Мо ҳама тоҷикему аз нажоди ороиёиҳо ҳастем ва оини давлатдориамон танҳо озодию мустақилиро интихоб кардан аст. Пас имрӯз дурахшонии ояндаи миллати тоҷик дар дасти мо ҷавонон аст, зеро ягона меросбару соҳибони аслии ин Ватан мо тоҷикони асли тоҷдорем. Мо албатта аз тоҷику тоҷикистони будани худ ифтихор дорем, меболем, ки кишвари азизамон, имрӯз ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мубаддал гаштааст.

Ҳамаи ин пирӯзиҳоро мо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардидаем. Бояд ҳамаи мо пайрави сарвари давлатамон бошем. Давлати ободу озоди мо Тоҷикистон ҳамон вақт пояҳои устувории худро боз ҳам мустаҳкамтар месозад, ки агар мо иттиҳоду якдилу якмаром бошем. Хизмати шоистаи фарзандиамонро дар ҳаққаш сарбаландона адо намуда, барои эъмори давлати мутамаддин асос гузорем.

         Дар ҳақиқат дар заминаи андешаҳои созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи халқи тоҷик пешниҳод мекардам, ки мо ҳама ворисони арзандаи Сомонии асосгузории давлати бузургу, Эмомали Раҳмонӣ ваҳдатофар бошем. Мо тоҷикони тоҷвару номдор ба номи тоҷикӣ ҳастем.

Ҳамин тариқ, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллиамон ҳамаи мо бояд сарбаландонаи ба сӯи ояндаи умедбахш қадамзада, сарбаландона дар ҳаққи Ватани маҳбубу дилороямон хизмати софдилона карда бошем.

Тамоми мардуми саодатманди диёрамон хело хуб медонанд, ки зиндагии шоистаи мардумон боиси пайваста нусрат ёфтани халқи азизамон хоҳад шуд. Бале халқе, ки гузаштаи худро эҳтирому барояш таҷрибаи давлатдори кардааст, дар нимароҳ намемонад. Албатта ҳамаи моро маҳз ҳамон ҷанги бародаркуш дарси ибрат гардида, моро водор месозад, ки барои несту нобуд сохтани қувваи душманони Тоҷикистон бетараф набошем. Дарк кунем, ки асоси давлати пойдорро ҷомаи солиму шаҳрвандони ватандӯстдор ташкил медиҳад. Ва маҳз ба ҳамин хотир рисолату асолати хешро дар ҳаққи Ватан эҳсос карда, пешрафту тараққиёти онро вазифаи асосии худ шуморем.

Тоҷикистон марзи мардумони ваҳдатшиор аст. Бале ин мардум боре аз дасти бадхоҳон сахт азият кашидааст ва дуббора намехоҳад, ки мубталои чунин нобасомониҳо гардида, вазъи сиёсии миллатамонро табоҳ созанд. Бе ин ҳам ҳама мардумони тоҷик хеле хуб дарк мекуннанд, ки саодату пешравии миллати моро маҳз ҳамон нобасомониҳои садаи сипаришуда, рахна зада буд. Ҳарчанд, ки мо ва мардумони сулҳпарвару сулҳхоҳӣ мо он талафотҳоро ба муддати начандон тулонӣ бартараф карда бошанд ҳам, аммо ҳолати равонӣ ва дарди дили бархе азиятдидагон то кунун месӯзаду месӯзад.

          Барои зебогии зиндагӣ ва ояндаи дурахшони ворисони миллат бетараф будан худ бадбахтии калон аст. Пас биёед дар якҷоягӣ бо эҳсоси масъулияти воло ба хотири равнақ бахшидани ҳаракти Ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳмгузор бошем, зеро ин омил яке аз воситаҳои асосии пирӯзии мардумони кишвар аст.

Шаҳноза Рустамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ватану ватандорӣ аз азал оини неки ниёгони миллати тоҷик буд ва чунин хоҳад монд. Бале ҳамаи мо Ватанро дӯст медорем ва дар ҳаққӣ Ватан ҳамеша мехоҳем сазовор хизмат карда бошем. Ватани тамоми тоҷикони рӯӣ ҷаҳон Тоҷӣкистон аст. Тоҷикистоне, ки шӯҳраташро оламиён қадр кардаву марудмонашро дар арсаҳои байналмиллали ҳамчун халқи сулҳпарвар шинохта. Албатта ҳар яки мо шаҳрвандонеи баору номуси миллат аз ин шону шӯҳрати кишварамон ифтихор намуда, ба хотири беш аз пеш шӯҳратманд гардонидани он талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ бояд кашида бошем.

Мусаллам аст, ки гардишу ҷараён ва бурду бохт дар раванди давлатдории навини мамолики дунё дигаргуниҳои сиёсиеро ба вуҷуд овард. Ҳатто касе оиди зуҳури терроризму экстремизми динӣ ақӣдае надошт. Аммо якбори пайдо гаштан ва паҳн шудани чунин ташкилотҳои тундгаро дар миёни мамлакатамон ва дигар давлатҳо як хатари ҷиддиеро барои башарият таҳдид менамояд.

Мо набояд барои онҳо иҷозаи онро дода бошем, ки моро ба гумроҳиву миллатамонро ба ҳолати табоҳ биёрад. Барои ин моро мебояд, ки пеш аз ҳама ба хотири пойдории суботи ҷомеаи шаҳрванди ва устувории пояҳои давлати соҳибистиқлоламон талошу заҳматҳо кашида бошем. Қадри якпорчагии онро карда, шукр гӯем, ки давлату ҳукумати кишварамон таҳти дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузорисулҳӯ ваҳадти миллӣ – Пешвоми миллат, Президенти кишвар, муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон бо ақӣдаҳои созандагиву бунёдкорӣ ба решаи мухолифони бадхоҳи миллат теша мезананд.

Ҳамаи мо марудмони ватандӯсторем ва нан ҳмин масъулияти баланди мардумон буд, ки моро саодати халқи озод насиб шуд. Моро давлати соҳибистиқлолу ободу озод насиб гардид. Ва моро нусрати зиндашогии пурнишот ҳамдаму ҳамроз гардид.

Пас имрӯз вазифаи ҳар як нафари худогоҳи миллат, ки ҷавоби ин ғамхориҳо, ҷавоби ин ҳама ҷоннисориҳоли гузаштагонамон барои имрӯзи ободи мо тавассути хизматҳои арзанда барои халқу миллат дода бошем. Зеро барои мо имрӯзро б очи қадар гарониҳо дурахшон намуданд. Мо албатта ба хотири ин доимо шукргузорем. Аммо бояд донем, ки ояндаи Тоҷӣкистон танҳо бо дурахшон хоҳад буд. Бо ҷавононе, ки қадру қиммати ин Ватану ин сарзаминро медонанд ва бо дарки баланди масъулиятшиноси ва худогоҳии миллӣ барои эъмори давлати демократӣ саҳм гирифтан меҳоҳанд.

Танҳо мо соҳибони аслии ин Ватанем ва ободии он низ маҳз дар дасти мо ҷавонон аст. Ба ҳамин хотир ҳамаи моро ин вазъияти пурталотуми ҷаҳон имрӯз водор месозад, ким о набояд ба суханони авомфиребонаи нохалафон дода шуда, зиндагонии бемушкилоти хешро ба ҷаҳаннам табдил намоем. Баракс мо бояд чунон бар зидди онҳо бо хиради худ мубориза барем, ки шакасти қувваи онҳо боиси пешрафти ҷандин давлатҳои ҷангзада гардад.

Ҷавонони азиз, ҳамаи мо фарзандони ин миллати тоҷики тоҷдор ҳастем. Мо фарзандони Исмоили Сомониву вориси арзандаи Эмомалӣ Раҳмон гардем. Нашавад, ки кадом бадбину бадкинае кирдорҳои ношоистаашро дар кишвари биҳищтосои мо амалӣ созад.

                 Шаҳноза Рустамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Таҷрибаҳои таърихии асри гузашта, миллат ва мардуми тоҷикро водор месозад, ки барои эмин доштани Ватани муқаддас ва манфиатҳои милливу шахсии худ, заҳмат кашанд, хизмат кунанд. Бояд қайд кард, ки дар даврони ба мустақилият баромадани кишвари замоне ҷангзадаи тоҷик ба бисёр комёбиҳову дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Албатта шараф бар миллати бегазанд ва мардуми сарбаланди кишварамон, ки ҳамаи он мушкилоти сиёсии солҳои 90 – умро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ паси сар намуданд. Басо хуш аст, ки хиради волои мардумон тешае буд, ки решаи душманонро бармеканд. Ҳарчанд, ки онҳо сахт азоб кашиданд, ҳарчанд талафоти ҷонӣ хеле зиёд буд, вале мардумон боиродаи қавӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ оқибатҳои он нотинҷию ҷангу ҷанҷолро бартараф намуданд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҳамин амалҳои кӯрдилон ба онҳо имкон доданд, ки зиндагиашонро дар Тоҷикистон идома диҳанд, албатта ин иқдоми башардӯстонаву ватанпарваронаи сарвари давлат буд. Ин ҷанг ва ин нобасомониҳо бевосита амалу андешаҳои ифротии наҳзатиҳо буд, ки ягона ҳадафи онҳо таи 30 – сол аст, ба сари ҳокимият омадану миллати соҳибистиқлоламонро ба кишвари ҷангзада табдил додан аст. Аммо ҳамеша пеши роҳи амалҳои терористонаи наҳзат агоҳӣ ёфта бартараф мекунанд. Ҳамаи мо мардумони шарафманду ваҳдатшиори тоҷик хуб дарк мекунем, ки қувваи солим дар кадом ҷониб қарор дорад. Ба ҳамин хотир ба ҳамаи наҳзатиёни хоину нотавоноии таъкид менамоям, ки бояд ба ҷои тарғиботҳои бегонапарастиатон барои ободии ақалан хонадонатон ташаббус кунед. Охир аз ин дилозори бароетон чи суде буд. Аз дилозорон Худо безор гуфтаанд. Ҳамаатон оид ба дину мазҳаб “бисёр” эътиқод доштед – ку! Шумоён барои Ислом чунин амалҳоро иҷро кардани будед – ку! Куҷост он ҳама “исломдонӣ” – атон, ки инқадар иғвогарона амал мекунад. Дар дини мубини Ислом зулми мусалмон ба мусалмонро раво намебинанд. Чаро инро дарк намекунед.

         Мо ҳама барои ояндаи Тоҷикистони азизамон хеле талош кардаем ва минбаъд ҳам роҳи рушду тараққиёти онро ҷустуҷӯ намуда, нисбат ба пойдориву ҷовидонии Тоҷикистон бетарафи зоҳир нахоҳем кард .

         Хоинону носипосонро бахшидему хато кардем, чун онҳо аз худ рафтанду дубора хостанд, дар миллатамон ҷангу хунрезиро миёни мардумон оғоз намоянд. Аз сухангуиҳову иғвобарангехтанҳои онҳо бармеояд, ки ҳатто онҳо Истиқлолияти давлатии моро чашми дидан надоранд. Ба хотири ҳимоят аз ҷони худ ва фармондеҳонашон дигар чизерову касеро дидан намехоҳанд. Албатта замони муосири миллӣ равандҳои ба ҳамомезии тамаддунҳои башариятро фаро мегирад. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик ҳам бо ҳисси баланди худогоҳии миллӣ барои аз ҳар ҷиҳат пешрафта гардидани диёри азизамон роҳу равиши махсусеро касб кард, ки ба хотири пояҳои устувории сулҳу ваҳдати тоҷикон заминаи мусоиди миллию маънавӣ мегузорад.

 Бахтиёрзода Муҳаббат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

          

 

 

Забoни давлатӣ яке аз падидаҳoи таърихии замoни иcтиқлoл буда, рушду   ташаккули пайваcтаи   oн   муҳимтарин   рамзи Иcтиқлoлияти давлативу   cиёcии мo ба ҳиcoб меравад. Зерo маҳз иcтиқлoлияти забoнӣ , пoяи иcтиқлoлҳoи   кишварамoнрo зина ба зина вуcъат медиҳад.

Дар даврoни иcтиқлoлият забoни мoдарии мo ба куллӣ cимoи худрo дигаргун намуда, ба забoни тавoнoи раcмиву давлатии Ҷумҳурии coҳибиcтиқлoли Тoҷикиcтoн табдил ёфт. Он дар тамoми ҷанбаҳoи ҳаёти cиёcӣ, иқтиcoдӣ ва иҷтимoӣ мавриди иcтифoда қарoр гирифта, oҳиcта - oҳиcта ба забoни рoбитаҳoи байналмилалӣ ва муoширoти байни халқҳoи coкини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳoи ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама бo татбиқи пайваcта ва пайгирoнаи cиёcати Ҳукумати Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн бo рoҳбарии Аcocгузoри cулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвoи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн, Ҷанoби Олӣ Эмoмалӣ Раҳмoн дар рoбита ба забoни давлатӣ муҳайё гардид.

 Забoни тoҷикӣ тибқи қoнуни Ҷумҳурии   Тoҷикиcтoн   аз 22 июли coли 1989 таҳти рақами №150 « Дар бoраи забoн» муайян   кардааcт, ки ҳамаcoла тo coли 2009- ум таҷлили   oн раcман баргузoр   мегардид ва ба тавcиб раcoнидани   қoнуни нав аз 5 – oктябри coли 2009   таҳти рақами №553 ба забoни тoҷикӣ мақoми давлатӣ дoда шуд, ки ин кадамҳoи ҷиддӣ барoи баланд кардани уcтувoрии забoни тoҷикӣ, аcocи қoнунӣ пайдo кард.

Забoни тoҷикӣ cарнавишти зиёда аз 3-ҳазoрcoла дoшта дар таърихи худ давра ба давра тағйирoтҳoи cиёcию фарҳангирo пушти cар   гузoштааcт. Забoни тoҷикӣ ба гуруҳи забoнҳoи ҳинду аврупoӣ манcуб буда, ватанаш кишварҳoи Оcиёи марказӣ ва бахуcуc Тoҷикиcтoн, Узбекиcтoн ва Эрoн мебoшад. Забoни тoҷикирo, тo ташкил шудани Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн, бo нoми забoни дарӣ ё худ ҳамчун шеваҳoи забoни фoрcӣ нoмгирӣ менамуданд.

Имрӯзҳo бo забoни тoҷикӣ зиёда аз 28 млн нафар oдам дар як қатoр кишварҳoи oлам муoшират менамoянд, ки аз oн беш аз 9 млн дар Тoҷикиcтoн, 5 млн дар Узбекиcтoн, 10 млн дар Афғoниcтoн ва дигар кишварҳoи дуру наздик мебoшанд.

Бo забoни тoҷикӣ адабиёти таърихии зиёде тo ба имрӯз oмада раcидааcт, ки бo oн oлимoн, шoирoну адибoни барҷаcтаи мo ocoри бебаҳoи худрo таълиф намудаанд. Забoни шевoе, ки бo oн шуруъ аз Қoфилаcoлoри адабиёти   тoҷику   фoрc Абуабдуллoҳи Рӯдакӣ тo бунёдгузoри адабиёти навини тoҷик Қаҳрамoни Тoҷикиcтoн Садриддин Айнӣ эҷoд кардаанд, муаррифкунандаи ҳақиқии   миллати тoҷик дар ҷаҳoни муocир гардид.

Забoни тoҷикӣ ин ёдгoрии   маънавии миллиамoн, ҳамчун oинаи   таърихи   деринаи халқамoн, инъикocгари   урфу   oдат ва раcму анъанаҳoи милливу давлатдoрии мo мебoшад.

Ба ин маънӣ забoни давлатӣ, бешубҳа таҷаccумгари таърихи   пуршебу   фарoзи   халқи кӯҳанбунёди   тoҷик мебoшад. Зерo забoни ҳар қавму   миллати   дунё   ёдгoрии маънавиеcт , ки дар тӯли аcрҳo ҳамрoҳ бo наcлҳoи худ аз   мушкилoту   мoнеаҳoи гунoгун гузаштааcт.

Имрӯз забoни тoҷикӣ ба ҳайcи забoни миллӣ ва давлатӣ дар мақoми забoни   cиёcат, илму фарҳанг, қoнунгузoрӣ,   равoбити   диплoматӣ , тиҷoрат ва   дигар вocитаҳoи   иртибoт қарoр дoрад.

Бoяд таъкид намуд, ки нақши Пешвoи миллат дар рушду гуcтариши забoни мoдарии мo беcoбиқа аcт. Ба гуфтаи Сарвари   давлатамoн муҳтарам Эмoмалӣ Раҳмoн «Забoни тoҷикӣ пoянда аcт, тo даме, ки миллати   тoҷик ҳаcт, забoни ӯ пoйдoр ҳаcт». Инкишoфу рушди забoн нишoндиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аcт. "Мo бoяд ба таърихи забoни худ рӯй oварда, рӯзгoри ҷавoнӣ, даврoни нашъунамo, авoмили зoяндагии камназир ва гуcтаришу бoландагӣ ва, албатта, cабабҳoи шикаcту заъфи oнрo аз ибтидo тo имрӯз амиқтар oмӯхта, зебoтарин ва кoрoмадтарин унcурҳoи мавриди ниёзи даврoни худрo пайдo намoем, аз таҷрибаи ҳамзабoнoн, oн чи ба табиати забoни мo coзгoр аcт, баҳра бардoрем, қoлабҳo ва унcурҳoи cуннатии вoжаcoзирo бo иcтифoда аз ocoри гузаштаи хеш фаъoл coзем, бoри нуфузи забoнҳoи бегoнарo, албатта, ҳар oн чи таҳмилӣ аcт, аз дӯш барандoзем."- таъкид намудаанд Аcocгузoри cулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвoи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн, Ҷанoби Олӣ Эмoмалӣ Раҳмoн дар пешгуфтoри китoби «Забoни миллат-ҳаcтии миллат».

Қайд кардан зарур аcт, ки дар ДПДТТ ба нoми ак. М.С.Оcимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ барoи гуcтариши ҳарчи   бештари забoн дар тамoми ҷанбаҳoи   ҳаёт,   ғанoвати мунтазами   таркиби луғавии oн, ҳамчунин ҳифзу   нигoҳ дoштани   аcoлату пoкизагии забoни давлатӣ    кӯшиш ба харҷ дoда мешавад. Зерo   бузургтарин вазифаи ҳар фарди худoгoҳу ватандӯcт, ки ба фарҳангу забoни худ эҳтирoм мегузoрад, пoк нигoҳ дoштани ин ганҷи бебаҳoи миллат ва ба мерoc гузoштани ин забoни шевoю шoирoна   мебoшад.

Ғаниҷон Сафаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Яке аз самтҳои таркибии тарбияи миллӣ, ки дар консепсияи миллии тарбия муайян карда шудааст, тарбияи гуманистӣ мебошад.Мӯҳтавои ин мафҳумро дар шаҳрванд ба вуҷуд овардани эҳсоси дӯст доштан, эҳтиром кардан ва бо раҳму шафқат будан ташкил медиҳад. Тарбияи гуманистӣ аз ғояҳои синфият ва инсонбадбинӣ орӣ аст. Он ба шаҳрвандони кишвар имконият медиҳад, ки худро яке аз ҷузъҳои таркибии ҷомеа, миллат ва аҳли бештар  эҳсос кунанд.

Тарбияи гуманистӣ дар ду сатҳ ба амал бароварда мешавад.

А) Дар сатҳи эҳтироми ҳамсабақон, хешу табор, ҳамватанон, ки дар байни онҳо намояндагони халқу миллатҳои дигар ҳастанд:

Б) Муносибати хайрхоҳонадоштан нисбат ба халқҳои мамлатҳои дигари ҷаҳон.

Низоъ, ҷанг, муқобилияти зидди ҳамдигар ва амсоли ин инсониятро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳӣ мекард ва имрӯз ҳам ин зуҳурот аз ҷумлаи мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мебошад.

Тарбияи ташхиси башардустон аввал дар оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълими ва ҷойҳои ҷамъиятӣ идома меёбад.

Башардӯст будани инсон ва шаҳрванд дар муносибат ва волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омӯзгорон,ёру дӯстон, ашхоси ношинос намояндагони халқу миллатҳои ғайр зуҳур меёбад.

Гуманизм, ки аз калимаи лотинии “ҳуманис” гирифта шудааст, одамиятро мефаҳмонад.  Маънои одамият васеъ буда, маҷмӯи ғояҳо, андешаҳо ва эътиқоди шахсро ифода менамояд.

Принсипи гуманистӣ муносибати фардии пардохтро дар назар дорад, ки он гариш ба сӯи насли наврас, эҳтироми шахсияти ӯ, боварӣ ва вай, нозирони арзишҳо, талабот ва рағбати ӯ мебошад, муҳайё намудани шароити мувофиқ барои инқишофи қобилияти ӯ, рӯ овардани мактаб ба фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ арзишҳои маънавии мардумро дар назар дорад.

Гуманизм ҷузъи асосии тафаккури нави педагогӣ буда, он моҳият ва хусусияти ин равандро тағир медиҳад.

Қоидаҳои асосии омӯзгорӣ ва раванди гуманистии педагогӣ масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:

  • Қонунҳои омӯзгорӣ: дӯст доштани тарбиягиранда,фаҳмидани ӯ, нисбат ба тарбия гиранда некбин будан;
  • Принсипҳои роҳбарии омӯзгор; барои донишҷӯ шароити мусоид фароҳам овардан, эҳтироми шахсияти ӯ, таҳаммул дар ташаккули донишҷӯ;
  • Шахсият ба омӯзгор ба имконияти донишҷӯ бовар кардан; ба муносибати гуманистии донишҷӯ имконият доштан;
  • Такягоҳи донишҷӯ: рағбат ба камолот, рағбат ба озодӣ ва накӯкорӣ.
  • Сифатҳои шахсии омӯзгор- салоҳият, меҳрубонӣ, вафодорӣ.

Дар ҳалли таълиму тарбия ду усул вуҷуд дорад:

  • Фармонфармоӣ, ки омӯзгор масъалаҳоро худаш ҳал мекунад, шогирдонро маҷбур менамояд, ки амали барои ояндааш он зарурро анҷом диҳанд;
  • Гуманизм, ки муаллим бо толибилмон ҳамкорӣ мекунад, мекӯшад, ки бачаҳоро ба ҳалли масъалаҳои педагогӣ ҷалб намояд.

Муҳимтарин вазифа аз он иборат  аст, ки толибилмон дар давраи таҳсил қадру эътибори худро донанд, ба худ, ба дониши худ, ба қобилият ва имконияти худ боварӣ дошта бошад. Ва танҳо тавасутти некӣ ба ин мақсад метавон ноил гардид.

Гуманизм ба маънои умуминизоми таърихан тағйирёбандаи ақидаҳост, ки шахсияти инсон, ҳуқуқи ӯро баҳри озодӣ, саодат, инкишоф ва зуҳуроти қобилияти вай мешиносад, хайрхоҳӣ, баробарӣ, адолат, ростиву ҳақиқат ва одамиятро меъёри муносибатҳои байни одамон мешуморад.

Гуманизм одатан ҷаҳонбинист, ки принсипи асосии он муҳаббат ба одамон, эҳтироми шарафу эътибори инсон, ғамхорӣ ба мардум мебошад; ба маънои васеъ гуманизм ру овардан ба инсон, ба эҳтиёҷоту талаботи ӯст.

Дар гуманизм майлу рағбати шахсият, одатан ва ҷомеа ба саодат ва камолот инъикос меёбад.

Гуманизм ҳамчун консепсияи назарӣ, ҳуқуқи инсон ба озодию саодат, бемонеа инкишоф ёфтан ва зоҳир сохтани қобилият ва иқтидори эҷодиро меписандад.

Гуманизм дар муносибати байни оъзои ҷамъият имкониятҳои баробар, адолати иҷтимоӣ, фарҳанги баланди муошират ва одамиятро меъёри асосӣ меҳисобад.

 

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор.
Ту, к-аз мехнати дигарон бегами,
Нашояд ки номат монанд одами!

Абу Мухаммад Муслих ад-Дин ибн Абд Аллах Саади Ширази (1210-1291)

Мадина Умарова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Тоҷикистон ва мардуми шарифи он таи 30 – сол аст, ки соҳиби давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона мебошад. Албатта ин дастовард ва чунин зиндагонии орому осударо ҳар як шаҳрванди халқӣту миллатҳои ҷаҳон орзу мекунанд. Мо бисёр сарфарозем, ки мардуми тоҷик ватандӯсту ватанпараст аст. Зеро ин ҳама пешрави. Рушди китшвармон дар ягонагиву сарҷамъӣ ва кору фаъолияти аҳлонаи мардуми тоҷик ифода мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надодани ҷавонон ба мавқеъ ва мақоми наслиоянда ва калонсол ва фаъолони маҳаллаҳо вобастагии қавӣ дорад. Чун агар ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳифзи якпорчагии миллати азиззамон кӯшиш намоем, дигар асосе боқӣ намемонад, ки душманонамон содати мардумонамонро халалдор созанд.

Дар Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолият 8 ҳизб фаъолият менамуд, Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ягона ҳизбе буду ва то ҳол фаъолияти созандаву бунёдкоронаи худро ба хотири бехтаргардонии шароити мардумони кишвар ба роҳ мондааст. Ин ҳизби созанда, ҳамеша дар талоши пойдориву устувории Ваҳдату ягонагии кишварамон фаъолият мебарад. Аммо ҳизбҳои дигаре ҳам фаъолият мекарданду мехостанд, ки талошҳои мардумро дар роҳи ободонии кишварамон барбод диҳанд. Ин ҳизби манфиатхоҳи экстремистӣ наҳзат буд, ки тавассути бероҳа кардани ҷавонон ва баъзе аз соҳибкорони хурду миёна, ҳамчунин ҷалб намудани занону бонувони бекору хонашини деҳоту шаҳракҳо тавассути ваъдаҳои бардурўғ  бисёр пешомадҳо ва нақшаҳои давлатро барҳам заданӣ шудаанд. Ва барои амалигардонии корҳои созандагиву бунёдкори дар дохили мамлакатамон халал расонданӣ шуданд. Охир як дафъа андешед, ки барои сохтани як хонаи обод чиқадар ранҷ мебарем, ҳол он, ки давлатдорон миллионҳо хонаҳоро обод кардаанд.

Магар аз рӯи инсонигарӣ аст, ки ҳоҳиши талафи ин ҳама заҳматҳои шабонарӯзиро ташаббус мекунед. Куҷост инсофи инсонӣ, куҷост нишони одамият, ки пеш аз ҳаам дорои рафтори нек бошад. Аммо боз ҳамаи душманони миллатамон садо баланд мекунанд, ки дар миллатамон гӯиё озодӣ набошад. Дуруст, албатта то он замоне, ки шумо наҳзатиҳо фаъолият доштед марудмон нафаси озоди кашида наметавонистанд. Аммо имрӯз хеле озоданд, зеро решаи душманонро давлату миллат канда несту нобуд карда истодааст. Ин амалиёти онҳо низ маҳз барои амнияти ҷомеа ва пеш аз ҳама ҳар яки мо шаҳрвандлон мебошад. Агар онҳо нияти пок медоштанд, миёни марудми як минтақа ва як давлат шӯру ғавғо намебардоштанд. Истиқлолияти давлатии худро гиромӣ медоштанд. Ҳоло вазъияташонро бинед, ки дар хориҷ то чи андоза ҳузнагезу бечора ҳастанд. Беҳтар набуд, ки шукронаи давлати соҳибистиқлол мекарданду якҷоя барои рушди устувори мамлакатамон ташаббусҳои созанда иқдом менамуданд.

Имрўз мо бо ифтихор метавонем, изҳор намоем, ки давлати моро тамоми олам ҳамчун миллати сулҳпарвару сулҳҷӯ мешиносанду эътироф мекунанд ва ин миллати тоҷдор аъзои комилҳуқуқи Созмонҳои байналмилалӣ мебошад ва ба даҳҳо созмонҳои дигар шомил шуда, намегузорад, ки  дар кишвари азизи мо нобасомониҳо рух диҳанд.

Ғаниҷон Сафаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Миллати ободро мардуми озод мебояд гуфтани гузаштагонамон беҳуда набудааст. Зеро аз рӯзе, ки Тоҷикистон соҳиби мустақӣлият гардид, барало маълум шуд, ки мардумон худро пас аз хомуш гаштани алангаи оташи ҷанг ба дараҷае озод ҳис карданд. Чун даврони охирҳои асри гузаштаро мардуми азиятгашидаи тоҷик, ки қисми аз онҳо гурезаву дарбадари кашиданд хело сангину даҳшатбор гузарониданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои пояндагардонии давлати навини тоҷикон саҳми абармардоне чун қаҳрамонӣ корнамои кардаанд хеле зиёд аст, зеро ҳамаи он мардумон ҳамеша дар фикри он буданд, ки ин миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддун поянда гардаду ному нишонаш ҳеҷ гоҳ гум нашвад. Дар ҳақӣқат бемисолу беамон бар зидди нафарони ҷангҷӯ мубориза бурданд. Ҷони худро, саломатии худро сипар намуданд, аммо миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокатбор раҳо сохтанд.

Маҳз дар ҳамин даврони нотинҷию нобасомониҳо миёни мардуми як қавму як миллат, бо мардонагию шуҷоати бемисл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кившар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини осоиштагии марудмони халқашро бод илу бо ҷон бар ӯҳда гирифт. Аз раиси Шурои олии кишвар эълон гардид, мардумро як хабари шодиёна ва равони тоза бахшида буд, зеро миллати тоҷик он вақҳо дар ҳақиқат ниёз ба чунин ҷавонмарди ватандӯсту меҳанпараст ва башарият парвар дошт. Уммед ба ояндаи дурахшони миллат дар дилу дидаҳои мардумон шуъла мезад. Ҳама хурду бузург аз паёмади неку зиндагонии оромона уммед бастанд. Яқин медонистанд, ки давлати тоҷик соҳибони аслии худро ёфтанд ва то абад онро ҳифзу ҳимоя менамоянд.

Ҳамин тариқ бо бастовардани Истиқолияти давлатӣ, Истиқрори сулҳу дӯсти миёни мардум, Ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии миллатамон сарбаландии аҳли ҷомеа оғоз гардид. Минбаъд Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат танҳо ба сӯи амалигардонии ормонҳои чандинасра гом мезаданд. Тӯли чанд сол сипарӣ гашту Тоҷикистонро тамоми давлатҳои рӯӣ олам, чун кишвари тамаддунофар, сулҳпарвару соҳибистиқлол шинохт ва эътироф намуд, ки сулҳи тоҷичкон бебозгашту бемисол аст, зеро марудмони тоҷик ҳама ватандӯсту худогоҳу хештаншиносанд. Ҳарчанд, ки дар байни мо буданд ҷосусону хоинони дохилӣ, ки аслан сар задани он ҷанги маргбор кори дасти онҳо буд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз ҷониби намояндагони миллати мо, хосатан аз ҷониби сарвари бохиради миллатамон дар созмонҳову конфронсҳои байналмиллаӣ ташаббус ва пешниҳодҳои фарогири масъалаҳои мубрами рӯи олам маърӯза мегардид, ки ҳар бор барои оқиливу башардӯстии миллати тоҷик олам  ҳазорҳо аҳсанту офарин мехонаднд.

Албатта ин ҳама саодату садоқату рафоқат миёни мардум аз ваҳдат аст, зеро тамоми мардум ҳис кардаанд, ки ба хотири пойдории сулҳу ваҳдат танҳо мо ташаббус нишон медиҳем, зеро соҳибони воқеии ТОҷикистон мо тоҷикзабонону тоҷикнишонон ҳастем.

 

Қаюмова С. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Мардумони боифтихору сарбаланди тоҷик, имрӯз аз фазои Истиқлолияту озодӣ шукрона намуда, ба хотиири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош намуда, саҳми хешро дар ободии кишварамон мегузоранд, зеро ҳар як шаҳрванди боори миллатамон медонанд, ки Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он маҳз дар дасти фарзандонаш аст.

Мо ҳамаи марудмон шоҳиди он ҳастем, ки бахотири ҳар нафари ба қавле «диншинос» - ҳо чанд нофаҳмиҳову нобасомониҳо рух дода буд, аммо то куннун бархе ақӣдаҳо низ миёни марудм аз ҷониби ҳамон беэътиноён паҳн мегардад. Аслан давлату Ҳукумати Тоҷикистон замоне бо хоҳиши онҳое, ки мехостанд барои таълиму тадрис ташкилотҳои динӣ кушоянд, дастгири намуда буд, зеро касе ақӣда надошт, ки аъзоёни он ташкилотҳо душмани миллати мо мешавад, душманони мусалсонҳое, ки дини поки Исломро мепарваранд.

Аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон соҳибистиқлол ташкилотҳои динӣ дар асоси принсипи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти диниашон таъсис дода шуда буд ва бо мақсаду ғаразҳои сиёсӣ ва экстриместӣ истифода бурдаанд, ки фаъолияти онҳо пеш аз ҳама ба зарар ва хилофи моҳияти дин мебошад.

Ба хотири пойдории Истиқолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки бояд ин ифтихори ҳамаи мо бошад, зеро давлату миллат моров а ақӣдаҳои моро дастгирӣ кардааст. Аммо, на онҳо ба ин ҳама дастгириҳо ҷавоби ғайричашмошт нишон додоанд.

Агар ҳамаи он ташкилоту ҷамъиятҳои диние, ки манфиати маънивию динии миллатамонро инъикос менамуданд, ҳаргиз чунин шубҳаю дасисаҳои иғвобарангез рух намедод. Вале, мутаассифона, баъзан қувваҳои шикастпазиру хиёнаткор рўи кор оманданд, ки зери ниқоби дини мубини Ислом, ақидаҳои ғаразҳои сиёсию идеологии худро амалӣ кардан мехоҳанд. Пас имрӯз ҳамаи муқаддасоту арзишҳои маънавии миллатамон дар дасти мо шаҳрвандони ватандӯст аст, ки онро ҳимоя намоем.

Бояд гуфт, ки асосан туъмаи он нохалафони хиёнаткор, ҷавонон, занон буданд, ки эшонро раҳгум занонидан мехоханд ва ба ҳамин сабаб барои нооромии ҷомеа, халалдор кардани суботти кишвар ва мегарданд.

Давлату Ҳукумат имрӯз инқадар ба хотири  оромиши зиндагонии мардум талош мекунад, то вазъияти некуаҳолиро беҳтар созад, аммо маҳз шаҳрвандлони миллати худ моро ба сӯи роҳгумзадагӣ мекашанд.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми махсуси тарзи давлатдории демократиро доро мебошад, ки дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишғол кардааст ва марудмон аз ин фазои озодӣ, ки замоне дар орзуяш буданд, шукрона мекунанд. Албатта соҳибихтиёриву мустақилии мардум ва давлат аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи  «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин қайд гардидааст, ки: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад». Бале мо бо он Конститутсияе, ки озодиҳоямонро эътироф мекунад, ифтихор дорем.

Ғаниҷон Сафаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Якдилии мардумонро аз якзабониву якнишонии онҳо беҳтар аст гуфтаанд бузургони илму адаб. Зеро агар ҳам аи мо бо якдиливу ягонагӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон меҳнати софдилона кунем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳама саодати мардум аз саодати ба даствоардани Истиқлолияти давлат мебоашад. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки маҳз дар ҳамин замони печдарпеч гардидани вазъияти сиёсии давлатҳо вазифаи ҷони худ, ҳимояи марзу буми Втанамонро дар ӯҳда дошта онро бо масъулияти баланди ватандӯстӣ иҷро намоем. Зеро дар ҳақиқат мардуми тоҷик то ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳодисаҳои мудҳишу вазнинеро паси сар кард. Хушо, ки миллати  рӯзи пур аз шоду нишотро ҳазорсолаҳо орзу дошт, имрӯз бо шарофати Ваҳдату ягонагӣ дар фазои озод умр ба сар мебарад.   Бояд тазаккур дод, ки бо чунин ормонҳо гузаштагонамон аз мо рафтанд. Аммо барои мо чунин зиндагонии шоистаро муҳайё сохтаанд то авлодонашон хорию зориро набинанд, ҳамеша озоду обод бошанд.

Ватани тозаистиқлоли моро 30 – сол аст, ки фазои осудаҳоли фарогир гаштаву  мардумонаш озодона зиндагонии хуррам доранд. Акунун навбат ба имрӯзиёну фардоиён аст, ки ба хотири ободии диёрамон саҳмгузор бошанд. Агар хар як шахрванди баору номуси миллат барои устувор гардонидани пояхои Истиклолияту сулху вахдат дар кишвар талош варзад, албатта мо дар роҳи поянда нигоҳ доштани арзишҳои ахлоқию маънавии халқи азизамон муваффақ хоҳем гашт.  Мебоист, ки ҳар як фарди худогоху масъулиятшинос  барои эхёи анъанахои милли ниёгонамон ташаббусҳои созанда нишон диҳад ва арзишхои мукаддаси кишварамонро химоя ва гироми дорад. Зеро сарбаландии миллати тоҷик маҳз ҳамин рафтору кирдорҳои сулҳхоҳонааш мебошад, ки то кунун ин оин барои мо мерос мондааст.

Аминам, ки ҳар яки мо ба қадри Тоҷикистони соҳибистиқлол расида, манфиатҳои онро аз манфиатҳои шахсии худ боло донем ва худро чун шаҳрванди асил нишон дода, хизматҳои шоён намоем, дигар асосе боки нахохад монд, ки хоинону чохилон нияти нопоки худро дар кишвари мо амали кардани шаванд, зеро гурури миллии мардуми точикро барои шикастан чуръат пайдо намекунанд.

Мо соҳибони аслии ин сарзаминем ва намегузорем, ки фазои онро хоинон чун холигоҳ дида, акидаҳои ғаразнокашонро ҷори намоянд. Фарзанди асили миллат ҳеҷ гоҳ ба ин рафтори ношоями нохалафон дар Ватани худ иҷзат намедиҳад.

Қаюмова С.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

   Тоҷикистон замоне барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ талош мекард, ки дар кишвар фазои муташанниҷи танинандоз буд. Ҳатто касе боварӣ надонист, ки ин миллати ҷангзада дубора эҳё мегардад.

Бояд қайд намоем, ки агар ба даст овардани Истиқлолият ва Ваҳдату ягонагӣ барои аксар давлатҳои пешрафтаи рӯи олам, гузариш ба системаи ҷадиди давлатдории демократӣ бошад ҳам, Тоҷикистон ба мушкилӣ ба он ноил гардид. Зеро маҳз дар ҳамин давраҳо қувваҳои гуногуни динию мазҳабӣ, ки сохти конститутсионию демократиро намехостанд, расонидани таъсири худро оғоз намуданд. Чанд сол чунин нофаҳмиҳо миёни як қавму як миллат давом ёфта, он муаммои сарбастаеро бозгӯ буд, ки ба хотири ҳифзу ҳимояи ақидаҳои кадом як хориҷиёнӣ ҷангҷӯ онҳо бо ҳамдигар сар басар мешуданд.

         Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистонро дар тамоми олам ҳамчун кишвари дорои Истиқлолияту озодӣ ва фазои фарҳангӣ дошта мешиносанду эътироф мекунанд. Зеро хуб дар хотир дорем, ки ҳатто замони таҳкими сулҳу субот дар кишварамон дар газетаву нашриётҳо мақолаҳои чоп гашта буданд, ки тамоми халқиятҳои ҷаҳон ба сулҳофаринию меҳанпарастии мардумони саодатманд таҳсину офарин хонда буданд. Албатта онҳо низ дарк мекарданд, ки ин ҳама дастовардҳо бо шарофати иттиҳодию сарҷамъи ва тифоқии мардуми якдилу якзабон ба даст омадааст.

         Маҳз бо шарофати ҳамдилию ҳамбастагӣ миллати тоҷик машҳури рӯи дунё гашт. Ҳамин якзабонию гиромидошти арзишҳои милливу маънавии диёрамон буд, ки маро ба ҳам овард, умри Тоҷиокистонро безаволу поянда гардонд ва мардумонро ба саодати бегазанд насиб донист.

Ҳамаи моро мебояд, ки Ватанамонро аз дасти хоинону ҷоҳилоне, ки қадру қиммати Ватанро намедонанд наҷот диҳем. Ба касе чун душманони Тоҷикистонанд рӯи хуш надода, баръакс барои аз ин марз гумном кардан талош намоем, зеро аз дасти онҳо танҳо вайронкориву иғвогарию дасисабозӣ бармеояду халос. Онҳо ҳеҷ гоҳ ғами ободии Тоҷикистонро намекунанд, зеро ҳадафи асосии онҳо ба сари қудрат омадан ва ба ин васила ҷорӣ кардани оинҳои бегонапарасти дар миллати мо аст.

         Мо ҳадафи стратегии кишварамонро хеле хуб медонем ва бояд ҳама бо якҷоягӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои эъмори кохи сулҳу ваҳдати безавол камари ҳиммат намуда, миллатамонро аз чашми бади нохалафон эмин дорем. Ҳатто замони ҷангу нофаҳмиҳо миёни мардум намояндагону ходимон миёни мардум тарғиб менамудаанд, ки ҳеҷ гоҳ фирефтаи доми бадбинон нагардида ба хотири суботи ҷомеа якдилона талош намоем. Пулпарастию муфтхӯрӣ оқибат халқияту миллатҳои тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба бегонапарастию ҳурофотпарастӣ оварда расонидааст.

         Агар якояки мардуми худогоҳ ба хотири хураммиву дилшодии хеш камари ҳаммат баста, барои рушди суботи мамлакатамон ташаббус нишон надиҳанд, он вақ ин давлати ободу озод тӯъмаи нафароне хоҳад гардид, ки пешравии миллати тоҷикро намехоҳанд.

 

Бахтиёрзода Муҳаббат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади худ қайд карда буданд: «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳи ва диниву мазҳаби болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд». Моро мебояд, ки арзиши давлатро ба мисоли дилу дидаҳоямон ҳифз намоем.

Оре, ваҳдати миллати мо Истиқлоияти давлатии мо хело душвор ба даст омад. Агар бархе давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон Истиқлолитяту озодии худро ҳамчун ивазкунии системаи давлатдорӣ қабул карда бошанд, ҳам ин неъмат ба осонӣ ба даст наомад барои миллати тоҷик. Дар ҳамон лаҳзаҳое, ки ҷасоратмандону ҷавонмардони ҳақиқӣ барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба майдон озодҳоҳона баромада мардумро ба сулҳу субот таъкид карда бошанд ҳам, аз ҷониби баъзе кўрдилон натиҷаи ин ҳама заҳматҳо барбод дода шуд.

Шояд то ҳол он нохалафҳо аз кирдорҳои нангину ватанфурўшонаи худ ҳаловат мебурданд ва имрўз низ чунин эҳсос дошта бошанд ҳам, бояд онҳо бидонанд, ки ин нақшаву амали онҳо пеш аз ҳама ба наздикони онҳо ба модари зорашон таъсир расонидааст. Аммо то кунун инро худи онҳо намедонанд, ки чи кореро ба офарандаи худ раво дидаанд. Ба модари худ, ба падару авлоди худ хиёнат карда, ватанфурўшӣ кардаанд.

Албатта бояд як нуктаро мавриди зикр намоям, ки аслан хиёнаткорро авф нашояд ва ўро ҷазои сахт мебояд. Маълум аст, ки имрўз он хиёнаткорон дур аз Ватани худ чӣ қадар ҷазои сахти равониро паси сар мекунанд. Аммо ҳаволаи чунин бадкирдорон, ки хостанд Ватани моро, Ваҳдати моро, Истиқолияту озодиамонро барбод додани буданд, бар Худо, ки худаш имрўз нишон дода истодааст.

Ҳар шаҳрванди кишвар ҳояд ҳамеша кӯшиш намояд, ки барои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, раъиятпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқадассоти миллӣ ва тозагиву шевогии забони милли худ сазовор бошад, эҳтиром кунад ва дӯст дорад.

         Тоҷикистон ҳамон вақт уствору пойдор  мемонад, ки агар тамоми халқ пиру барно барои ояндаи дурахшони он амалҳои созанда ва бунёдкоронаро ба анҷом расонида, хизмати мардонаворашонро ба ҷо меоваранд.

Агар дар миллати мо озодию демократия ҳукмфармо гардад, донед, ки маҳз ана ҳамон вақт зиндагонии хубу хуррам ва сарбаландона насиби мо хоҳад буд. Пас барои ободии диёр, фардои миллатамон меҳнатҳоямонро дареғ надорем.

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд