Миллати тоҷик аз азал мардумони сулҳшиору ватандӯстро ба оғӯш кашида асту ин оини неки ниёгон то кунун аз байн нарафтааст. Аслан рисолати ҳар як шаҳрванди баору номус дар он аст, ки ба ҳотири ҳифзу ҳимоя аз озодиву ваҳдати ягонагии халқ камари ҳиммат баста бошад. Мо ҳамон вақт бар зидди мухолифони миллат мубориза бурда, ғалаба менамоем, ки пеш аз ҳама меҳанпарвару адолатхоҳ бошем. Зеро ин силоҳест, ки синаи душманони бадхоҳу нохалафро сӯрох мекунад. Ҳадафҳои нопоки эшонро ба хок мезанад ва онҳоро мағлуб менамояд.

Арзишҳои милливу манфиатҳои давлатиро пос доштани ҳифозат намудан низ имрӯз вазифаи фарзияву қарзии ҳар кадоми мост. Агар мо якдилонаву сулҳҷӯёна ба зидди нафарони бадхоҳу бадкеш мубориза барем, аминам, ки онҳоро мағлуб хоҳем сохт. Зеро агар мо майдонро барои ин ташкилотҳои иртиҷоиву ифроти холи гузорем, он вақт боз муртакиби ҳодисаи садаи гузашта хоҳем гашт.

Ҷавонони арҷмманд, имрӯз давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвли миллат дар симои ҳар кадоми Шумо ҷавонони ояндасозу масъулиятшиносро мебинад. Аз ин хотир талош варзед, то ба ин бовари содиқ гардед. Кӯшшиш кунед, ки аз дасти Шумо ояндаи Тоҷикистон дурахшону нурборон гардад.

 

 

Одами солимақл ҳам медонад, ки зиндагӣ дар Аврупо бе меҳнати машаққати сангин амрест маҳол. Муҳиддин Кабирӣ ва ҷамъи ёронаш натанҳо он ҷо кор мекунанд, балки фаъолияташон барангехтани кинаву адоват, паҳн кардани фитнаву надомат ва ниҳоят бар гардани кишвар бор кардани тӯҳмату бӯҳтонҳо мебошад.  Худ маълум, ки ӯву ҳизбаш чун зулук молу сарвати хоҷагони эронии худро макида, бар ивази ин “подошҳояшон” ба роҳбарияти олии шиамазҳабон ҳамарӯза гузориш медиҳанд.   Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи калон дорад. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсиаш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамояд. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад.

Хонандагони азиз агар нағз дар хотир дошта бошанд, ҷониби наҳзатиён дар остонаи таҷлили солгарди ҷашни  Ваҳдати миллӣ ҷор заданд, ки дар таъмини амният сулҳу суботи сартосари нақши Ҳизби наҳзати исломи кишвар калон аст.  Бале мо инро инкор намекунем, ки сулҳи деринтизор дар сурати ҳамдигарфаҳмии ду тараф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътилофи миллӣ рӯи даст омад. Наҳзатиёни арҷманд хуб медонанд, ки роҳбарияти олии кишвар, шахсан Президент то дами марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ пайваста аз ҳолаш хабар мегирифтанд. Ва ҳамчунин мувофиқи бандҳои Созишнома 30 фисади вазифаҳои давлатӣ бар дӯши намояндагони эътилофи миллӣ гузошта шуда буд, аммо аксаран умедҳои мардумро бароварда карда натавонистанд. Таърих гувоҳ аст, ки  соли 1998 барои ба пешвози Сайид Абдуллоҳи Нурӣ набаромадани собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Собир Бегиҷонов, ки аз эътилофи миллӣ ба ин мақом расида буд, ба қатл расонида шуда буд. Зеро ин раиси ноҳия дар ҷараёни роҳбарии худ  дар ин ноҳия эҳсос кард, ки амалкарди мухолифин ва баҳои онҳо нисбати давлатдории  кунунӣ пурра нодуруст аст. Чунин қатъият ва моил шудани он ба ҷониби Ҳукумати кунунӣ ба наҳзатиён нафорид. Ин нафарон чӣ гунна Худою Расулро ба забон мегиранд, ки худ даст ба куштор мезананд ва ҷониби давлатро низ тӯҳмат мезананд, ки намояндагонро онҳоро ба қатл расониданд.

Ин аст оини ватандории наҳзатиён, ки мардумро ба инсондӯстию эҳтироми Ватан талқин мекунанд.

Баръакси ин гуфтаҳо роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кадомин шароите, ки набошад, мардумро ба сабуриву таҳаммулпешагӣ, бахшидани гуноҳи якдигар даъват мекунанд. Мо бояд фаромӯш накунем, ки расидан ба  сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, осудагиву якдилӣ, якмаромиву иттиҳод, ҳамзистиву ҳамаромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.  Мо бояд ҳамагуна бӯҳтон ва тӯҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмуъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидааст маҳкум намоем ва нагузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.

Бакаев М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Имрўз мо бо ифтихор метавонем, изҳор намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони милалии муттаҳид мебошад ва ба даҳҳо созмонҳои дигар шомил шуда, намегузорад, ки  дар кишвари азизи мо нобасомониҳои асри гузашта аз рӯи бархе нотавонбинон рух диҳанд. Зеро миллати тоҷик аз он ҳаводиси даҳшатбор сабақи зарурӣ гирифтаасту дигар он рӯзҳоро ба ёд овардан намехоҳад. Пас ин ҷо суоле ҳаст, ки оё “Ҳомиёни ватан”- и Шарофиддин Гадоев аз кадом муаамои миллат ҳимоят мекарда бошад? Аз Паймони миллии Тоҷикистон ё аз гурӯҳи умумии опозитсион ё аз ҳарду. Вариантҳои пешниҳоди ҷумбиш бошад, айнан ишора бар он аст, ки бо ташкили фазо барои тарғиботчиёни наҳзатӣ заминаи асоси гузошта истодааст.

Марбут ба варианти тарбияи ҷавонон дар руҳияи фарҳангшиносӣ ин фиреби маҳси онҳост, зеро онҳо фарҳанги худро талқин мекунанд, ки ин ватанфурӯшию хиёнаткорист.

Барои тамоми мардуми ҷаҳон, бахусус сокинони Осиёи Марказӣ мусаллам мебошад, ки Ватани мо мардуми фарҳангсолори мо аз қадимтарин сарзамини биҳиштосо буда, таърихи беш аз даҳҳазорсола дорад. Дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ олимону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ ҳини таҳқиқот ба арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳангиву таърихии миллати тоҷик баҳои сазовор дода, кишвари моро дорои марказҳои илмию тиҷоратӣ ва сарзамини ободу осуда тавсиф намудаанд. Ба ҳамин хотир ба Гадоев хотирнишон месозам, ки ягон ҳоҷате нест, ки барои ҷавонони мо наҳзатиҳо фарҳанг омӯзонад. Тавре дар боло гуфтам олимони барҷастаи олам фарҳанги моро медонад, ин нотавонбинон шумо ҳастед, ки дар ниқоби ҳимоя ба яғмо бурдани фарҳанги моро ҳадаф қарор додаед.

Ва ба хотири амнияти пурраи мардум давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд. Ба он хотир, ки дигар миллати тоҷик тобу тавони онро надорад, ки дубора нӯшобаи заҳрогини ин нохалафонро нӯш кунад. Пас ин ислоҳот ва ҳомиёни ватани Паймони паймоншиканонро тамоми озодхоҳону равшанфикрон маҳкум менамоянд, зеро ҳамин “ҳимоятгариҳо”и наҳзатиҳову Гадоев моро дар рӯзҳоии таърихиву дигар ҷашнгириҳо ба ҳодисаҳои хунун рӯ ба рӯ сохтааст. Мо дар айни ҷашнгирии Истиқлолияти давлатӣ қарор доштем, ки аз ҷониби иддае кӯрдилону носипосон барои ояндаи миллати мо зарба расид. Гарчанде, ки мо аз ин сари вақт огаҳ шуда, пеши роҳи ин мухолифонро гирифта бошем ҳам дар паи ин ҳадисаи даҳшатангези наҳзатиҳо даҳҳо ҷон бохтанд. Дар чунин рўзҳои барои халқ таърихӣ, ки пеш аз тантанаҳои бузургу оламшумули ҳамоиши чорабиниҳо бахшида ба истиқлолият, падидаҳои номатлуби гурўҳбозону ҷаҳолатпешагон, ки мехоҳанд, ватани моро низ ноором созанд, ҳамаро ғамгин сохта буд. Дар ҳақиқат манъи фаъолияти ТЭТ ҲНИ амнияти мардумро кафолат доду оромиро дар кишвар таъмин сохт. Дар асл мақсадҳои ғаразноки онҳоро пешравиҳои миллат, бунёди роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва нақбу пулҳо, ки яке аз самтҳои стратегияи Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, кайҳо ба хок яксон кардааст.

 Ҳамин қадар вайронкориҳову ифротгариҳо, кадом як нафари соҳибақл аз ин ташкилоти ҳимоятхоҳнаи шумо бояд ибрат гирад. Дар дил Гадоев ин қадар “ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ” доштааст, ки мардумро ба ин таҳрик менамояд. Ва ташкилотеро барои муҳайё сохтани шароит ва фазои солим барои тарғиботи паймони наҳзатиҳо фароҳам оварданист.

Имрўзҳо тарғибгарони ТЭТ ҲНИ низ ба ақидаҳои ҷангҷӯёнаю ноустувор, зидди сулҳу ваҳдат ва ҳамзистиву ягонагӣ, зиндагии осоишта баромад мекунад, аз рӯи диди нохалафонаи хеш аз номи ислом сухан мекунанд, ки пурра он маънои зиддиисломиро дорост.

 Хайруллоева Н.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

То дирӯз барои кишварҳои пасошӯравӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси дӯст ва шарики стратегӣ ҳисоб мешуд. Зеро ин кишвар яке аз аввалин давлатҳоест, ки мустақилияти аксари  ҷумҳуриҳоро эътироф карда, робитаҳои дипломатиро барқарор намуд. Махсусан равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна қавитар шуда, доду гирифти молу коло, равобити фарҳангӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Зеро пас аз ҷанги чандинсолаи Эрон бо Ироқ, муносибати хуб надоштан бо мамлакатҳои арабӣ як навъ давлати Эронро дар вартаи танг гузошта буд. Имрӯз Эрон дар симои Русияи абарқудрат ҳомӣ ва пуштибони худро мебинад. Зеро аён аст, ки ҳар кадомин давлате, ки бо Амрико душман аст, дӯсти Русия аст. Ин сиёсат дар Амрико низ роиҷ аст. Ва ин давлати абарқудрат низ бо мамлакатҳое, ки бо  Русия душман аст, дӯстигарӣ меварзад. Дар мисоли Ҷумҳурии Украина, ки имрӯз  дар муқобили Русия истодагарӣ мекунад. Умуман чун 50 соли пешин ҷаҳон  ба ду қисмат – лагери Амрикоӣ ва лагери Русия қисмат шудааст.

Тарафдорони Амрико, ки қисмати бузури Аврупоро низ фаро гирифтаанд, кулан аз сиёсати роҳандозишудаи Русия норозиянд. Аммо чанд давлатҳои пурнуфуз аз қабили Чин, Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои Осиёи Миёна, якчанд давлатҳои Амрикои лотинӣ дар симои сиёсати кремелӣ пуштибони худро ёфтаанд.

Тоҷикистон чун давлати навроҳ дар саргаҳи соҳибистиқлолии худ аз он сарфарозӣ мекард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон диду назари хосса дошт. Охир мо чи тавр ифтихор накунем, ки забони якдигарро ба хубӣ медонистем. Таъриху фарҳанги муштарак доштем. Ва ин наздикиҳо имкон доданд, ки тарҳои бузург дар Тоҷикистон ба сурати умум роҳандозӣ шаванд. Фавҷи шаҳрвандони эронӣ аз Тоҷикистон дидан мекарданду мо низ беибо ба Эрон сафар мекардем. Касе гумон надошт, ки пушти ин ҳама «хуб»- ҳо мақсади дигаре ниҳон аст.

Мо сад дар сад изҳороти давлати Амрикоро дар мавриди пуштибонии Эрон аз ҳаракату равияҳои террористӣ афсона мехондем, агар онро дар пӯсти нохуни худ эҳсос намекардем. Гузашти айём исбот намуд, ки Эрон на ба хотири таҳкими дӯстӣ бо Тоҷикистон робитаашро густариш бахшид, балки мехост кишвари моро ҷангзада намуда, бо баҳонаи ҷанг ғаниматҳои онро берун барораду мардумро гумроҳ созад. Онҳо хеле «маккорона » ва «боадабона» ин корро дар тӯли беш аз 20 – сол идома доданд. Фиристодаҳои онҳо дар симои фаъолони наҳзатӣ аввалан миёни омма маҳбубият пайдо карданд. Он нафароне, ки аз таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар огаҳӣ доштанду аз кӯчаи  одаму одамшиносӣ гузаштанд ва муҳимтар аз ҳама тӯдакаш буданд, бо дасти аҳримансифатон ҷисман аз байн бардошта шуданд. Касе дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, ки маблағгузори асосии ҲНИ, ки тору пудаш аз бадбинии ин миллат сиришта буд, маҳз эрониён буданд. Он миллионҳо долларе, ки хоҷагони эронӣ ба Нуриву Кабирӣ фиристода мешуданд, танҳо ба хотире буд, ки рӯзи ин миллат сиёҳ бошад. Ақидаву хурофотпарастии ин нафарон ба ҳадде дар зеҳни мардум таъсир кард, ки ҳар касе мусулмонии худро ба аъзогии ҲНИ исбот менамуд.  

Шикасти тилисми онҳо ҳанӯз дар солҳои навадум пас аз интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Дертар сулҳи деринтизор умедҳои онҳоро барбод дод. Аммо хоҷагони наҳзатӣ чун торҳои анкабут бар ҳар кошонаи мо роҳ ёфтанд. «Пешравону муъбадон»-и онҳо дар симои Кабирӣ бо «хушгӯ»-и ҳои  дилҳои ҷавононро тасхир сохт. Онҳо хостанд аз дарун ин миллатро забун созанд. Мубаллиғони ҳизб дар масҷидҳо, ҳатто дар ҷанозаҳо мавизахонӣ намуда, мардумро ба «исломдӯстиву»тифоқӣ даъват мекарданд. Дар ин миён чандин ҷавонони таҳти сеҳру ҷоду монда дар мисоли Илҳому Шарофиддин, Сайидюнусу дигар «сарсупурда»-ҳо рӯи сиёсат омаданд, ки имрӯз мехоҳанд бо даъватҳои беасосу дӯруғгӯиҳои хоҷаи худ Муҳиддин Кабирӣ дар зеҳну тафаккури мардуми тоҷик роҳ ёбанд. Аммо ҳар чи қадаре, ки онҳо манфиати ҳизби худу хоҷагони худро ҳимоя кунанд, ҳамон қадар аз ҷониби сокинони кишвар ҷавоби радро мешунаванд.

Эроне, ки бо ин бузургиву ҳашмат, чун меросбари бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, дар дасти исломпарастони худ бозичае беш нест. Имрӯз ин кишвар сабабгори бисёр бадбахтиҳост, ки худи миллати сарбаланди Эрон онро тамоман тарафдорӣ намекунанд.

Мо бояд ҳушёр бошем, дӯст кист, душман кистро донем, дарк кунем ва барои ҳифзу амнияти миллати хеш кӯшиш намоем.     

Нусратхон Ахмедова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Миллати тоҷик дар гузашта аз шебу фарозҳои таърих ва дигар озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад, ҳам то кунун фарҳанги асилу маданияти волои хешро аз даст надодааст. Баракс барои зинда нигоҳ доштани он тадбирҳои зарури андешида мешавад. Бидуни шак гуфтан мумкин аст, ки маҳз ба шарофати ҳамин тамаддуни пешрафта моро дар тамоми олам мешиносанду ҳамчун давлати мустақил эътироф менамоянд.  Зеро даврони Истиқлолият барои мо шароитеро фароҳам сохт, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллатамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона сохта бошем.

Имрўз шукри он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Ва бо  саодатманди иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатро, ки дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру тармим гаштаву сохта ба истифода дода шуда, бо рӯҳи баланд пайравӣ менамоянд. Зеро ҳамаи ин созандагиҳо ба тамоми минтақаи  Тоҷикистони азиз ҳусни тоза зам намудааст.  Ин шаҳодати он аст, ки мардумони ватандӯсту хештаншинос бо тамоми ҳастӣ барои ободии ин мамлакат талош доранд. Аммо бархе мухолифон миллати мо талош доранд, ки барои манфиати худу дигар носипосон ин дастовардҳоро ба яғмо баранд.

Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш вобастаги дорад. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда,  оқибати аъмоли зишти худро, ки зиёновар аст ва ба ҷонаш таҳдид мекунад  намеандешанд.

Имрӯз мардумони тоҷик хушбахт аз он аст, ки  баъд аз маҳкум намудани фаъолияти ташкилотҳои ифротгароӣ, мардуми халқи мо дар фазои тинҷу оромӣ қарор доранду озодона зиндагии шоиста доранд. Ин осудаҳоливу сулҳ ба идеяи нохалафон носипосон зарба мезанад, зеро тарғиботи онҳо комилан дуруст нест, ки сохтори давлат иҷозат намедиҳад, ки мардум озодона зиндагӣ намоянд. Баръакс имрӯз таҳти роҳбарии сарвари хирадманд, пешвои миллати тоҷик ҳамаи шароит ба хотири амнияти пурраи мардум фароҳам оварда шудааст ва ё касе онҳоро маҷбур намекунад, ки донандаи ислом ё дигар илмҳо набошад. Давлати Тоҷикистон дунявӣ аст, ба ҳамин хотир ҳам дин аз давлат ҷудо фаъолият менамуд, аммо ҳамкориҳои масъулини ташкилотҳои ифротӣ бо хоҷагони беруна ва бардоштани иғвову дасиса дар байни мардум давлату Ҳукуматро маҷбур сохт, ки бори дигар бобати амнияти икишвар чора ҷӯнд. Албатта ин амали  иштибоҳонаи худи масъулини ТЭТ ҲНИ буд, ки хостанд бо ин мафкураи ғаразноки хеш як амалҳои хислати ифротгарои доштаро алайҳи ин давлати мустақилу  соҳибфарҳанг анҷом доданд.

Мо хуб медонем, ки ҳадафи ҳар қавму миллат танҳо пояхои истиқлоляитро устувор намудан аст.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ таъкид намоем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, ҷони худу наздиконатонро ба гирдбоди ғаму андӯҳ напартоед ва дар байни халқ худро шарманда насозед.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт

 

 

 Тавассути  сомонаи радиои BBS ташкилоти террористӣ эълон гаштани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз ҷониби Амрикоро мутоила намуда, аз андешаҳои коршиносони масоили сиёсӣ, олимон дар ин мавзӯи мубрами рӯз ошно гардидам. Бояд гуфт, ки  ин изҳорот миёни омма дастгирии зиёде ёфт. Ва далелу асноди зиёде ҳам мавҷуданд, ки  сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба вазъи суботи сиёсии ҷаҳони муосир халал ворид месозад.

Аввал ин, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсад дорад, ки тариқи гурӯҳу ҳаракатҳои ҷанбаи исломидоштаи худ норозигии аҳли сайёраро нисбати дини мубини ислом зиёдтар намояд. Сониян сиёсати духӯраи ҳукуматдорони Эрон боис бар он гардад, ки худи сокинони ин кишвар аз шиддатёбии вазъ бо кишварҳои абарқудрат изҳори нигаронӣ доранд. Таҳлилҳои хадамоти махсуси ҷосусии Амрико исбот намудааст, чандин шабакаҳои террористиву экстремистии оламро маҳз ҷониби Эрон дастгирӣ мекунад.Яке аз ҷунбиши ба ном тавонои онҳо ҳизби маъруф бо номи “Ҳизубуллоҳ” мебошад, ки ба истилоҳи кӯчагӣ “бародар”- калониву ҷонии Ҳизби наҳзати ислом аст.

Саркардагони ин ҳизб ҳанӯз солҳои 80 –уми қарни гузашта маблағгузори асосии ҲНИ буданд. Чун аз як ишора хоҷагони эронӣ дӯстони тоҷики худро мефаҳмиданд, ба онҳо маблағҳои калони бебозгаштро илқо менамуданд. Маҳз мавҷи бозсозиву исломшиносӣ, бундёди масҷидҳо аз ҳамин давра шурӯъ  гардид. Аввали солҳои навадум таъсири наҳзатиҳо онқадар тавоно буд, ки волидон ба хотири “саводноккуни”-и фарзандонашон онҳоро аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гирифта, назди домуллотарошони наҳзатӣ мемонданд. Ин нодидагириҳои мактаби муосири ондавраро имрӯз мо аз иқдомҳои пешгирифтаи ҷавонон дида истодаем.

Дар шабакаи байналмилалии “Фейсбук”,  “Ҳамсинфон”  даҳхо изҳороти бесару нӯги исломпарастони ашадиро меьбинем, ки худ намедонанд, ки чӣ менависанд.Маҳз самараи ҷонбозиҳои наҳзатӣ буд, ки аксари шаҳрвандон бо нишони ихлосу садоқат ба Худованд ва пайғамбарамон ба ҲНИ пайваст мешуданд. Яъне, Нуриву Кабирӣ ва дигарон бо эҳсосот мардум бозӣ мекарданд.Аз ҳама муҳимаш он, ки насли имрӯзи ин тоифа “Ватанхоҳон” дар мисоли   Мирзои Салимпур, Кабирӣ, Саидюнус, Шарофиддин  ва Илҳом Ёқубов доир ба масоили ташкилоти террористӣ эълон гаштани сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз ҷониби Амрико хомӯширо ихтиёр кардаанд? Дар ҳоле ҳамеша сафсатафурӯшӣ мекунанд...Чаро? Чунки онҳо ягон далел надоранд, ки худро сафед кунанд.

Дар сурати сафед кардани хоҷаи худ мавҷи вокунишҳои зиёде бар сарашор бор мешавад. Ҳатто Шарофиддин, ки худро қаҳрамони миллат метарошад, ба ин изҳороти ҷониби Амрико харфе гуфта натавонист.  Сукут аломати ризост. Яъне, мушкил аст, маблағи ҳангуфти касеро хӯрдан. Мо бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ҳамҳамаю аврупогардиҳо, инқадар вокунишҳо кардан аз ҳисоби кист. Пас иқрор шавед эй ҷанобон, ки Шумо муздурони эрониҳо ҳастед ва ҳаргиз сухани худро гуфта наметавонед. Бигзор мо дар Ватани худ мисли Шумо фохира напӯшем, мисли Шумо бо олмониҳо бо забони олмонӣ бо голландҳо бо забони ҳолландӣ сухан накунем ҳам, дили бузург дорем. Ватан дорем, ки моро дар оғӯшаш сахт доштааст. Ва мегӯем зиҳӣ эй ҳамватан, ки мақсадат беҳбудисозии кишвар аст.

Гулчеҳра Муллоусмонова, устоди кафедраи забонҳои давлатӣ

 

 

  Яке аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан сарвари давлат дар он аст, ки Тоҷикистон ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфта, мақоми байналмималиро аз имрӯза бештар касб намояд.

Имрӯз бошад вазифаи ҷоноҷони ҳар кадоми аз насли ояндасози миллат аст, ки Истиқлолияти кишвари азизамонро ҳифзу ҳимоя намуд, нагузорем, ки он дастранҷи ҳазорон қаҳрамонони миллат, тӯъмаи кӯрдилону носипосон гардад. Дар ҳамин радиф вазифаи мо ҷавонон аз он иборат аст, ки ҳамсолони худро дар руҳияи ифтихори баланди миллӣ даъват намоем. Онҳоро ҳушдор диҳем, ки дӯстро аз душман фарқ кунанд. 

Мо мардуми сарбаланд ва соҳибирода ҳастем ва намегузорем, ки ин миллати куҳанбунёд ва мардумони ориёинаҷодашро касе дуюмбора бар чоҳи ғаму кулфат андозад.

 

 

Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард. Албатта, ки барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо то кунун нафарони фидокор талош менамоянд.

Хурсандиовар он аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомли Раҳмон ба он оварда расонида истодааст, ки миқдори ҷавонони маърифатпарвар ва эҷодкор хеле ва хеле зиёд шуда истодааст. Мо таҷрибаи ин ҷавонони пешқадамро тариқи телевизион, радио, маҷаллаҳо ба ҳамаи дигар ҷавонон бояд расонем, то ки дигар ҷавонон аз онҳо ибрат гиранд.

Тоҷикисон диёри ободу озод аст ва барои кулли мардум давлату Ҳукумат шароити мусоидро таъмин сохтааст. Моро мебояд, ки пеш аз ҳама ба қадри сулҳу суботи кишварамон расида бошем. Зеро имрӯз ҳастанд давлатҳое, ки дар гирдбоди шадиди ҷанг ғӯтавар гашта истодаанд. Шукрона кунем, ки давлати мо соҳибистиқлолу соҳиби ваҳдат аст.

 

 

Ҷунбиши мардумии ИРТ бо роҳбарии Шарофиддин Гадоев гурӯҳеро бо номи “Ҳомиёни ватан” ташкил намудаанд, ки ин бевосита таҳти фишори Кабирӣ роҳандозӣ гардидааст. Вагарна аз вазъияти имрӯза маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ (Паймони миллии Тоҷикистон) аз пеш бештар ба фазои солим барои тарғибот ниёз дорад. Ин масъалаи айнан ба  ҳуҷуми мусаллаҳонаи  гурўҳи  ба ном “сарсупурдаҳо” дар асл ватанфурўши Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаро шабоҳат дорад. Зеро дар  паи ин воқеа дасти наҳзатиён буд. Муълум аст, ки мақсаду мароми ҲНИ низ ба даст овардани ҳокимият буда,  онҳо зимнан ба ин тайёрӣ дида истодаанд.

Мо ҳеҷ гоҳ барои ин нохалафон майдонро холӣ нахоҳем гузошт, зеро мо аз дасти чунин “ҳимоятгарон” ранҷ дидаву озурдаҳол гардидаем. Дар ҳамин ради вазифаи ҷоноҷони ҳар кадоми аз шаҳрвандони баору номуси миллат онаст, ки ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ин масъалаи шомилшавии ҷавонон ба чунини гурӯҳҳо муаммои доғи рӯз буда, он бевосита ба мавқеъ ва мақоми насли калонсол, ба зиёиён, омўзгорон ва фаъолони маҳаллаҳо низ вобастагии қавӣ дорад. Дар охир бо боварии том гуфта метавонам, ки дар оянда низ ҷомеаи киишвари мо, мардуми шуҷову меҳандӯстимо, ки аз душвориҳои таъриху солҳои душвори навадум гузашта барои осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ дар кишвар ҷасорату мардонагӣ нишон медиҳад ва ба рағми бадхоҳону носипосон оштинопазирона мубориза хоҳанд.

 

 Хушбахтона, мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аммо ақидаи нохалафоне баъзан ин оромию суботи ҷомеаро халалдор кардан мехоҳад.

Мо якдилона тарафи онҳое, ки ба миллати мо нигоҳи ҳаразона доранд гуфтанием, ки ин қавму миллат аз худ соҳибе дорад, ки ному нишони он дифоъ хоҳад кард. Ин сарзамин фарзандонеро дар баҳал дорад, ки барои сулҳи он ҷон фидо мекунад. Ва бар зидди тамоми душманонаш бо тавону нерӯи заковаташ меҷангад. Зеро силоҳи мардуми ваҳдатшиори мо ин иродаи қавию матонат аст.

Билохира бо итминоми комил гуфта метавонам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи миллат месупоранд.

 

Мусаллам аст, ки ҷомеаи имрӯзаро яке аз зуҳуроти номатлуб афзоиши ташкилотҳои терористиву ифротӣ фаро гирифта, он хатари ҷиддиест, ки барои амнияти миллии чаҳони муосир. Имруз вазифаи мост, ки ояндаро бо дастони худ дурахшандатар гардонем, зеро миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта, мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Боиси сарфарозиҳои мост, ки имрӯз ҷавонони давлати мо таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллати тоҷик таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда,  самти сиёсати ҷавононро дар миллат боло бардоштаанд.

 Моро мебояд, ки лаҳзае аз ёди ватан дур набошем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Зеро оянда ба пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста аст.

Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасп намудааст.  Маҳз ба ҳамин хотир, вазифаи ҷоноҷон ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвар дар марҳалаи кунунии миллат, пеш аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ ва устуворгардонии пояҳои сулҳу амният, ҳифзи муқаддасоту арзишҳои Ватан ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ин ҳама дар ягонагиву сарҷамъӣ ва кору фаъолияти аҳлонаи мардуми тоҷик ифода мегардад.

Имрӯзҳо ҳар гуна амалҳои террористиву  экстремистиро  тариқи расонаҳои хабарӣ  мешунавем, ки  ин тамоми  мардумро  ба ваҳм меоварад, тарсу  ваҳшониятро дар  наҳоди мардум  ҳукмрон намуда, вазъи руҳонии эшонро табоҳ  намуда  истодаанд. Мушкилӣ  дар он аст, ки ба ин ҷанги  иттилоотии бемаънои  нотавонбинон ҷавонони  кишвари мо низ  ҳамроҳ шуда, ҳаёти  ҷавони худро  беамният  мегузаронд, ҳол он ки дар даврони  ҷавониашон эшон  бояд  илм омӯзанду  дар пешрафт ва  тараққиёти ин  сарзамин  саҳми  босазои хешро гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулокоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд мо ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ҳама вақт кӯшиш намоем, ки ин ватанро аз ҳамаи оризиҳо пок нигоҳ дошта баҳри вусъат бахшидан дар самти тараққиёти он саҳмгузор бошем. Ба он маъни ҳар дафъа аз зиракии сиёсӣ ҳарф меҳаданд, ки агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатро ҳимоя кунем ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолате намегардем, ки моро табоҳ созад.

Мо набояд таърихи худро фаромӯш намуда, амнияти кишварамонро дар хатар монем, зеро созандаву ободкунандаи ҷомеа ҳамаи мо ҳастем.

 

Мавлонова Маърифат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд