Устодон ва донишҷўёни азиз!
Нахуст ҳамаи Шумоёнро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, бароятон хонаи обод ва саломативу иқболи нек орзумандам.
Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади олии ҳуқуқиест, ки сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад. Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст. Мисоли инро дар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла Донишадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷўёни донишкада бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ саҳмгузор намуда, парчами Тоҷикистонро партавафшон менамоед.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Шумоёнро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.
26 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароятон муборак

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ мулоқот баргузор гардид.
Гулшан Довудов, муовини директори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ҷоннисор, нотарс, ҷасур, сарсупурдаи халқу ватан ва дорои ифтихори бузурги миллӣ мебошанд ва тавонистанд, ки мардуми моро сарҷамъ карда, сулҳу субот оварда, муҳоҷирони зиёдеро, ки бар асари нооромиҳои мамлакат ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ҷойҳои зиндагии худро иваз карда буданд, боз ба маконҳои худ баргардониданд.
Аз ин ҷиҳат хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Чунки кам касоне дар таърих пайдо мешаванд, ки миллати худро дар ҳолатҳои буҳронӣ наҷот дода тавониста бошад. Аз ин ҷиҳат ин ҳам барору омади кори халқи тоҷик аст, ки дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ҳамонвақта, ба онҳо мо ташаккур мегӯем, ки ҳамин шахсро аз байнашон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб карданд. Тӯли бисту нуҳ соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат мамлакатамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи эшон мебошад.
Сипас, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ муҳтавои барномаи пешазинтихоботии
номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар музокира устодону донишҷўёни донишкада баромад намуда, аз номзади арзанда ҷонибдорӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ба фаъолони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бонувони арҷманд, модарону хоҳарони азиз! Нахуст ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, осмони софу беғубор, сарбаландӣ ва тамоми некиҳои ҷаҳонро орзумандам.
    Воқеан ҳам, Рӯзи Модар, ки бо фармони Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.
   Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ ва тароват мебахшанд.
   Ниҳоди поки модарон шабеҳи насими рӯҳбахши баҳорист. Баҳор ва зан бо ҳам тавъам буда, беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватанд, ки ҳамагонро ҳаёту мамот бахшидаанд. Аз ҳастии пайкари бузурги модар ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад.
   Такя бар вуҷуди инсонофарини зан – модар такя бар Яздони пок аст. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд.
   Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии ин иди бошукуҳ ва фараҳманд таҳният гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи ободу хотири ҷамъи осуда таманно дорам.

Ид муборак, модарону хоҳарони барнодил!

 

Устодони гиромиқадр!
Рўзи муаллим, ки ҳамасола дар кишвари мо якшанбеи аввали моҳи октябр гузаронида мешавад, рамзи қадршиносии омўзгор ва нишони эҳтироми ў дар ҷомеа мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ҷашнҳои фархундаи миллӣ ва бахусус гиромидошти Рўзи омўзгор ҳамаи Шумо устодони азизу арҷмандро самимона табрику муборакбод менамоям.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки самти иҷтимоӣ эълон намуда, ба рушду инкишофи он, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, сатҳу сифати донишандўзии хонандагону донишҷўён дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд, нисбати кормандони соҳаи маориф, бахусус омўзгорон ғамхориву дилсўзӣ, эҳтироми беандоза зоҳир менамоянд.
Дар ҳама давру замон омўзгорон машъалафрўзи илму дониш буда, шогирдони худро дар рўҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию ватанпарварӣ тарбия менамоянд. Камолоти маънавӣ ва сиёсию иҷтимоии ҳар як фард ба таълиму тарбия вобастагии қавӣ дорад. Рўзгори инсон ва ҳаёти ҷомеа ба василаи таълим ва дониш пешрафт ва тараққӣ хоҳад кард. Дар сурате зиндагии инсон рўз аз рўз беҳтар хоҳад шуд, ки дониш омўзад, таълим гирад ва дониши худро такмил диҳад.
Воқеан ҳам Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро мунтазам идома медиҳад. Дар ин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи маориф қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илму маориф дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ин соҳа афзалият дода, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузории онро мунтазам зиёд карда, тасмим дорад, ки ин корро дар оянда боз идома бахшад.
Гузашта аз ин бо дастгирии Давлату Ҳукумат инфрасохтори донишкада муқтадир гашта, барои беҳтар шудани раванди таълиму тарбия шароит муҳайё карда шуд, ки устодон барои тарбияи кадрҳои баландихтисос фаъолияти пурсамар доранд.
Ба ҳамагон мусаллам аст, ки омӯзгорони мо истеъдоди лаёқати илмомӯзӣ ва маърифати донишҳои замонавиро доро мебошанд ва шогирдонашонро бо ахлоқу одоби ҳамида ва бо рафтори шоиставу намунавӣ тарбия менамоянд.
Маҳз натиҷаи чунин ғамхорию заҳматҳои Шумо устодон буд, ки имрӯз донишҷўёни мо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Устодони арҷманд!
Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо устодон бо азму ирода, кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоед.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар гиромидошти Рўзи омӯзгоронро ба кулли устодони арҷманд табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбӣ таманно менамоям.
Ид муборак, устодони азиз!


Бо иқдоми роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аксияи “Рӯзи хунсупорӣ” баргузор гардид.
Маврид ба таъкид аст, ки ҷалби донорони хун бо мақсади таъмини захираи хуни донорӣ ва ҳамзамон ҷиҳати расонидани кўмаки фаврӣ ба беморони эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардидааст.


Омӯзгорону кормандон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият хун супориданд.
Ин тадбир бо ҳамкории Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар ин рӯз беш аз 100 нафар омӯзгорону кормандони донишкада хун супориданд. Тибқи иттилои мутахасисон хунсупорӣ фоидаовар аст. Бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Аз ҳама муҳим, ҳаёти касеро наҷот медиҳад


Аксияи мазкур ду рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.

 

Дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд донишҷўён қисматҳои нави филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо намуданд.
Маълум гардид, ки дар ин филми ҳуҷҷатӣ дар асоси далелҳои раднопазир дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ сухан мерафт. Таҳия ва ба намоиш гузоштани чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ, албатта як иқдоми саривақтӣ ва мубрам мебошад, зеро имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ фаъолияти зиддимиллии худро аз хориҷи кишвар идома дода истодааст. Чуноне, ки дар филм омадааст, фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз рӯзи таъсисаш мазмуну мундариҷаи зиддитоҷикӣ дошта, аъзоёни ин ташкилоти террористӣ барои ташкили давлати исломӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта даст ба ҷиноят ва амалҳои мудҳиш бар зидди ҳамватанони худ задаанд.
Чуноне аз далелҳои дар филми “Хиёнат” овардашуда бармеояд, яке аз ҷиноятҳои мудҳиши ТТЭ ҲНИ — ин амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии аъзоёни ин ташкилоти террористӣ нисбати бонувони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Шоҳидони таҳқиру куштори занони тоҷик аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо далелҳо дар бораи рафтори ғайриинсонии ифротгароёни динӣ дар филми “Хиёнат” ёдоварӣ менамоянд. Муносибати ҷомеа ба бонувони худ инъикоси рушди тамаддун ва фарҳанг дар ин ҷомеа аст. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо ҷомеаҳои динзада ва рушднаёфта ба бонувони худ муносибати ғайриинсонӣ мекунанд. Филми мустанади “Хиёнат” тавонист муносибати воқеии аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро, яъне муносибати ғайрахлоқӣ ва зиддиинсонии онҳоро дар нисбати бонувони тоҷик нишон диҳад.
Филми “Хиёнат” барои ҳар як шаҳрванди баору номус як ҳушдоре аз қаъри таърихи навини тоҷик ирсол намуда, бори дигар таъкид мекунад, ки тафаккури динзада ба фанои ҷомеа ва давлатҳо оварда мерасонад.

Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии вилояти Суғд мулоқоти роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Дар мулоқот намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат ва доир ба рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, ва дар ин замина, оиди иқтидору дастовардҳои муассисаҳои олии касбии вилоят изҳори андеша намуданд.
Фирӯза Нуруллозода аз ҷумла таъкид намуд, ки давлату ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 10 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 42460 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 2491 нафар омўзгорон ба таълиму тарбияи онҳо машғул ҳастанд. Соли 2019 дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 6 нафар ҷойи якум, 19 нафар ҷойи дуюм, 22 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Бо ин дастоварди арзанда дастаи хонандагони болаёқати шаҳр дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми сеюм ва дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол намуданд. Инчунин дар ин давра 60 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр ва 7 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ сарфароз гаштанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 синфи 9-ро 3157 нафар ва синфи 11-ро 2661 нафар хонандагон хатм намуданд. Аз шумораи умумии 2661 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1851 нафар ба муассисаҳои олии кишвар, 315 нафар ба муасиссаҳои миёнаи касбӣ ва 459 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 аз муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр синфи 9-ро 3228 нафар ва синфи 11-ро 2828 нафар хонандагон хатм хоҳанд кард.


Ҳамасола дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохўриву мулоқотҳо гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории чунин вохўриҳо, ин аз тарафи хонандагони хатмкунанда бидуни душворӣ муайян ва интихоб намудани ихтисоси ба худ муносиб ва минбаъд давом додани дониши худ мебошад.
Сипас аз ҷониби роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои олии вилоят доир ба ихтисос ва факултетҳои тадрисгоҳҳо маълумот дода шуд. Намояндаи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фарҳод Бобокалонов баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз таълимгоҳҳои пешқадаму навовар мебошад.
Раёсати донишкада ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди донишкада, тақвияти мавқеъ ва нуфузи он дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, истифодаи таҷрибаи пешқадам, ба роҳ мондани усулҳои ҷолибу муосири таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тақвияти иқтидори пойгоҳҳои таълимӣ, бунёд ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароити корӣ ба устодон, дарёфти роҳҳои нави ҳавасмандгардонӣ ба онҳо, таъмин кардани шароити мусоид барои фаъолияти босамари донишҷӯён тадбирҳои пайваста меандешад.


Донишкада аз рӯи 21 ихтисос дар 3 кластер мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат омода менамояд. Дар донишкада беҳтарин шароити таҳсил ва шаффофияти таълиму таҳсил роҳандозӣ шудааст. Аксарияти донишҷӯёни донишкада дар давраи таҳсил аллакай бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҳамагонро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Дар ин самт дар донишкада қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Заминаи омӯзиши чунин фанҳо бо шароити муосир дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд муҳайё гардидааст.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ махсусан каронавирус дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тадбирҳои муҳим пиёда карда мешаванд.
Дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда дар биноҳои асосиву таълимӣ, хобгоҳу китобхонаи донишкада корҳои безараргардонӣ ташкил гардида, долону синфхонаҳои таълимӣ низ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ тамиз гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ҳама биноҳои маъмуриву таълимӣ ва хобгоҳи донишкада эълону варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ васлу насб гардидааст, ки он ҳушдор медиҳад то кормандону устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ аз хавф ва сироятёбии ин қабил бемориҳо ба таври зарурӣ огоҳ гарданд.
Зимни боздид аз хобгоҳи донишкада мушоҳида гардид, ки дар инҷо низ корҳои пеҳшгирикунанда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни хобгоҳ беш аз пеш ба тозаву озодагӣ диққати баланд дода, долону равзанаҳои хобгоҳ ва утоқҳоии хешро тозаву озода менамуданд. Раёсати донишкада маҳлул ва дигар лавозимоти зарурии пешгирикунандаро ба онҳо муҳайё намудааст.
Бо супориши директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ дар ҳамаи факултетҳо як ададӣ ва дар хобгоҳи донишҷӯён ду адад ҳуҷраи иззолиятсионӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадани донишҷӯ то омадани духтурон дар он нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамарӯза толору долонҳои раёсат ва факултетҳои донишкада бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ карда шуда, дар даромадгоҳҳо навбатдорон ба таври ҳамешагӣ ба тозаву озодагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки устодону донишҷӯён бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус дар тозаю озода нигоҳ доштани ҷойи кору таҳсил ва хобгоҳ ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намуда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз ҷумла қайд карданд, ки дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф чун пештара афзалияти аввалиндараҷа дода хоҳад шуд, зеро маҳз онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд".
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар муассисаҳои таълимӣ бояд назорати азхудкунии донишҳо, бахусус донишҳои замонавӣ пурзӯр гардонда шавад. Ҷавонону наврасон бояд ҳар чи бештар ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ҷалб карда шаванд. Муассисаҳои таълимӣ бояд бо истифода аз воситаҳои гуногун, бахусус воситаҳои муосир дар тақвияти қобилияти эҷодии донишҷӯён саҳми худро гузоранд. Дар Паём махсусан қайд гардид, ки ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи аз пеш ҳам бештар зоҳир карда шавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.
Роҳбарияти ДПДТТ ва кафедраи математикаи олӣ ва информатика супоришҳои Роҳбари давлатро, ки бевосита аз Паём бармеоянд, сармашқи кори худ карда, дар тақвияти дониши математикии доншҷӯён пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бо ташаббус ва ҳидояти роҳбарияти донишкада, рӯзҳои 27-29-уми январ дар вақти таътили зимистона, барои донишҷуёни хоҳишманд машваратҳои иловагӣ аз қисмҳои асосии математикаи олӣ доир гардиданд. Бояд қайд кард, ки ба ин маърака ҳамаи устодони кафедра, аз он ҷумла устодони ҳамкор низ ҷалб гардиданд. Устодон бо масъулияти баланд дар давоми ду рӯз, дар 4 баст (800 - 950, 1000 - 1150, 1200 - 1350, 1400 - 1550) дар се синфхонаи факултети информатика ва энергетика машваратҳоро доир карданд. Таҳлили пешакӣ нишон дод, ки дар машваратҳо қариб 700 нафар донишҷӯён иштирок кардаанд. Иштироки оммавии донишҷӯён аз он шаҳодат медиҳад, донишҷӯён ташнаи дониш ҳастанд ва дар тақвияти дониши математикии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар марҳилаи ҷамъбастии машғулиятҳо устодон қайд карданд, ки донишҷӯён дар машваратҳо фаъолона иштирок карданд ва ба роҳбарияти донишкада барои ташкили ин машваратҳо изҳори миннатдорӣ карданд. Инчунин устодон иброз доштанд, ки азбаски синфхонаҳо бо шарофати идораи оқилонаи молиявии роҳбарияти донишкада бо таҷҳизоти муосири техникӣ пурра муҷаҳҳаз мебошанд, бинобар ин машваратҳо хеле самаранок гузаштанд.
Кафедраи математикаи олӣ ва информатика бо истифода аз барномаҳои муосири компютерӣ exe-файли супоришҳои тестиро, ки дар санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва маъмурӣ мавриди истифода қарор мегиранд, барои ҳамаи қисмҳои асосии математикаи олӣ бо номи «худро бисанҷ» таҳия карданд, ки ба хамаи донишҷӯён пешниҳод хоҳанд гардид. Ин файлҳо дар истифода хеле оддӣ буда, тавассути онҳо донишҷӯён метавонанд ба имтиҳонҳои маъмурӣ мустақилона тайёрӣ бинанд. Барои истифодаи онҳо насби ягон барномаи иловагии дигар зарур набуда, интиқоли онҳо аз як компютер ба компютери дигар низ ба осонӣ амалӣ мегардад. Пас аз иҷрои тест, баҳо ва ҳисобот таҳия мегардад, ки барои таҳлили натиҷаҳои тест ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Бояд қайд кард, ки дар машваратҳо санҷиши (апробатсия) ин файлҳо дар ҳузури 60 нафар донишҷӯ низ амалӣ карда шуд. Таҳияи ин файл-барномаҳо ва мавриди истифода қарор додани онҳо мавриди пазироии хеле гарм аз тарафи донишҷуён қарор гирифт.
Боис ба қайд аст, ки ҳангоми санҷиши файл-барнома, супоришҳои тестии навъи кушод бо як ҷавоби кӯтоҳ мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва бо пешниҳоди донишҷӯён ба 20 саволи пешниҳодгардида ҷавобҳои тасодуфӣ ворид карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ягон ҷавоби воридгардида бо ҷавоби дуруст мувофиқ наомад. Файл-барнома дар ҷавоб мувофиқан натиҷаи тестро дар шакли хеле аён, бо овардани маълумотҳои зарурӣ пешниҳод кард. Донишҷуён ба таври дақиқ ва ҷиддӣ дарк карданд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат бояд бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ бояд буд.

 

 

Дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва табибони Маркази саломатии №6-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ пайдоиш ва ҳолати сироятёбии бемории вируси COVID–19 баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани маърифати гигиенӣ, нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тақвияти донишу малака нисбат ба муҳимтарин амалҳо баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус гузаронида мешавад.
Табибони Маркази саломатии №6-и шаҳри Хуҷанд доир ба роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки ин вирус тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст ва новобаста аз синну сол метавонад ба ҳама таҳдид кунад. Ҳамчунин аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои табибонро доир ба гигиенаи шахсӣ ҳамарӯза риоя намоянд.
Иттилоъ дод дода шуд, ки ба ҳолати субҳи 20 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 407 ҳазору 339 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 625 ҳазору 127 кас ва фавтидагон 165 ҳазору 69 тан мебошад. Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 764 ҳазору 265 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 40 ҳазору 565 нафар ва шумораи шифоёфтагон 71 ҳазору 12 касро ташкил медиҳад.Дар Испания шумораи сироятёфтагон 198 ҳазору 974 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 258 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 20 ҳазору 453 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 77 ҳазору 357 кас шифо ёфтаанд. Дар Италия шумораи мубталоён 178 ҳазору 972 нафар ва теъдоди фавтидагон 23 ҳазору 660 нафар мебошад. Дар Франсия 152 ҳазору 894 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 19 718 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Бояд тазаккур дод, ки вируси мазкур асосан тавассути қатраҳои ҳавоӣ гузашта, метавонад ҳангоми сулфидан ва атса задан, инчунин тавассути қатраҳои оби даҳон ё бинӣ паҳн шавад. Ғайр аз он, имкони сироят ёфтан тавассути тамос низ вуҷуд дорад.
Ҳамчунин ин вируси марговар аз як шахс ба шахси дигар тавассути қатраҳои ҳавоӣ интиқол ёфта, аломатҳои он таби баланд, дарди гулӯ, сулфа, нафастангӣ ва дарунравӣ мебошанд. Баъдан бар асари он илтиҳоби шуш ва заъфи гурда ривоҷ меёбанд, ки сабаби марг мегарданд.
Шуъбаи кор бо ВАО

 

Озмуни Ҷумҳуриявии ихтироъкорон дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ бахшида ба иди Сада, ки санаи 26.01.2020 дар боғи фарҳангию фароғатӣ Фирдавсӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 2 ихтисоси 740206- Истеҳсол нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ- Рашидов Умедхон ширкат варзида, сазовори ҷои 1 ва бо Сипосномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” қадрдонӣ карда шуд.

Лоиҳаи пешниҳодшуда дар мавзуъи “Корди мураккаб барои пайванд кардани дарахтони мевагӣ ва буттаҳои ток”. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии пайвандкунии қаламчагӣ, корди мураккаби пайвандкунӣ пешниҳод менамоем. Корди тавсияшаванда аз дигар олотҳои пайвандкунӣ бо он фарқ мекунад, ки асбоби пешниҳодшуда якчанд олотҳоро якҷоя намуда, тарзи пайвандкуниро сабук мегардонад.

Самаранокии  лоиҳа:

           Корди мураккаб баландшавии маҳсулнокӣ ва сифати пайвандкунии

дарахтони мевагӣ ва буттаҳои токро қариб 4-5 маротиба баланд бардошта, барои пайвандкуни вақтро 2-3 маротиба камтар сарф менамояд. Дар вақти аввалибаҳорон, ки барои чунин тарзи пайвандкуни мӯҳлат хело кам мебошад ва дар як сол онро як маротиба гузаронидан мумкин аст, чунин олоти корӣ бисёр самаранок ва муфид  мебошад.