Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад.

Ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкори кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.

Мардуми шарафманди мо дар ҳамаи  марҳилаҳои таърих барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллии хеш бо қавму қабилаҳои саҳрогарду бодиянишин талош ва муқовимат карда, дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзанди номоварашро аз даст дода, бо мушкилиҳои зиёд ба истиқлолу озодӣ расидааст.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишави мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу суботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем.(Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.)

Тоҷикистон дар якум моддаи Конститутсия (Сарқонун) эътибори махсус ва ҷидди дод, ки дар он чунин масъалаҳо оварда шудааст:

  1. Таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар қаламрави мамлакат, ки онро истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид.
  2. Фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати озодонаи ҳар шаҳрванди давлат, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоҳҳо, ҳунаромӯзӣ ва гирифтани табобати бепул дар муассисаҳои тиббӣ.
  3. Таъмини озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни давлатамон.
  4. Рӯ овардан ба асолати худшиносӣ, расму оини аҷдодӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, ки ин ҳама тавассути таҷлили ҷашнҳои таърихию миллӣ ва симоҳои оламшумул амалӣ гардид;

 

Каюмова М.Г., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд                  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад. Бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем. Маориф пешрафти нерӯи инсонӣ ва Ватан мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ин суханони Асосгузори сулњу вањдати миллї–Пешвои миллат воқеан ҳам дуруст мебошад, зеро қувваи зеҳнии насли Тоҷикистонро маорифи мамлакат рушд медиҳад ва ҳатто ояндаи давлат низ аз маорифчиён вобаста аст.

Мо огоҳ ҳастем, ки дар кишвар аз ҷониби Пешвои миллат бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ эълон шудааст. Чун омӯзгор ба андешаи он ҳастам, ки бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба воя расонида, заминаи мусоидро барои рушди ин соҳа фароҳам месозад.

Маорифи миллии мо дар даврони 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат зина ба зина пеш рафта, боиси муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид. Бо талошҳои бевоситаи Пешвои хирадманд ва маорифпарварамон ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ борҳо Парчами давлати азизамон Тоҷикистонро боло бардоштаанд. Ҳамчунин, муҳаққиқони мо рисолаҳои номзадии худро дар давлатҳои пешрафтаи Аврупо ҳимоя намуда, маорифи кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Миллати тоҷик аз қадим риёзидону олимони барҷастаи соҳаи физика, астрономия, тиб ва дигар улумро соҳиб буд, ки аз маҳсули кори олимони барҷастаи мо ҷаҳониён истифода мебаранд. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ барои илми астрономия корҳои мондагорро анҷом додаанд, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Мо бовар дорем, ки солҳои наздик донишмандони ҷавони соҳибистеъдодро дарёфт менамоем. Онҳо барои рушди илми кишвари азизамон таҳқиқоти ҷиддӣ ва муҳимро анҷом дода, хизматҳои шоён ба давлату миллати худ мекунанд.

Эълон гаштани бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ дар соҳаи маорифи кишвар бесабаб нест. Зеро баробари дигар равияҳои илм илми риёзӣ, физика, астрономия низ бояд пеш бурда шавад. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ кам гардид ва ин аз мадди назари Пешвои миллат дур намонд. Бо мақсади ҷалб ва таваҷҷуҳи насли ҷавон ва кашфи истеъдодҳои нав байни ҷавонон эълони омӯзиши бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ басо муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тоҷикистон  давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягонае мебошад, ки имрӯзҳо байни дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибситиқлол ва тараққикарадистода шинохта мешавад. Таи 30 сол бос инҷониб мамлакати азизамон соҳибистиқлол буда, сол аз сол ба комёбиҳои балантарин сазовор гашта истодааст, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик ба шумор меравад. Зеро расидан ба соҳибистиқлоли давлатӣ, бунёди давлати миллӣ, мустақилона муайян намудани дурнамои рушди кишвар ва озодона интихоб кардани роҳи давлатдорӣ кори бисёр душвор ва пурифтихор мебошад, ки барои мустаҳкам ва абадӣ мондани ин омилҳо саҳми фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомаӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин фарзанди пурифтихори миллат барои сулҳу ободӣ ва рушду нумӯи миллати куҳанбунёди худ бисёр хизматҳои шоиста намудаанд. То ки давлати азизашонро ҳамчун давлати абарқудрат дар асраи ҷаҳон  маъруф гардонанд.

      Имрӯзҳо бо сад афсӯс байни мардум гурӯҳҳое мавҷуданд, ки барои аз байн бурдани сулҳу субот ва соиҳибистиқлолияти мамлакатамон бо ҳар гуна равияҳо аз байн бурдан мехоҳанд. Ба монанди Гурӯҳи ифротгарии 24, ки мақсади онҳо барпо кардани бесару сомониҳо ва мағлуб кардани истиқлолияти дар мамлакати азизамон ба шумор меравад. Ин гурӯҳ бо ин роҳ истифода бурда  мехоҳанд, ки  ҳар гуна корҳои ношоямиро анҷом дода, маблағҳои зиёдро ба даст оранд. Онҳо бо ин мақсад  фикри бисёр ҷавононро вайрон намуда, ба роҳои худ бо ҳар гуна фиребу ваъдаҳои амалӣ нашаванда вайрон мекунанд. Бинобар он ҷавони имрӯза ба чунин суханҳои фирефтаи ин намуди гурӯҳҳо бовар накарда, ҳушёрии худ ва аҳли дӯстонро аз даст надиҳанд. Зеро ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ, соҳибистиқлолӣ ин таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, танҳо бо роҳи соҳибистиқлоли давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмиллалӣ сазовор муаррифӣ намуд. Дар умум метавон истиқлолиятро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд. Инчунин  ҳар як миллати тоҷик бояд шукрона  намояд, ки имрӯзҳо осмон софу беғубор ва сулҳу суботи беназирро комёб аст .  Ҳар  ҳар як кӯдаки миллат дар хандаю бозӣ ҳасту ҷавонон дар омӯзиши фарҳангу маданят машғуланд, ки онҳо ба ягон монеъа танқисӣ надоранд, ки ин беҳтарин дастовардҳо дар ҳаёти хар як шахс ба ҳисоб меравад.

Акбарова Н. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд          

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои ҷавону соҳибистиқлол ва рӯ ба тараққикарда мебошад,ки бо тезу тундшавии шароитҳои ҷаҳонӣ ва мураккабшавии муносибатҳои байни давлатҳо дар қатори бисёрии давлатхои ҷахон тарафдори сулҳу субот ва амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳониро хоҳон буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, амнияти миллӣ ва осмони софу беғуборро дар кишвар доимӣ таъмин намояд. Лек, Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои дунё аз таъсири имконпазири руйдоду таҳавуллоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.  Бинобар ин барои амалӣ намудани мақсадҳои давлатӣ оиди таъминнамоии бехатарии миллӣ ва амнияти мардум вазифаҳои афзалиятноки давлату миллат ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм  гаштааст, ки онро бояд мувофиқи қонунҳои қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом бояд дод. Яке аз омилхои ба ҳадафрасӣ ин ҳамкорию ҳамгироии доимӣ бо мардум оиди пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои экстремистию террористӣ мебошад. Дигар омиле, ки пешгирии ин ҳодисаи номатлубро таъмин менамояд, ин дар ҷавонон, толибагон ва донишҷӯён бедор намудани ҳисси одамдӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихор аз таърихи бою рангини аҷдодони гузашта мебошад. Маҳз раҳмдилӣ, хусусияти гуманистӣ ва қадр кардани меҳнати дигарон, ки ин хосиятҳо дар инсон аз хурдӣ дар оила ташаккул меёбанд, намегузорад, ки инсон ҳатто ба як ҷонвари зинда зарар расонад, ногуфта аз кулли мардум ва ҷамоаҳо. Дигар самте, ки боиси пешгирии ҳизбу ҳаракатҳои иғвоӣ мегардад, ин таъминнамоии аҳолӣ бо маълумотҳои ҳақиқие, ки ин гурӯҳи одамон иҷро мекунанд, мебошад. Назар меафканем ба ҳаракатҳои чандинсолаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ки худ на Ватан доранду на Модар, аз ҷумлаи худобехабаронанд, дар кори онҳо ба ғайр аз қатлу куштор, таркиш, вайронкорӣ, харобгардонӣ, ғоратгарӣ ва ба сари мардум овардани бадбахтӣ дигар ҳеч чиз мушоҳида намешавад. Дар  паи ин пардаи чунин ҳаракату гурӯҳҳо, корҳои номатлуб, чӣ гурӯҳҳо, касоне истодаанд ва чӣ мақсад доранд, бояд суоли ҳар як шахси бавиҷдону қавиирода бошад, ки қадру манзалати истиқлолияти миллиро хуб дарк менамояд. Боз роҳи дигари пешгирии ҳодисаҳои нохуши террористӣ ин пурқувват намудани сарҳади миллӣ ва амнияти миллӣ мебошад, ки нагузоранд, ки намояндагони ин гурӯҳҳои ифротӣ бо хар роҳи фиреб ба марзи хоки Ватан ворид шаванд. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии гаравидани аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва ташвиқотӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зиёдшавии хавфу хатарҳои дохиливу берунӣ ва муқобилият нишон додан ба ҳаракатҳои ифротӣ дар ин самт аҳолӣ низ саҳми худро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд гузорад ва нисбати ояндаи Ватани хеш бетараф набошад. 

Саидходжаева Дилафрузхон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Имрӯзҳо хавфи амнияти миллии Тоҷикистон ин ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад. Чандин сол аст, ки ин зуҳуроти номатлуб ҷаҳони муосирро такон медиҳад. Дар асл дар зери  калимаи «террорист» мафҳуми бесавод, беандеша, беватан бе дину мазҳаб будани шахсе фаҳмида мешавад, ки ҷисман одам метавон номиду аммо оянда надорад. Ин гуна ашхос хоини миллат ва душмани давлат буда, дар ҷамъият мавқеъ надорад ва дар охир аз беандешагии худ  пушаймон мегардад.

Терроризм зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, ба мисли қатлу куштор, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногун,  рабудани  воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.

     Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Ва мо ба хубӣ огаҳӣ дорем, ки ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш дорад.

Амалҳои ғайриинсонии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ, ки дар ҷаҳон рўз аз рўз оромию осоиштагии мардумро халалдор карданӣ мешаванд, имрӯзҳо ҳамагонро ба ташвиш меорад. Бояд тазаккур дод, ки ин ташкилотҳо бо амалҳои бешарафонаю ноинсофона ва сиёҳдилонаашон мехоҳанд мардуми осоиштаро бо ҳам ба иғво андозанд. Тухми кинаву адоватро нисбати халқу ватан хусусан, дар вуҷуди ҷавонон кишт кунанд. Онҳоро ба доми худ кашанд, раҳгум намоянд, ба кўчаи сарсониву саргардонӣ ҳидоят кунанд.

Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон бештар доман паҳн мекунад ва тақдири ҳазорҳо ҷавонон қурбони беадолатиҳо мегарданд.

Аз ин лиҳоз, тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дастҷамъона ва беамон мубориза баранд.

Бешубҳа, пешгирӣ намудани ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон назар ба рафъи оқибатҳои нангин ба маротиб фоидаовартар аст. Тарбияи таҳамулпазирӣ дар байни ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, муносибати таҳаммулпазирӣ нисбати одамон, сарфи назар аз миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ, молу мулкашон, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву фахри миллӣ ва дар ниҳоди онҳо коштани меҳр нисбат ба ватан, фарҳанг ва меҳнат вазифаи ҳар як шахси ватандӯст мебошад.

Ҷавонони мо бояд донанд, ки дин аз давлат ҷудо аст.  Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ  гардем, кӯшиши вобаста намудани терроризмро бо ислом - бо дини бобоёнамон маҳкум намоем. Барои ҳифз кардани арзишҳои миллиамон, аз ҷумла маърифати ислом  кушиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳали зистамон фаъолияташонро пеш баранд.

Ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ эътибор аввалиндараҷа диҳем, то, ки холигии мафкуравӣ дар ҷомеа пурра гардад. Пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву милли тоҷикон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури  ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.

Аз иқтидори зеҳнии олимони кишварамон истифода бурда, ба мардум, хосатан ба ҷавонон фаҳмонем, ки дар ислом  мафҳуми «террор» вуҷуд надорад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад. Бояд сидқан баҳри ба ҳадаф расидан толош варзем, ҷавонону насли наврасро аз равияҳои номатлуб ҳимоят намоем. Ҷавононро, ки ояндасозӣ миллати мо ҳастанд, аз гумроҳӣ бозмедорем

Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри равона сохтани ҷавонон ба варзиш, донишомӯзиву касбомузӣ шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд. То ҷавонону насли наврас дорои рӯҳияи баланди ақлониву ҷисмонӣ тарбият ёфта, дар зиндагӣ роҳи некӣ худро дошта бошанд ва саҳми босазои худро гузошта тавонанд, баҳри халқ ва ватани худ хизмат намоянд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо ояндасози кишваранд. 

Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерўмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар шароити печдарпечи имрӯзҳо сайёраро фарогир вазифаи ҷонии мо - пиру ҷавон, ҳар як фарди бонангу номуси миллат он аст, ки ҳама паҳлўи  ҳам барои ободии Ватани азизамон саҳми худро гузорем. Худшиносу ватандўст бошему фирефтаи ҳар гуна дасисабозиҳои хоинони давлату миллат нагардем. Чунки имрӯзҳо онҳо аз берун истода кўшиш намуда истодаанд, ки оромиву осудагии мамлакати моро халалдор созанд. Аммо бояд ҳаминро дарк кунанд, ки мо аз таърихи талхи гузаштаи начандон дури худ сабақи даркорӣ гирифтаем ва дигар фирефтаи суханҳои иғвоангезандаи ин гурӯҳҳои xиёнатпеша намешавем.

  Мо – мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз соҳибистиқлолӣ, ифтихор аз фазои озоду обод, ифтихор аз сулҳу оромии кишвар дорему  дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ шуморида, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми худро мегузорем.

Тоҳиров Т.И., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Шукронаи беадад, ки мо дар давлати соҳибистиқлол зисту зиндагони мекунем ва қадри қиммати доштани Ватанро бо шарофати ин носипосон беш аз пеш дарк карда истодаем, зеро нотавонии онҳоро дида , кас ба худ меандешад, ки бидуни Ватан чи қадар дарбадару сарсон аст. 

Маҳз ба хотири доштани ҳамин давлату ободу озод ҳар як шаҳрванди диёрамонро мебояд, ки қарзи шаҳрвандиашонро сарбаландона адо намуда, вуҷуд доштани худро ҳамҷун шаҳрванди худогоҳу худшинос ва Ватанпарвар нишон дода тавонем. Вазифаи ҳар кадоми мо он аст, ки бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ барои пешрафти кишварамон саҳм гирифта бошем. Пеши роҳи ташкилотҳои ифротгароиро, ки дар ҷаҳонӣ муосисри миллӣ падидаи нав аст, гирифта, нагузорем, ки амалҳои ваҳшиёнаву ғаразнокашон амалӣ гардад.

Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад.

Миллати мо, кишварии зебоманзари мо Тоҷикистон ба хотири ба даст овардани мустақилият тамоми талошу кушишҳояшро харҷ кардаанд, то ояндагон рузгори дурахшон дошта бошанду Ватанамон миёни  миллатҳои рӯи олам чун давлати соҳибистиқлол шинохта гардад. Шукр, ки давлату миллат ба ҳадафи худ расид. Имрӯз кишвари моро ҳамчун давлати соҳистиқлолу соҳибихтиёр ва демократи тамоми олам мешиносад ва сулҳу моро эътироф мекунанд.  Ва маҳз ба хамин хотир аҳамияти ҳастии ин сарзамин барои миллионҳо тоҷикони рӯи олам арзиши олӣ дорад. Мо бояд ҳамеша дар фикри он бошем, ки миллатамонро аз дасти хоинони аз чашми бади разилону носипосон ҳифз намоем.

Бо шукргузорӣ аз чунин зиндагии осуда, бояд қайд намоям, ки ин ҳама обрӯву нуфузоте, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Гиромидоштани он вазифаи ман, ту ва тамоми онҳое мебошад, ки бо номи тоҷикии худ бо забони модарии худ ифтихор мекуннанд.

Ғайбуллоева Д.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд                         

 

Маскани хусумати ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ-ро хабари дар шаҳри Остона барпо гардидани маҷлиси котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд аст, барангехт.  . Иштирокчиён дар бораи як монеаи муштарак дар роҳи паҳн кардани ақидаҳои ифротгароён ва ҷалби ҷонибдорон дар интернет ба мувофиқа расиданд.

Зимни вохӯриҳо афзоиши зуҳуроти терроризм дар кишварҳои ҳаммарз бо кишварҳои узви СПАД, пеш аз ҳама дар Афғонистон, ки дар онҷо вазъи «таҳқиркунандаи шаъну шараф» ба вуҷуд омадааст, дар ҳаҷми 15-20 ҳазор ҷангҷӯ мутамарказ шудааст, ки аз он тақрибан 7 ҳазор нафарашон дар қаламрави кишварҳое қарор доранд, ки бо Ҷумҳурии Точикистон ҳамсарҳад ҳастанд.

Сарҳад бо Афғонистон, ки беш аз 1400 километр тӯл дорад ва ҳамзамон сарҳади умумии берунии кишварҳои ИДМ ва минтақаи масъулияти СПАД мебошад, аз ҷониби марзбонони тоҷик мустақилона бо дастгирии машваратӣ ва моддӣ - техникии шарикони стратегӣ ҳифз карда мешавад.

Ҷонибҳо бори дигар мутмаин шуданд, ки масъалаи Афғонистон ҷиддитарин ва мушкилтарин масъалаи фазои СПАД аст. Вазъият дар музофотҳои шимолии ИНШС вусъати муомилоти маводи мухаддир, робитаи зичи Толибон ва маводи мухаддири афғон, ки амалиёти террористиро маблағгузорӣ мекунанд, ба ивази онҳо ёрии ҳарбӣ ва сарпарастӣ мегиранд, таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Вазъ дар сарҳадҳои СПАД бо баробари интиқоли ҷангиёни ба истилоҳ "Давлати исломӣ" аз кишварҳои Шарқи Наздик шиддатнок гардид. ДИИШ ҳудуди фаъолияти худро тавассути иртибот бо созмонҳои байналмилалии террористӣ(СБТ), ҷалби шаҳрвандони ИДМ ба сафҳои худ васеъ мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, беш аз 1000 зархарид аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла кишварҳои узви СПАД дар сохторҳои мусаллаҳи ДОИШ, Ҷабҳат-ан-Нусра ва дигар СБТ ҳар моҳ ҷалб карда мешавад.

Натиҷаи мулоқот имзои 11 санад ва нақшаи таъсиси феҳристи ягонаи (рӯйхати) созмонҳои террористӣ барои кишварҳои ин созмон буд. Ҳоло чунин маълумот дар як бонки маълумоти СПАД нигоҳ дошта мешавад. Пешниҳод шуд, ки дар доираи Созмон феҳристи электронии маводи иттилоотии ифротгаро эътирофшуда ташаккул дода шавад ва ширкаткунандагони ҷаласа тасмим гирифтанд, ки ҳарчӣ зудтар феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои СПАД таъсис дода шаванд. "Мо бояд ин рӯйхатро кушоем ва бубинем, ки дар кадом қаламрав созмони террористӣ пайдо шудааст ё ягон намуди фаъолияти ифротгароӣ мушоҳида мешавад."

Қаблан тибқи Қарори Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти СПАД барои мувофиқа кардани Рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда дар кишварҳои узви СПАД кори фаъол сурат гирифт. Ин рӯйхатро мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СПАД ҳангоми ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ба инобат мегиранд.

Дар феҳристи ягона дар баробари созмонҳои террористии байналмилалӣ, аз қабили созмонҳои ба ном “Давлати исломӣ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” (қаноти ҷангии ҲНИ), “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизби исломии Афғонистон”, “Ҳизб- «ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиг» ва ҲНИТниз дохил карда шуд, ки дар асоси Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Қосимова М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Дар солҳои охир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар манотиқи кишварҳои гуногун хеле афзудааст, ки ин на танҳо хатар ба малакатҳои хориҷӣ, инчунин ба давлати мо низ ба шумор меравад. Афзоиши ҷиноятҳо, ки онҳо характери террористию экстремистӣ доранд зиёд шуда истодааст, ки тамоми ҳукуматдорони кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Асоси фаъолияти ин созмонҳо бо воситаи ҷалб кардани ҷавонон бо роҳи макру фиреб оиди ваъдаи маблағҳои калон мебошад, ки он ба афзоиши терроризми байналмиллалӣ ва низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат намуда истодааст.

Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон ба хусус ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки онҳо зиракии сиёсии худро гум нанамоянд, ки ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Инчунин Ҳукумати мамлакат барои нигоҳ доштани амнияти миллӣ, рушди босуботи худ муборизаро дар ин самт пурзӯр намудааст.

Бояд қайд кард, ки терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ яке аз таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар гузошта истодааст.

Таъсири манфии ин зуҳуротро бештар пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ пай бурда мешавад. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлат, аз ҷумла мамлакати мо истифода карда ба кишвар нерӯҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба корҳои таблиғотиву ташфиқотии худ шуруъ карданд.

Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ, пеш аз ҳама иттиҳоди ҷиноятиии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Тоҷикистон, “Ҳизб- ут -Таҳрир”,равияи “Салафия”, “Ҳизби Наҳзати Исломӣ” ва ғайраҳо қарор доранд, ки ба ҳар гуна роҳҳо ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кушиш карда истодаанд.

Мақсади асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ин ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун кардани сохти конститутсионии мамлакат, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ аст.

Барои ҳамин, ҳамаи ҳолатҳои овардашуда боз моро водор месозад, ки дар ин давраи басо вазнин барои мамлакатамон зиракии сиёсии худро аз даст надода, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои беруна пешгирӣ ва ҳифз намоем.

Набиева Ҳ.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд                                                         

 

 

 Рӯзи 27 январи соли равон аз дасти низомиёни нохалафи сарҳадии қирғиз   дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи   ноҳияи Исфара боз 17 нафар сокинон ярадор ва 2 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ин амали нобахшидани мебошад. Ин куштору хунрезӣ, таҳдиду фишороварии тоҷикон аз тарафи миллати қирғиз дар марзҳои сарҳадӣ қариб ним аср идомадорад. Алалхусус дар даҳсолаҳои охирон пас аз пошхурии ҳокимияти Шурои шидат ёфта истодааст.  Агар ба таърих назар андозем бояд миллати қирғиз донад,ки ватани аждодиашон на доманаи куҳҳои Тибет, водии фарғона ва соҳилҳои дарёи Исфара   мебошад. Балки онҳо ҳамчун халқи кучманчӣ соҳилҳои дарёи Онасой ҳозира Енисей буда бо роҳбарии қаҳрамони халқи рӯс Ермак онҳоро то ба ин мавзилҳои зисташон овардааст.  Аз қадимул айён маълум аст,ки ин заминҳои Осиёи Миёна макон ва манзили халқиятҳои Ориён наҷот мебошад.

      Қирғизон бодянишин буданд мулкдорони тоҷик онҳоро ҳамчун чупон ва подабон барои нигоҳубин ва чаронидан чорво истифода мебурданд. Онҳо ягон макони зисти муқими надошанд. Барои дар замистон зиндагони кардан онҳо заминҳои ҳозира нишасташонро мулкдорони тоҷик мувақатан дода буданд. Масалан дар деҳаи Ворух дар даромадгоҳи роҳ тангӣ Ворух, ки ҳамаги аз 10 хоҷагӣ иборат буданд ҷой доданд.  

    Аз меҳмоннавозӣ ва хусусиятҳои инсонпарваронаи тоҷикон истифода  бурда дар ин минтақаҳо гӯё соҳиби манзил ҳатто талаби мулккарда истодаанд. Яъне дар ҷойҳои зисти мувақатиашон тағмаи сарҳади заданд.

Чӣ тавре,ки аён ва таърих гувоҳаст тамоми заминҳои имрӯза гуё баҳси  байни тоҷикон ва қирғизон мулки аждодии тоҷикон мебошад.

Дигар сабаби гуё муқими гаштани қирғизҳои сарҳади  тоҷик, хатоги ва дурандеш набудани  роҳбарони намудадавраи карахти мебошад, ки қирғизон истифода дар ду тарафи роҳи даромад ва баромади қишлоқро  хаймазада гуё азони худ карданианд. Ба ин мисол шуда метавонад роҳи баромад ва дохилшави ба деҳаи  Ворух ба маркази район, ки то солҳои 1970 аз  тарафи рости дарёи Исфара мегузашт  мулки тоҷикон мебошад,ки ҳатто бо мӯҳри хони Қуқанд ба мулкдорони Ворух  дода шудааст, тасдиқи худро ёфтааст, азони худ карданд. Баъд аз заминҳои бекорхобидаи Меҳнатободи имрӯзаро обшор намудан роҳбарон ба қирғизон роҳ  доданд,ки ба ҳар дутарафи  роҳ  хонаҳои истиқомати созанд, ки имрӯз садроҳи гузаштани Ворухиҳон гашта сабаби муноқишаҳо гашта истодааст.

     Ин амалҳои номардонаи ҳамсоя – қирғизҳо бо ягон қонун ва муносибатҳои  инсонӣ рт намеояд. Алалхусус ба қонунҳои башардӯстонае, ки дар соли 1864 дар комитети байналмиллалии Салиби сурх( дар давлатҳои Исломӣ Ҳилоли Аҳмар ва дигар ҳуҷатҳои нишондодашударо ба инобат нагирифта истодаанд,ки ба ин роҳбарони имрӯзаи қирғиз низ гунаҳгоранд.

 Чӣ таре, ки дар урфият мегуянд ин амали ғайри инсонаи қирғизон шаҳодати он аст,ки Сагпарварӣ ки поят гирад.  

   Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Муаммои терроризм вақтҳои охир хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳдиди созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар замони мо на танҳо барои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, балки барои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ хатари бузург дорад.

Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бахшҳои амният ва мубориза бо терроризм на танҳо бо ҳамсоягони худ, балки бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ низ фаъолона густариш додааст. Моҳи майи соли 2018 Пешвои миллат Эмомали Раҳмон бо Ҷумҳурии Беларус омодагии худро барои иқдоми муштарак алайҳи зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва ҳамчунин алайҳи қочоқи маводди муҳаддир ва силоҳ изҳор карданд.

Аммо бо вуҷуди тамоми талошҳое, ки мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ анҷом медиҳанд, ин мушкил то ҳол ташвишовар аст. Яке аз мушкилоти шадид ин дигаргунсозии сатҳи фаҳмиши динии ҷавонон мебошад, ки яке аз роҳҳои ҳали он ин васеъ намудани донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии онҳо мебошад.

Ифротгароӣ дар шакли мазҳабии худ дар Тоҷикистон омили нооромкунанда буда, барои шаҳрвандон хатарро меоварад. Экстремизми динӣ дар ҳар ҷое, ки зуҳур кунад, ҷомеаро аз фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ, амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ дур карда, ба рушди устувори ҷомеа монеъ мешавад.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ройгон пешкаш карда шуд.

Тоҷикистон барои пешрафт ва рушди ҳаматарафаи минтақаҳо диққати ҷиддӣ ва ғамхории зиёд менамояд. Ин сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва саривақти буда, бояд мутаассил тарғиб ва инкишоф дода шавад. Аз ин сиёсати иҷтимоӣ ва адолатпарварона тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷик бурд хоҳанд кард.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Бинобар ин, ягона роҳ барои бетараф намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчўбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Аюбова Фарида Азимҷоновна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 

Барои ҳар як одам барпо кардани оила хеле муҳим аст. Дар синни ҷавонӣ, ғурури ҷавонӣ ба ӯ барои дарки он халал мерасонад,аммо бо гузашти солҳо пушаймон мешавад, ки оила бунёд накардааст зиндагии зану шавҳар бояд мисли зиндагии фариштаҳои осмонӣ гардад­ин зиндагиест пур аз шоди ва лаззат  маънавӣ,зиндагиест дар ваҳдат ва ва ҳамфикрӣ, ин пайванди дӯстона, равонӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Дар хонаи онҳо бояд ҳамоҳангӣ ва назму тартиб ҳукмфармо бошад. Андеша ва орзую умеди онҳо бояд чун нурҳои офтоби ҳақиқат гарданд ва чун ситораҳои дурахшони осмон  нурпошӣ кунанд.Чун ду мурғи хушилҳон бар шохаи дарахти дӯстию рафоқат бисароянд. Барои наздиконашон бояд намунаи муҳаббати ҳақиқӣ ва самимӣ нисбат ба ҳамдигар бошанд, фарзандони худро тавре тарбия кунанд, ки шӯҳрати хонаводаашон бар ҳама ҷо паҳн шавад .

          Агар шумо як узви оилаатон ва ё ҳамватанатонро дӯст дошта бошед,бигзор ин эҳсосро шуоъҳои Ишқи беохир равшан кунад! Дар ҳар шахсе, ки сифатҳои Илоҳӣ мебинем, ӯро дӯст дорем, хоҳ аз хонаводаи худ бошад ва хоҳ аз хонаводаи дигар . Нури ишқи бепоёнро бар ҳар касе, ки дар рохатон вомехӯрад, биафканед.

Дар бораи зараре, ки аз баҳсу мунозираҳо ба оила мерасад, фикр кунед. Пас тасаввур кунед, ки чӣ файзу баракат бар хонаводае нозил мешавад, ки аъзои он дар ваҳдат ҳастанд. Агар дар он дӯстию ваҳдат мустаҳкам шавад, ба оилаи бузурги башар чӣ қадар баракату неъматҳои бешуморе дода мешавад! Дар замони мо, ки самараи неки ягонагӣ ва оқибатҳои харобиовари низоъ хеле равшан гардидааст, ба ҷаҳон воситаи барпо намудани иттиҳоди халқҳо нишон дода шудааст.

Аҳамият диҳед, ки вақте ки дар оила ваҳдат ҳукмфармост, корҳо дар он чӣ гуна ба осонӣ сурат мегиранд, аъзоёни ин оила то чӣ андоза муваффақиятноканд, дар зиндагӣ чӣ тавр обод мешаванд. Корҳояшон мукаммал аст, аз оромӣ ва осоиш лаззат мебаранд, дар амонанд, мавқеъҳояшон эмин аст ва атрофиён бар онҳо ҳасад мебаранд. Чунин оила рӯз то рӯз ободу зебо мегардад ва шӯҳрати абадии он мустаҳкам мегардад.

Агар дар оила меҳру муҳаббат ҳукмрон бошад, чунин оила нашъунамо ёфта, рӯҳонитар ва равшантар мегардад, вале агар дар он кинаю адоват бошад, ин ногузир боиси харобиву парокандагии он оила мегардад.

Барои барқарор намудани ваҳдати пойдор зарур аст, ки шахс аз майли табиӣ ба пайхас кардани хатову норасоиҳои дигарон, на аз худаш даст кашад. Ҳар яки мо танҳо барои зиндагии худ масъулем. Ҳар яки мо аз “комил будан, чунон ки Падари осмонии мо комил аст” ба дараҷаи беохир дур ҳастем ва вазифаи дар назди мо буда ки такмил додани ҳаёт ва хислатҳои худ аз мо ирода, нерӯ ва фидокориро талаб мекунад. Агар мо қувват ва нерӯи худро барои тафтиши рафтори дигарон сарф кунем, кӯшиш кунем, ки хатогиҳои онҳоро ислоҳ кунем, мо танҳо вақти гаронбаҳоямонро аз даст медиҳем. Мо мисли кишоварзе ҳастем ва ҳар кас бояд омочи худро идора карда, шудгор кунем, ва барои ростии ҷӯякҳояш ҳар кас бояд ба кори худ диққати калон диҳад.

Бештар аз ҳама  аз танқид ва ғайбат даст кашида, дар ивази он барои дарёфт ва ислоҳи ххатогиҳо ва бартараф кардани камбудиҳои худамон пайваста кӯшиш кардан лозим аст.

Насимова М.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд