Си ду сол пештар дар таърихи миллати тоҷик дигаргунии калон ба миён омад, ки онро мо “истиқлол”аш номидем. Ин истиқлолият баҳри мо интихоби пурраи инкишофу пешравии имрӯзу фардои миллат ва роҳи ояндасози давлати демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пешниҳод намуд. Ҳамин истиқлолият буд, ки мо озодона роҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро интихоб кардем.

Дар тӯли ин солҳо мардуми шарафманди тоҷик ба ҷаҳониён худро бори дигар шиносонид, ки ин кишвари родмардоне аст, ки бо илму дониш, ақлу заковат, маданияту таърихи чандинҳазорсола аз дигар қавму миллат фарқият дорад. Ягон давлате дар рӯи олам вуҷуд надорад, ки бо қувваи мардумони саховатпешааш сарҷамъ шуда иншоотҳои бузург сохта бошад. Тоҷикистон бошад дар ин роҳ ангуштномаи 6 қитъаи замин аст. Чун таърихи сидусолаи тоҷиконро нигарем, бо ифтихор хоҳем гуфт, ки миллати мо аз ҷангу ҷидол, аз маҳвшавӣ, аз беобрӯгию пастӣ раҳо ёфт. Парвардигор шахсеро ҳадя намуд, ки тоҷикро ҳифз карду сарҷамъ намуд. Бар сари қудрат омадани сарвари муаззам, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тоҷикзаминро шодобу мардумашро саодатманд гардонид. Маҳз ҳамин сарвар тавонист, ки мардумро бо ҳам биёрад, халқро орому осуда ва Тоҷикистонро ҳамчу давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намояд. Сӣ солро метавон ба се давра қисмат намуд.

  • Даҳсолаи аввалро роҳи сулҳу салоҳ ва муттаҳидшавии миллат номид.
  • Даҳсолаи дуввумро роҳи барқарор намудани роҳҳоӣ вайрона ва ривоҷу равнақ додани хоҷагии қишлоқ меномем.
  • Даҳсолаи сеюм роҳи ободкорӣ, созандагӣ пешаи мардуми тоҷик гашт.

Дар тӯли 32 сол мо тавонистем, ки мардуми тоҷикро чун халқи соҳибилм, меҳнатпараст ва соҳибмаданият ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Тоҷикистону тоҷикистониёнро тамоми олам шинохту эътироф кард.

Акнун саволе ба миён меояд, ки ҷавобаш хеле саҳеҳ аст.

Сиду соли истиқлолият ба мо чӣ дод?

Ҷавоби саҳеҳ ин аст: Оромишу осудагӣ,  сулҳу ваҳдат, ҳаёти осоишта, хотири ҷамъ, роҳи озоди фаъолият ба ҳар соҳа,... ва аз ин мебарояд, ҳама чизро.

Ва  мегӯям:

Бодо муборак Истиқлол,

Бар мову ту эй ҳамватан.

Гаштем сарҷамъ мову ту,

Зери ливои ин Ватан.

Ва дар охир мегӯем, ки ин шиор дар хонадони ҳар як соҳибватан навишта овезон бошад: “Тоҷикистон, ба пеш!”

Рухшона Аминҷонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Масъалаи ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, таҳти таъсири авомили мухталиф имкони густариш ёфтани он дар байни ҷавонону наврасон беш аз пеш ба назар мерасад. Бо ин мақсад, дар ростои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстӣ дар ҷомеа бояд пайваста чораандешӣ карда шавад.

 Гузашта аз ин, бояд мунтазам дар байни ҷавону наврасон вохўриҳо ташкил карда, ба ин васила бо пешниҳоди орову андешаи маърифатӣ диққати асосӣ ба он равона карда шавад, ки ҷавонону наврасон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар орову андешаи худ ба ҷуз меҳри Ватан ва садоқат ба Ватан дигар чизеро ҷой надиҳанд ва ватандўст, худшиносу худогоҳ бошанду арҷ гузоранд ба муқаддасоти кишвар ва эҳтиром оваранд ба арзишҳои милливу давлатӣ ва бо амри дилу амри виҷдон бо дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва бунёдгароёнаи давлату Ҳукумати кишвар, ки таҳти роҳбарӣ ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд, саҳми арзандаи хешро бояд гузошт.

Дар ин замина аҳли ҷомеа, хосатан волидон пайваста бояд баҳри он талош варзанд, ки ҷавонону наврасон бештар ба омўхтани осори илмию бадеӣ машғул шуда, дар сиришти худ ҳисси ифтихору худшиносии миллиро ҷой дода, таърихи пурифтихори гузаштаву имрўзаро омўзанд ва огоҳӣ пайдо намоянд аз асолати таърихӣ ва гиромӣ доранд арзишҳои милливу давлатиро ва бештару дақиқназарона осори гаронарзиши гузаштаву муосирро мутолиа намоянд. Гузашта аз ин, дар муассисаҳои таълимӣ, дар байни аҳолӣ зимни мулоқоту вохўрӣ ба ҷавонону наврасон аз вазъи ҷаҳони имрўза ва таҳдиду хатарҳои даҳшатбори терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба ҳаёти осоиштаи сокинони сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари маҳбуби мо, авзои ноороми ҷаҳони муосир, марому ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротгаро изҳори андеша карда шуда, ҳамин нукта гўшзад карда шавад, ки агар яке аз омилҳои шомил шудани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ноогоҳӣ ва сустиродагии онҳо бошад, аз тарафи дигар, ба шуғлу кори муайян банд набудани бархе аз ҷавонону наврасон ва суст будани пояи тарбия хонаводагӣ ва аз назорати падару модар ва ањли ҷомеа дур будани онҳост. Дигар ин ки, мунтазам ба ҷавонону наврасон бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дастурҳо дода бояд шаванд, ки аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ дурӣ ҷуста, ба сомонаҳои иҷтимоӣ дода нашаванд ва ба таълимоти дини ислом аз рўйи ақлу фаросат муносибат карда, фирефтаи рўҳониёни таҳсилнодида нашаванд, ки бисёре аз онҳо аз асолати миллӣ ва асли таълимоти дини ислом дуранд, зеро ноогоҳии онҳо метавонад замина бошад ба пайравиву шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктстремисӣ. Аз ин рў, имрўз замоне фаро расида, ки бояд ҷавонону наврасон зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешони Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷону яктан муттаҳид шуда, баҳри оромӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа талош варзида, дар коҳиш додани шомилшавии ҷавонун наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктсремистӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ дастаҷамъона саъю талош кунанд. Ҳамзамон, бояд ҳамагон мусоидат намоянд, ки ҷавонону наврасон вақтҳои холигии худро беҳуда ба масраф надода, аз пайи омўзиш бошанд ва дар замири худ андешаеро парваранд, ки бояд ба Модар – Ватан хизмат кунанд ва аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накунанд, далер боматонат, шуҷоъ ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд.

 Таҳмина Атаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Барои тайёр кардани мутахассисони касбӣ имрӯз ба таври умум эътироф шудааст, ки фаҳмиши анъанавии таҳсилоти касбии муҳандисӣ ҳамчун азхудкунии миқдори муайяни донишҳо дар асоси таълими фанҳои фундаменталӣ, умумии техникӣ ва махсус нокифоя аст. Зимни омӯзиши муҳити касбию техникии корхонаҳои муосири саноатӣ маълум гардид, ки технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба фаъолияти касбии мутахассисони соҳаи техникӣ фаъолона ворид шуда истодаанд, ки ин боиси зарурати фаврии мутахассисоне мегардад, ки на танҳо назарияҳои фундаменталӣ, балки инчунин технологияҳои муосири компютерӣ барои ҳалли мушкилоти касбӣ истифода карда тавонанд. Мавҷуд будани донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар хатмкардагони ихтисосҳои техникӣ дар бозори меҳнатӣ ба чунин корманд талабот зиёд мекунад. Бинобар ин, хатмкардаи донишкадаи техникӣ дар давоми солҳои таҳсил бояд дар истифодаи техникаи ҳисоббарор таҷрибаи ҳамаҷониба пайдо кунад, барои истифодаи он дар истеҳсолот аз ҷиҳати равонӣ ва касбӣ омода бошад. Барои омодасозии самаранокии чунин мутахассисоне, ки дар бозори меҳнати зеҳнӣ рақобат карда метавонанд, ҷустуҷӯ ва эҷоди роҳҳои ҳалли ғайрианъанавии педагогӣ, таҳия ва истифодаи равишҳо, ғояҳо ва усулҳои нави таълим, ки метавонанд мундариҷаи таълим ва дараҷаи тайёрии хатмкунандагон, аз чумла, аз фанни физика, ки яке аз фанҳои фундаменталӣ дар  самти техникиро ифода мекунад. Зарурияти ҳалли ин проблема дар замони муосир сол то сол меафзояд.

Мувофиқи барномаҳои таълимии давлатӣ ва стандартҳои  давлатии ихтисосҳои техникӣ, зинаи таҳсилоти рӯзонаи бакалавриат, омӯзонидани фанҳои дақиқ  ба монанди фанҳои физика, математика, химия   муқаррар шудааст, ки дар раванди дарсҳои амалӣ масъалаҳо бо усули истифодабарии методҳои инноватсионӣ ҳал карда мешаванд. Бо истифодаи барномаҳои муосири математематикӣ ба монанди Maple17 ва MathCad  дар раванди ҳалли масъалаи мушкил нисбат ба муодилаи мураккаби физикиро ҳал намудан яке аз методҳои муосир мебошад. Истифодаи чунин методи инноватсионӣ дар раванди таълим ба омузгор ва донишҷӯён имконият медиҳад, ки масъалаҳои мураккаб  бо таври сода ҳал ва  дурустии он бо барномаҳои математикию физикӣ санҷида шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳаҳои ҷомеа аҳамияти хосса медиҳанд. Бо назардошти рушди соҳаи саноат, солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Вобаста ба ин ҳадафи чоруми стратегияи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардидааст, ки ба мутахссисони ба талаботи муосири замон ҷавобгӯ ниёзманд аст. Иқтисодиёт ҳамон вақт ба натиҷаҳои назаррас соҳиб мегардад, ки кормандони тараққӣ кардаву донандаи технологияи муосир бошанд ва дар соҳаи саноат фаъолият баранд. Бинобар ин зарурат ба амал меояд, ки дар донишгоҳҳои техникӣ методҳои инноватсиониро дар   раванди  таълими фанҳои дақиқ васеъ истифода баранд.

Кудузова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд   

 

Замоне, ки феълан инсоният ба сар мебарад, замони ноором ва пурталотум аст. Зеро амалҳое, ки аз ҷониби баъзе одамсуратону вале шайтонсиратон ба амал меояд тасвирнокарданӣ. Шояд табиати инсонӣ бошад, ки одамӣ ҳеҷ гоҳ оромиро намеписандад ва умуман, ором будан хоси инсон нест, зеро рисолати вижа ва густурдае дорад дар зиндагӣ, то зинда бошаду зиндагонӣ кунад. Он амалҳое, ки имрӯз аз ҷониби гурӯҳе аз ҳизбҳо ки ба номи ислом доғ меорад, ҳаргиз ба ислом рабт набояд дод. Зеро ислом  дар фАрмудаҳои хеш ҳамеша ростиро тараннум мекунад. Қатлу куштор шеваи ислом нест. Ва Сарвари давлат низ борҳо дар баромади хеш ба ислом вобаста донистани ҷараёнҳои ифротгароӣ ва терррозимро маҳкум кардаанд. Чун сухан дар бораи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ меравад ва сару садоҳое, ки дар онҳо баланд мешаванд, инсони комилро водор бояд созанд, ки ба андеша равад ва таҳаммул кунад, ки он ҷо чӣ гапу чӣ ҳарфест.

Ва аксаран ба мушоҳида мерасад, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ касе, чизеро ки хоҳад манзур менамояд ва ҳарчи хоҳад мегӯяду менависад ва истифодабарандагон дониста ё нодониста, огоҳона ё ноогоҳона ба он дода мешаванд, аз он ба гуфти мардум "нархи шалғаму пиёзро напурсида" истинод мекунанд, ки боиси ташвиш ва нигарониҳо мегардад... Масалан, имрӯз берун аз марзи ҷумҳурӣ, он нафароне, ки ҷилои Ватан кардаанд ва ғалат ҳам кардаанд, перомуни масоили зиндагӣ ҳарзагӯӣ  доранду дар назари худ росткору ростгуфторанд, мардуми ҳангоматалабро ба шӯр овардаву дар доми балои худ гирифтор кардаанд ва дар бораи чӣ гуна зистану чӣ гуна орову андеша доштан ҳадс мезанад ва панду насиҳат мекунанд мардумро, ки ин гуна бояд гуфту шунид ва андешиду рафтор кард. Бехабар аз он ки чоҳ дар роҳ аст, "толибону шавқмандони расидан ба зиндагии ободу осуда" ҳамраҳиву пайравӣ мекунанд онҳоро ва мепайванданд ба ҳамон гурӯҳҳои радикалию ифротӣ ва қаблан дар худ намеандешанд, ки чаро як иддае ин қадар "ғамхору ғамшарики" онҳост ва "бахту саодати" онҳоро мехоҳанд ва биҳиштеро муҳайё кардаанд баҳри роҳату фароғати онҳо... Ва дар хаёл меорад ин амали гумроҳон мақоли "шушро дида, курта сӯхтан" - ро... ...

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён дар як давлати тинҷу осуда ва орому озод, сулҳбору ваҳдатшиор (Худованд аз чашми бад ва аз офатҳояш нигоҳ дорад Тоҷикистони азизи моро ва ҳамаи сокинони ин сарзамини биҳиштосоро) ба сар мебаранд ва давлату Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии фарзонафарзанди миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона, дурандешона ва бунёдкоронаву созанда баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар талош меварзанд. Ва дар пеши чашм ин покмаҳзарсарзамин рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад, ки ин ҳама аз файзи соҳибистиқлолии давлат асту озодии мардум. Дар бораи рушду нумӯи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми мондагори Пешвои миллат дар ин ҳама рушду инкишоф ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа бисёр навиштаанду боз хоҳанд навишт ва бояд навишту гуфт, аммо набояд фаромӯш кард, ки ин ҳамаро ношукргузорона нодида гирифтан ва санг андохтан аз хонаи ҳамсоя ба хонаи худ, маҳзи носипосӣ ва кӯрнамакист, ки на таърих мебахшаду на Худованд ва на халқу на миллат ва на инсофу на виҷдон. Ба гуфтаи Сайидои Насафӣ: Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст, чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад... Аз ин хотир, ҳар он нафаре ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бояд ба қадри ин ҳама заҳмату неъматҳо расад ва фаромӯш насозад, ки касе аз берун ғамхори ӯ нест ва дода нашавад ба андешаю даъватҳои пучу бебунёди носипосон ва хоинони Ватану давлату миллат, ки ҳадафи онҳо саодати давлату миллати тоҷик нест. Онҳо аз ин ҳама ободиҳо, бунёдкориву созандагиҳо ва осударӯзгориҳо дар Тоҷикистон ва толеу иқболи баланди мардум дар ин сарзамин рашк мебаранд ва намехоҳанд бинанду таҳаммул кунанд ин ҳамаро. Ҳадафи душманони давлату миллат ба ҳама равшан аст. Пас, бояд ҳар як сокини кишвар бо шукгузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ барои ободии он кӯшад.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳар халқу миллатро бо таъриху тамаддунаш мешиносанд ва олимону мутафаккирон онро муаррифӣ менамоянд.

       Тоҷикон таърихи хеле қадима дошта он ба умқи асрҳо рафта мерасад. Таъриху тамаддуни халқи тоҷик шӯҳрати оламшумул пайдо намуда, боиси ифтихору сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

       Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Ин миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.

        Дар тақвияти андешаҳои Сарвари мамлакат доимо ба хонандагону толибилмон таъкид менамоям, ки халқи тоҷик диловарону қаҳрамонҳои ҷасур дорад, ки номи онҳо абадан дар саҳифаҳои таърих сабт гардидааст.

      Яке аз сарчашмаҳои муҳим ва мӯътамад китоби «Тоҷикон» - и академик Б.Ғафуров мебошад, ки он оид ба таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав маълумоти муфассал медиҳад.

       Дар Паёми Сарвари мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардида буд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси Ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

       Вобаста ба ин тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, дастраси ҳар як оилаи кишвар гардид.

       Ин китоби арзишманди илмӣ ба оилаи мо низ дастрас гардид, ки онро ҳамроҳи наберагон мутолеа намуда, аз корнамоиҳои тоҷикон огоҳ мешавем.

        Инчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихорӣ миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад.

     Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ҷараён дорад. Банда низ ҳамарӯза ҳамроҳи наберагон ба хондани  шоҳасари илмӣ, китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров машғул мешавам.    

      Ҳамин тавр, шоҳасари «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, худшиносӣ ва меҳанпарастии ҳар як шаҳрванди мамлакат заминаи боэътимод мегузорад.

   Исмоилов Исмоилҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

                                             

  Масъалаи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ барои давлатҳо масъалаи муҳим буд ва ҳаст.

         Дар интиҳои соли 2022 бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид ва имрӯзҳо мавриди иҷро қарор дорад.

         Қабули ин санади муҳим талаби замон ва воқеияти рӯз аст.

         Воқеан, ба миён омадани давлатҳо, бахусус давлатҳои миллӣ ва пойдориву устувории онҳо аз натиҷаи амалҳои ватандӯстонаи сарварони сиёсӣ ва боло гирифтани ҳисси ватандӯстии мардумони он аст.

         Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки “Мо бояд минбаъд мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиору кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.

         Ватандӯстӣ маъниву мазмуни баланд дорад ва мухтасаран он муҳаббати шахс ва ҳар шаҳрвандонро ба Ватан ифода менамояд.

         Сиёсати гуногунҷабҳаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо хусусияти ватандӯстона дорад. Ҳамаи кору пайкор ва амалҳои Президенти кишвар чӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоӣ  маорифу фарҳанг тадбирҳои ватанпарастона ва беҳтарин намунаи ватандӯстӣ мебошанд.

         Пешвои миллат солҳои нахустини роҳбариашон таъкид намуда буданд, ки “Ҳалли вазифаҳои мураккаби таъмини истиқлолияти воқеии  имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ, муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст”.

         Дар шароити имрӯза равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти мо таъсири бевоситаи худро мерасонанд, доираҳое манфиатдор ҳастанд, то мардумро аз ватандӯстӣ дур баранд ва истиқлолу озодии моро осебпазир намоянд.

         Давлате, ки шаҳрвандонаш эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ ва маърифати сиёсӣ надоранд, дар шароити кунунии бархурдҳои сиёсию геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари ба вуқуъ пайвастани хатарҳои рӯзафзуни муосир тобовар буда наметавонанд. Аз ин хотир ин масъала муҳимияти бештарро ба худкасб менамояд.

Дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳои мухталиф таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд карда мешаванд, ки “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллат омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиатҳои дигар боло медонанд. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд".

Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли ҷавон дарк намояд, ки касе ки дар дил меҳри ватандӯстиву меҳанпарастӣ дорад бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намояд. Чунки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, аз ҷавонмард далерию ҷасурӣ ва нангу номуси миллиро  талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.

         Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Овони довталабии мо барои дохил шудан ба риштаи ҷурналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба оғози солҳои навадуми қарни гузашта рост омад. Мо, чанд ҷавонони навхат тавассути қатораи Конибодом – Душанбе дар фосилаи як шабонарӯз вориди Душанбешаҳр шудем. Ҳарчанд соле аз ҷанги шаҳрвандӣ сипарӣ шуда бошад ҳам, осори яъсу навмедӣ дар чеҳраи мардуми душанбешаҳр намудор буд. Ман, ки дар хонаи хешовандон ҷой гирифта будам, бо фарзанди калонии хонадон ҳар субҳидам барои харидории ду дона нони буханка дар коргоҳи нонпазии шаҳр навбат мепоидем. Вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ воқеан ҳам он солҳо дар қиёс ба деҳҷойҳо дар марказҳои шаҳр нигаронкунанда буд. Бо вуҷуди он, ки серӣ хӯрок намехӯрдем, шабу рӯз паи мутоилаи китоб будем, то орзуҳоямон амалӣ гарданду ба мизи донишҷӯӣ, ки воқеан ҳам он солҳо ифтихор буд, нишинем. Инак рӯзи нахустини имтиҳон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ шурӯъ шуд.   Ба мо дар навиштани иншо чанд мавзӯеро пешниҳод карданд, ки камина бе ягон фикр ё истиҳола мавзӯи “Ватанро дӯст дору бинвоз, то фарзанди азизи он бошӣ”-ро интихоб кардам. Зеро ба ёдам як очерки радиёӣ аз қаҳрамонию бебокии як зумра ҷавонони деҳае аз минтақаи ҷануби кишвар омад, ки дар он солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ба хотири дифоъ аз марзу бум, шаъну эътибор ва нангу номуси падару модар, хоҳару бародар ба даст силоҳ гирифта бар зидди аҳримансифатон мубориза бурданд. Ҳарчанд аксари онҳо дар ин ҷанг қурбон шуданд, вале музаффарият дар ҷониби онҳо буд. Зеро ин ҷавонони навхат бо азму иродаи қавӣ ба ояндаи дурахшони миллати худ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доштанд. Ҳар сол дар сари турбати ин ҷавонон, ки барои саодати имрӯзиён ҷон фидо кардаанд, лолаҳо мерӯянд. Дар дабистонҳо аз корномаҳои онҳо мисли қаҳрамонии падарону бобоёни мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар мулки Афғонистон ёд мекунанд. Аммо насли имрӯз бояд донанд, ки бар ивази кадомин заҳматҳову ҷоннисориҳо ба чунин шароити созгор, ободу озод расидем.  Дар ин ҷода ба пешниҳоди чанд нафароне, ки дар набардҳои сохти конститутсионӣ қаҳрамониҳо кардаанд, розиям, ки муҷассамаи сарбози даврони соҳибистиқлол дар минтақаҳои кишвар гузошта шавад, то барои имрӯзиён сабақи зиндагӣ, сабақиматонат ва ҷавонмардӣ бошад.

Ҷавонони мо вақте сари чорраҳаи қисмат меистанд ҳатман аз кору пайкори Сарвари давлат ибрат гиранд. Маҳз далерӣ, родмардӣ, меҳроинӣ, хислати тӯдакашӣ, эътимод ба ояндаи неку самаровар, хиради азалӣ, гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар Эмомалӣ Раҳмонро чун сиёсатмадори варзида, ба камол расонд. Воқеан ҳам таърих ёд надорад, ки як ҷавони 40 сола дар мудҳиштарин вазъият, вақте касе ҳатто ба бародари худ бовар надошт мизони роҳбарии ин мулки ҷангзадаро бар дӯш гирад. Ба гумони ман ҳисси баланди ватандорӣ, аз самими дил дӯст доштани обу хоки диёр, бефарқ набудан нисбати тақдири ояндаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсӣ овард. Ҷавонони зода ва парвардаи замони истиқлол бояд донанд, ки Ватан дар пушти шонаҳои онҳо қарор дорад  ва агар мисли Сарвари худ  ва он ҷавонони далеру шуҷое, ки ҷони худро барои тинҷиву оромӣ ва саодати халқ қурбон кардаанд, мо ҳам ватандӯст бошем, онгоҳ миллати мо пешрав ва ояндадор хоҳад буд.

Муҳаммад Иқбол, шоири тавонои миллат дар яке аз шеърхояш менигорад:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони Шумо,

Эй ҷавонони аҷам ҷони ману ҷони Шумо

Ғӯтаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам

То ба даст овардаам афкори пинҳони Шумо

 Ҷавонӣ воқеан ҳам аёми пуршӯру шар аст. Аёмест, ки ҳар чиро аз ин қишри ҷомеа интизор шудан аст. Ман беҳуда аз хислатҳои ҳамидаи бархе аз ҷавонони солҳои 90- уми асри гузашта ёдовар нашудам. Миёни ҷавонҳои он солҳо буданд ҷавононе, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ, айшу ишрати яклаҳзаина камон дар даст чандин оилаҳоро бесаробон карданд. Аз таърих бармеояд, ки аксари майдоннишиниҳои солҳои 90- ум маҳз ҷавонони гумроҳ буданд, ки хоҷагонашон ба онҳо ваъдаҳои зиёд медоданд. Маҳз соддагиву гумроҳӣ  боиси сар  задани низоъ гардид. Маҳз чунин каҷфаҳмиҳо буданд, ки солҳои 1995-1996 дар шаҳри Хуҷанд ҳам назди ҳозира мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чандсад нафар ҷавонон гирдиҳамоӣ намуда буданд. Ин ҳама бесару сомониҳоро душманони миллат бо истифода аз нерӯи ҷавонон созмон дода буданд. Ин гуна аҳримансифатон ҳоло низ  ҳастанд ва ин амалҳои ноҷавонмардонаи худро идома дода истодаанд. Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хосса ба ҳизби наҳзати ислом, қурбон шудани онҳо дар мулки бегона, ашку надомати волидон ба ин мисол шуда метавонанд. Аз маълумотҳои оморӣ ҳудуди 300 ҷавонони вилоят имрӯз гумроҳона ба сафи гурӯҳи ба ном давлати исломӣ пайваста, иддае аз онҳо ҷони ҷавони худро аз даст додаанд. Ин ҷавононро нафарони сияҳдил ба маънои томаш манқурт кардаанд. Гӯиё бо ин амалашон хизмате дар роҳи ислом мекунанд. Аммо вақте падару модари чашминтизор, кӯдакони аз меҳри падар дурмондаро мебинӣ лаънат мехонӣ ба чунин «ғамхорони ҷавонон».

Наворе, ки чанд рӯз пеш вобаста ба латукӯби сарбозони нав ба хизмат омада аз ҷониби сарбозони ба истилоҳ “дед” тавассути шабакаи иҷтимоӣ паҳн шуда, шӯру валваларо миёни хонандагон барангехт. Ҳамагӣ амалкарди ҷавонони бедил, бераҳмро маҳкум намуданд. Магар чунин рафтор ба шаъни ҷавони тоҷик мезебад. Охир волидон бо сад азобу машаққат фарзандонро калон мекунанд, то онҳо нигаҳбони миллат, асои дасти онҳо бошад. Пас чаро вазъ дар ин ҷода беҳтар нашавад. Аз ҷониби дигар он нафароне, ки қасдан дар вақти даъвати ҷавонписарон чунин навори кӯҳнаи соли гузашро гузоштаанд, хиёнат ба Ватан карданд. Магар мешавад, ки ҳамаи мо имрӯз аз дастоварде, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди Артиши миллӣ бо меҳр ва ифтихор сухан гӯему якчанд нафарон бо пахши чунин роликҳо нафратро алайҳи нерӯҳои ҳимоятӣ зиёд кунанд. Фаромӯш набояд кунем, ки мо Нерӯҳои Мусаллаҳи кишварро дар шароити хеле вазнин, ҳасос аз сифр оғоз кардем. Чаро чунин нафарон аз дастовардҳои соҳа наворе пахш намекунанд. Магар онҳо осиянд.  Хушбахтона, ҳар амал подоши худро мегирад. Чун фашисттинатон бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Аммо нафароне, ки ин наворро на аз рӯи ҳиси раҳм, балки аз рӯи миллатбадинӣ, ноттавонбинӣ паҳн кардаанд, бояд донанд, ки таърих инро нахоҳад бахшид. Вақт беҳтарин довар аст ва имрӯз ҷавонон бо ақлу идроки худ фаҳмида истодаанд, ки беҳтарин аём ин аёми ҷавонист.

Аммо дар муқобили ин ҳама «истодагариҳои бадтинатон» ҷавонони даврони истиқлол воқеан ҳам ҷавонони хушбахтанд. Зеро ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи васеъ барои такмили маҳорат, рушди истеъдод, такмили дониш боз аст. Вақте ҷавонони тоҷик бо либоси хубу шинам дар қисмҳои низомӣ бо ифтихор хизмат мекунанд, вақте ҷавонони мо дар бонуфузтарин муассисаҳои олии олам таҳсил мекунаду бо ихтирооти худ ба қатори сад ҷавонони нобиғаи аём ворид мешавад, кӣ ифтихор намекунад? Ғолибияти дастаи мунтахаби ҷавонони зери 16- солаи кишвар дар Чемпионати Осиё аз рӯи риштаи футбол ва сазовор шудан ба медали нуқра магар мояи ифтихор нест? Мо ҳар рӯз мешунавем, ки хонандагони мо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо зафар баргаштаанд. Ин пайки шодӣ дарак аз тинҷиву ободии меҳани азизамон медиҳад

Барои мо хеле хушоянд аст, ки дар чунин замони ободу тинҷӣ умр ба сар мебарем ва аҳсант мехонем ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба ҷавонон ҳамчун қишри ояндасоз эътимоду боварии калон  доштанд. Дар сатҳи давлат роҳандозӣ шудани якчанд қонуну барномаҳо, таъсиси ҷоизаҳо ба олимони ҷавон, квотаи президентӣ, аз 13 муассисаи олӣ то ба 42 адад расонидани онҳо худ далолати гуфтаҳои болоист. Гузашта аз ин дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 майдончаву толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин аз соҳибхирадии Сарвари давлат башорат медиҳад.

Соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон таҳаввулоти азиме дар ҳаёти сиёсии  ҷавонон буд. Дар ин соли таърихӣ таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба мо ҷавонон боз ҳам бештар гардид. Ин иқдоми роҳнамои миллат барои ҷавонони саодатманди диёр мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро  ҷавонони мо аз ҳар вақта дида беҳтару бештар масъулияти худро дар назди ҷомеа ҳис намуданд. Бо кору пайкори созандаи худ барои ободии диёр кӯшиш варзиданд. Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат махсусан ба донишҷӯён зиёд буда, дар симои ҳар яки онҳо фардои дурахшони ин миллатро мебинанд. Хоссатан рӯ ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология ниҳоданро Пешвои миллат дар ҳар баромади хеш таъкид месозанд. Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд, ки дар шароити кунунӣ, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои олам аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, инчунин аз сатҳ сифати тарбияи ҷавонони соҳибмарифат ва донишманду навовар вобастагии мустақим дорад.

Воқеан ҳам чун нек назар кунем, аён мегардад, ки завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, техникаву технология коста гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар саргаҳи амалишавии чор ҳадафи стратегӣ қарор дорад. Ба хоҷагии халқ имрӯз мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт, канданиҳои фоиданок, энергетика,  сохтмону меъморӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барномасозу телекоммуникатсия, дизайнер чун обу ҳаво  зарур аст. Ҳамсолони моро мебояд, ки чунин пешаҳоро ихтиёр кунанд. Бо ин васила ҳам зиндагии худро таъмину ҳам барои ободии диёр, Ватани худ саҳмгузор хоҳанд шуд.

 

 

Президент соли 2018- ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин ташаббуси наҷибонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки обу хоки диёрамонро бештар қадр кунем. Аз гузаштаи пурғановати миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари хеш ифтихор намоем ва ба ҷаҳониён исбот намоем, ки мо миллати ҳунарофар ва зебоиофар будем ва ҳастем. Ва бо вуҷуди кӯҳсор будану камзамин будан метавонем ҷаҳонро ба даври худ ғунҷонем.    

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик

Агарчи ҳалқаи кӯҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

   Боиси сарфарозист, ки дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиҷлол ҷавонон нақши арзанда ва саҳми созанда доранд. Маҳз бо назардошти ин, соли 2017 дар Ватанамон Соли ҷавонон эълон гардид ва тадбири мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба дастгирии насли ҷавон нақши муҳим бозид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бо зикри иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷавононро бори дигар неруи созанда ва пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ карданд.

    Махсус таъкид гардид, ки ғамхориҳои давлату Ҳукумат танҳо барои  соли муайян пешбинӣ нашуда, баръакс ҳалли масоили вобаста ба насли наврасу ҷавон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хоҳад буд.

    Имрӯз, дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, тағйирёбии вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву амниятии ҷаҳон лозим аст, ки худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Албатта, дар ин радиф аз онҳо омода будан ба ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги халқ ва саъю талош барои пешрафту ободии минбаъдаи Ватан низ тақозо мешавад.

    Падидаи ҷолиб он аст, ки аксари кулли ҷавонони саодатёри Тоҷикистон бо дарки масъулият, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватандорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олиашон саъю талоши созанда мекунанд. Муассифона, дар ин миён боз чун хор дар гулистон нафароне ҳастанд, ки бо иқдомҳои ношоиста, амалҳои носавоб ва ниятҳои нопокашон ба номи ҷавонони Тоҷикистон доғ меоранд. Далели ин гуфтаҳо изҳороти Анҷумани озодадешагони Тоҷикистон мебошад, ки чанде пеш тариқи воситаҳои ахбор расонаӣ гардид.

    «Ҳафт бор чен куну як бор бур!» гуфтаанд хирадмандон. Ин панди онҳо маънои онро дорад, ки инсон пеш аз даст задан ба ягон амал бояд аввал нақшаву нияташро хуб дар мизони андеша баркашад. Фикр кунад, ки ин амалаш бо кадом мақсад аст, чӣ натиҷа медиҳад ва оқибати он чӣ мешавад. Агар аз иқдому ташаббуси мо манфиате ба аҳли ҷомеа расад, албатта, он қобили пайравию дастгирист. Вагарна, чуноне ки мегӯянд, бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ва инсони бадхоҳу бадкор на ба халқ писанд асту на ба Худо.

     Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба гирдоби низоъҳои дохилӣ кашида шуд, ки то ҳол оқибатҳои ногуворашро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос менамоем. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расид. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Таърих гувоҳ аст ва насли миёнсолу калонсол хуб медонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷони худро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд.

    «Баҳс омад – наҳс омад»-ро оқилон беҳуда нагуфтаанд. Ин сухани кӯтоҳ ҳикмати бузургеро дар худ нуҳуфтааст. Яъне дар куҷое, ки ҳамдигарнофаҳмӣ ва тафриқаандозӣ ба миён омад, оромию осоиш, тинҷиву амонӣ ва серию фаровонӣ аз он ҷо кӯч мебандад. Ва чуноне, ки аз  изҳороти «равшанфикрон» маълум мешавад, имрӯз боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки чунин ҷавонони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. Балки худ бори гарони гардани дигарон ҳастанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидаанд.

     Ба гуфти шоир:

                             Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

                             Дусад гуфта чун ним кирдор нест.

     Шиорпартоиву даъвати бадхоҳона, изҳороту муроҷиати ғаразнок аз дасти ҳама меояд, кори душвор нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мо баҳри таъмини саодати аҳолӣ ва ободонии диёрамон чӣ кореро анҷом додаем ё ба анҷом мерасонем.

     Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист. Ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳо дар рӯзгори сокинон муаммою мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд. Мардуми рус мақоле доранд, ки Москва дар як рӯз сохта нашудааст. Яъне иҷрои ҳар кор, ислоҳи ҳар камбудиву норасоӣ муҳлати муайянро тақозо менамояд.

     Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон чунон корҳои бузурге ба анҷом расиданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нарасида буданд. Новобаста ба ин Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «бо  вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо  дар назди мову шумо ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб қарор доранд». Ва имрӯз вақти он аст, ки бо муттаҳидӣ дар атрофии Сарвари давлат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо аз пайи ислоҳи ҳамон мушкилоту масоили ҳалталаб шавем. Вагарна бо қабули муроҷиатномаю изҳорот, даъватҳои барқасдонаю душманонаи бадхоҳони давлату миллат мурод ҳосил намешавад.

    Насли наврасу ҷавон табақаи осебпазир маҳсуб мешаванд. Ба ин мазмун, ки душманону бадхоҳон, тундгароёну мансабхоҳон аз содагӣ, дилсофӣ, камтаҷрибагӣ ва ноустувории онҳо истифода бурда, нақшаҳои нопокашонро амалӣ карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, насли миёнсолу калонсолро лозим аст, ки сади ин роҳ шаванд, нагузоранд, ки фарзандонашон ба роҳҳои бад рафта, ба доми чунин афроди нопок гирифтор шаванд.

     Даъватамон аз насли наврасу ҷавон бошад, ин аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чуноне доноён мегӯянд, «кӯр асояшро як бор гум мекунад». Солҳои 90-уми асри гузашта бояд барои ҳар нафар сабақ ва дарси ибрат бошад.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Боиси зикр аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 барои мубориза  бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бо терроризм»  ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» -ро  ба тасвиб расониданд.  Қабули ин ду қонун  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкониятҳои  хуберо дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Ҳамзамон бо қарори суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2003 фаъолият бурдани ҳизбу ҳаркатҳо ба монанди Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳизб- ут – таҳрир, Салафия, Ансурлоҳ, Ваҳҳобия, Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон, Ал – қоида ва даҳҳои дигар манъ шуда, пас аз ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ соли 2015 ҳизби наҳзати ислом низ ба қатори ҳизбҳои ифротгароӣ шомил шуд.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои берунӣ низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароити ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон  ва фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд дар натиҷаи омӯхтани ин сабабҳо ва гузаронидани вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрвандон, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, то ин ҷониб беш аз 3 ҳазор нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин ба осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад.  Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Аз тарафи мақомоти қудратии кишвар танҳо соли гузашта зиёда аз 70 ҳолатҳои ғайрирасмии диннӣ дар ҳудуди вилоят ба  қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, аксари муаллимони ба насли наврас дарс медода худ соҳиби хатту савод ва аз моҳияти дини мубини ислом огоҳӣ надоранд. Дар натиҷа чунин наврасон аз овони кӯдакӣ бо шуури носолим тарбия меёбанд. Ба хондани илмҳои муосир майл пайдо намекунанд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар мақола ва даъватҳои ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори осон мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ — мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба саволҳои норавшани динӣ  рӯ ба шабакаҳои интернет  оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои экстремистӣ меафтанд. Ин ташвиқгарон «Қуръон»-и маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок дар «ҷиҳод» даъват менамоянд.

Ифрот ба маънои аз ҳад гузаштану зиёдаравӣ кардан аст. Дар замони  монро ҷавони манқурт ҳам мегӯянд, ки побанди ақидаҳои як гурӯҳ ҳастанд ва танҳо аз рӯи гуфти онҳо амал мекунанд.

Барои пешгирии ин ҳолат маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро бояд баланд бардошт.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ- ин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Хушбахтона, дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута доир ба масъалаи таъсиси «Маркази ягонаи иттилотӣ  ҷиҳати мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм» супориш дода шуд, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди асоснок манзур созанд ва бовар ҳаст, ки таъсис додани ин марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи  шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ натиҷаҳои  дилхоҳ медиҳанд.

Нуктаи муҳими дигаре, ки боиси хушнудии ҳамагон гардид, ин вобаста ба вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлатӣ мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид кард, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити дигаргуншавии авзои сиёсии ҷаҳон ва  бештар шудани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки пас аз се сол 35 солагии солагии онро таҷлил мекунем, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд».

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Тоҳиров Тоҳирҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Барномаҳои муғризонае, ки солҳои охир аз ҷониби равияҳои ифротгаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, танҳо як мақсад дорад, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат. Зеро онҳо хуб медонанд, ки Тоҷикистон дар масири рушд ва шукуфоӣ қадамҳои қатъӣ гузошта меояд ва ҳар он чирккобии онҳо аз таги нохун зиён  бар худи онҳост.  Баъзе аз насли имрӯз дарк намекунанд, ки мақсаду мароми ин дассисабозон тафриқа андохтан миёни сокинони осоишта ва ноором сохтани давлату миллат мебошад. Махсусан дар ин амал Муҳаммадиқболи Садриддин, Алим Шерзамонов хеле “фаъоланд” ва худро қаҳрамони шабака метарошанд, ки комилан хатост.

Саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон ба ҷои саҳм гузоштан дар тинҷиву оромии кишвар ва ё мусоидат кардан баҳри пешравии кишвар даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананду зиндагии рангини худро ба зулмату торикӣ табдил медиҳанд?  Сабаби ин ҳама гумроҳӣ чӣ бошад? Чӣ омилҳо метавонад ҷавононро ба содир намудани ҷиноят водор созад?  Ба ин саволҳо танҳо чунин посух додан мумкин аст, ки ҳамаи ин аз рӯи надоштани саводи кофӣ, дур будан аз фарҳангу хештаншиносӣ ва инчунин гумроҳу зудбовар будани  аксарияти ҷавонон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки мо ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравем. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро, зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда кишвари худро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дорем, баҳри пешрафту тараққиёт, рушду нумӯи кишвари азизамон сидқан талош намуда, аз содир намудани ҳар гуна ҷиноят худро эмин нигоҳ дорему ҳаёти ширину рангини худро бо дастони худ тираву торик насозем, баръакс бо дӯст доштани ватану миллати хеш ояндаи дурахшоне бисозем.

Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Сайёҳӣ яке аз соҳаи асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як мамлакат ба шумор меравад, ки бевосита самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҳар як мамлакат вобаста ба он  рушд ва такмил меёванд. Ин самт яке аз иқдомҳои муҳим барои ғанӣ гардидани  даромад ба буҷети давлат ба шумор рафта, таъмини мардум бо ҷои кор ва вобаста ба ин баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад.  Бинобар  он  самти рушд ва такмил додани ин самт дар тамоми давлатҳо яке аз масъалаҳои актуалӣ ба шумор меравад.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлат бо мақсади рушд ва такмили босуботи кишвар ба ин масъала, яъне рушди самти сайёҳӣ  таваҷҷӯи хоса дода, ин намуди самтро мукаммал намуда истодааст. Бинобар он барои вусъат бахшидан ва бо назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтори деҳот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ элон намудаанд. Қабули ин омил инъикосгари воқеии пешрафти шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи кори бунёдкориву созандагӣ, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Зеро Тоҷикистон байни дигар давлатҳои дунё бо манзараҳои дилнишин ва фарҳангу маданияти забарҷастаи худ машҳур аст, ки он боиси ифтихори ҳар яки миллати тоҷик мебошад.

Тоҷикистон давлати  куҳанбунёдест, ки дорои мероси гарон ва захираҳои табиӣ  мебошад., ки 93% - и қаламрави онро кӯҳҳои бландқомат ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳо бо манзараи зебо, пиряхҳои азимҷусса, кулҳои гуногуни муолиҷавӣ ва дарахту набототи нодири худ дар арсаи ҷаҳон шуҳратманд мебошанд.  Инчунин ин сарзамин дорои манзараҳои дилнишин, захираҳои гуногуни табиӣ, дарёҳои сершумор, обҳои шифобахш, ва табиати гуногуни расмӣ мебошад, ки бо  ки теъдоди зиёди  ҷалби сайёҳон дар худ дар бар мегирад. Мардумони ин сарзамин соҳибмаърифату меҳмоннавоз буда,  бо  урфу анъанаҳои мардумии худ дар арсаи ҷаҳон машҳур мебошанд.  Иқлими   он субтропикии он барои маҷудиятҳои тамоми фаслҳои сол мусоидат намуда, дорои дараҳои зебо, хушободу ҳаво, олами наботот, ҳайвоноти нодир ва ҳайратангезро мебошанд.  Аз ин лиҳоз  Тоҷикистон сарзамини сайёҳат ба шумор рафта, ҳар як сайёҳатмандро бо истироҳати фароғат ва шароити мусоид таъмин менамояд.

Дар ҳар як гӯшаву канори мамлакати азизамон ҳунарҳои гуногуни миллӣ, аз қабили оҳангарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гавҳорасозӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, шонасозӣ, қаннодӣ ва ғайраҳое, ки бо эҳёҳои гуногуни худ диққати ҳар як сайёҳро ба худ ҷалб менамоянд.

Махсусан  симои Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол  дигагун гардида, имрӯз чун давлати зебои шӯҳрати ҷаҳонидошта табдил ёфта истодааст. Зеро дар малакат биноҳои бландошёнаи стандарти байналмиллалӣ дошта барпо шуда, гирду атрофи мамлакат гулу буттазор мебошанд. Дар мамлакат бисёр марказҳои санаторию муолиҷавӣ кушода шуда,  сол аз сол ба талаботҳои байналмиллаӣ мутобиқ шуда истодаанд.  Ин манзараҳои зебову дилнишин ва марказҳои санаторию муолиҷавии мамлакат бо табиати ҳақиқӣ ва боду ҳавои худ ҳар як сайёҳмандро ба ҳайрат оварда,  бо лаҳзаҳою хотираҳои фаромӯшнаванда таъмин менамоянд. 

 Ҳамин тариқ соҳаи сайёҳӣ, яке аз соҳаи серталабот ва ояндадор ба шумор рафта, солҳои охир афзалияти бештар касб намуда истодааст, ки маҳз тариқи ин соҳа ҳар як миллати дунё тамаддуни фарҳанги миллии худро муарриф менамоянд.

Акбарова Н.А., ассистенти кафедраи молия ва қарз