Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

     Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд,  мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

Аҳли ҷомеа чанде пеш аз асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шуданд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии раиси ҳизб ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни он дар маҷмӯъ як китоб мешавад.

    Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд.

    Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

    Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

     

 

 Насли калонсоли имрӯз бо ҳамаи камбудиву мушкилоте, ки дошт, давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, дар кишвар сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллиро таъмин намуд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор гардонид. Акнун насли калонсол, яъне падару модарон фақат як орзу доранд, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинанд. Шумо таҷрибаи дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз насли калонсол омӯзед. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо, устодони донишкада  амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро ва “Паймони милли”-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Хайринисо Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

ДУШАНБЕ 10.22.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон «Толибон»* (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ  ва ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд. Дар ин бора 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд.

 Сӣ сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

   Дадахон Ҷӯраев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, зери таҳдиду хатарҳои геополитикӣ қарор дошта, зарурати муборизаро ба муқобили ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ, ҷиддӣ пеш меорад.

Шукронаи соҳибистиқлолии кишвар, имрӯз Тоҷикистони азизу маҳбуби мо миёни қариб ҳамаи давлатҳои дунё аз ҷиҳати амнияту осудагӣ дар ҷойҳои намоён қарор дорад.

Ҳамин оромиву осудагии имрӯзи кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони азиз ҳаст, ки барои ҳама имконоти кору фаъолият, илмомӯзиву ихтироъкорӣ ва кӯшиш намудан ба зиндагии шоистаро фароҳам овардааст.

Имрӯз,ки мо тоҷикон соҳиби Ватани озоду ободем, набояд фаромӯш кунем, ки беватаниву бедавлатиҳо бар сари беҳтарину фозилтарин хирадмандон ва миллат давлатамон чӣ оварда буд.

Воқеан ҳам, шаҳди Истиқлолият имкон дод,ки насли имрӯзаи миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ ба таъриху тамаддуни гузаштаи худ биоварад.

Дар марҳилаи имрӯза, давлатҳои абарқудрати ғарбӣ барои ҳифзи манфиатҳои худ дар давлатҳои ақибмонда ва рӯ ба инкишофи давлатҳои хурд, унсурҳои фарҳангии номақбулро таҳмил мекунанд ва барои онҳо як амри муқарраристу бо шиорҳои “Демократия” ва “Озодӣ” манфиатҳои аққалиятҳои хурди милливу диниро бар ҳукуматҳои расмӣ афзал медонанд,ки дар мисоли давлатҳои Ироқу Либия, Сурияю Яман ва ғайра давлатҳои дигар ин барномаашонро роҳандозӣ намудаанд.

Ин аст, ки бо дастгириву маблағгузориҳои бевоситаи хоҷагони хориҷӣ, тариқи шабакаю сомонаҳои мухталифи интернетӣ, мавқеъгириҳои сиёсии ҳизби мамнуъи ҲНИ, ки дар қаламрави Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон шудааст, иддао мекунанд,ки таъмини амну субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои роҳбарияти он мебошад.

Таърих гувоҳ асту чун ба ҳамагон маълум аст, ки дар асл чунин набуда мақсади роҳбарияти ТТЭ ҲНИ пеш аз ҳама боварии мардумро ба даст овардан, ақидаҳои хоҷаҳои хориҷиашонро дар мафкураи мардум ҷой диҳанду сохти конститутсионии кишварро барҳам зананд.

Бо дарназардошти ин, террористону ифротиёни наҳзатӣ тайёранд,ки боз ҳам барои ҳунари ифротгароиву иғвоангезиҳои сиёсӣ, дар назди пуштибонҳои хориҷиашон ба намоиш гузоштаву аз марги инсонҳо ва ҳатто аз ин вируси марговари короно суйистифода намоянду боз ҳам барои қонеи нафси ҳаромашон маблағе дарёфт намоянд.

Боварӣ дорем,ки мардуми сарбаланди кишвари азизу маҳбубамон- Тоҷикистон, алалхусус ҳамватанони муҳоҷиронамон,ки биродарони ҷонии моанд, ба баромадҳо ва хабару дассисаҳои бепояву беасоси Кабириву пайравони ӯ,ки дар сомонаҳои интернетӣ интишор мегарданд, бовар накарда, ба хотири халалдор нагардидани амну осудагии Ватани азизамон, бар зидди чунин падидаҳои эктремистиву ифротӣ муборизаҳои дастаҷамъона барем.

Шукрона аз Худои бузург (Ҷ) мекунем, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо имрӯз соҳиби Ватани озоду маҳбуб-Тоҷикистони азиз ҳастем. Беватанӣ-ин худ касофатӣ, бадбахтӣ, бединиву бемазҳабист. Ношукрӣ накардаву бегонапарастӣ накунем.

Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ояндаи насли наврас дар дасти омӯзгорону ҷомеа аст. Имрӯз моро зарур аст, ки барои ҳаёти осудаву осоишта фазои солим ва пешрафти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангию мадании ҷомеа ҷонибдори суханрониҳои Президенти кишвар бошем. Ба завқи ҳар як шогирд таъсиррасонем, ки ба расму русум ва анъанаҳои миллӣ муносибати некбинона дошта бошад. Зеро яке аз масъалаҳои муҳиме, ки аз тарафи Пешвои миллат ироа карда шуд ин риояи фарҳангимиллӣ аз ҷониби мардуми тоҷик мебошад. Дар ҳақиқат, солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои кишвар миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллиии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира мегардонад. Ин гунна муносибати кӯркӯронаи баъзе афроди ҷомеа боиси изтироби ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли хирад қарор гирифтааст.

Аз таърихи хеле қадимаи бостониву тамаддунсози мо маълум мешавад, ки халқи тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае дорад, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳу арзиши худро гум накарда, то замони мо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ омода расидаанд.

Занҳои тоҷик дар ҳар давру замон оқилу доно ва дурандеш буданд. Имрӯз низ занону духтарони моро зарур аст, ки бо ақлу хиради воло давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгонамон бошанд.

Дар интихоби либос ба ҳар гунна анъанаҳои барои зани тоҷик бегона роҳ надиҳанд. Пӯшидани ҳиҷобу либосҳои тира аз наздикӣ вашинохти Худованд дарак намедиҳад. Чӣ тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зикр намудаанд: «Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сарулибоси сатру ҳиҷобу сала ва риш».

    Аз ин рӯ, ақли солимро зарур аст, ки бо ҳамагуна муносибатҳои номатлуби замона нисбати анъанаҳои миллӣ мубориза барад.

      Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Имрўз ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта, ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза манфиати илмиву назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ кашф намудааст. Гузашта аз ин, ҳузури ҷавонони тоҷик, минҷумла сокинони вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия ва таълимоти онҳо дар урдугоҳҳои ғайриқонунии Покистону Афғонистон имрўзҳо ба  мавзўи доғи ҷомеа мубаддал гардида, мўъҷиби нигаронии мардум ва мақомоти давлатии кишвар шудааст. Ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу харакатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдиду хатаре ба амнияти кишвар, минтақа ва тамоми ҷаҳон дорад, аз мавзӯи меҳварии фаъолияти на танҳо ниҳодҳои интизомии кишвар, балки тамоми аъзоёни ҷомеаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ҳаёти рўзмарраи ҷомеа собит месозад, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва мазҳаби ваҳдатгаройи ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми тазвири мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон,ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корномаҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Мутаассифона, имрўз зиёиёни кишвар, ба вижа, устодону донишмандони мамлакат дар мавриди интиқоди ҷиноятҳои фоҷеабори аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба монанди «Салафия», Ҳаракати исломии Ўзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», Давлати бо ном исломӣ, «Ҳизбут-таҳрир» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом  фаъол нестанд. Таҳлили маводи чопӣ ва электронии васоити ахбори оммаи кишвар нишон медиҳад, ки дар ин раванд дар баробари рўзноманигорон танҳо кормандони ниҳодҳои низомии Тоҷикистон фаъоланду халос. Ин дар ҳолест, ки ҷавонони мамлакат аз ҷумлаи донишҷўён, олимон ва мутахассисони ҷавон ба ҷузъ изҳороту баромадҳои расмӣ дигар ягон маводи муфидро дар ин мавзуъ ба дасти чоп намерасонанд, ки ин воқеан боиси нигаронӣ мегардад. Чунки дар ин раванд бояд, пеш аз ҳама, ҷавонон фаъол бошанд. Агар дар канори онҳо ҳамчунин фаъолияти аҳли уламои Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва намояндагони бонуфузи илмҳои ҷамъиятии мамлакат бо гузоришу мақолаҳои судманд аз тариқи минбарҳои баланд ва васоити ахбори омма вокуниш нишон дода, дар кори мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм пешоҳанг шаванд, пас мо метавонем дар маҳви ин хатари бамиёномада қадами устувор гузорем. Дар айни замон дар барорбари мақомоти олии роҳбарикунандаи Тоҷикистон инчунин роҳбарияти кишварҳои муштаракулманофеъ низ аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ карда, барои муқобилияти шадид алайҳи терроризм ва экстремизм тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла, президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ахиран изҳор дошт, ки кишварҳои шомили Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ ҳарчанд дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм қадами устувор гузоштаанд, вале воқеияти имрўза собит месозад, ки ин ҳама тадбирҳои андешидашуда дар мубориза алайҳи ифротгароёну ситезаҷўён кофӣ нест. Маълумотҳои бадастомада далолат медиҳанд, ки боқимондаҳои ҷанговарони ДИИШ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ҷамъ омада, дар оянда барои идома додани тахрибкориҳои худ бо кўмаки хоҷагони хориҷии худ таҳсилу тамрин мекунанд. Вазъияти мураккаби ҳарбию сиёсии дар сарҳади ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ ба миёномада моро водор месозад, ки ин масъаларо ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, тадбирҳои судманд биандешем.

Дар ин раванд, ба наздикӣ дар ҳузури иштирокчиёни маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар диққати сокинони мамлакатро ба ин масъалаи мубрами рўз ҷалб карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза алайҳи ифротгароиву тундравӣ ҳушёру муттаҳид бошанд.

Имрўзҳо ҳарчанд дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби оливу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносон дар мавзуи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд, вале то кунун масъалаҳои марбут ба пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ҳанўз аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ мемонад. Аз ин рў, минбаъд бояд дар чунин сўҳбату мулоқотҳо дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар барқароркунандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад карда, бобати бадбахтиву харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл кунанд. Чунки Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аввалин кишварест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гирифтори фитнаву найрангҳои ифортгароён гардида, оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

Албатта, имрўз мардуми кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои бузург ноил гардидааст. Вале мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободии кишвар ва таъмини ҳаёти хуби мардуми Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳа, аз ҷумла дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм пирўзу дастболо бошем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Рӯзҳое нест, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон амалҳои террористӣ ба вуқуъ напайвандад.  Бахусус, даҳсолаи пайдо шудани гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ» хатари терроризмро шадидтар месозад.

          Қатлу, ваҳшоният ва аз байн бурдани хонаҳои мардуми осоишта танҳо хоси ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ буда, зарбаи мудҳиш ба тахриху фарҳанг ва арзишҳои олии инсониву башарият аст. Мо бояд ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшония, даҳшатнокии ҷараёнҳои тундгароёнро эътироф, накарда аз онҳо худро дур нигоҳ доранд. Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву ватандӯстии онҳо дар Паёми Президент, мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавоноро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад:

    «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифродгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ бо проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.»

    Бо мушоҳидаи воқеаҳои дилхароши кишварҳои хориҷа, куштори кӯдакону занон, пиру ҷавонони бегуноҳ тавассути телевизон, хусусан, ба доми найранги исломиҳои исломшинос гирифтор шудани як идда ҷавонони мо ва бо номи «Далати исломӣ» ба хоку хун кашидани мусулмонони бегуноҳ кас водор мешавад, ки мӯҳри хомӯширо бишканад ва ба ҷавонони азиз роҳро аз чоҳ нишон диҳад.

      Ба ҷавонони азиз насиҳат мекунем қадри тинҷӣ ва оромии кишварро ва ваҳдати милиро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ғанимат дониста, тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи ғаразнок гӯш надиҳанд ҳарфи падару модар, ки меҳрубону дӯсти холиси онҳоянд, гӯши ҷон супоранд. Бояд фаромӯш накунанд, ки иҷозати падару модар кор кардан нобахшиданист.

     Бисёрии ҷавонони мо азоби ноамонӣ, ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ ва аз Ватан беватану хору зор шудани падару бобояшонро надидаан ва фақат баъзе лаҳзаҳояшро аз филмҳо тамошо кардаанд. Бинобарин, қадри тинҷӣ ва осудагиро, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ба даст омадаасту қурбониҳои зиёдро додааст, намедонанд.

   Агар насли имрӯза ба даст гирифтани аслиҳаи ҷангиро омӯзад, оё байни хоҳару бародар, ёру дӯстон, хешу ақрабо меҳру муҳаббат мемонад?

     Ҳоло мо саволи меҳру муҳаббат ба Ватанро намедиҳем. Ба ин савол ҷавоб гирифтан вагарна осон мешавад? Ҳол он ки мегӯем, ки ояндаи дурахшони кишвар дар дасти ҷавонон мебошад. Агар имрӯз мо насли наврасро ба ин хислатҳои нек наомӯзонем, мо дар рӯи замин некиро намебинем. Беҳуда нагуфтаанд, ки одамони нек, ҷавонмардон хайрхоҳу ҳимматбаланд буда, дар рӯи замин ғайр аз ҷангҳои бародаркушӣ чизеро намегирем. «Ҷаҳонро гир на бо камону шамшер гуфтаанд, балки бо панду ҳикмат, бо ақлу заковат, бо илму дониши воло»

      Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин нерӯ, ҷавонони ҳушёру огоҳ баъзан ба манфиат, гоҳе бар зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин нерӯи хасос танҳо ба шарофати ҷавонони «ноогоҳ» ва «бехабар» аст. Бояд афкори ҷавонон тавре тағийр дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату нерӯ ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд. Дар ин сурат онҳо худро бештар ҳис кунанд. Дар ин сурат онҳо худро аз «ҳамла»-и «ғофилгирона» эмин нигоҳ дошта метавонанд. Ҳимояи манфиатҳои ҷавонон тӯли чанд сол аст, ки пайгирона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳадафмандона татбиқ карда мешавад.

      Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лайқатманди мо, дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд».

   Ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки Ҳукумат нерӯи ободгар, фидокор ва ватандӯстонаи ҷавононро эътироф карда, барои нишон додани қобилият ва тавонмандиҳояшон омода сохтааст.

               Амон Акбаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

  Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, созандагию ободонӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонид, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшид, ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва ҷиҳати дастгири  ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

   Ҷавобан ба ин ғамхориҳои ҳукумату давлат ҷавононро мебояд, ки аз шароитҳои мусоид истифода бурда, илм омӯзанд, вақти бебаҳои худро ба корҳои беҳуда сарф нанамуда, соҳиби касбу кори муайян гардида, зиндагияшонро хушбахтона  пеш баранд.  Махсусан, дар замони ҳозирае, ки вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя Афғонистон дар ҳолати муташанниҷу ноором қарор дорад, ҳифзи  марзу бум ва амнияти мардум дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон дар мадди аввал қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро бояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бо воситаҳои шабакаҳои интернет  ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ-экстремистӣ фирефта нашуда,  ба Ватани худ содиқ бимонанд ва ба сиёсати одилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намоянд.  
   Ҷавонону наврасонро мебояд аз мактаби наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкориро омӯзанд. Дӯстию рафоқат, сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошад.

    Мо бо чунин ҷавонони  меҳанпарвар, ташаббускор ва созанда ифтихор менамоем   ва арзи онҳоро нисбати қабул ба  аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан”   хуш мепазирем. Ва боварии комил дорем, ки Шумо пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат хоҳед гашт.

Умедҷон Мақсудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Мусалламаст, ки  терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи  зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, беинтизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарураст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто  дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеа башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмондодашуда, сармоягузорӣ мегарданд ва боистифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд,оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Бояд қайд намуд, ки одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки хоҷагонашон мефармоянд  дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба «биҳишти ваъдагӣ»мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсубмеёбад.

Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллиионҳо шарик аст. Яъне, ӯ бевосита дар муқобили давлати худ бар зиддиватани худ ва дар душман бамиллати худ қарормегирад. Ҳамин тавр, ӯ  бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!

Омилҳои гароиши бо суръати бархе аз ҷавонон ба ин ҷараён зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта, паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ, бештар шудани тафовут ва сатҳи зиндагии кишварҳои ҷомеа, талош барои ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳои рушди ин раванд будааст.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад. Аз ин рӯ қобили таъкиди хосаст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Онҳое, ки ҷавононро ба чунин дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд. Худи ҳамин аз он шаҳодат медиҳад, ки дини Ислом ба зоти худ сулҳпарвар ва инсондӯст мебошад. Пас мо агар заррае ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошем, байни ину он тафовуте мегузорем.

 Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мо, ҷавонон бо дарки масъулияти бузурги ватандорӣ, эҳтиром ба ин сарзамини ваҳдатобод аз ҳамсафон даъват ба амал меорем, ки ба қадри тинҷиву ободии кишварамон расем, истиқлоли миллиро ҳифз намоем ва ба хизматҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззамми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузорем.  

Кишвари офтобии мо бо роҳнамоиҳои хирадсолоронаи Пешвои муаззами миллат марҳилаи душвору ҳассоси сиёсиву иқтисодиро собитқадамона паси сар намуда, имрӯз ба ҳайси як миллати воҳид ва ягона дар арсаи олам ном баровард. Муҷиби саодату саршор аз ифтихор аст, ки  имрӯз сокинони кишвар бо меҳнати ҳалолу суботкоронаи хеш пайи эъмори давлати бузурги тоҷикон ҳастанд. Худ бо чашми ҳақбин дида истодаем, ки чи тавр давлатамон пеш рафта истодааст. Муҳим сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, суботи сиёсӣ дар кишварамон ҳукмфармо буда, мардум бо шукрона аз тинҷиву амонӣ паи меҳнати ҳалоланд. Мо худ шоҳидем, ки чи тавр шодиву сурур, тантанаҳои ҷашнӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар бо руҳияи баланди идона ва ифтихор аз соҳибватанӣ доир мешаванд.

Ин ҳама созандагиву бунёдкорӣ, сидқан дӯст доштани обу хоки диёр масъулияти мо, ҷавононро дар назди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, мардуми шарифи кишвар боз ҳам зиёдтар месозад. Моро мебояд, ки боз ҳам бештар заҳмат кашем, ҷаҳони маънавиамонро фарохтар намоем, бо дониши мукаммалу  забондонӣ ва бо навовариҳои худ дар соҳаи техникаву  технология онро дар сатҳи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ созем. Мо миллати тамадунофарем ва ҳар пораи ин марзи аҷдодиро поку бегазанд ба ояндагон мерос гузорем.

Вазъияти ҳассос ва нобасомони кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Афғонистон аз ҳар яки ҷавонони бонангу ори мамлакат тақозо дорад, ки ҳушёри зирак, садоқатманду далер бошем. Ватанамонро сидқан дӯст дорем. Бетараф набошем ва бо андешаҳои солими худ ҷавононро ба сӯи содат раҳнамоӣ намоем. Теша ба решаи амалҳои ифротгароию ҷудоихоҳон занем.

     Мо дар ҳамҷоягӣ ба ормонҳои миллии давлат ва Ҳукумати кишвар, ки рушди иқтисодӣ, таҳкими низоми демократӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ асоси он мебошад, хоҳем расид.

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд