Дар ҳама давру замон, ҳар халқу миллат ба хотири ягонагии Ватани худ, зифзи ҳимояи манфиатҳои кишвари худ талош менамуд, ки ҳамеша Ватанаш ориё аз дарду ғами беҳуда бошад, Зеро дар замони гузашта низ мардумони халқиятҳои гуногун аз пайдо шудани террористони ифродгароён дар миллаташон изҳори нигаронӣ менамудаанд.

Бале чанд сол қабл аз дасти хоинону бешарофатон, собиқ аъзоёни ҳизби наҳзат, наҳзате, ки худро ҳамеша як шохаи асосии дарахти Ислом мепиндоштанд, мардумро зидди якдигар шӯронида, соли 2015 оташи ҷангро афрӯзониданӣ шуданд. Охир ҳоло миллати тоҷик аз таъсири ҷанги асри гузашта, ки мардумонро сарсону саргардон карда буд берун наомадааст. Охир ин Ватан, ин миллат то кунун чандон ба худ наомадааст, зеро дар он ҷанг талафоти бешумори ҷониву маънавӣ дидааст. Захми дили мардумони фарзандгумкарда ҳоло пурра шифо наёфтааст. Ашки модароне, ки ҷигарбанди азиз, пораи дилашонро аз даст додаанд хушк нашудааст.

Мо миллати озод ва мардумони огоҳем, бояд бо ҳушёриву зиракии хос дар пешрафти сиёсии мамлакатамон талош намоем, зеро ба рушди давлат агар мо заҳмат накашем, онро ҳифзу ҳимоя накунем, пас он тӯъмаи чунин хоинони бадсиришту бадкирдорон мегардад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пайравии нақшаҳои созандагиву бунёдкоронаи Ватани маҳбубамон талош кунем. Нагузорем, ки бадбинону ҷоҳилон ва бешарафон мардумони як замон азияткашидаамонро дубора ба азобу уқубати вазнин рӯ ба рӯ созанд. Мо бояд фикри сарзамини ободи худро карда шукрона кунем, ки дар сари мо фарзанди фарзонаи миллат сарвари намуда, мо ва миллати моро аз шарри душманони бадхӯву бадрафторашон эмин медоранд. Пас ҳамаи шаҳрвандон аз ман то мо бояд барои ворисои арзандаи номи чунин абармардони миллатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар каҳрамонони бемисл, кӯшиш намоем.

Мо ояндаи дурахшони кишварамонро инъикос менамоем, зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистонро Пешвои муаззами миллатамон маҳз дар фаъолияти созанда ва арзандаи мо ҷавонон мебошанд. Ва бо умеду ифтихор фаъолият ва қувваи зеҳниву нерӯиш моро ба назар гирифта, моро ҳамчун як қувваи пешбарандаи халқу миллат номидаанд. Бале ҳамаи ин боварию, муҳайё намудани шароити моддию маънавӣ барои мо ҷавонон, моро водор месозад, ки фарзанди содиқу арзандаи ин халқу миллат бошем, зеро аз даст надодани боварӣ ин нишони мардонагист, нишони фарзанди содиқ аст. Амоно бархе ҷавонони мо, шаҳрвандони миллатамон рисолати худро дар назди Ватан дарк накарда, баракс ба ҷои овардани манфиат ба худу ҳамватанат, санги даҳшату ваҳшатро ба сари мардумони диёрамон мерезанд. Мутаасифона онҳо тӯъмаи ифротгарону терористон гаштаанд, ки дар замони муосир дар ҳар минтақаи рӯи олам паҳн шудаанд.

Вазифаи ҳар кадоми мо аз он иборат аст, ки ҷиҳати гирифтании пеши роҳи чунин қаллобону ватанфурӯшонро гирифта, фикри ободии диёр пойдории сулҳу субботи давлатро карда бошем.

 

Шамсиддинова Шамсия Бахтиёровна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози Ватан,

Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози Ватан.

Гоҳе ба савдо мебрад ганҷи Ватанро зумрае,

Бон архи ҷонам мехарам ҳар санги пардози ватан.

Оре зумрае қадри Ватанро ва ҳатто қадри азизону азизтаринро намедонанд. Барои миллати тоҷик соли 1991 бисёр соли фаромушношудани буд, барои  мардумоне, ки Ватандӯсту ватанпараст ва ҳештаншинос буданд. Аммо барои нафарони нохалафе ин дастовард мисоли як борони селе шуд, ки ваҳму воҳима барангехта, дар кишвар маҳз дар ҳамон солҳо таши ҷанги хонумонсузро ташкил нмауданд.

Ба ҳар ҳол қувваи зеҳнии миллионҳо нафари ватандӯсти кишвар, ақидаҳои ҷангҷуёнаи эшонро зарбаи сахт зад. Ҳарчанд мо талафи зиёди ҷони ҳам дидему модию маънавӣ ҳам. Вале хушбахтона натиҷаҳои баду бадии ҷангу ҷангҷӯён бо ба даст овардану сулҳ ва Ваҳдату ягонагӣ анҷомид.

Хурсандиовар он аст, ки баъди сар задани ин ҳодисаҳои мудҳиш марудм дарк кардаанд нафарони аз худ тоҷдору соҳибфарҳанг сохта, чи гуна бадсиришту бадкина будаанд, к и бо як  ақлу фаҳми норасои хеш марудмро бар зидди якдигар, бародарро бо бародар ҷанг андохта, дар кишвар шӯру мағал бардоштанд. Аммо боз ҳам таъкид мекунам, ки таъсири ҳамаҷиҳатаи онро мо то ҳанӯз дарк мекунем. Холигоҳе то кунун пеши назари мо ҳаст. Вале барои ҳамин рӯзи ҳумоюнии миллат низ шукрона, ки соҳибистиқлолу соҳибиқболу комрон ҳастем. Соҳиби хонаву дари тинҷу осуда, ва Ватани соҳибистиқлол гардидаем.

Ватану ватандории миллати тоҷикро аксарият аҳсанту офариниш кнепрардаанд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатиамон бо дучор омадани ҳамаи он мушкилоти сиёсиву бозиҳои душманони миллат, ки дар боло қайд гардид, хело дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои зиёде ноил гаштем.

Албатта ҳамаи ин рафторҳои душманони миллат бе

ҷавоб намонд. Ақаллан онҳоро виҷдонашон сахт азоб додааст. Чун онҳо барои иҷрои хоҷагони фармонгарошон садҳо нафарро сарсону саргардон ва бесарпаноҳ гузоштанд.

Мо тавассути оинаи нилгун шоҳиди он мегардем, ки дар давлатҳои хориҷа чи гуна вазъи сиёси муташанниҷ гардида, марудмонаш сарсону дарбадар гаштаанд. Мо бояд шукр кунем, ки як буридаи нони худро бидуни ҷангу ҷидол ва навбатпоиву интизорӣ ёфта хӯрда метавонем. Бинед, ки дар даврони Истиқлолият миллати тоҷик то чи андоза ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳама дастовардҳои муҳиму маънавӣ шаҳолати он аст, ки сарвари давлати мо, бениҳоят хирадлманду дуранде ш ва оқилу ояндабин ҳастанд.

Натиҷаи ҳамин талошу ақидаҳои созандаи Пешвои миллати мост, ки ҳамеша моро дар рӯҳияи Ватандӯтиву худогоҳии миллӣ тарбия ва роҳсипор месозанд. Зеро хуб дарк кардаанд, ки нафари хештаншиносу меҳанпарвар ҳеҷ гоҳ ба Ватани худ, ба миллати худ хиёнат намекунанд. Онҳое, ки нотавонбину бадкина буданд ва ба рӯӣ мардуми тоҷик ба суи миллати тоҷӣк хок пошидаанд, аслу насаби худро нишонии аҷдодони худро намедонанд. Аз ҳастии онҳо барои уммед аз ояндаи дурахшони фардоиён нахоҳад монд.

Бале, Ватанро посу гироми доштан, хизмати шоиста кардан дар ҳаққи падару мода рва Ватан рисолати асолати милли ҳар як фарди баору номуси кишварамон аст. Хеле хуб мешуд, ки бод арки баланди масъулияти ватандӯстӣ барои пешрафти кишвар ва нест кардани ақидаҳои ифротгарон саҳмгузор бошем.

Ҳамроҳ Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ватани азизу маҳбуби мо  - Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вазифаи мо он аст, ки поку бегазанд ин сарзамини аҷдодиро барои ояндагон мерос гузорем. 

         Бузургтарин хизмате, ки мо дар ин ҷода анҷом хоҳем дод, ин пеш аз ҳама дар руҳияти худшиносӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар тарбия кардани насли наврас аст. Зеро вазъи ҷаҳони муосир, қудратталабии давлатҳои абарқудрат аз ҳар як шаҳрванди бонангу ор тақозо мекунад, ки ҳушёру зирак бошад, ватанашро сидқдилона дӯст дорад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз. Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони боору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Чӣ бояд кард, то ҷавонон худ ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваст шаванд. Аввалан тарбияро аз кӯдакистон оғоз бояд кард. Пасон дар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ ҷавононро дар руҳияи далерӣ бояд тарбия намуд. Ҳангоми машқварзӣ ва обу тоби бадан корбарӣ бо аслиҳаи ҷангиро барояшон омӯзонд. Китобҳои характери ватандӯстиву ватанхоҳиро бояд талқин кард. Бо онҳое, ки нав аз хизмати ҳарбӣ омадан мулоқотҳо бояд доир кард. Онҳоро тавре бояд пешвоз гирем, ки дигарон, хоса ҷавонон ҳавас намоянд. 

Ба ҳама маълум аст, ки шумораи шахсони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи воқеии Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб зиёд мебошад ва ҳар сол танҳо 5-10 фоизи шаҳрвандони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Боқимондаи онҳо тайёрии ҳарбӣ намегузаранд ва дар ҳолати зарурӣ сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ самарабахш намебошад. Шумораи нисбатан зиёди шаҳрвандон тайёрии ҳарбиро гузаш¬та, бо ёд кардани савганди ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиётӣ ворид гарданд ва ҳангоми эълон намудани сафарбарӣ барои пуррагардонии қисму воҳид¬ҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд хубтар мешавад.

Масалан, солҳои охир дар кори даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мушкилот пайдо шудааст: ҳар сол зиёда аз 60 ҳазор ҷавонписар синфи ёздаҳро хатм мекунанд, вале барои даъвати 20 ҳазор аскар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бар дӯши Вазорати мудофиа мушкилоти сангине бор мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” имкон медиҳад, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба низом дароварда мешавад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  танзим медарорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ пайваста чораҳо меандешад. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, зимни супоридани тест дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешаванд. Инчунин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо ҷои кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Масъалаи дигар механизми омӯзиши якҷояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қисмҳои ҳарбӣ мебошад. Пешниҳод аст, ки дар қисмҳои ҳарбӣ дарси адабиёт, баробар бо дарсҳои техникӣ, ба ҷадвали дарсӣ ворид карда шавад, то ин ки ҷавонон донишро дар бораи адабиёти давраи классикию муосир ҳар чӣ бештар сайқал диҳанд ва бо эҳсоси баланди ифтихор аз кишвари маҳбуб, дӯст доштани Ватан ҳамеша омодаи хидмат дар ҳифзи Ватан бошанд. Чуноне ҳаким Фирдавсӣ фармудааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Русия гуфтугӯи мустақими  руҳониеро тамошо мекардам. Яке аз бинандагони телевизион нуктаи назари олими диншиносро вобаста ба муҳоҷирони меҳнатии аз Осиёи миёна омадаро пурсида, ҳатто таҳқир ҳам кард, ки онҳо ба талаботи санитариву гигиенӣ риоя намекунанд, рафторашон қобили қабул нест. Он рӯҳонӣ дар ҷавоб гуфт, ки ин муҳоҷирон аз мардуми таҳҷоӣ, хосса русзабонҳое, ки дигар қавму миллатҳоро дида наметавонанд, даҳҳо маротиба беҳтаранд, зеро онҳо дил доранд, имон доранд, аз фардои падару модар, ватанашон андеша мекунанд. Агар онҳо дил намедоштанд, имон намедоштанд, ба хотири волидон, фарзандон ҳазорҳо фарсахҳоро тай карда, дар шароити тангно кор намекарданд. Шумо ягон мусулмонро дидаед, ки падару модарашро дар дами пирӣ танҳо гузоштааст? Дар хонаам чанде аз ҷавонони тоҷик кор карданд. Мани олими диншинос чӣ будани одамият, қадру манзалатро аз ин ҷавонон омӯхтам. Он касе, ки тоҷикро гумроҳ мегӯяд, худаш нодон аст. Агар ҷавонони одии тоҷик чунин донишу андешаронӣ дошта бошад, пас ин миллат бузург аст ва роҳнамои он низ шахси босавод аст. Ин суханони як падари руҳонии яке аз минтақаҳои Русияро шунида, ростӣ хеле мамнун шудаам, ки дар хориҷ низ миллати моро дар аслаш мешиносанд. Ва пас аз ин гуфтаҳо мусоҳибаҳои Муҳиддин Кабирӣ ба хотирам омад, ки зимни ин мулоқот ин “олими нуктадон” аз камбудии ҷомеаи Тоҷикистон ҳарф зада, қайд мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти зиндагии мардум коре намекунад, дар Тоҷикистон озодӣ нест ва дари масҷидҳо бубаста.

Бармегардем ба масъалаи инсонгароӣ. Магар пушти боимон будани ҷавонони мо Ҳизби наҳзати ислом меистад? Ё дар мавриди эҳтироми волидон дастандаркорони ин ҳизб бо сардории Кабирӣ саҳм гузоштаанд?  Не, ба хотири он ки тоҷикон аз азал расму русуми худро нигаҳ дошта меоянд. Он насл ба насл омада расида истодааст. Кадоме аз намояндагони ҳизби наҳзати ислом амалан дар шабакаҳои байналмилалии интернет ё васоити ахбори оммаи Русия далерона суханони ин руҳонии Русия, ки дину оинаш дигар аст, гуфтааст: «Ягон нафар». Баръакс, то ҷое иттилоъ дорам, намояндагони ҲХДТ бевосита дар мулоқот бо муҳоҷирин аз кордиҳандаҳо даъват ба амал оварданд, ки нисбати шаҳрвандони мо эҳтиёткор бошанд, ҳуқуқу манофеашонро ҳимоя намоянд.

Дар мавриди будани ҲНИ ё набуданаш ҳаминро гуфтаниам. Вақте қонунгузории кишвар кафолати озодии ибодати шаҳрвандонро додааст, чӣ ҳоҷат аст ба ташкили ҳизб, ки рисолаташ аз ин зиёд буда наметавонад. Оё боре ба худ савол додаед, ки дар мамлакате, ки масҷид аз мактаб зиёд аст, чӣ ҳоҷат ба таблиғу ташвиқи намозгузорӣ. Оё он нафароне, ки аз «таги нохун чирк» мекобанд, боре андеша кардаанд, ки бо супориши ҳомии миллат барои маънавиёти ҷомеаро боло бардоштан «Қуръон»-ро бо ҳуруфоти кириллӣ баргардондаанд ва пешкаши мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд. Дар рафҳои китобхонаҳо, бозору хиёбонҳои кишвар даҳҳо асарҳои динӣ фурӯхта мешаванд, касе кордор нест. Магар ин нест ғамхориву меҳрубонӣ?

Дини мубини Ислом ҷузъи маънавиёт, фарҳанг ва рӯзгори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ҳамроҳи мо намояндагони бисёр дину мазҳаби дигар дӯстона зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи Конститутсия тамоми мардум, новобаста аз мансубияти нажодӣ ва диниашон, шаҳрвандони баробархуқуқи ҷомеаи дунявии мо мебошанд ва созмонҳои динӣ бояд қонунҳои амалкунандаро риоя карда, ба сиёсат дахолат накунанд. Бояд гуфт, ки дар бисёр мамлакатҳои исломӣ фаъолияти ҳизбҳои динӣ манъ кар­да шудааст.

Ҳоло дар ҷаҳон бисёр роҳбарони шӯҳратталаб пайдо шудаанд, ки минбарҳои гуногунро барои ба истилоҳ, "ҳимояи ислом" истифода мебаранд. Дар робита ёдовар карданӣ ҳастам, ки Президенти мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 дар баромадаш аз минбари СММ гуфта буданд: "Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон кӯшиши баъзе доираҳо гузоштани аломати баробар миёни чунин таҳдидҳои ҳалокатбор, мисли тер­роризм ва ифротгароӣ ва дини мубини ислом ба мушоҳида мерасад. Чунин тафсир моҳияти сулҳдӯстонаи исломро таҳриф мекунад ва дар назари ҷомеаи ҷаҳон ин дин ҳамчун манбаи бадию зӯроварӣ менамояд, ки бо ҳамин нисбати тамоми ҷаҳони ислом ҳисси танафурро бедор карда, беихтиёр равияҳои фашистии навбаромад ва шовинистиро дастгирӣ ме­намояд. Ман бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки амалиётҳои террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони сангдил ва бераҳме мебошанд, ки ташнаи қудрати сиёсӣ ё ба даст овардани сарват буда, моҳиятан бо дини мубини ислом ягон умумияте надоранд". Президент ин суханонро аз минбари баланд вақте иброз дошт, ки дигар роҳбарони сиёсӣ ҷуръат накарданд, то барои ҳимояи ислом сухане бигӯянд.

Ба фикри коршиносон пешравони динӣ бояд ба ҷомеа дар мустаҳкам кардани пояҳои маънавию ахлоқӣ кӯмак расонанд. Динро аз таассуб бояд фарқ кард. Вақте дини мубини исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, мафкураи шаҳрвандон низ нисбати дини мубини ислом дигар мешавад. Он ҷавононе, ки риш мондаву пайрави ин ё он равияву мазҳабҳо мешаванд, бояд донанд, ки асли ин ҳама тоату ибодатҳо шинохти Худованд аст. Худовандро бояд бо дил шинохт на бо симову рафтор. Имрӯз ҷавононе, ки дар пояи дур аз ҳақиқат ҳизби Исломро ягона сипари боадолат ва ҳифзкунандаи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии мардум медонанд, сахт хато мекунанд. Чунки Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва тӯли садҳо сол худи шаҳрвандон асолати Исломро кайҳо дарк кардаанд.

Чун дар меҳвари дини мубини Ислом инсон меистад, ҳамаи таълимот ва нишондодҳои он ба инсоният ва зиндагии шоистаи фарзандони одам равона карда шудааст. Дар ин замина нақши масъулият ва ӯҳдадориҳои падару модар нисбати ояндаи фарзандон, таълиму тарбияи онҳо дар оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ ба хубӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Дар сураи «Луқмон» омадааст:

«Вақте ки гуфт Луқмон ба писараш ва ӯ панд медод фарзандашро: гуфт: Эй писаракам, ба Худо ширк маёр. Чунки ширк гуноҳест бузург.

Эй писаракам, агар гуноҳи ту баробари донаи қаланфур бошад, дар осмонҳо карда бошӣ, ё ки дар замин Худо пешат меорад (дар охират). Чунки Худо  нозукбину бохабар аст.

Эй писаракам, сабр кун ба сахтиҳое, ки ба ту мерасад. Чунки инҳо аз корҳои муҳиманд. Ва турш макун рўятро ба мардум ва дар рӯйи замин мутакаббирона роҳ нагард. Чунки Худо дӯст намедорад ҳар мутакаббири фохирро. Мутавозиона (хоксорона) роҳ рав ва овозатро нарм кун. Албатта, бадтарини овозҳо овози харон аст.

Ҳадисҳои  Пайғамбар (с) бошад, дар масъалаи таълиму тарбия  мефармоянд:

«Арзишмандтарин чизе, ки падар ба фарзанд медиҳад, тарбияи хуб аст, фарзандони худро эътироф кунед ва онҳоро тарбияи хуб диҳед,  фарзандон ва аҳли хонаводаи худро дар аз нигоҳи маънавӣ омӯзонед ва тарбияи некӯ диҳед.

Умедворем, ки ҳар нафари ҳушёр, огоҳ ва дилсӯзи миллат роҳи ростинро худ интихоб мекунад. Роҳи рост ин ҳамон роҳест, ки пешвои миллат моро ба фардои дурахшон мебарад.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар таҷрибаи давлатдории миллӣ ба хотири таъмини амнияти давлат бо талош ва корбариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ барқарор ва зиндагии шоиста ба мардум таъмин гашт. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардумро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват мекунанд. Бояд эътироф кард, ки сарвари хирадманди давлатамон пеш аз ҳама худ ватандӯсту ватандори ҳақиқӣ ҳастанд. Чунончи  Пешвои миллат дар баромади худ иброз доштанд: «Вақте  мо ватандустӣ мегӯем,  пеш аз ҳама муҳофизати Ватан  ва тамомияти арзии  кишварро  дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар як  шаҳрванди  некхоҳ ва ҳар  тоҷики  ватандӯст аз хурд то бузург  афзуда  ва дастовардҳои  истиқлолият  ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин  Қувваҳои  мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Имрӯз вазифаи ҷоноҷони ҳар яки мост, ки ҷиҳати пешрафти мамлакатамон ҳар лаҳзаву сонияҳо андешида бошем. Зеро бегонае ғами тарақӣӣёти миллат, беҳбудии зиндагониамонро ба ҷуз мо намеандешад. Ба ҷуз худи мо ва сарвари фархундамиллати давлати мо. Маҳз ба ҳамин хотир, тавре ки модарамонро аз ҳамаи оризаҳо эмин медорем бояд Ватанро низ чунин гироми дошта онро ҳифзу ҳимоя кунем. Ба он хотир, ки Ватан низ ба мисоли модар басо муқаддасу гиромист ва пос доштани он ҳифозат аз чашми бадбинон фазифаи мост нангу номуси ватандории ҳар як ҷавонмарди худогоҳу масъулиятшинос аст.

Моро мебояд, ки миллату мардуми замоне азияткашидаи худро минбаъд сахт эҳтиёт намоем, қадри имрӯзи озодиро дониста, барои пойдории он заҳматҳои софдилона кашем. Нагузорем, ки он ба ихтьиёри бегонае монда, ба харобазори асри гузашта мубаддал гардад. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, ҳоло ҳама экстремисти диниро, ки бадхоҳон эътироф менамоянд,  барои пояндагии суботи кишвар маҳкум менамоем. Халқи мо тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият  ҳастанд ва дар муттахидии якдигар онро қувваи душманони Тоҷӣкистонро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо халал таҳдид менамояд.

Бояд зикр  кард, ки  ҷавонони мо  сафҳои  артиши  миллиро натанхо  ҷои адо  кардани  қарзи  фарзандӣ  ҳамчун  мактаби  камолоти инсонӣ ва  шуҷоати  мардонагӣ ҳисоб мекунанд.  Зиддияте, ки ҷавонписарон ва коркунони соҳаҳои  дахлдор алайҳи  душмани  Ватан  шуҷоату мардонагӣ нишон додаанд, ин аз шуҷоату мардонаги  омӯхтан,  мақаддастарин  арзиши  ҳаёт,  дӯст доштан  ва содиқона  муҳофизат  кардани хоки Ватани азиз  шаҳодат  медиҳад. Ин аст қарзи инсонӣ, нангу  номуси ватандорӣ.

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд         

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмиллалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои сари вақт дар амал татбиқ шудани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад.

Вобаста ба татбиқи амалии дастури Сарвари давлат дар кишвар чандин Барномаҳои давлатӣ рӯи кор омада, санаи 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

   Ҳадафи асосии стратегияи мазкур ин пеш аз ҳама ҳушдор додани ҷавонон аз оқибатҳои ногувори шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад. Баланд бардошани дониши сиёсӣ, ифтихори миллӣ ҳадафҳои дигари стратегия маҳсуб меёбад, чунки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи мо низ тадриҷан фарҳанги бегонапарастӣ рушд намуда, бар асари он наврасон ва ҷавонон ба равияву ташкилотҳои эктремистии аз хориҷи кишвар дастгириёфта шомил гардида, аз ҳар як имконият фарҳанги динии худро нисбат ба дигарон боло гузошта, баҳри мутеи иродаи худ кардани атрофиён ва ба ин васила пайдо намудани обрӯю нуфӯз мубориза мебаранд.

Мақсади ягонаи равияву ташкилотҳои эктремистӣ бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият ва аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ба ҳисоб равад ҳам, саркардагон ва аъзоёни он ҷавонону наврасонро дар аввал ба гумроҳӣ андохта, мафкураи ҳанӯз ташаккулнаётаи онҳоро фосид гардонида, онҳоро мутеи иродаи худ мегардонанд.

Бояд зикр намуд, ки ангезаи аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои мазкур содир намудани ҷиноят дар заминаи андешаҳои ифротгароёнаи динӣ, паст будани маърифтии динӣ, тарғиби бартарии онҳо аз нигоҳи муносибаташон ба равияҳои гуногуни дини Ислом маънидод карда мешавад.

Бар асари ин гуфтаҳо, давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои худашон ба созмонҳои террористию экстремистӣ маблағгузорӣ ва бо яроқ таъмин мекунанд, ки ин боиси аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди бовиҷдони ҷомеа бояд тамоми кӯшишу неруи худро барои некӯаҳволии хонаводаи худ, дастгирии наздикон ва ободию тинҷии кишвари худ равона созад. Аз баъзе мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашуда, бо як иродаи қавӣ пайваста дар пайи кори хайру нек шуда, дар ҷамъият соҳиби обрӯи арзанда гардад. Нисбат ба мушкилоти дӯстону наздикон низ бетафовут набуда, оид ба гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошанд. Аз роҳи нодуруст баргардонидани як шахс ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ӯ ин худ саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва рушди ҷомеа, инчунин саҳм гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, нисбат ба терроризму экстремизм бетарафӣ намекунад. Вобаста ба ин, дар ин самт як қатор қонунҳо қабул гардиданд. Ба мисли Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона”, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ). Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм мебошад.

“Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” идомаи ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ буда, ҳар яки моро мебояд, ки бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсиву динии донишҷӯён, мубориза зидди ғояҳои ифротгароёна, равияҳои тундрав ва муқобилият ба экстремизм, бедор намудани ҳушёрии сиёсӣ ва боз ҳам қавитар намудани дониши сиёсии донишҷӯён кӯшиш ба харҷ диҳем.

Тоҳиров Т.И., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Миллати тоҷик аз қадим дорои арзишҳои олии маънавию фарҳангӣ буд. Гузаштагони мо, аҷдодони мероспарвару ростқавлу боиродаи мо ҳамаи он арзишҳои олии миллатамонро барои мо меросхӯрон бидуни камбудӣ оварда расонидаанд. Пас ҳамаи мо вазифадорем, ки онро ба ояндагон мерос гузорем. Зеро ин ҳамаи анъанаву урфу одатҳо ва муқаддасот як нишон аз ҳастии миллати тоҷик буд ва то абад чунин боқи хоҳад монд.

Албатта ҳар як фарди банангу номуси миллати тоҷикро зарур аст, ки содиқи ному нишони худ, содиқи Ватан – Модар бошад. Зеро ягона ва азизатарин ҷои муқаддас барои ҳр яки мо ин Вата наст. Хосатан ватани тинҷу осоуда ва соҳибистиқлол.

Чанд сол қабл, аниқтараш соли 2015 давлату Ҳукумати кишварамон ва мақомотҳои дахлдор фаъолияти ғайрисозандаи чанд ташкилотҳои ифротгарро таҳти сарпарасти ва роҳабарии собиқ ҳизби наҳзат, ки дар Тоҷикистон фаъолият менамуд фош намуда, онҳоро боздошт карданд. Сипас давлату Ҳукумати кишвар ва ҳатто Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъи қарор доданд, ки фаъолияти чунин ҳизб бояд қатъ карда шавад, вагарна чунин амалҳоли ифротгароёна ҳар лаҳза дар кишвар аз дасти ин носипосон сар заданаш мумкин аст. Ба ҳамин хотир тамоми мардуми истиқлолпарвари Тоҷикистон пайрави ин ақидаҳои ватандӯстона ва башардӯстонаи Пешвои миллат шуда, ба фаъолияти террористонаи наҳзатиҳо нуқта гузаоштанд . аммо ин ҳама бадкориву бадсиришта ва ба чунин амалҳои паст, натиҷабардори фаъолияти онҳо барои эшон дарси ибрат нашуда, онҳо тарки Ватан намуданд. Ва ба замми ҳамаи ин одатҳои ғайриинсонӣ, бӯҳтонангезию ҷудоиандозӣ ва иғвогарии худро то кунун аз давлатҳои хориҷи истода ба роҳ мемонанд.

Дар ҳақиқат ба чунин ақидаҳои пасти онҳо аз як тараф раҳми кас меояд, ки худро эшон қурбонии ҷаҳолати хоҷагони хориҷиашон намуда, ба хотири манфиати он нобакорон манфиати худ, оилаи худ, падару модари худ ва манфиати миллии худро паст заданд. Лаънат ба чунин нафароне, ки боз ҷавононро аз роҳи рости зиндагони бо ақӣдаҳои ба қавли худашон «исломпарварон» - а бароварда истодаанд.

Амалҳое, ки наҳзатиҳо бар зидди марудмони миллати тоҷик карда буданд ва то ҳол мекунанд, ҳатто ба дараҷае аз доираи инсонгарию одоб беру наст. Зеро он нафаре, ки фикри модари пир ва фарзанди бегуноҳашро намекуннад фарқе аз дигар ҷонварон надорад.

Аслан падару модар бо сад уммеду орзуҳо фарзандонашро бо меҳанату заҳматҳои шабонарӯзи ба воя мерасонад. Уммед мебандад, ки рӯзе дар дами пири асоси дасташ бошаду нигоҳбони зиндагониаш шавад. Аммо бархеи онҳо ҳатто пас аз ба воя расидан фикри волидайн яктараф, ҳатто фикри ҷони ҷавони хешро намекунанд. Аммо сад ҳайфи зиндагии ин ҷавононро атрофиён дарк мекунанд, ки  аз дасти кадом нохалафу беадаб ин ҷавонон қурбонии майдонҳои ҷангу ҷидол мешаванд.

Хоса аз ҳамаи ҷавонону мардумсони тоҷик илтимос дорам ва хоҳиш мекунам, ки ба қадру қиммати худ, атрофиён ва миллати худ расанд. Ба  онҳое, ки ба атрофиён зарар мерасонанд, насиҳат кунанд, ки чунин амалҳои зишт аз доираи одоб беру наст ва тарбияи дигаронро низ бетаъсир намегузорад. Ба ҳамин маънӣ гузаштагонамон беҳуда зикр накардаанд, ки : «Адабро аз беадабон омӯзед». Ба ақидаи ман хело хуб мешуд, ки ҳам аз беадабон адаб омӯзанде ҳам онҳоро аз чунин хислатҳои бад раҳо созанд.

Ҳамроҳ Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама унсури муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Таҳти мафҳумҳои зодгоҳ, диёр, кишвар, сарзамин, Ватан-Ватанпарастӣ ифода мегардад. Унсурҳои дигари тарбия бо ҳамин унсури тарбия иртибот дошта садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш ифода менамояд.

Замони истиқлолият давраи сифатан нави фаъолияти ҷавонон ва наврасонро дар самти таҳким бахшидани пояҳои маърифативу ҳуқуқӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, тарбия намудани шахсиятҳои донишманду ватандӯст вазифаи аввалиндараҷаи маориф ва созмонҳои идеологӣ ба шумор меравад. Ба хусус, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангии миллат яке аз самтҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тарбия ватанпарастӣ дар асоси самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

-омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, ки он дар дарк намудани хусусиятҳои маърифатии сарчашмаҳои илмию таърихӣ, инкишофи маданият, дарки моҳияти Ватан, тақдири он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсиятҳои маъруф, омӯзиши таърихи ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули сифатҳои масъулияти ҳарбӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баҳри ҳимоями ватани худ аз хатархои берунӣ, дарки хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаву суннатҳои мардуми худ ифода меёбад;

-муҳофизати муҳити зист, ин самт бештар ба тарбияи экологӣ такя мекунад ва дарки ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии корҳои экологиву маърифатиро аз қабили ободонии мавзеъҳо, риояи тозагӣ, кабудизоргардонии гирду атроф ва ғайраро ифода менамояд;

-ташаккули ҳисси миллӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, ки он

сарчашмаҳои худро аввалан аз муҳити оила ва сипас аз ҷамъият мегирад;

- ҳиссиёт ва муҳаббат ба миллат, анъана, Ватан ҳамеша аз оила оғоз ёфта, дар зиндагӣ дар ҷамъият ташаккул меёбад;

-сиёсиву ҳуқуқӣ, ки он ташаккули дарки ӯҳдадориҳои конститутсионӣ ва ҳарбӣ, ҳодиса ва равандҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат, сиёсати ҳарбӣ, қоидаҳои ҳарбӣ, мавқеъ ва нақши Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми сиёсии ҷамъият ва давлатро дар бар мегирад;

-байналмилалӣ, ки ин самт ба тарбияи арзишхои миллӣ, садоқат ба ватан ва миллат, тарғиби ифтихори миллӣ, дӯстии халқҳо, сулҳпарастӣ, гиромидошти забони давлатӣ, маданият, таъриху фарҳанги миллат равона карда мешавад.

Дар «Консепсияи миллии тарбия» таъкид шудааст, ки: «Рушди минбаъдаи кишвар ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу зебопараст, фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мунтазам тавсия медиҳад, ки донишҷӯён, ҷавондухтарону ҷавонписарон бештар ба маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ ҷалб карда шаванд, то ки барои муаррифии истеъдоди худ дар дохил ва хориҷи мамлакатамон имконияти бештар ба даст оранд. Ҳадафи Пешвои миллат аз ин ташаббус дар он аст, ки ҷавонон барои зуҳури истеъдоду маҳорат, ба таври васеъ амалӣ гардонидани нақша ва имкониятҳои худ монеъаеро дар зиндагии худ эҳсос накунанд ва ҳамеша озоду муваффақ бошанд.

Ҷавононе, ки воқеан ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд.

 

Абдуллоева Ҳ.Р., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Гиромӣ ва пос доштани марзу буми Ватан, муқаддасоти миллӣ пеш аз ҳама дар ихтиёри ҳар як ватан дор аст. Вагарна аз дасти нохалафе  ҳар минтақаи обод ба харобазор мубаддал шуданаш мумкин. Мардумони миллати тоҷик ба хотири амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва ягонагии мардумонаш ҳамеша сулҳҷуёна талош менамояд. Ва албатта ин як омили пешрафт ва дар тамоми олам шинохта гардидани миллати мо буд. Аммо бояд зикр кард, ки дар ҳр давру замон ҳар ҳалқу миллат дорои душманони хоинон гаштааст ва ҳатто таърих онро исбот менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои несту нобуд сохтани решаи ин нобасомониҳо бояд бохирадона мубориза бурд. Агар хирадмандиву шуҷоати нафарони ватандӯсту ватанпарварон намебуд, ҳанӯз миллати тоҷик дар айёми сар задани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрванди завол меёфт. Алабатта ҳамаи мо бо номи он қаҳрамонони шуҷову далери миллатамон ифтихор дорем ва аз корномаҳои онҳо дарси ибрат мегирем. 

Ватан ҷои муқаддас ва сарзамини зебоманзари ҳар тоҷику Тоҷикистонӣ аст ва ҳифзу ҳимояи он низ маҳз дар дасти онҳое мебошад, ки соҳибони аслии ин ватананд. Зеро мо набояд ба умеди онҳое шавем, ки танҳо аз дасташон вайронкориву нотинҷкунӣ меояд. Баракс мо бояд ҳамаи он амалҳои бадкирдоронаашонро маҳкум намуда, онҳоро тарбияи ватандӯстӣ диҳем.

Миллати сохибистиқлолу сохибиқболи тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат, сарвари кордону оқил,  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз роҳу равишеро барои пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба хар гуан ташкилотхои ифротгар ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кўшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азази худ  хидмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба СММ ва ба сомонахои ташкилкардаи худ Вomdod.tj? Рayom. net  ва ба монанди инхо ба тамоми ҷаҳон даъвои беҳуда аст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон таъқиб нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ва ё ашхос раво надидааст.  Баръакс мардум имрӯз ҳушдор гашта, аз нооромии давлатҳои араб ба хулоса омада, худро аз ҳизбҳои динӣ канорагирӣ карда истодааст.

      Вобаста ба гуфтахои дар боло зикршуда иброз медорам, ки бояд хар як фарди худшинос пеш аз хама ватани худро дуст дошта онро пос дорад. Зеро мустакилияти миллати мо ба осони ба даст наомадааст. Ба хотири пойдор гардонидани озодию субот дар кишвар хамаи мо худро аз чунин хоинону нобакорон канор гирем. Ҳанӯз фоҷиаи даҳшатбори асри гузаштаро фаромӯш насохтаем, ки имрӯз ин падидаҳои бегона дар ҷомеа бо ном гурӯҳҳои тундрави террору ифротӣ ба зиндагии орому тинҷи мо таъсироти манфии худро расонида бо ҷангу ваҳшонияти ташкилоташон мардумро ба таҳлука оваранду взъияти осоиштаи мамолики моро муташанниҷ созанд.

 Қаюмова С. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тоҷикистон тўли карнҳои бешумор аст, ки арзи ҳастӣ дорад. Тоҷикистон сарзамин камзамин кишвари зебою биҳиштосо ва ватани сулҳу осоиштаву дустии халқҳост. Тоҷикистон мардумони тоҷдореро дар иҳотаи худ гирифтааст, ки ҳамеша сарсупурдагони миллатанд. Аз онҳое, ки роҳи хиёнат ба ватану ватандор ва бевафоӣ нисбат ба арзишҳои олии зиндагӣ  пеш гирифтаанд,  ҳамеша дури ҷуста эшонро низ барои баланд бардоштани ҳисси ватандўстиашон тарғиб менамоянд. Зеро намехоҳанд, ки ҳаёти душманони миллӣ ҳам бошанд барбод раванд, чунин эҳсоси башардустӣ нишони тоҷики тоҷдори ҳар кадоми мост. Бале, ҳар як шаҳрванди боору номуси миллатро зарур аст, ки барои аз ватан ҳалокат бор баровардани бархе ҷавонони гумрохшуда чораву тадбирҳои ҳалталаб андешанд, зеро дарди як нафар дарди ҷомеъаи муттамардини миллати тоҷик ҳисиёти баланди башардустии моро бедор намуда, моро низ дардфаромегирад. Ба он хотире, ки диди мо дарди фарзанд дарди модар аст ва ҳамаи мо фарзандони як модарем ва Ватанамон низ яктост, Тоҷикистон бошад дар зебогиву озодӣ яктову беҳамтост.

Ба ҳаммаи шаҳрвандони давру шуҷоъи кишварамон такид менамоем, ки мо модарону хоҳарон ва мазрааи мукаддасамон Тоҷикистонро аз ҳама амалҳои тафридгарои  наҷот диҳанд, ҳифзу ҳимоя намоянд.

Имрузҳо ба мушоҳида мерасад, ки давлати ҳамсоя кишвар мардуми халқии Қирғизистон низ ба соҳибистиқлоли бахтёрии миллати мо чашмао намуда, ҳар лаҳзае мехоҳад сулҳу суботро миёни кишварҳо барҳам диҳад. Аммо, онҳо боре намеандешанд, ки агар оромии мардуми мо халалдор шавад, мардумони дар сарҳади қоматдошта низ сарсону парешон мешаванд. Аз ноором кардани мардуми осоишта, чи суде мегиранд, вале ин ҳама дасисабозиву шуришандози миёни хақҳои ҳамсоя кори дастони хешону бадхоҳоне мебошад, ки дар олам ҳамеша ҷонибдори ҷангу ҷидол ҳастанд.

Миллати тоҷик ва мардумони ваҳдатии оромро бо тамоми мардумони руи олам ҳамчун халқи сулҳпарваршинохта эътироф кардаанд. Замоне, ки миллати азияткашидаи тоҷик аз ҷангибародаркуши наҷот ёфт, сулҳу осоиштаро авлотар донист, мардумони дигар давлатҳо ҳазорҳо офарину аҳсанҳо хонданд, ки иродаи қавии мо боиси ибрати онҳо гардида буд.

Ҳимоятгарон, ҷавонони азиз! Биёед, бо номи неки тоҷдори худ содиқ бошем. Марзи кишварамонро аз дасти хоинону ҷоҳилон наҷот диҳем, нагузорем, ки онҳо барои миллати мо хатар ворид кунанд.

Мансурова М.Ғ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Омӯзгорӣ аз пешаи ифтихорафзо, бошараф ва меҳварии ҷомеа буда, дар замони муосир мушкилу заҳматталаб низ маҳсуб меёбад. Устодоне, ки таҷрибаву собиқаи зиёди корӣ доранд, бо меҳнати сангин ва дар айни ҳол садоқатмандонаю ҳалол, баҳри тарбияву ба камол расоснидани мутахассисони ояндасози миллат шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, хидмати шоистаро анҷом медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ба масъалаи тарбияву дастгирии омӯзгорони ҷавон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз ҷумла, қайд намудаанд:

«... Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ба хусус, омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй эътибори аввалиндараҷа диҳанд.»

Омӯзгорони ҷавон имрӯз дар муассисаҳои таълиму бо азму ҷаҳд ва умеду ихлос ба таълиму тарбия машғуланд. Қайд кардан зарур аст, ки дар қиёс бо замони Шӯравӣ тафовут дар масъалаи кору пайкори омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ хеле зиёд аст. Дар ин ҷода ба назар мерасад, ки шароиту вазъ, имконот ва нақши замон хеле равшан ба назар мерасад. Аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии омӯзгорони ҷавон шарту шароити мусоҳид фароҳам оварда шудааст. Барои баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони ҷавон ташкил ва баргузор намудани маҳфилҳои гуногун, чорабиниҳои шавқовару пурмуфтавои берун аз дарсӣ, виктариная шабнишинҳои фаннӣ аҳмияти хоса дорад. Омӯзгорони ҷавон, ҳамзамон кураторҳои гурӯҳҳо низ ба ҳисоб мераванд ва ин вазифа бағоят масъулиятталаб буда, аз омӯзгор заҳмату кӯшиши бардавом, ҳафсалаю ғайрат ва азми иродаи қавиро тақозо мекунад. Дар ин ҷода, аз омӯзгор танҳо ҳуҷҷатдорию қайди сӯҳбат бо волидони донишҷӯён маҳдуд нашуда, вобаста ба талаби замону пешгирии кирдори рафторҳои номатлуби баъзе аз донишҷӯён бо волидайни онҳо гуфтугӯйҳои ҷиддӣ ва таъсирбахшу ҳалкунандаро анҷом медиҳанд. Дар донишкада аз тарафи раёсат барои таъмин намудани кафедраҳо бо омӯзгорони ҷавон аҳмияти калон дода мешавад. Ҳамаи кафедраҳои донишкада бо омӯзгорони ҷавон таъмин карда шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки раёсати донишкада бо сарварии директор, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода барои муайян кардани донишҷӯёни болаёқат ва дар оянда таъмин намудани онҳо бо кор дар кафедраҳо нақши калон доранд. Хурсандиовар аст, ки ҳамаи устодони ҷавони дар кафедраҳо фаъолияткунанда хатмкунандагони ихтисосҳои ҳамин донишкада мебошанд. Аз тарафи раёсати донишкада барои дастгирии омӯзгорони ҷавон корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Омӯзгорони ҷавон аз тарафи худ ҷавобан ба ин ғамхориҳо фаъолияти касби педагокии худро баланд мебардоранд. Онҳо корҳои илмии тадқиқоти худро пеш бурда, бисёрии онҳо рисолаи номзадиро дифоъ намуданд, ки барои тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳа роли муҳим мебозад.

Вақти он расидааст, ки тамоми шароитҳои мусоид барои омӯзгорон хусусан, мутахассисони ҷавон фароҳам оварда шуда, заҳмати онҳо холисони қадрдонӣ гардад, зеро ин талаби айём аст. 

Азимов Набӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд