Дар  Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони вазир, муовини Раиси вилоят Назир Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, кормандону роҳбарони шуъбаҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни бинои кохи фарҳангӣ намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Вазири маориф ва ҳайати ҳамроҳони ӯ зимни азназаргузаронии намоиши мазкур ба фаъолияти илмӣ, вазъи пояи моддиву техникии донишгоҳу донишкадаҳо  баҳои баланд доданд. Ҳамзамон  аз ҷониби Вазир дастур дода шуд, ки донишҷӯёну омӯзгорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳар вақта дида бештар саҳм гиранд.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сухани ифтитоҳии Саид Нуриддин Саид оғоз гардида, мавсуф таъкид дошт, ки соҳаи  маорифи вилоят дар ҳама самт пешравиҳои назаррас дорад. Нақши маорифчиёни вилоят дар пешбурди фаъолияти аҳли маорифи кишвар назаррас аст. Ғолибияти навбатии иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ аз вилоят ин мақоми маорифчиёни Суғдро дар кишвар боз ҳам баланд бардошт.

Ба таъкиди Вазир қаблан чунин ҷаласаҳои сайёр дар  дигар минтақаҳои кишвар - шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва водии Рашт баргузор гардида, ҳадаф аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо ҷараёни таълиму тарбия ва ислоҳи камбудиҳои мавҷудаи соҳа мебошад.

Муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ оид ба вазъи таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  гузориш дод. Мавсуф баробари зикри муваффақиятҳо аз натиҷаи санҷиши 252 муассисаҳои таълимӣ хулосабардорӣ кард. Қайд шуд, ки алҳол пешорӯи маорифчиёни вилоят мушкилоти ба пуррагӣ фарогир нашудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва ба кори мураббиягӣ ҷалб шудани мураббияҳои ғайриихтисос, ба таълим машғулшавии беш аз 93 нафар устодони синнашон аз 75 сола боло ҷой доранд. Ҳамчунин зикр шуд, ки 12 нафар хонандагони вилоят аз таҳсил дур мондаанд. Теъдоди омӯзгорони ғайриихтисоси омӯзгорӣ ва ғайриихтисоси фаннӣ дар вилоят ҳамагӣ 480 нафарро ташкил медиҳанд. Маърӯзачӣ  иштироки фаъолонаи хонандагони вилоятро дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ махсус таъкид намуда, дастпарварони шаҳру навоҳи Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуровро намуна ба дигарон ҳисобид. Шогирдони ин шаҳру навоҳии  вилоят бо ба даст овардани беш аз  164 зинаҳои ифтихорӣ дар 4 соли охир соҳиби дастоварди назаррас шуданд. Аммо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияи Истиқлол ва Кӯҳистони Масчоҳ дар давоми  чор сол дар ин самт ба  ягон пешравӣ соҳиб нашудаанд.   

Муовини аввали Вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев зимни таҳлили вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот олиии вилоят зикр дошт, ки барои боз ҳам хубтару самараноктар гузаштани ҷараёни машғулиятҳо бояд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ воситаҳои аёниии муосир бештар истифода шаванд. Пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳо ва вусъати пажӯҳишу истеҳсолот дар паркҳои технологӣ барои омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Аммо вазъи компютеркунонӣ, истифодаи проектору тахтаи электронӣ, дастрасӣ ба шабакаи байналмилалии интернет на дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар пояи хуб аст. Шумораи устодони ҷавони унвондор низ тақвият мехоҳад. Бояд бештар устодон ба корҳои илимиву пажӯҳишӣ даст зананд.

Вазири маориф ва илми кишвар Саид Нуриддин Саид дар заминаи баромади  Раҳматулло Мирбобоев зикр дошт, ки  дар қиёс ба дигар мактабҳои олии вилоят раванди компютеркунонӣ, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо проектору тахтаҳои электронӣ, дастрасӣ ба интернет ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар самти риёзиву техникӣ дар Донишкадаи полиетехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хуб аст.  

Муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ  Раҳмонов оид ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар доираи  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ солҳои 2014-2017 мухтасар ҳисобот дод. Қайд шуд, ки агар дар соли нахустини фаъолият дар маҷмӯъ дар 14 шаҳру навоҳии кишвар нуқтаҳои марказ фаъолият дошта бошанд, пас ҳоло  ин теъдод ба  29 адад расидааст. Мавсуф зимни баромад аз он изҳори таассуф намуд, ки на ҳамаи ҳуҷҷатсупоридагон аз сомонаи Марказ, хосса, кабинетҳои инфиродӣ самаранок истифода мебаранд. Масалан, дар соли 2017 аз кабинетҳои инфиродӣ ҳамагӣ 63590 нафар довталабон (55,47 % аз 114639 довталаб тибқи 3 озмуни тақсимот) ва 28737 нафар аз  хизматрасонии “Худро бисанҷ” истифода кардаанд. Бинобар мувофиқи мақсад набудани таблиғот, бедор накардан шавқи хонандагон ба илмҳои дақиқу равияи техникӣ сол аз сол теъдоди довталабон ба гурӯҳҳои ихтисоси якуму дуюм кам мешавад. Мавсуф аз камтаваҷҷуҳии масъулони соҳа дар мавриди аз қайдгузарӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ изҳори ташвиш кард. Масалан аз шумораи  3899  нафар хатмкунандагони шаҳри Истаравшан ҳамагӣ 1710 нафар аз қайд гузаштаннд, ки 43, 86 дарсадро ташкил медиҳаду халос.  Дар маҷмӯъ дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар холҳои миёнаи довталабони вилояти Суғд аз ҳама баланд аст.

Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар  Комил Исоев дар бораи вазъи таъминоти муассисаҳои таълимии вилоят бо китобҳои дарсӣ гузориш дода, таъкид дошт, ки барои беҳтар шудани сифати таълим аз Вазорати маориф ва илми кишвар дар соли хониши 2017-2018  2285311 адад дастрас гардид..  Аммо маблағи  бақияи қарзи китоби истифодашуда то кунун 1 миллиону 923 ҳазору 101,77 сомониро ташкил медиҳад.  Ба андешаи Комилшоҳ Исоев яке аз мушкилаҳои соҳа аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ба таври воқеӣ пешниҳод накардани эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ аст. Мутаассифона,  номгӯйи пешниҳодкардаи масъулони таълимгоҳҳо ва шуъбаву раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба теъдоди мавҷудаи китобҳои дарсӣ, ки хонандагони мактабҳо ба онҳо ниёз доранд, мувофиқат намекунанд. Аз ин рӯ, норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба миён омадааст. Яке аз сабабҳои дигари танқисӣ дар чопи китобҳои дарсӣ сари вақт пардохт нашудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби шуъбаҳои маориф мебошад. Мушкилоти дигари фаъолияти китобдорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ихтисосманд набудани мудирони китобхона ва китобдорон аст.

Директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ» Киромиддин Назаров таъкид дошт, ки  дар вилояти Суғд 19 Марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия таъсис дода шуда, бо 75 воҳиди корӣ фаъолият менамоянд. Махсусан фаъолияти марказҳои вилоятӣ ва шаҳри Исфара қобили омӯзиш аст. Дар шаҳри Исфара 7 утоқи корӣ мавҷуд аст, ки барои боз ҳам хубтар ҷараён гирифтани таълими технологӣ мусоидат мекунад. Аммо на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят Марказҳо  бинои алоҳидаи  худро доранд. Хуб мешуд, ки дар ин бобат роҳбарони шаҳру ноҳияҳо  ба фаъолияти Марказҳои  шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом, Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод ва Спитамен пайравӣ менамуданд.

Сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров  дар бораи  фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузориши муфассал ироа дошт.  Қайд шуд, ки дар вилоят  22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейи касбии техникӣ) фаъолият менамоянд, ки аз рӯйи 30 ихтисос касбҳои коргарӣ мутахассис  омода намуда, дар онҳо 6983 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. 

Ҳамзамон, дар вилоят 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ-технологӣ, варзиш, иқтисодӣ, кишоварзӣ фарҳангӣ дар доираи 57 ихтисос мутахассисонро омода месозанд ва дорои 19738 нафар донишҷӯ мебошанд.     Рафти санҷиш нишон дод, ки биноҳои литсейҳои касбии техникии шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом, литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷҳои омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, коллеҷи тиббии шаҳри Исфара ва санъати шаҳри Хуҷанд, омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров кӯҳнабуёнд буда, аксарияти биноҳо то ин ҷониб аз таъмири асосӣ  бароварда нашудаанд, овезаҳо, расмҳои зиёд истифодашуда, ҷадвали дарсӣ , гӯшаи назоратии муассисҳо ба талабот ҷавобгӯ  намебошанд. Ба андешаи  Ҷалолиддин Амиров  яке аз проблемаи асосии муассисаҳои таълимии мазкур нарасидани китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ  буда, муассисаҳои таълимии литсейҳои касбии техникии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, политехникии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷҳои омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.афуров, омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, техникии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд нисбати дастрасии адабиётҳои фанҳои умумитаълимӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат накардаанд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 аз 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят танҳо 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ  ва аз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии вилоят 9 муассисаи таълимӣ  барои харидории китобҳои дарсӣ  ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намудаанду халос.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар рафти ҷаласа оид ба бартараф намудан камбудиҳои мавҷудаи соҳа андеша ва мулоҳизаҳои ҷолиб баён дошт. Бино ба таъкиди Вазир муассисаҳои таҳсилотии вилоят баробари дастовардҳои назаррас аз камбудиҳо орӣ нестанд ва ислоҳи саривақтии онҳо пешбурди фаъолиятро дар соҳа таъмин менамояд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба ҳайати гурӯҳҳои кории Вазорат барои таҳлили мӯшикофонаю муфид изҳори сипоси самимӣ намуда, таъкид дошт, ки камбудиҳои мавҷуда ислоҳшавандаанд ва дар муддати кӯтоҳ онҳо бартараф хоҳанд шуд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

 

Дар доираи таҷлили   21 – солагии Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.  

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки роҳи расидан ба сулҳу суботи сартосари душвор буд.  Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 ба таври қатъӣ ба ин ҷанги бародаркуш хотима дод. Хирад ва рушноӣ бар ҷаҳолат ва торикӣ ғолиб омад. Созишномаи Москва дар таърихи халқу кишвари мо чун санаи муқаддас ва сарнавиштсоз бо хатти зарин сабт гардид.

Устоди Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Саъдихон Муртазоев дар баромадаш гуфт, ки сад шукр, ки Созишномаи истиқрори сулҳ кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастурхони ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ овард.

Ҳамроҳ Атаева, собиқадори меҳнат ин ҳама ободкориҳоро аз самараи ваҳдату ҳамдилӣ дониста баён дошт, ки маҳз ҳамин оромии ҷомеа роҳи васеъ барои рушд ва такомули ҷавонон кушод. Аз 13 муассисаи замони иттиҳоди шӯравӣ то ба 39 адад расидани шумораи муассисаҳои олӣ худ ҳақиқати бебаҳси гуфтаҳои болоиянд.

Шоира Гулноз бо қироати шеър дар васфи Ватан аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба қадри обу хоки диёр расанд, Ватанашонро дӯст дорад. То дӯстори аҳли ҷомеа бошанд.

Чанде аз донишҷӯён аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат нисбати ҷавонон андешаҳои худро баён доштанд. 

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд қабули довталабонро барои соли хониши 2019-2020 эълон мекунад.

 

Бахшида ба эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бо мақсади фамонидани моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар дар кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи «Муҳаммад Осимӣ» бо иштироки аъзоёни ҳизб ҷаласа баргузор гардид.

Чорабиниро аъзои фаъоли ҳизб, муовини директор оид ба таълими ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Фаррух Аминов ҳусни оғоз бахшида, салому паёми раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи «Муҳаммад Осимӣ» Дилафрӯз Саидиро ба аҳли иштирокдорон расонд.

Котиби кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи «Муҳаммад Осимӣ», номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темирова зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки эълон шудани  соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таккони ҷиддие бахшид. Имрӯз аксари мавзеъҳои истироҳатӣ таъмиру тармим шуда, гузашта аз ин, бо ибтикори Пешвои муаззами кишвар таваҷҷӯҳ ба обидаҳо, маконҳои таърихиву бостоншиносӣ зиёдтар гардид. Ҳунармандон бо дасту дили гарм ва руҳияи болида иқдоми Сарвари давлатро дар мавриди аз ҳама гуна андозҳо озод гардидани маҳсули эҷоди ҳунармандон истиқбол намуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, аъзои фаъоли кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва котиби масъули нашрияи «Шафақ»-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд перомуни мулоқоти озоду шаффофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони ҷомеаи кишвар сухан ронда, зикр дошт, ки Сарвари давлат  бо як дилсӯзӣ аз вазъи геополиткии ҷаҳон ёдовар шуда, ҷомеа, хосса ҷавононро ҳушдор доданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Танҳо мафкураи баланди сиёсӣ, ифтихору ҳуввияти миллӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, бетараф набудан аз тақдири ятимону бенавоён ва барҷомондагон миллати моро ба сӯи созандагиву бурдборӣ раҳнамун мекунад.

Фирдавс Саидов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и назди кумиҷроияи шаҳрӣ дар баромадаш таъкид дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҷавонон яке аз омилҳои асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳамаи марҳалаҳо давлат кӯшиш намуда истодааст, ки дар маърифати зеҳниву ақлонии насли ҷавон тарбияи ғоявӣ, миллӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, ахлоқиву ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва амсоли инҳо ҷой дошта бошад то ҷавонони мо мутобиқи талаби замон ва ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба воя расида, ба ҳаёти осоишта роҳёб гарданд. Имрӯз дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои рушди такомули зеҳнии ҷавонон корҳои муайяну мушаххас анҷом дода шудааст. Таъсиси квотаи президентӣ, ташкили ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, ташкил ва баргузории озмунҳои мухталифи соҳавӣ бори дигар собит менамоянд, ки нерӯи ақлонии ҷавонон таҳрик ёбанд.

 Маҳз чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлат боис шуданд, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама ҷода ташаббускоранд.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон ва дар партави ин санаи муборак барои ҷавонон баргузории чорабиниҳои мухталиф барои пешрафти нерӯи зеҳнии ҷавонон таккони ҷиддие ҳоҳад бахшид.

Дар вазъияти тантанавӣ ба чанд нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.  

 

Дар доираи таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ сурат гирифт, гурӯҳи меҳмонон аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди Хуҷандшаҳр гардида, аз дастовардҳои меҳнатии сокинони ин шаҳри қадима ва ҷойҳои таърихии он дидан намуданд.

Субҳи рӯзи 28 март ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои техникӣ, профессор муҳтарам Рустам Холмуродов ва мудири кафедаи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ  бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни таълим, вазъи пояи моддиву техники Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба донишкада ташриф оварданд. Меҳмононро  директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, роҳбарони воҳидҳои сохтории донишкада ва донишҷӯён бо нону намак ва гулу гулдаста ва бо қироати шеър дар васфи дӯстӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳайати меҳмонон аз лабораторияҳои кафедраи  таъмини барқ ва автоматика, стансияи таъмири автомобилӣ, майдончаи варзишии футбол, китобхона дида намуда, ба шароити таълиму тарбия баҳои баланд доданд. Ба меҳмонон махсусан раванди сиклии таълим, корбарӣ тариқи системаи иттилоотии донишкада ва фаъолияти Марказҳои  таҳсилоти фосилавӣ ва мартаба писанд афтод.

Зикр шуд, ки минбаъд робита дар ҳама самт густариш меёбад. Сарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз директори донишкада даъват ба амал овард, ки ба ин муассисаи бонуфузи илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмон шаванд ва барои  густариши ҳамкориҳо оғози расмӣ бахшида шавад.

Даъват бо хушнудӣ қабул гардид.  

 

 

 

 

 

Ҳамасола дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳфили ҳозирҷавобон байни факултетҳо  гузаронида мешавад. Имсол низ чун анъана маҳфили ҳозирҷавобон байни факултетҳои донишкада дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  дар сатҳи баланд баргузор гашт. Дар озмун намояндагони се факултет,  чор  даста “Нас не догонят” ва “Неловкий момент” аз факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ, “Остров свободы” аз факултети сохтмон ва нақлиёт, “Сборная ФИЭ” аз факултети информатика ва энергетика барои ба дастории “Ҷоми донишкада” қувваозмоӣ намуданд.

Аъзоёни ҳакамон чун анъана Артиқов Толис, Валиев Баҳром, Қаюмов Далер ва устоди донишкада Мазбутов Субҳон буданд.

Маҳфили хушдилон аз руйи шартҳои зерин гузаронида шуд: саломнома, саволу ҷавоб, биатлон, озмуни сардорони даста ва озмуни мусиқавӣ.Ҳамаи дастаҳои маҳфили ҳозирҷавобон аз рӯи шартҳои додашуда дар сатҳи олӣ  баромад намуданд. Бештари иштирокчиёни маҳфил гарчанде донишҷӯёни курси 1 бошанд ҳам, маҳорати баланди ҳунарвариро аз рӯи шартҳои озмун нишон доданд. 

Бо соҳиб гардидани холҳои баландтарин ва ҳунарнамоии хуб дар ҳамаи шартҳои  озмун дастаи « Нас не догонят» ғолиби озмун гардида, Ҷоми маҳфили зарифон ва унвони “Чемпиони донишкада” – ро  ба даст овард.

 

 

 

Хиромон Пӯлодова

Ба ифтихори 70 - солагии олими номвар, номзади илмҳои иқтисодӣ устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Султнова Манзура Музаффаровна субҳи имрӯз дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи   техникии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

 

Санаи 3- май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои моҳи ҷавонӣ, ки ба ифтихори Рўзи ҷавонон ҷараён дорад, бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мулоқот намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сараввал аз намоиши дастовардҳои илмиву истеҳсолии донишкада, ки дар он китобҳои таълифнамудаи олимони донишкада, либосҳои миллии маҳсули дасти тарроҳон, мусаввараҳо, макети биноҳо, лоиҳаҳо ва ихтирооти барномасозон ва энергетикон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, боздид намуда, ба дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии устодону донишҷӯёни ин муассиса баҳои баланд дод.

Дар ҷараёни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ Раиси вилоят аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, иброз дошт, ки барои соҳиби ихтисос ва касбу ҳунар гардидани ҷавонон дар мамлакат шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир фаъолият мебаранд. Донишкадаи политехникии ДТТ аз ҷумлаи чунин муассисаҳои таҳсилоти олӣ буда, дорои пояи мустаҳками моддиву техникӣ мебошад ва донишҷӯёнро зарур аст, ки бо истифода аз шароитҳои мавҷуда бештар илмҳои техникиро омӯхта, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд ва барои рушди мамлакат саҳми назарраси худро гузоранд.

Зимни мулоқот чанде аз донишҷӯён таклифу пешниҳодҳои худро ироа намуданд ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати омӯзиши пешниҳодҳо вазифадор гардиданд.

 

Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол аз ҷониби Раиси вилоят мукофотпулиҳо тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии донишҷӯёни донишкада пешниҳод гардида, либосҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Раиси вилоят инчунин бо гуруҳи донишҷӯён ва профессори Донишгоҳи аграрии Қазоқистон, ки дар доираи барномаи GIZ дар Донишкадаи политехникӣ қарор доранд, суҳбат намуда, аз онҳо даъват намуд, ки барои густариши ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои кишварҳои дӯст - Тоҷикистону Қазоқистон саҳмгузор бошанд.

 

(Маводи муфассал нашр мегардад).

Дар толори театри давлатии мазҳака-мусиқавии Камоли Хуҷандӣ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо аҳли зиё баргузор гардид. Мулоқоти мазкур бахшида ба 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ сурат гирифт.

Дар оғози чорабинӣ дар саҳни дохилии бинои театр намоиши маҳсули илмӣ- истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, нашриётҳо ба маърази тамошобинон гузошта шуд. Раиси вилоят зимни азназаргузаронии намоишҳо ба масъулин дастур дод, ки бояд дастоврдҳои илмиву истеҳсолӣ боз  ҳам зиёдтар карда шавад.

Баъдан зимни мулоқот бо зиёиён Раиси вилоят аз нақши таърихии сардафтари адабиёти мусоири тоҷик Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳз ин нависандаи беназири тоҷик дар вазъияти хеле ҳасосу мушкили оғози садаи бист китобҳои таърихии худ «Намунаи адабиёти тоҷик», «Исёни Муқаннаъ» ва «Темурмалик»-ро навигшта ба ҷаҳониён асли тоҷиконро муаррифӣ намуд.

Дар мулоқот андешаҳои таҳлилии Роҳбари вилоят оид ба масоили муҳими муҳити маънавӣ баён карда шуд. Аз ҷумла,  дар доираи эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва азнавбарқароркунии баъзе аз мавзеъҳои таърихӣ дастур дода шуд. Қайд гардид, ки бояд ҷавонон бештар ба китоб ва театр рӯ оранд. Барои ин бояд нависандагон асарҳои пурмазмун нависанду коргардонҳо мавзӯи дархури рӯзро ба саҳна гузоранд. Ҳамчунин фаъолияти хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳо диду назари навро тақозо мекунад.

Раиси вилоят ҳамчунин таваҷҷӯҳи бештар додан ба илмҳои дақиқу техникиро бар манфиати кор дониста, зикр намуд, ки  ҷумҳурӣ дар ҳоли пешравист, аммо набудани мутахассисони касбӣ, махсусан дар соҳаи саноати сабук барои рушди соҳа халал эҷод мекунад. Бояд ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа аҳамият дод. Раиси вилоят аз ҳимояи 10 рисолаҳои номзадии устодони ҷавони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар самти илмҳои техникӣ дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят даъват ба амал овард, ки бояд тадқиқоту  навовариҳоро дар истеҳсолот ҷорӣ созанд. Дар ин самт мақомот дастгири онҳо хоҳад буд.

Сипас Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба якчанд зиёиёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофотҳои пулиро тақдим дошт. Аз ҷумла устоди донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Азизуллоҳ Авезов  барои хизматҳои шоёнаш дар рушди илми иқтисоди кишвар бо Сипоснома ва тӯҳфаи пулии  Раиси вилоят тақдиронида шуд.  

Дар мулоқот намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг ва маънавиёт, аз ҷумла Аҳмадҷони Раҳматзод - раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Fафурҷон Ҷўраев - раиси Шўрои вилоятии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, Сайрам Исоева - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осими Орифпур - муовини директори Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ва дигарон баромад намуда, фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманди хешро ҷиҳати рушди муҳити маънавии вилоят иброз доштанд.

Барномаи фарҳангии аҳли санъат табъи ҳозиринро болида намуд.

 

Баҳори имсола барои миллату дӯсту ҳамсояи тоҷикону ӯзбекон баҳори бофайз ва пурбаракат гардид. Зеро санаи 1 март дар 6 минтақаи вилоят, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарҳади муштарак дорад, гузаргоҳи 25 – сол пеш фаъолият дошта, аз нав дари худро ба рӯи ҳар ду тараф кушод. Сафари расмии Сарвари давлати Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд доир шудани мулоқот бо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки мо ҳамсоягони беҳтарину қаринем ва ҳамон тавре, ки Шавкат Мирамонович дар сӯҳбат таъкид дошт: “Аз чашмони мардум хондам, ки тоҷикон хоҳони гармии равобит ҳастанд", мардуми ӯзбек низ солиёни дароз ҳамин рӯзи таърихиро умедвор буданд. 

Тоҷикону ӯзбекон мисли як нохуну гӯштанд ва ҳарчанд дар ин чанд сол хостанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, нашуд. Ин маънии онро дорад, ки миёни мо кинаву адоват, бухлу нодидагирӣ нест. Ва мо ҳамҷоя барои пойдории сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ кӯшиш хоҳем кард. Танҳо он миллат саодатёр мешавад, ки дӯстиву бародарии ҳамсоягариро пойдор дорад.

Дӯстии халқҳои мо тавре аз суханрониҳои ду сарварони давлатҳо зикр ёфт, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ чун ду шоҳсутуни адабиёт аз нахустин поягузорони дӯстии миёни тоҷикону ӯзбекон буданд. Ба ҳайси забони давлатдорию коргузорӣ хизмат кардани забони тоҷикӣ дар давлатҳои Темуриёну Шайбониён ва сулолаи Манғитҳо гувоҳи он аст, ки бародарони ӯзбек низ ба халқи тоҷик эҳтироми бузург доштаанд.

Бо гузашти асрҳо анъанаҳои неки Ҷомию Навоиро адибони дигар – Садриддин Айниву Ҳамза Ҳакимзода, Мирзо Турсунзодаю Ғафур Ғулом, Мӯъмин Қаноату Абдулло Орифов, Лоиқ Шераливу Эркин Воҳидов, Ӯрун Кӯҳзоду Ӯткир Ҳошимов ва дигарон идома доданд. Дар миқёси ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шудааст, ки нишонаи меҳри беандозаи халқи ӯзбек ба адабиёту санъати тоҷик аст.

Дар пешрафт ва нашъунамои кишвари ҳамсоя фарзандони миллати тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. Садриддин Айнӣ баробари адабиёту илми тоҷик барои адабиёту илми ӯзбек хизмат намудааст. Қорӣ Мирфаёзи Ниёзӣ, академикҳо Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, Султон Умаров, кинорежисёрон Комил Ёрматов ва Давлати Худоназар,ҳунармандони театру синамо Ҳабибулло Абдураззоқов, Сайрам Исоева,  Ато Муҳаммадҷонов, овозхон Маъруфхоҷа Баҳодуров ва даҳҳо нафар арбобони илму адабиёт, ходимони давлатию ҷамъиятӣ барои пешрафти Ӯзбекистон саҳмгузорӣ намудаанд.

Роҳе, ки боз шуд, дилҳоро низ кушода намуд. Боварии комил дорем, ки робитаҳои ҳасанаи ду миллати ба ҳам дӯст минбаъд густариш меёбад.