Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона, мо имрӯз ба истиқлолият ва озодӣ расидем, шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони гиромӣ хоҳони онам ва ҳамчунон итминони комил дорам, ки ҳар кадоми аз Шумо  ворисони арзандаи мардони шуҷову ин миллати куҳанбунёд ва абарқудрати тоҷик мегардед, беҳтарин суннатҳои қадимаи кишавармонро ҳифз намуда, пос медоред, баҳри ободии ин сарзамини ҳамешабаҳор заминаи мусоид фароҳам меоваред, ба хотире, ки давлат пояи устувор дошта бошад, Шумо бофарҳангу бомаданият мегардед. Ва ҳамчунон фарҳангу осори пурғановати қадимаи мо, ки аз гузаштагонамон ҳамчун чашмаи соф ва манъбаи одобу ахлоқ мерос мондааст, азиз шуморида, онро чун гаҳвараки чашм нигоҳ медоред. Ба хотири шаъну шарафи хеш ва ба садоқату матонати хеш, вафодорӣ нисбати Модар – Ватан тамоми саъю кӯшиши хешро ба харҷ медиҳед.

Тавре дар боло зикр намудам, замоне миллати мо аз дасти як зумраи “инқилобчиён” ба монанди Гадоев оғӯштаи хуни ноҳақ гардид. Сабақи он бесару сомонӣ ҳанӯз аз ёди мо нарафтааст ва мо намегузорем, ки Шарофиддин ақидаҳои нохалафи худро, қасди ноҳангоми худро аз миллати мо ситонад. Охир Гадоев худ кист? ӯ кист, ки ба миллати мо ва ба роҳбарияти давлат таҳдид мекунад, ки бояд режимро тағйир дод ё кадом хоҳиши шоҳонаи дигар. Агар паноҳандаи Ҳоланд ё кадом мамлакати дигар бошад, барои худаш аст. Аз муқимии куҷо будани ӯ ба миллати мо танҳо зарар мерасад на нафъ чун ӯ як хиёнаткору ватанфурӯш ва адоватпарвару носипос аст. Аз ин, ки Ҳоланд ба хотири озодии ӯ талош намудааст ё кадом миллати дигар, маълум мешавад, ки заминаи асосии тундгароӣ дар ҳамон ҷост. Вагарна барои ба озодӣ баровардани як нафари ифротгар чаро инқадар талош мекунанд? Инқилоби декабрии шуморо ҳам дидем, ки гуна “самар” дод. Мардум медонанд, ки имрӯз аз чӣ бояд ҷонибдорӣ кард. Сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд. Албатта ҳама зиндагиро дар фазои осуда дидан мехоҳад.

Бале, замон одилтарин ва оқилтарин довар аст. Ҳар кас, ки шоиста зинадгӣ кард, номи муборакаш дар ёди ворисонаш абадӣ боқӣ мемонад. Бузургдошти номи шахс барои  муттаҳидию ваҳдат, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ,  покизагии маънавию ахлоқии ў барои авлодаш ва ҷомеа хизмат хоҳад кард. На ба арзишҳову дастовардҳои он зарба занад. Оне, ки бар ватану миллати хеш хиёнат мекунад, ба бадбахтии роҳгумзада рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ гўем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, худро шарманда насозед.

Бо итминоми комил гуфта метавонам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъӣ, чун арҷгузорӣ ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаманистон мегардонанд ва ба ин васила ба фикрҳои инқилобҷӯёнаи Шарофиддин Гадоев зарбаи сахти шикастпазир хоҳед зад.

Наим Рашидов, устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

 

 

 

 

 

 

Мо? ҷавонон бояд донем,  ки имрӯз дар баробари саҳми калони мо  дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки бо фаъолияти носозгори хеш аз номи худ ба номи ин миллат иснод меоранд. Паи “диндорон” и наҳзатиҳо рафта, худро дар вартаи мағлубият мебиннанд, зеро ки фирефтаи доми ин маккорон мегарданд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурӯҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад.

Мо медонем, ки ифротиёни наҳзати таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони онро дорнад, ки ба ҳар воситаи миёни мадуми кишвар тарғиботи дин кунанд. Аммо ба ҳамаи мо маълум аст, ки дини онҳо, дини қатлу дини куштор аст, зеро онҳо лаънатзадаи Худову бандагонаш гардидаанд. Ва динро аз рӯи ниуоби худ ба мардум талқин менамоянд. Мо бояд донем, ки дини ислом барои наҷот омадааст, на барои  мардумҷудоиву кофир гуфтану тафриқаандозӣ, фитнаангезву қатлу куштор.

 

 

 

 

 

 

Мардуми босаодат ва фарҳангсолори тоҷик ҳамеша ба хотири сулҳу субот ва якдилӣ талош кардаанд ва то кунун заҳматҳо мекашанд, ки пояҳои сулҳи тоҷикон устувору арзишҳои миллии онро пойдор гадонанд. Албатта, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки ин аз ваҳдату якдилии тоҷику Тоҷикистониён дарак медиҳад.

Албатта, фазои орому осудаҳолона барои ҳар як шарҳванди кишвар гавҳари ноёб аст. Аз ин ҷост, ки ба хотири амнияти милли ҳар кадоми шаҳрвандон давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии сарвари давлат чораҳои зарури меандешанд. Ва барои таъмини амнияти мардум талош мекунанд, то дар хатар зиндагонӣ накунанд.

Ҳамин тарзи фаъолияти софдилона ва ҷонисорона буд, ки замоне кишварро аз офати ҷанг раҳо намуда, сулҳро ҷорӣ карданд.  Фаъолияти ғайрисозанда, иғвоангезанда ва ғаразҳои ноадолатӣ ва экстремистии  бархе аз мардуме дар мисоли мухолифони миллат, наҳзатиҳо буд, ки чан сол қабл фаъолияти ҳизбии эшон дар дохили кишва баста гардид. Ва ин боиси ғазабнокии пайравони он гашта бошад, ҳам онҳо боре андешанд ва одилонаву башарона пеши назар оранд, ки агар ягон таъсироти хатарнок ба оилдаи онҳо таҳдид намояд, алббат онҳо низ бетарафӣ накарда онро рафъ карданӣ мешаванд. Давлат ва мардумони он низ ба мисоли як оилаи бузурганд. Ва ҷоиз он аст, ки бояд аз он ҳифзу ҳимоят намуд.

Ду ҳафта қабл хабари дар Тоҷикистон пайдо шудани Шарофиддин Гадоев, яке аз хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Аммо бояд гуфт, ки мақомот ӯро пайдо накардааст, балки худи ӯ мақомотро кофта омадааст, то ба кардаҳояш иқрор шавад. Дар асл амал кард ва кирдорҳои хоинонаи Шарофиддин Гадоев, ки ба ватан хиёнат кардааст ба қавли ношукурбандаҳо аз ҷониби тамоми ҷавонон маҳкум карда мешавад ва тарафдори ҷиддии он аст, ки бояд ҷазо гирад. Аммо ба хотири он, ки ӯ аз кардаҳо пушаймон аст, ӯро авф намуданд ва озодаш карданд. Ӯ бошанд ду рӯз пеш ба Аврупо баргашт. Ҳоло бошад аминем, ки ба он кӯрдилоне, ки миллати моро танқид ва зери тақлид қарор медиҳанд, ҳаёти дуҳафтаи Гадоев ин ақидаҳоро латма хоҳад зад, зеро мақомот нисбати ӯ ягон шиканҷа ва зӯроварӣ накардааст ва инро ҳатто худи Гадоев дар паёме, ки дар фурудгоҳи Франкфурти Олмон додааст, иброз кардааст.

Дар ин давом ақидаҳое буданд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ӯро бо таври зӯри аз Маскав ба Душанбе овардаанд ва ҳоло мавриди шиканҷа қарор медиҳанд, ҳама ботиланд, зеро ӯ дар бошишгоҳи полис қарор надоштааст. Танҳо дар вақтҳои лозима ӯро ба мақомоту адлияҳо даъват карда сӯҳбатҳо гузарониданд. Мо бояд донем, ки ҳимоя кардани миллати худ аз хоинону душманон вазифаи аввалиндараҷа аст, зеро мо бояд он меросеро, ки аз ниёгонамон гирифтаем, қарздор ҳастем, ки онро ба насли оянда низ мерос гузорем,то ки онҳо ба гузаштагони меҳанпарасту масъулиятшиноси худ арҷ гузаоранд.

  Ин ҷо нуқтаи асосиеро бояд тазаккур дод, ки  фаъолияти носозгор ва бетарафонаи   бархеҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ифода менамуданд ва  мардумоне, ки барои бурдаи нон дар навбат меистоданд ва он модароне дар ҳасрати ҷигарбандони гумкардаашон ғам мехӯранд ба ҳеҷ ваҷҳ зи хотираҳо зудуда намесозанд, зеро фаъолияти амалҳои ифротгароёнаи баъзе аз нафарони хиёнаткор имрӯз низ боиси ташвиши ҷомеаи муосир гаштааст.

         Пас вазифаи мост, ки фардои худро аз имрӯз созем. Ба гуфтаҳои онҳое, ки нисбати давлату Ҳукумат носазо гуфта, хоини миллатро ба хотири ватанфурӯшиаш ҷонибдорӣ карданд, бовар накунем. Донем, ки Ватан хонаи муқаддаси мост ва онро азизу маҳбуб ҳисобем. Агар барои Шарофиддин Гадоев низ модараш ва миллаташ азиз мебуд, таи ҳафт сол аз Аврупо истода мардуми тоҷикро зидди якдигар намешӯронд. Пас кадом кирдори ватандӯстонаи ӯ буд, ки ин қадар Шарофиддин Гадое ва модараш “аз онҳое, ки таи дуҳафта паси қазияи ман батараф набуданд”, изҳорӣ миннатдорӣ кадааст. Шарофиддин Гадоев бояд ба мақомот ва сарвари давлат миннатдорӣ кунад, ки ӯро авф намуданд, вагарна метавонистанд, хоине, ки ба пои худ омад дар ҳол ба ҳабс андозанд.

Усмонова М.Р., омӯзгори кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

 

 

 Тавре аз расонаҳои хабариву иттлоотӣ бармеояд, раиси собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ то ҳол кӯшиш карда истодааст, ки худ ва аъзоёни ифротгарашро бо баҳонаҳои гуногун сафед намуда, амалҳои характери терористи доштаашро ба гардани худи давлати мо партояд. Яке аз чунин амали зишти ў гумроҳ намудани ҷаовнони мост.

Ҷоиз ба зикру қайд аст, ки ин нобакорон намаки хоки ватан хӯрда  ба маъное ба намакдон пуф карданд, зеро онҳо ношукру носипос ва мухолифони миллатанд. Ба ҷои он ки ташаббусҳои созанда аз ҷониби  он нохалафон барои пешравии кишвар пешниҳод мешуд, баръакс дар ҳолате, ки давлату миллат барои ҳар кадоми шаҳрвандон дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ талош варзанд, эшон мухолифи ин амалҳои созанда шуданд. Барои арзишҳои миллии мо зарба задани шуданд. Бар ватану модари хеш хиёнат карда, дастовардҳо ва муқаддасоти кишварамонро пушти по заданд.

Мо, устодону донишҷӯён амалу кирдорҳо ва тарғиботи дар қолаби динии наҳзатиҳоро, ки ҳоло Кабирӣ талқин карда истодааст, маҳкум менамоем ва минбаъд муборизаи худро нисбат ба ин гурӯҳи ифротии қавитар хоҳем гардонд, зеро миллатро бояд аз ин фасодкорон тоза кард.

 

            Тоҷикистон, Ватани ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат, наздик 28 сол мешавад, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ арзи вуҷудият мекунад, дар идомаи ин солҳо бо паси сар кардани мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, бо талошҳои шабонарўзиву пайгиронаи Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъй дорад, ки сарзаминаш шукуфон ва мардуми меҳанпарасту бофарҳангаш зиндагии шоиста дошта бошад.

Тавре  маълум аст, яке аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳоло бошад, ташаккул ва татбиқи ғояҳои миллӣ чун фармоиши иҷтимоӣ барои ҷомеаи тоҷик ба зарурати таърихӣ мубаддал гаштааст. Дар ҳақиқат имрӯз ҷомеаи шаҳрвандиро як падидаи номатлуб фаро гирифта истодааст, яъне тероризму экстремизм ба дараҷае реша ронда истодаанд, ки ҳар қадар алайҳи ин нобакорон мубориза барем, ҳамон қадар сафи он меафзояд. Ҳоло роҳе, ки барои решакан кардани ин шохаҳо бояд амалӣ гардад, он аст, ки ба решаи онҳо теша зад. Вагарна онҳо ба дараҷае реша медавонанд, ки баъдан  аз байн бурдани он шояд номумкин бошад. Имрӯз вазифаи мо шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонист, ки бар зидди ақидаҳои ифротии терористон баромада, ҷаҳонро аз ин нопокӣ ваолудагиҳо пок созем. Нагузорем, ки Кабириву кабириён ва дигар наҳзатиҳои бадандешу ифротгар ҳадафи нопокашонро амалӣ созанд.

          Тоҷикистони озоду ободро ҷавонон нерўбахшанду ояндаи дурахшонашро низ онҳо таъмин месозанд. Ман хушбахтам, ки имрӯз ҷавони зодаи истиқлолам ва ин ободиву озодии кишварамро дида бо он меболаму менозам, ифтихор дорам ва сарфарозиҳои ман аз он аст, ки Пешвои миллате дорем, ки ба хотири мо ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус доранд ва манфиатҳои моро бештар ҳифз мекунанд. Ростӣ дар саҳифаи китобе хонда будам, олими барҷаста ва мутаҷориб афзуда, ки хушбахтарин инсонҳо онҳоянд, ки ҷавониашон ба ҷавонии кишвар рост омадааст.

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳар суханронии худ дар минбарҳои гуногун аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии ин кишвари тозаистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок намоянд, зеро имрўзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Барои ҷавонон онро талқин менамоянд, ки ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фирефтаи доми “ диндорону исломгароён” и бадхоҳу бадкеш нашаванд. Баракс бар зидди ақидаи онҳое, ки ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ пайвастаанд, андешаҳо ронда эшонро низ аз ин роҳи бебору килеб ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд.

Дуруст аст, ки ифротиёни наҳзати таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони онро дорнад, ки ба ҳар воситаи миёни мадуми кишвар тарӯиботи дин мекунанд. Аммо ба ҳамаи мо маълум аст, ки дини онҳо, дини қатлу дини куштор аст, зеро онҳо лаънатзадаи Худову бандагонаш гардидаанд. Ва динро аз рӯи ниуоби худ ба мардум талқин менамоянд. Мо бояд донем, ки дини ислом барои наҷот омадааст, на барои  мардумҷудоиву кофир гуфтану тафриқаандозӣ, фитнаангезву қатлу куштор.

 Фарзонаи Эраҷ, омӯзгори кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

Дини мубини ислом аз ҳамон вақте ки миёни омма роиҷ шуд, то кунун душманони зиёде дошту дорад ва бадбахтиаш он аст, ки душманон дар либоси исломӣ бар зиди дини мубини ислом мубориза мебаран.Азбаски ин дин ваҳдат, адолат, садоқат, назофат ва саломатии руҳу танро талқин менамуд, муътақидони зиёдро пайдо кард. Аммо хусумат дар вуҷуди як гурӯҳ мардуми ҷоҳил ва золим ниҳон буду неш задан мехостанд. Диданд, ки муқобилат бефоида аст, дар ниқоби дин таблиғи ниятҳои нопок ва ғаразноки хешро оғоз карданд. Имрӯзҳо ин мазҳабҳои номатлуб чун «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Бародарон» ва ғайра байни мардум маълуманду  сад афсӯс, ки аксари ҷавонон ба он гаравида мешаванд. Хусусан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии ташкилоти Ҳизби наҳзати ислом боиси маҳкум аст. Зеро эшон дар ниқоби дин ҳадафҳои хусуматомезу таҳрифгаронаашонро мехостанд амалӣ созанд. Ҷавононе ки асли дин ва таърихи онро намедонистанд, бо якчанд суҳбат пайрави онҳо мешуданд. Охир, «Ад-дину назифатун» гуфта мешавад, ки маънояш дин покизагист. Шахси муъмин набояд ҷангу ҷидолу хусумат варзад, ё хуни бародари худро резад, оромӣ ва осудагиро халалдор намояд, ки ин ҳама ҳаром аст. Дар ҳама кутуби муқаддас ва ниёкон ҳурмати ҳокими давр таъкид мегардад. Сарвари кишвар сояи Худоро дар замин монад ва итоату ҳимояти сиёсати ӯ шарти аввалин аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаи ба арсаи сиёсат қадам заданашон бо як ҷонфидоии ҷавонмардона баҳри оромӣ ва ваҳдат кӯшиданд. Бо сарварии эшон ба чандин дастоварди бузург ноил шудем, Тоҷикистон қомат рост кард, шукуфон гашт, қалбҳои мардум шоду умед ба ояндаи нек пайдо гардид. Акнун намехоҳем, ки ин оромии бо хуни дил бунёдкарда халалдор шавад. Мазҳабгарӣ ва тафриқаандозӣ аз азал падидаи зараровар маҳсуб ёфта, ҳанӯз паёмбари ислом умматони хешро ҳушдор мекарданд, ки дар ҷамъият ақидаҳои нодуруст ва бе асноди худро паҳн накунанд ва пароканда насозанд. Дар яке аз аҳодиси Муҳаммад (а) омадааст: «Мехоҳед ки шуморо аз амали беҳтар аз рӯза ва беҳтар аз эҳсон ва намоз огоҳ намоям? Эҷоди сулҳ байни ду  тан». Агар ки чунин аст, чаро байни ҷомеа тафриқаву  ҷудоӣ меандозанд, магар Қуръон ва аҳодиси паёмбар дастури эшон нест? Пас, ин тоифа мардум душмани ислом ҳастанд ва набояд муъмин хонда шаванд.

Худ қазоват кунед, ки аз замони истиқлолият то имрӯз бо ибтикори Сарвари кишвар чи қадар ободкориҳо  дар самти иқтисоду сиёсату фарҳанг ба субут расиданд. Соли 2009 -  Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардидан ва чоп гардидани тарҷумаи Қуръони карим ва якчанд китобҳои судманд аз ҳадяҳои бузурги Президенти кишвар ба аҳли кишвар ва тамоми мусулмонон мебошад. Бояд ҳамаи мо баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои неки стратегии кишвар қувваи худро равона кунем, нагузорем, ки ваҳдату ягонагии мамлакат вайрон гардад.

Рисолати муҳими мо - зиёиён, пеш аз ҳама  на балки тарбияи мутахассисони кордон, инчунин дар сиришти толибилмон ҷо намудани ғояҳои инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, меҳанпарварӣ мебошад. Танҳо сипари дониш ва маърифати баланду ҳуввияти миллӣ метавонад аз ҳар гуна  ҳуҷумҳои ғаразнок ҷавононро нигаҳ дорад. Пас, биёед,  кӯшем то  баҳор оварем ва сармои аҳзоби ғараздорро ба дуриҳо андозем ва даст ба кори неку солимии ҷомеа пайкор биварзем.

Абдуқаҳҳор Бӯриев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Шукронаи ободиву озодии диёрам. Шукронаи зиндагонии босаодати мардуми кишварам. Шукронаи онро дорам, ки мардуми соҳибфарҳангу баору номус ва ватандӯст дорам. Шукрона мекунам, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарам. Бале имрӯз рисолати ҳар фарди бонангу номус он аст, ки қабл аз ҳама Ватани худро дӯст дорад ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Ба он хотир, ки миллати тоҷик аз азал меҳанпарасту ватандӯст буд ва то кунун ин оини нек миёни мардуми диёр анъанавист. Вале, ҷоиз ба таассуфф хӯрдан аст, ки бархе кӯрдилону носипосон қадри ин ҳама муқаддасотро намедонанд, аниқтараш аз рӯи хасисиву хоинии худ ин ҳама арзишҳоро нодида мегиранд.

         Тавре аз расонаҳои хабарӣ огаҳ гашта истодаам, чанд нафар аз хоинони миллат, душманони кӯри давлати соҳибистиқлоли мо аз вазъи кишвари мо “изҳори нигоронӣ” карда истодаанд. Ва мехоҳанд инро ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба раванди конститутсионии давлатамон истифода баранд. Мо медонем, ки дар гузашта бо айби чанд нафар мазҳабпарастону бегонапарастон кишвари моро офат расид. Албатта, ки вазъи имрӯзаи миллати тоҷикро дида, тамоми олам барои мардумонаш аҳсант мехонанд. Чанде пеш ин миллатро офат расида буд ва хиради азалии мардумони бофарҳангаш буд, ки ҳам оташи чангро хомӯш карданду ҳам ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гаштанд. Аммо он “изҳори нигаронӣ”-е, ки мухолифон нисбат ба миллати мо доранд, моро нигаронтар кардааст, нисбати худ. Зеро роҳбари паймонбандони наҳзатӣ, Кабирӣ сухан мекунад аз дину ахлоқ, Саидюнуси Истаравшанӣ аз ҳамидагиву покии инсони мусалмон ва Илҳом Ёқубову Шерзамону дигарон баромада оид ба озодбаёни ва зиндагии шоистаи мардум ва одоби диндориву намозхониву покии ислом. Аммо суоле ба миён меояд, ки ҳамин “исломдонҳо” бо исломгароии худ боре ҳам бо самимият номи Эзидро ба забон оварда бошанд? Китоби муқаддаси Қуръонро ба даст гирифта бошанд, хонданаш ҳоло як тараф. Ислом ва Худое, ки онҳо талқин мекуннанд он аст, ки худ сохтаанд, яъне ба сиёсатҳои худ ба амалкардҳои худ онро омезиш додаанд. Барои ҳамин дар дини онҳо амалҳои ношоиста ва ғайриахлоқона ба назар мерасад. Мо ҳама аз гузаштаи ҳамин зикршудагон ва дигар муллоҳои чинбарори тарбияткардашон хабар дорем, ки дар назди оинаи одоб, ахлоқ мегӯянд ва дар паси оинаи ахлоқ  ҷои хилват дида, кори дигар мекуннанд.

Вале то кай хостти худро амалӣ месозанд, ҳар ҷумла дар охири худ нуқта дорад. Рӯзе мешавад, ки ҷумлаҳои наҳзатиҳо низ поён мерасанд ва ин анҷом ёфтани ҷумлаи онҳо заволи мухолифии онҳо хоҳад буд. Зеро аз он, ки дасисаву ҳангомаҳо месозанд худ хаста мешаванд. Ва айнан ба мисоли Шарофиддин Гадоев худ ба ватан баргашта таслим хоҳанд шуд. Вагарна дигар чора надоранд, чун он хоҷагону фармондеҳонашон то дари гӯри худ онҳоро намебаранд – ку? То мурданашон онҳоро бо ҷойи зисту хӯрду хӯрок таъмин нахоҳанд кард. Чун рӯзе пешвоёнатон дигар мешаванд, яқин донед, ки ҳар яки зердастонашон низ дигар мешавад. Ва ҳамон вақт манманиҳо хотима меёбанду шумо мефаҳмед, ки аз Ватан дида ҷои муқаддасстару азизтар маконе нест, ҳатто агар шоҳи олам ҳам бошед.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи А ва ИН

 

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳнатдўсту ободкори тоҷик аз қадимулайём баҳри рўзгори тинҷу осоишта ва шукуфоии миллати хеш ҷаҳду талош меварзиданд. Сад афсўс, ки солҳои охир фаъолияти террористиву экстремистии созмонҳо ва ҳизбу ҳаркатҳои гуногун ба некўаҳволӣ ва зиндагии ободу осоиштаи мардуми тоҷик, вазъияти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони азизу ободамон таъсири манфии худро мерасонад.

Фаъолияти фитнаҷӯёнаи наҳзатиҳо ва тарафдорони дигари иғвогарон, хоинони миллат аст, ки миёни мардумон ақидаҳои иғвоангезанда паҳн гаррдида истодааст. Албатта мо ин амали зишти нобакоронро маҳкум намуда, бар зидди амалкардҳои онҳо муборизаи беамон мебарем. Ақидаҳои нопоки онҳоро бо фикрҳои созанда ва бунйдкорона маҳв намуда, ба хотири пояндагии сулҳу суботи кишвар ва ваҳдату ягонагии он талош менамоем. Ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат хишти девори Ватанро бо меҳр замина мегузорем.

 Миллати тоҷик, тӯли асрҳову ҳазорсолаҳо, ҳамчун як қавму миллати соҳибфарҳанг ва ватандӯсту хештаншинос арзӣ ҳастӣ дошт. Албатта,  таърих гувоҳ аст ва ҳар яки гуфтаҳои болоро собит менамояд, ки тоҷикзабонон дар ҳама давру замон яке аз соҳибтамаддунону башардӯстон ва меҳанпарасту масъулиятшинос буданд. Имрӯзиён низ албатта насл ва ному нишони онҳое ҳастанд, ки ба хотири гиромидошти ҳар як зарра хоку покии он ҷони хешро дареғ надошта барои ояндагон шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Албатта мо мардуми шарафманди диёр аз озодиву ободии диёри азизамон, ки бо заҳматҳои зиёд ва ранҷҳои фаромӯшнашавандаи ба даст омадааст, муваззафем, ки онро ҳамаҷиҳата ҳифзу ҳимоя намоем. Пас, он вақт Ватан ва насли фардо аз мо розӣ хоҳанд гашт.

Тӯли чанд соли охир ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз носипосони миллат аз ношукрии беше қадри озодии миллатро нодида гирифта, дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд. Аммо муаммо дар он нест, ки онҳо дар куҷо зиндагонӣ мекунанд. Муаммои асосӣ дар он аст, ки инҳо мухолифони миллати тоҷик ҳастанд, ки бар зидди тоҷикон амал мекунанд. Ва аз “дилсӯзиву ғамхорӣ” дар «ғам»-и мардуми миллати хешанд ва аз ҷабру ҷафову беадолатӣ ва вазъи ногувори мардум изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар ҳақиқат ман ба маҳорати актёрии ин дурӯягону мансабталошон ҳайрон мешавам, ин нафароне, ки худро «ватанпарвар» ва «ватандӯст», ғамхору ғамгусори мардум муаррифӣ кардан мехоҳанд, чаро худашон дар хориҷи кишвар ҳастанд, чаро ба ин сарзамини муқаддаси хеш намеоянд ва ба ҷои ин ҳама суханҳои пучу бемаънӣ, ки барои беҳтар шудани вазъ ягон зарра кӯмак намекунанд,  барои ободсозии ватан саҳм намегузоранд. Ва дар дигар маврид ба сар мезанад, ки охир ҳамин вазъро худи онҳо вайрон карда истодаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ин нохалафон барои ободии Ватан саҳм нахоҳанд гузошт, зеро аллакай эшон фармонбардору муттакои хоҷагони хориҷӣ гаштаанд. Албатта Кабирӣ ва дигар пайравони ӯ то он даме, ки он хоҷагонашон онҳоро истифода мекунанд, садо баланд карда метавонанд. Аммо давидани гӯсоларо низ то коҳдон гуфтаанд. Як нафар аз ин “ғамхорон” Саидюнуси Истаравшанӣ, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле “фаъол” буда, сомонаи худро низ бо номи «Кимиёи саодат» дорад аз зумраи ҳамингуна нафарони «меҳрубон»-и миллат аст, ки ҳамеша бобати арзишҳои миллии тоҷикона меандешад ва онро ба арзишҳои бегона омезиш дода, миёни мардум талқин месозад. Вале дигар касе ба ӯ ва ба меҳрубониҳои ӯ кор надорад ва  бовар ҳам намекунад. Чун ҳама медонад, ки худи ӯ кист ва имрӯз пайрави амалҳои нангин аст. Бале ӯ хиёнаткори Ватану миллат аст, ки ӯро касе намебахшад. Ба он хотир, ки хиёнаткардаро бахшиш нашояд.

Ва чунин нафаронро аз ҷониби мардум ва рӯҳи ҳазорон сарсупурдаҳои миллат, ки онро обод кардаанд, тавқи лаънат мебояд. Мо ақидаҳои ифротгароёна ва бегонапарастонаи чунин мухолифонро ҳамеша маҳкум хоҳем кард, зеро мо мардуми миллати тоҷдорем ва арзишҳои умумихалқии худро ҳимоя менамоем.

Тошхӯҷаев Н. А. сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ

 

Фосиқону ҷоҳилонро тарбият кардан хатост,

Шеваи ифротиёнро маҳв кардан муддаост.

Мардуми тоҷик пас аз ба даст овадани мустақилият ҳамеша азм дорад, ки ба хотири ду бора такрор наёфтани ҳодисаҳои асри сипаришуда, пеши роҳи хоинону фитнаҷӯён ва разилонро гирад. Мусаллам аст, ки ҷаҳони  имрӯза  ба  хатару  ситезаҳои  нави  амниятӣ, тероризму экстремизм ва дигар хатарҳои глобалии  иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Чунин зуҳуротҳои номатлуб хосатан афзоши ташкилотҳои терористӣ бо равандҳои ҷаҳонишавӣ  печиш  хӯрда,  дар  баробари  онҳо  босуръат  тавсеа меёбанд ва беш аз пеш ба ҳудуди кишварҳои нав доман паҳн карда, барои амният ва суботи онҳо таҳдидҳои муассир эҷод менамоянд.

Мушкилоти  дигари кишварҳои  алоҳида  дар  дар он аст, ки дар баробари муқобили  зуҳуроти  мазкур мубориза бурдан, ташвиш аз он дорад, ки бештар ба чунин гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ҷавоннон пайваста истодаанд. Ва ин албатта ба  он  вобаста  аст,  ки  онҳо чунин ташкилотҳои терористӣ,  хислати  фаромиллӣ  дошта,  аз  байн бурданашон  имкониятҳои  васеи  сиёсӣ  ва  иқтисодию  молиявиро талаб менамояд.

Мо хуб медонем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, наметавонад аз ҳаводису воқеаҳои ҷаҳон дар канор бошад. Солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароит, омили динӣ дар ҷомеа якбора рў ба инкишоф ниҳод. Албатта замоне миллати мо аз дасти ҳамин ифротгарон ва гурӯҳҳои иртиҷоии терористӣ, ба як миллати ҷангзада мубаддал гашт. Бале, бисёр ҳам рӯзи сахту сангин бар сари модари тоҷик, бар сари давлат. Ва то хомӯш намудани оташи он ҷони ҳазорон қурбону пешравии давлат даҳсолаҳо ақиб монд. Дили ҳазорон модар аз фироқи фарзанди гумгаштааш об гашту фарёди кӯдакони маъсуми бе сарпаноҳ монда то ба фалак авҷ гирифт. Ва имрӯз бошад ҳамон исломгароёни фитнаҷӯю фосиқ садо баланд карда, гӯиё аз вазъи кунунии милати мо “нигронӣ” доранд.

Таърихи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагон» - и онҳо андеша намоем.

Мо бисёр гуфтем, ки набояд мекарданд ва кӯшидем то онҳоро тарбия намоем. Аммо аз натиҷаи кор фаҳмидан мумкин аст, ки чунин разилонро ҷоҳилонро тарбият кардан хато будааст. Ҳар вақт, ки сухани росту дақиқ изҳор мекунем. Аз ҷониби мухолифон танқиду тақлид ва дасисаҳоро рӯ ба рӯ меагрдем. Чун ин касифон дар ботини худ ҳақиқату адолатро бо кинаву адоват зарба задаанд.

Имрӯз бошад вазифаи ҳар яки мост, ки аз ин марз мо бояд ифтихор манд бошему ҳифз кунем. Зеро дар шароити кунунӣ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа зарур аст, то ки амнияти миллии кишварро таҳти фаъолияти созандаи худ устувор гардонанд ва бар зидди  гурўҳҳои ифротгаро муборизаи беамон баранд.

Ин тадбирҳо метавонанд пеши роҳи воридшавии ақидаҳои бегонаву ифротгароро гиранд ва ба фаҳмишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон, хоматан ҷавонон таъсири мусбат расонанд.

Муҳайё Абдусаломова,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Моро маълум аст, ки вазъи ҷаҳони имрӯза пур аз гардишу талотумҳои ваҳшонияти ифротгароён қарор дорад. Зеро аллакай ин вазъи мақоми глобалӣ гирифта, тероризму экстремизм як дараҷа реша давонида истодааст. Бо назардошти чунин вазъ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватанпараст аз он иборат аст, ки моҳияти дини мубини исломро ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллӣ ба ҷавонон фаҳмонида тавонанд. Зеро ахлоқи ҷомеаи суннатии мо динӣ аст, ки ҳеҷ гоҳ наметавон онро рад ё нодида гирифт. Пас чӣ зарурат ҳаст, ки дар асри бисту як давлати исломӣ созанд, рӯҳониёнро ба сари қудрат оваранд, ба усули давлатдории даврони феодалӣ ва тарзи зиндагии асри миёнагӣ баргарданд? Имрӯз мо бояд ба таври дастаҷамъӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти классикии мо ва суннатҳои рӯзгори мо дар тӯли садсолаҳо ба ислом банду пайванди мустаҳкаме дорад. Имрӯз ҳар як ҷавони гумроҳгардида бояд хуб дарк намояд ва фарқ карда тавонад, ки дар кадом сохти давлатдорӣ ва низоми сиёсӣ зиндагӣ ба сар бурдан беҳтар аст. Ба андешаи мо, ҷоҳилияти гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ва мубаллиғони он ва ҷавонони гумроҳгардида дар он аст, ки аз диди ислом ба арзишҳои ҷаҳони муосир назар намесозанд, ба равиши зиндагии муосир назари нек надоранд. Яъне нигоҳи динӣ ва пайравони онҳо ба ҷаҳони муосир хароб мебошад. Ҳайратовар он аст, ки тамоми қувваҳои сиёсию низомӣ ва маънавӣ, ки ҷонибдори гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҳастанд, зери парчами ислом ҳадафҳои нопоки хешро роҳандозӣ менамоянд, аммо нигоҳи динии онҳо ба ҷаҳони муосир ва равандҳои он дар ҳолати диди асримиёнагӣ қарор дорад. Барои дарки ин масъала набояд дур рафт, ҷавонони гумроҳ ҳодисаҳои сиёсии Афғонистон ва вазъи иҷтимоии мардуми онро маҳз дар даврони толибон пеши назар оранд, ки насли ҷавони Афғонистон ғайр аз силоҳ, ҷангу куштор дигар чизеро надидаанд. Барои ҳамин аз таъсири омилҳои хориҷӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хешро дур созанд. Зеро дар шаклгирӣ ва ташаккули ҷунбишҳои ифротгароии исломӣ омилҳои хориҷӣ таъсири муайяне доранд, ки ҷавононро гумроҳ менамоянд, аммо ҷавонони гумроҳгардида дарк намесозанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон падидаи ифротгароиро аз сар гузаронида, фарқ кардани дини мубини исломро аз ҳама зуҳуроти ифротгароӣ хуб омӯхтанд. Ҷанги шаҳрвандӣ сабақ гашт, ки мардуми тоҷик дар заминаи суннатҳо ва фарҳанги исломии беш аз ҳазорсола Тоҷикистони азизи хешро аз ҳама гуна омилҳои ифротгароӣ наҷот доданд. Аз ин рӯ, омилҳои хориҷӣ танҳо ҷавонони гумроҳро тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ифротгароӣ даъват менамоянд. Аз тарафи дигар, ҷавонон бояд пеш аз ҳама маънӣ ва моҳияти Истиқлолиятро дарк карда тавонанд, агар ба маънӣ ва моҳияти он сарфаҳм нараванд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз арзишҳои динӣ, таърихи гузашта ва муосири хеш низ ҳифз карда наметавонанд. Дар ҳаминҷо бо ҳисси баланди меҳанпарастиву масъулиятшиносӣ суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос меорам: “Истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастовардҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд”.

Маърифат МАВЛОНОВА, мутахассиси шуъбаи кор бо ВАО, нашрияи “Меҳвари дониш”