Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо умеди ояндаи дурахшони миллатамон дар такя ба нерӯи созандаи ҷавонон ҳадафу стратегиҳои махсусеро барои пешрафти кишварвамон роҳандози менамояд. Дар ҳақиқат роҳу равишеро, ки барои тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ миёни имарудми тоҷик давлату Ҳукумат пеша намудааст, барои ба мақсад ноил шудан аз манфиат холӣ нест. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошу заҳматҳои худро ба хотири суботи ҷомеаи мутамаддини тоҷик равона карда, кӯшиш карда истодаанд, ки некӯаҳолии мардумро таъмин намоянд.

Мо ҳама хуб медонем ва дар хотир дорем, ки ҳар лаҳза дар кишвар аз дасти хоинону ҷоҳилони миллатамон ҳодисаҳову амалҳои ғайриинсофона ва ғайриинсонӣ сар мезанад. Аммо вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар дар ин самт аз он иборат аст, ки пеши роҳи чунин ифтрогарон гирифта шавад ва барои ояндаи дурахшони миллатамон бояд ҷавонон қадамҳои устувор гузошта бошанд.

 Ҷавонони  мо нерӯи  пешвар ва  созандаанд, ки насли ҷавони  мамлакат  дар кори  хифзи  дастовардҳои  истиқлолият  ва сулҳу  осоиши мамлакат  таъкид  доштааст,  ки  каҳрамониҳои  абармандон  ҳамеша   мавриди  ифтихори  халқ буда,  мактаби  намунавӣ  барои  хизматчиёни  ҳарбии кишвар аст. Он  корнамоиҳо ва ҷонбозиҳое, ки шаҳрвандони  фахрии  кишвар зидди хоинони  Ватан кардаанд, худ  намунаи ибрат  мебошанд.  Мо дар руҳияи  ватандустӣ  тарбия ёфта  вазифадор  ҳастем,  ки дар  атрофи  Президенти мамлакат - ин  марди  ватандӯсту  ватанпарасти хақиқӣ  ғамхори халқу  миллат  муттаҳид  шуда,  як пораи Тоҷикистони  азизро  чун  гавҳараки  чашм ҳифз намоем. Зеро ин аст нангу номус,  шарафи бузурги  ватандорӣ.    

             Бояд зикр кард ки  дар партави нишондодхои ҳукумати  ҷумхурӣ ҳамкориҳои  ҳарбию  техникии Точикистон  бо як қатор  мамлакатҳо  густариш ёфта,  сол ба сол  дар ҳоли   тавсия карор доранд  ва ҳамкориҳои  мутақобилаи судманд бо мамлакатҳои   дигар  сатҳи нав  касб кардааст.

         Ҳамаи халқи равшанфикри дунё ба мардуми ваҳдатшиору ваҳдатофари миллати тоҷик ҳазорҳо аҳсан хонда, давлатдории сарвари оқилу донои моро дар тамоми олам васфу ситоиш мекунанд. Ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос ва фазилатпеша бояд ҳамаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати кишварамонро сармашқи кори хеш ва меҳвари асосии фаъолияти худ дониста, дар пайравии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат барои ободии диёрамон камари ҳиммат бубанданд.

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон танҳо ҳамон вақт барои худ ва ояндагонамон фардои дурахшонро эҳдо намуда метавонем, ки пеш аз ҳама ба қадру қиммати Ватан ва ҳастии худ расида, онро аз дасти хоинону бадхоҳон наҷот дода тавонем. Ҳифзу ҳимояи Ватан қарзи фарзандии ман аст. Ва албатта водор ба  ту ва ҳар як нафаре, ки нону намаки онро мехӯрад.

         Ободии диёр, устувории Истиқлолу озодии мардумон ояндаи дурахшони Тоҷикистон минбаъд дар дасти ҷавонон аст. Мо зиёиёни миллат мекӯшем, ки ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳии милли ва зиракии сиёсӣ тарбия намуда, барои бедор намудани шавқу рағбати беандоза ва меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан дар дилу дидаҳои онҳо саҳмгузор бошем.

 

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

“Гӯётарин узви инсон даст мебошад, ки тавассути он ақл, идрок, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тасаввурот ба воситаи ҳунар рӯи кор меоянд”, — қайд кардааст бузурге. Дурустӣ ва воқеияти ин нуктаро намунаҳои маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандон тасдиқ мекунад.

Ҳанӯз ду-се даҳсоли гузашта ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳониро касб намудаву миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, дар гӯшаи фаромӯшӣ буданд. Ин аст, ки муаррихон эҳё ва шуҳрати кунунии ҳунарҳои мардумии тоҷикро дастоварди замони истиқлол унвон мекунанд.

Ин ки имрӯз намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ подиумҳои ҷаҳониро оро медиҳанду дар фестивалу чорабиниҳои сатҳи байналмилал ба намоиш гузошта мешаванд, чанд сол муқаддам афсонаро мемонд. Ҳамакнун ҳунармандони тоҷик либоси миллии тоҷиконаро бо навгониҳои муосир аз нав эҳё мекунанду арзишҳои миллиро муаррифӣ.

Ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шудани чакан – навъе аз либосии милли тоҷикона, шуҳрати ҷаҳонии ҳунарҳои миллии тоҷиконаро бозгӯ мекунад.

Дар урфият мегӯянд, ки ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз. Ҳикмати амалии ин нуктаро дар зиндагӣ борҳо шоҳид мешавем. Зиндагӣ собит намуд, ки ҳунар инсонро аз мӯҳтоҷ будан нигоҳ медорад, ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дастнигар намемонад. Ҳунар аст, ки инсонро соҳиби обрӯву нуфуз ва эҳтиром мегардонад.

Вақте маҳсули дастони инсон ба нафаре шодӣ мебахшад, маъракаеро обод мекунад ва маҳфилеро оро медиҳад, барои ҳунарманд аз ин дида сарфарозии баландтар мавҷуд буда наметавонад. Ҳунарманд дар ҳар гӯшаи дунё метавонад бо меҳнати худ ва муъҷизаи дастонаш қути лоямут ёбад ва зиндагиашро пеш барад. Ҳамин аст, ки ҳунар инсонро сарфароз месозад.

Ҳунар сармояест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, болидарӯҳ мегардонад. Аз қадим тоҷикон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандон шуҳрат доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамият ва нақши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Ин иқдом замина гузошт, ки дар тамоми манотиқи мамлакат таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд шуда, нуфузи ҳунармандон боз ҳам боло равад. Пеш аз ҳама, эълон шудани сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ ин нишон аз таваҷҷуҳ ба намояндагони соҳаи ҳунар аст. Аслан ҳама гуна таваҷҷуҳ ба инсон фараҳ мебахшад. Ва агар таваҷҷуҳ боз дар пай имтиёзу имконоти бештар дунбол орад, шоистаи таҳсинҳост. Эълон шудани соли 2019 – 2021  солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ барои ҳунармандон як қатор имтиёз овард. Аз андоз озод шудани ҳунармандон дар ҳама гуна ҳунарҳои миллӣ ташаббуси арзандаи Пешвои муаззами миллат буд, ки  дари имкониятҳои зиёдеро барои онҳо боз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки муаррихон наздик 50 навъи ҳунарҳои миллиии тоҷикиро номбар мекунанд. Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст. Маъмулан ҳунармандон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафед бо риштаҳои рангин гулдӯзӣ мекарданд. Махсусияти чакан дар он аст, ки нақшу нигори ин гулдӯзӣ таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷикро таҷассум мекунад. Ҳар як нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва анъанаҳои неки ниёконро мунъакис месозад.

Воқеан маълум аст, ки тобиш додан ба рангҳо ва ба ҷилва овардани онҳо кори нозукест, ки на ба ҳар ҳунарманд даст медиҳад. Маълум аст, ки олами мӯд пешгӯинашаванда аст ва раванди ҷаҳонишавӣ ба он бетаъсир намемонад.

Бо назардошти он ки либоси миллии чакан либоси рӯзмарра ва корӣ нест, дар либосҳои аврупоӣ низ, ки бонувони мо ба он таваҷҷуҳи бештар доранд, аз гулдӯзиҳои чакан истифода менамоянд. Имрӯз дар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои гуногун бонувони тоҷик либоси расмӣ — коргузориро бо ороиши намунаҳои чакан ба бар доранд ва барои рушди кишвар фаъолият мебаранд.

Ҳунармандон дар давоми қарн­ҳои зиёд матоъ, зарф, асбоби мусиқӣ, қолин, чакан, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгон, хушбахтона, тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

Тоҷиконе, ки дар шаҳрҳо сукунат доштанд, ҳунармандиро касби асосӣ қарор дода, дар ташаккули шаҳрҳо нақши муҳим бозиданд. Тибқи маълумоти шарқшиноси маъруфи рус  А. А. Семёнов, дар охири асри XIX барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони ҳар як намуди ҳунар одатан дар маҳаллаҳои алоҳида сукунат доштанд.

Дар байни тоҷикон маъмултарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот (оҳангарӣ), кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ  маҳсуб меёфт. Ин ҳунарҳо хусусияти меросӣ — оилавӣ доштанд. Сирру асрор ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксар маврид ба писари калонии ҳунарманд омӯзонида мешуданд.

Дар Тоҷикистони соҳибис­тиқлол ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳ хос буда, мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003, №43), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (аз 31 октябри соли 2008, № 513), эълон гардидани сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ин самт такони ҷиддӣ гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ шомили фаъолияти ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, як рукни фарҳанги миллӣ мебошанд. Бинобар ин мебояд нисбати ин пеша таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Бояд қайд намуд, ки ҳунарҳои мардумии тоҷикон бешумор буда, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани моҳияти онҳо дар байни омма ва оламиён омили муҳими муаррифии миллат мебошад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ бемуболиға инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънавии мардуми шарифамонро ба саҳми аҳли олам расонем ва тавонем нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ идома диҳем.

Носири Хусрав гуфтааст: тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол. Лиҳозо, аз сокинони сарбаланди кишвар даъват менамоям, ки ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумии тоҷикӣ саҳмгузор бошанду ба анъанаҳои неки тоҷикона арҷгузор.

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

       Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии дар дӯшдошта, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васояти ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшон бедор намуд. Чихеле, ки мегӯянд: «Ҳамсуҳбатӣ омили ҳамзабонист, ки расидан ба ҳамдилиро метезонад». Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифат муҳассилин ғанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба хонандагон, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили хонандагон нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд. Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо хеле зиёд аст. Мо метавонем бо воситаи фиттаҳо он ҷавонони гумроҳе, ки ба дасисаи душманон гирифтор шуда, ҳоло қисме дар ғарибиҳо фавтидаву қисме сарсону саргардонанд, намоиш диҳем, то ҷавонон бохабар шаванд. Суҳбатҳо ташкил намуда, дар бораи моҳияти «Қуръон ва дини ислом» маълумот диҳем, то ки ҷавонон фаҳманд, Қуръон саропо панд аст ва покиро талаб мекунад. Қуръон дурӯғ гуфтан, дуздӣ кардан, зино кардан, хун рехтанро манъ мекунад. Ҳоло он, ки ҷавонони гумроҳ дар зери ниқоби ислом хунрезӣ мекунанд, гӯё, ки дар роҳи ростиву имон ва дин меҷангида бошанд. Магар онҳо Модар, хоҳар, фарзанд ва Ватан надоранд?

       Ба хонандагон моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадор аст, ки дар тарбияи фарзандаш масъулиятшинос бошад, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад. Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадам, ки оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад. Имрӯз зарур аст, то моҳияти «Қонуни масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд» дар ҷамъомадҳои  умумидонишгоҳӣ, соатҳои тарбиявӣ ҳаллу фасл намоянд.

Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

                  Дар Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст:              «Дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад».

          Албата истифодабарии асбобҳои каммасрафи барқӣ яке аз роҳи рушт додани саноат афзун гардонидани маҳсулоти тайёр бо масрафи энергияи кам мусоидат мекунад. Роҳбари мамлакатамон Эмомали Раҳмон ин масъаларо дарк намуда барои пеш бурдани соҳаи саноат ба хукумати мамлакат  супориш доданд, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд.

Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Аз иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ба ҳисоб меравад васеъ истифода бурда шавад. Аз ин лиҳоз бо  дастгирии роҳбари мамлакатамон  барои рушди минбаъдаи соҳа татбиқи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардидан чораҳо андешида шуд истодааст.

Ҳоло дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида истифода булда мешаван., Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд. Ҳис карда тавонистани ин муаммо барои пешбарии соҳаи саноат муҳим ва саривақти мебошад. Самаранок ва сарфанок истифода бурдани манбаъҳои энергетики ва баҳисобгирии  маҷмӯи энергияи сарфшаванда боиси афзунгардии матоҳои истеҳсолӣ ва маҳсулотҳои истеҳсолӣ  мегардад. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои энергети дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд. Ҳукуматҳои маҳалли бояд ба ин тарафи кор аҳамият дода барои баландбардории рушди босуботи саноат чораҳои зарури андешанд.

    Ҳамеша кор бояд аз поён ҷараён гирад. Мо шаҳрвандону истеҳсолкунандагон бояд гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро барои амали гардонидан чораҳо андешем.

Кудузова М. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 Ҷаҳони имрӯзаро ифротгаройиву тундравӣ фаро гирифта истодааст. Мутаассифона, ангезаи ин падидаи номатлубро ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд, ки комилан хато аст. Аммо ба ном «исломгароён» дар қабои дини мубини ислом дар гӯшаю канори олам ба акту террор даст мезананд. Ин амали онҳо миёни мардум тарсу ваҳмро ҷо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё лаҳзае нест, ки мо аз тарконида шудани мошине ё ҳамлаи ҷангиёни бо номи муҳофизи ислом хабардор нашавем. Дар ҷаҳон муборизаи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ назири мухолифони давлатҳои Афғонистон (ал Қоида, Толибон) Сурия (мухолифони тундраваш), ҳукумати Туркия (курдҳо) табдилшуда ба ҳаракатҳои тундгароӣ, ки дар пай террор ва даҳшатафканиҳоро ба дунбол доштаанд. Як гурӯҳи ҷангҷӯи ба ном «исломӣ» дар Сурия бо номи Ироқу Шом таи чанд соли охир бо мақсади бунёди хилофат ва ташкили ҷаҳони ислом  ҷони ҳазорон ҳазоронро рабуданд.

Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон аз ҷумла дар як хитобааш ба Шӯрои амнияти СММ гуфта буд, ки мусалмонон набояд бо ин гуна ҳимоят аз ислом (террор) номи мусалмон ва ҷомеаи мусалмониро доғдор намоянд. Албатта, дар ҷомеае, ки он ҷо фарҳанги мардуми мусалмон дар сатҳи лозим нест, талоши гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадашон зиёд мешавад.»  Вале ба ҳар сурат набояд чунин пиндошт мубориза бо ин гурӯҳҳо танҳо хоси мақомоти қудратӣ ва мансабдорони давлатист. Хатари тундгароӣ бозгӯйи он аст, ки ҳеҷ сарҳад ва пулиси сахтгири ҷаҳон наметавонад, дар баробари он ба танҳои истодагарӣ намояд. Имрӯз тасавуроти маҳдуди ҷавонон дар бораи тунгаройӣ ва наворҳои  сомонаҳои интернетӣ мафкураи ин қишри ҷомеаро тамоман дигар кардааст. Имрӯз тавоноӣ дар доштани яроқу аслиҳа нест, балки бузургтарин нерӯ ва қувва ин пур кардани фазои холии иттилоотӣ мебошад. Маҳз чунин шева ё бархӯд дар ҷомеа ба сар задании ҷангҳои ақидавӣ оварда мерасонад, ки гурӯҳҳои тунгароӣ ба осонӣ аз он ба манифати худашон истифода мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш «Масъулият барои фардои миллат» таъкид медорад, ки «баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Ба чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва ифродгаройӣ мегарданд, пурра нест карда наметавонад».

         Имрӯз дар Осиёи марказӣ ҳарчанд, ки мубориза бо гурӯҳҳои тунгаро амсоли ҲИУ ва Ҳизбу таҳрир зиёд шуда, аммо амалҳои пинҳонкоронаи онҳо низ кам нагардидааст. Ҳаракатҳои тунгароӣ мазкур дар тамоми Осиёи марказӣ таъсири бевосита дошта, бо амалҳои тахрибкоронаашон мардумро ба ваҳшат меафкананд. Махсусан ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, ки солҳои сол ба қавле ҳизби «маҳбубу дилогоҳ»-и мардум буд, баъд аз он, ки эътимоди сокинонро дар интихоботи соли 2015 аз даст дод,   рӯ ба хоҷагони хориҷии худ ниҳода, бо сарварии раисаш Муҳиддин Кабирӣ даст ба якчанд амалҳои террористӣ заданд. Имрӯз ин ҳизб низ ба қатори шабакаҳои террористӣ – экстремистӣ ворид шуда, мақсади ниҳоиаш ба даст овардани ҳокимият бо роҳи зӯроварӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар кишвари мо низ монанди дигар давлатҳо роҳҳо ё василаи мубориза бар зидди тунгароӣ ва ифродгароиро меҷӯянд. Ҳар кишваре дар ин мубориза консепсияи хоси худро дорад.

Дар тамоми ҷаҳон имрӯз ҳаракатҳое ба монанди «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра амал мекунанд, ки бо шаклу шеваи хоси муқовимату мубориза давлатҳои худро ором намегузоранд. Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро муламонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, як тан аз олими  диншинос дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем.

Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистон тўли карнҳои бешумор аст, ки арзи ҳастӣ дорад. Тоҷикистон сарзамин камзамин кишвари зебою биҳиштосо ва ватани сулҳу осоиштаву дустии халқҳост. Тоҷикистон мардумони тоҷдореро дар иҳотаи худ гирифтааст, ки ҳамеша сарсупурдагони миллатанд. Аз онҳое, ки роҳи хиёнат ба ватану ватандор ва бевафоӣ нисбат ба арзишҳои олии зиндагӣ  пеш гирифтаанд,  ҳамеша дури ҷуста эшонро низ барои баланд бардоштани ҳисси ватандўстиашон тарғиб менамоянд. Зеро намехоҳанд, ки ҳаёти душманони миллӣ ҳам бошанд барбод раванд, чунин эҳсоси башардустӣ нишони тоҷики тоҷдори ҳар кадоми мост. Бале, ҳар як шаҳрванди боору номуси миллатро зарур аст, ки барои аз ватан ҳалокат бор баровардани бархе ҷавонони гумрохшуда чораву тадбирҳои ҳалталаб андешанд, зеро дарди як нафар дарди ҷомеъаи муттамардини миллати тоҷик ҳисиёти баланди башардустии моро бедор намуда, моро низ дардфаромегирад. Ба он хотире, ки диди мо дарди фарзанд дарди модар аст ва ҳамаи мо фарзандони як модарем ва Ватанамон низ яктост, Тоҷикистон бошад дар зебогиву озодӣ яктову беҳамтост.

Ба ҳаммаи шаҳрвандони давру шуҷоъи кишварамон такид менамоем, ки мо модарону хоҳарон ва мазрааи мукаддасамон Тоҷикистонро аз ҳама амалҳои тафридгарои  наҷот диҳанд, ҳифзу ҳимоя намоянд.

Имрузҳо ба мушоҳида мерасад, ки давлати ҳамсоя кишвар мардуми халқии Қирғизистон низ ба соҳибистиқлоли бахтёрии миллати мо чашмао намуда, ҳар лаҳзае мехоҳад сулҳу суботро миёни кишварҳо барҳам диҳад. Аммо, онҳо боре намеандешанд, ки агар оромии мардуми мо халалдор шавад, мардумони дар сарҳади қоматдошта низ сарсону парешон мешаванд. Аз ноором кардани мардуми осоишта, чи суде мегиранд, вале ин ҳама дасисабозиву шуришандози миёни хақҳои ҳамсоя кори дастони хешону бадхоҳоне мебошад, ки дар олам ҳамеша ҷонибдори ҷангу ҷидол ҳастанд.

Миллати тоҷик ва мардумони ваҳдатии оромро бо тамоми мардумони руи олам ҳамчун халқи сулҳпарваршинохта эътироф кардаанд. Замоне, ки миллати азияткашидаи тоҷик аз ҷангибародаркуши наҷот ёфт, сулҳу осоиштаро авлотар донист, мардумони дигар давлатҳо ҳазорҳо офарину аҳсанҳо хонданд, ки иродаи қавии мо боиси ибрати онҳо гардида буд.

Ҳимоятгарон, ҷавонони азиз! Биёед, бо номи неки тоҷдори худ содиқ бошем. Марзи кишварамонро аз дасти хоинону ҷоҳилон наҷот диҳем, нагузорем, ки онҳо барои миллати мо хатар ворид кунанд.

Мансурова Мафтунахон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Даврони кӯдакӣ мо дар бозии тирпарронӣ тарафи муқобилро немис мехондему худро бо лафзи «совет» ном мебурдем. Ҳоло бошад ба ҳаёти мо ду мафҳум «террорист-шаҳид» ва «камарбанди шаҳид» ворид шудааст. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки ин мафҳумҳо ощози худро аз куҷо мегиранд?

Оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва щайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

   Бояд гуфт, ки истифодаи террористони худкуш марбут ба дину оини алоҳида набуда, чунин шакли террорро ҷараёни марксистиву ленинии Ҳизби коргарии Курдистон, Ҳизби коммунистии Ливан, Ҳизби миллии Сурия ва щайра низ фаровон истифода мекунанд. Барои мисол ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама» дар истифодаи чунин навъи террор рекорд гузоштаанд ва аксаран сарони давлатҳоро нест кардаанд. Чунончӣ дар соли 1991 террористзани худкуш худро бо ҳамроҳии сарвазири Ҳиндустон Раxив Ганди тарконду дар соли 1993 бошад, президенти Шри Ланка Прендеса дар таркиши террористи худкуш ба ҳалокат расид. Бори аввал зерсохтори аз террористони худкуш иборатбуда бо номи «Палангони сиёҳ» дар ҳайати ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама»  ба вуxуд омадааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Террористони худкуш моли асри бист набуда, балки реша дар давраҳои қадим дорад. Ба ҳадде, ки дар даврони паҳншавии дини насронӣ онро ташкилоти яҳудии «сикариҳо» алайҳи амалиёти щосибонаи Рим истифода намудааст. Ё худ дар асрҳои миёна ҳаракати «Исмоилия» тавассути террористони худкуш ду маротиба сарварони Хилофати Бащдодро аз байн бурдааст. Дар асри 18 бошад, террористони худкуш дар ташкилотҳое пайдо шуданд, ки дар Ҳиндустон, Филиппин ва Индонезия фаъолият доштанду бар зидди истилогарон мубориза мебурданд. Амали террор бо роҳи худкуширо онҳо дар байни истилогарони аврупоӣ ба кор меандохтанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд:

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди щоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Сари шакли терроризм ва хусусияту характери фаъолияти гурӯҳҳои тахрибкор назар кунем, мебинем, ки онҳо аз лиҳози назариявӣ ба чунин намудҳо тақсим мешаванд:

-байналхалқӣ;

-дохилидавлатӣ.

Аз рӯйи асосноккунии мантиқӣ бошад, се хел мешаванд:

-сиёсӣ;

-миллӣ;

-динӣ.

а) Терроризми сиёсӣ замоне мудҳиштарин намуди ба ҳалокат расонидан ба шумор мерафт. Он амалиёти эътирозии гурӯҳҳои гуногун алайҳи сохтори амалкунанда буд. «Дастаи сурх» дар Италия, «Артиши муттаҳидаи сурх» дар Ҷопон, «Гурӯҳи Биадеру Майнкоф» дар Олмон аз қабили чунин гурӯҳҳо ба ҳисоб мерафтанд.

б) Терроризми миллӣ. Ин муборизаи қавму халқиятҳое, ки замоне соҳиби истиқлолият ва давлати xудогона буданд. Муборизаи курдҳо дар Туркия, Эрону Ироқ, баскҳо дар Фаронсаи Ҷанубӣ ва Испанияи Шимолӣ (ташкилоти ЭТА), муноқишаҳои созмони «Артиши Ҷумҳурии Ирландия» дар Британияи Кабир барои мухторияти Ирландияи Шимолӣ намунаи терроризми миллӣ мебошад.

Аслан амалҳои террористонаи «Артиши Ҷумҳурии Ирландия»-ро метавон чун динӣ низ маънидод кард. Яъне, муборизаи католикҳо бар зидди протестантҳо. Католикҳо протестантҳоро чашми дидан надоранд ва мехоҳанд, ки аз ҳайати Англия баромада, ба Ирландия ҳамроҳ шаванд. Ин дар ҳоле, ки католикҳо кам ҳастанду протестантҳо зиёд ва мавриди террор қарор гирифтани протестантҳо аз тарафи ақалият ногузир шудааст. Барои ҳамин ҳам экстремистони католик «Артиши Ҷумҳурии Ирландия (ИРА)»-ро созмон додаанд.

в) Терроризми динӣ. Ин аз ҳама воҷеабортар ва мудҳиштарин намуди шакли зуҳури терроризм мебошад. Ин амалиёти тахрибкорона ва марговарест, ки дар зери ниқоби дин панаҳ шудаасту бо ливои он мубориза мебарад. Намунаи барҷастаи он муборизаи фаластиниҳо алайҳи исроилиҳост. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида»  - пайравони як дин ва тарафи «щосиб» пайравони дини дигар маҳсуб меёбанд. Аксаран ин амалҳои террористӣ зери мафҳуми «ҷиҳод» манзури ҷаҳониён карда мешаванд. Дар ҳоле, ки он аз щаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида холӣ нест.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳон нурпошӣ хоҳад кард.

Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

       Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандўст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии бузург, нерўи эҷодиву хиради инсониро дареѓ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономўзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд.

Барои бедор кардани завқи забономўзии ҷавонон бояд фазои маърифатомўзии муҳассилин ѓанӣ гардонида шавад. Ҳар як омўзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба донишҷўён, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили насли наврас нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд.

       Ба насли наврас моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омўзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрўз дар баробари мактаб вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзанд масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад.

Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадем, ки аз оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кўдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад.

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ - мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан, шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин бо осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад. Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Барои пешгирии ин бояд маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

       Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Онҳое, ба қадри оромишу амнияти Тоҷикистони азиз дар ин рӯзҳое, ки дар ҳар тарафи дунё ҷангу нобасомонӣ ҳукмфармост мерасанд, бояд донанд, ки ҳеҷ неъмат беҳтар аз сулҳ ва ромӣ нест.

Онҳое, ба қадри ин давлат мерасанд, ки аз таърих медонанд сарзамини мо мавриди тохтутозҳо буду аз даст ба даст мегузашт ва мо соҳиби давлат набудем.

Онҳое, ба қадри хидматҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасанд, ки чашму дили бино доранд.

Тараққиёти 30 солаи Тоҷикистон дар ҳама соҳа шояд асрҳои аср набуд

Фақат ҳастанд одамони тасодуфӣ нафароне, ки садоқат ба давлат надоранд, аммо соҳиби вазифае ҳастанду вазифаро ба манфиати хеш мустафид мешаванду ба зарари дигарон кор мекунанд ва боиси норозиҳо мешаванд.

Бояд андешем, ки ҳар қонуншикании мо як рахна ба бовари мардум мешавад. Лутфан садоқат ба миллат давлат ва Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта бошем.

Агар ҷонфидоӣ, ватандорӣ, садоқат ва шуҷоати Пешвои худро идеал намоем, ба худу ба ҷавонон омӯзем шояд тоҷике хоин нашаваду ба роҳи хиёнат наравад.

Дар соҳаи маориф дар тарбияти имрӯзу фардои миллат ба сохтакорӣ набояд роҳ диҳем.

Миллати Тоҷик аз давраҳои қадим то имрӯз тамаддунофару соҳибтамаддун ба шумор меравад. Дар бунёди тамаддуну фарҳанги Тоҷикон ва ҳифзи арзишҳои он нақшу ҷойгоҳи шахсиятҳои фидоӣ бузург мебошад. Хусусан, абармардон дар ташкил, инкишоф ва устувории давлатии миллии мо дар аҳди ниёгонамон ва имрӯз низ нақши калидӣ доранд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90 - уми асри - 20 миллати Тоҷик Истиқлоли сиёсии худро ба даст оварда, давлатии миллие бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намуд. Бешубҳа, шахсиятҳои огоҳи миллӣ, замони бунёди чунин як давлати мутамарказ ҷони худро бахшиданд, то ки насли ояндаи миллати мо соҳиби давлат бошад. Вале, бо сабаби баъзе давлатҳои манфиатхоҳ дар Тоҷикистон ва бо дасти худи миллати Тоҷик ҷанги таҳмилии бародаркуширо созмон доданд. Мутаасифона, дар он раванди ҷанги бунёдсуз душманони миллати Тоҷик тавонистанд, ки мардуми моро гумроҳ намоянду сулҳу субот ва ободии давлати тозаистиқлолро хароб созанд. Дақиқтараш, наздик буд, ки миллати Тоҷик ва давлати миллии моро парокандаву аз харитаи сиёсии ҷаҳон нобуд намоянд. Кулли бадбахтиҳое, ки дар замони аввали соҳибистиқлолии мамлакатамон рух дода буданд, бо ҷурми чанд душмани ашадии миллати мо амалӣ гардида буд. Хушбахтона, пас аз 16 ноябри соли 1992 ба саҳнаи сиёсӣ ва ба доди мардуми Тоҷик абармарди ҷавону далер муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид. Мутаасифона, ҳолати воқеии он замонро танҳо иштирокчиёну шоҳидҳои зинда гуфтаву тасвир карда метавонанд, вале таърих гувоҳ ҳаст, ки қариб миллати Тоҷик пароканда ва давлати миллӣ аз байн мерафт. Қаҳрамони миллӣ, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлати навинро ба души худ гирифта, бо як боварии том ва шуҷоатмандона иброз намуд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва ин сарзаминро ҳифз хоҳам кард. Бешубҳа, дар замоне, ки сиёсатмадорони ботаҷриба ва роҳбарони кордида аз гирифтани масъулият сарпечӣ менамуданд, марди роҳ, Пешвои маҳбуби миллат ҷасурона тамоми ваколату масъулиятро қабул намуд.

Матлуба Турсунова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ хастем, ки имрӯзҳо созмони ба ном «Давлати исломӣ» (аз соли 2013- Давлати исломии Ироқу Лубнон)ба яке аз бузургтарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон, хосатан олами ислом табдил ёфтааст. Чи тавре, ки маълум, аст «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ва дигар давлатхои араб  зӯроварӣ, қатлу ғорат, кушторҳои бераҳмонаро ба роҳ мондаанд.  Роҳбарон ва пешвоёни ғоявии  «Давлати исломӣ»   ин ташкилотро ба сифати бузургтарин созмонии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо аз рӯи амалаш ин ташкилот имрӯз ба созмони ҷиноятпешаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Созмони мазкур дар давраи аввал бо номи «Ҷамоат ал-Таухид вал - Ҷиҳод» маълум гашт, сониян як чанд бор номи худро иваз намуда аз январи соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии гуруҳҳои террористи ба як ташкилоти воҳид бо номи «Ал – Қоидаи Ироқ» машҳур гашт. Сониян бо номи «Шӯрои муҷоҳид» ном гирифтааст. Аз октябри соли 2006 бо номи «Давлати исломии Ироқ»  Ба ҳайати ибтидоии  он шохаи Байнаннаҳрайнии «Ал- қоида» таҳти роҳбарии Абу Мусаб –ал Зарқавӣ,  муҷоҳидони Шӯрои (палатаи болоии Миср) ва аъзоёни гурӯхии ҳарбии ироқи чанубии Ҷунд ас- Самоӣ, ки дар расонаҳои хабарии Ғарб бо номи  «Аскарони осмонӣ» маълум буд, шомил гашта буданд. 

Баъди кушта шудани  Зарқавӣ ҷойи ӯро   Абу Абдуллоҳ ал-Рашид ал-Бағдодӣ (ё ки Абу Умар ал-Бағдодӣ) соҳиб шуд ва то соли 2010 «ДИИ»-ро  сарварӣ намуд. Маҳз Абу Умар ал-Бағдодӣ ҳуҷуми ДИИ –ро ба Сурия оғоз намуд.  Аз соли 210 инҷониб «Давлати исломи»-роИброҳим Аввад ал-Бадри ас-Самарроӣ (ё ки Абубакр Бағдодӣ) роҳбарӣ менамояд.

Мутаасифона, вақтҳои охир гурӯҳи ифротгарои исломӣ дар Сурияву Ироқ дини мубини исломро, ки  аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба воситаи тарсу ваҳм, таҳдиду зӯроварӣ табдил додаанд. Мубаллиғони давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҷавононро аз кишварҳои мухталифи олам тавассути расонаҳои хабарӣ, ба хусус шабакаи Интернет гумроҳ намуда, ба ин гурӯҳи ифротгаро пайваст менамоянд.  Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Ин ҳақиқатро мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, кӯшиш доранд, ки исломро баҳри ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулми инсонӣ  истифода баранд.

Афроде, ки давлати исломии ДИИШ-ро ҷонибдоранд исломро ҳамчун парчам ё пардаи фиреби назар истифода бурда, манфиатҳои ғаразноки хешро пеш мебаранд. Фаъолияту ақидаи онҳо, кирдору рафторашон ба таълимоти дини мубини ислом ҳеҷ робитае надорад. Таърих гувоҳ аст, ки сохти давлатдории ба зӯриву таассуб асосёфта бақо надорад, шахсоне ки ба дину диёнати хеш хиёнат мекунанд, шармандаи ин дунёву он дунё мегарданд. Таассуби динӣ, ифротгароӣ дар назди Худованд ва бандагонаш  ба қатори бадтарин аъмол дохил мешавад ва сад афсӯс, ки ҷавонони гумроҳгардида ва пайравони ДИИШ инро боре дарк намесозанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли  мо имрӯз ҳамчун давлати дунявӣ ва демократӣ эътироф гаштааст ва дар ин давлат ҳамзистии осоиштаи дину мазҳабҳо ва дар маҷмӯъ риояи меъёрҳои озодии виҷдон ҳамаҷониба таъмин гаштааст. Дар ҷумҳуриамон таҳти сарварии Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Мисоли боризӣ он дар сатҳи байналхалқӣ доир гаштани чорабиниҳои фарҳангиву динӣ бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, нашри Қуръон ва дигар китобҳои динӣ (тафсир, ҳадисҳо ва ғ.) ба забони тоҷикӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ амал намудани зиёда аз 5 ҳазор масоҷид, ҳамасола аркони ҳаҷро адо намудани наздик 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва ғайра маҳсуб меёбад.

Мутаасифона имрӯзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда бо ёрии гурӯҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

Имрӯзҳо ҷомеаи навини Тоҷикистонро воқеаҳои дар Сирияву Ироқ рухдиҳанда хеле ба ташвиш андохтааст. Зеро қувваҳои  сиёсию низомӣ ва маънавӣ, ки ҷонибдори гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҳастанд, дар он ҷо ҷамъ омада, мехоҳанд тартибу низоми асримиёнагиро ҷорӣ намоянд. Пайравонӣ ДИИШ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва васоити ахбори омма ҷавононро гумроҳ намуда, ба сафи хеш ҷалб менамоянд. Мутаасифона, бархе аз ҷавонони Тоҷикистон низ дини мубини исломро аз ҳамаи зуҳуроти ифротгароӣ фарқ карда натавониста ба ин гӯруҳҳои ифротгаро шомил мегарданд.  Онҳо ба кадри осоиштагӣ, амну субот ва бунёдкорию созандагии Ватани хеш намерасанд.

Дар таълимоти дини мубини ислом барангехтани кинаву адовати динӣ ва ё мазҳабӣ амри номашруъ аст. Аммо имрӯз гурӯҳҳои ифротии Сурия  ба маркази барангехтани кинаву адовати динӣ ва мазҳабӣ дар миёни мусулмонони олам гардидааст. Нақл мекунанд, ки ба назди Абуҳанифа ду касро оварданд, яке аз махлуқ будани Қуръон қоил аст ва дигаре аз азалӣ будани он. Абуҳанифа гуфт: «Аз паси ҳар дуи онҳо намоз нагузоред. Зеро онҳо дар дин низоъ ба вуҷуд оварданд ва низоъ дар дин бидъат аст». Ин ҳукми Абуҳанифа аз Қуръон сарчашма мегирад, ки ҳадафи он ваҳдат ва амну суботи мусулмонон ва ҷомеаи башарӣ мебошад. 

Дар ҷомеаи навини Тоҷикистон байни ҷавонон  бояд ақидаи солими диниро тарғиб кард, маърифати динии онҳоро боло бардошт, то ки таблиғоти ифротгароёнро бидуни таҳқиқ қабул накунанд, онҳо тавонанд   ҳамсолони «гумроҳ»-и хешро аз роҳи пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷаҳолати динӣ боз доранд. 

 Аз тарафи дигар, ҷомеаро зарур аст, ки ноогоҳии сиёсӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинии ҷавононро бартараф созад. Пайваста корҳои фаҳмонидадиҳӣ  дар бораи сабабҳои зуҳури фундаментализм ва экстремизми динӣ, мақсадҳо ва ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротгаро, дарки моҳияти таҳдидҳои мафкуравии замони муосир, таҳдидҳо ба амнияти миллат ва давлат ба роҳ монда шавад. Дар ниҳоди ҷавонон масъалаҳои  бақадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан тарбия карда шавад.

Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар ҳақиқат маҳз алами беватанию дарбадари наҳзатиҳоро водор сохтааст, ки ҳар гуна воситаю ҳангомаҳоро тарафи мардуми осуда шӯр андозанд.

Аввал ин, ки бояд онҳо донанд, ким о миллати бесоҳиб наем. Мо дорои кишваре ҳстем, ки саросар аз фазои ободу озоди ягонагиву соҳибистиқлоли бунёд гардидааст. Ақидаҳои нопоки хоинон  ва ҷангҷӯён имрӯз тариқи сомонаҳои гуногуне, ки соҳибони онҳоро харида гирифтаанд, паҳн гашта, мардумонро ба тафрит рӯбарӯ карда истодааст.

Агар ҳамаи мо андешаҳои зарбазананда ба қувваи душман манзур дорем, пас хоҳем донист, ки ғолиби  ин набарди ватандӯстона мо хоҳем шуд. Мо бояд пеши роҳи шомилшавии ҷавононро гирифта барои бартарф кардани ммушкилоти эшон талош намоем, аминам, ки барои муваффақ шудан дар мубориза бо мухолифон ноил мегардем.

      Ҳамаи мо хуб дар хотир дорем, ки дар оғози соҳибистиқлолии кишвар баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандцӣ кашида шуд, ки мардумони моро сахт азият дод. Аксар нафарон парешону бечора ва дарбадар гашта буданд. Аммо то кунун ягон нафар аз мухолифон дарди онҳоро намефаҳмиданд. Ҳоло, ки худи эшон дучори чунин ҳолат гаштанд акнун қадру қиммати ватандориро дарк карданд.

Фикри солим ва ҳаёти осоиштаи имрўзаи мо бояд ба сатҳи ташкили дурусти интихобот ва интихоби намояндагони барҷастаи халқ ба мақомоти маҳаллӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат намояд.

З. Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд