Ман ҳамчун шоҳиди даргириҳои сиёсии солҳои навадум бевосита шоҳиди ҳамаи ҳодисаҳои солҳои 1990-1991, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мебошам.  Расман қайд менамоям, ки  Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мо ва мардуми заҳматкаши мо қабл аз ҳама роҳбари хирадманду доно, инсони комил, марди бузург ва фарзанди фарзонаи даврон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод, ки дигар ҳамаи пешравию дастовардҳо маҳз бо саъю талошҳои ин инсони бузург робитаи мустаҳкам доранд. Агарчи 1-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардида бошад ҳам, то барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ давлати мо пурра соҳибихтиёр набуд ва ба майдони дастёбии манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву боғараз мубаддал гашта буд.  То Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ягон рукни давлатдорӣ кор намекард, вазорату муассисаҳо ва ҳатто сохторҳои қудратӣ фалаҷ гардида буданд ва танҳо дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ аз сари нав ба по монда шуда, ба фаъолияти вазифавии худ шурӯъ намуданд. Барпо намудани чунин як Иҷлосияи таърихсоз кори осон набуд, барои ҷамъ намудани тарафҳои муқобил, таъмин намудани амнияти чӣ тарафдорони давлати демократӣ ва чӣ мухолифин аз тарафи роҳбарони мақомоти қудратӣ, дӯстони беғараз аз давлатҳои ҳамсоя заҳмати зиёдеро талаб мекард. Ман ҳамчун роҳбари муҳофизони собиқ Президенти кишвар Раҳмон Набиев  дар  рӯзҳои аввали Иҷлосия ӯро ҳамроҳӣ мекардам, бовар надоштам, ки Иҷлосия ба қабул намудани қарорҳои зарурӣ ноил мегардад ва Раҳмон Набиев ба истеъфои худ розӣ мешаванд. Хушбахтона, Раҳмон Набиев вазъияти ногувори ба амал омадаро ба назар гирифта, мардонавор баҳри таъмини якпорчагии кишвар ва ояндаи миллати тоҷик аз вазифа даст кашида, ба сарвари тозаинтихоби Ватанамон Эмомалӣ Раҳмон фотиҳаи нек доданд. Интихоби ҳамкори мо Саидамир Зуҳуров ба вазифаи Вазири амният низ боиси ифтихори мо гардида, суханҳои аввалини Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мо - кормандони амният, ки аз бесарусомонӣ ва таназзули давлат хеле азоби руҳӣ ва ҷисмонӣ кашида будем, хеле маъқул ва ҷонбахш буданд. Дар ҳақиқат ман дар симои Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тавонои давлатро, ки аз байни халқи оддӣ баромадааст, дидам. Буданд ашхосе, ки Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари муваққатии Шӯрои Олӣ меҳисобиданд. Хушбахтона, тири онхо хок хӯрда, худашон ҳам аз вазифа ва ҳам аз мамлакат бебозгашт дур рафтанд.

Рӯзе, ки оши оштӣ барпо гардид ва тарафҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса мекарданд, мо беихтиёр ашки шодӣ рехтем ва сари мизи дӯстона нишаста худо мегуфтем, ки ояндаи мамлакати мо обод бошад. Ҳаминро ҳам қайд карданӣ ҳастам, ки бадхоҳони Ватанамон ҳатто дар Иҷлосияи баъдӣ, ки бояд 24-уми декабри соли 1993 баргузор мегардид, низ халал ворид намуда, намегузоштанд, ки вакилони мардумӣ барои иштирок дар Иҷлосия ба шаҳри Душанбе парвоз кунанд ва бо таркондани кӯпруки ағбаи Анзоб мехостанд якпорчагии Ҷумҳурии азизамонро аз байн баранд. Ҳазорон шукр, ки Пешвои миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, сохторҳои қудратӣ, ба хусус, чекистони ҷумҳурӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ далериву шуҷоат ва ақли солимро истифода намуда, аз вазъиятҳои хеле душвор сарбаландона берун гашта, оромиву осудагии кишвар ва умуман истиқлолияти кишвари азизамонро таъмин намуданд.

Бинобар ин гуфтаниам, ки Истиқлолияти   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти воқеъии мамлакат аз роҳбари давлат сар карда то ҳамаи муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷонбозиҳои зиёд намуданд. Дар натиҷаи саъю кӯ-шишҳои Пешвои миллат ва фарзандони содиқи Ватан  қабл аз ҳама сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад ва дар заминаи ҳамин Тоҷикистони мо ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

 Охунбобо Раҳимов,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Ҳодисаҳои охири ҳамсоякишвари мо Афғонистон, ки дар сархати расонаҳои иттилоотӣ қарор дорад, касеро бетараф гузошта наметавонад. Ишқоли пайи ҳами минтақаҳои гуногуни ин кишвар аз сӯи ҳаракати террористии “Толибон”, ки бидуни ҳеҷ як муқовимати низомиёни ҳукумати анҷом ёфт, нишон дод, ки ин амали тарҳрезишуда аз ҷониби баъзе абарқудратҳост. Баъзе аз роҳбарони ин кишвар низ ба чунин нақшаҳо шарик буда, хиёнати онҳо дар назди халқ нобахшиданист.

Бархе аз кишварҳои абарқудрат, ки то дирӯз гӯё дастгиру пуштибони мардуми афғон буданд, мавқеи худро хеле ба зуддӣ иваз карданд ва аз террористони ғосибон ҳимоят намуданд. Дар ин миён халқ бечора монд. Онҳое, ки ғурбатро аз зулму ситами Толибон беҳтар донистанд, аз кишвар фирор карданд (як қисми хеле ками аҳолӣ). Онҳое, ки дар Ватананд, ҷуз таҳаммулу сабр дигар чорае надоранд.

Дар Афғонистон вазъият даҳсолаҳост, ки ноором, вале чунин ранг гирифтани аҳволро касе интизор набуд. Ин ҳаводис бори дигар собит кард, ки дар паси ин ҳама баъзе кишварҳо меистанд, ки манфиату қудрат асли мақсадашон аст. Вагарна бо ин осонӣ имкон надошт ҳукумати қонуниро сарнагун ва ҳаракате, ки террористӣ шинохта шудааст, ҷойгузини он гардад. Ва бо ин ҳама кишварҳои абарқудрат, ки пайваста аз суботи Афғонистон мегуфтанд, “Толибон”-ро эътироф кунанд. Ин ҳолат бозиҳои пасипардагии кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳро мемонад.

“Толибон ” тасмим доранд, Афғонистонро ба хилофат табдил диҳанд. Бе он ҳам Афғонистон кишвари исломист ва кулли қонуну тартибот дар асоси шариати ислом амалӣ карда мешавад. Пас, хилофати Толибон чи гуна кишваре хоҳад буд? Ин моҷаро мантиқ надорад ва ё баҳона ё нақшаи ахмақона аст.

 Аслан, ҷангу хунрезиро қариб ҳама кишварҳо паси сар кардаанд. Вале вақте гап дар сари Афғонистон мервад, ин барои мо, Тоҷикистониён масъалаи ҷиддӣ аст, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад. Гузашта аз ин, қисми бештари сокинони онро тоҷикон -  ҳамзабонони мо ташкил медиҳанд.ю Бинобар ин бетарафӣ нисбат ба ҳолу тақдири ҳаммиллатон аз оини мо нест.

Ёддорем, ки оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қариб як миллион нафар ҳамдиёрони мо ҳамчун гуреза дар қаламрави Афғонистон паноҳ ёфтанд. Баъди барқарор шудани сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин кишвари дӯсту ҳамзабону ҳамфарҳанг робитаҳои ҳамкориро зич намуда, якчанд пулҳо ду диёрро ба ҳам пайвастанд. Сарнавишти ҳамсоякишвар, ҳалли ҳарчи зудтари низоъҳои он дар баромаду суханрониҳои Сарвари давлати мо пайваста садо дода, имрӯз низ роҳбарияти кишвар ва мардуми он ғамшарики бародарони афғонанд.

Ба андешаи коршиносон ҳодисаҳои охири Афғонистон натиҷаи набудани тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ миёни роҳбарон ва аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ мебошад. Дар лаҳзаҳои мушкил “пӯст” иваз намудани баъзе аз амалдорону шахсиятҳои шинохтаи ин кишвар дурӯягии онҳоро собит кард.

Айнан ба мисоли ҳодисаҳои соли 2013-уми Тоҷикистон, ки Ҳоҷӣ Ҳалими хиёнаткор бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ нақшаи табаддулотро кашида, фурсатталабона мехостанд амалӣ намоянд. Хушбахтона, мақомоти қудратии кишвар аз аз ин бесарусомонӣ пешгирӣ кард. Ба назар чунин мерсад, ки баъзе нафарон аз гузашта ибрат намегиранд. Омилони аслии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон роҳбарони ҳизби наҳзат бовуҷуди бахшиши гуноҳони сершумор аз ҷониби роҳбарияти давлат бо гузашти солҳо ба хулосаи дуруст нарасиданд.

Дирӯз роҳбари террористии наҳзат, ки акнун Паймони миллӣ ном гирифтааст, дар як баромадаш ошкоро аз мавқеи “Толибон” пуштибонӣ кард. Яъне, вай бори дигар чеҳраи ҳақиқии худро намоиш дод. Оҷилият ва ҳушдёри мақомоти қудратии кишвар буд, ки нақшаҳои хиёнаткоронаи ин ватанфурӯшро ошкор кард, вагарна, ин тоифа чи балоҳое ба сари миллат меоварданд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гурӯҳу ҳаракатҳои моҷароҷӯву манфиатбин гирдиҳамоиву намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, миёни халқ фитна ва маҳалгариро аҷ доданд. Ҳамчуноне, ки дар Афғонистон яке аз омилҳои асосии ҷангу ҷидол маҳалгароист, дар Тоҷикистон низ ин шеваи кори мухолифин низоъ, эҳсоси бадбинӣ нисбат ба намояндагони маҳалҳоро ба вуҷуд овард. Чихеле, ки дар паси воқеаҳои Афғонистон кишварҳои сеюми манфиатхоҳ меистанд, мухолифини тоҷикро низ даррав фурсатталабони беруна дастгириву сарпарастӣ намуданд. Ҳадафи аслии дастандаркорони ҳодисаҳои Афғонистон қудрат аст. Дар мо низ ҳамин шева коргир буд. Мухолифин мансаб мехостанду сарпарастони хориҷӣ дар фикри бароварда кардани нақшаҳои хеш. Ҳамингуна ҳодисаҳои аввали солҳои наваддуми Тоҷикистон ва имрӯзи Афғонистон умумиятҳое доранд. Тафовут дар он аст, ки дар Тоҷикистон роҳбари дурбину кордон Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, сулҳро пойдор кард, гурезагонро ба ватан баргардонид, кишварро аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пеш бурд.

Имрӯз мо дар фазои орому осуда зиндагии ободу пурсаодатро соҳибем. Ҳадаф аз бо ҳам овардани воқеаҳои ҳамсони Афғонистону Тоҷикистон он буд, ки аз онҳо хулоса барорем, аз таърих сабақ гирем ва ҳеҷ гоҳ хатогиҳои гузаштаро такрор накунем.

Дар шароити кунунӣ муҳимтарин неъмат ин сулҳу осоиштагист. Бояд ба қадри ин неъмат бирасем ва пайваста дар ҳифзу таҳкими он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Имрнӯзҳо иддае аз ҷавонон дастовард, ободӣ ва сулҳу оромии диёрро нодида гирифта, ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав шомил мешванд. Онҳо оқибати рафтору кирдори худро намедонанд. Намедонанд, ки ҷаҳолат ба ҷомеаву давлат хатар эҷод карда, ҳаёти худ ва наздиконашнро низ тира месозанд. Аз ҳаводиси имрӯзи Афғонистон ибрат гирифта, бо Ватани ободу осудаи хеш шукргузорӣ бояд кард.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд      

 

 

Дар мусоҳибаи онлайнии Муҳидин Кабирӣ, ки чанде пеш дар шабакаи Ютуб пахш шуд, нуктае садо дод, ки гӯиё дар ояндаи наздик созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” ба сари қудрат хоҳад омад. Ин суханон ростӣ маъталеро ба ёд меорад, ки кӯдаке дар орзуи қанди ширин аст, аммо ӯ товони роҳ гаштан ва дарки маззаи қандро надорад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки Муҳиддин Кабирӣ бо хушгӯӣ ном бароварда,  аз  асолати сухану сухангустарӣ огоҳии коми дорад. Вале ин маънои онро надорад, ки ӯ ҳама чизро медонаду набзи сиёсии кишвари моро танзим карда метавонад.

Дар суҳбати онлайни як тан аз дар тамосгирифтагон дуруст таъкид намуд, ки яке аз омилҳои зуд маҳбубият пайдо кардани ҲНИ дар ҷомеаи навини соҳибистиқлолии мо маҳз мақсаднок истифода бурдани вожаи ислом дар ин ҳизби сиёсӣ маҳсуб мешавад. Ва буданд ҳолатҳое, ки “муҳибони ҲНИ” бо истифода аз эҳсоси динии мардум онҳоро ба хотири шомил шудан ба ҲНИ чӣ корҳоеро ба сомон мерасониданд. Борҳо дар ин маврид ишора намуда, гуфта будем, ки агарчанде нуфузи ҲНИ – ро дар ҷомеа ба 25 ҳазор аъзо медонистанд, ин комилан хато аст. Зеро ин ҳизб ба ҷузъ аз чанде аз воизон дигар аъзои самимӣ надошт. Чунки ҳизб дар пояи вазифагузхориҳои хоҷагони хориҷӣ бунёд шудаву ҳадафашон пиёда кардани ормонҳои фундаметалистон буд. Аз ин хотир пояи ҳизб дар як муддати кӯтоҳ заиф шуд.

Хуб суоле ин ҷо пайдо мешавад, ки имрӯз созмони “Паймони миллӣ” имрӯз бо кадомин маблағ дар хориҷи кишвар истода чанд сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро маблағгузорӣ менамояд. Сарчашмаи молия кист ва чаро рӯз аз рӯз воизони ин гурӯҳ зиёд шуда истодаанд. Сониян кӣ онҳоро бо технологияи рақамӣ, утоқ бари сабти овоз ва видео муҳайё кардааст.  Ҳамааш маълум. Хоҷагони хориҷие, ки мехоҳанд як гӯшаи ободи минтақа, ки ҳаммарз бо Ҷумҳурии Афғонистон аст, бояд ба гирдоби ҷанг ғӯтавар шавад. То онҳо тавонанд хостаҳои худро бароварда бошанд.

Аммо яқин, ки ин нафарон тушбераро хом шуморидаанд. Мо миллати босаодатем, тамоми мушкилиҳоро паси сар карда истодаем. Дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат кору зиндагии оромона дорем ва намегузорем, ки хоре андар пойи миллат халад.

 Абдусабури АБДУВАҲҲОБ,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд.

 

 

  

Сегодня в мире существуют очень много глобальных проблем как терроризм, экстремизм , наркотрафик и другие, которые должны решатся согласованно, всеми государствами, так как одно государство не сможет противостоятьэтим явлениям.

Для развития и безопасности страны и защиты от разных явлений Правительство Республики Таджикистан во главе с Основателем мира и национального единства , Лидером нации многоуважаемым Эмомали Рахмоном делают все необходимое. События 90-ых годов ХХ-го века доказали что мир и согласие в Таджикистане может служитьистинным примером мира и созидания для других государств. Благодаря созидательной политике нашего Президента можно с уверенностью сказать, что таджикский народ знает очень много личностей, которые внесли свой невесомый вклад в процветание нашегогосударства .

Стоит подчеркнуть, что каждое государство имея достойного лидера, который может вывести государство на высокий уровень развития и тем самым сохраняя мир и спокойствие в стране заслуживает весьма высокого уважения внутри государства и внешне.

Но несмотря на это, в обществе встречаются такие люди которые не могут видеть этого развития всегда хотят внедрить свои экстремистские взгляды на граждан и особенно молодежи. Живя в каком-то европейском государстве распространяют свои необоснованные выводы против государства. Но хотелось бы отметить,что таджикский народ уже знает об их действиях и не верит этим провокациям. Поэтому не надо поддаватьсяпровокациям извне, нужно достойно жить и работать во имя процветания и развития государств. Великий Таджикский народ поддерживает миролюбивую политику нашего Президента и верит в светлое и мирное будущее.

 

член МОО “Созандагони Ватан”

в городе Худжанд

Мехримох Ватанзода

 

Ҳар боре, ки тавассути шабакаи иҷтимоӣ суҳбати онлайнии Муҳаммадиқболи Садриддин, Алим Шерзамонов ва устоди маънавии онҳо Муҳиддин Кабириро тамошо мекунам, ин абёти шоири шаҳири миллат Лоиқ Шералӣ ба хотирам меояд, ки гуфтааст:

Душманонам заифу номарданд

Душмани мард орзу дорам.

 Воқеан ҳар он нафаре, ки рақобати солим надошта бошаду аз пушти шона ханҷар мехалад, аз ин дида алами сахт ва дарди ҷонкоҳе нест. Амалҳои хоинонаи нафарони болозикр, ки душмани воқеан ҳам заиф ҳастанд , шабеҳи абёти Лоиқ Шералӣ ҳастанд. Ин кӯрдилон, носипосон ягон зарра пешравии давлат ва миллатро дидан наметавонанд. Зеро ҳар пешравии давлат, дастоварди оилаҳо барои онҳо ба мисли намак пошидан ба ҷароҳаташон мебошад.

Магар расонаӣ кардани мусибати як оилаи наздик ба Сарвари давлат бо мақсади амалӣ намудани ғаразҳои шахсӣ камоли мардист. Куҷост он воқеияте, ки хоҳарзодаҳои Сарвари давлат ба хотири ташхиси хатои пизишкон модари онҳоро гӯиё вазир ва духтуронро мавриди латукӯб қарор дошта бошанд. Магар Вазир ҳаққи ба сафари корӣ рафтанро надорад, ки дар набудани ӯ чунин афсонаҳоро мебофем. Агар ин ҳодиса пояи воқеӣ медошт, Вазир метавонист бо гузашти як ҳафта шаҳрвандонро қабул кунад. Эй ноҷавонмардҳо бас кунед, рехтани борони тӯҳмату ғайбатро. Охир Шумоён имон дореду шариатро хуб медонед. Изои муъмин ҳаром аст. Бо ин амалатон шумо наметавонед маҳбубияти халқро ба даст оварда. Агар Шумоён воқеан ҳам худро душмани мард донед, барои рушди кишвар саҳ гузоред. Аз амалҳои кардаатон пӯзиш хоҳед.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ,       устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд     

 

                            

         9-сентябри соли 1991 расман рӯзи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Тамоми сокинони кишвари  азизамон-Тоҷикистон аз ин озодиву Истиқлол    ифтихор мекунанд, ки 30  сол қабл, нахустин хиштҳои пойдевори мустаҳками давлатсозии  худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ; Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.

         Дар ибтидо бо инояти яздонӣ  ба халқи тоҷик Пешвое раҳбар  омад, ки давлату миллати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони навҷавонро обод ва ҷанги бародаркӯшро хотима бахшиданд. Ин бахти бузург ва саодати беназир маҳсуб меёфт.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи ободиву созандагӣ хурду бузурги кишвар камар бастанд.

         Дар ин росто дар қатори дигар сокинони мамлакат насли ҷавон соҳиби имконоти бештару беҳтар дар кору зиндагӣ гардиданд.  Ҷавонон насли умедбахши миллат, нерӯи созанда ва  пешрафтаи ҷомеа, ояндасози  миллату давлат мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои ҷавонон ҳамаи шароитҳои замонаро муҳайё карданд.

         Ҷавонон дар ҳама давру замон  қувваи бузург мебошанд. Ҳар як миллат дар ҳар давру замон аз насли  ҷавони   худ умед ба  ояндаи нек дорад.

         Дар саҳфаи таърихи давлатдории тоҷикон садҳо ҷавонони фидоӣ  ном гузоштаанд,  ки муҳофизи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёфтанд. 

         Имрӯз низ ҷавонони кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолу созанда буда, дар роҳи рушди мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд. Барои ҷавонон беҳтарин имконоти кору зиндагӣ ва таҳсил муҳайё мебошад.

         Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат- раҳбари ҷавонпарвар  моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи  манфиатҳои Ватани азиз, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.

          Бо итминон гуфта метавонам, ки  ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ ояндасоз ва пайравони воқеии  Пешвои миллатанд.

         Ҷашни милли 30-солагии соҳиистиқлолӣ ба ҷавонони саодатманди кишвар муборак бошад.!

 

Ҷамшед Масаидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

Тайи як моҳи охир нархи сӯзишворӣ аз қабили бензину, газ, солярка дар кишвари мо ба таври бесобиқа боло рафт. Агар 2 моҳ қабл нархи як литр газ 4 сомонӣ ва бензин 6 сомонӣ бошад, пас имрӯз нархи як литр бензин 10 сомонӣ арзиш дорад. Мусаллам аст, ки чунин босуръат боло рафтани арзиши сӯзишворӣ миёни мардум як навъ ошуфтаҳолиро ба миён овард. Душманони миллат аз ин ошуфтаҳолии мардум табли шодӣ зада, ҳукуматро ба ноуҳдабароӣ муттаҳам мекунанд, ки ин аз бехирадӣ ва касифии онҳо дарак медиҳад. Ба гуфтаю таҳлилҳои сарсарии онҳо гӯиё имрӯз дар ҳамсоякишварҳо нархи сӯзишворӣ хеле арзон аст, аммо дар мо қиммат.

Ба чунин номардҳо гуфтанием, ки мо истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои нафтӣ нестем ва онро аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя амсоли Қазоқистон ва қисман аз Русия ворид мекунем ва ширкатҳои нафтистеҳсолкунанда низ бо сабаби камии нафт арзиши аслии онро боло бурданд. Ҳоло дар Федератсияи Русия нархи бензин ба 9 сомон баробар шудааст. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ нархи як литр бинзин ба 7 – 8 сомон баробар аст.

Пас чаро  душманон ин масъаларо сиёсӣ кардаанд, худ медонанду хоҷагонашон.  

Аз деҳа берун, дар наздикии сарҳади ҳамсоякишвар як кулбае ҳаст, ки чор тарафи он бе девор ва дарвоза, гирду атрофи он саҳросту боғчаи вайронае дорад. Саҳар субҳ нодамида даричаи хона кушода мешаваду зане ба даст сатил гирифта ҷониби сарой, ки одатан мардуми деҳот дар он ҷо молҳояшонро мебанданд, оҳиста - оҳиста фикркунон меравад.

Арақи сард аз пешони ба рӯям шориду тарсида бедор шудам, Худоё ба ман чӣ шуд? Соат чанд аст? 2-и шаб, анакнун дигар хобам намебарад, чаро модарамро хоб дидам, ба хайр бошад? имрӯз чанд шанбест? Аҳаа имрӯз шанбе рӯзи дӯстдоштаи донишҷӯ. Вақти ба хона рафтан ҳам омад, пас чаро модарамро хоб дидам. Ба фикрам боз ту имрӯз субҳ нодамида хестӣ. То он, ки тамоми корҳоятро то рафтани ман ба анҷом расониву бароям таоми болаззат омода намоӣ. “Зи ҳолат огаҳам модар”, вале чӣ ҳоҷат дар ин сардии зимистон субҳ нодамида ба ҳавлии торики даҳшатангез мебароиву боз ба ошхонаи худ ворид гардида, бо як асбоби назарногири худсохт аз субҳ то тулӯъи офтоб аз як сатил шир якчанд намуд ғизо омода месозӣ “Зи ҳолат огаҳам модар”.

Модарҷон то имрӯз дар хотир дорам, лаҳзае ки 7 сола будам, дар сарҳад падари ҳарбиямро душманон ваҳшиёна ба қатл расонданд. Ту барои ӯ бисёр месӯхтӣ. Дар деҳа ба ғайр аз ман, хоҳарам ва бародари  18 солаам дигар касе надоштӣ. Ёсин марги ваҳшиёнаи падарамро бо чашми худ дид. Пас аз дафни падарам дар сари қабраш ба ӯ чунин қавл дод: “Падар ман ба хизмат рафта сарҳадбон мешавам, намегузорам ки як дона магаси душман ба деҳаамон дарояд. Ту барои ворид нашудани душман ба деҳа ҷонатро бохтӣ, вале ман ин тавр намекунам. Чунон мекунам ки душман низ таъми марги падарро чашад. Падар имрӯз атрофи ҳавлиамонро девори баланд мезанам, то ки модар, додар ва хоҳарчаам аз ҳуҷуми душман эмин бошанд. Қавл медиҳам падар! баъд аз ором шудани вазъи кишвар, дар кадом ҳол набошад ба назди модарам бармегардам”.

Дар сарҳад ҷанг оғоз шуд! дар ҳама ҷо аз ҷанг сухан мекарданд. Ҳар рӯз аз марги як нафар ҳамдеҳамон огоҳ мегардидем. Аллакай барои девор кардани атрофи ҳафлӣ дер шуда буд. Ёсин худро ба сафи хизматчиёни ихтиёрӣ номнавис кард. Пас аз як ҳафта ба хизмат рафт. Дар ҷанг мардонавор ва бо алам меҷангид. Ҳар боре, ки душманро медид, марги падарам дар чашмаш намудор мешуд. Бо овози баланд мегуфт “Бародарон барои Модар-Ватан ба пеш”. Ногоҳ дар майдони ҷанг ин овоз якбора хомуш шуд. Аҳмад Ёсинро ба рӯи дастонаш гирифт ва ба ҷои бехавф бурд. Ёсин бародар хез, чашмонатро кушо мо пирӯз мешавем, чашмонатро кушо! Ту бояд ғалабаро бинӣ бархез Ёсиннн..

Аҳ..мад дӯстам ман маргро намехоҳам ғалаба бо мост. Ту маро ба ҳолам гузор ҳамаро ба ғор бар, дар он ҷо пинҳон кун. Вақте ки душман дубора ҳуҷум мекунад, мо муқовимат карда наметавонем шумораи онҳо зиёд аст. Дӯстам аз ту як хоҳиш дорам баъд аз тамом шудани ҷанг ба деҳаи мо рав. Ҳавлиамон дар назди сарҳади душман аст, дар он ҷо модар, додарак ва як хоҳари хурдсол дорам. Пеш аз ба хизмат омадан ба онҳо ваъда дода будам, ки гирди ҳавлиамонро девори баланд мекунам, то ки онҳо аз гургони ваҳшӣ ва душманони гургсифат эмин бошанд.  Медонам маргам наздик аст, ман дигар онҳоро дида наметавонам. Ҳамин ваъдаамро ту иҷро кун, то ки дар он дунё ба роҳат бошам...хуб? гӯён аз ҳуш рафт. Ёсин чашмонатро кушо ваъда медиҳам, фақат чашмонатро кушо, хоҳиш мекунам чашмонатро кушо, мо ҳоло ғалаба накардем, маро танҳо нагузор, чашмонатро кушо Ёсин....

Ӯ  тир хӯрда буд. Хамхизматаш Аҳмад Ёсинро бо як машаққат ба ақибгоҳ бурд. Дар он ҷо духтурон ва занҳо боқӣ монда буданд. Душман ба ақибгоҳ ҳуҷум кард. Аҳмад Ёсин ва як нафар духтурро, ки захми ӯро тоза мекард ба даруни хайма дароварда, сарбозони боқимонда ва ҳамшираҳои шавқатро бо роҳи пинҳони ба ҷойи бехавф бурд.

Хоҳиш мекунам раҳм кунед маро кушед, вале ба ӯ нарасед, охир ӯ маҷруҳ аст. Маро кушед ба ӯ нарасед. Магар шумо аз Худо наметарсед, ки шахси бистариро куштан мехоҳед гӯён духтур фарёд мекард. Ёсин мехост аз ҷой хеста ба онҳо ҳамла кунад, вале аз ҷой ҷунбида наметавонист, зеро пойҳои тирхӯрдаи ӯро духтурон бурида буданд. Бо овози баланд чунин калимаҳоро такрор мекард “Ман шуморо мекушам, қотилони гусасталаҷом, ман шуморо мекушам, қотилони гусасталаҷом, қотилони падарам мекушам...”. Душман ба ғазаб омада аз даҳони духтур парронд.

    - Навбат ба ту. Духтурро дидӣ? туро низ ҳамин тавр мекушам, вале мо ҳам инсонем дурастаст рафиқон!

    - Бале.. бале.

    - Бисёр бачаи боақл менамоӣ, агар ба кадом тараф гурехтани дӯстонатро гӯйи туро раҳо мекунем. Ҳаа як чизро фаромуш накун вақте дуруғ гуфтӣ! аз пешониат пақ..пақ фаҳмо.

    - Чиро интизорӣ? силоҳатро ба пешониам гузор ман омодаам. Рафиқонатро ҳам гӯй наздик оянд. Ҳама якбора парронанд.

    - Бисёр хуб, фикри нағз. Ҳама наздик оед. Орзуи охирини душманамонро амалӣ гардонем. Ин марги олиҷаноб мешавад барои ту барин ватанпарвари нобакор.

Ҳама дар атрофи кати ӯ ҷамъ шуданд. Ёсин чашмонашро пушид ва дасташро аз курпа берун бароварда норинҷаке, ки дар даст дошт тарконд.

Сарбозони мо ғалаба карданд. Душманони боқимондаро бародари аз пой маҳрум гаштаи ман Ёсин тарконд. Ман бо ӯ мефахрам. Баъди пирӯзӣ Аҳмад ба ҷустуҷӯи деҳаи мо даромад.

Шукр Худё мо ғалаба кардем. Бояд акнун хоҳиши дӯстам Ёсинро ба ҷо орам, баъд бо дили пур ба назди модарам меравам, гӯён Аҳмад  бо асои дар даст  доштааш лангон лангон ба ҷустуҷӯи деҳа баромад. Деҳаи мо дар наздикии сарҳад ҷойгир бошад, ҳам хеле сарсабзу хуррам буд. Ӯ гоҳ дар лаби ҷӯй ва гоҳ дар сояи дарахте нишаста аз роҳгузарон суроғаи моро мепурсид. Тақрибан як моҳ ҷустуҷӯ кард, вале касе намедонист, ки манзили мо дар куҷост. Ёсин дӯстам маро бубахш деҳаро ёфта натавонистам. Бояд ба назди модарам равам. Ба ту қавл медиҳам, пас аз дидани модарам боз ба ҷустуҷӯи деҳа мебароям. Аҳмад ба зодгоҳи худ баргашт. Хеле хаста буд, аммо ин хастагиашро бӯйи растаниҳои нав сабзида бартараф мекард. Ба хизмат ду сол пеш рафта бошад ҳам, роҳи маҳалла ва кӯчаро хуб дар хотир дошт. Ба назди дарвозае омаду бо асояш дарро кушод. Модарҷон, модарҷон гӯён ба дарун даромад, ашки шодӣ мерехт. Беист куҷоед ман омадам модарҷон мегуфт. Касе ба китфаш даст гузошта чунин гуфт: бо сабр бош гузаштагонро Худованд раҳмат кунад.       

      -Амак амаки Ҳайдар ин шумо?    

      -Бале ман Аҳмадҷон.

      -Шумо чиҳо мегуед? Модарам куҷост?

      -Модарат ғалаба ва омадани туро шунида шодимарг шуд. Ӯро дар назди қабри падарат гӯрондем. Кани биё ба ин ҷо шин.

Аҳмад деворро даст-даст карда ба кати рӯи ҳавлӣ нишст. Ҳайдар амак ин ҳолро дида дар ҳайрат монд. Ӯ ҳангоми бо амакаш гап задан ба замин ё ба ҳар тараф нигоҳ мекард. Сониян Ҳайдар амак пайхас кард, ки чашмони Аҳмад нобиност. Ҳа чашмони ӯ кӯр буд. Вақте ки Ёсин норинҷакро тарконд Аҳмад барои бурдани ӯ омада буд. Ана ҳамон вақт аз чашмаш захм бардошт. Баъди чанд рӯз Аҳмад аз ғаму ғусса вафот кард. Ваъдае, ки ба бародарам дода буд, амалӣ нагардид...

Ҳавлии мо бо ҳамин ҳолаш монд: “Аз деҳа берун дар наздикии сарҳади ҳамсоякишвар як кулбае ҳаст, ки чор тарафи он бе девор ва дарвоза, гирду атрофи он саҳросту боғчаи вайронае дорад”.

Дар ҳаёти ҳама кас чизе ё касе албатта сабабгор мешавад, ки шахсияти инсонро месозад ё месӯзад. Барои ман бародарам Ёсин ва ҳамхизмати ӯ Аҳмад аз ҷумлаи ҳамон нафароне буд, ки дар чунин давраи ҳассос ҷони худро барои оромиву осудагии кишвар бохта сабаби шахсиятсозии дигар ҷавонони деҳа гардиданд. Пас аз чанд сол ман донишҷӯ шудам. Баъди хатми донишгоҳ хостам барои кор ба Маскав равам, вале марги бармаҳали модарам маро аз ин роҳ боздошт. Пеш аз марг модарам маро насиҳат кард: “Писари ҷонам медонӣ дар китобҳо хонда будам, ки  як замонҳо дар Бухоро духтаронро аз хонаашон зӯран мебурданд ва ба амирон тӯҳфа мекарданд.

Лаҳзаи даҳшатовар бароям ин тасаввур кардани вазъи ҳамондавраи Бухоро буд. Кӯчаҳои пур аз мардуми фақир, вале меҳнаткашу ранҷбар. Ҳавлиеро, ки аз он духтараки  12-соларо барои қарзи падар, ва ё писанд афтодан ба амиру амалдорон аз ҳавли кашолакунон мебаранд, доду фарёди модар ё худ дарун- дарун сӯхтан ва ба худ печидани падараш, ки наметавонад духтари ба ҷону дил баробарашро аз дасти онҳо халос намояд. Иброҳимҷон писарам шукр, ки вазъи кишвари мо ин тавр нест. Ту ва писарони деҳ  ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки тақдири ягон духтари деҳа чунин шавад. Ман...ман хоҳаракатро ба ту супоридам. Ӯро ба ҳимояи худ гир. Имрӯз дар кишвари азизамон сулҳу субот пойдор ва дар ҳар манотиқаш парчамаш парафшон аст. Вақте ки субҳ ба куча мебароям, хандаи бебоки кӯдакони кӯча маро мекушад. Бо дидани мӯйсафеди 80 сола, ки бо миёни хамида ба бозор рафта ба пули нафақааш китоб мехарад, гиря гулӯгирам мекунад. Аз оинаи мактаб ба кӯдакони дар қалб илмҷӯшзада менигараму Худоро шукр мегӯям. Ман модаре ҳастам, ки аз тарси вазъи ноороми кишвар шавҳар ва ҷигарбандамро ба хок супорида натавонистам. Имрӯз ту хуб дарк намо, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо бар асари чӣ қадар талафот аз ҷумла марги падару бародарат ва бо заҳмату бедорхобиҳои родмардони Ватан, алалхусус бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст омад. Ман аз марг наметарсам, зеро имрӯз боварӣ дорам, ки духтараки барнои ман озодона дар кӯча гаштугузор карда метавонад. Аз сабаби он, ки Падари миллатамон мақоми занро боло бардоштанд, фарзанди ман соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар оянда ҳамчун роҳбар фаъолият менамояд. Қалби писараи далерам бошад, аз ҳисси ватандӯстӣ лабрез аст. Писари ҷонам се чизро ҳеҷ гоҳ  фаромуш макун: Якум, бар асари чӣ қадар ҷонбозиҳо ба даст омадани Истиқлолиятро. Таърихи ба даст омадани онро ту метавонӣ аз ҳама ҷо дарёфт намоӣ, зеро рӯзе мешавад, ки таърихи ба даст омадани онро дар пештоқи Қасри миллат бо оби ноби тилло зери номи “Падари Истиқлолофар” сабт хоҳанд кард. Дуюм, ту ҳеҷ гоҳ ҳақ ба хиёнат кардан ба миллату давлатро надорӣ!. Сеюм ояндаи Тоҷикистон дар дасти ту ва дигар ҷавонмардон аст!.   

Баъд аз дафни модарам дар сари қабри ӯ ба ҷамъомадагон муроҷиат кардам: Ҳамдеҳагон ва дӯстони азиз! имрӯз ҳамаи шумо соҳиби касб мебошед ва мехоҳед ба манфиати худ ё мардум кор кунед. Вале мақсади ман дигар аст. Ман дигар намехоҳам, ки ҳар як модари тоҷик дар сарҳад бо хавфи ҳуҷуми душман зиндагӣ кунад. Мехоҳам худи ҳозир гирди ҳавламонро девор занам. Фақат аз шумо як хоҳиш дорам, биёед барои бехаф, осуда, бароҳат зиндагӣ кардани оила ва насли оянда атрофи Тоҷикистони азизро девор занем.

    -Фикрат дуруст аст бародар, аммо чӣ тавр? Тамоми марзи Тоҷикистонро девор задан номумкин аст.

    -Рафиқон шумо маро нодуруст фаҳмидед. Баъди чанд муддат ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ даъват мекунанд. Биёед ҳамаи ҳамдеҳагон ба хизмат равем. Дар он ҷо хоҳиш менамоем, ки ҳамаи моро ба сарҳад фиристанд. Дар ин ҳол мо метавонем атрофи марзи кишварро ҳамчун девор ҳимоя намоем. Ман намехоҳам, ки “Истиқлолият”-еро, ки бар ивази марги пайвандон ва ҷонбозиҳои сарвари давлатам ба даст омадааст, ба осонӣ аз даст диҳам.

Рафиқон! Рафтем барои нигоҳ доштани “Истиқлолият”. Охир мегӯяндку “Чист Истиқлол? иззат доштан, бар диёри худ муҳаббат доштан”.

                       

Фарҳоди Андалеб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд                                                  

          

 

           Агар Ҳуҷҷати оиди ҳалли масъалаҳои  муҳими  сарҳади (делимитатия ва  демаркатсияи  ҳалли 561 км сарҳади байни ду давлат) байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон соли 2016 аз тарафи  Комиссияҳои давлати байни ду давлати ҳамсоя  имзо карда шавад буд ( 561 км сарҳади байни ду давлат) , фоҷиаи   29-30 апрели соли 2021 нашуданаш мумкин буд. Ин фоҷиаи мудҳуш байни  тоҷикону қирғизон дар минтақаҳои  наздисарҳадии  ба  таърихи дӯстую ҳамкориҳои  азалии  ду  миллат  таъсири калони манфӣ расониданд. Дар натиҷаи фоҷиа мардум кушта, хоҷагиҳои халқ вайрон гардид.  

         Таърих гувоҳ аст, ки дар муассисаҳои  таълимии  Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон фарзандони сершумори мардуми Қирғизистон таълиму тарбия гирифта истодааст, аз он ҷумла, фарзандони  Тоҷикистон дар муассисаҳои  таълимии Қирғизистон. Ғайр аз ин байни ду давлат ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию  фарҳангии муштарак  дар асоси дӯстона рушд меёбад. Ба  ташвиқоти душманону террористон гӯш накарда,  муносибатҳои дӯстонаи тоҷику қирғизро вайрон кардан беадолати аст.

         Бо супориши  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  ҳалли  масъалаи фоҷиаи (трагедияи)  29-30 апрели соли 2021 Комиссияҳои давлати байни ду давлати ҳамсоя  таъсис дода шуд  ва онҳо дар Исфара, Хуҷанд, Боткен воҳӯриҳо гузаронида, ҳуҷҷат ва Изҳороти муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро  имзо карданд.  Оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи дар минтақаҳои наздисарҳадии ду давлат руҳдода гуфтушунид шуд дар Боткент, сабаб ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки  даргириҳои мусаллаҳона қатъ  шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ  баргардонида шуд,  барои роҳ  надодан ба ташаннуҷ чора андешида шуда, гурӯҳи кории муштараки ду давлат аз ҳисоби  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва МИҲД барои  татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити  мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду миллат ва давлати дӯст ташкил карда шуд.

Барои ҳалли  масъалаҳо ва таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президентҳои  Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, ФР телефони гуфтушунид намуданд ва чора-тадбирҳои зарури пешниҳод намуданд.

Мо, аҳоли ва олимони кишвар сиёсати дохилию ҳориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа тарафдори намуда, дар ҳалли масъалаҳои сарҳади  зарур шавад, саҳми худро мегузорем. Ҳеҷ гоҳ, минтақаи Ворух ва дигар аҳолинишин, минтақаҳои сарҳадиро ҳамчун ҷойи  муқаддаси Ватани азизамон ҳисобида, ба тамоми қувва муҳофизат менамоем.

Дар таърихи ҷаҳон, аз он ҷумла, дар муносибатҳои ҳаррӯзаи  халқи тоҷику қирғиз  аз қадим дӯстӣ –муқаддас мебошанд, онро ҳеҷ гоҳ вайрон кардан мумкин. Ҳар як кори ва муноқишаи байни минтақаҳо, давлатҳо бо роҳи гуфтушини, муколама, созишнома ҳалли худро ёбанд, оромӣ, сулҳу ваҳдат  ғалаба мекунанд.

   Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ, зодаи деҳаи Ворух 

 

 

Тоҷикистон як мамлакати тинҷу осуда, рушдёбанда ва давлати навтаъсис дар таърихи навини дунё мебошад. Ин давлати ҷавонро баъзе аз нохалафон чашми дидан надоранд ва берун аз ватан истода худро ватандӯсту халқпараст, адолатпарвар намоиш медиҳанду хиёнат ба давлату миллат менамоянд. Аламовараш ҳамин аст, ки аксари ин душманон худ тоҷик буданду нону намаки Тоҷикистонро хӯрдаанд (Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони онҳо), вале ба ивази молу дунё роҳи хиёнатро пеша карданд. Онҳоро тоҷик гуфтан хатост! Замоне, ки худи онҳо соҳиби мансабу қудрат буданд, ба ҷузъ аз манфиатҳои шахсии худ ба халқ нафъе наоварданд. Акнун, ин нонкӯрон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ нисбати Ҳукумат ва сарвари давлати Тоҷикистон ҳар гуна маломатҳои бардурӯғро бор карда, дар байни халқи Тоҷикистон иғво андохтанӣ мешаванд. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро онҳо ин гуна рафтор менамоянд? Посухи ин савол чунин аст:

- аввалан: Кабирӣ худ мансабпараст буд ва мехост ба сари қудрат ояд. Аз сабаби нопок будани нияташ ба сари қудрат омада натавонист ва дар дилаш ҳисси бадбинию кина пайдо шуд. Бинобар ин, номи роҳбариятро бо ҳар роҳ сиёҳ карданист;

- дуввум: Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳасадкоранд, аз пешрафти Тоҷикистон ва сиёсати одилонаи Пешвои миллат ҳасад мебаранд;

- саввум: беҳуда намегӯянд, ки дузд барои ночориаш ё камбағалиаш дуздӣ намекунад, балки барои дузд буданаш дуздӣ мекунад. Кабирӣ ва тарафдоронаш хиёнат карданд, ки худ хиёнаткоранд.

- чаҳорум: хоинон барои иғвоангезӣ ва танқиди роҳбарияти Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷиашон маблағ ба даст меоранд, то ки зиндагиашонро бо ин пулҳои ҳаром идома диҳанд ва аз гуруснагӣ дар кишварҳои бегона намиранд.

Хоинон, ҳамеша ҳаракат мекунанд, ки бо роҳи паст задани обрӯю эътибори роҳбарияти олии мамлаткат ба раванди идоракунии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд. Вале, ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро, аллакай мардуми Тоҷикистон медонанд, ки Пешвои миллат барои халқи Тоҷикистон чӣ хизматзҳоеро карданд. Ҳатто, тамоми сиёсатмадорону мутахассисони олам ба сиёсати оқилонаю наҷибонаи Пешвои миллат қоил шуда, Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон медонанд. Яке аз далели раднопазир он аст, ки чанд рӯз пеш Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд. Илова бар ин, он дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолият ба даст даровард, ки баъзе давлатҳои дунё давоми садсолаҳо ба он мушарраф нагаштаанд. Ин дастовардҳои беназир натиҷаи кӯшишу заҳматҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди тоҷикро зарур аст, ки суханони иғвоангезон, ҳодиса ва воқеаҳоро бо ақли хирад баҳогузорӣ намуда, ҳамеша кореро анҷом диҳанд, ки ба манфиати ватани азизамон Тоҷикистон хизмат кунад.

Н. Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии бузург, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареѓ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд.

Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифатомӯзии муҳассилин ѓанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба донишҷӯён, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили насли наврас нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд.

Ба насли наврас моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзанд масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад.

Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадем, ки аз оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад.

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ - мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан, шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин бо осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад. Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Барои пешгирии ин бояд маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

 Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд