(Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат)

Мусулмонони давлатҳои ҷангзадаи кишварҳои олам, ба монанди Афғонистон, Сурия, Ироқ, ки то ҳол вазъияти оромеро соҳиб гашта наметавонанд, касро ба доми андеша фурӯ мебарад. Магар дини мубини ислом ба ин гунаҳкор аст? Дине, ки ҷангро маҳкум намуда, ҳидоятгари роҳи росту тарафдори сулҳу оромӣ аст? Барои чӣ гумроҳшудагон маҳз “ислом”-ро дар майнаи худ ҷой намуда, фикри онро доранд, ки ҳама бояд мардумкушу бародаркуш бошанд. Охир дини ислом аз ҳама дини поктарину софтарин ва беолоиш аст, ки инсони ҳақиқии офаридаи Худоро дуруст тарбият менамояд.

Бесаводони динбехабар худ ба мафҳуми “дину оин” дуруст сарфаҳм нарафта, бар замми ин дигаронро низ бероҳа намуда, бо ташвиқу тарғиботҳои нодуруст фирефта мекунанд. Имрӯз халқи тоҷик соҳиби арзишҳои миллии худ аст. Арзишҳои миллие, ки бо ҷон ба даст омадаасту давлати азбайнрафтаистодаро дар муддати кӯтоҳ аз нав барқарор намудааст. Бале, ин ҳақиқат аст. Маҳз соҳибихтиёрии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ буд, ки кишвар аз вартаи ҷангу бало наҷот ёфт. Бародар ба бародар боз дӯст гардид, вазъият ором гардиду халқ нафаси осуда кашид. Масъалаи мазҳаб ва давлату миллат аз давраҳои қадим вуҷуд дошту имрӯз низ ҳамагон ба он назари хосае доранд. Фаромӯш набояд кард, ки мо мусулмонони ҳақиқӣ ҳастему 1300 сол муқаддам ин динро қабул намудаем. Ходимони дини бузург ва дигар абармардони миллат арзишҳои дини мубини исломро муқаддас нигоҳ дошта, то ба мо бо ҳама покиаш оварда расонидаанд. Ҳама вақт арзишҳои исломро пешаи худ намуда, соҳиби мартабаҳои баланд гардидаанд.

Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки то имрӯз низ ислом тарғибгари одобу ахлоқи ҳамида, дӯстиву одамгарӣ буда, ҳидоятгари мо мебошад. Аммо афсӯс, ки бархе аз нафарон ба маънои томи дин ҳоло ҳам нарафтаанд...ва нахоҳанд рафт. Зеро кирдорҳои ноодамонаи онҳо, ки одамкушиву тарконидани онҳо аст, нишонаи ҳамин бефаҳмиву аҳмақист.

Ба ҳамаи сокинони кишвар, бахусус ҷавонони кишвар таъкид менамоем, ки ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хизматҳои  Пешвои миллат  бирасанд. Мо, тоҷикон, таҳти роҳбарии одилонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, ватани азизамонро обод мекунем. Фирефтаи доми душман нагашта, ба Ватани худ содиқ монда, баҳри устувору пойдор гаштанаш мекӯшем.

М. Раҳматов, устоди кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

(Дар ҳошияи Муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат )

 Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд: Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

      Миллати мо, ки 1300 сол ин ҷониб пайрави дини мубини ислом ҳастанд, бо меҳри беандоза, дили саршор аз имону имонпарастӣ ба арзиши ин дини инсонпарвар, накӯхисол арҷ мегузоранд. Дар ин ҷода амалҳои созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар, хоссатан иқдомҳои маъавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб шуданд, ки соли 2009 дар  ҷумҳурӣ Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида, санаи 26 феврали ҳамон сол конфронси ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир шуданд. Президент зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки «Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст. Сарзамини ниёгони мо ҳанӯз аз оғози тамаддуни давлатдорӣ яке аз марказҳои маънавиёт, меҳвари воқеии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишҳои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти рангине рӯбарӯ шудааст. Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт. Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд. Ӯ мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ кард, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчӯбаи шаръии тамаддуни исломӣ осон гардонид. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои ислом нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад.  

Дигар аз иқдомоти наҷибе, ки барои ҳар фарди мусулмон беҳтарин армуғон аст, ин ба ҳуруфоти кириллӣ баргардонидани китоби муқаддаси ислом «Қуръон» аст, ки ҳар касе метавонад аз оятҳои каломи Раббонӣ баҳраи беш бигирад. Мухимтар аз ҳама имрӯз дари масҷидҳо ба рӯи намозгузорон боз аст, адабиётҳои динӣ фаровонанд. Пас барои мусулмони ҳақиқӣ будан барои мо чӣ намерасад. Мутаассифона, бадбинони миллат, онҳое ки аз номи ислом бар зиди ислом кор мебаранд арзиши мусулмонии шаҳрвандонро бо аъзошавӣ ба ҲНИ чен карданд. Фарҳангу ғояҳои бегонапарастиро дар шуури сокинон маҷбуран таҳмил карданд. Агар хиради воло, ташаббускорӣ, ҳушёрии сиёсии Роҳбари давлат намебуд, ин сиёҳкорон кишвари моро дубора ба вартаи ҷанг мебурд. Зеро мақсади онҳо тараннуми ваҳдату дӯстӣ, пешрафти дину хештаншиносӣ нест, ҳадафи онҳо нооромии ҷомеа, бунёди давлати фундаметалистӣ вабо ин васила гарвиш ба терроризму экстремизм мебошад.    

Бадбахтона, солҳои охир бо ҷурми ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтиаш он аст, ки аксаран тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва бо худ зану шавҳрашонро низ мебаранд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят миллату давлат мегардад. Шумоён зиёд наворҳоеро дидаед, ки ҷавонони мо аз ин роҳи интихобкардаи худ пушаймонанд ва як каф хоки Ватанро беҳтар аз симу зари  ваъдагии хоҷагон донистанд.

Чанд рӯзи охир дар телевизиони вилояти Суғд гузорише аз рӯзгори ду зани истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов рӯи навор омад, ки имтиҳони сахту сангини қисмати талхи онҳо нақл мекунад. Ин нафарон бо даъвати шавҳару дигар наздиконашон, ки онҳо низ ба фиребу дасисаҳои аъзои ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ба чунин роҳ рафтанд, дар давлатҳои Сурияву Афғонистон зиндагонии бадтар аз сагонаро аз сар гузарониданд. Онҳо шоҳиди қатлу куштор ва бедодгарии ҷАнгиёти ДИИШ ва толибонро диданд ва чун бо ҳидояти давлат ва Ҳукумати кишвар ба Ватан баргаштанд, аввалин коре, ки анҷом доданд, хоки ин замини муқаддасро бӯсиданд, ашки шодӣ реҳтанд ва ба Роҳбари давлат арзи сипос намуданд, ки чунин кишвари озод, муҳтити хуби зиндагиро бароямон муҳайё сохтанд. Пас барои мо чӣ намерасад, ки имрӯз дар мулки бегона, ки фарҳангу оини ба мо наздик надорад, худро қурбони ҷаҳолат мекунем.

Ман ба андешаи олими номвари соҳаи дин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода комилан тарафдорам, ки менигоранд «Агар мо андешаи миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллат бардавом ва  дар он вақт рӯҳи бузургон аз мо шод, кишвар обод ва миллат сарбаланд мешавад»

Вазифаи мо роҳбарони мактабҳои олӣ ин ба дурустӣ омӯзонидани фанҳои тахассусӣ, ҳушёрии сиёсии ҷавонон, такмили дониш ва дар тинати онҳо бедор кардани эҳсоси худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизу шарифи кишвар мебошад.  

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки такягоҳи асосии давлату миллат гардида, ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Баръакс бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳонро нурпошӣ хоҳад кард.

 

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода,

директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои техникӣ

 

 Аз он рӯзе ки як гурӯҳ хоинону ватанфурӯшон оид ба ташкил намудани созмоне бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» дар заминаи собиқ ташкилоти террористиву экстремистии «Наҳзати ислом» ва се ниҳоди сиёсии дигаре, ки аҳли ҷомеа номашонро бори аввал мешуниданд, иттилоъ доданд, наздик ба панҷ моҳ сипарӣ мешавад. Ин ибтикор аз ҷониби ташкилкунандагон ба ин мемонд, ки дар болои таҳкурсии гилин ва бебунёд қасри боҳашамат афрохтанианд. Вале чуноне ки шоир мегӯяд:

Хишти аввал гар

                    ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад

                                 девор каҷ.

Чун дилу ботин, дасту нияти онҳо аз оғоз каҷ буд, дар рӯи таҳкурсии бебунёду зудфаношаванда аз оғоз хиштро каҷ гузоштанд ва ин девор ҳар қадар сар кашад ҳам, каҷ аст, ки рӯзе бо вазни худ ба болои деворзанон фурӯ хоҳад рафт. Яъне, аз мост, ки бар мост.

Чуноне мушоҳида мекунем, он-ҳое, ки ин созмони бадхоҳи миллату давлати моро таъсис додаанд, шабу рӯз ба ғайр аз ҷудоию иғвоандозӣ, паҳн кардани ҳар гуна хабару овозаҳои дурӯғ, даъвати рӯирост ба амалҳои ноҷавонмардона дигар коре надоранд. Дар оғоз чунин менамояд, ки ҳамаи онҳо дилсӯзи давлату миллати худ ҳастанд, Ватанро мисли модарашон дӯст медоранд ва барои ободии он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар асл бошад, «Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест!» гуфтани шоир барин, то имрӯз аз дасти ин қаҳрамонон кори барои омма манфиатоваре наомадааст. Онҳо ҳамон ҷавфурӯшони гандумнамо ҳастанд, ки мисли миси зарандуд зоҳиран назаррабоӣ кунанд ҳам, аз ботин пучу ночизанд. Ва чунин амали хилофи пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек ба хотир латифаеро меорад, ки аз аҳди бос-тон ба мо расидааст.

Мегӯянд, ки нимашабе Насриддин Афандӣ бо мақсади фаҳмидани хубиву бадии ҳамсоягонаш ба болои бомаш баромада, «хонаам сӯхт, ёрӣ диҳед, мардум!»-гӯён доду фарёд мебардорад. Аз шунидани садои имдодталабонаи ӯ хурду калон аз хонаҳо ба берун медаванд, то дар хомӯш кардани сӯхтор ёрӣ расонанд. Дар кӯча маълум мешавад, ки ин амали нозебо шӯхии беҷои ҳамсояашон будаасту дар асл ягон ҳодисаи нохуш рӯй надодааст.

Минбаъд боз чанд маротибаи дигар Афандӣ ҳамсоягонро бо доду фарёди дурӯғин нисфишабӣ ба кӯча мекашад. Баъд аз кирдори худ шарм накарда, ба ҳоли ҳамсоягони дилсӯзу меҳрубон механдад ва бо ин гӯё аз онҳо донотару айёртар буданашро исбот мекунад. Бо наззораи ин манзара оҳиста - оҳиста дар андешаи ҳамсоягон тасаввуре нақш мебандад, ки чунин рафтор, яъне бо фиреб хоби шаби одамонро вайрон кардан як навъ дилхушию хушҳолӣ барои ӯст. Дар хонаи вай ин қадар вақт боз сӯхтор сар назадааст ва минбаъд низ сар нахоҳад зад.

Аз қазо шабе воқеан ҳам хонаи Афандӣ оташ мегирад. Вай ба чаҳор тараф давида, ҳамсоягонро ба ёрӣ мехонад, вале касе ба имдодаш намеояд. Зеро ҳамагон гумон доштанд, ки ин навбат низ шӯхии пешинаашро такрор мекунад.

Дурӯғро хирадмандон чароғи бефурӯғ донистаанд. Як ҳарфи дурӯ-ғу беасос метавонад ба рӯи сад ҳарфи ҳақ хати батлон кашад. Шоир ба ин маънӣ барҳақ мегӯяд, ки:

Гар ҳазорат рост бошад,

                                 як дурӯғ,

Он дурӯғат боз дорад

                                аз фурӯғ.

Дар ин росто далели Шайх Саъ-дӣ басо ҷолиб менамояд:

Якеро, ки одат бувад ростӣ,

Хато гар кунад,

                     даргузоранд аз ӯ.

В-агар номвар шуд

                     ба норостӣ,

Дигар рост бовар

                     надоранд аз ӯ.

Тору пуди «нутқҳои оташин»-и сухангӯёни «Паймони миллии Тоҷикистон» чунон бо ҳарфи дурӯғ печидааст, ки суханҳои росташон ҳам ба назар дурӯғи бебунёд менамояд. Дар дунё аз ду кор дида осонтар коре нест: аввалан маслиҳат додан. Агар аз нобакортарину пастфитраттарин одам ҳам маслиҳат пурсед, ҳарчанд ба роҳи ботил ҳидоят менамояд, маслиҳате хоҳад дод. Ва дувумин амали осонтарин ин айбмониву айбҷӯист. Ҳамин ки ду нафарро гапашон гурехт, дар як они воҳид астару абраи ҳамдигарро чаппаву роста мекунанд, суханҳоеро ба забон мегиранду айбҳоеро ном мебаранд, ки ба гуфти мардум дар рӯи бел ҳам намеистанд. Бо ибораи дигар, барои ба як нафар туҳмат задану айби набударо бастан на дипломи донишгоҳ лозим асту на дониши кофӣ. Албатта, ошкор намудани камбудиву норасоиҳои ҷомеа ягон амали бад нест, вале ин кор бояд ҳамрадиф бо нишон додани роҳ-ҳои ислоҳи онҳо ва кӯшишҳо ҷи-ҳати роҳ надодан ба такроршавиашон роҳандозӣ шавад. Афсӯс, мо чунин ҳолатро аз ҷониби таблиғгарони «Паймони миллии Тоҷикистон» мушоҳида намекунем.

Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои анъанавиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои худ бор-ҳо зикр намудаанд, ки ҳанӯз дар рӯзгори мардум муаммою мушкилоти ҳалталаб бисёранд. Вале дав-лату Ҳукумат тасмим гирифтаанд, ки давра ба давра онҳоро аз байн баранд.

Ду сол боз мардуми диёр дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудият ва камбуди нерӯи барқро эҳсос намекунанд. Аз ин нуқтаи на-зар метавон гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуб аллакай ба яке аз ҳадаф-ҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидааст. Ҳамзамон Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид доштанд, ки ҳадафи дигари стратегии Ҳукумати мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳам таъмин гардид.

Акнун муқоиса мекунем ҳолати имрӯзаро бо ҳолати 10 сол пештар, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соати башумор нерӯи барқ мегирифтему барои масалан аз вилояти Суғд ба пойтахт рафтан рӯзҳои дароз сарсону саргардон мешудем. Магар ин неъматҳои худододе, ки имрӯз насибамон шудааст, водор намесозанд, ки ҳамеша шукргузору сипосгузор бошем? Дар ҳамон давраҳои вазнин низ айбмонҳою таънагарҳо зиёд буданд. Вале баҳри беҳбуди вазъият аз дасташон коре наомад. То он даме ки давлату Ҳукумат чора наандешиданд, вазъият чун пештара боқӣ монд.

Сарвари давлат беҳуда саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон накардаанд. Ин иқдомҳои ватандӯстона маҳз ба хотири ободонии диёр ва беҳбуд бахшидан ба рӯзгори халқ равона шудаанд.

Хаёлан тасаввур мекунем, ки девори манзили мо хароб гардиду афтид. Мо ба ин ҳолат тамасхур занему хандем беҳтар аст ё ба даст белу каланд гирифта, аз паи таъмиру навсозӣ шавем беҳтар? Албатта, роҳи қобили қабул роҳи дуюм мебошад. Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст. Агар душманону бадхоҳони миллат ба ҷои ин ҳама ҳарзафурӯшию дурӯғбофӣ ва таъназанию сангандозиҳо ба сари ҳамватанони хеш дар роҳи ободонии Ватан хиштеро болои хиште мегузоштанд, имрӯз халқи заршинос аз онҳо рӯй намегардонд.

Оламро бо зулму ситам, дурӯғу фиреб, қатлу бедодгарӣ обод карда намешавад. Ва ин сиёҳкуни-ҳои хоинонону бадхоҳон на бар нафъи худашон асту на бар нафъи дигарон. Офтоб аз ҳасади шамъ аз фалак намеафтаду бо дуои кӯрмуш борон намеборад. Аз ин рӯ, бо як ҷаҳон бовару эътимод метавон гуфт, ки душманонамон дер ё зуд сари худро мисли гирдоб хоҳанд хӯрд.

Аҳду паймон бастан, савганд хӯрдан, қавл додану ба он вафо кардан кори ҷавонмардон аст. Чуноне ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум овардани сулҳу ваҳдат ва ба Ватан баргардонидани гурезагони иҷбориро ваъда карданду мардона онро ба ҷо оварданд. Гуфтанд, ки бо нохун бошад ҳам, дили кӯҳро мешикофему нақби «Истиқлол»-ро месозем ва дар аҳд чун кӯҳ устувор истоданд. Ё худ масъалаи сохтмони НБО «Роғун»-ро гирем. Ин гуна мисолҳоро боз фаровон овар-дан мумкин аст. Вале моро масъалаи дигаре ба андеша водор месозад: «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро чӣ касоне созмон додаанд, он паймони кадом миллат мебошад, байни киҳо баста шудааст, чӣ нияту ҳадаф дорад ва аз он ба халқу Ватани мо чӣ манфиате мерасад? Чунин саволҳои беҷа-воб бисёранд, аммо як нукта мусаллам аст: дар садри ин паймон нафароне қарор доранд, ки паймоншиканиашонро ҳаёт даҳҳо бор собит кардааст. Пас дуруст аст, ки аз онон пурсем: Чӣ ПАЙМОНЕ БУВАД ПАЙМОНШИКАНРО ?!.

Мардон ҚУРБОНОВ

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бовар ҳосил карданд, ки ҷонибдорони бо ном ТЭТ ҲНИ ба ғайр аз қатли одамони бегуноҳ, харобии иқтисодиёт, бадбахтиву касодии зиндагӣ ба аҳли башар дигар чизе дода наметавонанд. Асос ва бунёди тарафдорони бо ном давлати исломии ДИИШ-ро ҳамон мафкураи иртиҷоии толибон дошта ташкил медиҳад, ки дар пеши назари ҷаҳониён инсонро қатл намуда, ҳамчунин ёдгориҳои нодири фарҳангию таърихиро несту нобуд сохта, бо ин амали ҷоҳилонаи хеш боиси қаҳру ғазаби ҷаҳониён гардиданд. Ташкили ҳамин азҳоби наҳзатӣ низ бо чунин ҳадаф вобаста аст. Пайрави дорад ба давлати ба ном исломии ДИИШ дорад, ки  ҳадафаш ифротгароиву чангҷӯист.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳониро ба он водор намуданд, ки ислом ба терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад, вале имрӯз кӯшишҳои ба рақиби идеологии ҷаҳонӣ табдил додани ислом ва мардуми мусулмон идома дорад.

Дини мубини ислом аслан ва моҳиятан, ки дини сулҳпарвар аст, ин гурӯҳи ифротгарои исломӣ онро дар Сурияву Ироқ ба василаи тарс додани башарият табдил дода ва ҷавононеро, ки гумроҳ гардида, ба ин гурӯҳ пайваст менамоянд ё тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба доми мубаллиғони хеш медароранд. Ҷавонони гумроҳгардида ва хоҷагони онҳо дарк намекунанд, ки ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳамагуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулми инсониро маҳкум месозад.

Ҷонибдорони Кабирӣ ва наҳзатиҳо, гурӯҳҳои ифротгарои ба он монанд барои пешбурди манфиатҳои ғаразноки хеш исломро ҳамчун парчам ё пардаи фиреби назар истифода бурда истодаанд. Фаъолияту ақидаи онҳо, кирдору рафторашон ба таълимоти дини мубини ислом ҳеҷ иртиботе надорад. Коргардонҳои наҳзатӣ то ҳол дарк накардаанд, ки сохте, ки ба зӯриву таассуб асос меёбад, инсонро маҷбур мекунад, ки гумроҳ шавад, ба дину диёнати хеш хиёнат кунад. Ҷавонони гумроҳгардида ва пайравони наҳзатиҳои беимон боре дарк намесозанд, ки таассуби динӣ, ифротгароӣ дар назди Худованд ва бандагонаш аз ҷумлаи аъмоли бадтарин аст.

Бадбахтии дигари ҷавонони гумроҳгашта дар он аст, ки онҳо моҳияти давлати дунявӣ ва демократиро ҳангоми таҳсил дар зинаҳои таҳсилот дарк накардаанд ва имрӯз бо «мунаққидони сиёсӣ» тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ моҳияти дунявӣ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун атеизми давлатӣ маънидод мекунанд, ки ин як ғарази маҳз аст. Зеро танҳо давлати дунявӣ ва демократӣ метавонад, ҳамзистии осоиштаи дину мазҳабҳо ва дар маҷмӯъ риояи меъёрҳои озодии виҷдонро таъмин намояд.

Ба ҷавонон бояд фаҳмонд, ки матлаби ҷудо будани дин аз давлат, танҳо як чиз аст: дин ба корҳои сиёсии давлат мудохила накунад. Имрӯз мо бояд ба таври дастаҷамъӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти классикии мо ва суннатҳои рӯзгори мо дар тӯли садсолаҳо ба ислом банду пайванди мустаҳкаме дорад.

Ҳамидова Н.Ш.- н.и.ф.,

устоди кафедраи   

            забонҳои хориҷии ДПДТТ

 

 

 


 

 

Дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо бисёр миллату халқиятҳо арзишҳои миллии худро гум намуда, дар натиҷаи нофаҳмию нобасомониҳо сол аз сол амнияти сиёсии худро аз даст дода истодаанд. Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳастӣ намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ муаррифӣ  менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш  бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш ҷавононро ҳамчун нерӯи бузурги ояндасоз эътироф намуда, барои рушди зеҳнии онҳо шароити мусоидро фароҳам меоварад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, нафаронеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки имрӯз тақдирашонро дар майдони хунину набарди давлату ташкилотҳои терористиӣ пайваста истодаанд. Ин ҷавонони гумроҳ бо ин рафторашон ба ҷони ҷавони худ ҷабр намуда, наздикону пайвандони худро дар вазъияти ногувор гузошта истодаанд. Мутассифам, ки иддае аз ҷавонон даргири банди ҳавову ҳавас ва афкори бегона монда, худро қурбони ҷаҳолат мекунанд.

Азбаски ҷавонон қишри асосии ҷомеаро дар бар мегиранд, маҳз гурӯҳҳои тундрав ба ин насл бештар такя мекунанд. Он ҷавоне, ки донишу маърифати сиёсӣ дораду хатари оқибатҳои ин амалро бахубӣ дарк мекунад, худро дур аз ин амалҳои номатлуб мегирад.

 

Тарбияи инсони ватанпарасту инсондўст донишманду бомаърифат, худогоҳу худшинос, солиму нексиришт, меҳрубону меҳнатқарин вазифаи аҳли ҷомеа ва пеш аз  ҳама кори ҷониву имонии мо,  омўзгорону устодон ба ҳисоб рафта, баҳри амалӣ гардидани ин ҳадафҳо бояд аз донишу маҳорати худ фаровон истифода намоем.

Бинобар он ҷавононро хирадманду накўкор тарбия кардан, дар замири онҳо меҳру муҳаббати  ватану  ватандориро ҷой додан, эшонро солеҳ, оқилу фарзона ва  инсондўсту  некмании ба камол расондан кори ҷонии ҳар як донишманду  соҳибхирад ва падару модар бояд бошад.

Тавре аз Паёми имсолаи Пешвои милат бармеомад, сарвари давлат нисбат ба фаъолияти занону духтарон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳои баланд, дода ҷиҳати баланд бардоштани мартаба ва мақоми зан дар ҷомеаро яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумат донистанд. Омезиши сиёсату дин озодиро аз байн мебарад ва ҷаҳонро фақат зери шишаҳои  идеологияи динӣ мебинад. Озодиро нисбати зан маҳдуд месозад ва намегузорад, ки мақоми зан дар ҷомеа рушд кунад.

Ягона ҳадафе, ки дар афкори гурӯҳҳои иртиҷоиро ғасп менамоянд, ин дар сохти конститутсионии миллатамон ворид намудани ҳар гуна тағйирот ба тимсоли аз байн барии озодиву озодбаёнӣ ва ба харобазор табдил додани ин мамолике, ки биҳишти рӯи олам гаштааст. Бори дигар қобили зикр аст, ки агар ҳизби наҳзати исломӣ сари давлат ояд, аввалин коре, ки анҷом медиҳад, ин дигар кардани сохтори конститутсионӣ аст. 

Хушбахтона имрўзҳо аксари мардуми тараққипарвар зўровариву ваҳшоният ва хунхории  низоми иртиҷоиро маҳкум менамоянд. Инсоният дар шароите, ки ба озодиҳои сиёсӣ, демократӣ ва дунявӣ муносиботи ҳусни тафоҳуми ҷомеа роҳ гирифтааст, ин гуна зўроварӣ ва террор, ки мақомоти роҳбарикунандаи давлати Исломӣ пеш гирифтааст, ҳар фарди ҷомеаро набояд бетараф гузорад. Ин гуна роҳу усули мубориза, зўроварӣ ва ваҳшониятро тамоми мардуми кишварҳои демократӣ ва сулҳпарвар, аз ҷумла, ҷомеаи мо маҳкум менамоянд. Вақте ки дин сиёсӣ мешавад, он ба қудрати мутлақ табдил меёбад, яъне сиёсат ҳунар, фарҳанг, тафаккур, рафтори ахлоқӣ тобеияти мутлақи дин мешавад.

Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллати мо сарвари кордону оқил, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз роҳу равишеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кўшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азази худ  хидмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба СММ ба тамоми ҷаҳон даъвои беҳуда аст. Зеро ҶТ ягон таъқиб нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ва ё ашхос раво надидааст.  Баръакс мардум имрӯз ҳушдор гашта, аз нооромии давлатҳои араб ба хулоса омада, худро аз ҳизбҳои динӣ канорагирӣ карда истодааст.

 

Ахмедова Н.Қ.

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ

Дар зиндаги барои баъзе касу баъзе чизҳо дар ҳайрат мемонам, ки чаро аз ақли солими хеш истифода бурда наметавонанд, модоме, ки эшон чунин рафтор мекунанд, ба маъное ақли онҳоро бо ҳар гуна дасисиаҳо медузданд. Назарам аз ин гуфтаҳо дар фитнаҳои наҳзатиҳост, ки ислом гуфта ба суханони дурӯғу бемантиқ боварӣ ҳосил менамоянд, гӯё бар он ақидаҳое, ки вақте ислом аст, албатта ҳақиқат доранд. Бале чунин афкор дар гузаштагонамон буд, аммо як дафъа худ қазоват намоед, ки имрӯзиён ба ҷои ин ки номбардори аҷдодонамон бошанд, баръакси ҳолат ислом гуфта бо ниқоби иблиси хеш қариб тамоми мардуми ҷаҳонро ба по хезонида истодаанд. Замоне, оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Мутмаинам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаман мегардонанд.

Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем.Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурўҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло  дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.

Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад-асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрўза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гўшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рўй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест, ки имрўз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад.

Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд. Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хуҷаинҳои хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион аҳолӣ дошта, дорои 1340 киллометр сарҳад бо кишвари Афғонистон мебошад. 95 дарсадди мардум мусалмон буда, аз мазҳаби Абу Ҳанифа пайравӣ мекунанд.

ТЭТ ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиё паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рўйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.

ТЭТ ҲНИТ-фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «Ҷиҳод дар роҳи Худо» рўйпўш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТЭТ ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ТЭТ ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод!

Аммо бузургии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд(!!!).

Шухрат Усмонов, мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

  Ватани азизамон – Тоҷикистони куҳанбунёду тозаистиқлол дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 20-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии худ қарор дорад.

Дар тӯли ин 28 соли бурду бохтҳо Тоҷикистону тоҷикистониён бо амри тақдир ҳамаи шебу фарозҳои таърихи ҳазорсолаи худро бори дигар аз пеши назар гузарониданд. Дар он айёми ноорому пурошӯб ҷомеаи мо ба нерӯи пурқудрати сиёсие ниёзу эҳтиёҷ дошт, ки тавонад пеши роҳи ҷанги бемаъниро бигирад, дар кишвар сулҳу салоҳ ва ва оромиро барқарор кунад, миллатро дар атрофи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ сарҷамъ намояд.

Халқи тоҷик, таҳти сарварии Пешвои хирадманду дурандеши худ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу субот ва Ваҳдату ризоияти миллӣ комёб гашт. Мо ин арзишҳои азалиро бо нархи ҷони зиёда аз 130 ҳазор нафар қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ, ноумедию сарсонии 70 ҳазор нафар занони бешавҳармондаю гиряи зори 60 ҳазор нафар кӯдакони ятим ва зиёда аз 10 миллиард доллар хисороти иқтисодӣ харидорӣ намудем.

Барқарор гаштани сулҳу субот боиси афзун гаштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва беҳбудии рӯзафзуни шароити зиндагонии сокинони кишвар исботи гуфтаҳои болост.

Ҳамдиёрони азиз! Биёед Ваҳдату ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи кишварамонро аз ҳамаи дигар арзишҳо волотар донему онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ амсоли ҲНИ ва «Паймони миллӣ» фирефта нашавем.

Фарзандонамонро аз таъсири ақидаҳои экстремистию террористӣ, наъшамандию ҷинояткорӣ ва бесаводию беҳудагардӣ эмин нигоҳ дошта, дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоем.

Дӯстию рафоқат, инсонпарварию ҳамдигарфаҳмӣ ва адлу инсофро меъёри зиндагӣ қарор дода, бо меҳнати ҳалолу суботкоронаи худ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба рушду нумӯи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намоем.

Дар арафаи асри XXI Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шуд ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифт.

Баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ, ба Тоҷикистон имконияти мустақилона интихоб ва пеш гирифтани роҳи ислоҳоту рушд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омад, зарурияти пешбарӣ кардан ва ба роҳбарӣ гирифта шудани ақидаҳои нави пешқадам баръало мушоҳида гардид. Зарурияти пешбарӣ кардан ва амалӣ намудани ғояи пешқадам ва созандае лозим гардид, ки то мардумро муттаҳид ва пояи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиштагиро таҳким бахшад.

Тоҷикистон, ки бо сарварии Асогузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт, дар баробари пешравиҳо, дучори монеаҳои ҷиддӣ гардид, ки барои бартараф кардани онҳо нерӯю афкори созандае, ки кафолати таъмини ободию созандагӣ, омили пешрафти ҷомеа гардад, ногузир буд.

Дар ҳамин раванд солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон, як гурӯҳ ба роҳбарӣ гирифтани таҷриба ва ғояҳои  давлатҳои пешқадами Ғарбро ҳамчун роҳи ягонаи наҷот ва халосӣ аз душвориҳо донанд, гурӯҳи дигар умедҳои худро фақат ба худшиносӣ, таҷрибаи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ вобаста карда буданд. Зумраи дигар, бо шубҳа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати нави Тоҷикистон, ҳамчун давомёбии низоми тоталитарии коммунистӣ баҳо дода,  дар ҷустуҷӯи барпо намудани муҳити нобоварӣ ва низоъ буданд[1].Ҷойи муқаддас - эътиқоди мардум, фазои идеологӣ холӣ намонд. Дере нагузашта дар қатори чунин ақидаҳо, дар байни мардум афзалият пайдо кардани ақидаҳои низоъангезу ифротангез, ақидҳо ва шиорҳои «гӯё» динӣ мушоҳида гаштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирӣ ва  маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар, тавонист тарафдорони худро пайдо намояд, муттаҳид ва мусаллаҳ созад, ба руҳия ва ҷаҳонбинии мардум таъсири ҷиддӣ расонад, халқи меҳнаткаши оддиро ба вартаи низоъ ва фоҷеа андозад. Ин амалҳо дини мубини исломро доғдор намуда, ба эътибору нуфузи он зарар расониданд.

Дар байни мардуми Тоҷикистон зуд паҳн гаштан ва афзалият пайдо кардани ақидаҳои аз дини мубини ислом сарчашма гирифта беҳуда набуд, чунки мардум дар тӯли садсолаҳо ба дини мусулмонӣ эътиқод доранд, ба меъёрҳои он пайравӣ мекунанд, онҳоро муқаддас медонанд[2]. Лекин, бинобар дар доираи нисбатан маҳдуд фаҳмидани мазмуни аслии меъёрҳои дини ислом ва минбаъд бо ҳисси манфиатдорӣ, шӯҳратпарастӣ нодуруст, ба таври  ғалат шарҳу маънидод ва шитобкорона ташвиқоту тарғибот шудани асос ва қоидаҳои динӣ аз ҷониби «ба ном» ҳомиён ва ходимони дин, боиси он гардид, ки  мақсадҳои ниьоии ифродгарон зери пардаи демократияи исломӣ, ноаён монд. Ба зумраи чунин ниқобдорон Ҳизби наҳзати ислом роҳи худро пеша гирифт. Мутаассифона қисме аз мардуми зудбовар ва софдили кишвар, аксарият ҷавонон, ба доми фиреб ва иғвогарӣ афтода ҷони худро дар кашмакашҳои хунини маҳаллию гурӯҳӣ фидо карданд[3]. Ин оқибатҳои таҷовузи мақсадноки идеологии қувваҳои сиёсие буд, ки вазъияти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро ба сӯи фоҷиаҳои даҳшатноки ниҳоӣ такон доданд.

Барои паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна падида ва ақидаҳои носолим ва иғвоангез, аз ҷумла тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ ва бо мақсади таҳким бахшидан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди афкори созандагию бунёдкорӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами мо Э.Раҳмон хеле бамаврид изҳор доштанд, ки «Мақсади мо бунёд кардани амнияти мутараққӣ аст. Вай аз таҷжрибаи бойи ба дастовардаи давлатҳои пешрафта баҳра бардошта, ҷавобгӯйи омолу ормонҳои мардум хоҳад буд…. Ормони мо давлатест, ки  ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳукми қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ менамояд, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мусоидат менамояд»[4].

Ҳамин тавр, падида ва зуҳуроти фаъоли чунин нерӯҳои таьрибкор, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ ногузир ба густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб мусоидат мекунад. Суръати густариши онҳо ба ҳадде расидааст, ки имрӯз инкор кардани қонун, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ аён гардида истодаанд[5]. Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд, ҳам андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод, профессор

 

 

 

 

 

 

 

 

Таърих исбот кардааст, ки меҳвари рушду нумўи давлат Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ муҳимтарин шарти Истиқлолияти давлат, пояи бо эътимоди тавоноӣ ва шикаст нопазирии он ба шумор меравад.

Сулҳу Ваҳдат барои мо тоҷикону Тоҷикистониён бо мушкилоти зиёде муяссар гардид ва он қабл аз ҳама натиҷаи талошҳои пайгиронаи хирадпешаи тоҷикон, Пешвои миллат маҳсуб меёбад.

    Маҳз иродаи қавӣ ва шикастнопазирии сокинони тамоми манотиқи кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ буд, санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври қатъӣ ба ин ҷанги бародаркуш хотима бахшид. Хирад ва рушноӣ бар ҷаҳолат ва торикӣ ғолиб омад. Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи халқу кишвари мо чун санаи муқаддас ва сарнавиштсоз бо хатти зарин сабт гардид.

Имрўз масъулияте, ки мо дар назди халқамон, дар назди наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёдамон дорем, беш аз пеш меафзояд. Зеро инсоният дар шароите ба асри XXI ворид гардид, ки сиёсати ҷаҳонӣ куллан тағйир ёфтааст. Ҳатто дар муддати соли гузашта ва баъд аз он пеши назари мо дар фазои геополитикии дунё дигаргуниҳои бунёдӣ рух доданд. Равандҳои глобализатсия босуръат идома доранд ва имрўз инсоният бо таҳдиду хатарҳои наве рўбарў шудааст, ки муносибати комилан навро тақозо мекунанд.

Аз ин рў, мо бояд роҳу равиши худро аз ҳамин мавқеъ, яъне бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва дар айни замон манфиатҳои умумимиллии давлати хеш тарҳрезӣ намоем. Ин маънии онро дорад, ки дар дилу дидаи ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ мафҳуми Ватан, Миллат, Модар, Марзу Бум муқаддас ва азиз бошад. Мо бояд ҳар як хиёнаткор ва кўрнамаки ин мафҳумҳоро зери хок карда тавонем. Нагузорем, ки ҳатто пашша барин ҷонзод  ба фазои Истиқлолият рахна эҷод намояд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Ваҳдати миллии Тоҷикистон давраи нав буда, дар сарҷамъ ва муттаҳид намудани ҷомеа мавқеи бузург дорад. Пешвои миллат, мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар ин маврид зикр намуда буданд: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар хоҳем, ки мамлакатамон ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу суббот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлатии миллиро пайваста таъмин намоем. Ин пеш аз ҳама аз дилу нияти нек, азму талоши гарм, меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст

         Пас имрӯз арҷ гузоштан ба ин арзишҳо ва созовори ин вобастагиҳо будан, воқеан талоши гарм мебояд, ҳар кадоми моро. Зеро дар ҳаиқиқат агар миллати худро хонаи худи мо мо обод накунем, поядевори онро мустаҳкаам надорем, каси бегона парвои ободии  онро намекунад. Аз ин ҷост, ки танҳо мо шаҳрвандони баору номуси мллат метавонем, ки ҳимоятгарӣ ин ҳама муқаддасот ва маҳкумкунандаи хоинон ҳастем.

Тоҷибой Бойматов,

устоди кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология