Дар замони муосир, ки технологияи иттилооти руз аз руз рушд ёфта актуалӣ шуда истодааст, тарбияи насли наврас талаб мекунад, ки онҳо бояд аз решаронии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи иттилооти амиқ ва огаҳи дошта бошанд. Ҷавонон бояд дар тафаккури худ арзишу оқибати ин рушди иҷтимоии замони муосирро дарк карда  ва баҳо дода тавонанд ин ба роҳи покин ҳидоят менамояд. Дар телевизион ва нашрияҳо бисёр мисолҳо оврада мешавад, ки гумроҳии баъзе ҷавонон дар ин падидаҳои номатлуб ба чӣ оварда расонд, яъне оқибаташ ба куҷо мебарад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷистони азизамон дар давраи истиқлолият аз ҷиҳати иқтисодю иҷтимоӣ ва тинҷиву оромӣ  рушд карда истодааст, ки мо бояд ин ҳолати беҳтарини ватани ҷоноҷонамонро  эҳтиёт намоем ва дар оянда сайқал диҳем. Барои ин мақсад расидан ҷавонон бояд донад, ки мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Имрўз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавҷуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурўҳҳои алоҳидаи он кўшишҳои  гузаронидани ислоҳот ба назар мерасанд. Барои  ба мазмуни ин масоил расидан  бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар   исломи муосир маълумот дошта бошем:

- ҷонибдорони ҷараёни аввал мўътакиди секуляризм, зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.

- ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.

- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом  мақсади ислоҳ намудани  оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат  норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекўшанд. Ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рўи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд, риояи ҳатмии аркони Шариат ва аҳкоми динӣ пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.

Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Ваҳҳобия» ба шумор меравад. Ваҳҳобия  аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он  бо роҳи зўроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.  

Мутаасифона, имрўзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кўшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурўҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиёти хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

        Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба таъкид изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад. Дар ин ҷо асос ҳамин Ваҳдат аст, ки миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат хоҳад овард.

         Аз ҷавоноy хоҳиш дорам, ки сатҳи дониши худо баланд намуда арзандагиҳо миллати тоҷикро чуқур дарк намоянд ва аз ин падидаҳои номатлуб фаҳмиш амиқ дошта бошанд, то ки ба роҳи рости покин раванд, аз каҷу килебҳои ҳаёт худро канор кашанд ва бо ин равияҳо мубориза баранд.   

                 Абдушукур Назаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва фирефта нашудани онҳо ба ваъдаҳои ин тоифаи хоину ватанфурӯш ҷавононро бояд зери назорати ҷиддии волидон ва калонсолон гирифта, тамоми қувваро барои омӯзонидани онҳо ба илму дониш, иштирок дар озмунҳову чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, рӯй овардан ба китобхониву огоҳ будан аз тамаддуну арзишҳои олии ниёгон, машғул шудан ба варзиш, истифодабарии самараноки технологияҳои замонавӣ ва интернет, тарғиби ҳисси баланди ватндӯстию меҳанпарастӣ дар ниҳоди онҳо ва билохира огоҳ кунонидани онҳо аз ҳадафҳои нопоки гурӯҳ ё тоифаи ифрогаро сарф намуд.

Авҷ гирифтани амалҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта боиси сар задани ҷанги дохилӣ гардид, ки оқибатҳои фоҷиабори он ба ҳама маълуманд. Дар як муддати кӯтоҳ болоравии диндорӣ ва таассуби мазҳабӣ ба тундгароӣ ва ифротгароӣ табдил ёфта, натиҷааш ба терроризм ва ҷанги дохилӣ оварда расонид.

Марҳилаи дигари болоравии ифротгароӣ ва тундгароии динӣ баъд аз барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон шурӯъ гардид. Кишвари мо баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ давраи пас аз муноқишавиро аз сар гузаронид, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба ҳолати қашшоқӣ гирифтор шудани бештари сокинони кишвар мусоидат намуд. Дар ин ҳолат, сатҳи донишу ҷаҳонбинии сокинон бахусус ҷавонон коста гардида, кишвар ба бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гирифтор шуд. Аз ин ҷо, дар кишвар сатҳи ҷинояткорӣ болорафта, сатҳи бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ авҷ гирифт. Чунин вазъият барои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ мусоид мебошад ва бо истифода аз ин ҳолат ташкилоҳои ифротӣ таблиғоти худро вусъат бахшида, як қисми осебпазири аҳолӣ, хусусан ҷавононро ба тарафи худ ҷалб менамоянд ва зери таъсир қарор медиҳанд, ки дар натиҷа ба афзоиш ёфтани тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа оварда мерасонад. Чунин равандҳо ҳарчанд, ки коҳиш ёфтаанд, аммо то ҳанӯз дар кишварамон идома доранд.

Имрӯзҳо мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ маҷмӯан раванди афзоиши тундгароӣ ва ифротгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додааст. Вале бо назардошти он, ки ин падидаи номатлуб ҳанӯз пурра аз байн бурда нашудааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷалби имкониятҳои тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеа барои мубориза бар зидди тундгароӣ, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб талаби замон боқӣ мемонад.

Дар шароити имрӯза, ки талоши қувваҳои ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ равона шудааст, ҷавонони моро мебояд бисёр ҳушёр буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд. Зеро ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият буда, ояндаи дурахшони миллату кишвари азизамон Тоҷикистон аз онҳо вобастагии калон дорад.

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда,  дар  раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад.  Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда,  ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ асос меёбад. Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм чунин маънидод гаштааст: «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа».Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадораст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад.                                                                                                        Ифротгароӣ дар  мамлакатҳои Аврупо агар дар шакли ҳаракати скинхедҳо, фашизми навбаромад зуҳур ёбад, дар мамлакатҳои Шарқ бештар дар шакли динию миллӣ зуҳур кардааст.  Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст.  Имрӯз ҷомеаи моро амали созмонҳои ғайриқонунии ҳизби«Таҳрир», Ваҳҳобия, Салафия ба ташвиш овардааст.          Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад. Ҳамагон амалҳои ваҳҳобиёнро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар хотир доранд.  Бо даъвати онҳо чӣ қадар ҷавонон ба митингбозиҳову даргириҳои сиёсӣ кашидашуданд.  Ин ҷанг ба ҷумҳурии мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ расонид,ки ин зарбаи калон ба генофонди миллат буд.  Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Барои ин дар мактабу донишгоҳҳои олии касбӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешид.  Бояд ҳар як аъзои ҷомеа на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки  дарку иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ биҳисобад.

 Дар ҳиссу тафаккури онҳо дарки баланди ватандорӣ парвариш карда шавад, токи барои ба даст оврдани фоидаву маблағи яквақта ба амалиҷиноятӣ даст назананд.                                                                   

Ифротгароӣ ватан надорад, дар куҷое набошад онҳо ҷавононро ҷалб кардан мехоҳанд.                             Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зарурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад. 

Набиҷон Боқиҷонов, устоди ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар даврони муосир дар Тоҷикистон баъд аз ташкил ёфтани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон илми тоҷик рушд ёфт. Аввалин Пажуҳишгоҳҳои астрофизика (соли 1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови (соли 1964) АИ ҶТ ташкил ёфта, соҳаи физикаю астраномия ташаккул ёфт. Дар ҳамин давра як қатор олимони тоҷик ба пажуҳишгоҳ сафарбар карда шуда,  дастовардҳои илмиеро дар ҷаҳон муаррифӣ намуданд, ки барои истеҳсолоти хоҷагии халқ манфиатҳои мусбиро ба бор овард.

Асосгузори физикаи назариявӣ дар Тоҷикистон Султон Умаров (1906-1964) мебошанд, ки оид ба қисмҳои механика, физикаи ядроӣ, физикаи нимноқилҳо корҳои илмии худро ба анҷом расонидаанд. Директори пажуҳишгоҳи астрофизика ва физикаю техника Акобир Адҳамов (1928-1992) таъин гашта, дар самти физикаи назариявӣ ва корҳои озмоишӣ оид ба ултрасадо, таҳлили ренгенӣ, таҳлили моддаҳои радиоактивӣ ва электроники квантӣ мароқ зоҳир намуда, корҳои илмиашонро ба анҷом расонидаанд. Ӯ нахустин шуда назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъҳо коркард намудааст. Пас аз ин олим олими дигари физикаи назариявӣ Фотеҳ Ҳакимов (1937-2014) ба соҳаи илм омада, плазма ва ноустувории модулатсионии плазмаи релятивӣ ва дар ҳалли масъалаҳои астрофизикаро омӯхтааст. Аз ҷониби ин шахс, муодилаҳои ғайримувозинатии тақсимшавии зарраҳои заряднок пешниҳод гардидааст. Яке аз пайравони мактаби илмии физикаи назариявӣ Саидмуҳаммад Одинаев (тав. 1942), мутахассиси варзидаи назарияи статистикии ҳолати моеии моддаҳо ба шумор рафта, тадқиқоти илмӣ ва усулҳои пешниҳод намудаи ӯ бахшида ба сохтори макроскопии муҳитҳои конденсӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Вай усули аслии таҳқиқи системаҳои классикиро дар муҳити конденсӣ бо истифода аз муодилаҳои кинетикӣ дар ҳолати мувозинатӣ ва ғайримувозинатӣ такмил додааст. Намояндаи дигари соҳои физика Тағоймурод Солеҳов (соли тав. 1947) сохтори назариявии хусусиятҳои спектрҳои парокандашавии рӯшноӣ дар моеъҳо, нурҳои лазерӣ ва фотоакустикаро таҳқиқ намудааст. Олими дигари пажуҳишгоҳ Ҳикмат Муъминов (соли тав. 1966) аввалин шуда тарзи нави ҳалли муодилаи ғайрихатии вектории Шредингерро коркард намудааст, инчунин паҳншавии радиатсияи моддаҳои радиоактивиро дар компютерҳои квантӣ тарҳрезӣ намудааст. Намояндаи дигари ин боргоҳ, Фарҳод Раҳимӣ (соли тав. 1968) ба масъалаҳо мухталифи назариявии зарраҳои бунёдӣ ва ҳодисоти дохилиядроӣ машғул шуда, ба кашфиёти назаррас ноил гардидааст.Мактаби илмию тадқиқотии ҷисмҳои сахт ва мустаҳкамии полимерҳо низ яке аз нахустмактабҳои илмии физика дар Тоҷикистон буда, аввалин намояндаи он Баҳрулло Нарзуллоев (1928-1982) ба ҳисоб меравад. Зери роҳбарии ӯ дар физика усулҳои нави илмӣ - вайроншавии ҷисмҳои сахт (хусусан, кристаллҳо) ва истифодаи нахҳои полимерҳои табиӣ (абрешим, пахта, пашм) пешниҳоди ҳамагон гардиданд. Яке аз намояндагони ин мактаб Тошбой Бобоев (тав. 1942) асосгузори равияи нави илмии физикаи ҷисмҳои сахт - «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» мебошад. Вай қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф намуда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кардааст. Намояндаи дигари ҳамин мактаб Шарофиддин Тӯйчиев (тав. 1943) консепсияи мураттабии калонмолекулии маҳлулҳо ва полимерҳои тамоюлиро дар физика ва химия пешниҳод намудааст. Додо Саидов (1941-1997) бошад, рӯйдодҳои тормозшавии раванди туршшавии эластомерҳоро дар зери таъсири қувваҳои механикӣ, майдонҳои сусти магнитӣ ва механизми микротаркиши вайроншавии эластомерҳоро ошкор намудааст, ки дар ин ҷода ӯ яке аз беҳтарин физикдонҳои собиқ ИҶШС маҳсуб меёфт. Дар баробари онҳо, донишмандони дигар Зиёвуддин Низомов (тав. 1947) ба равияи нави илмӣ дар физика - «Омӯзиши сохтори ассотсиатҳо ва моҳияти релаксатсияи акустикӣ дар маҳлулҳои обии электролитҳо» асос гузошт ва Ҳасан Абдуллоев (тав. 1952) бошад, қонунияти умумии тағйироти сохтори сополиэфирҳои моеъкристаллиро ҳангоми омилҳои беруна дар равобит бо хосиятҳои реологӣ ва механикиашон муайян намуда, роҳҳои ҳосил кардани полимерҳои мустаҳкамро пешниҳод кард. Бар замми ин, З. Низомов сохтори маҳлулҳои обии электролитҳоро аниқ карда, моҳияти фурӯбурди релаксатсионии ултросадоро пешниҳод намудааст.

Дар қатори дигар олимон, олимони кафедраи физика ва химия дар соҳаи физика саҳми худро гузоштаанд: Осимов Акмал Зайниддинович (27.12.1937-2020) дар самти физикаи молекулавӣ, хосиятҳои ҷаббиши ултрасадо дар буғҳои атсетатро омӯхта, назарияҳои илмиро пешниҳод намудаанд. Устоди дигари мо Алиев Сангин (03.01.1945-09.2019) дар соҳаи астрофизика кор илмии худро ҷамъбаст намуда, мавҷудияти обро дар каметаҳо омӯхта, натиҷаҳои мушаххаси илмиро пешниҳод намудаанд. Ҷалилов Файзулло (15.09.1947) дар самти физикаи ҷисмҳои сахт кори илмии худро дар натиҷаи омӯхтани хизмати сатҳ дар вайроншавии ҷисмҳои сахт ва аввалин маротиба дар илм оид ба пайдошавии дилатонҳоро пешниҳод намудаанд. Раҳимов Соҳибназар Шарифович (16.08.1958) дар самти физикаи ҷисмҳои сахт кори илмии худро ҷамъбаст намуда, вайроншавии металлҳои асил (тилло, нуқра, мис), динамикаи нанодефекти панҷараи кристаллии металлҳоро санҷидаанд, ки дар замони муосир барои рушди технологияи наноӣ заминаи асосиро поя гузоштааст.

Ҳамин тариқ, олимони Тоҷикистон доир ба омӯзиши ҳаводиси мухталифи табиат ва дигар соҳаҳои мухталифи физика, химияи полимерҳо ва астрономия тадқиқоти арзанда гузаронида бо натиҷаҳои самарбахши худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, вале ба қадри имкон номи бархе аз онҳоро инҷо зикр намудем ва инро мо ҷавоно набояд нодида гирем, инчунин ҳамеша аз паи омӯзиши илм бошем.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии бузург, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд.

Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифатомӯзии муҳассилин ғанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба донишҷӯён, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили насли наврас нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд.

Ба насли наврас моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзанд масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад.

Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадем, ки аз оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад.

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ - мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан, шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин бо осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад. Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Барои пешгирии ин бояд маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

                             Набиҷон Боқиҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Муҳаммад Мусо Ал - Хоразмӣ Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Муҳаммад Мусо Ал – Хоразмӣ асосгузори илми агебра ва алгоритм мебошад. Китобҳои ӯ дар асри 12 бо забони лотунӣ тарҷума шуда дар рушди математикаи ғарб сарчашмаи асосӣ гардидааст. Он китобҳо ҳоло дар шаҳри Кембриҷи Британияи Кабир нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳоло яке аз соҳаҳои аз ҳама пешрафтатарин дар ҷаҳон ин соҳаи технологияи иттилоотӣ мебошад ҳамин соҳаи пешрафтатарин дар ҷаҳонро низ Муҳаммад Мусо Ал – Хоразмӣ асос гузоштааст чунки ӯ алгоритмро асос гузоштааст. Ҳама барномаҳои компютерӣ бо алгоритм сохта мешаванд яъне бе донистани алгоритм на барнома сохта мешаваду на сомонаҳои интернетию на мисоли инҳо барин чиҳо. Ана ҳамин илми асосгузоштаи бузургони моро истифода бурда мамлакатҳои ғарб аз мо садсолаҳо пеш рафтанд. Мо, ки ба мероси илмии гузаштагонамон аҳамият надодем аз мамлакатҳои ғарб садсолаҳо қафо мондем.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Хоразмӣ, Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Хоразмӣ, Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дустдоштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеъи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

   Барои балан бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат  пеш аз ҳама амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки  он ҳамчун   тавлидкунандаи арзиши изофии ба миён меояд. Ҳар чӣ мамлакат аз ҷиҳати саноатикунонӣ пурқувват бошад ҳамон қадар хазинаи мамлакат бою ғанӣ мегардад ва дараҷаи иқтисодии мамлакат бой мегардад.

Дар паёми навбатии Пешвои миллатамон оварда шудааст,  шумораи корхонаҳои саноатӣ дар замонӣ соҳибистиқлолӣ ба 2360 расонида шуд.

Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки барои баландбардории сатҳи иҷтимоии сокинони мамлакат то як андоза мусоидат менамояд. Агар маҳсулоти истеҳсолкардаро ба фурӯш барорем ба буҷаи мамлакат боз маблағи иловагӣ ворид гашта барои баланбардории сатҳи иҷтимоии сокинон, бландбардории нафақа ва иҷрокунии дигар имтиёзҳо имконпазир мегардад.

Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.

Зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.

 Дар бисьёр мавридҳо мо ашёи хомро ба фурӯш мебарорем, ки он тамоман нодуруст аст ва он зарар ба даромад аст. Мо бисьёр маврид гумон мекунем, ки арзон истеҳсол намудем, ку ду маротиба  зиёд аз арзиши истеҳсолиаш фурӯшем хуб аст.  Ҳол он ки дар бисьёр мавридҳо маҳсулоти ниҳоиро ба ду ва се маротиба аз нархи харидориаш зиёд муфурӯшанд.

Аз ин лиҳоз, барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад.

Бо ин мақсад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти марбута барои ҷалби сармояи мустақим чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Илова бар ин, бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта низоми идоракунии корпоративӣ роҳандозӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ фаъолияти самараноки онҳо ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Қудузова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Как отметил Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон: «Экстремисты и террористы не имеют ни родины, ни нации, ни религии, и смешивание ислама с этим ужасающим явлением является неправильным. Борьбу с экстремизмом, терроризмом и преступностью никак нельзя представлять как борьбу с религией».

В современном мире нет государства,  которое могло бы считать себя защищенной от угроз экстремизма и терроризма. Экстремизм в большинстве случаев направлен против светского государства,  угрожает всему миру и охватывает всё новые горизонты, а мирное население, страдают от его последствий. Меры защиты от экстремизма в демократическом обществе являются задачей не только государства, но и всей общественности в целом. Нейтрализации экстремизма в обществе можно достигнуть только совместными усилиями государственных органов и институтов гражданского общества.

Одной из причин экстремизма является низкий интеллект и невежество. Поэтому противостоять экстремизму необходимо, через просвещение молодежи и развитие у них рационального мышления. Экстремизм проявляется в случаях когда группа людей, не понимая опасности своих действий, начинает угрожать безопасности мирного населения допуская физического насилие над ним. Основными признаками экстремизма являются нетерпимость и жесткость, неспособность  принимать во внимание интересы окружающих людей, объективные обстоятельства и устрой государства исключительное признание только своего некорректного мнения, которые заставляет человека слепо следовать исключительно своим собственным мнению и предрассудкам.

В Республике Таджикистан Указом Президента от 28-го марта 2006 года была утверждена «Единая концепция Республики Таджикистан по борьбе с терроризмом и экстремизмом». Таджикистан с начала своей независимости присоединился и признал основные международные правовые акты о правах человека, а также международные конвенции и соглашения по противодействию экстремизму и терроризму.

Основными аспектами «Единой концепции Республики Таджикистан по борьбе с терроризмом и экстремизмом» являются прежде всего борьба с мировым экстремизмом и терроризмом посредством эффективного сотрудничества с правоохранительными органами и специальными службами иностранных государств.

Только руководствуясь данной концепцией и при комплексной реализации мер по борьбе с экстремизмом можно достичь желаемых результатов. Ряд отдельных научно-исследовательских центров и институтов в настоящее время занимается поисками эффективных мер по противодействию экстремизма, что в свою очередь способствует предотвращению распространения экстремистских идей.

Для достижения ощутимых результатов борьбы с экстремизмом необходимо прежде всего создавать пропагандистские группы среди государственных служащих, студентов, учёных, учителей, правоведов, всех гражданских институтов общества, включая религиозные объединения и других слоёв общества, одной из основных задач которых  является воспитание молодежи в духе нравственности и толерантности, взаимопонимания и патриотизма.


Юсупова Г.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дар ҷомеаи имрӯза  дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем. Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем. Ҳар як инсон Тоҷикистони азизамонро мисли гаҳвараки чашм нигаҳ доранд.

 

Одилов З.Р., устоди ДПДТТХ

 

 

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома ёфта, боиси афзоиши шумораи ҷангиёни иҷборӣ, гурезаҳо, бекорон, гуруснагӣ ва тезу тунд шудани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ  мегарданд.Терроризм ва ифротгароӣ, ки дар миқёси то ҳол дида нашаванда, паҳн шуда, бо оқибатҳои даҳшатовар ва фоҷиабори худ ба мушкилоти чиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст”.

         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳар дафъа дар суханрониҳои худ таваҷҷуҳи падару модарони насли наврас ва ҷавононро ба гузаштаи наздик ва рӯйдодҳои фоҷиабори таърихи кишвар, ки даҳҳо ҳазор нафар одамонро куштааст, менигаронанд.

         Ҷаҳони муосир дар баробари таҳдидҳо ва даъватҳое, ки табиати глобалӣ, вале хусусиятҳои минтақавӣ доранд, хеле осебпазир шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла дар солҳои истиқлолият борҳо мавриди таҳдиду хатарҳо қарор гирифт, вале ҳар дафъа барои муқобилат нишон додан бо ин таҳдидҳо заҳматҳои зиёд кашид ва аксар вақт ба қурбониҳои инсонӣ низ зарурият пайдо шуд.

         Ба шарофати сиёсати дурусту мақсадноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият кишвари мо дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

         Дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ҳукуматӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаҷми зиёди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда гузаронида шуд. Мутаассифона, то ҳол бархе аз ҳамватанони моро намояндагони созмонҳои террористӣ ташвиқ ва таблиғ мекунанд ва ҳатто бархе аз онҳо дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ва кишварҳои дигар ширкат варзиданд.

Аксаран ташкилотҳои экстремистӣ барои ба ҳадафҳои  ғаразноки худ расидан ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, ҷамъиятро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ нодуруст ба роҳ монда шуда, бар хилофи ақидаи динии онҳо мебошад. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Асосан ҷавонон қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа мегарданд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу оқибатҳои амалҳои терроризмро биёмўзанд ва барои аз байн бурдани он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. 

         Барои пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои террористӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ин падида тадбирҳои гуногун меандешад. Дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ ва тамоми муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла мактабҳо, донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Боиси хушнудист, ки чорабиниҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳамватанони мо оид ба паҳлӯҳои манфии терроризму ифротгароӣ мусоидат мекунанд.

Қосимова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Миллате, ки мардумон дар фазои озоди зиндагонӣ мекунанд, қадрионро хеле хуб медонанду Истиқлолияташро эътироф мекунанд. Ба ҳамин маъни тамоми мардуми сулҳпарвару сулҳдӯсти тоҷик ақидаҳои таҳрибкоронаи хоинони миллатро маҳкум намуда, барои зиндагонии обод талош мекунанд. Ҳамаи мох еле хуб медонем, ки агар мо барои ободии кишварамон саҳмгузор шавем он беш аз пеш афзоиш намуда, вазъияту шароити моддиву маънавияш рушд мекунад.

  Ба ҳамаи он хоиноне, ки қадру қиммати Ватани озоду ободро намедонанд, иброз менамоям, ки бояд ҳадди акал ба қадри худ бирасанд. Қиммати ҳастии худро донанд ва арзиши ҳастиашонро гироми доранд.

Ҷоизи зикр аст, ки Ватани соҳибистиқлоли моро ҳастанд якчанд миллатҳо орзу доранд ва мехоҳанд дар сарзаминионҳо низ фазои сулҳу дӯсти танинандоз бошад.

  Агар ҳар яки мо шукри мустақилияти давлатиамонро кунем заррае сабаб нахоҳад монд, ки хоинон холигоҳро бо ақидаҳои нопоки худ пурра гардонанд. Сабаби ин хоиниҳо дар чист? Ватан барои ҳар яки мо ҷои муқаддас аст. Онро посу гиромӣ доштан вазифаи ҳар кадоми мост. Маҳз б аҳамин хотир мардуми тоҷӣк аз онҳое, ки ба ватани худ хиёнат карда, арзиши онро зери по намудаанд нафрат доранд. Зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки: «Аз дилозор, Худо безор».

Албатта барои мардумони миллати тоҷик бархе ҳодисаҳои сиёси сахт таъсири худро гузошта буд, то куннун аз таъсири он миллати мо ақиб мондааст. Аммо хушбахтона маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат ҳамаи он камбудиву норасогиҳоро бартараф намуда, некуаҳолии мамлакатамонро таъмин намуданд.

Пас имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрвандони мамлакатамон аз он иборат аст, мо бояд рисолати худро дар назди Ватан донем. Пайрави ПЕшвои миллат шуда, ақӣдаҳои созандаи эшонро ҷнибдори кунем, то Тоҷӣкистон боз ҳам рушд кунад. Ба рағми он ҷосусу хоинони наҳзат ва диагр пайравони онҳо миллати худро азиз шуморида, манфиати онро аз манфиати хеш боло дорем.

Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки маҳз бо айби ҳамон хоинону ҷоҳилони бадтинат дар кишврамон миёни мардум ҳар гуна ақидаҳои ҷангнҷӯёна ва таҳрибкорона паҳн мегардад. Ва ин омил боис гашта буд, замоне марудмро гумроҳ кард. Бахусус ҷавонони моро бисёр парешону саргардон намуда, бечораи гумроҳшудагонро қурбонии ҷанги давлатҳои хориҷи намуданд.

Вақте ба қадри худ нарасидед, вақте арзиши тинҷию оромии азизонатонро дарк накардед ва вақте, ким одари худро азиз нашуморидед, ҳадди ақал ба фарзандони дигарон чамш ало намуда, ҳаёти онҳоро барбод намедодед. Охир онҳо фарзанди дилбанд, модари меҳрубон ва ҳамсари бовафо доштанд, ки эшонро ҳар рӯз интизоранд. Маҳз ба ҳамин хотир бо садои баланд мардумони тоҷик иброз медоранд, ки аз хоинони миллат ба мисоли наҳзатиҳо безоранд, зеро оне, ки осудагиро нотинҷ сохта, оромиши мардумро халал ворид месозанд, барои мардуми бовичдон ба мисоли мурда ҳастанд. Аз ҳастии чунин шахс ба касе нафъе нест, ҳатто барои модар ҳам.

Ҳамрохон Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд