Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

Оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз нигоҳи диду фаросат, тафаккуру маънавиёт фарқ мекунад. Тавассути болоравии босуръати илму техника тибқи матбуоти даврӣ, садо ва симо сатҳи тарбияи оилавӣ хеле боло рафта истодааст. Волидайн имрӯз на танҳо масъулияти таълиму тарбияи фарзандро ба зима доранд, балки ҳидоят намудани фарзанд ба роҳи нек, интихоби касби мувофиқ, пешгирӣ ва ҳифз намудани фарзанд   аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун яке аз вазифаҳои муҳиму  аввалиндараҷаи волидон ба шумор меравад.

Падару модарон, умуман, аҳли ҷамъият бояд хуб донанд, ки пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат набуда, он вазифаи аввалиндараҷаи ҷамъияти инсонист.     

  Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

 

 Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон нақши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, дар рӯзгори мо нақш ва мақоми хосса дорад. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар тарғибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронӣ хам онро писандида қабул карданд.Бо гузашти чандин аср     имруз дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияхои ифротгаро пайдо гардида истодааст, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ баёнгари гуфтаҳои болоист.

Ин ҳизби моҷароҷӯй дар сафҳои худ шахсиятҳои аз дину диёнат дурро сарҷамъ намуда, мехоҳад, кишвари ободу озоди моро дубора ба ҷангу хунрезӣ кашад. Ҳамарӯза маводҳои иғвоангези онҳоро мехонам ва ин амали носипосу ноҷавонмрдонаи онҳоро маҳкум мекунам.

 Мо, халқи тоҷик дорои тафаккури баланди сиёсиву динием ва хурофотук таассубро аз ихлосу имон фарқ мекунем. Ва ҷавононро намегузорем, ки  ба ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда,  ки сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ ҳастанд, пайваст шаванд.  

Вақте дар телевизиони вилояти Суғд навореро аз рӯзгори чанд тан аз сокинони вилоят, ки гумроҳона ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил шуда, чандин сол банди асорат гардиданд, дида, ростӣ хеле ғамзада шудам. Ба худ андешидам, ки ба чунин ҷавононе, ки ба гирдоби бало ғӯтавар шудаанд, чӣ намерасид? Имрӯз бо ҷавонон дар сӯҳбат шавӣ ҳатман аз набудани ҷойи кор ва шароити зиндагӣ лаб ба шиква мекунанд. Ба андешаҳои онҳо зиндагии шоҳонаро танҳо кор кардан дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст овардан мумкин аст. Аммо ин нафарон боре ҳам фикр намекунанд, ки зиндагии осудаҳолонаро дар Ватани худ ҳам фароҳам овардан мумкин аст, ба ин пеш аз ҳама таҳаммулпазириву меҳнатдӯстӣ, масъулиятпешгиву иродаи қавӣ доштан лозим аст. Сармояи зиндагиро метавон ба ҳар восита ёфт. Оддитарин машғулият ин касби кишоварзист. Магар мо фаромӯш кардаем, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чи гуна шароит дошт? Нони хӯрданӣ набуд, дар минтақаҳои ҷануби кишвар мардум аз камбудии ғалла кунҷора ва дигар ғизои ғайриқабулро истемол кардан, варам намуда, ҷон ба ҳақ супориданд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳои мушкилу ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиатномаи хеш аз сокинони кишвар даъват намуданд, ки фарҳанги заминдориро ба хуби омӯхта, рӯзии худро аз замин ёбанд. Бо ду фармони худ Сарвари давлат 75 ҳазор гектар заминҳоро ҳамчун замини «Президентӣ» ба аҳолӣ тақсим карда доданд. Ин тадбир хатари гуруснагӣ, қаҳатию, қиматиро аз байн бардошт.  Имрӯз ин заминҳо бекорхобидаанд, касе дасту дили меҳнаткарданро надорад. Халқ, ки сер шуд, танбал шуд. Ҳама зиндагии афсонавӣ ва шоҳонаро орзу карда, дар тақлид ба дигарон озими кишвари Русия ва дигар мамлакатҳо шуданд. Ман бо ин навиштаҳои худ он муҳоҷирони меҳатие, ки имрӯз дар Русия меҳнати софдилона карда истодаанд, ҳаргиз мазаммат карданӣ нестам. Оне, ки меҳнатдӯст аст, як бурида нонашро дар Ватан ва ё дар хориҷ ёфта мехӯрад. Аммо хиштеро ба хишт зам кардан, Ватани худро обод кардан, онро сидқан дӯст доштан, ба мушкилиҳои он тоб овардан низ як гӯшаи имон аст. Бояд гуфт, ки Худованд онеро бештар дӯст медорад, ки аввал меҳр ба Ватанаш дошта бошад, баъдан эҳтироми волидонро ба ҷо орад ва сеюмин ба фарзандонаш шароити созгор барои таҳсили илм фароҳам оварда бошад.

Рӯзгори талхи Шафоатхонқизӣ Муҳаммадхон, сокини сокини шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Чорбоғ-1, Уроқава Оқила Бобурҷоновна, зода ва сокини ноҳияи Спитамен, чамоати дехоти Тағояк, деҳаи Тағояк, Юсупов Бахтиёр Юнусович, истикоматкунандаи шахри Исфара, чамоати шахраки Исфара, дехаи Калъачаи Мазор, Қурбонова (Ҷабборқулова) Уғулой Аъзамовна, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Пошкент, деҳаи Якабоғ, Эрматов Ҳимойиддин Ҷавлониддинович, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ, Холматов Олимчон Шарифбоевич, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати Тағояк, деҳаи Тағояк ва Хуҷамонов Муродҷон Абдумаминович, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Тағояк бояд барои мо дарси ибрат бошад. Нафарони болозикрро маҳз орзуи беҳтар зиндагӣ кардан ба мулки Русия бурд, аммо онҳо онҷо ба фиребу дасисаҳои миёнаравҳои аъзоёни ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, , “Толибон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”,  “Ҷамоати Ансоруллоҳ“ дода шуда, тақдири худу фарзандонро ба боди сарсониву нигаронӣ бурданд. Чунончи шаҳрванд  Шафоатхонқизӣ Муҳаммадхон ба суханони шавҳарашшавандаш бовар карда, солҳои сол дар мулки афғон зиндагонии бадтар аз сагона дошт. Шавҳарашро бошад, манқуротони «исломхоҳ», аъзои ҷамъияти «Ансоруллоҳ» бо номи Абдуқодир, Табаров Амриддин, Нарзуллоев Алишер бо тахаллуси «Доктор Саид» бо суханбозиву ваъдаи  ба ҷаннат рафтан гумроҳ карданд. Дар натиҷа шавҳараш Ҳоҷиматов Фурқат дар ин ҷангҳои бемаънӣ ба ҳалокат мерасад. Тавре аз маълумотҳои додаи ин гумроҳон бармеояд, ҳамаи онҳо тақдири  якхела доранд. Маълум мешавад, ки аъзоёни фаъоли ҳаракатҳои экстремистию террористӣ якҷоя амал карда асосан он нафароне, ки дониши сиёсии казоӣ надоранду мӯҳтоҷи ёриву дастгирианд мавриди «шикор»-и онҳо қарор мегиранд. Ин нафарон ба мисоли Табаров Амриддин, Алӣ, Нурулло ва даҳхои дигар дар масҷидҳои Федератсия Русия ҳини намозгузорӣ «тӯъмаҳо»- и худро аввал бо ваъдаи пули зиёд додан, баъдан бо мавизахонию тарсро дар ботини нафарони гумроҳшода ворид кардан ва ахиран бо мақсади ҷиҳод кардан барои Амалҳои таҳрибкоронаи худ устокорона истифода мебурданд. Аксари ҷавонони гумроҳ тавассути давлати Туркия ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳрҳои Машҳаду Зоҳидон оварда шуда, он ҷо таълимии динӣ мегиранд. Баъдан ба Афғонистон аз он ҷо ба вилояти Вазиристони Покистон оварда мешаванд. Рӯзгори чанд тан аз сокинони кишвар шаммае аз баҳр аст, ки бо кӯмаки мақомотҳои қудратии кишвар ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ин ҷо суханони раиси ба номи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ба ёд меояд, ки борҳо дар суханрониҳои хеш аз даст надоштани ин ҳиб ба ҷараёнҳои экстремистию террористӣ сухан мекард. Аммо шоҳидони ҳол  баён медоштанд, ки аксари таблиғгарони даъват ба ҷиҳод маҳз парвардаҳои ҳизби экстремистию терроистии ҲНИ будаанд. Гузашта аз ин Ҷумҳурии Исломии Эрон як воситаи интиқоли террористон ба кишварҳои ҷангзада маҳсуб меёбад.

Чунончи Юсупов Бахтиёр иқрор шудааст, ки  бо супориш ва дастурҳои мулло Амриддин, Салмон, Асадулло аз Исфара ва Ахмади истаравшанӣ, ки ҳамагӣ аъзои фаъоли ҷамоати «Ансурулоҳ», шарики наздики ҲНИ, ки асосан машқҳои ҳарбииро дар Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Афғонистон ва Эрон гузаронидаанд, тариқи дехаи Навободи Қалъаи Золи вулусволии Имом Сохиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба деҳаи Карадуми ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ворид гардида, нияти ҳамлаи мусаллахона анҷом додан ба сохторҳои ҳифзи ҳукуқро дар минтақаи Рашт доштан. Аммо ин нақшаҳояшон амалӣ нашуданд. Ҳоло расонаҳои хабарӣ иброз медоранд, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нафарони зиёде аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи даромадан ба Тоҷикистон ва қасди барпо кардани ҷангро доранд. Ин нафарон ҳамагӣ фирефтаи оғоёни эронию афғонӣ ва покистонии худ ҳастанд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки нафарони гумроҳшуда зану фарзанди худро ба  ин доми тазвир мекашанд. Худ тасаввур кунед, руҳияи фарзандон дар чунин муҳит чи ҳел мешавад. Вақте ҳар рӯз садои тиру туфанг, дашному ҳақорати якдигарро шунаванд. Аз нақли Шафоатхон бармеояд, ки фарзандони ӯ шоҳиди таркидани хонаи зисташон шудааст. Магар ин амал ба руҳу равони кӯдак таъсир намегузорад? Дарднокиаш боз он аст, ки волидони чӣ гуноҳ доранд, ки фарзандон ба ҷои дасти онҳоро гирифтан солҳои сол онҳоро азоби интизорӣ медиҳанд.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ходими дин  дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон ба монанди ҲНИ нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на. Ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва мутааллиқоти динӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад. Ҳамон вақт модар сари гаҳвораи кӯдак аллаи ширадор мегӯяд, агар хотираш ҷамъ бошад. Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, агар ба фардои дурахшон боварӣ дошта бошад. Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд. Ҳамаи ин корҳо беширкати дастаҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб ва баборорандаи аламу дард, аз байн бурдани мутаассиботи динӣ ва мазҳабӣ дастрас нахоҳад шуд. 

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ   дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими  тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ  надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ  андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост.

Албатта онҳое, ки мегӯянд, ифродгароӣ  ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ  намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад,ки якумин амалиёти террористӣ  кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Дар аҳди қадим,асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд,ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехестанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд,зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

 Зуҳури ифродгароии сиёсӣ ,қавмӣ , мазҳабӣ  ва щайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ  ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

 Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ  ва террористӣ  бештар характерӣ  сиёсӣ  гирифтанд,доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид

 Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ  ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ  харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

Имрӯзҳо ин масоили дощи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст.Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ  шомил намудан осон аст.

 Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемащз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ » гарданд.

    Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ  аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ  бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд.Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ  ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

 

 

 

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғу найранг ва дасисаҳои фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва исломгароии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш кард ва то кунун аз таъсири бади он ранҷ мебарад.

Масъалаҳои ҳифзу ҳимояи марзу бум, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи умумияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як ҳизб буда, ҳамчун вазифаи муқаддаси ин ташкилоти сиёсӣ мебошад. Ҳамин  таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мардум нисор мешуд, ки имрӯз барои ҳукмрониаш тамоми мардум овози худро додааст. Ба ҳизбиёне, ки ба миллат ҷангу ҷидол меоваранд, албатта ба касе лозим намеояд. Гарчанде, ки як ташкилоти сиёсиву давлатӣ дар ниҳодҳои худ манфиатҳои давлату миллатро бояд дар бар гирад ва барои муҳофизати он бояд талош намояд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир масъулони ҳизби наҳзат фаъолияти зидди конститутсиониро пеша карданд ва шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти сиёсӣ, террористию экстремистидошта содир намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи аъзои ҳизби наҳзатӣ ва раёсати он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд, ки барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, фаъолияти ҳамаҷонибаи созандагии худро баҳри гулгуншавии диёр ҳамчун ҳизби сиёсӣ равона мекард. Аммо ин кӯрдилону носипосон бар ивази шукри миллати озоду обод, арзишҳои миллатро зарба задан два дастовардҳои онро нодида гирифтанд. Гузашта аз ин амлаҳои ифротии хеш тасмим кардаанд, ки бо ҷамъи ҷонибдорони худ аз кишварҳои ғарб истода, тазоҳуроту гирдиҳамоии харарктери ифроти доштаро ташкил кунанд. Бо мардум бо лафзи дурӯғ гуфтугӯҳои онлайни барпо менамоянд. Ба хотири он, ки ба сифати кори мақомот латма зананд. Аммо ба ин дасисаву ҳангомаҳои нобаҳангоми наҳзатиҳо касе бовар намекунад. Вагарна чаро ин нохалафон махфиёнаю гургона сухан мекунанд. Агар мардуми кишвар нисбати мухолифон заррае умеди эътимод медошт, каме бобати қатъи фаъолият меандешид. Фаъолияти таҳрибкорона ва иғвогаронаи эшон буд, ки қариб мардуми кишвар ба ҳодисаи даҳшатбори асри гузашта рӯ ба рӯ гардад. Ин нобакорҳо гумон мекунанд, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин дасисаҳои наҳзатиҳо ба ҳарос меафтем. Бояд қайд кард, ки ин васвасаҳои шайтонии худро наҳзатиҳо минбаъд дар хоб мебинанд.

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои «диндорон» ноҳамвор сохта, нотинҷиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд. Иҷозат намедиҳем, ки исломи покро олуда сохта аз номи ислом бар зидди ислом мубориза баред. Кабирӣ масъалаи дигаронро як сӯ гузору барои андешаи солим талош намо. Вагарна рӯзе мешавад, ки дигар пайравони паймонхоҳонат низ аз разолату ҷаҳолат ва фиреби ту мисли Шарофиддин Гадоев ба Ватан омадан замон роҳ сӯи мақомоти пулис хоҳанд гирифт. Албатта,  хело вақти кам мондааст, ки бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Ва айбдоркуниҳои тӯҳматбори наҳзатиҳо низ нисбат ба сифати кори мақомот хотима хоҳад ёфт.

Гулчеҳра Муллоусмонова,

устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ

 

 

Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ танинандоз аст.    Истиқлолияти комиле, ки ба мо ато шудааст бояд шукрона кунему ба шахсиятҳои ношукр бифаҳмонем, то солҳои даргирии ватани азиз, ки аз чунин нофаҳмиҳову дасисабозиҳо рўи кор омада, тамоми халқи кишварро ба таҳлука оварда буд.

Ҷанги бародаркуши солҳои навадум ба хотири кӣ ва чӣ буд, кӣ бурд? ва чӣ бохт? Охир вақте бародар бо бародар меҷангад оё ғолибу мағлуб буда метавонад, ин ҳама бедодгариҳо бемазмун, беасос, бемантиқ буда, ягон рукни дини мубини ислом он ҷо мавҷуд набуд. Оташи он ҷанг бо мушкилии зиёде хомўш гашт, ҷигарҳо пурхун, қалбҳо харошида ҷовидона монданд, вале чаро боз онро аз сари нав эҳё намоем?

Мо рушанфикрон,    ки   дар  ҳавои  софу  беолоиши  Тоҷикистони   сохибистиқлол  нафас   мекашем,    кулли  ҷавонони  Тоҷикистон   танҳо  ва  танҳо  як  нияти  холис  дорем,   он  ҳам  бошад  талаби  илм,  маърифат ,   дарси  одаму  одамият. 

Ҷавононе, ки гумроҳи чунин роҳҳо гаштаанд, умедворем, ки аз райъи худ баргашта ба ватани азизи худ оянд, то ки бо таҳсил ё меҳнати худ шуғл варзанд. Чунки миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад, озодандешӣ, донишандўзӣ ва зиндагии беолоишро пеша карда кардааст. Барои миллати мо на ҷангу зўроварӣ, балки фарҳангдўстиву сулҳпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, шарҳрдорию бунёдкорӣ, меҳмоннавозию инсондустӣ хос аст. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем.

Ҷавонони замони истиқлолият, парвардаи истиқлолият хоҳиш ва орзуву ормон доранд, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад.

 Бинобар он нохалафони дохилӣ ва берунии кишварро  маҳкум карда, гуфтанием, ки онҳо ҳамчун зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ (бегона) намуда, ба муқобили Ватани маҳбуби мо корҳои ношоистаро раво набинанд.

Ин тоифа шахсиятҳо ба дуои модарони тоҷик гирифтор нашаванд.

 Ва ёддрас менамоем, ки то ҳол  оби дидаи модарони азиз аз ҷабри солҳои наваддуми бародаркуши хушк нашудааст.

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

 

 

 

Бо тараққиёти илму техника ва пешрафти фарҳангу тамаддун дар ҷомеаи мо падидаҳои нав ба майдон меоянд, ки бархе аз онҳо бо арзи вуҷудашон дар баробари манфиатҳои маънавӣ, инчунин роҳҳои ифротиро тай менамоянд. Мо бояд ваҳдати миллӣ, яккамазҳабиро нигоҳ дорем, ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем. Ин номбурдагон ба дороиву манзалат, шукӯҳу шаҳомат ва мақоми баландпоя дар сохторҳои бонуфузи қудратӣ, даст ба ҷинояти мудҳиш заданд. Ин нохалафон намояндагони ТЭТ ҲНИ буда, бо ҳар роҳ мехоҳанд ҳадафҳои ғаразноки хешро бар зидди миллати мо амалӣ намоянд. Хушбахтона, хиради азалии мардуми шарафманди даврони Истиқлолият аст, ки ҳамеша тири ин бадкешон ба хок мезанад ва онҳоро ноком мекунад ба хотире, ки ин бадтинатон гирифтори оҳи модари бечораи фарзандгумкардаро гирифтор шудаанд ва мардум ба сар ин наҳзатиҳо ифротгар тавқи лаънатро лоиқ донистаанд.

Тавре Пешвои муаззами миллати тоҷик, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон афзуда буданд: “Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.” Ин суханҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ба хотири фазои оромиро ба мардуми мамлакат муҳайё намудан чи қадар абармардони ватанпарвару худогоҳи миллат ҷонфидоӣ намудаанд.

Он  корнамоиҳое, ки шаҳрвандони  фахрии  кишвар зидди хоинони  Ватан ҷонбозиҳо  кардаанд, худ  намунии ибрат  аст.  Боз моро водор  сохтанд, ки  мо дар руҳияи  ватандустӣ  тарбия ёфта  вазифадор  ҳастем,  ки дар  атрофи  Президенти мамалакат  ин  марди  ватандӯсту  ватанпарасти хақиқӣ  ғамхори халқу  миллат  муттаҳид  шуда,  як пораи Тоҷикистон  азизро  чун  гавҳараки  чашм ҳифз кунем. Зеро ин аст нангу номус  шарафи бузурги  ватандорист.

Бо воситаи шабакаҳои иҷтимоии “Паём.net” ва “Ахбор. com” гуфтугӯи оӯ ба рӯи роҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон ва дар асл ташкилоти терористии ҳизби наҳзатиҳоро дида, ба изҳорот ва таърифоти васфи худ карданҳои Кабирӣ, ба ин малакаи дурӯягии эшон  “аҳсант” хондам. Зеро Кабирии “бечора” ин қадар аз худ фариштаву малоика тарошидааст, ки гӯиё хоҳони он аст, ки миллат пеш равад ва робитаҳои хориҷии он қавитар гардад. Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд, ки: ” ҳам номақуливу ҳам пешгирӣ”.

Кабирӣ ин қадар  худу пайравони “диндор” атро мусичаи бегуноҳ мапиндор! Миёни мардум динро дар қалаби худ наомӯзонед. Аввал рафта худ боре таълимоти друст бардоред баъд сухан кунед. Аввал тавбаро худ омӯз ва пас ба дигарон фармо, ки тавба намоянд. Ба “диндориҳоятон” кас ҳайрон мемонад, ки худи шумо чи будани тпвбаро намедонед, пас чи тавр ба мардум меомӯзед.

Шумо наҳзатиҳои манфиатхоҳ ва ифротгарро таъкид менамоям, ки ба ин ҳангомаҳои худ хотима диҳед. Инхел як ду нашриёту шабакаҳоро минбари розу ниёзи худ нашуморида, кӯшиш кунед, ки “кореро, ки ба худ намеписандед ба каси дигар низ написандед”.

