чи қадар муқаддас аст.