Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

Фарорасии боз як санаи барои ҳар яки мо азизу муқаддас – 25 солагии рӯзи Созишнома истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бароятон шодбош гуфта, таманнои хонаободӣ ва фазои орому осудагиатонро дорам.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ду неъмати бузург арҷ гузошта зикр намудаанд: “Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.   Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милли тоҷикон мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.”

 Воқеан ҳам яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Агар ба таърихи ин рӯйдоди тақдирсоз дида дӯзем аён мегардад, ки  санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани ин Созишнома раванди рушди босуботи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, худшиносии миллӣ, маърифатпазирӣ, ободиву озодӣ ва амният дигарбора ба Ватани азиз баргашту Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ қомат афрохт. Ҳикмати ҷовидонаи ваҳдати миллии халқи тоҷик муъҷизаи асри 21 ба шумор рафта, ин муъҷиза бо бузургтарин бозёфти миллии халқи тоҷик ба гушу дили тамоми ҷаҳониён расидааст. Дар ҳақиқат Ваҳдат мафҳуми ҳастисози миллати тоҷик мебошад. Ваҳдат муҳимтарин омили хушбахтии кудакон, модарон ва мардуми тамоми дунё буда, онро на ҳама кас қодири офаридан дорад.

Муъҷиби хушнудист, ки руз аз руз мардуми кишвар аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, дар раванди ҳаёту зиндагӣ онро эҳсос намуда истодаанд. Маҳз арҷгузории мардуми матину меҳнатдусти ватан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва амнияту осудагии кишвар аст, ки имруз сатҳ ва сифати таълим дар ҳама зинаҳо боло рафта, роҳандозӣ гардидани чандин барномаҳо барои густариши раванди таълиму тарбия таккони бузург бахшид.

Мо, устод ва шогирдон шукрона аз он мекунем, ки бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар татбиқи 4 ҳадафи стратегии мамлакат, эълони бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология чун дигар муассисаҳои таҳсилои олии кишвар саҳмгузор ҳастем. Солҳои охир вусъат ёфтани фаъолияти озмоишгоҳҳо, бештар гардидани дастовардҳои ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ моро ба созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи мутахассисони варзида раҳнамоӣ мекунад. Ин ҳама самараи тинҷиву оромӣ, ваҳдати сартосарӣ ва ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишвар мебошад.

Пас бошад, ки ваҳдати тоҷикон ҷовидон чу офтоби дурахшон дар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нурпошӣ кунад.

Поянда бод, сулҳу осоиштагӣ дар кишвар!

Поянда бод, сиёсати дурбинона ва меҳанпарваронаи Пешвои миллат,

Поянда бод, сулҳу ваҳдати ҷовидона!

 
 
 
 
Рӯзҳои 12-13 майи соли 2022 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобии шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон нахустин Форуми байналмилалии ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он вазирон ва ректорони донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла роҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.
 
Дар форум аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шахри Душанбе иштирок намуданд.
Дар доираи ҷаласаи Форум маърӯзаҳо ироа гардида, мавзуъҳои рузмаррраи таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷараёни Форум байни донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣшартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар анҷоми Форум тавсияҳо оид ба таҳияи нақшаи кории Иттифоқи донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2023 қабул гардиданд.
 
 
 

 Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 бо доираи васеи рўзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст рўзноманигорон аз фаъолияти озмоишгоҳҳои донишкада аз наздик шинос шуда, роҷеъ ба он  маълумоти кофӣ  гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021 дар донишкада 5 озмоишгоҳҳои нав ва 1 маркази таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии лоиҳаҳои байналхалқӣ ташкил карда шудаанд: 3- озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъиӣ , 1 озмоишгоҳи  технологияи молиявӣ, озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, як маркази таълимӣ, ки аз озмоишгоҳи дузандагӣ ва синфхонаи компютерӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос иборат мебошад.  Озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ бо 34 компютерҳои замонавии пуриқтидор, ки имконияти гузаронидани ҳисобу китобҳоро бо истифодаи барнома ва алгоритмҳои математикии мураккаб дар забонҳои барномарезии муосир монанди “Python” ва дигарҳоро медиҳад. Дар озмоишгоҳи технологияҳои молиявӣ низ 12 компютерҳои нави муосир насб карда шуда, барои гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои 1С муҳосибот, фаъолияти биржаҳо ва автоматикунонии фаъолияти бонкдорӣ бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин карда шудаанд. Таъкид шуд, ки барои таълими ҳар як ихтисос озмоишгоҳҳои алоҳидаи муосир фаъолият, ки барои тарбияи мутахасисони баландихтисос мусоидат менамояд

Сипас дар толори хурди донишкада нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори донишкада Дилафрўз Саидӣ доир ба самтҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналхалқӣ ва хоҷагии ин муассисаи олии таълимӣ иттилои бештар дода, аз ҷумла афзуд, ки дар сохтори донишкада 4 факултет, 14 кафедра, 4 марказ, 9 шуъба, раёсати идораи рақамӣ, қисми маъмурӣ-хоҷагидорӣ, муҳосибот, бойгонӣ, нашриёт ва литсейи донишкада амал менамоянд.  Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 41 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 24 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 парки технологӣ, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона, хобгоҳ ва маркази таълимии омӯзишӣ мавҷуд аст ва дар умум, ба як донишҷӯ 7,03 метри мураббаъ рост меояд. Миқдори компютерҳо ба 1489 адад расида, проектор 314 адад, тахтаи электронӣ 137 адад мебошад. Дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ ва аз рӯйи 18 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти олии дуюм тариқи фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ 181 нафар устодон ба  4121 нафар донишҷӯ дарс мегӯянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021 аз тарафи устодони кафедраҳо 22 (бисту ду) номгӯй китоби дарсӣ ва 95 (наваду панҷ) маводи таълимӣ методӣ, ки матни лексияҳо, практикумҳои лабораторӣ ва супоришҳои кори мустақилонаро дар бар мегирад, таҳия ва аз шӯрои таълимӣ-методӣ барои истифода ва нашр тавсия дода шуданд.

Дар ДПДТТХ ба номи академик М.Осимӣ якчанд видеодарсҳо аз тарафи маркази Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодони пуртаҷриба ба навор гирифта шуда дарсҳои омӯзгори фанни математика Раҳимов Амон Акбарович аз тарафи комиссияи Вазорат маъқул ва тасдиқ гардид. Аз он дам бахшида ба 20-солаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, аз моҳи ноябри соли 2020 то ҳол аз ҷониби маркази ТИК-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси математикаро омӯзгор Раҳимов А.А. мувофиқи фармони ВМИҶТ № 01/2-569  аз санаи 09.11.2020  вобаста ба барномаи таълимии мактабӣ бо шумораи овардашуда ба навор гирифта шуда ба намоиш омодаанд:

  • Математика барои синфҳои 7 (тоҷикӣ русӣ) - 85 дарс;
  • Математика барои синфи 8 (тоҷикӣ) - 40 дарс;
  • Математика барои синфи 9 (тоҷикӣ) - 46 дарс;
  • Математика барои синфи 10 (тоҷикӣ) - 40 дарс

Дар маҷмӯъ 211 дарсҳои ба навор гирифта шуда маводҳои дарсӣ ба намуди тайёр дар сомонаи ВМИҶТ тариқи суроғаи www.mjtik.tj/algebra ва ҳамчунин дар канали youtube-и омӯзишии Вазорат паҳн карда шудааст.

Дар соли 2021 аз тарафи устодони донишкада 6 монография, 6  шаҳодатномаи зеҳнӣ, 16 адад санад оид ба тадбиқи кори илмӣ, 10 мақолаи Scopus, 59 мақолаи КОА, 81 мақолаҳои байналмиллалӣ ва 66 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст. Дар соли 2021 дар донишкада 6 лоиҳаҳои илмӣ иҷро шудааст, ки 3 лоиҳа ба  самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мувофиқат мекунад.

Дар донишкада айни ҳол 14 кафедра амал мекунанд, ки аз онҳо фаъолияти 10 кафедра ба самти илмӣ таҳқиқотии илмҳои риёзӣ дақиқ ва табиӣ  мувофиқат мекунад. Аз ҷумла, 2 кафедраи умумтаълимӣ ва 8 кафедраҳои тахассусӣ  фаъолият мебаранд. Дар кафедраҳои донишкада корҳои илмии донишҷӯён оид ба илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ бо чунин шаклҳо ташкил карда шудааст: иҷрои корҳои курсӣ, лоиҳаҳо, рисолаҳои бакалаврӣ бо ҷузҳои илмию тадқиқотӣ; рисолаҳои магистрӣ; иштирок дар махфил ва семинарҳои илмӣ; иштирок дар озмун, олимпиада ва конфронсҳои сатҳи гуногун ва ғайраҳо.

 

Натиҷаҳои кори илмии донишҷӯён ба озмун ва конфронсҳои илмии сатҳи гуногун пешниҳод карда мешавад. Дар соли хониши 2020-2021 дар донишкада зиёда аз 35 махфилҳои илмӣ, инноватсионӣ ва эъҷодӣ фаъолият бурдааст. Аз ҷумла махфилҳои барномарезӣ “Дастони ҳунарманд”, “Меъмор –инноватор”, Шатранҷ, “Рассоми беҳтарин”, “Лоиҳакашии муосири либос”,  “Расм ва муссавири объектҳои меъморӣ”, “Тасаввурот”, “Ганҷи ҳунар”, “Меъморони умедбахш”, “Агротехнологони ҷавон”, “Олимони ҷавони фановар”, “Технологияи коркарди маҳсулоти хӯрока” ва ғ.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки дар донишкадаи политехникӣ се китобхона мавҷуд аст, ки онҳо соли 2010 ташкил гардидаанд. Фонди китобхонаҳо дар натиҷаи якҷояшавии филиалҳои донишгоҳҳои техникӣ ва технологӣ аз ҳисоби фонди китобхонаҳои онҳо ҷамъ шудаанд ва ҳоло фонди умумии онҳо аз 155302 нусха (30938 номгӯй) китобҳо иборат аст. Аз он ҷумла, китобҳои таълимӣ 112401 нусха, дастурҳои методӣ 16461 нусха, китобҳои бадеӣ 8489 нусха, илмӣ 17951 нусхаро ташкил медиҳад.

Дар донишкада китобхонаи рақамӣ низ амал мекунад. Китобхонаи рақамии ДПДТТ аввалин китобхонаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он зиёда 56919 адад маводи таълимӣ - методӣ ва илмӣ дар форматҳои машҳури pdf, djvu, txt, chm, doc ва ғайра нигоҳ дошта мешавад. Китобхонаи рақамӣ дорои шаҳодатномаи маҳсулоти зеҳнӣ мебошад. Аз ҳамаи компютерҳои дар донишкада буда ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, аз дилхоҳ компютере, ки дар системаи идоракунии фаъолияти донишкада қайд шудааст, ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст.

Дар соли 2021 зиёда аз 10 шартнома бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон баста шуд, ки он имконият медиҳад, ки  дар оянда донишҷӯён ва устодони донишкада дар муассисаҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд. Дар донишкада дар соли 2021 шаш лоиҳа амал менамояд.

 Дар парки технологӣ ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ, забони русӣ, забони олмонӣ, васлу насб ва таъмири таҷҳизоти электрикӣ, тарҳрезӣ ва дӯзандагӣ, хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ, технологияи информатсионӣ, технологияҳои истеҳсоли хӯроки омма, технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо, муҳосиби компютерӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази мартаба бо корхонаву ташкилоти ҳудуди вилоят ва берун аз он дар робитаи мустақим буда, миқдори шартномаҳои тарафайн 204 ададро ташкил мекунад. Дар соли 2021 бо 60 корхонаю ташкилот шартномаҳо баста шудаанд.

 Хобгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, барои таъмини  600 нафар  донишҷӯёни курсҳои 1-4 омода аст.  Барои духтарон ошёнаи дуюм бо ҳамаи шароитҳо ҷудо шудааст. Раёсати донишкада нисбати ятимону маъюбон ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳамасола ятимони кул ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз супоридани маблағи хобгоҳ озод карда шудаанд.  Дар донишкада озмуни “Бизнес – идея 2021” дар сатҳи баланд доир шуда, навоварон бо тӯҳфаҳои арзишманди Раёсати донишкада тақдиронида шуданд.

Донишҷӯёни донишкада дар даври вилоятии мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи намудҳои варзиши сабук, бокс, шоҳмот, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо ва волейбол иштирок намуданд. Боиси ифтихор аст, ки варзишгарони донишкада дар намуди варзиши сабук - 2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ, дар намуди бокс – 2 медали тилло, 7 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ, дар намуди гуштини тарзи озод – 1 медали тилло, дар намуди шоҳмот – 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар даври вилоятии Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” аз рӯи номинатсияи “Ороиш ва мӯйбофии замони муосир” донишҷӯ Тӯхтасунова С. соҳиби ҷойи аввал гардида, бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Сипас, рўзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, намояндаи нашрияи “Ҷумҳурият”, Мирзоаъзам Мақсудов, намоянлаи нашрияи “Садои мардум”, Гафурҷон Ҷӯраев, хабарнигори радиои “Замон”, Нуъмон Раҷабзода, намояндаи нашрияи “Омӯзгор”, Афзал Босолиев, хабарнигори телевизиони “Азия”, Фирӯза Мирҷумаъева, хабарнигори телевизони “Сафина” дар вилояти Суғд, Шаҳбону Сидиқова, хабарнигори “Ҳақиқати Суғд”,   доир ба паҳлуҳои гуногуни донишкада суолҳои дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар нишатси матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ ширкат варзид.

 

 

 

 Ба ифтихори 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо” доир гардид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов чорабиниро оғоз намуда, салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ гардидани системаи таҳсилоти фосилавиро  дар шароити пешрафти иқтисодиву истеҳсолӣ амри зарурӣ шуморида, ба роҳбарони мактабҳои олӣ дастур дода буданд, ки ҳар чи тезтар ба ин усули таълимӣ гузаранд. Зеро ин намуди таҳсилот барои шахсоне, ки ҷои кории худро тарк карда наметавонанд, бо доштани мушкилиҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имконияти таҳсили шакли рӯзона надоранд, шароит медиҳад, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гарданд. Бартарии дигари таҳсилоти фосилавӣ дар он аст, ки вақт самаранок истифода шуда, камшавии хароҷот аз ҳисоби маблағи хониш ва воситаи нақлиёт дида мешавад. Алҳол дар таҳсилоти фосилавӣ 320 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 ихтисос таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ  дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон ба монанди  ШМА, Олмон, Русия, Корея Ҷанубӣ ва ғ фаъолият бурда истодаанд. Раванди таълим  бо воситаи портали омӯзишӣ www.fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст. Таъминоти барномавии он дар асоси омӯзиши системаҳои таҳсилоти фосилавии мамлакатҳои пешқадам аз тарафи барномасозони худи донишкада тартиб дода шуда, ба шабакаи глобалии Интернет пайваст аст ва бинобар ин  новобаста аз масофаи ҷойгиршавии байни устоду донишҷӯ  раванди таълим амалӣ мегардад. Дар портали мазкур 320 кабинети инфиродӣ барои донишҷӯён, 103 кабинети инфиродӣ барои устодон ва 4 кабинети инфиродӣ барои кормандони маркази таҳсилоти фосилавӣ омода карда шудааст. Портали мазкур  дорои 8 шаҳодатномаи ба қайдгирии давлатии захираи иттиллоотии аз тарафи муассисаи давлатии “Маркази давлатии патенту иттилоот” назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Зимнан бояд гуфт, ки маводи таълимии устоди дарсдиҳанда таҳти назорати маркази донишкада қарор гирифта, сомона саҳифаи назоратӣ барои мушоҳидаи саривақт омода намудани маводи таълимии устодон, тафтиши саривақтии супоришҳои иҷрошудаи донишҷўён, эзоҳи баллҳои гузошташуда мавҷуд аст. Барои ташкили муоширати зинда бо омўзгор дарсҳо тариқи онлайн –вебинарҳо омода шудааст, ки аз ҳар як фан дар давоми нимсолаи соли хониш 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Айни замон барои камшавии хароҷот, истифодаи доимӣ ва дорои интерфейсҳои оммафаҳм ҳам барои устод ва донишҷў аз тарафи барномасозони донишкада таъминоти барномавии вебинар тартиб дода шудааст.

Назира Бобоҷонова, сардори маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Таҷрибаи ДПДТТ доир ба татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ” маърӯза намуда, қайд кард, ки яке аз хусусияти асосие, ки барои баланд намудани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ мусоидат мекунад, назорат ва идоракунии фаъолияти устод ва донишҷӯ дар сомона аст. Фаъолияти устод аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавии донишкада назорат бурда шуда, барномаи таълимӣ (силлабус), маводи лексионӣ, намунаҳои иҷрошудаи супоришҳои ҷорӣ ва супоришҳои имтиҳонӣ ва санҷишҳои марҳилавӣ, видеонаворҳои кутоҳмуддати дарс аз тафтиш мегузаранд. Бо воситаи донишҷӯи виртуалӣ марказ корбарии устод зери назорат гирифта мешавад. Барои назорати пешниҳоди саривақтии  маводи таълимӣ аз тарафи устод мувофиқи ҷадвали дарсӣ ва тафтиши саривақтии супориши аз тарафи донишҷӯ иҷрошуда дар сомона саҳифаҳои назоратӣ тартиб дода шудааст. Дар ҳолати саривақт иҷро нашудани талабот фаъолияти устод дар сомона қатъ гардида, танҳо бо воситаи ариза ба сарвари донишкада  ва гирифтани иҷозат барқарор карда мешавад. Барои беҳбудии сифати таълим дар сомонадар саҳифаи донишҷӯ пурсиш оид ба фаъолияти устод ташкил шудааст, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, оид ба кори таълимии устод ва маводи дарсии вай баҳо мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли иштирокдорони конференсия маърӯзаҳои сардори Раёсати идораи рақамии донишкадаи мазкур, доктори илмҳои фалсафа, (Phd аз рӯи ихтисос) Аслиддин Низомиддиновро дар мавзӯи “Перспективные направления использования искуссвенного интеллекта в  дистанционном обучении”, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ Умарҷонов А дар мавзӯи “Совершенствование системы преподготовки горных инженеров с использованием дистанционных образовательних технологий”, мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи донишкадаи мазкур Ҳусейнҷон Қаландаровро дар мавзӯи “омодакунии кадрҳои соҳаи энергетика дар низоми таҳсилоти фосилавӣ”, мудири кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Маҳина Усмоноваро дар мавзӯи “Шаклҳои ташкили машғулиятҳои таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ: муаммо ва роҳҳои ҳал” шуниданд.

Нимаи дуюми рӯз кор дар бахшҳои технологияи таҳсилоти фосилавӣ ва истифодаи он дар замони муосир ва коркарди маводи таълимӣ ва мултимедиа бо назардошти хусусиятҳои таҳсилоти фосилавӣ идома ёфта, ҳозирин 36 мақолаҳои таҳлилии устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро шуниданд.

Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҳайати таблиғотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷўёни ин муасисаи таълимӣ баргузор гардид.

Мулоқотро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов   ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Ин таҷриба дар кишвари мо шурӯъ аз соли 2000-ум оғоз ёфт. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд,  Ҳукумати кишвар аз замони соҳибистиқлолиаш то соли 2000-ум танҳо барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ кӯшиш варзид. Минбаъд Тоҷикистон аз давлатсозӣ ба давлатдорӣ шурӯъ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин марҳилаи созанда Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошта, дар замони муосир пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд. 

Сипас аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Мактаби Президентии  шаҳри Бӯстон Мадина Набизода дар мавзуъи “Саҳми занон дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа”, устоди ДПДТТ Хайринисо Темурова дар мавзӯи “Маориф омили рушди стратегии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аъзои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов дар мавзӯи “Баррасии ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Пешвои миллат”, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов дар мавзӯи “Баррасии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Пешвои миллат” ва дигарон суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Яке аз нуктаҳои асосии Паём ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа бахшида шуда, вобаста ба ҷойгоҳи зан дар ҳаёти сиёсиву маънавии кишвар Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: “Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд”.

Зикр гардид, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ соҳаи маорифро ояндаи обод, шукуфоӣ ва шинохти башарӣ унвон намудаанд. Аз ин лиҳоз, таъкид намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад”. Дар ҳақиқат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаи маориф, хоссатан пешрафти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бисёр корҳои неку шоиста анҷом дода шуданд.

Татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ чун вазифаи асосии Сарвари давлат дар назди халқ меистод. Хушбахтона, давра ба давра ҳадафҳои стратегии мамлакат дар амал татбиқ шуда, ҳоло  иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босураъти мамлакат дар назди мо меистад. Ба  ин хотир солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардид.

Воқеан, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум мусоидат хоҳад кард. Хушбахтона Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар самти омоданамои мутахассисони варзидаи ҳар чор соҳа давоми як даҳсолаи охир хеле корҳои назаррасро анҷом дода меояд. Ҳамасола наздик ба 1000 нафар хатмкунандагон дар соҳаҳои мухталифи муҳандиси роҳу нақлиёт, энергетика, соҳаи саноати сабук, маҳсулоти хӯрока, бонкдорӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ муваффақ мешаванд.

Бахшида ба эълон гардидани  солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2022 – 2026 эълон шудани “Солҳои рушди саноат” ва  ба ифтихори рӯзи илми тоҷик дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон, муҳаққиқони ҷавон, докторантон ва донишҷӯёни соҳибистедод конференсияи илмӣ амалӣ  доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов оғоз намуда, салому паёми директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли нишаст расонид. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш зикр дошт, ки  тарбияи маънавии ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, бедор намудани шавқ ва завқи онҳо нисбати фанҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Сарвари давлат дар ин ҷода таъкид медоранд, ки “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз тамоми имконияту воситаҳо истифода бурда мешавад. Таъсиси лабораторияҳои муҷаҳҳази замонавӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияяти парки технологӣ, дар сатҳи баланд доир шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, ширкати фаъолона дар озмунҳои Ҷоизаҳои давлатӣ дар риштаи илмҳои дақиқ, ба номи Султон Умаров, “Ихтироъкорон”, фаъолият намудани беш аз 30 маҳфилҳо дар донишкада бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

 

Дар идомаи кори конференсия ҳозирин маърузаҳои илмии сардори раёсати идораи рақамии ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ, доктор (PhD) Низомитдинов А.А. дар мавзӯи “Перспективные направления использования искусственного интеллекта в разных сферах”,  докторанти курси 2-юми ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Турсунова Ш.Т. дар мавзӯи “Рушди нерӯи инсонӣ заминаи асосии саноатикунонии босуръати кишвар”, докторанти курси 3-юми ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Дадобоева Н.А. дар мавзӯи  “Хусусиятҳои тарроҳии либоси махсуси кормандони тиб бо назардошти талаботи эргономикӣ”, омӯзгори калони кафедраи молия ва қарзи ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Оқилҷонова Ш.Ю. дар мавзӯи “Вопросы стратегического планирования инвестиционного развития в региональной экономике”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 400101 ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Ниёзбадалов А. дар мавзӯи “Использование моделей Gensim для анализа таджикского текста: модель Word 2 Vec”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 400101 ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Ниёзбадалов А. дар мавзӯи “Использование моделей Gensim для анализа таджикского текста: модель Word 2 Vec” ва донишҷӯи курси 3 ихтисоси 570101 Маҳмудова Ф. дар мавзӯи “Оценка влияния погодных условий на урожайность сельскохозяйственных культур”- ро шуниданд.

Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои  Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ, Рушди соҳаҳои саноати хӯрока, саноати сабук ва кишоварзӣ дар партави саноатикунонии кишвар (саноати сабук), Рушди соҳаҳои саноати хӯрока, саноати сабук ва кишоварзӣ дар партави саноатикунонии кишвар (саноати хӯрока ва кишоварзӣ), Нақши сохтмон ва нақлиёт дар саноати кунонии кишвар, Нақши илмҳои риёзию табиатшиносӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ 48 маърӯзҳои илмӣ шунида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамкории бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфа, иброз дошт, ки истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст. Дар радифи дигар муқаддасоти кишвар Парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Сипас, Бахтиёр Исматҷонов табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзодаро бахшида ба Рӯзи Парчам ба самъи ҳозирин расонид.

Муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба иштирокчиён қироат кард. Зикр гардид, ки дарвоқеъ, Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатӣ дар қаламрави кишвар нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ дар мавзӯи “Парчам саодати халқ” маърӯза намуда баён дошт, ки парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Парчамдорӣ барои мардуми мо суннати нав нест. Зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидаст, ки Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо дорои аҳамияти бузург аст.

Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ, Истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

 Устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б.Ғафуров Назира Маҳмудова дар мавзӯи “Парчам рамзи Истиқлолият ва ҳастии давлат” бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад кард. Дар рафти чорабинӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин барои иншоҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конситутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар фарҷоми конфронс аз тарафи донишҷӯёни донишкада компазитсияи адабӣ – фарҳангӣ намоиш дода шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо мақсади бештар огоҳӣ пайдо намудан аз қобилияту истеъдод, маҳорати суханварӣ ва дониши сиёсии  донишҷӯён ва дар ин замина  аз наздик шинос шудан бо ҳамаи шуъбаҳои Раёсат ҳамасола дар донишкада ҳафтаи худидоракунӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол баргузор мегардад. Беҳтаринҳо ҳамчунин ба ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тавсия дода мешаванд.

Чун анъана ба муносибати моҳвораи ҷавонон бо икдоми директори  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ  Саидӣ Дилафрӯз Раббизода  дар донишкада ҳафтаи худидоракунӣ эълон карда шуд.

Санаи 13 апрели оли равон барои ҷалби донишҷуён ба вазифаҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории Раёсати донишкада озмун гузаронида шуд.

Директори донишкада зимни ифтитоҳи озмуни мазкур қайд намуд, ки ба донишкада беҳтарин донишҷӯён ҷалб шудаанд ва ҳисси баланди ифтихорӣ низ доранд. Мавсуф аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бештару беҳтар хонанд, ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” пайравӣ намоянд.

Дар озмун муовини директор оид ба тарбия Довудов Зариф, муовини директор оид ба илм Ахмедов Усмонҷон,  сардорони шуъбаҳо ва деканони факултетҳо ширкат варзида, аз донишу маҳорати иштирокчиён воқиф гардиданд. Аъзоёни комиссия  бо донишҷуён сӯҳбат гузаронида, ҳамчунин, аз дониши сиёсии онҳо бохабар гардиданд.

 Донишҷӯёне, ки ба вазифаҳои мувофиқ соҳиб шудаанд, бояд дар моҳвораи ҷавонон мувофиқи интизоми меҳнатӣ ба вазифаи худ шуруъ намуда, фикру ақидаи худро нисбати фаъолияти шуъба баён намуда, малакаи роҳбарии хешро нишон диҳанд. Ҳамаи донишҷӯён бо сардорони шуъбаҳо,  нақша ва самти асосии фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардиданд ва бояд  нақшаи якҳафтинаи худро ҳамчун сардорони шуъба таҳия намоянд.

Доир ба рафти ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада аз ҷониби донишчуён боз маълумот хоҳем дод.

 

 

 

     Боиси фараҳмандист, ки тайи се сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни умумиҷумҳуриявии китобхонӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмуни мазкур баҳри боло бурдани тафаккур, вусъати эҷодкорӣ, қобилияти луғатдонӣ, маҳорати суханварию суханшиносӣ ва ба ин васила тарбияи насри Ватандӯсту меҳанпараст ва посдорандаи арзишҳои маданиву фарҳангии умумимиллӣ роҳандозӣ шуда, аз дурандешиву оядабинӣ, хиради воло ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.

         Иқдоми фараҳовари дигар ин аст, ки дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар самти илмҳои дақиқ низ омуни ҷумҳуриявӣ бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” роҳандозӣ шуд. Боиси зикр аст, ки ин озмун баҳри татбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” равона шуда, барои дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор, донандаи хуби илму техника, тарбияи мутахассисони табиатшиносу ҳисобдон равона гардидааст.

            Боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии донишкада аст, ки  дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, ки дирӯз дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе доир гардид, 6 нафар устодону шогирдони  донишкада мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.Чунончӣ устоди кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Худойбердиев Хуршед дар номинатсияи ихтироъ ва навоварӣ сазовори ҷойи сеюм, устодон ва донишҷӯён Зафар Охунов, Исобоева Фараҳноз, Муҳаммадсаидов Муҳаммадназир, Меҳрангез Зоҳирова, Файзиев Амонҷон ба ин дастовард ноил шуданд. Ҳамзамон хонандаи литсейи донишкада Амирҷон Бойматов дар номинатсияи “Химия” ҷойи дуюмро ишғол намуд.

             Пирӯзӣ муборак, устодону шогирдони азиз!

 Хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки алҳол 600 нафар донишҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст омада он ҷо иқомат доранд, давоми 5 соли охир бо дастгирии Раёсати донишкада пурра азнавсозӣ гардида, донишҷӯёни бо рахти хоби нав, ҷиҳози зарурии утоқҳо, ошхонаҳои замонавӣ, китобхонаи рақамии пайваст ба шабакаи интернет, ҳаммомҳои замонавӣ, ҳуҷраи шустушӯи либос таъмин аст.

Ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи зиндагии донишҷӯдухтарон ва мулоқоти самими оростан бо донишҷӯён шоми гузашта Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Зуфар Исмоилзода  ва Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озаррахш бо роҳнамоии директори донишкада аз ҳуҷраҳои зисти донишҷӯён, ошхона, толори хониш дидан намуда, ба шароити буду боши донишҷӯён баҳои баланд доданд. Дар даромадгоҳи хобгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумии маҳсули дастранҷи донишҷӯёни хобгоҳ ба маърази тамошобинон гузошта шуда буд.

Зуфар Исмоилзода донишҷӯдухтаронро бо ҷашни Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, қайд намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии занону бонувон тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Таъсиси квотаҳои президентӣ барои ҷавонон, иброрпулӣ ва ҷоизаҳо имкон фароҳам овард, ки шумораи донишазхудкунандагон ба маротиб афзояд. Номбурда гуфт, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои таҳсилро ба ҷавонон муҳайё кардааст. Танҳо аз донишҷӯён саъю кӯшиш лозим аст, то ба ҷамъият шахси даркорӣ шаванд. Мавсуф аз замони донишҷӯии худ нақлҳои ҷолиб намуда, зикр ҳам дошт, ки дар чунин шароит зиндагӣ кардани донишҷӯён барои онҳо мояи саодат аст.

         Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш донишҷӯёнро бо ҷашни баҳору зебогӣ табрик намуда, афзуд, ки духтарони тоҷик бо хислату рафтори намунавӣ, дониши баланд ва маданияту рафтори неки худ дар ҷаҳон ном баровардаанд. Занони тоҷик мисли гулҳои баҳорӣ зебову мунаққашанд. Бояд зебогии ҷисму руҳро барои пешрафти мамлакат сарф кард. Ӯ аз ҳозирин хонишу рафтори намунавиро тақоз намуд.

Дар лаҳзаи тантанавӣ ба донишҷӯёни фаоъл аз ҷониби роҳбарияти донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён суруду рақсҳои дилошӯб пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.

Маҳфил то дер дар зеҳну хотираҳо боқӣ хоҳад монд.   

 

 

 

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон бо иштироки ҷомеаи устодон ва шогирдони факултети муҳандисӣ – технологӣ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Донишкадаамро дӯст медорам” баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли нишастро бо ин санаҳои таърихӣ шодбош гуфта, зикр дошт, ки баргузории чорабинии имрӯза ёдкарде аз хизматҳои мондагори абармарди роҳи сиёсат, нафаре, ки аз марҳилаи аввали давлатсозӣ ба давлатдории тоҷикон расид – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар фосилаи таърихи беш аз 1000 солаи давлатдории тоҷикон чандин чеҳраҳои олами сиёсат ва адаб дурахшидаанд, ки номи ин миллатро бо ҳама аркон пойдору устувор ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд, ки номи Эмомалӣ Раҳмон бо хатти зарин дар саҳифаи таърих навишта хоҳад шуд. Роҳнамои миллат чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Устодон ва шогирдони донишкада бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо меҳнати аҳлона барои афзун намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзанд. Роҳандозӣ гаридидани чор  ҳадафи стратегӣ барои беҳбудии рӯзгори сокинон аз ҳар яки мо тақозо дорад, ки хуб омӯзему барои пешрафти хоҷагии халқ ҳамчун мутахассисони баркамол ҳиссаи муносиб гузорем. Ба ин шароиту имконоти мусоид дар донишкада муҳайё буда, озмоишгоҳҳои замонавӣ дар хизмати устодон ва донишҷӯён қарор доранд.

Декани факултети муҳандисӣ – технологӣ Зӯҳро Умарова зимни баромад зикр дошт, ки дар 34 гурӯҳи академикии факултет  723 нафар донишҷӯён дар 18 синфхонаҳои таълимӣ, 13 озмоишгоҳи мавҷуда барои омода шудан аз рӯи ихтисосҳои                                             муҳандисони соҳаи хӯрока, кишоварзӣ, бофанагию дӯзандагӣ, экологияи саноатӣ ва ташкили хӯроки умумӣ таълим мегиранд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърнифат”, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодааст, дар даври муқаддамоти донишҷӯёни факултет Муволасенов Муяссар ва Толибӣ Зулолабону  дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Мо ифтихор дорем, ки донишҷӯёни факултет Саидамини Ҳотамзод ва Алиҷон Пӯлотов гирандагони стипендия Раиси вилоят, Рухшона Рауфова гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ донишҷӯёни соли аввал соҳиби шаҳодатномаи донишҷӯӣ гардида, онҳо савганд ёд карданд, ки бо рафтори намунавӣ барои азхуд намудани донишҳояшон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯён ҳунари сарояндагӣ, раққосагӣ, шеърхонӣ ва шӯхтабъии худро нишон доданд.