Насим Тошхӯҷаев, номзади илмҳои химияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

                      

 

Гаронбаҳотарин неъмате, ки инсон онро дорост, ин дин ва ватан мебошад. Шахсеро намеёбем, ки бо ватани худ ифтихор накунад, онро азиз нашуморад, зеро ватан сарзаминест, ки одамӣ дар он таваллуд ёфта ба воя мерасад. Ватан - гаҳвораи кӯдакии ҳар фард аст. Аллоҳи меҳрубон бо ҳикмати худ, дӯстдории ватанро дар фитрат, офариниши инсон ҷой додааст, ки қалби одамӣ  бо муҳаббати ватан метапад, хуни ӯ бо дӯстдории ватан  чорӣ мегардад, муҳаббати ватанро фарзандон аз падар ва аҷдодон мерос бурда, ба фарзанду наберагонаш боқӣ мегузорад. Инсон ватанашро ҳамеша дӯст медорад, агар ба сарзамине ба сафар  барояд, дере нагузашта онро ёд мекунад. Обрӯи ватанашро ҳимоя мекунад ва агар нисбати ватанаш, сухани ноҷое бишнавад, ба хашму ғазаб омада, аз он дифоъ мекунад ва ин муҳаббати ватан аст, ки парвардигор дар фитрати одамӣ гузоштааст ва бо ин муҳаббат, инсон баҳри ватан, ҷон ва руҳи худро дареғ  намедоранд. Чун ба ҳикматҳои илоҳӣ менигарем, бояд аз он ибрате гирифта бошем, бингарем, ки зодгоҳ-ватан ба ҳар мавҷудот азиз аст, ҳатто ҳайвонот, паррандагон ва ғайра зодгоҳ-ватани худро дӯст медоранд, онро тарк намекунанд, пас ин далели бузургест, ки дӯстдорӣ, муҳаббати ватан, дар офариниши ҳама мавҷудот аз ҷумла одамӣ гузошта шудааст. Пас бояд бидонем, ки дӯстдории ватан аз воҷиботи дин ба шумор меравад, бояд бидонем, ки ватан на фақат замин, об, ҳаво ё кӯҳу саҳро, балки бо баробари ҳамаи ин ватан, ин ҳуввият, арзишҳо, урфу одатҳои ҳамида аст. Ватан ин амну субот аст, маданияту фарҳанг аст, тансиҳативу тозагист. Аммо дар замони мо як идда носипосон бар обу хоки Ватан туф карда, ҳатто мазҳаби худро дигар намуда, мехоҳанд тухми низою нифоқро дар дили мардум кишт намоянд. Ба ин хоинони миллат ТЭТ ҲНИ мисол шуда метавонад. Моро мебояд, ки аз ҳар як ҳарфи онҳо хулосаи даркорӣ барорем, нагузорем, ки оромии кулли ҷомеа бо ҷурми чанде «озодандешон» ба тӯҳфоне бадал гардад.

Мардуми тоҷик таҳти дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои Истиқлолият ба дастовардҳои муҳими тақдирсоз шарафёб гаштанд. Хирадии азалии мардумони маърифатпарвар ва меҳандӯст буд, ки фарҳанги неку ниёгонро аз ориё то ба мо гузаштагони бузургамон мерос оварданд. Албатта, таърих номи ҳазорон нафар мардони шуҷову далер ва ватандӯстро, ки ба хотири ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар ва манфиатҳои миллии он дар майдонҳои набард, зидди хоинону мухолифон баромада, ҷоннисориҳо кардаанд, бо ҳарфҳои заррини муҷалло сабт кардааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳар давру замон хоинони миллат, ҳамеша зидди давлату Ҳукумат мебаромадад. Имрӯз низ масъалаи опозитсиюн дар ҳамаи мамоликҳои олам мақоми глобалӣ касб кардааст. Аз ҷумла кишвари мо низ аз ин падидаи номатлуб дар канор нест. Ва таассуфовар он, ки душманони миллати мо касоне буданд, ки ризқу рӯзиашонро аз хони тоҷик хӯрдаанд. Мутаассифона, онҳоро модари тоҷик ба дунё овардааст. Лек бояд донист, ки модар фаришта аст, фариштае, ки ҳеҷ гоҳ ба олам террористу ҷинояткор наофаридааст. Афсӯс, ки ин нохалафон қадри модар, Ватан, ёру бародар ва ҷигарбандонро намекунанд. Аз ҳама муҳим ба худ раҳм намекунанд, худро тарбия дода наметавонанд, зеро ниҳодашонро ақидаҳои ифротӣ гирифтааст.

Мо дар кишвари худ бисёр нафарони номварро доштем ва то кунун дорем. Умед дорем, ки сафи чунин ватандӯстон аз насли минбаъд зиёд хоҳад гашт, ба он хотир, ки нерӯи ҷавонону наврасон, нерӯи пешбарандаи халқ буда, меросбарони тоҷвари абармардоне ба мисоли Пешвои муаззами миллат ва дигар сарсупурдаҳо хоҳанд буд. Дар ҳақиқат вақте, ки Пешвои миллат дар ҳар сухану баромадҳояшон бо дилпуриву эътимодноки тарафи ҷавонон паём мегӯянд, ростӣ дар дилам ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дучанд мегардад. Пас имрӯз вазифаи ҳар кадоми мост, ки роҳнамоиҳо ва сӯҳбату паёмҳои чунин мардони ҷасуру соҳибдилро сармашқи кори хеш донем, то моро низ мардони шуҷоъ шиносанд. Нагузорем, ки  нохалафоне дар шахсиятҳои наҳзатиҳо, ки мақсади нопок доранд ва мансабталошию амалҳои иртиҷоии худро дар кишвари мо амалӣ кардани ҳастанд, ба мақсади худ бирасанд. Нагузорем, ки ҳодисаҳои гузашта такрор ёбаду боз дили модарони мо озор бинад ва хандаҳои беғаши кӯдакони маъсум аз лабонашон канда гардад.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин ҳангома ва дасисабозиҳои наҳзатиҳо ва лақидани роҳбарияти ин паймоншиканон, Кабирӣ низ ба марраи ниҳоӣ расида истодааст. Зеро ҳамаи онҳое, ки ба ин азҳоб пайваста буданд, як як аз аъзоёни оддӣ то фидоиёнаш ба мисоли Шарофиддин Гадоев худро канор гирифта истодаанд. Хело фурсати кам мондааст, ки Кабирӣ низ ба ин “дилсӯзӣ”-аш нуқтаи ҳамешагӣ гузорад ва Истиқлолияти давлатии моро эътироф намояд.

Мо ҷавонон дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, марди Ватандӯсту соҳибдил барои муқаддас доштани арзишҳои миллӣ ва маънавии халқи бузургамон талош меварзем, то ки он устувору бобақотар шавад ва умри безаволи миллат, поянда монад ва намиранда гардад.

Маърифат Мавлонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Имрӯзҳо  гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардида истодаанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср метавонад дар як лаҳза одамро ба маргу куштору ва корҳои ҷинояти оварда расонад.

Воқеан, дар шароити имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравию Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегардад. Дар шароити муосир имрӯза гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Ан ин хотир ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок бахсус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.

Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.

 

 

 

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки сафи устодони унвондор дар донишкада рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Давоми се моҳи охир сатҳи устодони унвондорони донишкада ба 51% расидааст, ки натиҷаи хеле назаррас мебошад. Яке аз устодони пурмаҳсул ва соҳибтаҷриба, ки соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гардид, омӯзгори кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Тошхӯҷаева Муҳайё мебошад. Тошхӯҷаева М. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Баландбардории эътимодияти хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110кв дар шароити тағйирёбии иқлим”, дар Донишгоҳи давлатии Чувашияи Федератсияи Русия дифоъ намуд. Бояд зикр кард, ки рисолаи номзадии мазкур таҳти роҳбарии номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Раҳимов О.С ва номзади илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Чувашия Щедрин В.М. омода ва  ҳимоя карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки робитаи донишкада бо Донишгоҳи давлатии Чувашияи Федератсияи Русия қавӣ буда, давоми 2 соли охир Муҳайё Тошхӯҷаева дуввумин нафаре, ки рисолаи номзадиро ҳимоя кардаанд. Аз ин пеш мудири кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Қаландаров Ҳусейнҷон низ дар Шӯрои ҳимояи ин донишгоҳ  рисолаи номзадиро ҳимоя намуда буд. Дар назар аст, ки моҳҳои оянда боз ду нафар аъзоёни ин кафедра рисолаи номзадиро дар ҳамин донишгоҳ таҳти роҳбарии устодон ҳимоя хоҳанд кард. Аҳли ҷомеаи донишкада устоди азиз - Тошхӯҷаева Муҳайёро бо сарбаландона дифоъ намудани рисолаи номзадӣ табрик менамояд. Ба он кас дар ҷодаи илм бурдбориҳои беҳамто ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно дорем.