Аввалин суханоне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Ман ба шумоён сулҳ хоҳам овард…» буд. Барои барқарор намудани оромиву сулҳу субот ва сарҷамъ намудани тоҷикон меҳнатҳои мунтазами Сарвари давлат натиҷаҳои дилхоҳ оварданд. Маҳз, бо ташаббус ва заҳматҳои Пешвои миллат барои аз байн бардоштани зиддият байни тоҷикон дар минтақаҳои хафноки кишвар ва хориҷа борҳо бо мухолифин мулоқотҳои босамар ташкил карда, вохӯриҳои муфид барпо намуданд. Натиҷаҳои самараноки мулоқотҳои мазкур Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд омад. Бешубҳа, барқароршавии сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон дар тамоми ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат хизмат хоҳад кард. Зеро ки имрӯзҳо вазъияти ноороми ҷаҳон тамоми мардумро ба ташвиш оварда, зиддияту душмании байни кишварҳоро беш аз пеш афзуда, шиддатноктар ва хафноктар намуда, оқибат ин ҳолат ба вазъиятҳои фалокатбори гӯшношунид оварда метавонад. Алалхусус, ҷанги Россия ва Украина вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии тамоми ҷаҳонро дигаргун намуд ва бештари давлатҳоро ба ду лагери ба ҳам зид ҷудо кард. Аз як тараф, зиддияти мазкур метавонад, сатҳи зиндагии мардуми давлатҳои зиёдеро коҳиш диҳад. Аз тарафи дигар, теъдоди фавтшудагон ва муҳоҷирон рӯз ба рӯз меафзояд. Инчунин, миқдори мамлакатҳои навбанавро ба доираи муноқишаҳои худ кашида истодааст. Билохира, ин зиддият метавонад ба сари мардуми ҷаҳон ҷанги ниҳоят харобиовари навбатиро оварад. Мусаллам аст, ки дар чунин як ҳолати муташанниҷ пешравӣ ва рушди иқтисодии мардуми кишварҳои мухталиф ғайриимкон мебошад. Зеро ки асоси тараққӣ ва комёбии зиндагӣ, пеш аз ҳама ҳаёти орому осуда ва сулҳу субот буда, танҳо дар ҳамин ҳолат Ҳукумат метавонад, ҳама нақшаҳои дурнамои ободонӣ ва рушди кишварро амалӣ намояд.

     Тоҷикистони мо бо осонӣ ба сулҳу ваҳдат нарасидааст, садҳо ҳазор одамон муҳоҷир шуда, фирор карданд, ҳазорон мардум нобуд шудаанд, иқтисодиёт хароб гардид ва зиддияти дохилӣ рушди ҷумҳуриро даҳсолаҳо ба оқиб партофт. Вале ба ин монеъаҳо нигоҳ накарда, халқи тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумат тавонист, ҳама душвориҳоро сарбаландона паси сар намуда, марҳила ба марҳила кишварро пеш барад ва обод намояд.

     Зимнан, яке аз вазифаи муҳими ҷомеа ин дар руҳи ватандӯстӣ ва сулҳпарварӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад. Ба онҳо оқибати фалокатбори зиддияту ҷанг, аҳамияти оромӣ ва осудагӣ, махсусан вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳонро дуруст фаҳмонидан ниҳоят зарур аст. То ки ҷавонон ба вазъияти муташанниҷи ҷаҳон амиқ сарфаҳм рафта, ба ҳолати мавҷуда баҳои дуруст дода, баду некро ҷудо карда, пеш аз ҳама манфиати кишвари худро мадди назар дошта, дар рушди давлат ҳисса гузошта тавонанд. Алҳол, ваҳдат ва сулҳ масъалаҳи муҳимтарин ва умдатарини ҳар як кишвари сулҳхоҳ буда, дастгирӣ ва  пуштибонии ин неъмати бебаҳо аз тарафи ҳар фард ҳатмист. Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат дар ҳар маърӯза, баромад ва суханронӣ, ҳатман нисбати сулҳу суботи кишвар шукргузорӣ намуданро бо исрор ба тоҷикистониён таъкид менамоянд, чунки имрӯзҳо масоили мазкур торафт аҳамияти бештаре пайдо карда истодааст. Аз ҳамин лиҳоз, ба насли наврас, алалхусус ҷавонони дар муҳоҷират буда, оид ба қаҳрамониҳои мардуми тоҷик дар ҶБВ ва ҷанги шаҳрвандӣ, қурбон кардани ҷони худ барои сулҳу субот, меҳнату заҳмати онҳо баҳри ободонии ҷумҳурӣ мушаххас ва муфассал бояд нақл намуд, то ки ҷавонон ба қадри оромӣ ва осудагии кишвар расида, ба шароиту муҳити мавҷуда баҳои дуруст дода тавонанд. Маводи мазкурро тавассути Шабакаҳои Интернет, садову симо ва Воситаҳои ахбори умум дастрас намудан зарур мебошад. Бешубҳа, ин ҳама тадбирҳо барои тарбияи ҷавонони тоҷик дар руҳияи меҳанпарастӣ ва сулҳхоҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

                    Раҳмонова И.Ё., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд           

 

 

Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарари вазнини рухи ва ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои террористиву экстремистӣ таҳдид мекунад ва барои пешгирӣ аз он бояд дар якҷоягӣ мубориза бурд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки ҳанӯз чанд сол пеш бори аввал ҷаҳониёнро аз ривоҷу густариши терроризм ва экстремизм бо таъкиди хос ҳушдор дода буд. Дар ҳақиқат ҳам ду мафҳум - терроризм ва экстремизм дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Борҳо шоҳид ба он гардидаем, ки терроризм ва экстремизм монеи пешрафти кишварҳои мутаррақӣ, сабаби қатли ҳазорҳо тифлони маъсум ва аҳолии осоишта гаштааст. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонида истодааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи  кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути  мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

 

Турсунқулов Ш, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Хираду заковат ва маънавиёти баланди миллати тоҷик аз азал барои матамоми марудми рӯӣ олам худ дарси ибрат буд. Ҳамаи мо аз таъриху ниёгон хуб дар ёд дорем, ки гузаштагони миллати тоҷик ва аҷодони ориёиҳоро чи гуна ашхосони барӯманду соҳибмаърифат ташкил медоданд. Бале, инсоният дар тӯли таърих, дар кадом шароите, ки зуҳур накарда бошад, дорои нишонаҳои ахлоқии худ буд. Бояд гуфт, ки ахлоқу одоби ҳамидаи дар ҳар давру замон барои ҳастии инсоният намудани хислати беҳатарин ба ҳисоб рафта онро асосии арзи вуҷуди инсони комил меҳисобиданд. Маҳз ҳамин дараҷаи баланди ахлоқпарастиву инсондӯстии аҷдодони ориёиамон буд, ки аввалин ва бузургтарин китоби таърихи инсоният «Авесто» низ пеш аз ҳама ба тарбияи ахлоқии инсон бахшида шуд. Шиори авестоии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», ки беш аз се ҳазор сол пеш баён гардидааст, то кунун ҳам ҷавҳари тарбияи ахлоқиву муҳити маънавии инсонҳост.

Дар китоби зикршуда, ки асоси ҷавҳари онро тарбияи неку адолати ҳақиқӣ ва росттинати ташкил медод, маънии хуби зиндагонии башариятро дар ҳаёт инъикос менамуд. Вобаста ба ин аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҳадафи таълимоти донишмандон дар соҳаи тарбияи ахлоқии инсон, маҳз дар ниҳоди ӯ ҷо намудани пиндор, гуфтор ва рафтори нек буду минбаъд низ чунин хоҳад монд.

Моро мебояд, ки аз ин дастури пурқиммати ниёгонамон дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба шароити замони муосир мутобиқ намудани он қарзи ҳар як шаҳрванди маърифатпарвар мебошад. Дар раванди тарбия бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсон – омӯзиши сифатҳои шоиста, одобу рафтори муносибат, аз ҷумла одоби муошират дар ҳамагуна ҳолатҳо, чи шахсиву чи ҷамъиятӣ фаро гирифта шаванд.

Одоби муошират ва хушсухании ҳар як фард ин омилли рушди тафаккури ӯст. Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсони тарбиягирифта ва хушахлоқ бешак одоби муошират ба ҳисоб меравад. Қисмати муҳимтарини одоби муширатро бошад, ахлоқ ташкил медиҳад. Ахлоқ худ ҷиҳати луғавӣ маънои «хулқ»-ро ифода намуда, маънои рафтору кирдор, одату сиратро дорад. Одоби муошират маҳз ба ҳамин гуна тасаввуроти ахлоқии инсон асос ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир дар баробари муоширати бевосита, яъне вохӯрии инсонҳо муоширати бавосита низ роиҷ аст. Онҳо дар баробари вохӯриву сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ, аз қабили мактуб, телефон ва Интернет низ бо ҳам муошират менамоянд.

Ба ин васила муошират дар ҳаёти инсонҳо як амали хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки ибораи «Ҳаёт ин муошират аст» хеле маъмул гардидааст. Одамон тариқи муошират ахбори тоза мегиранд, воситаи беҳтар сохтани кору бори зиндагиро аз худ мекунанд, арзишҳои баланди ахлоқиву фарҳангиро омўзанд.

Таълимоти Арастуро дар бораи ахлоқу одоби муошират дар асрҳои миёна дар сарзамини Машриқ Абунасри Фаробӣ, Абуалӣ ибн Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Нариддини Тусӣ, Ҷалолиддини Давонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар муттафакирони бузург низ хеле васеъ баён намудаанд.

Абунасри Фаробӣ чунин меҳисобад, ки омўхтани илм бе сайқал додани зеҳн ва такмили ахлоқ ғайриимкон аст. А. Фаробӣ бар ин ақида аст, ки аҳли ҷомеа бояд бо ҳамдигар ва бо сарвари ҷомеа муошират ва муносибати меҳрубонона дошта бошанд.

           Муттафакири бузурги тоҷик Абуалӣ ибн Сино ақида баён намуданд, ки дар такмили инсон нақши таълим ва тарбия хеле муҳим аст. Аз тариқи тарбия кўшиш ба худшиносӣ ва касби камол ё худтакмилдиҳӣ роҳҳои асосии рушди ахлоқии инсон мебошанд.

              Умуман, муттафакирони ҳар давру замон риояи одоби муоширатро ҷузъи муҳими ахлоқи ҳамида ва ҷавҳари зебоии инсон маъниндод ва эътироф намудаанд. Аз ин ҷиҳат имрўз зиёну ояндагон бояд дар ҳама ҳолат ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ такя намуда, зиндагии худро рангину гуворо созанд. Тўшаи ин гуна ҳаёт барои инсон бешак хулқ, ахлоқ, ободи баланди муошират мебошанд.

        Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад.

      Каломи инсоният беҳтарин ва қимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дилу ҷонро рӯйгардон созад.

       Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем, ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар қатори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидаасг, зеро забон оғози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дурӯғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегӯяд, фасод меандозад, ҳилаву фиреб ба кор меборад.

        Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одам бунёд ва оламу даҳр вайрону валангор ва барбод метавон кард. Аз ин рӯ, ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона андеша ронад, хусусан дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ то сазовори ҳамаи хубиҳои олам бигардаду соҳибобрӯ шавад.

Хулоса, сухан оғозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомӯш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халқ: «Як сухан 366 паҳлӯ дорад», ҳар як суханро дар тарозӯи ақл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кӯшид, ки суханвари асил буд. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад. Бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зӯру тавон бахшад.

 

Насимова М.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тоҷикистон  давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягонае мебошад, ки имрӯзҳо байни дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибситиқлол ва тараққикарадистода шинохта мешавад. Таи 30 сол бос инҷониб мамлакати азизамон соҳибистиқлол буда, сол аз сол ба комёбиҳои балантарин сазовор гашта истодааст, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик ба шумор меравад. Зеро расидан ба соҳибистиқлоли давлатӣ, бунёди давлати миллӣ, мустақилона муайян намудани дурнамои рушди кишвар ва озодона интихоб кардани роҳи давлатдорӣ кори бисёр душвор ва пурифтихор мебошад, ки барои мустаҳкам ва абадӣ мондани ин омилҳо саҳми фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомаӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин фарзанди пурифтихори миллат барои сулҳу ободӣ ва рушду нумӯи миллати куҳанбунёди худ бисёр хизматҳои шоиста намудаанд. То ки давлати азизашонро ҳамчун давлати абарқудрат дар асраи ҷаҳон  маъруф гардонанд.

      Имрӯзҳо бо сад афсӯс байни мардум гурӯҳҳое мавҷуданд, ки барои аз байн бурдани сулҳу субот ва соҳибистиқлолияти мамлакатамон бо ҳар гуна равияҳо аз байн бурдан мехоҳанд. Ба монанди Гурӯҳи ифротгарии 24, ки мақсади онҳо барпо кардани бесару сомониҳо ва мағлуб кардани истиқлолияти дар мамлакати азизамон ба шумор меравад. Ин гурӯҳ бо ин роҳ истифода бурда  мехоҳанд, ки  ҳар гуна корҳои ношоямиро анҷом дода, маблағҳои зиёдро ба даст оранд. Онҳо бо ин мақсад  фикри бисёр ҷавононро вайрон намуда, ба роҳои худ бо ҳар гуна фиребу ваъдаҳои амалӣ нашаванда вайрон мекунанд. Бинобар он ҷавони имрӯза ба чунин суханҳои фирефтаи ин намуди гурӯҳҳо бовар накарда, ҳушёрии худ ва аҳли дӯстонро аз даст надиҳанд. Зеро ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ, соҳибистиқлолӣ ин таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, танҳо бо роҳи соҳибистиқлоли давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмиллалӣ сазовор муаррифӣ намуд. Дар умум метавон истиқлолиятро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд. Инчунин  ҳар як миллати тоҷик бояд шукрона  намояд, ки имрӯзҳо осмон софу беғубор ва сулҳу суботи беназирро комёб аст .  Ҳар  ҳар як кӯдаки миллат дар хандаю бозӣ ҳасту ҷавонон дар омӯзиши фарҳангу маданят машғуланд, ки онҳо ба ягон монеъа танқисӣ надоранд, ки ин беҳтарин дастовардҳо дар ҳаёти хар як шахс ба ҳисоб меравад.

 Акбарова Н. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 

 

Раиси ба ном созмони “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ санаи 3 май дар суҳбати охири худ дар шабакаи байналмилалии Ютуб бори дигар аз муҳимияти риш, сатри аврат, масҷид, озодии баён ва сухан ҳарф зада, чун ҳамешагӣ худро доно, ҳушманд, “дӯстдори халқ” тарошида, рӯирост дар ҳаққи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон борони тӯҳмату бӯҳтонро рехт . Аз ҷумла гуфт, ки дар Тоҷикистон масҷидбандӣ хеле зиёд шуда, озодии ақида ва дин маҳдудият шудааст. Гӯиё дар Тоҷикистон умуман озодӣ нест. Ин нафратзадаҳои халқ имрӯз дар хориҷи кишвар бо пулҳои ҳангуфти хоҷагони бегона мехоҳанд афкори мардумро бо бадбиниву кинаву адоват комилан дигар кунанд. Ӯ ҳамеша дар суханронии хеш аз дини мубини ислом ва авлавиятҳои эҳсоси динӣ сухан мекунад, аммо худ аркони диниро риоя намекунад.

Маврид ба зикр аст, ки дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм, ифротгароӣ, таассубу хурофотпарастиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Бояд мо ҳар ҳарфу ҳиҷои Муҳиддин Кабириро дар мизони ақл ва идрок бар кашем. Магар Тоҷикистон дар масири беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ба ягон дастовардҳо ноил нашуд? Магар мусулмонро ба тафриқа андохта, ришу масҷидро баҳона кардан аз рӯи адолат аст.

Маврид ба зикр аст, ки  дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ: “Ал-қоида”, “Ҳизб-ул-таҳрир”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Бародарони мусулмон”, “Ҳизби исломии ӯзбекистон” (собиқ ҳаракати исломии ӯзбекистон), “Лашкари тайба”, “Ҳаракати толибон”, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони озод”, “Ансороллоҳ” ва амсоли инҳо давоми солҳои 2009, 2014 ва 2015 манъ карда шудааст.

Вале, мутаассифона баъзе аз тоифаҳои ҷавонони мо дидаю дониста ё бо роҳи фиребу гумроҳӣ, ки бештари онҳо фарогири гурӯҳҳои ҷавонони бекор, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, камсаводон, гумроҳшудагон ва аз таълиму тарбия коста мебошанд ташкил медиҳанд. Онҳо бо рафтору муносибати нописанди худ ба номи “ҷавонӣ” ѓараз оварда, ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ даст мезананд ва ё ба гурӯҳҳои тундрави ба ном “исломӣ” шомил мешаванду ҳаёти худро доѓдор ё ҷони худро зери хатар мегузоранд. Онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ дошта, ҳадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломӣ”-ро доранд. Дар ҳоле, ки мувофиқи моддаи 1 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд”. Сафарбар намудани нерӯи зеҳнии ҷавонони болаёқат  аз ҷумла барномасозон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносони ҷавон бар зидди ақидаҳои бегонапарастӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ.

Муҳимтар аз ҳама дар байни ҷавонон ба вуҷуд овардани ваҳдати воқеӣ дар пиёда кардани сиёсати давлату ҳукумат ва бедор кардани эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад.

А. Боқиҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мардумони боифтихору сарбаланди тоҷик, имрӯз аз фазои Истиқлолияту озодӣ шукрона намуда, ба хотиири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош намуда, саҳми хешро дар ободии кишварамон мегузоранд, зеро ҳар як шаҳрванди боори миллатамон медонанд, ки Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он маҳз дар дасти фарзандонаш аст.

Мо ҳамаи марудмон шоҳиди он ҳастем, ки бахотири ҳар нафари ба қавле «диншинос» - ҳо чанд нофаҳмиҳову нобасомониҳо рух дода буд, аммо то куннун бархе ақӣдаҳо низ миёни марудм аз ҷониби ҳамон беэътиноён паҳн мегардад. Аслан давлату Ҳукумати Тоҷикистон замоне бо хоҳиши онҳое, ки мехостанд барои таълиму тадрис ташкилотҳои динӣ кушоянд, дастгири намуда буд, зеро касе ақӣда надошт, ки аъзоёни он ташкилотҳо душмани миллати мо мешавад, душманони мусалсонҳое, ки дини поки Исломро мепарваранд.

Аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон соҳибистиқлол ташкилотҳои динӣ дар асоси принсипи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти диниашон таъсис дода шуда буд ва бо мақсаду ғаразҳои сиёсӣ ва экстриместӣ истифода бурдаанд, ки фаъолияти онҳо пеш аз ҳама ба зарар ва хилофи моҳияти дин мебошад.

Ба хотири пойдории Истиқолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки бояд ин ифтихори ҳамаи мо бошад, зеро давлату миллат моров а ақӣдаҳои моро дастгирӣ кардааст. Аммо, на онҳо ба ин ҳама дастгириҳо ҷавоби ғайричашмошт нишон доданд.

Агар ҳамаи он ташкилоту ҷамъиятҳои диние, ки манфиати маънивию динии миллатамонро инъикос менамуданд, ҳаргиз чунин шубҳаю дасисаҳои иғвобарангез рух намедод. Вале, мутаассифона, баъзан қувваҳои шикастпазиру хиёнаткор рўи кор оманданд, ки зери ниқоби дини мубини Ислом, ақидаҳои ғаразҳои сиёсию идеологии худро амалӣ кардан мехоҳанд. Пас имрӯз ҳамаи муқаддасоту арзишҳои маънавии миллатамон дар дасти мо шаҳрвандони ватандӯст аст, ки онро ҳимоя намоем.

Бояд гуфт, ки асосан туъмаи он нохалафони хиёнаткор, ҷавонон, занон буданд, ки эшонро раҳгум занонидан мехоханд ва ба ҳамин сабаб барои нооромии ҷомеа, халалдор кардани суботти кишвар ва мегарданд.

Давлату Ҳукумат имрӯз инқадар ба хотири  оромиши зиндагонии мардум талош мекунад, то вазъияти некуаҳолиро беҳтар созад, аммо маҳз шаҳрвандлони миллати худ моро ба сӯи роҳгумзадагӣ мекашанд.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми махсуси тарзи давлатдории демократиро доро мебошад, ки дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишғол кардааст ва марудмон аз ин фазои озодӣ, ки замоне дар орзуяш буданд, шукрона мекунанд. Албатта соҳибихтиёриву мустақилии мардум ва давлат аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи  «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин қайд гардидааст, ки: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад». Бале мо бо он Конститутсияе, ки озодиҳоямонро эътироф мекунад, ифтихор дорем.

Ғ.Ҳ. Сафаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 Дар суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд :   «Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад».

     Махсусан, экстремизми динӣ дар замони мо дар байни пайравони дини ислом бештар доман паҳн кардааст ва баъзе мубаллиғони он аз муқаррароти дини мубини ислом сӯиистеъмол намуда, исломро бо ғаразҳои сиёсӣ омехта месозанд. Он гумроҳшудагон тибқи дастуру нишондод ва нақшаҳои хоҷагони бегонаи худ, ки душманони аслии ислом ҳастанд, амал менамоянд.

  Аз касе пӯшида нест, ки бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гаштааст. Дини мубини ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо буда,  бояд барои ташаккули руҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.

  Ахбор аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар асри XXI ба аслиҳаи мафкуравӣ табдил ёфта, дар ташаккули экстремизми динӣ мусоидат карда истодааст. Бояд гуфт, ки мақсади аслии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ дар байни аҳолӣ бедор кардани ҳисси тарсу ваҳм, ба вуҷуд овардани нооромӣ, ҳокимиятро соҳибӣ кардан, арзишҳои динӣ ва афкори анъанавии ҷомеаро рад кардан, бо роҳи фиребу зӯрӣ тарғиб кардани ғояҳои бегона  мебошад.

    Имрӯзҳо равияҳои динӣ ва гурӯҳҳои алоҳида, барои паҳн намудани   норозигӣ дар ҷомеа корбарӣ намуда, ҳангоми суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, ки онҳоро ба гирдоби низоъ ва задухӯрд гирифтор кунанд.

 Мо - омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф вазифадорем, ки наврасону ҷавононро   ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ташкилотҳои характери экстремистӣ - террористӣ  огоҳ намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, шаҳрвандон ва хоссатан ҷавонон корҳои тарғиботиро пурзӯр намоем, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, эҳтиёткор бошанд. Зеро барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон сулҳу осоиш, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муқаддас аст.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мардумони боифтихору сарбаланди тоҷик, имрӯз аз фазои Истиқлолияту озодӣ шукрона намуда, ба хотиири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош намуда, саҳми хешро дар ободии кишварамон мегузоранд, зеро ҳар як шаҳрванди боори миллатамон медонанд, ки Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он маҳз дар дасти фарзандонаш аст.

Мо ҳамаи марудмон шоҳиди он ҳастем, ки бахотири ҳар нафари ба қавле «диншинос» - ҳо чанд нофаҳмиҳову нобасомониҳо рух дода буд, аммо то куннун бархе ақӣдаҳо низ миёни марудм аз ҷониби ҳамон беэътиноён паҳн мегардад. Аслан давлату Ҳукумати Тоҷикистон замоне бо хоҳиши онҳое, ки мехостанд барои таълиму тадрис ташкилотҳои динӣ кушоянд, дастгири намуда буд, зеро касе ақӣда надошт, ки аъзоёни он ташкилотҳо душмани миллати мо мешавад, душманони мусалсонҳое, ки дини поки Исломро мепарваранд.

Аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон соҳибистиқлол ташкилотҳои динӣ дар асоси принсипи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти диниашон таъсис дода шуда буд ва бо мақсаду ғаразҳои сиёсӣ ва экстриместӣ истифода бурдаанд, ки фаъолияти онҳо пеш аз ҳама ба зарар ва хилофи моҳияти дин мебошад.

Ба хотири пойдории Истиқолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки бояд ин ифтихори ҳамаи мо бошад, зеро давлату миллат моров а ақӣдаҳои моро дастгирӣ кардааст. Аммо, на онҳо ба ин ҳама дастгириҳо ҷавоби ғайричашмошт нишон доданд.

Агар ҳамаи он ташкилоту ҷамъиятҳои диние, ки манфиати маънивию динии миллатамонро инъикос менамуданд, ҳаргиз чунин шубҳаю дасисаҳои иғвобарангез рух намедод. Вале, мутаассифона, баъзан қувваҳои шикастпазиру хиёнаткор рўи кор оманданд, ки зери ниқоби дини мубини Ислом, ақидаҳои ғаразҳои сиёсию идеологии худро амалӣ кардан мехоҳанд. Пас имрӯз ҳамаи муқаддасоту арзишҳои маънавии миллатамон дар дасти мо шаҳрвандони ватандӯст аст, ки онро ҳимоя намоем.

Бояд гуфт, ки асосан туъмаи он нохалафони хиёнаткор, ҷавонон, занон буданд, ки эшонро раҳгум занонидан мехоханд ва ба ҳамин сабаб барои нооромии ҷомеа, халалдор кардани суботти кишвар ва мегарданд.

Давлату Ҳукумат имрӯз инқадар ба хотири  оромиши зиндагонии мардум талош мекунад, то вазъияти некуаҳолиро беҳтар созад, аммо маҳз шаҳрвандлони миллати худ моро ба сӯи роҳгумзадагӣ мекашанд.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми махсуси тарзи давлатдории демократиро доро мебошад, ки дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишғол кардааст ва марудмон аз ин фазои озодӣ, ки замоне дар орзуяш буданд, шукрона мекунанд. Албатта соҳибихтиёриву мустақилии мардум ва давлат аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи  «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин қайд гардидааст, ки: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад». Бале мо бо он Конститутсияе, ки озодиҳоямонро эътироф мекунад, ифтихор дорем.

Ғ.Ҳ. Сафаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Дар паёми навбати чунин қайд карда шуд: «Барои таъмин намудани рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳои бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд».

Аз маълумоти овардашуда дида мешавад, ки роҳбарият ва шахсан Пешвои миллатамон, Эмомалӣ Раҳмон пешомади кори ояндаро хело хуб ҳис ва дарк мекунанд. Сохтани шоҳроҳи Қулма – Чаноқ, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳидӣ тартиб доданд ва тавассути он алоқаи мунтазамро бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани мамлакатамонро таъмин намуданд.

Бояд қайд кард, ки мамлакати мо ба океанҳо пайвастагӣ надошт, аммо ин роҳ метавонад мамлакатамонро ба онҳо пайваст намуда, кашонидани бор ва рафтуомадро тавассути баҳрҳову океанҳо таъмин намояд.

Вақте, ки заводи алюминии тоҷик ба кор шурӯ кард мегуфтанд, ки маҳсулоти хомро аз Гвинея меоранд, бо воситаи баҳру океанҳо ва хушкӣ ва аз баҳри Каспӣ гузаронида то Тоҷикистон - Регар меоранд. Ба назарам кушодашавии ин роҳ масофаро наздик карда бошад ва он каме бошад ҳам, ба арзиши аслии маҳсулот таъсир кунад. Ин тахмини ман. Агар ҳамин хел бошад ин хело хуб мешавад. 

Тавре мегӯянд роҳ пайвандгари дилҳо аст. Тавассути он инсонҳо ба ҳам вохӯрда, байни ҳам муошират мекунанд, тиҷоратро бунёд месозанд ва меҳрҳоро бо як ду рафтуо, пурқувват ва бардавом месозанд. Дар урфият мегӯянд: «Меҳр дар чашм аст». Дар ҳақиқат ҳол ҳамин тарз аст. Дар адабиёти ниёгон низ ин нуқтаро чунин талқин медиҳанд: «Агар ду бародар ҳамдигарро як сол набинанд онҳо бегонаанд». Пайванди дилҳо барпокунандаи муҳаббат, раҳму шавқат, бунёдкунандаи ғояҳои байналхалқӣ ин муошират мебошад. Аз ин сабаб барпокунандагони пайвандҳо низ шахсони савобҷӯ ва савобгиранда мебошанд. Роҳҳо сулҳу амонӣ, инкишоф ва меҳрро байни инсонҳо пайдо месозад. Роҳсозҳо савобгирандаанд, чунки аз роҳ дур сохтани монеъа, гирифта парофтани як сангчаи низ кори савоб аст. Роҳсозҳо дар як рӯз чандин монеъаҳоро аз роҳ дур месозанд ва барои озор надидани инсонҳо онро ҳамвор менамоянд. 

Бо сарварии Пешвоямон бунёд сохтани шоҳроҳҳо, ба ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулотро ва муоширати инсонҳо ба маънавиёт заминаи хуби иқтисодиро фароҳам овард.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистон  давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягонае мебошад, ки имрӯзҳо байни дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибситиқлол ва тараққикарадистода шинохта мешавад. Таи 30 сол бос инҷониб мамлакати азизамон соҳибистиқлол буда, сол аз сол ба комёбиҳои балантарин сазовор гашта истодааст, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик ба шумор меравад. Зеро расидан ба соҳибистиқлоли давлатӣ, бунёди давлати миллӣ, мустақилона муайян намудани дурнамои рушди кишвар ва озодона интихоб кардани роҳи давлатдорӣ кори бисёр душвор ва пурифтихор мебошад, ки барои мустаҳкам ва абадӣ мондани ин омилҳо саҳми фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомаӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин фарзанди пурифтихори миллат барои сулҳу ободӣ ва рушду нумӯи миллати куҳанбунёди худ бисёр хизматҳои шоиста намудаанд. То ки давлати азизашонро ҳамчун давлати абарқудрат дар асраи ҷаҳон  маъруф гардонанд.

      Имрӯзҳо бо сад афсӯс байни мардум гурӯҳҳое мавҷуданд, ки барои аз байн бурдани сулҳу субот ва соиҳибистиқлолияти мамлакатамон бо ҳар гуна равияҳо аз байн бурдан мехоҳанд. Ба монанди Гурӯҳи ифротгарии 24, ки мақсади онҳо барпо кардани бесару сомониҳо ва мағлуб кардани истиқлолияти дар мамлакати азизамон ба шумор меравад. Ин гурӯҳ бо ин роҳ истифода бурда  мехоҳанд, ки  ҳар гуна корҳои ношоямиро анҷом дода, маблағҳои зиёдро ба даст оранд. Онҳо бо ин мақсад  фикри бисёр ҷавононро вайрон намуда, ба роҳои худ бо ҳар гуна фиребу ваъдаҳои амалӣ нашаванда вайрон мекунанд. Бинобар он ҷавони имрӯза ба чунин суханҳои фирефтаи ин намуди гурӯҳҳо бовар накарда, ҳушёрии худ ва аҳли дӯстонро аз даст надиҳанд. Зеро ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ, соҳибистиқлолӣ ин таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, танҳо бо роҳи соҳибистиқлоли давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмиллалӣ сазовор муаррифӣ намуд. Дар умум метавон истиқлолиятро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд. Инчунин  ҳар як миллати тоҷик бояд шукрона  намояд, ки имрӯзҳо осмон софу беғубор ва сулҳу суботи беназирро комёб аст .  Ҳар  ҳар як кӯдаки миллат дар хандаю бозӣ ҳасту ҷавонон дар омӯзиши фарҳангу маданят машғуланд, ки онҳо ба ягон монеъа танқисӣ надоранд, ки ин беҳтарин дастовардҳо дар ҳаёти хар як шахс ба ҳисоб меравад.

 Акбарова Н. А., ассистенти  кафедраи моли ва қарз :         

 

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин терроризм, экстремизм ва падидаҳои ифротгароӣ ба ҳисоб мераванд ва маҳз онҳо сабабгори ҳама зуҳуротҳои нохуш ба монанди таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, сӯиқасд ба ҳаёти шахсиятҳои варзида, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошанд. Дар ин қатор яке аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои ифротгароии террористӣ ва экстремистӣ ин барангехтани ҳисси нобоварӣ ба ҳукумат ва тафриқандозӣ миёни афроди миллат мебошад. Мақсад аз ба рӯи кор овардани чунин падидаҳои номатлуб ин паст задани нуфузу дастовардҳои аҳли ҷомеа буда, бо ин васила иҷрои нақшаҳои ғаразнок аз тарафи гурӯҳҳои ифротгароӣ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки саркардагони падидаҳои номатлуб, гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳаргиз меҳнат ва эҷод намекунанд, балки онҳо бо тарафдорон ва ҳаммаслаконашон дар паноҳ ҷой гирифта, айбҷӯиву харобкорӣ ва нодуруст донистани фарҳангу эҷодиёти миллатро пешаи худ медонанд. Ин аст, ки дар зери таълимоташон, ки гӯё динӣ бошад ифротгароӣ ва таҳрибкориро ба роҳ мондаанд ва бештар ҷавононро, ки дар ҳаёт таҷрибаи кам доранд фирефтаи доми худ месозанд. Бо ин роҳ онҳо амалҳои номатлуби худро ба тавре қаҳрамонӣ ва фидокорӣ ҳисобида, ба мақсадҳои нопоки худ ноил шудан мехоҳанд.

Бояд қайд намоем, ки расидан ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ, арзишҳои муқаддаси давлату давлатдориро пос доштан ҳам қарз ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедори ҷомеа ба худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавию фарҳангии он шахсро ба бетарафию бегонапарастӣ ва қадрношиносӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, нақши фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таърихи ниёгон бениҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввалан ва бештар арзишҳои фарҳангию маънавии миллатро фалаҷ месозанд ва баъдан байни ҳамагон ақидаҳои нобоварӣ ва зиддиятро ҷорӣ намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Чунин мешуморем, ки ба пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб сатҳи пасти зиндагӣ, воқиф будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва омилҳои худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас боис мегардад. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмиллалии сиёсию иқтисодӣ диққати асосиро ба сатҳи донишандӯзӣ, баланд намудани маърифати ҳуқуқӣ, ҳифзи симои миллию мазҳабӣ ва пос доштани арзишҳои маънавӣ аз тарафи ҷавонон равона намудан ба манфиати аҳли ҷомеа ва давлат мебошад.

 

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд