Муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, инчунин дигар санадҳои зерқонунӣ танзим менамояд. 

Қонуни мазкур 29-уми январи соли 2021 қабул гардида, дар он   тартибу қоидаҳои ба қайди ҳарбӣ гирифтани ҷавонони ба синни 16 - сола расида, омода намудан ва ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани онҳо, адо намудани хизмати ҳарбӣ ва озод шудан аз он, ба қайди ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ гузоштан, уҳдадории ҳарбии онҳо то расидан ба синни ниҳоии дар ин ҳайат қарор доштан, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот батафсил пешбинӣ гардидааст.

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва ин масъулиятро ҳамагон бояд бо тамоми вуҷуд, яъне бо тану рӯҳи худ дарк намоянд. Ҳимояи Ватан ин пеш аз ҳама ҳимояи оила, макони зисту фаъолият ва ояндаи миллат аст. Дар он бояд ҳамагон ҳамарӯза ширкат варзанд. Хизмати ҳарбӣ бошад, тарзи муҳими иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ғайр аз онҳое, ки аз уҳдадориҳои ҳарбӣ бо асосҳои истисноии узрнок озод шудаанд, вазифадор ҳастанд, ки дар қайди ҳарбӣ бошанд ва дар ҳолатҳои даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ онро бечуну чаро ва ба таври дахлдор адо намоянд.

Бояд қайд намуд, ки артиши миллӣ барои устувории давлат ва эмин будани он аз хавфу хатарҳои дохиливу беруна нақши мондагор дорад. Сафҳои он имрӯз аз ҷавонони ғаюру шуҷоъ пур гардида, ҳар яке бо ифтихори баланди миллӣ, масъулияти ҷавонмардӣ барои ҳифзу нигаҳдошти марзу буми кишварамон саъю ҷадал меварзанд.

Маҳз хизмати софдилонаи ана ҳамингуна ҷавонони ба ору ба номуси ватан мебошад, ки имруз мову шумо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаему касе ҳуқуқҳои моро поймол намесозаду моро дар зери азобу шиканҷа қарор намедиҳад ва модарону хоҳарони мо бе ягон тарсу ҳарос ва бе таҳлука озодона дар кучаву хиёбонҳо гашту гузор намуда, шукри ваҳдату истиқлолият ва шукронаи Пешвои муаззами миллат ва шукронаи родмардони ба ору ба номуси ватан мекунанд, ки ҷони худро барои муҳофизати ватани азизамон дареғ намедоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки  адои хизмат дар сафҳои артиши милли натанҳо қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дустиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Мо ҷавонон ба гуфтаҳои ин Роҳбари давлатамон такя намуда, пайваста барои гулгулшукуфоии милати худ саҳми босазои худро расонем.

 Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллии кишвар рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз шароити хуби таълимиву машқу тамрин дар сафҳои қувваҳои муссалаҳи кишвар барои аскарону афсарон ба таври замонави муҳайё гардидааст. Агар солҳои пешин ҷавононро иҷборан тариқи “облава” мебурданд, ҳоло ин гуна “амалиётҳо”-и кормандони комиссариати шаҳру навоҳӣ аз байн рафта истодааст. Махсусан, иқдоми роҳандозӣ шудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавриди хушу хотирмон, дар фазои тантанавӣ гусел намудани ихтиёриён, сафи хизматмекардагонро зиёд намуда, истодааст. Мо, ҷавонони саодатманди ватан бояд ин тадбири созандаро тақвият бахшида, баъди хатми мактаби миёна ва ё донишкада ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шуда, хизмати модар Ватанро бо сари баланд адо намоем, то дар ҳама ҳолат барои муҳофизати Модару ватани хеш омода бошем.

Бобоев Музаффар Муҳиддинович, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Мардуми тоҷик аз қадим халқи сулҳпарвару ваҳдатшиор аст ва дар зиндагӣ ҳамеша ба осоишу оромиш арҷ мегузорад. Агар ба таърихи давлатдории ниёконамон назар афканем, туфайли хиради волои вай садҳо низову моҷаро бо роҳи мусолиҳаву муросо ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардидаанд. Таҳаммулпазирӣ ва сабру фурӯтании миллати тоҷик, ки дар хуни тоҷик ҷорист,  бурди азалии ӯст ва ҳамин хусусият мудом ба саодату хушрӯзиҳои халқ боис шудааст. 

Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар даврони навини давлатдории кишвар миллатро имтиҳони сахту ҷиддие пеш омад ва бори дигар хиради азалии вайро дар санҷиш гузошт. Аз тағйирёбии вазъи сиёсии кишвар сӯистифода карда, гурӯҳе аз манфиатхоҳон – душманони миллат кишварро ба ҷанг кашиданд. Хушбахтона, иродаву хирад боз ҳам ғалаба кард ва ваҳдати миллӣ даст додаву ба зиндагии тозаи осоиштаву пурсаодат замина гузошт. Вале пайомадҳои ин ҷангу хунрезиҳо солҳо рушди кишварро ба қафо кашид, ба ҷомеа аз ҷиҳати моддиву маънавӣ зарари ҳангуфт расонид.

Дар ин росто, хидматҳои мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба туфайли ҷоннисориҳояшон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ халқ унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистааст, бояд ҳамаҷиҳата омӯхта, мавриди пайравии наслҳои имрӯзу оянда қарор гирад. Муҳимтарин хидмати Пешвои миллат даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ, ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил, аз хатари  парокандагӣ раҳонидани кишвар, ҷорӣ намудани низоми мукаммалу муосири давлатдории миллӣ ва ба ҳам овардани миллат мебошад, ки шоёни таҳсин ва ибрат аст.

Имрӯз маҳз ба туфайли сулҳу оромӣ дар кишвар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ даст дода, сатҳи некӯаҳволии халқ куллан беҳтар гардидааст.

Хулоса, сулҳу ваҳдат омили асосӣ ва муҳими таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум мебошанд ва ҳифзи онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ватандӯсту хештаншинос ба ҳисоб меравад. 

Аминов Фаррух, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

   Таи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузорад.

     Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Коршиносон бар он назаранд, ки ба доми террористон бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Барои ҷалби ҷавонони минтақаҳои Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошад.

      Мутаассифона аксари ҷавононе, ки бо гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегардад.

      Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки “Мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

       Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги  пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон  мамлакатро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Давлати Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд.

       Аз ин рӯ падару модаронро зарур аст, ки нисбати тақдири фарзандони худ бетафовут набошанд. Мутаассифона падару модароне ҳастанд, ки фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунӣ  барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд. Ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани  он саҳми назарраси худро гузоранд.

      Хулоса, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи доғи рӯз аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал муборизаи беамон барем, бетараф набошем ва кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар зиндагӣ бо роҳи дурусту мақсаднок амал кунанд.

Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

                                                                                                                          

 

      

   Мо ифтихор аз он дорем, ки Ватани мо давлати мустақил ва яке аз даҳ давлатҳои ислоҳатгари ҷаҳон аст.

Тоҷикистон чун маъвои бузургону сарзамини фарҳангдӯстон эътироф шуда, имрӯз ин диёр ваҳдатистон гардидааст. Тоҷикистони азиз имрӯз дарахти бошукӯҳу пурсамареро мемонад, ки аз дӯстию ҳамдилӣ шодоб мешавад. Имрӯзҳо Ватани мо бо суръати баланд рушд ёфта, пеш меравад ва бо зиёда аз 150 мамлакати дунё муносибати дӯстона барпо намудааст.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ эҳсос намудем, ки муҳаббат ба Ватан асосан аз давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Одам ба ҳар қaтpa обу ҳар зарраи хоки Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъйю кӯшиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба радифи он шомил мегарданд. Барои инсон мавқеи намоёнро падару модар  ва Ватан ишғол менамоянд. Оре, Ватан қисмату сарнавишти ҳар як инсон, ба мисли модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар моро модари аслӣ ба дунё оварда бошад, ба сарамон Ватан дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду мафҳуми ба ҳам тавъаманд, агар бо ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯем:“-Истиқлолият ва ваҳдат ду пояи иқбол ва ду рукни меҳвари фарҳанги давлатдориву давлатсозиамон” мебошанд.

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ халқ дар атрофи Сарвари давлатамон боз ҳам бештар муттаҳид гашта, бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона ба дастовардҳои бузург ноил гардид, бо дили пур ва сари баланд аз ояндаи дурахшони кишварамон сухан мегӯем.

Аз шоирони муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо батадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сўи ҷомеаи озоди демокративу дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарўзӣ, забондонӣ робита бо мамолики перафтаи дунё ниёз дорад.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Имрӯзҳо ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари орому обод эътироф мекунанд.

Солиев Одилхӯҷа, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Зинда бошӣ сарвари олимақом,

Марди неку, сарвари пур шаъну шон.

 

Маҳз ба туфайли ақидаҳои ватандӯстона, ҷонкоҳонию бунёдкорӣ ва хирадмандию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари замоне ҷангзада, замоне мардумони фироригашта ба Истиқлолияти воқеӣ расид. Албатта мо мардуми шарафманди тоҷик аз Истиқлолияту ободии кишварамон ифтихор намуда бошем, пас боиси саодатмандии ҳар яки мо сарвари соҳибдили миллат хоҳад буд, зеро агар ин абармард ба сари қудрат омадаву миллат аз ҳоли таназзул боз намедошт, ҳоло аз мо на ном мемонду на нишон.

Шукронаи давлати обод, шукронаи соҳибистиқлолӣ ва Пешвои муаззами миллат, ки барои мо мардумони тоҷик имрӯзи босаодатро эҳдо намуданд. То кунун барои пешравии миллати азизамон маҳз бо талошҳои сарвари фархундамиллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дошта, халқи тоҷик ва мардуми ваҳдатшиорашро тамоми оламиён ҳамчун миллати бофарҳанг ва бомаданият мешиносанду эътироф менамоянд.

Ҳамагӣ 30 сол қабл миллати тоҷик дар талотуми ҷанги хонумонсӯз қарор дошт. Тамоми мардум ҷон дар каф интизори он буданд, ки касе ба кӯмакашон шитобад ва миллатро аз вартаи ҳалокшавӣ наҷот бахшад. Омад ба тахти шоҳӣ бо нури илоҳӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо хитоби “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”.

Омад ба сари қудрат марде, ки тақдири миллатро, сарнавишти мардумро бо дасти хеш дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намуд, қасам хӯрд ба номи поки модар, ки Тоҷикистонро тоҷвар мегардонад. Албатта Тоҷикистонро тоҷвар намуд, номи онро то ба арсаи баёналмиллалӣ муарифӣ кард ва тамоми мардуми олам шинохтанд, ки мардуми тоҷик, миллати тоҷвари тоҷик сулҳпарвару ваҳдатшиор буданд ва маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат чунин накӯсиришт хоҳад монд.

Бояд зикр намуд, ки ба туфайли андешаҳои дурбинона ва созандаи сарвари давлат, имрӯз дар кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз қабили мактабу литсейҳо, кӯдакистону дигар иншооти ба ниёзи мардумон мувофиқ сохта ба истифода дода шуда истодааст, ки он ҳама ба пешрафти диёри азизамон саҳми сазоворе аст.

Мо миллати шарафманди тоҷик бо Пешвои миллати худ ифтихор дорем ва ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат ҳастем, чун ҳамеша ақидаҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат моро водор месозад, ки мо ҳамеша дастболо бошему дар арсаи байналмиллалӣ мақому манзалати хешро ҳамчун миллати тоҷвар касб намуда бошем. Зинда бод Тоҷикистони азиз! Зинда бод Пешвои муаззами миллат. Пояндаву устувор бод пояи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар.

 

Башорат мерасад бар миллати мо,

Ки комам, комбардор аз калом аст.

Хушо он миллате, ки сарвари ӯ,

Ҳамеша дар сараш нанг асту ном аст.

 

Қаландаров Ҳусейнҷон Умарович,

номзади илмҳои техникӣ,

мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи

ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Тоҷикистон марҳилаи рушд ва тараққиётро таҳти сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сар гузаронида истодааст. Таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар раҳи суботкориву созандагӣ қарор дорем. Муҳимтарин неъмате, ки имрӯз миллати тоҷик бо сабуриву хиради азалӣ таҳти рлҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ба даст овард, ин сулҳ ва оромии ҷомеа маҳсуб меёбад. Хоссатан дар марҳилае, ки ҷомеаи ҷаҳоинро хатарҳои ифротгароиву терроризм ба ташвиш оварда, дар мулки ҷангзадаи афғон толибони фундаменталӣ барои табадуллоти ин кишвар корҳои пасту разилонаро анҷом дода истодаанд. Таъсири ин ҳама нобасомониҳо барои миллати мо низ хатарҳои зиёде эҷод мекунанд. Баъзе аз сокинони кишвар шукронаи тинҷиву амонӣ накарда, худро рекет ва зӯргӯй ҳисобида, даст ба амалҳои ҷиноятӣ мезананд.

Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ чанд сол пеш бо айби чунин ба номи рекетон ноором буд. Он вақт низ Толиб Айёмбеков ва Мамадбоқир Мамадбоқиров сабабгори асосии чунин нооромиҳо шуда буданд. Он вақт мақомоти қудратии кишвар гуноҳҳои онҳоро ба хотири амну осоиштагии шаҳри Хоруғ ва атрофи он бахшида буданд. Инак, ин некиҳои давлат ва Ҳукумат магар фаромӯш шудааст, ки Ммамдбоқир Мамадбоқиров дар вазъият мастӣ ба намояндаи милитсия зургӯи намуда, талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунад. Мутаассифона, ӯ аз қавфои худ чандин ҷавонони думрав дошта, ҳаёти  онҳоро низ зери хатар мегузорад. Ин нафари дар гузашта авбош бо ҳамроҳии дӯстонаш Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов мехостанд, ки дар шаҳри Хоруғ бори дигар гирдиҳамоӣ ташкил намуда, мардумро алайҳи авлат шӯронанд. Аммо ба ин нафарони худхоҳ гуфтанием, ки замони зӯргӯиву қудратталабӣ гузаштааст. Ҳамзамон дигар сокинон ба суханҳои Шумо барин авбошҳои гузаро гӯш нахоҳанд кард. Барои миллати мо, хосса сокинони вилояти Бадахшони Кӯҳӣ беҳтарин неъмат сулҳ аст.

Бояд ин нафарон дар доира қонун, ҳамон тавре, ки дар ролики видеоӣ омадааст, бяд ҷавоб гӯянд. Зеро ин миллат ва ин давлат соҳиб дорад.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

                                                                                                    

     Шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки ҳамаи ҷавонони саодатманд ва дорои ақлу заковати баланд аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои интернетӣ бархурдор ҳастанд. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро вабои ҷанги иттилоотӣ фарогир шуда, тамоми мардуми сайёраро бесаранҷом кардааст. Аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гурӯҳҳои мухолифине, ки дар дигар давлатҳо паноҳ бурдаанд, истифода бурда, барои ноором сохтан ва аз байн бурдани  истиқлолият, пиёда намудани мақсади нопоки худ ва ба хоку хун кашидани мардуми азизи мо ҳамарӯза фаъолият бурда истодаанд. Агар ба саҳифаи таърих назар афканем, мебинем ки чи гуна дар солҳои 90-уми асри гузашта ин тоифаи ватанфурӯш, ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои ичтимоӣ худро “муборизи роҳи ҳақ” ва “табодулгар” меҳисобанд ба сари миллат чӣ балоҳое оварда, қисме аз мардум кушта, қисми зиёде ба давлатҳои ҳамсоя гуреза шуданд.

    Таърих гувоҳ аст, ки дар давраҳои басо душвор Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои сарҷамъ намудани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ кӯшиш намуданд. Ин буд, ки мо имрӯз соҳиби давлат ва Истиқлолияти бардавом гаштем. Аммо боиси таассуф аст, ки бархе аз ноҷавонмардон ин корнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро нодида гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ аз хоинони зархарид менамоянд.

     Мо, ҷавонон бо итминони комил гуфта метавонем, ки барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо ҷони худро фидо намуда, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем ва бо Пешвои миллат ҳастем.

Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

                                   

   

 

Минтақаи Бадахшон аз дурдасттарин гӯшаи диёр аст. Сатҳи иҷтимоиёти мардум дар қиёс ба дигар мавзеҳои кишвар шояд беҳтар набошад. Аммо таъсиси корхонаи ордбарорӣ, бунёди даҳҳо мактабу марказҳои саломатӣ бозгӯи онанд, ки давлат ва Ҳукумат, шахсан Президент ба ин гӯшаи зебои диёр диду назари хайрхоҳона доранд. Вилоят потенсиали калони рушди сайёҳӣ дорад, чаро мақомоти иҷроияи вилоятӣ, шаҳру навоҳии он андешаи чи тавр рушд додани ин соҳаи кадидиро намеандешанд. Чаро худро аз мардуми оддӣ дур мегиранд. Лоақл камбудиҳояшонро ҳал намекунанд, арзи дили онҳоро намешунаванд.Ин ҳама ба қавле «дастак» мешавад ба душманони миллат, амсоли Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб   Айёмбеков ва дигарон нафароне, ки пешрафти кишварро дидан намехоҳанд. Дар қатори мақомотҳои қудративу иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд диндорон, онҳое, ки миёни омма обрӯ ва манзалат доранд, дар бораи оқибатҳои нашъаву нашъамандӣ сухан мекарданд. Бале омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар ин минтақаи кӯҳсори кишвар дар қиёс ба дигар минтақаҳо шумораи нашъамандон зиёд буда, мутаассифона, шумораи фавтидагон аз ҳисоби  ҷавонон зиёд аст.

Ва ахиран эҳсос мешавад, ки ба ин минтақа бештар ба рушди соҳаи мудофиа ва пурқувват кардани сарҳадот кӯшишҳои давлат равона мегардад. Зеро то андозае минтақа минтақаи ҳасос аст. Зеро Бадахшон бо Ҷумҳурии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дошта, коҷоқи маводи мухаддиру аслиҳаҳо аз он ҷо ба кишвар ворид мешавад. Бо як ҷумла имрӯз Бадахшон қисми ҷудонашаванди кишварамон буда, ободии он ободи Тоҷикистони азиз аст. Мо боварӣ дорем, ки мардуми шарифу бонангу орӣ Бадахшони кӯҳӣ дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлатро сармашқи кори худ медонанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Мутаасифона, баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, ки ин боиси нороҳатии аҳли ҷомеаи кишвар аст. ҳамчунин, гурӯҳе аз хориҷи мамлакат истода, нисбати ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мо суханҳои носазо ва иттилооти бардурӯғро паҳн менамоянд.

ТЭТ ҲНИ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ), ки чун ҳизби ифротӣ шинохта шудааст, акнун бар рӯи сиёҳи худ ниқоби нав ба бар намуда, худро ҳомии озодӣ ва демократия унвон кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аъзои он аз худ қаҳрамонтарошӣ намуда, худро дар нақши ҳомии адолат меҳисобанд. Лек аз таъриху гуноҳҳои содиркардаи худ бехабаранд. Бинобар ин аз падару модарон,кормандони соҳаи маориф ва умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунем, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд. Зеро, афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремисту террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бадтар аз он, ҷавонони ноогоҳ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ афтода, ҷони ҷавони худро ба хотири манфиати гурӯҳӣ ё шахсони бегона дар гарав мемонанд. Боиси таассуф аст, ки дар байни онҳо аз кишвари мо ҳам ҷавонон дида мешавад. Мо бояд ба ҷавонон ҳақиқати ҳолро фаҳмонем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Зеро, сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд, ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.

Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Мусаллам аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбари хирадманду оқилаш ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, зеро он дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони  тинаташон поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёди Пешвои муаззами мо ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.

Ин ҳама талошҳои бевоситаи Пешвои миллатро иддае аз кӯрдитарафҳои мухолифин нодида гирифта, ҳар чи сухан вирди забонаш омадааст, бо зиёдаравии беш тавасути расонаҳои хабари дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудаанд. Дар асл ин гуна изҳороти аз ҷониби мухолифон дар мисоли намояндагони “башардӯстӣ” назҳатиҳо паҳн гардидааст аз нигоҳи навишт танқиди ҳукумати кишвар ва корнамоии Пешвои миллат бошад, чуқуртар назар андозем, ин таҳрику ташвиқ ба гурӯҳҳои мухолифи давлатӣ, яъне ҷалб намудан ба ташкилотҳои терористӣ мебошад.

Дар қатори дигар кӯрнамаконе, ки имрӯз аз шаҳди озодиву соҳибистиқлолӣ баҳра гирифта, боз носипосона мардумро алайҳи давлат мешӯронанд, ин Мамадбоқир Мамадбоқиров мебошад, ки имрӯз ба ҳайси зӯргӯ дар Бадахшони Кӯҳи ном баровардааст. Ин ҳама фаъолияти “ватанхоҳии онҳо” танҳо барои гумроҳ намудани халқ аст ва истифодаи сомонаҳои интернетӣ василаи хубе гардидааст, ки онҳо тавассути он мардумро бо дасиса оварда фиреб кунанд. Алайҳи давлату миллат ҳар гуна тӯҳамтҳо носазо карда мардумро зидди якдигар шӯронанд. Чанд сол пеш ин ҷинояткоронро дастгир намуда, аз хонаҳои истиқомати эшон бисёре аз лавозимотҳои ҷангиро паёдо намуда буданд. Аммо онҳо ин ҳамаро нодида  гирифта, имрӯз боз мехоҳанд, ки шӯру валвала барпо намуда, мардумро бар зиди давлат хезонанд. 

Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарозӣ аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки кадом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки симои манфии наҳзатиёнро аз таърихи пайдоиш то ба имрӯз ошкоро ба таври воқеӣ бо асноду далелҳои раднашаванда рӯи навор овардааст, амри воқеӣ ва зарурияти таърихӣ мебошад. Дар филми мазкур хусусан рафтору амалиётҳои хиёнаткоронаи ҳизби мамнуъшудаи наҳзат дар солҳои 90-ум, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сабаб гардид ба таври ҳақиқӣ бо далелҳои таърихӣ инъикос ёфтааст.

Махсусан ҳодисаҳои куштори шахсиятҳои маъруф аз хиёнаткориҳои наҳзатиён нисбат ба миллату ватани худ шаҳодат медиҳад. Бояд қайд намуд, ки баъди дидани филми мазкур ҳар як фарди ватандӯст ҳатман ба андеша меравад, ки наход чунин ашхосе ба монанди наҳзатиёнт, ки дар сарзамин ба воя расидаанд, чунин хиёнати нобахшиданиро нисбати меҳани худ ва миллати худ содир намуда бошанд. Наворхои ин филми ҳучатӣ, ки пурра аз бойгониҳо гирд оварда шудаанд, нишон медиханд, ки воқеан ҳам, ин наҳзатиёни одамсурат, вале дар асл шайтонҳои хиёнаткор дар вуҷудашон ғайр аз фитнакорӣ, дасисабозӣ дигар ҳеч гунна арзишҳои ахлоқӣ ё маънавии инсонӣ надорад.

Хиёнат ба Модар –Ватан даҳшатноктарин хиёнати инсон дар тулии умраш мебошад ва амали ноҷавонмардона маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар тарбияи ватандӯстӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон ва баланд бардоштани зиракии сиёсии онҳо аҳамияти баланди ғоявӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳо намоиш додани наворҳо аз филми мазкур нақши муҳим мебозад. Хусусан, дар шароити ҷаҳони муосир, ки терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷомеа таҳдид менамояд, барои дар руҳияи ватанпарастӣ, нафрату адоват нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон нақши арзишманд дорад.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ба парлумони кишвар қайд кардаанд, “Солҳхои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷахони муосирро ба ташвиш овардааст.  Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва терористӣ дошта ба вусъат ёфтани тероризми байналмиллалӣ фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротии динӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ва зиёд шудани теъдоди аъзои гурӯҳхои терористиро дидаву мушоҳида карда, ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба ин рӯзгори ободу осоишта ба ин давлати соҳибистиқлолу сарвари оқил бояд шукргузорӣ намояд, зеро ин рӯзгори осоиштаи халки точик худ аз худ ба осонӣ ба даст наомадааст.

Аз ин лихоз ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем манфиатҳои умумидавлативу умумимиллиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳҳо афзалтар шуморем.

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд