Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро  бо  номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.

Чун ҳамагон огаҳӣ дорем, 27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун яке аз санаҳои тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифи тоҷик  ҳар  сол  фарорасии онро бо ифтихору  шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад. Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он. Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.          Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт. 

Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо ҳамдигар алоқаи зич доранд. Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст будан.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, асоси пешравӣ ва тараққиёт, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон, дастоварди нодир дар ҳар замину замон аст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Ваҳдати миллӣ муносибатҳои нави давлатиро ба роҳ монд, ки он дар навбати худ сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.

  Агар мо хоҳем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Бобохоҷаева Р.Қ.,

ассистенти кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

Сохтмон яке самтҳои истеҳсолие мебошад ки солҳои охир хело пеш рафта истодааст. Барои рушди сохтмон тасири истеҳсоли масолеҳ низ аз қатор холӣ нест. Ба анана даромадаст ки ҳар сол зиёда аз 60 биноҳою иншоотҳои бузурги давлати ба истифода супорида мешавнд. Бади пош хӯрдани Иттиҳоди шуравӣ ҳамаи риштаҳои датраскунии маҳсулот маводҳо, алоқа байни корхонаҳо канда шуд ва барҳам хурд. Ғайр аз ин бесару сомониҳо сабаб шуду корхонаҳо аз кор монда қисми зиёдашон талаву тороҷ шуданд. Аз он ҷумла корхонаҳои калони сохтмони аз он ҷумла трести КПДС, заводи ЖБК дар ш. Хуҷанд, заводи ЖБК дар ш. Гулистон, заводи сементбарорӣ дар ш.Душанбе, заводи ЖБК дар ш. Душанбе  қариб ки пурра аз кор монданд, ки ин ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ, истеҳсолӣ ва иншоотҳо тасири манфии худро расонид. Ҳамин созишномаи Миллӣ ва ризоияти миллӣ буд,ки аз тарафи мухолифин ва Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд ба барқароршавӣ ва такилшавиҳои корхонаҳои хурди сохтмонӣ асос гузошт. Бади пойдоршавии ваҳдат ва сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон сохтмон сохтмон бо прогреси арифметикӣ пеш рафт. Барои пешрафти сохтмон муаммоҳое ба пеш омад ки ҳалли онро  бо сохтани зоводи масолеҳҳои сохтмонӣ дидан мумкин буд. Заводи сементбарории Хуаксин, заводи семент дар н. Исфара, заводи хиштбарорӣ ва ғайра. Ҳоло якчанд даҳҳо корхонаҳоро номбар кардан мумкин аст ки истеҳсолию сохтмонӣ мебошанд. Масалан: ҶДММ “Идораи сохтмони № 5”, ҶДММ "ТИНИАЛ",ҶДММ "Роҳи нек 2015",ҶДММ “Хуҷанд Сохтмон 1”, ҶСК “Хазина”, ҶДММ “Нарзулло”, ҶДММ "Хушофар" ш.Хуҷанд, ҶДММ Сомониён -1, ҶДММ Фаровон, ҶДММ "СуғдИНТИЗ",КФКВД “Лоиҳакаш”, ҶДММ "Лоиҳакаш"т ва дигар корхонаҳои маҳсулоташ маҳдуд ва кушода. Сохтмон асосан ба ду самт барои тамин намудани аҳолӣ бо хонаи истиқомати авҷ гирифт. Ин ҳам бошад сохтмони индивидуалӣ ва кооперативӣ.

Боз як мушкилие ки дар сохтмон ба миён омада буд ин ба меёр даровардани ҳуҷҷатгузорӣ,қоидаҳои сохтмонӣ ва стандартҳои далатӣ буд ки он ҳалли худро ёфт.

Соҳаи сохтмон яке аз соҳаҳои эҷодкунанда, созанда ва бунёдкунандаи шаҳрсозӣ, бино ва иншоот буда, басо меҳнатталаб мебошад ва низ масолеҳ ва энергияи зиёд мехоҳад. Дар рафти сохтмони иморат ва иншоотҳо миқдори зиёди захираҳои табиӣ, аз ҷумла, маводи инертӣ, чӯбу тахта, оҳан ва ғайраҳо сарф шуда, ҳангоми истифодабарии бино ва иншоотҳо миқдори зиёди энергия зарур мегардад. Нишондиҳандаҳои иншоотҳои сохтмонӣ ба бехатарӣ, нигоҳдории солимии ҷамъият, моликияти онҳо ва муҳити зист таъсири худро расонида бо омилҳои иқтисодиву иҷтимоии сиёсати дохилии давлат вобастагӣ доранд.
Аз ин лиҳоз, маҳсулоти сохтмон ва раванди бунёдкорӣ ҳама вақт объекти танзими техникии давлатӣ мебошад. Чунин ба танзимдарорӣ дар асоси системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмон, ки асосан аз меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатӣ иборат ҳастанд, амалӣ карда мешаванд.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нигоҳдории системаи ягонаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмонро ҳамчун асоси ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмони ҷонибдорӣ намудааст.
Аз соли 2004 инҷониб ба таҳияи системаи миллӣ оғоз карда шудааст. Ҳуҷҷатҳои меъёрии миллӣ ба шароити хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ гардонида шуда, таъмини бехатарӣ ва эътимоднокии бино ва иншоотҳоро муайян менамоянд.
Мувофиқ ба номгӯи меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, зиёда аз 1673 меъёрҳои гуногуни ба танзимдарорандаи соҳа мавҷуданд. Аз ин Шумора аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар солҳои 2004-2018 ба миқдори зиёда аз 463 адад ҳуҷҷатҳои гуногун таҳия ва нашр шудааст.
Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо назардошти талаботи амалкунанда бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд. Ҳамчунин бо мақсади ягона сохтани истилоҳоти сохтмонӣ байни истифодабарандагон меъёри сохтмони «Истилоҳоти сохтмонӣ» таҳия ва барои истифодабарӣ пешниҳод шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз 93%-аш кӯҳсор аст дорои хатарҳои геологӣ, заминҷунбӣ, сангрезаҳо, ярчҳо, селҳо мебошад. Ҳамагӣ дар шаҳрҷойҳо 26% аҳолии Ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, боқимонда 74% -и он дар деҳот зиндагонӣ доранд, ки барои таъмини шароитҳои лозима ва бехатарии зисти онҳо меъёрҳои нав таҳия шуда истодаанд.
Бо оғоз гардидани сохтмонҳои гуногуни муҳими давлатӣ, аз ҷумла, иншооти гидротехникӣ, роҳҳо, туннелҳо ва купрӯкҳо, манзилҳои истиқоматӣ, маданию маишӣ, таҳияи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ бо назардошти талаботҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Рушди раванди илмию техникӣ ва фаъолияти инноватсионӣ дар сохтмон ба баланд бурдани сифати маводи сохтмон, баланд бурдани тавсифоти истеъмолии истифодабарии бино ва иншоот, эътимоднокии амният, ҳузуру ҳаловати истифодаи эстетикӣ, сарфанокии истифода, дигаргунсозии муҳити меъморию сохтмонии соҳаи ҳаётан муҳим ва рушди минбаъдаи онро то сатҳе, ки ба дастовардҳои муосири иҷтимоии кишварҳои инкишофёфта ва аз нигоҳи техникӣ пешрафта мутобиқ аст, таъмин карда мешавад.

Соле дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо биноҳои истиқоматию истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд ин ҳама барои фароҳам овардани шароити зисту зиндгонии халқ тасири мусбӣ мерасонад. Масалан дар миқёси маҳаллаи 34 ш.Хуҷанд дар  7 соли охир 8 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо сохта ба истифода дода шуд ки аз осоиштагӣ ва тараққии соҳаи сохтмон ба мо хабар медиҳад.

Дадобоев А.И.

устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикстон

ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, таҳти №АП-1165, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2019, №16/10-43 миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” эълон гардидааст. Озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талқин намудани китобхонӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа  баргузор мегардад.

Мақсади асосии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” баландбардории завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолардонии доираи забондонӣ миёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот мебошад. Озмун аз рӯи чор номинатсия сурат мегирад:

  1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик;
  2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
  3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
  4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ низ ҳамаи даврҳои озмун гузаронида шуд.  Аввалан, озмун дар сатҳи факултет доир гардид.

Санаи 13. 06.2019, соати 13:00  даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” бо иштироки донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо дар толори донишкада барузор мегардад.

Ҳамаи шумоёнро ба даври ҷамъбастии озмун  даъват менамоем.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 байни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот озмуни вилоятии хониши китобҳои бадеӣ таҳти унвони «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019»  баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир ҷалби бештари кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ, рангин сохтани шавқи зебопарастии насли наврасу ҷавон, инчунин ҷиҳати устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

       Тартиби баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар асоси тартиботи баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни таҳсилоти олии касбӣ, ки бо қарори раиси вилояти Суғд аз 27.02.2019, № 84 тасдиқ шудааст, таҳия гардид.

Даври якуми озмун аз 1-уми март то 15 – уми май байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ гузаронида шуд. Ба даври дуюми озмун ғолибони даври якум иштирок карданд.        Китобдорони китобхонаҳои донишкада донишҷӯёни хоҳишмандро, ки мақсади ширкат дар озмунро доштанд, бо шартҳои озмун ва номинатсияҳои он шинос намуда, раҳнамоӣ карданд.

      Таърихи 13 июни соли равон 21 нафар донишҷӯёни ғолиби факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз рӯйи номинатсияҳои хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, баён доштанд, ки дар бораи рушди техникаву технология бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ оранд, зеро лаззати китобхонӣ, бардошти маънавӣ аз он болотар аст аз кинофилму дигар воситаҳои ғановати маънавӣ.

Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон пирӯзӣ насиби Дониш Шарифов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси таъмини барқ, ҷойи дуюмро Фарҳод Мамадалиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва мақоми сеюмро Алишерхон Рустамов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ ишғол намуданд.Ба ғолибон ифтихорномаҳои раёсати донишкада ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. 

Миллати тоҷик аз азал дорои ҳамдиливу ҳамбастагӣ миёни мардумон буд. Хело хуш аст, вақте як қавму миллат дорои як мазҳабу як забон бошанд. Гузаштагони мо ин рисолати азалии худро то насли имрӯзиён мерос гузошта буданд. Вале сад дареғ, ки носипосу кӯрдиле пайдо гашту имрӯз миёни мардуми миллати тоҷик тафриқаандозӣ мекунад ва маҳалгароӣ дорад. Тинати нопоки чунин афродони бадкеш бар оварда расонид, ки замоне миллати тоҷик азияти басо сахту сангинеро паси сар намуд. Дар воқеъ қайд кардан бамаврид аст, ки дар гузаштаи начандон дури миллати тоҷик чунин ҳодисаҳои маҳалгароиву тафриқаандозӣ ба амал омаду натиҷаи онро миллати азияткашидаи тоҷик то кунун кашида истодааст ва он сабақест, ки зи хотираҳои мардуми ватанпарасту худшинос зудуда намегардад.

Маҳалгароиву миёни як қавму миллат барангехтани шӯру ғавғо ва бадин васила муташаниҷ гардонидани амнияти мардум аз амалҳои ифротии нохалафон маҳсуб ёфта, ягона ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа дар он аст, ки сулҳ ноустувор гардаду пояҳои давлати мустақил аз нобоварии мардумон заиф шаванд. Аммо тавре дар урфият мегӯянд: “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ин гуфтаҳо далел бар он аст, ки ҳеҷ гоҳ амалҳои нопоку ғаразона бар нафъои носипосон анҷом нахоҳад ёфт.

Мо хуб медонем, ки бархе аз тарафдорони наҳзатиҳои мазҳабфурӯшу хиёнаткори Ватан ва дигар иғвоангезону ҷагҷӯён то ҳол чунин падидаи номатлуби маҳалгароиро миёни мардумони тинҷу осоишта паҳн намуда, бадин васила бародарро бо бародар зид сохта истодаанд.

Билохира мо ҷавонони саодатманд ва сулҳшиори тоҷик ақидаҳои пасти маҳалгароӣ ва тафриқаандозиро дар ҷомеаи муосир падидаи номатлуб дониста, онро шадидан маҳкум хоҳем кард. Зеро миллати тоҷик як қавму як наҷод аст. Он ҳеҷ гоҳ пора – пора набуд, ҳатто дар замони ҷангӣ шаҳрвандӣ низ ин корро аз решааш канда буданд ва иҷозат надонанд, ки миллат пароканда гардад. Албатта аз рӯи ҳамон маҳалгароён модарони муштипару кӯдакони маъсуми мо ғаму андӯҳи зиёде дидаанд. Ва мо наегузорем, ки дигар дар миллати мо чунин ҳодисаҳои нангин такрор ёбад ва дуюмбора мардуми азиятдидаи тоҷик ҷигархун гарданд. Зеро мо давомдиҳандагони ному кору пайкори онҳо ҳастем, ки барои якдиливу якзабонии мо заҳматҳо кашидаанд, то имрӯзи  моро ободу озод ва мафкураҳоямонро аз маънавиёти худшиносу ватанлдӯстӣ ва ҳамдилӣ комил гардонанд .

Шафоат Файзиева,

устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи боҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва ҳар сол фарорасии он бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти сиёсӣ Тоҷикистон ба ҷанги бародаркуш кашида шуд. Принсипҳои асосии сиёсати давлатии оид ба мусолиҳаи миллӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд, муайян гардида буданд. Ин иҷлосия бо оғози раванди сулҳи тоҷикон замина гузошт.

Музокироти моҳи апрели соли 1994 оғозшудаи тоҷикон на танҳо сулҳро дар кишварамон барқарор намуд, балки саҳми бузургро дар таҷрибаи ҷаҳонии бунёди сулҳ гузошт. Нахустин даври гуфтушунид ҳанӯз моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав, мулоқоти минбаъда солҳои 1995-1996 дар шаҳрҳои Кобулу Теҳрон, Маскаву Бишкек, Машҳад, вулусволии Тахори Афғонистон, шаҳрҳои Алма-Ато ва Ашқобод баргузор гардиданд. Ба таври илова се давраи машваратҳои мобайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор гардид. Қатъи чанги шаҳрванди имкон дод, ки ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон – ҳуқуқ ба зиндагӣ таъмин гардад.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба давраи гузариш аз ҳолати низои мусаллаҳона ба марҳилаи нави мусолиҳаи миллӣ ибтидо гузошт.

Бояд гуфт, ки механизми асосии иҷрои Созишномаи умумӣ Комиссияи миллӣ буд. Ба зиммаи Комиссия ҳалли тамоми муаммоҳои вобаста ба мусолиҳаи миллӣ гузошта шуда буд. Он барои татбиқи мувофиқаҳои дар ҷараёни музокироти байни тоҷикон бадастомада, мусоидат ба таъсиси муҳити боварӣ ва якдигирфаҳмӣ, ба роҳ мондани гуфтугӯи васеъи қувваи мухталифи сиёсии кишвар ба манфиати барқарорсозӣ ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Дар давраи гузариш дар соҳаи сиёсӣ масъалаҳои зерин:

-озод намудани тамоми маҳбусони ҳарбӣ ҳамчун санади бахши дуҷониба,

-озод намудани маҳбусони ҷонибдори мухолифин тибқи қонун дар бораи авфи умумӣ, 

-ислоҳоти сохтори давлатӣ тавассути додани 30% мансаб ба намояндагони мухолифини тоҷик дар тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, аз он ҷумла иҷроия,

-ба референдум баровардани пешниҳодҳо оид ба тағйироти конститутсионӣ,

-пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо оид ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори омма ва интихоби парламентӣ ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуда,

-бекор намудани маҳдудиятҳои мавҷуда дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик,

-ташкили гуфтушуниди васеъ миёни қувваҳои гуногуни сиёсии кишвар бо мақсади барқарорӣ ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ ҳалли худро ёфтанд.

Ҳалли масъалаҳои ҳарбӣ ҷанбаи муҳими рушди бомувафаққияти раванди сулҳ мебошад. Тибқи протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ халъи силоҳ (доброволная сдача оружия) ва барҳамдиҳии марҳила ба марҳилаи дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ва ҳамгироии онҳо ба сохторҳои қудратии ҳукуматӣ сурат гирифтанд. Пас аз иҷрои протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ дастаҳои мусаллаҳ пароканда шуданд.

Дар ҷанги ҳамватанӣ соли 1992 бештар аз 1 миллион сокинони кишвар иҷборан тарки кишвар намуданд. Бояд гуфт, ки ба ватан баргардондани фирории охирини кулли намояндагони халқу миллатҳои маскуни Тоҷикистон ифодагари қавлу амали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба Ватан бозгардонидани гурезагони тоҷик яке аз натиҷаҳои назарраси ноил гардидан муваффақият дар Созишномаи сулҳ мебошад.

Яке аз омилҳое, ки барои ноил гардидан ба мусолиҳаи умумӣ бояд мусоидат менамуд, ба раванди сулҳ ҳамроҳ гардидани ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ буд, ки моҳи марти соли 1996 онҳо Шартномаи ризоияти ҷомеъа дар Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро маҳсули андешаи миллӣ номид, зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.

Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат оғози марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ки он бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва дастгирии халқи кишварамон ба даст омадааст.

Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқарор шудани сулҳу субот яке аз олимони шинохта чунин арзёби намудааст:

-Эмомалӣ Раҳмонов ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва дигар хизматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардум бо унвону нишонаҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст. (Ниг.: Шарипов Абдуфаттоҳ, Шамсиддинов Садриддин. Президент. (Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ), -Душанбе,”Деваштич”, 2005, с.11-12.)

Муҳити оштии миллӣ дар мамлакатамон замоне фаро расид, ки сулҳу осоиш ва оромии ҳамагонӣ, сармоягузории дохилию хориҷи дар ватанамон афзуда, иқтисодиёт ба шоҳроҳи тараққиёт даромада, ҳар як тоҷикистонӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар бораи он андеша дошт, ки чӣ тавр бо рафтори ватандӯстонаи худ иҷрои ин рисолати таърихиро, Ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳиссагӯзори намояд ва онро сарсабз намояд. Имруза санаи мубораки 22 солагии ҷашни фархундаи миллӣ Ваҳдати миллӣ далели рисолати таърихии халқи Тоҷик доир ба дустию ободкории хонаи худ мебошад.

Ҳамагонро, халқи бохиради Ватанро бо ин санаи таърихи, бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта муваффақият ва сарбаландӣ орзумандам.

 

Ҳ.Ҳофизов,

омӯзгори фанни мудофиаи

шаҳрвандии ДПДТТХ ба номи М.Осимӣ

 

Оғози соҳибистиқлолии кишвар кудратталабон ва рўҳониёне, ки солҳои зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд. Ҳисси носолимии маҳалгароӣ, тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Рушди инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ боздошта шуданд. Сатҳи зиндагии халқи тоҷик поён рафт, ахлоқи ҷомеа тағйир ёфта, умеду орзуҳои мардум нимкора монд. Дар давоми ҷангҳои дохилии мо сарватҳои ҷонӣ ва иқтисодиро аз даст дода бошем ҳам, мамлакатро бо қувваҳои худӣ ва мадади ёру дўстон аз байни оташ, вартаи ҳалокат, касодии рўзгор баровардем.

 Дар фазои сулҳу осоиштагӣ  мардум бо шукргузорӣ аз ваҳдату ҳамдилӣ  барои ободии диёр, таҳкими давлатдорӣ ва болотар аз ҳама барои рушду нумуъ ёфтани меҳани хеш сол аз сол кӯшида истодаанд. Аммо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротгаро – амсоли  ТЭТ ҲНИ бо аъзову пайравони худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд, ҳадафҳои муғризонаи хешро болои миллати мо таҳмил намоянд..

Мо тавассути ду нафар аз чеҳраҳои саршиноси наҳзатиён, Аёмиддин Сатторов  ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар охир аз раъйашон гашта, сиру асрори ҲНИ-ро фошо карданд, фаҳмидем, ки хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзатиёнро ҷиҳати тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ  чи қадар кӯшиш ба харҷ додаанд . Мавсуф он чунон амалҳои ин палидон ва душманони миллатро возеҳу ошкоро ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, дигар наҳзатиҳо намедонад, ки сари худро аз шарм дар куҷо андозанд ва даъвои дардашонро аз кадом ҷой пайдо кунанд.

Албатта, аксари сокинони кишвар мусалмон ҳастанд ва аз ин афзалият истифода намуда, ҳизби наҳзат манфиатҳои худро дар ҷамъият ҳимоя мекард ва динро воситаи пешбарандаи барномаи худ қарор дод. Маҳз бо ин роҳу восита дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебурд, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқаангезӣ манъ аст. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард.

Бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ, мутаасифона, боз баъзе ношукроне ҳастанд, ки ба қадри осоишу ҳамдилӣ ва дастовардҳои беназири даврони навини давлати Тоҷикистон намерасанд. Дар ин бобат гуфтанием, ки

Нури истиқлол чун ҳар гўшаи кишвар гирифт,

Давлати моро ҷаҳон ҳам зери болу пар гирифт..

Дар чунин ваъияти зудтағийрёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз асли хеш бохабар бошанду ва ба фиребу дассисаҳои иғвоангезонаи чунин гурӯҳҳои терроритӣ дода нашаванд ва ҳамагӣ нерӯи худро танҳо ва танҳо баҳри таҳкимбахшии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намоем.

 

Абдуқаҳҳор Бӯриев, устоди ДПДТТ номзади илмҳои физика ва математика

 

Мардуми кишвар ҳамасола яке аз ҷашнҳои арзишмандтарин – Рӯзи ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Аз он рӯзе, ки  ба Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ имзо гузошта шуд, имсол 22 сол сипарӣ гардид. Ин рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу муътабар аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба даст омад. Ва ин имкон дод, ки дар кишвар сулҳу субот ва тинҷию оромӣ бебозгашт барқарор гардад. Мо имрӯз аз равзанаи асрии XXI ба воқеаҳои охири асри XX назар мекунему ба хуби дарк менамоем, ки ҳусни тафоҳуми бародаронаи тарафҳои даргир, ки санаи 27 июни соли 1997  ба даст омад қадами таърихӣ ба сӯи ояндаи дурахшон буд.

Дар паси ҳар қадами ба сӯи созиш гузошташуда ҷонбозиҳои халқ барои истиқлолу якпорчагӣ,  кӯшишу ғайрати фарзандони фарзонаи миллат, талошҳои бузурги маънавӣ ҷилвагар буд.

Дар лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллии тоҷикон, қисмати халқ ҳал мешуд, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнину наҷотбахшро бар дӯш гирифт, дар зулмоти кинаву адолат ва муборизаҳои бесарусомон  чароғи ҳамдигарбахшиву таҳаммул ва сулҳро  фурӯзон кард ва меъмори сулҳи тоҷикон эътироф гашт.

Халқи Тоҷикистон бо  сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашт.  Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба  анҷом  расонида мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод. Метавонем гӯем, ки он солҳо Ҳукумату халқи Тоҷикистон дар қӯраи таърих обутоб  ёфтанд, қадам ба қадам сӯи бунёди ҷомеаи босаодат талош  варзиданд. Ислоҳоти бунёдии иқтисодиёт, таҳаввулоти сиёсӣ, дигаргуниҳои маънавию фарҳангӣ, боварию эътимоди мардумро ба фардои  созанда қавитар гардонд. Дар раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон фарҳанги нави сулҳ ва таҳаммулпазирӣ тавлид ёфт. Касе наметавонад инкор кунад, ки сулҳу ваҳдат зодаи афкори   башардӯстона ва тинати мунаввари халқи мо аст.

Ҳамзамон дар сулҳи тоҷикон омили байналхалқӣ ҳам нақши муассир дошт. Давлатҳои ба мо дӯст Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон, Эрону Афғонистон, Покистон ва ғайра дар он рӯзҳои вазнин бо мо буданд, барои гуфтушуниди тарафҳо шароит фароҳам оварданд, бо дастгирии ҳаматарафаи сиёсӣ ба мусолиҳаи миллӣ мусоидат намуданд. Мардуми миннатпазири мо ҳаргиз ин хизмати бародаронаро фаромӯш намекунад. Меваи ширини ваҳдат омоли созандаи халқ аст. Дар кӯтоҳтарин муддат Тоҷикистон дар ин ҷода ҷаҳиши бузурге ба амал овард. Пайкори созандагӣ – бунёди иншоотҳои   гидроэнергетикӣ, шоҳроҳҳои азим, муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангиро дарбар гирифт.

Тоҷикистон имкон дорад, ки бо ин ҳама дастовардҳо ва  руҳбаландиву иродаи қавии халқ дар даҳсолаи аввали асри XXI ба яке аз мамлакатҳои пешқадами Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Сулҳ ба кишвари мо имконият дод, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи бештар пайдо намояд, ҳамчун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофарин эътироф гардад. Саҳми Тоҷикистон дар ҳаллу баррасии муаммоҳои глобалии ҷаҳонӣ, густариши равобиту дӯстии халқҳо ба маротиб афзуд.        

Тӯли ин солҳо мо натанҳо иқтисоди миллиро пеш бурдем, балки дар тинати ҳар як сокини кишвар эҳсоси худшиносии миллиро боло бурдем. Чандин ҷашнвораҳои сатҳи байналмилалӣ аз қабили 1100 – солагии давлатдории Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, ёдкарди шоирону алломагон Тоҷикистонро чун меросбарони бузурги фарҳангӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ шуд. Дар ин росто дар вилояти Суғд азнавсозию мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмаи таърихию фарҳангии ба номи К. Хуҷандӣ ва қомат афрохтани мақбараи рамзии шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва осорхонаи он. Таъсиси Муассисаи давлатии «Марказии илмии Камоли Хуҷандӣ дар шафати ин маҷмаа.  Бунёди маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ ва қасри фарҳангии ба номи Нақибхон Туғрал дар ин ноҳия. Сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қасри фарҳанг дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Ашт ва ташкили театрҳои халқӣ дар ин навоҳӣ. Нашри осори шоирони болозикршуда, нусхаи хаттии девону куллиёти машҳуртарин суханварони форсу тоҷик, аз қабили Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайдо, Бедил бори дигар аз баракоти сулҳу ваҳдат маҳсуб меёбад.  Дар  ин ҷода баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» бо сарпарастии Пешвои муаззами миллат бори дигар аз фарҳангсолориву диду назари хосса доштанашон ба фарҳангу маънавиёт ва ояндаи неку дурахшони насли наврасу ҷавон далолат медиҳад.

Табиист, ки Ваҳдат пеш аз ҳама ба иқтисодиёти  миллӣ таъсири ҷонбахш мерасонад. Сол аз сол дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам мешаванд. Тадриҷан, кишвар аз бунбасти иқтисодӣ раҳоӣ меёбад ва  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайвандад. Иншоотҳои Шоҳроҳи ваҳдат ватани моро ба роҳи васеъи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ворид менамояд.

Чунон ки илми ҷуғрофияи инсоният ҷараёни демографиро бо омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар пайвастагӣ омӯхта, исбот кардааст, дар ҳолате, ки ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ дар мамлакатамон ҷараён дорад, нобаробарии ҷойгиршавии захираи замин ва одамон, афзоиши аҳолӣ ва камбизоатӣ, нобаробарии ҷойгиршавии захираҳои обию башарӣ, норасоӣ ва ифлосшавии захираҳои обӣ, истифодаи нодурусти об як қатор проблемаҳое мебошанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, моҳияти башарӣ-глобалӣ доштани ин масъалаҳоро дарк намуда, аз минбари баландмақоми СММ ба ҷаҳониён муроҷиат намуда, пешниҳод намуданд, ки соли 2003-ро соли “Байналхалқии оби тоза” эълон намуданд ва инчунин солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон карда шуд, ки ин пешниҳод якдилона қабул карда шуд. Ин анҷуман дар шаҳри Ню-Йорк барпо гардида, масъалаҳои муҳими оби тозаи башариро ҳал намуд. Дар асоси даъвати вакилони анҷуман ва пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар тамоми ҷаҳон эълон гардида, он аз тарафи мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ва қабул карда шуд.

Бунёд нақби «Истиқлол» ва «Шаҳристон»,  азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ, роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки қисми таркибии Шоҳроҳи Ваҳдат мебошад, тамоми минтақаҳои кишварро ба ҳам овард.

Мояи ифтихори ҳар яке аз тоҷику тоҷикистонӣ он аст, ки мо давоми соҳибистиқлолии худ ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии худ – расидан ба истиқлолияти энерегетикӣ ноил гардем. Ба ҷузъ он, ки таввасути сиёсати оқилонаю дурбинонаи Сарвари давлат сохтмони хатти баландшиддати барқи «Ҷануб-Шимол», ки вобастагии вилояти моро ба манбаҳои хориҷӣ хотима бахшид, мавриди истифода қарор гирифт, ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки санаи 16 ноябри соли 2018 бо ҳузури бевоситаи Пешвои муаззами миллат суръат гирифт, қадами бузург барои пешрафти соҳа гардид. Бунёди ин иншооти бузурги аср бори дигар аз бузургиву сабурӣ ва якдиливу яктании халқҳои тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дарак дод. 

Президент  дар лаҳзаҳои мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ тақсим кардани 75 ҳазор гектар заминро ба сокинон роҳи раҳоӣ аз мушкилии иқтисодӣ донистанд, ки он чун замини «президентӣ» сокинонро аз гуруснагӣ раҳонид. Дар солҳои минбаъда бинобар самаранок истифода бурдани замин ислоҳоти мувафаққонаи соҳаи кишоварзӣ, бахшидани қарзҳои хоҷгиҳои деҳқонӣ аз фючерон ва бонкҳо имкон фароҳам овард, ки истеҳсолоти ғалладонагӣ ба 1, 5 миллион тонна, картошка ба 1 миллон тонна расонида шавад. Бадин тартиб давлат амнияти озуқавории худро таъмин намуд.

Моро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Чун ин се ҳадафи стратегӣ дар амал тадбиқ шуд, моро мебояд, ки истеҳсолоти ватаниро ба роҳ монем. Маҳз ба ҳамин хотир Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки кишвари мо аз мамлакати агросноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ мегузарад. Яъне, вақти он расидааст, ки мо ашёи хоми саноатиро пурра  дар дохили кишвар коркард намуда, онро чун маҳсулоти тайёр ба хориҷ интиқол диҳем. Ин тадбир аввалан мушкилии бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолиро аз байн бурда, тедоди муҳоҷирони иҷбориро кам мекунад. Дуввум буҷети кишвар ҳисоби корхонаҳои хурду бузург ғанӣ мегардад.

Дар ояндаи наздик мо бояд ба он муваффақ гардем, соҳаи коркарди канданиҳои фоиданокро вусъат бахшем. Кишвари мо дорои захираҳои бойи мису оҳан, сурмаву нуқра аст. Дар ин ҷода бо ҷалби инвеститсияи хориҷӣ таъсиси бештари корхонаҳо бар манфиати кор аст.

Дар  ин ҷода ба  муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидани 1300 рӯзи ободониву созандагӣ бо иқдоми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоят бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд. Ин тадбир имконият медиҳад, ки кишвари мо ба таври шоиста ба хориҷ муаррифӣ шавад, хоссатан дар замоне, ки дӯстиву рафоқати мо мо ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон аз баҳори соли гузашта аз нав барқарор шуду ин дӯстиву хешутаборӣ намуна бар дигар миллатҳо гардидааст. 

Оре, Ваҳдати миллӣ дар роҳи навсозии ҳаматарафаи кишвари азизи мо самараи нек ба бор меорад.

Бигзор сулҳу суббот, боварии тарафайну ризоияти шаҳрвандӣ, меъёри ҳастии ҷомеа гардида, дили пиру ҷавон ошёни ҳисси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихори давлатдорӣ бошад. Бигзор Ваҳдат ба хонадони ҳар як фарди тоҷик файзу баракат, нуру зиёи маънавӣ ато намояд.

 

Мунаввара Нозирова, устоди кафедраи

забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

 

Сокинони кишвар ҳамасола яке аз ҷашнҳои арзишмандтарин – Рӯзи ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Аз он рӯзе, ки  ба Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ имзо гузошта шуд, имсол 22 сол сипарӣ гардид. Ин рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу муътабар аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба даст омад.

Бо мақсади ошноӣ аз арзишҳои сулҳи бебозгашти тоҷикон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти донишҷӯён бо котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ доир гардид.

Оғози чорабинӣ аз аксу наворҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ то расидан ба сулҳи деринтизор манзури бинандагон гардонида шуд.  Сипас Аъзам Ҳотамӣ дар бораи моҳияти ваҳдат ва нақши Пешвои муаззами миллат дар барқарории  кишвар ва сулҳи тоҷикон сухан карда, афзуд, ки  дар лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллии тоҷикон, қисмати халқ ҳал мешуд, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнину наҷотбахшро бар дӯш гирифт, дар зулмоти кинаву адолат ва муборизаҳои бесарусомон  чароғи ҳамдигарбахшиву таҳаммул ва сулҳро  фурӯзон кард ва меъмори сулҳи тоҷикон эътироф гашт. Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки  фурсатро ғанимат шуморида, барои афзун намудани донишҳояшон гарданд. Зеро давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози миллат эътимоду боварии комил дорад.

Устодони донишкада номзади илмҳои педагогика Хайринисо Темурова ва сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» Абдусабур Абдуваҳҳобов дар баромадҳои худ дар бораи раванди гуфтушунидҳо ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар баъди осоиш сухан карда, қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои  давлат ва Ҳукумати кишвар миллатро ба сӯи нуру равшанӣ раҳнамун кардан аст. Ва таҳти сарпарастӣ қарор гирифтани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»низ маҳз огаҳӣ ёфтани ҷавонон аз фарҳангу маънавиёт мебошад.

Чорабинӣ хотирмон анҷом пазируфт.

 

Баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ, риояи талаботҳои оинномавию барномаи он, ширкати фаъолона доштан дар чорабиниҳои ташкилнамудаи кумиҷроияи шаҳрӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни баргузори як чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи «Ворисон»-и кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Осимӣ матраҳ шуданд.

Ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Хайринисо Темурова зимни баромади хеш таъкид дошт, ки бояд ҳизбиён дар ҳама самт бо дониш ва рафтори хуб намуна бар дигарон бошанд. Бо дониши мукаммали сиёсӣ мусаллаҳ шуда, барои таблиғи дастовардҳои даврони навини истиқлолият саъй варзанд. Риояи одоби муоширату муносибати хуб, ки ҷузъи фарҳанги бойи миллатамон маҳсуб мешавад, ҳизбиёнро миёни ҷомеа соҳибобрӯ мегардонад. Мавсуф дар идомаи суханронии худ оид ба низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия, пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ, раванди ҳаракати аъзоён, ҷалби аъзои нав ба ташкилотҳои ибтидоӣ сухан кард. Гуфта шуд, ки таҳти сарварии раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба масъалаи таҳкими  фаъолияти ҳизб дар кумиҷроияи ибтидоӣ диққати хосса дода шуда, алҳол дар назди 5 ташкилоти ибтидоӣ- «Ворисон», «Иқтисодчӣ», «Гулдаст», «Тироз» ва «Меъмор» 1203 нафар аъзоён ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумор 257 нафарро омӯзгорон ташкил мекунанд.

Дар идомаи чорабинӣ Хайринисо Темурова эълон дошт, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ кумиҷроияи шаҳрӣ тасимим гирифтааст, ки озмуни рассоми беҳтарин, иншои беҳтаринро миёни сокинон доир намояд. Ӯ аз ҷомеаи меҳнатии кумиҷроияи ибтидоӣ даъват ба амал овард, ки дар ин чорабинии муҳим ширкати фаъолона намоянд. Дар вазъияти тантанавӣ ба чанде аз аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Чунин мулоқотҳои судманд дар ташкилотҳои ибтиоии кумиҷроияи ибтидоии ҳизб доир карда мешаванд.  

 

Хатари терроризм экстремизм ба ҷомеа торафт бештар мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксари шомилшудагони равияҳои иртиҷоӣ маҳз ҷавонон мебошад. Бо мақсади фаҳмонидани оқибатҳои ҳузновари шомилшавӣ ба равияҳои номатлуб дар толори маҷлисгоҳи факултети муҳандисӣ –технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯён бо Меҳриддин Ғафуров,  подполковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини сардори факултети 4- уми академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродҷон Дадоҷонзода, полковники хизмати дохила, сардори шуъбаи тиббии Раёсати корҳои дохилии вилоят  ва Манзура Шамсиева , намояндаи шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД –и вилоят  доир гардид.

Чорабиниро муовини декани факултети мазкур Зӯҳро Умарова ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Дар баромади Меҳриддин Дадоҷонзода зикр шуд, ки дар давоми 4 моҳи соли равон дар ҳудуди  вилоят 2 ҳазору 222 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 15 ҷиноят ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ рост меояд. Донишҷӯён бо дуздии амвол, қаллобӣ, бо машинаи шахсӣ ба дарс омадан, шомил шудан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ боздошт шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 137 ҷинояти гурӯҳи муташаккилона ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Муродҷон Дадоҷонзода роҳҳои пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонуниро аз гумроҳиву нодонӣ, банди ҳавою ҳавас шудан, беҳадафона истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда, аз сарнавишти чанд нафар гумроҳшудагон нақл намуд. Таъкид шуд, ки танҳо дониши баланд, ҳисси баланди ифтихори миллӣ метавонад пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гирад.

Манзура Шамсиева низ зимни баромади худ аз дастгирии давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон ёдовар шуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзию дӯст доштани марзу буми Ватан даъват намуд.

Чорабинӣ бо сӯҳбати озоду шаффов анҷом пазируфт.