Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

    Ин дастовардҳои кишварро гурӯҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрӯза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Мисоли онро мо дар фаъолияти ба ном «Гурӯхи 24» дида метавонем, ки раҳбарияшро замоне  Умаралӣ Қувватов - соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт.

Зикр кардан ба маврид аст, ки “Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил дода буданд.

Ба андешаи баъзе муҳаққиқон “Гурӯҳи 24” созмони сиёсӣ нест, балки аз чанд нафар соҳибкорони норозӣ иборат аст, ки баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчӯбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст.  Номи Алим Шерзамонов яке аз фаъолони ин гурӯҳ аст, ки то кунун дар ҷомаи созмони Паймони миллӣ фаъолият мебарад. 

Новобаста аз он, ки ин гурӯҳ сиёсист ё ғайри сиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурӯҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

    Ин дастовардҳои кишварро гурӯҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрӯза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Мисоли онро мо дар фаъолияти ба ном «Гурӯхи 24» дида метавонем, ки раҳбарияшро замоне  Умаралӣ Қувватов - соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт.

Зикр кардан ба маврид аст, ки “Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил дода буданд.

Ба андешаи баъзе муҳаққиқон “Гурӯҳи 24” созмони сиёсӣ нест, балки аз чанд нафар соҳибкорони норозӣ иборат аст, ки баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчӯбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст.  Номи Алим Шерзамонов яке аз фаъолони ин гурӯҳ аст, ки то кунун дар ҷомаи созмони Паймони миллӣ фаъолият мебарад. 

Новобаста аз он, ки ин гурӯҳ сиёсист ё ғайри сиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурӯҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар, барои некӯаҳолии тамоми мардумони ваҳдатшиор талош карда истодааст, ки ҳар чи пештар бештар миллат дар ҳоли рушд қарор гирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳои худ аз минбари Маҷлиси Олӣ ва ҳатто аз минбари баландпояи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зуҳури терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, тамоми оламро барои маҳви чунин ташкилотҳои ифротӣ даъват менамоянд.

Паймони миллии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро мухолифи асосии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дорад, доим иддао дорад, ки гӯиё дар миллати мо Истиқлолият ба маънои томаш вуҷуд надорад. Аммо ман изҳор менамоям, ки ягона боиси нороҳатӣ ва барбод додани озодии мардумон танҳо бо ҳастии наҳзатиҳо буд. Бо он ки фаъолияти онҳо барҳам хӯрд, мардум ба дараҷае дар кишвар озод ҳастанду шукронаи зиндагии обод мекунанд.

Бояд қайд намоям, ки ношукрию носипосӣ ҳеҷ гоҳ касро саодат набахшидааст. Маҳз ҳамин хоинию ҷоҳилӣ ва бераҳмии наҳзатиҳо буд, ки имрӯз онҳо дарбадару беватан, сарсону саргардон дар кишварҳои Ғарб қарор доранд. Айнан ба монанде, ки Кабирӣ ҳатто дар ҳамин баёнияи баҳсбарангези худ қайд дошт, мухолифони миллат дар Аврупо қарор доранд.

Кабирӣ ва пайравони ӯро мебояд, ки ба хотири ба ҷойи чунин иғвогариву тахрибкорӣ кӯшиш кунанд, ки ақаллан барои худ роҳи дурусту босаодатро интихоб кунанд. Зеро аз чунин найрангу иғвогариҳо танҳо ба худу атрофиён зарар расонида, нақшаи ғаразноки нафарони манфиатҷӯю нохалафонро амалӣ мегардонанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дигар мардуми тоҷик барои сар задани ҳодисаҳои нангини асри гузашта роҳ нахоҳад дод, зеро то ҳанӯзам дили модарони фарзандгумкардаву ятимони аз меҳри падару модар фориғмонда аз дард ранҷ мебинад. Мо, шаҳрвандони соҳибватану ваҳдатофар дигар ба касе иҷозат нахоҳем дод, ки амалҳои зишти худро роҳандозӣ намоянд. Ба Кабирӣ низ иброз медорам, ки ин “ҷиноҳи низомӣ”, ки асоси онро ғаразҳои нопоку ташкил медиҳад, барои барбод доданаш тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ хоҳем дод.

 

Файзиева Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

    Ин дастовардҳои кишварро гурӯҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрӯза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Мисоли онро мо дар фаъолияти ба ном «Гурӯхи 24» дида метавонем, ки раҳбарияшро замоне  Умаралӣ Қувватов - соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт.

Зикр кардан ба маврид аст, ки “Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил дода буданд.

Ба андешаи баъзе муҳаққиқон “Гурӯҳи 24” созмони сиёсӣ нест, балки аз чанд нафар соҳибкорони норозӣ иборат аст, ки баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчӯбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст.  Номи Алим Шерзамонов яке аз фаъолони ин гурӯҳ аст, ки то кунун дар ҷомаи созмони Паймони миллӣ фаъолият мебарад. 

Новобаста аз он, ки ин гурӯҳ сиёсист ё ғайри сиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурӯҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз вазъияти Украина барои дасисаю иғвои дигари Муҳиддин Кабирӣ  баҳонаи “хубе” гардидааст. Ӯ бо ҳадафи нопоки ташкили гурӯҳи низомӣ баромад мекунад. Ташкил гаштани боз ҳам “ҷиноҳи низомӣ” ин аллакай оромии Тоҷикистонро халалдор кардан маҳсуб меёбад. Дар ҳоле ки тарафдорони ақидаи нопоку ғаризаҳои нодурусти ӯ пайдо нагардид, имрӯз маҷбур гашт, ки роҳи дигари ошӯбро барпо намояд. Кабирӣ ба саволҳои журналистон ҷавобҳои мушаххас намедиҳад. Мехоҳад бо пардаи бегуноҳӣ худро бипӯшонад, як фарди ҷонсӯзи миллатро  нишон медиҳад. Вай иддао дорад, ки муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи қонун ва роҳҳои мусолиматомез идомат бояд  кунад ва таъкид медорад, ки тамоми миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳояш роҳи муборизаро пеш мегиранд. Худ қазоват кунед, ки   роҳи  муборизаву ҷангро пеш мегирад ва иғво меангезад. Танҳо силоҳро барои дифоъ ва муборизаи мусолиматомези миллат медонад.  Худ бо чашми сар дида истодаем, ки вазъияти Украина чӣ қадар бесарусомонӣ, харобӣ ва вайронӣ оварда истодааст. Халқ ҳеҷ гоҳ Кабириро дастгирӣ наменамояд, зеро ваҳдату оромиро халқи тоҷик бо ҷонбозиҳо ба даст овард ва намегузорад, ки касе онро вайрону кишварро нотинҷ созад. Зиндагии шоиста танҳо дар оромии кишвару озодии шаҳрвандонаш аст. Мо, ки дар диёри озоду ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем, аз зиндагиву ҳаёти хуррамона дилшодем ва намегузорем, ки меҳнату ҷонфидоии фарзандони ватандӯсти миллат барабас биравад.

Файзиева Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Боре Пешвои муаззами миллат дар ироаи Паёми хеш афзуда буданд, ки: «Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.»

Бале ҳама мо аз таърихи гузаштаи худ огаҳем ва хуб медонем. Ки  мардуми шарифи Тоҷикистон рӯ ба рӯ бо оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрванди гашат, чанд соли рушди худро талаф дода буд. Аммо хушбахтона ба хотири мардуми меҳнатқарину ватандӯсти кишварвамон мо бар зидди душманонамон мубориза бурда, барои ояндаи миллатамон талош намудем.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин ҳодиса ва ҷнгҳои таҳмили аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо санг рехтан ваба ин васила ҷори соҳтани мазҳабу фарҳанги бегона ва омезиши он бол дину мазҳаби давлатҳои арабу гарб чунин нобасомониҳоро ташкил карда буданд. Мутаасифона дар талотуми ин ҷанг давлати мо талафоти ҷонии зиёде дид. Ҳайфо, ки ҷавонону калонсолон қурбонии бозии он тамаъхӯрон гаштанд. Охир ин беандешогону бехудоён боре фикр накарданд, ки ҳамаи онҳо фарзанд буданд, падар буданду модару ёру бародар буданд.

Аз тарафи дигар Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз роҳи рушду такомули миллив уфарҳанги қариб даҳсолаҳо ақиб гузошт ва мардумони тоҷикро маҷбур бьа он сохт, ки ин вайрониҳородубора барои ба сомон даровардан оғоз намоянд.аслан беҳуда дар урфият намегуянд, ки кӯранмакон намакро ҳурда ба намакдон пуф кардаанд. Айнан наҳзатиҳо ва дигар ташкилоту гурӯҳҳои ифротгар сабаби ҳамаи ин муташанниҷиву бесариҳо гаштанд, ки марудмони бечораи миллати тоҷик то ҳатто ба марзи афғон гузашта, барояшон паноҳгоҳ ҷуста буданд.

Маҳз ба тафайли ҷоннисориҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат, ҳамаи оқибатҳои ин ҷанги хонумонсӯз бартараф ва ҳамаи фирориёну парешонгаштагон дубора ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳамаи онҳо ҳатто дар давлати ҳамсоя низ дар чуинн нобасомониҳо дучор шуда, озобу машаққатҳои зиёде кашидааанд. Боре тариқи оинаи нилгун шоҳиди маърузаи пирамарде шудам, к ибо оби дида иброз мекард: «Вақте тавассути расонаҳо эълони соҳибистиқлолии ватанамон, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳро расонаи намуданд, шодиҳои пиру барноро ҳадду канор надошт.» бале дар ҳақӣқат ба даст овардани Истиқлолият ин орзуи пиру ҷавони миллати тоҷик буд. Ҳоло бошад ҳамаи он шаҳрвандон дар Ватани худ таҳти фазои осмони беғубору софи кишварвашон бидуни хавотири сарҷамъ бо аҳли оила умр ба сар мебаранд.

Хушдил Бобоҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

        

Дар замони пурталотуми муосир ду навъи ҷанг ба амал оварда мешавад: ҳарбӣ ва иттилоотӣ. Ҳарбӣ муборизаи кушоди тан ба тан буда душман бевосита маълум мебошад, вале дар шароити кунуни дар ҳоли тараққии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ҷанги иттидоотӣ хело авҷ гирифтааст ва он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба чашм барало мерасад ва аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Чунончи мусоҳибаи Радиои Озодӣ ба мухолифини гурезаи тоҷик  М. Кабирӣ исботи гуфтаҳои боло мебошад. Аз таҳлили фазо мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.  

Ба хотири нигаҳдошти амният ва пешгирии ҷанги иттилооти зиракии сиёсиро на бояд аз даст дод

 

Темурхуҷаев А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Таҳти сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати тозаистиқлол, дунявӣ ва демократӣ шинохта шудааст. Ва ин ҳама пешравию рушди кишвар ва обрӯӣ он пеш аз ҳама ифтихори ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат аст. Албатта ҳар яки мо дӯтсдорони ватанем ва аз ақидаҳои ояндабинонаи сарвари давлатамон ибрат гирифта, ҳисси ватандӯстиамонро тақвият мебахшем. Зеро хуб дарк мекунем, ки Ватан барои яки мо макони муқаддаст аст, то ба дараҷае муқаддас, ки онро ҳамрадифи модар гузоштаанд.

Бале оне, ки ватандӯсту ватанпараст аст, намегузорад, ки каси бегонаи ифротгаре хоки ватани ӯо пахш кунад ва оромиши марудмонашро таҳдид намояд. Ҳамаи мо ворисони арзандаи Сомонии бузург ва Эмомалӣ Раҳмони қаҳрамон ҳастем, зеро корномаҳои онҳо аз ҳар як шаҳрванди соҳибҳуқуқи кишвар тақозо менамояд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии худро афзун намоянд. Хушбахтона мардумон имрӯз ин рисолатро хубу амиқ дарк намуда, паи рӯзгори ободу зиндагии пурнишот мегарданд ва василаи ин ҳама саодату соҳиби Ватани обод будани худро дар маърифати сиёсии ҳамаи шаҳрвандон мебианнд.

Таъмини суботи ҷомеа ва ягонагии марудм имрӯз дар кишвари мо дар дараҷаи аълост. Ҳатто замоне, ки миллати ҳамсоя марудмони қирғиз барои нооромми байни ду давлат дар сарҳад муноқишаву шӯру ғавғо бардоштани шуданд, миллати тоҷик бо хирадмандиву адолатпарастӣ роҳи сулҳу оштиро пеша наумданд. Ин ҳама ҳамдигарфаҳми кардан танҳо ба хотири тарсу ваҳмро аз дилу дидаҳои мардумон дур кардан буд. Ва аз тарафи дигар ин, ки марудми тоҷик дар ҳақиқат сулҳҷӯву ваҳдатпарастанд.

Ҳатто замоне, ки сулҳ миёни мардумон дар асри гузашта танинандоз гардид, аксарият давлатҳои рӯи олам ба сулҳпарастиву       сулҳҷуии марудмони тоҷик аҳсанту офаринҳо хонда буданд. Аммо дар ҳамаи давру замон миллати тараққикардаи тоҷик аз ҷониби бархе бадбинон дар таъсири махсусе боқӣ мондааст, ки ин таъсиррасоннандагон намояндагони хоинони миллат ҳастанд. Онҳо ҳамеша мехоҳанд, ки Истиқлолияти давлатамон барбод рафта сулҳро ба ҷангу ҷидол табдил созанд. Ақӣдаҳои бегонапарстию ҳурофотиро дар байни мардум ҷо наумда, мардумфиреби мекуаннд. Вале дар асл таҳдидҳои онҳо нисбати миллату мардуми мо беасос буда, он танҳо всилаи амалҳои ифтрогароёнаашон мебошад.

Хушдил Дадоҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

        

“Паймони миллӣ” бо саркардаи худ аз тарафи оппозитсия ин қадар ноодамед, монед халқи азияткашида акнун як бурда нонашро ёфта хӯрда истодааст, дар давлати сулҳофарин таҳти роҳбарии Ҳукумати имрӯза, давлати осоишта дорад.

Мардум кайҳо фаҳмиданд, ки мақсади оппозитсия чӣ асту чӣ мехоҳад.

Магар, аз ёдат баромад сентябри соли 2015, худат ҷонатро халос кардӣ, ҳаммаслаконат бо нафрат аз ту барин хоин ҷон супориданд, фарзандон хешу табори онҳоро ҳукумати имрӯза пуштибон аст. Ту намур, умри дароз бин, аз дастовардҳои мо азоби руҳи каш, ҳар соату ҳар дақиқа худро мурда ҳисоб кун,  бонг зан, лекин сухани ту ба миллати меҳанпарсти тоҷик таъсир надорад. Ту ва лошахӯронат ҳоло ҳам умед доред, не халқи ман, миллати ман дигар роҳгум намешавад, ту бо муллоҳову пасмондахӯронат наход ҳоло ҳам умеди ислоҳи сохторӣ дошта бошӣ.

Фикру хаёли хаёли ту барин роҳбарони аксар нерӯҳои мухолифини хориҷ ҳоло ҳам корҳои ҷиноятиро ба роҳ монданмӣ?

Кадом давлат муҳоҷир надорад, ба муҳоҷирон чӣ кор дорӣ, дар давлати озоду демократии сулҳофарин  дар куҷо бошад кору фаъолият мекунад ин миллати меҳнатдӯст.

Заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки садҳо ҷавонони роҳгумзадаи кишвар, ки дар муассисаҳои ғайриқонунии динии давлатҳои  хориҷа таҳсил мекарданд, ба ташкилоти ту барин хоин нафаҳмида шомил буданд хатогиҳои худро фаҳмиданд ба Ватан баргардонида шуданд.

Шукр мекунем, “ягон нафар фаъолро дар дохили кишвар озод намебинам гуфтӣ”, чӣ фаъол, чӣ коргар, чӣ номдор озод дар зери Парчами Тоҷикистон зиндагии осуда дорад, медонем, ҳоло ба он дараҷаи давлатҳои мутараққӣ зиндагии шоиста надорем, лекин осмони софу беғубор, сулҳу ваҳдат дорем, меҳнат мекунем, ба ту барин лаққиҳои тарсу гӯш намекунем.

Темурова Х., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дастовардҳое, ки кишварамон таҳти сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, заҳмати мардуми меҳнатдӯсту созанда дар ин солҳо ба даст овард, воқеан ҳам бузургу таҳсинофарин мебошанд. Аммо боиси афсӯс аст, ки баъзе нотавонбинон, душманони миллат, пайравони ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки мақоми қонунгузории кишвар барои амали ғайриқонуниашон фаъолияти онҳоро дар ҳудуди кишвар қатъ намудаст, дар хориҷа бо дастгирии молиявии ҳаммаслаконашон ин тараққиёту пешравии даврони истиқлолро нодида гирифта, бо ҳар гуна тӯҳмат ва бӯҳтон зидди давлату миллати соҳибистиқлоламон созандагӣ мекунанд.

Маҳз чунин нафарони нотавонбин буданд, ки бо кинаву адоват ва бадхоҳии хеш даҳсолаи охири асри 20 бо ҳамдастии ҳаммаслакони хориҷиашон Тоҷикистонро ба майдони ҷанги бародаркушӣ табдил доданду худашон аз Ватан фирор карда, дар хориҷи мамлакат қарор гирифтанд.

Яке аз чунин нафарон собиқ раиси ҲНИ М. Кабирӣ, ки нисбаташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудаасту дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Номбурда бо ҳамроҳонаш дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, ба тавре худро ҳомиёни демократия мешуморанд ва кӯшиш мекунанд, ки бе далел давлату ҳукумати кишварамонро бадном созанд. Онҳо иштирокчии баъзан ҳамоишҳои амалан беқурб бо даъвати баъзе аз кишварҳои Осиё ва Амрико низ мебошанд. Аз ҷумла, яке аз чунин ҳамоишҳо бо иштироки М. Кабирӣ ин конфронс-ҳамоиши «Ваҳдати уммат», мебошад, ки дар Малайзия аз тарафи Иттиҳоди байналмиллалии уламои исломӣ баргузор шудааст, бозгӯи он аст, ки номбурда ва ҳаммаслаконаш аз хориҷи кишвар истода фитнаҳои навро барои парокандагии халқи тоҷик рӯи кор оварда истодаанд.

Пӯшида нест, ки ин хоинони Ватан аз дастовардҳои 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нороҳат ҳастанд ва аз баланд шудани обрӯи кишварамон дар ҷаҳон дар ҳаросанд. Ин аст, ки барои бадном намудани кишвар дигар далеле наёфта, маҷбур шудаанд дар назди ҳаммаслаконашон нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари он тӯҳмату ҳарфи дурӯғро бароранд.

Маълум аст, ки коргардони ҳамаи бадкориҳои зидди давлату роҳбарияти ватани азизамон дар хориҷи кишвар роҳбари ҳизби дар ҷаҳон мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ М. Кабирӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос кардааст, ки М. Кабирӣ зери ниқоб бо истифода аз дини мубини ислом дар пайи фитнаи навбатӣ бо дастгирии тарафдоронаш аст. Номбурда ва тарафдоронаш чун солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мехоҳанд Тоҷикистонро ноором созанд.

Хушбахтона имрӯз гуфта метавонем, ки кишвари азизамон Тоҷикистон аз лиҳози амниятию иқтисодӣ соҳибқудрат буда, мардуми шарафманди он ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ободию гулгулшукуфоии ватани азизамон кӯшишу ғайрат доранд ва боиси ифтихор аст, ки мардуми мо аллакай дӯстро аз душман фарқ мекунанд ва ҳаргиз фирефтаи ҳарфҳои дурӯғи ин хоинони наҳзатӣ намешаванд ва намегузоранд, ки ин бадхоҳони Ватан мақсадҳои ғаразноки худро дар кишвари азизамон амалӣ намоянд.

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин. Ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте ки аъзои собиқ Ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост.

Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамоянд.
Инчунин суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо радиои Озодӣ таҳти мавзӯи “Ҷиноҳи низомӣ”. Кабирӣ баёнияи баҳсбарангезашро шарҳ дод, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст: “Манзури мо ин аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ин солҳо муборизаи сиёсии худ, ҳадди ақал баъд аз имзои созишномаи сулҳ, тамоми талоши худро кард, ки миллат бори дигар ба силоҳ барнагардад; муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонун ва роҳҳои мусолиматомез идома пайдо кунад... Ман фикр мекунам, тарафдорони мо зери фишор қарор нагирад, пас, ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик ба озодӣ нахлҳад расид...”
Ин худ иқтибосе маънои онро медиҳад, ки Муҳиддин Кабирӣ ҷанги миллати тоҷикро мехоҳад, чи хеле ки дар Украина ин қадар харобиҳо, ҷанги бародарӣ рафта истодааст ва ин хел шахсони беватан, беимон мехоҳад, ки ҳалки тоҷик силоҳ ба даст гирад? Ин чӣ беақлист?
Ҳой Кабирӣ, ҳоло халқи тоҷик ақл дорад, ту наметавонӣ онро гумроҳ кунӣ? То кай ин хел ноинсофҳо ва беватанҳо аз дигар давлат истода ба миллати тоҷик суханҳои қабеҳро мегӯяд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз Кабирӣ аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрӯзҳо ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва ӯ инсони дарбадар дур аз Ватан гаштааст . Чунин аст ҷазои ту, эй Муҳиддин Кабирӣ ки беватану бемиллат ҳастӣ.

Муаттар Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд