Муддатҳои тӯлонист, ки дар бораи шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан менамоем ва барои пешгирии ин падидаи номатлуб шахсони масъулинро вазифадор месозем. Ҳимоятгари нахустини шахс ин худи ӯ мебошад. Ҷавонон худ, ки имрӯз роҳҳои хуби истифодаи шабакаҳои интернетиву алоқаҳои мобилиро медонанд танҳо огоҳиро аз даст надиҳанд. Ибтидо, ҳеҷ гоҳ ба ваъдаву суханҳои шахсони бегона бовар накунанд. Худ мустақил шаванд жарфтар андеша намоянд. Ояндаи дурахшони худро худ созанд. Баъдан, ҳеч гоҳ бо шахсони ношинос тариқи шабакаҳои интернетӣ дар бораи ақидаҳои динӣ суҳбат накунанд (мутаассифона ҳоло зиёд гаштаанд), зеро аз тарафи экстромистон ҷалб карда мешаванд, худ надониста. Огоҳии дигар ба ҷавонон ин аст, ки ҳеҷ гоҳ бе иҷозати падару модар ба хориҷи кишвар сафар накунанд ва дар давлатҳои хориҷӣ аз муллоҳои салафӣ ва љавонони кафказӣ эҳтиёт шаванд. Зеро «салом»-и дӯстон беминнат аст. То имкон ҳаст дар хориҷи кишвар як ҷоя бо хешу табор ё ҳамдеҳагони худ кор карда, фирефтаи ваъдаи маблағҳои калони ношиносон нагардад. Воқеан, душвор аст ба як кишвари бегона барои пайдо кардани маблағ рафтану меҳнати сангини тоқатфарсоро аз сар гузаронидан. Маблағи ҳалол бе меҳнат муяссар намегардад. Баъзе афрод наметавонад ба он меҳнат тоқат намояд, аз ин рӯ роҳи осон ба даст овардани маблағро ҷӯё мешаванд. Аз шахсони пулдор қарз мепурсанд, ки ин худ бе ресмон худро ба каси дигар бастан аст. Ё аз ҳисоби шахсони дигар муаммои худро ҳал мекунанд, ки ин низ паёмади хуб надорад. Шахсони мазкур бо кӯмаки ғаразонаи худ ҷавонони раҳгумзадаро ба худ тобеъ сохта, ба ҳар роҳ, ки хоҳанд ба ҳамон самт равона мекунанд. Ҷавонон! Шуморо зарур аст, ки ин ба қадри ин ҳаёт бирасед, шукронаи ин Ватан намоед. Камбуди онро нодида гирифта, баҳри таъмин ва ваҳдати абадии он ҳиссагузор бошед. Ин умри азизи ҷавони худро дар пайи саодатмандии худ ва дигарон сарфа созед.

 

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Бадахшони куҳӣ, яке аз зеботарин, дилработарин мавзеъест, ки бо мардуми бофарҳангу меҳмоннавозаш бо қуллаҳои осмонбӯс, лаълу гуҳару ёқути бемислаш машҳури оламиён гаштааст.Бадахшони куҳӣ қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди тоҷик буду мемонад…

Таи чанд рӯзҳои охир воқеъаҳои нанговаре, ки дар Бадахшон рух додааст, халқи тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Яке аз чунин ҳодисаи рух дода, ин ҳам безарар гардонидани яке аз лидерҳои ҷиноятпешаи муташакил, бо номи Маҳмадбоқири Маҳмадбоқир мебошад.

Маҳмадбоқир ки буд? Ӯ ба ном лидери ҷиноятпешаи худхондае буд, ки ба қонун ва мизони давлату ҳукумат зиддият нишон дода худро ҳақиқатхоҳ ва ватанпарвар меҳисобид. Дар асл донишу малакаи зиёде надошта, даст ба беназмию нооромӣ ва парокандагии мардуми осоишта зада, ба раванди сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол халалҳо ворид сохтани мешуд. Ҳарчанд қонун борҳо нисбати роҳи хатои пешгирифтааш таъкидҳо карда бошад ҳам, сарфарори накарда зиддиятҳо нишон медод…

Оқибат ин лидери ғайрирасмӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилии гуруҳҳои ҷиноятпеша ба қатл расонида шуд. Чуноне дида истодаем, имрӯзҳо бархе аз нохалафони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд айбро гардани давлату ҳукумат бор кунанд.

Аммо бо боварии қотеъона метавон гуфт, ки ҳадафи навбатии хиёнаткорон ҷомаи амал напушид!

Мардуми бофарҳангу боиродаи ВМКБ чун дигар ҳамватанони азизи хеш ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда хулосаҳои зарурии хешро бароварда, таҳти сиёсати хирадмандонаи қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва дурахшонии фардои халқи тоҷик ҳиссагузориҳо хоҳанд кард.

Нусратхон Ахмедова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Филми “Шикасти фитна”, ки тавассути телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, бори дигар шаҳодат аз он дод, ки фарҷоми фитнаву дасиса шикаст аст. Махсусан фитнаангезие, ки аз ҷониби мухолифини давлат ба мисли Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоева барои барангехтани тухми нифоқу бадбинӣ байни мардуми Бадахшон кардаанд, оқибатҳои фоҷеаборе ба сар овард. Сухан дар бораи он меравад, ки ин нафарон бо роҳнамоии Алим Шерзамонови лаини дар мамлакати Аврупо сукунат дошта санаи 24 марти соли равон нақшаи амалиёти террористиро дар Бадахшон кашида, мувофиқи барнома онҳо аввал дар Хоруғи Боло гирдиҳамоӣ ороста, баъдан дар шоҳроҳи Душанбе Кӯлма амалиётҳои терроистиро анҷом медиҳанд. Ба ин кор Алим Шерзамонов ба саркардаҳои гирдиҳамоӣ 13 ҳазор доллар маблағ фиристода, вазифаи ҳар яке аз онҳоро муайн намуд. Мувофиқи тақсимоти вазифа тавре Улфатнисо худ иқрор мешавад, Холбашов Холбашов ҷангиёнро дар ноҳияи Рӯшон  ва Роштқалъа омода мекард, Муҳаммадбоқир Боқиров бошад, аслиҳаю силоҳи ҷангиёнро тақсим мекард. Улфатнисо бошад масъули паҳни иттилотти бардурӯғ буд. 

Бояд гуфт, ки Улфатнисо қабл аз оғози ин амлиёт ҳанӯз санаи 15 марти соли равон дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе бо намояндаи корпуси давлати ба мо номаълум сари хон маслиҳат ороста аз нақшаҳои ҷангҷӯёна онҳоро иттилоъ дод ва худ иқрор шудааст, ки барои ҳар як иттилоот аз ҷониби фармоишгарон 100 доллари меҳнатона мегирифт. Дар рафти амалиёти бобарори мақомоти қудратии кишвар 20 тан аз ҷангиёни террорист кушта шуданд. Суоле ба миён меояд, ки чаро мавзӯи Рӯшон минтақаи баргузории амалиётҳои терроистӣ интихоб шуд. Гап дар сари он, ки ин роҳ аз лиҳози муҳимияти иқтисодӣ барои Тоҷикистон роҳи пайвастшавӣ ба давлати бузурги Чин аст ва ҳамрӯза молу колои зиёд тавассути он роҳандозӣ карда мешуд. Дуввум агар ин роҳ воқаен ҳам таҳти тасарруфи террористон мешуд, онҳо шартҳои худро ҳам ба ҷониби Тоҷикистон, ҳам ба ҷониби Чин мегузоштанд. Сеюм манфиатхоҳони давлати ҳамсояи Афғонистон, яъне толибон низ ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешуданд. Аммо амалиётҳои вижа ва ҳушёрии сиёсии мақомоти қудратӣ садди роҳи нохалафон гардид.  Маълум гардид, ки барои иҷроиши ин амалиёт гуруҳи муташаккили террористӣ моҳҳо зиёд омодагӣ дида, яроқу аслиҳаи оташфишонро ба миқдори зиёд ба Тоҷикистон тавассути коҷоқ ворид намуда будаанд.   

Аз ин ҳодиса чунин хулоса баровардани мукин аст, ки масали халқи “Гургзода оқибат гург мешавад” ва ҳатман ӯро бо меҳр парвариш намоӣ боз рӯзе аз поят мегазад, рост аст. Инро дар мисоли Муҳаммадбоқир Боқиров ва Холбаш Холбашов метавон мисол бурд. Ин ду нафар соли 1997 замони ба имзорасии оштии миллӣ аз ҷониби мухолифин ба вазифаҳои баланди ҳарбӣ расида, роҳбарии қисмҳои низомиро бар дӯш доштанд ва нақшаю ниятҳои бади худро тӯли солиёни зиёд дар сар доштанд. Чеҳраи манфуру номаи аъмоли онҳо пас аз талафоти 20 нафар ҷавонон боз ҳам равшан шуд. Ин 20 нафарро дар хона падару модар, хоҳару бародар ва ниҳоят фарзандон интизорӣ доштанд. Шояд аксари онҳо аз гумроҳии фарзанд, додар ва падари худ огаҳӣ надоштанд.

Фарҷоми ҳама ҷанг оҳу афсӯс аст. Имрӯз ин амалиёт аз ҷониби давлат фурӯ нишонда шуд. Аммо ҷони ҷавонон ҳайф шуд.

Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки Ватанро ба маънои маҳал, зодгоҳ қабул накунем. Ватан ин Тоҷикистон аст. Ба бадахшониҳо гуфтанием, ки Шумоён як пораи Тоҷикистони азиз ҳастед ва ҳаргиз худро дур аз он нагиред. Суханони пурҳикмати Сарвари давлатро ҳамеша дар хотир доред, террорист Ватан маҳзаб, дин  ва дил надорад.  Ба ҷои ин ҳама  хунрезиҳо барои ободии Ватан кӯшем. Диёрамонро бо меҳр бунёд кунем. Бадахшон, ки ба қатори 100 манзари беҳарини дунё бори сеюм шомил шудааст, боз ҳам зеботар кунем. Меросбарони асили Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Нумратулло Махсум, Мирсаид Миршакар, Меҳрубон Назаров, Мусо Диноршоев, Раҳим Масов ва Муъмин Қаноат бошем.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пушти ин амалҳои нопок аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ буда мехоҳанд ба ҳар роҳу восита авзои сиёсии ҷомеаро ноором созанд. Бархе аз ҷавонони гумроҳ имрӯз шомили ин гурӯҳи ҷоҳил шуда дур аз ёру диёр хиёнат ба Модари хешу Ватани азиз карда истодаанд. Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, ки бо номи поки Ислом ҷавононро ба сӯӣи даҳшату ваҳшоният кашида истодааст, аслан худи ӯ дар бораи ин дини муқаддас чизе намедонаду бо шарикии бархе аз нимчамуллоҳои атрофи хеш ҷавононро ба ҷиҳоду дигар кирдорҳои ваҳшиёна даъват намуда ҳазорон ҳазор гумроҳшудагонро ба доми марг афтондаю дур аз зану фарзанд намудааст.

Мухиддин Кабири муддати якчанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хорича истода бо фармони хоҷагони хоричиаш обурую нуфузи Точикистонро дар арсаи чахони паст карда истодааст. У бо аъзоёни ба ном Хизби назхати исломи аммо дар асл ташкилоти террористии ХНИ солхои 90-уми асри гузашта як маротиба халки точикро бо хам чанг андохта Точикистони азизи моро ба хоку хун огушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабири ва хамаслаконаш мохи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Точикистони гуг гул шикуфта истодаро ба хоку хун огушта кунанд, аммо халки бошарафи точик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онхо намеафтанд.

Муҳиддин Кабири дар сомонаҳои интернети худро сафед кардан мехоҳад ва дар байни мардум худро монанди мусича бегуноҳ нишон медиҳад. Имруз пайравони Мухидин Кабири, ки зери шиори у ва  накшаву мароми ташкилоти у лоф мезананд,  аммо намегуянд, ки чаро Мухидини пешвои ТЭТ ХНИ дар рузи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло хузур надошт. Намегуянд, ки чаро Мухидин Кабири, миллату давлат, дину оин ва мазхаби худро фурухт. Намегуянд, ки чаро 1мил. 200 хазор доллари амрикоиро барои табодуллоти Точикистон ба генерали хоин Назарзода Абдухалим додааст. Ин ҳама гуфоҳи он мебошад, ки Муҳиддин Кабири як ватанфуруши хоин мебошад.

Воқеоти сентябри соли 2015 суҳбат ва ҳамкории хиёнаткорону террористоне, чун Кабирию Назарзодаро пурра собит сохтанд. Ҳарчанд худи Кабирӣ ёдовар мешавад, ки ӯ бо Назарзода ҳамкорӣ доштааст, вале рӯзноманигори иғвогар махсусан таъкид менамояд, ки амалҳои Назарзода қувваи дасти шумо нест. Яъне, Кабирӣ худ мегӯяд, ки амалҳои террористонаи сентябрӣ нишонаи дасти ӯянд, лекин рӯзноманигор бечоранолии ин террористро таъкид медорад. Ин ҳама воқеаҳо исботи он ҳастанд, ки Муҳиддин Кабири як хоини ватанфуруш аст.

Нусратхон Ахмедова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии Ватани азизамон ҳадафи асосии тамоми мардум кишварамон баҳисоб меравад. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин буда, мардум дар фазои сулҳу амният кору зиндагӣ мекунанд. Доштани давлати соҳибихтиёру мустақил, забон, урфу одат ва тамаддуни беш аз 6000 сола арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад. Мутаассифона то ҳанӯз ҳастанд шахсоне, ки зери таъсири унсурҳои бегона қарор гирифта, ба амалҳои ҷиноятӣ даст мезананд, осоиштагии мардумро халалдор намуда ба рушди ҳама соҳаҳои ҷомеа монеаҳо эҷод мекунанд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҷавононро ба доми фиреби худ дароварда, барои қонеи ҳадафҳои ҷиноятии хеш онҳоро ҳамчун афзори содиркунандаи ҷиноят истифода мебаранд. Воқеаҳои охире, ки тайи рӯзҳои охир дар атрофи шаҳри Хорущ ва ноҳияи Рӯшонба вуқӯъ пайваст ҳеҷ яки мо, шаҳрвандони кишварро ором намегузорад. Ҳодисаҳои рухдода аз он шаҳодат медиҳад, ки дар инҷо дахолат аз хориҷи кишвар мебошад, зеро мардуми азизи мо ба ин гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ якбо гирифтор шуда буданд ва оқибатҳои хунхоронаи ин ҷанги хонамонсузро дарк карда метавонанд. Гурӯҳи хурди ҷиноятии ташкилкардашуда, ки аз номи мардуми шарафманди Бадахшон баромад намуда, дидаву дониста даст ба тазоҳуроту бетартибиҳо зада истодаанд, барои хоҷагони хориҷӣ худро ба марг ва ё паси панҷара бурда мерасонанд. Аз ин лиҳоз мо ҷавонони ноҳияи зафарманди Зафаробод аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меорем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи дасисаҳои душманони миллат нашаванд ва ин тоифа одамони ҷинояткорро ҷонибдорӣ накунанд.

 Нодира Хоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Яке аз ин гуна хатарҳо аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ карда мешавад ва ҳадафу мақсади ин ҳизби худкомаи ифротгаро бори дигар ҷудоӣ андохтан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва пиёда кардани ниятҳои пасипардагист. Ин аст, ки мубориза бо ин гурӯҳҳои терроистиву экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандор, новобаста аз касбу кор, синну сол ва мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи рӯшаниву торикӣ саҳми худро гузорад.

Воқеан ТТЭ ҲНИТ ва гурӯҳҳои характери террористиву экстремистидошта ба ҷомеа таҳдидҳои ҷиддӣ доранд ва аз ҷониби коршиносони марказҳои бонуфуз хатарҳои ин гуна гурӯҳҳо зикр шудаанд, ки чандеи онро ин ҷо меорем.

ТТЭ ҲНИ мухолифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зидди мавҷудияти давлати мустақили Тоҷикистон аст.

Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ки ТТЭ ҲНИ аз шумори онҳост, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад.

Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “Хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бечунучаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд.

Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд.

Ифротгароии муосири динӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ба сохти давлатдории мо ва бо тарзи зиндагии озодонаи мо моҳиятан мухолиф буда, онҳоро аз байн бурда, бо ҷои он ба мо ғуломию беҳуқуқиро таҳмил мекунад.

Аз назари гурӯҳҳои ифротгарои диннӣ бояд низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи онҳо “давлати исломӣ” ҷорӣ карда шавад.

Масалан рафтору кирдори аъзои ТТЭ ҲНИ то соли 2016 далел аз ин гуфтаҳоро дошт. Исломи ин тоифа ҳамон шакли маҳдуд, хашину бераҳмона ва торики фаҳмиши исломро, ки гурӯҳҳое чун ДОИШ дар амалҳояш, таҷассум мекард.

ТТЭ ҲНИ бо асолати таърихӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн мебарад. Яке аз хусусияти ифротгароии динӣ, аз ҷумла хусусияти гурӯҳҳои террористӣ дар он аст, ки ба миллигароии ифротӣ дар заминаи дин сахт пайваст мебошад. Арзишҳои миллиро чашми дидан надорад, гоҳе зери шиорҳои миллӣ, гоҳе зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳе дигар зери шиорҳои сиёсию геопалитикӣ ҳадафҳои нопоки худро пиёда карданӣ мешавад.

Гурӯҳҳои ифротии динӣ маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷиконро маҳкум карда, онро аз байн мебаранд.

Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат назари манфӣ дошта, ҳарчанд дунёсозӣ мекунанд, аммо дар амал онро эътироф намекунанд.

Ифротгароёни диннӣ ҳамаи мазҳабҳои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмон ҳисоб намекунанд. Ин мавқеи онҳо боиси сар задани бӯҳрони ҷиддии ақидагӣ дар ҷомеа мешавад, ки оқибатҳои вазнин дорад.

Агар чунин намебуд ТТЭ ҲНИ ташкил намегашт ва хилофи дину оини аҷдодӣ амал наменамуд. Пӯшида нест, ки аъзои ТТЭ ҲНИ то чанд соле пеш фақат худашонро пайравони воқеии ислом медонистанд, тамоми ибодатҳои дигаронро зери суол мебурданд. Ба онҳое, ки ҳамроҳашон набуданд ва ё дар масҷид ибодат намекарданд, ҳатто мусулмон ҳисоб наменамуданд.

ТТЭ ҲНИ нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари ҷангҷӯёна ва такфирӣ дошта, ҳамзистии осоиштаи байнимазҳабиро дар кишварамон аз байн мебарад. Ба ин восита он ба Ваҳдати миллӣ, суботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоварад.

Фаъолияти чандсолаи ин гурӯҳ дар Тоҷикистон маҳз ҳаминро нишон дод ва бозгӯи ба он кард, ки барои пайравон ва аъзои ин гурӯҳи террористиву экстремистӣ муқаддасоти мазҳабӣ ҷой надорад. Онҳо бештар ҷудоиандоз байни мазҳабҳо буда, вобаста ба манфиат ҳар чор мазҳабро ба ҳам омезиш медиҳанд, ё ҳамаро инкор мекунанд.

Ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир, ба мисли ТТЭ ҲНИ дар асл силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати бори дигар ба Тоҷикистон роҳ ёфтани ТТЭ ҲНИ кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил ёфтанаш мумкин аст. Дар натиҷа на танҳо суботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти худи Тоҷикистон бо хатари воқеи дучор мегардад.

Тамоми далелҳои таърихӣ, илмӣ ва мантиқӣ исбот мекунад, ки ТТЭ ҲНИ аз батни худи ҷомеа ташаккул наёфта, бо дастгирӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи доираҳои махсуси сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташкил карда шудааст. Ин доираҳо хусусан, кишварҳои абадқудрат, хусусияти ҷомеаи моро даҳсолаҳо балки садсолаҳо омӯхта, фарқу ихтилоф, фарҳангу руҳия ва сатҳи ҷаҳонбинии мардум ва умуман, нуқтаҳои заифи ҷомеамонро ба хуби медонанд. Мақсади асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмини манфиатҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии худашон мебошанд, аммо дар ин кор гурӯҳҳои ифротгароии исломӣ ба мисли ТТЭ ҲНИ метавонад яке аз муносибтарин силоҳҳои онҳо бошанд.

Хуллас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ гузоштааст.

Аммо савол ин аст, ки муносибати шаҳрвандон, яъне муносибати ҳар яки мо бо ин равия ва ҳизбу гурӯҳҳо, дар мисоли ТТЭ ҲНИ бояд чӣ гуна бошад?

Албатта ҳар як шаҳрванди ватандӯст дар муқобили ҳар гуна хатаре, ки ба давлат ва Ватани мо таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили ин хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи ТТЭ ҲНИ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст.

ТТЭ ҲНИ натанҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунад.

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон нишон дод, ки аъзои он ифротгаро буда, қишри босаводи ҷомеа, аз ҷумла аҳли ҳунару фарҳангу илму зиёро ҳамчун (кофир) эълон менамоянд, намояндагони дину мазҳабҳои гуногунро чашми дидан надоранд. Пас омадани онҳо барои ҳар қишри ҷомеа, барои ҳар шаҳру деҳа, барои ҳар оила, барои ҳар шахс фоҷеа, таҳдид ва хатари мустақим аст.

Ин аст, ки мубориза бо ин ақидаҳои ботилӣ ТТЭ ҲНИ, ки таввасути шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои гуногун паҳн мнгардад, на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як қишри ҷомеа, вазифаи ҳар шаҳру деҳа, вазифаи ҳар оила ва вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Охунҷонов Абдуҳабиб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Аз дидани филми “Шикасти фитна”кас ба тааҷҷуб меояд, ки чӣ тавр ҷомеа чунин шахсиятҳои ифротӣ, ба монанди Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқирро тоқат карда метавонад. Албатта, боварии комил дорам, ки мақомотҳои дахлдор нисбати шахсияти ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида, адолатро барқарор менамоянд.

Бояд зикр кард, дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба ҳолати то 22-юми октябри соли 2018 аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66 адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон буд. Тирамоҳи соли 2018 аз ҷониби РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба онҳо огоҳии расмӣ оид ба хотима бахшидан ба амалҳои ҷиноятӣ дода шуд. Бар асоси он санад, лидерҳои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки  аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, таҳқири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳанд шуд. Зери он санад се сол пеш Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев имзо гузошта буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Ҳукумати мамлакат ҳамаи хатоиҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров ва нафарони ба ӯ пайравро бахшиданд ва соли 2018 охирон огоҳӣ дода буданд, вале инро гурӯҳи ҷинояткору кӯрнамак, бахусус Мамадбоқир Мамадбоқиров нодида гирифта, боз ба ноором сохтани вазъи минтақа камар бастанд.

Вақт нишон дод, ки ин нафарони фурӯхташуда ва ғарази пинҳонӣ дошта, ғамхориҳои Сарвари давлатро нодида гирифта баҳри иҷрои супориши хоҷагонашон ҷавонони бегуноҳро ба коми хеш кашида, хостанд дар кишвар оташи ҷангро афрӯзанд, вале бояд гуфт, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.

Ин буд, ки рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. Дар хабари оҷонсии расмии “Ховар” бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло “бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” рӯй додааст. Дар хабари расмӣ ӯро “саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ” номидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.

Имрӯз дар баробари мақомотҳои қудратӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баҳои худро нисбати чунин шахсиятҳо бояд дода бошад, бо ҳамин ба роҳи ифротгаро ва маҳалгаро рафтани насли ҷавонро гиранд. Зеро агар ҷомеа ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ баҳои сазовор надиҳад, насли наврас аз онҳо ибрати манфӣ гирифтанашон мумкин аст. Мо бояд аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои ифротгаро ва маҳалгаро, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта фаъолият намуд, кишварро қариб ба нобудӣ дучор намуда буданд, огоҳ буда, нагузорем, ки чунин фоҷиа бори дигар дар кишвари мо рух диҳад.

Охунҷонов Абдуҳабиб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадҳои худ, ҳатман ба масъалаи ҷавонон истода гузашта, пайваста онҳоро ба огоҳиву ватандӯстӣ раҳнамун месозанд. Соли равон хуб медонем, ки мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар доир гардид. Дар он зикр намуданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифродгарӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад».

Фоизи зиёди истифодакунандагони технологияҳои навтаринро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар гоҳе ки тариқи расонаҳо ва ахбори умум дар бораи рафтори ношоями баъзе фардҳои ҷомеа мешунавему мушоҳида менамоем нафратамон зиёд мегардаду аз сарамон андешае мегузарад, ки чаро мардум ба қадри Ватан-модар, обуз амин ва неъматҳои бу ӯ додашуда намерасад. Ватани зебову обод, оромиву осоиштагӣ, серию пурӣ ва истиқлолияту озодӣ ба халқу кишвар муяссар намегардад. Ҳанӯз дар замони оини зардуштӣ инонҳо дар асоси шиори «Рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек» зиндагонии худро пеш мебурданд. Рафтори нек, нияти нек, андешаи нек, гуфтори нек ҳама вақт бартарияти худро дошту дорад. Бузурге дар як байте гуфтааст: Сурати зебои зоҳирро чӣ суд? Эй бародар, сирати зебо биёр. Имрӯз аксар падару модарон тарбияи фарзандро дар хӯронидану пӯшонидан ва ба мактаб супоридан медонанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар сафи бачагони душвортарбия зиёд гардида истодаанд. Барои душвортарбия нагаштани наврасон ба таълиму тарбияаш диққати ҷиддӣ дод. Падару модарон, омӯзгорон, шахсони мутасаддиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва барои пешгирии мубориза ба алайҳи ҷиноятҳои терроризм ва экстромизм кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки дар ватани мо сулҳу ваҳдат ҳамешагӣ ҳукмфармо гардад. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстрамизм вазифаи асосии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҷамъиятӣ аст, аммо мусоидат кардан ва дастгирӣ кардани ҳар фарди ҷомеа барои пешгирии ҷиноятҳои террористиву экстромистӣ вазифаи ҷонии ҳар як фар даст. Барои аз байн бардоштани шомилгардии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бояд масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳар фарди равшанзамиру бедордил ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризму эстромизм талқин намояд.

 Халқи тоҷик аз азал ҳиммати мардиву мардонагии қавиеро дар худ мепарварад. Имрӯз Тоҷикистонро тамоми дунё ҳамчун кишвари сулҳпарвар, озоду демократӣ мешиносад. Моро зарур аст, ки ҳама як ҷо муттаҳид шуда, ба миллату давлатамон софдилона хизмат намоем. Ин маскани ҷаннатсоро аз чашми баду дасти нохадафон нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда бенуқсон расонем.

 

Нодирахон Хоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Мусаллам аст, ки бадхоҳию фитнагарӣ кинаю адоват пасттарин сифатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, нафароне, ки дорои ин хислатҳо ҳастанд ҳеҷгоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Бештар аз ҳама нафаре, ки ба давлату миллат ва ба Ватани худ хиёнат кардааст ҳеҷ гоҳ гунаҳаш бахшида намешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он гаштанд, ки ҳамин гуна як гурӯҳи ноогаҳу фурӯхташуда чанд рӯз пеш дар ноҳияи Рушон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ мардум хусусан ҷавононро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват намуда, суботи минтақаро чанд рӯз халалдор намуданд. Иқтидори адолат, раъйи сокинон, пояи устувори давлатдорӣ собит намуд, ки ин фитнаангезиҳо ба истилоҳ хасе дар назди бод аст. Намоиши филми “Шикасти фитна” парда аз руйи нақшаю тарҳрезӣ ва амалиётҳои саркардагони ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Маҳмадшоева ва Алим Шерзамон (дастурдеҳи хиёнаткор аз хориҷа)-ро бардошт. Сокинон огаҳ гаштанд, ки ин гурӯҳ бо мақсади ба баст овардани манфиат, халал ворид кардан ба сохти давлатдорӣ, гумраҳ кардани мардум омодагӣ дида, нақшаҳои хиёнаткорона тарҳрезӣ мекардаанд. Кирдори разилонаи ин гурӯҳ дар он муайян гардид, ки инҳо дастури хоҷагони хориҷии худро амалӣ карданӣ буданд. Магар аз ин бештар хиёнат ба Ватан, ба Модар нест. Магар ҳаминҳо набуданд, ки ба хуни рехтаи чанд нафар зомин шуданд. Гунаҳу кирдорҳои ин тоифаро на ягон меъёри қонун ва халқу миллат намебахшад. Дар филм дида мешавад, ки ин саркардагон худашон аз рафтору аъмолашон иқрор мешаванд. Боз шармандавор узр мепурсанд. Бештар аз ҳама нафрати кас ба Улфатхоним Мамадшоева афзун мешавад, ки ба номи модарӣ ва зани тоҷик иснод оварда, худрою имону виҷдонашро фурӯхтааст. Воқеан ҳар як ҳодиса ё аъмоли нафаре ҳушдоре ба ҷомеа мебошад. Ин воқеаҳо ва рафтори саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар пайи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошем. Ба қадри истиқлолу ваҳдат бирасем. Зеро давлату ҳукумати кишвар зери раҳнамоиҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ, ҳифзи Истиқлоли кишвар, тадбиқи волотарин ҳадафҳои давлатсозӣ фидокорона заҳмат кашида, ҳар сокини мамлакатро ба бунёди зиндагии шоиста ва ба роҳи рушди Тоҷикистон содиқона хизмат кардан тақозо менамояд.

 

Охунҷонов Абдуҳабиб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Агар ба таърихи Тоҷикистони азиз назар кунем, зуҳури экстремизм аз солҳои 90-уми асри гузашта оғоз ёфтааст. Вазъияте, ки дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ба вуҷуд омад – фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, паст шудани сатҳи зиндагии мардум, зиёд шудани бекорӣ, коста шудани таъмини амнияти миллӣ, ки идора намудани он аз тарафи ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ душвор гардид, боиси ба вуҷуд омадани зуроварӣ ва таҳдид дар ҷамъият шуд.

Аз ин ҳолати мувофиқ истифода бурда,  барои вайрон намудани Ҳукумати Ҷумҳурӣ  намояндагони гуруҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ кушиш намуданд. Яке аз омилҳои зиёд шудани радикализм ин зиёд шудани ҷавонони камсаводи динӣ мебошад, ки гуруҳҳои террористӣ ин ҷавонони ноогоҳро ваъдаҳои калон дода, ба худ ҷалб намуданд. Дар ин ҳол терроризм дар байни ҷавонони каммаълумот бештар шуда, миқдори ҷавононе, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои бурунмарзӣ маълумот мегирифтанд, зиёд шуданд. Коршиносон мешуморанд, ки яке аз омилҳое, ки ҷавононро ба чунин роҳ рафтан маҷбур кард, ин нобоварӣ ба ояндаи худ ва давлат мебошад. Масъалаи дигаре, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад, ин муҳоҷирати меҳнатӣмебошад. Вазъияти ҷаҳон, ки ба ҳолатҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ҳамаи давлатҳо таъсир расонида истодааст, даҳҳо ҳазор нафар одамонро муҳоҷири меҳнатӣгардонидааст. Махсусан, баъзе ҳолатҳои муҳоҷирати меҳнатӣ  дар солҳои сипаришуда чунон ба монеаҳо  ру ба ру шуд, ки эҷоди хавфу хата рва дигар таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ шудааст.

Баъзе ашхосон дар зери маҳфуми муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷа бо гузаронидани омузишҳои гуруҳҳои ифротгароӣ машғул гардида, таҳдидҳои навро ба вуҷуд меоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин корро зиддиқонунӣ ҳисобида, ҳадафи асосии худро мубориза бо ин амалиёт меҳисобад ва доим чораҳои мушаххас меандешад. Аз таҳлилҳои солҳои гузашта бармеояд, ки  баъзе аз ҷавонон ба Федератсия Русия рафта, бо нигоҳ ва тафаккури ифратгароӣ ва танқидӣ ба Ватан бармегарданд, ки нисбати ин масъала низ ҳукумат тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ин сабаб ба доми гуруҳҳои ифротӣ фаромадани ҷавонон мебошад.

 Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо, ҳукумати Тоҷикистон дарк намуд, ки роҳи барҳам додани терроризм танҳо дар сурате имконпазир аст, ки дар кишвар субот ва ризоияти мутақобилаи байни тамоми қишрҳои аҳолӣ таъмин карда шавад. Бо дарназардошти ин ниёзҳои хоса дар баробари муборизаи муштарак бо террористон оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаҳо тавассути муколамаи сиёсӣ кори зиёде анҷом дода шуд.

 

Дилафрӯзхон Саидхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Аз воқеаи дирӯз дар Хорух  рух дода огоҳ шудаем, ки як гурӯҳе аз ҷинояпешагон  аз шаҳри Хоруғ ғайриқонуни гирдиҳамоӣ ташкил намуда, оромии мардумро халалдор намуданд. Мо мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои сахту сангинеро, ки ба сари мардуми мо ҷанги шаҳрвандӣ ба бор оварда буд аз сар гузаронидем ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Эй мардум шукрона бояд кард баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҳамаи мо медонем, ки Ватани мо дар кадом вазъият қарор дошт мардум нони хӯрданию либоси пӯшидани надоштанд, аммо барои сулҳу суботро барқарор намудан ҷаҳду талош менамуданд. Имрӯз дар кишварамон бо шарофати ин марди Худодод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ ва серию пури побарҷост. Имрӯз, низ ин хоинони кишвар мехоҳанд бо ҳар роҳе дар кишварамон нотинҷӣ ва нооромиро ба вуҷуд оранд, зеро онҳо аз ин манфиат ба даст меоранд. Баъзе масъалаҳои ҳалталаб, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, на бораи тазаҳурот балки метавонем бо роҳи гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳал карданаш мумкин. Мамлакатҳое, ки мо дида истодаем тариқи расонаҳои ҷаҳонӣ бетартибиҳо вуҷуд доранд оқибаташ ба чӣ рӯзҳо оварда расонида истодааст. Имрӯзҳо ҳамаи мо шоҳиди он гардида истодаем, ки дар арсаи байналмилалӣ вазъияти сиёсии ҷаҳон нотинҷ, зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ҳеҷ вақт барои ҳимояи як ду нафари ҷинояткор бо иғвои кадом як хоинони миллат зидди қонуният нахоҳам баромад. Бо истифода аз имкон аз тамоми сокинони кишвар, хусусан мардуми сарбаланди Бадахшонзамин даъват ба амал меорам, ки ба иғвоҳои гуруҳҳои бадхоҳи миллат дода нашаванд, дар ғафлат намонанд ва Ватани тинҷ ва осудаи моро, ки дар ин давру замон тинҷиву оромӣ болотар аз ҳар арзиш мебошад, ба вартаи ҷанг накашанд. Мо бояд дурандеш бошем, на танҳо фикри имрӯзу фардо, балки фикри ояндаи фарзандонро дар сар дошта бошем. 

Гулнора Юсупова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд