Дар толори варзиши Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои амалкунадаи Федератсияи байналмилалӣ оид ба волейбол сурат гирифта, дар он 6 дастаҳои аз ҳисоби донишҷўдухтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин ривоҷу равнақ ва оммавӣ намудани намудҳои варзиш, аз ҷумла волейбол байни омма, ҷалби бештари наврасону ҷавонон алалхусус духтарон ба ин намуди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки маросими ҷамъбастии мусобиқа дар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии «Ярмаркаи интихоби мутахассисони арзанда» баргузор гардид.

Усмонҷон Ахмедов, муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки баргузории чорабинии «Ярмаркаи интихоби мутахассисони арзанда» якчанд сол инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст. Ин тадбири муҳим ба хотири боз ҳам қавитар намудани робитаи донишкада бо ташкилоту корхонаҳо роҳандозӣ гардида, барои таъмини ҷойи корӣ ба хатмкунандагон ва ҳамчунин интихоби кадрҳои болаёқат ба роҳбарони коргоҳҳо мусоидат менамояд. Дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисони касбӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид медоранд, ки бобати фароҳам овардани ҷойи корӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш зикр дошта буданд, ки бояд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарро таъсис дода, ҷавонони бешуғлро ба он фарогир кунем, то онҳо тавонанд ҳунар омӯхта, соҳибкасб шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта донишкадаро 776 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 96 фоизи хатмкунандагон сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз он ҷумла тариқи ярмакаи “Интихоби мутахассисони арзанда” зиёда аз 115 хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ шуданд. Соли равон донишкадаро 906 нафар, аз он ҷумла 744 нафар бакалавр, 39 нафар магистратура ва 123 нафар шуъбаи фосилавиро хатм хоҳанд кард. Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар донишкада боз ихтисосҳои нави ҷавобгу ба талаботи замони муосир кушода шуданд:

  1. Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ.
  2. Зеҳни сунъӣ.
  3. Саноати моҳипарварӣ.
  4. Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ.
  5. Таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо).
  6. Тиҷорат.
  7. Логистика.

Дар маҷмуъ миқдори умумии ихтисосҳо ба 29 адад расонида шуданд.

Усмон Ахмедов гуфт, ки роҳбарияти донишкада бо мақсади қавитар сохтани ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд.

Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки донишкада дар назди ташкилоту муассисаҳои корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”, коргоҳҳои “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар-М” бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ -4” , “Асотсиатсияи АББАТ” , ҶДММ “Суғдшаҳрофар” ва ҶСП ТАҚҲ “Имон” кафедраҳои сайёри худ таъсис дод. Мо аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки бо коргоҳҳои истеҳсолии «Ҷавонӣ», «Фаровон», «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33» , «Файзи Расул»ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Имон Интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», Ҷаъмияти саҳомии “АРЗ -4” «Барқи тоҷик» робитаи хуби ҳамкорӣ дорем ва ин робитаи мо минбаъд низ бо дигар ташкилоту коргоҳҳо бештар хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар намуда, вазифаи асосиаш омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат мебошад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас дар ҷараёни ярмарка иштирокдорон ва ширкатҳо бо фаъолият, иқтидор ва савияи донишу маҳорати хеш бо ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми ярмарка якчанд шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

 

 

Санаҳои    23-24 апрели соли равон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти ДССХ ва дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  амалӣ гардид.

Дар озмуни мазкур  80 нафар донишҷӯёни ҳушманду навовар аз рӯи фанҳои Математика” (тахассусӣ), “Математика” (ғайритахассусӣ), “Технологияҳои иттилоотӣ”( (тахассусӣ), “Технологияҳои иттилоотӣ”( ғайритахассусӣ) аз 28 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат доштанд.   

Барои бисёр шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун раёсати донишкада чораҷӯйиҳо намуд, ки роҳбарони тимҳои муассисаҳои таълимии кишвар, донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон имкон доштанд ҷараёни баргузории озмунро дар реҷаи вақти реалӣ дар толори фарҳангии донишкада ва аз саҳифаи фейсбукӣ тамошо намоянд. 

Санаи 24 уми апрел ҷамъбасти озмун бевосита аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифт. Боиси қайд аст, ки ҷаласаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” ғайричашмдошти иштирокчиён ва ғолибони озмун унсурҳои ғайриоддӣ дошт, ки ба ин чорабинӣ чеҳраи идона ато намуд ва комилан мақбули ҳамагон гашт.  Тибқи фармоиши ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор  соҳибони дипломи дараҷаи 3 ба андозаи 1 000 сомонӣ, соҳибони дипломи дараҷаи 2 ба андозаи 2 000 сомонӣ ва 4 нафар соҳибони дипломи дараҷаи 1 ба андозаи 5 000 сомонӣ қадрдонӣ ва сарфароз гардонида шуданд. Ғолибони озмун ин маблағҳои пулиро бо пешниҳоди шиноснома ва варақаи махсуси мукофотӣ, ки дар он маблағи мукофотӣ дарҷ шуда буд, аз муҳосиботи донишкада дарёфт карданд.

Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Эргашбоев Мирҷалол ва Ҷураев Қадриддин бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз дар ин озмун фаъолона ширкат варзиданд.    

        

Дар натиҷа Эргашбоев Мирҷалол Алиевич, донишҷуйи курси 2 ихтисоси  43.01.03, гурӯҳи 2_43.01.03тб дар равияи “Математика” (ғайритахассусӣ), соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ ба андозаи 2000 сомонӣ ва  Ҷураев Қадриддин Рустамович донишҷуйи ихтисоси  40.01.01, гурӯҳи 4_40.01.01 тб дар равияи “Технологияҳои иттилоотӣ” (тахассусӣ), соҳиби дипломи дараҷаи 3 ва мукофоти пулӣ ба андозаи 1000 сомонӣ гардиданд.

Дар охирсухан,   пас аз он ки  диплому маблағҳои пулӣ тақдим гардиданд, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дастур доданд, ки ғолибони Озмуни мазкур, агар дар гурӯҳҳои ғайрибуҷавӣ таҳсили илм дошта бошанд, ба гурӯҳҳои буҷавӣ интиқол дода шаванд, ва дар зинаи магистратура низ дар гурӯҳҳои таҳсилашон ройгон тариқи суҳбат қабул карда шаванд.

Ногуфта набояд монд, ки дар баробари ташкили қувваозмоиҳои зеҳнӣ, озмоиши донишҳои омӯхта ва сабқат дар сатҳи баланд, масъалаи истироҳати бофароғати донишҷӯёну роҳбарони онҳо низ аз мадди назари раёсати донишкада дур намонд.  Ташкили сафари сайёҳӣ ба мавзеи зебоманзари Қалъаи Ҳисор бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдошти санитарӣ ва  барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” дар толори фарҳангии Донишкада, ки бегоҳии рӯзи 23 апрел аз ҷониби дастаи ҳаваскорони донишкада “Соҳибкор”  баргузор гардид, гувоҳи ин гуфтаҳост.  

Ҷабҳаи дигари хотирмони ин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ аз он иборат буд, ки он дар пойтахи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор гардид.  Донишҷӯёни ғолиби ДПДТТ ва  донишҷӯйёни манотиқи  дигари кишвар, аз зеботарин ва сабзтарин шаҳри  олам Душанбе, ки дар хаёли ҳар як бинанда сайёраи заминро бо зебогии худ зеб медиҳад, дидан ба амал оварданд. 

 

 

Сардор Ғуломнабиев, мудири кафедраи математкаи олӣ

 ва информатикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

         

 

 

 

 

 

 

Дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи санаи 11 майи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад,

Бо мақсади баланд бардоштани ифихори миллӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдададориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, фаҳмонидани талаботи Қонуни мазкур дар байни ҷавонон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон  тибқи нақша – чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят силсилаи вохӯриву мулоқотҳо доир шуда истодаанд.

Дар ҳошияи ин нақша – чорабиниҳо имрӯз дар толори калони маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти донишҷӯён бо Бобоҷонов Музаффар, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Волидони сарбозон” ва Азизов Шуҳратҷон, роҳбари Ташкилоти ҷамъияти шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилоят доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Зариф Довудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бо тарҳи нав ба ҳукми қонун даромадааст ва мақсади чорабинии имрӯза фаҳмонидани моҳияти қонун аст.

Музаффар Бобоҷонов зимни баромад баён дошт, ки мувофиқи талаботи қонуни нав донишҷӯёне, ки дар зинаҳои магистратурӣ ва аспиратурӣ таҳсил мекунанд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд. Он нафароне ҳуқуқи таъхир ба хизмати ҳарбиро доранд, ки дар деҳҷойҳо ба сифати омӯзгор фаъолият доранд,  дар хона писари ягона бошад, маҷрӯҳи гуруҳи 1 ва 2 ҳастанд,  унвони илмии номзадӣ ё доктори илмҳо аз рӯи ихтисос дошта бошанд. Шаҳрвандоне, ки барои озод шудан ё ба таъхир андохтани муҳлати даъвати ҳуқуқ надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағи муаяйн хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ гузаранд.

Дар баромади Азизов Шуҳрат зикр шуд, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нангу ҳам шараф аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи қисмҳои низомии кишвар куллан беҳтар гардида, сарбозон дар шароити мусоид пайи хизмати марзу бум қарор доранд. Аз ин рӯ, қарзи ҷавонмардиро иҷро кардан ҳам фарз асту ҳам қарз. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаҳои муҳим фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Аз ҷониби донишҷӯён вобаста ба шароити буду боши хизмат ва паҳлӯҳои қонуни нав суолҳо дода шуда, посухҳои мушаххас дода шуд. 

    

Бо дастури бевоситаи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода бо мақсади самаранок истифода бурдани фурсати холигии донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишкада иқомат мекунанд, шуъбаи тарбияи донишкада нақшаи чорабиниҳои мукаммал тарҳрезӣ намудааст. Ба ҷузъ он, ки дар хобгоҳ маҳфили дӯзандагӣ амал мекунанду утоқи компютерӣ ва китобхона фаъолияти самаранок дорад, донишҷӯён ба намудҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол пайваста машғуланд. Писарон дар майдони футбол бо роҳбаладии омӯзгорон ва духтарон бо роҳнамоии кормандони шуъбаи тарбия ба машғулияти тарзи ҳаёти солим даст задаанд.

Ин тадбир аз як ҷиҳат барои обутоби бадан ва самаранок истифода бурани вақт роҳандозӣ шуда бошад, омили ваҳдату дӯстӣ ва боз ҳам ошноӣ пайдо намудани донишҷӯён бо якдигар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар хобгоҳи донишкада наздики 500 нафар донишҷӯён аз минтақаҳои гуногуни кишвар зиндагӣ доранд. Ба онҳо раххти хоби зебо, ошхонаи муҷаҳҳаз, оби гарм ва мабразхонаи замонавӣ хизмат мекунад. Барои танзими рафтуомад ва талаботи санитариву гигиении донишҷӯён аз ҷониби устодон навбатдорӣ ба роҳ монда шудааст.   

 

 

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф”  ва ҷиҳати амалисозии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 11 феврали соли 2021 таҳти №АП-44  даври донишкадавии (якуми) озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯи 6 номинатсияҳо - математика, физика, химия, биология, технологияҳои информатсионӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гашт.  Озмун дар 3 давра - байни донишҷӯёни гуруҳ, факултет ва донишкада баргузор гашта, ҳамаи донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура  фаро гирифта шуд. Дар озмуни даври факултетӣ зиёда аз 1050 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври донишкадавӣ 120 нафар аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда роҳхат гирифтанд.

Озмун тибқи талаботи низомнома ва барномаи озмун ва гузаронидани ҳамаи чораҳо доир ба таъмини шаффофият барпо карда шуд ва аз қисмҳои амалӣ, назариявӣ ва озмоишӣ иборат буд. Ташкили ва баргузории озмун бевосита бо дастгирии раёсати донишкада ва иштироки фаъоли  шуъбаи илм ва инноватсия, садорати факултетҳо ва кафедраҳои математикаи олӣ ва информатика, физика ва химия, барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, маҳсулоти хӯрока ва агротехнология  ҷароён гирифт.

 

Дар номинатсияи математика 20 нафар донишҷӯён ширкат варзида дониши хуби амалӣ ва назариявӣ ношон доданд.  Аз тарафи ҳайати ҳакамон бо роҳбарии н.и.ф.м., мудири кафедраи математикаи олӣ Сардор Ғуломнабиев дониш ва маҳорати донишҷӯёни Эргашбоев Мирҷалол (2-430103тб), Қосимзода Дилноза (2-250107та), Раҳматов Мирзобахтиер (1-400101та) баҳои баланд дода шуда, сазовори ҷойҳои аввал эътироф карда шуданд.

Дар номинатсияи физика низ 20 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Ба ҳайати ҳакамон мудири кафедраи физика ва химия н.и.ф.м. Раҳимов С.Ш. роҳбарӣ карданд. Дар натиҷаи қувваозмоӣ ба дониши назариявӣ ва маҳорати амалию озмоишии  донишҷӯён Икромов Манучеҳр (2-400101тб), Ҳасанов Махсудҷон (1-250107та), Хомидов Абдулаҳай (1-430103тб)  баҳои баланд дода шуд. Дар ташкил ва рафти озмун омӯзгорони ҷавони фанни физика Бобоҷонов Хуршед, Мирзоев Дабир, н.и.ф.м.Ҷалилов Ф.Ҷ.  ҳиссаи калон гузоштанд.

Озмун дар номинатсияи биология бо роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Муҳиддинов А.Р.  баргузор гашта, дар он 19 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Саволҳои озмун қисмҳои зоология, ботаника ва анатомияро дар бар мегирифт.  Аз тарафи ҳайати ҳакамон дониши чуқури назариявӣ ва амалии донишҷӯён Муволасенов Муяссар (3-740206тб), Саломзода Далер (4-440101тб) ва Миряхёева Азиза (3-740206тб) қайд карда шуда, сазорори  ҷойҳои аввал дониста шуд. Дар ташкили озмун омӯзгорони кафедраи маҳсулоти хӯрока бо роҳбарии д.и.к., дотсент Рашидов Н.Ҷ. ҳисса гузоштанд.

Дар номинатсияи химия ҳамчун ғолибони озмун донишҷӯён Зоидова Меҳрангез (1-250104ра), Эрназаров Ҳусниддин (1-260301ра), Машарипова Ганҷина (1-490102тб) дониста шуданд. Натиҷаҳои озмун аз тарафи ҳакамони пуртаҷриба  ба монанди н.и.х., дотсент Тошхӯҷаев Н.А., н.и.х.Усмонова У.,  н.и.х., дотсент Раҳимова А.Р.  баҳогузорӣ карда шуд.

Озмун дар номинатсияи технологияи иттиоллотӣ низ дар сатҳи хеле баланд аз тарафи омӯзгорони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо роҳбарии н.и.ф.м. Худойбердиев Х.А. баргузор карда шуд. Донишҷӯён дониши назариявӣ ва маҳорати тартиб додани барномаҳои компютериро намоиш карданд. Дар натиҷаи баҳогузорӣ аз тарафи ҳакамон донишҷӯён Исобоева Фараҳноз (1-400101та), Пирназаров Бегзод (3-400101ра), Бобоҷонов Шероз (2-400102тб) ғолибони озмун дониста шуданд.

Ҳамаи ғолибони давраи донишкадавии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ба даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибони озмун бо ифтихорномаи директори донишкада ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида хоҳанд шуд.

 

Ба ифтихори 76 –умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии адабӣ –фарҳангӣ доир гардид.

Чорабинро ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муллоусмонова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшида баён дошт, ки 9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг некӣ ба бадӣ ва дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил мешавад. Мардуми шарафманди тоҷик низ дар қатори дигар халқҳои озодихоҳ ва сулҳпарвару мутараққии ҷаҳон ҳар сол иди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашистӣ бо тантана ва шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Намоиши саҳнавии умум аз тарафи аъзоёни маҳфили “Фарҳангшиносӣ” бо номи “Ҳимоятгарони Ватан” пешкаши тамошобинон гардид.

 

Сипас,  иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, устоди донишкада Ҳофизов Ҳофиз  ва устоди  фанни таърих Махкамов Абдуҷаббор ба ҳозирин доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақлҳои ҷолиб намуданд. Баромадкунандагон аз ҷумла зикр намуданд, ки  дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Бо нишони қадрдонии диловарию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд. Дар ин Ғалабаи бузург бисёр занону духтарон низ саҳм доштанд. Бештар аз 20 ҳазор занони Тоҷикистон барои фидокориҳояшон дар ақибгоҳ бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар ҶБВ-ии солҳои 1941-1945» мукофотонида шуданд. Умуман хизмати аҳолии Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ қаҳрамонона буд ва беш аз 102 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои давраи ҷангӣ мукофотонида шуданд.

Қаҳрамонӣ, диловарию ҷасорат, муҳаббати зиёди нисбат ба халқу Ватани худдоштаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои наслҳои имрӯзу фардо мактаби бузурги ватандӯстӣ мебошад.

Яке аз шоирони ҷавон  донишҷӯи курси 1 Аминзода Абдусаттор шеъри шоир бузург Саъдии Шерозӣ бо номи “Бани одам аъзои якдигаранд” илҳом гирифта, шеъри ба тозагӣ иншонамудаашро пешкаши аҳли нишаст намуд.

Донишҷӯёни донишкада, аъзоёни маҳфили “Фарҳангшиносӣ”  дар васфи Ватан  забонҳои тоҷикӣ, русӣ, украинӣ, узбекӣ  шеърҳо қироат намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ дар мавзӯи ҷанги шадид суруди «Комбат»  (Команда баталион) аз тарафи донишҷӯён сароида шуд.

 Дар хотимаи чорабини шеъри шоири тоҷик М.Қаноат “Бародарам” – аз тарафи донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 250104 та, Қурбонқулов Ҷаҳонгир қироат гардида,  чун хотирот дар байни шеър ва саҳнаи давраи ҷангӣ бо номи  «Хотирот аз давраи ҷанг» аз тарафи аъзоёни маҳфили “Фарҳангшиносон” намоиш дода шуд.

шуд Доир ба таърихи мактубнависӣ ва то ба модарон расидани он   монолог бо номи “Мактуб ба модар” аз тарафи донишӯи курси 2, гуруҳи 400101 та Шокиров  Пайрав қироат карда.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён  суруди умумигурӯҳӣ  бо роҳбарии Қосимов Диловарҷон баҳри болидахотирии иштироккунандагон эҳдо гардид.

 

 

 

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланд бо ширкати ҳайати бонуфузи ҳакамон иборат аз муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов, муовинони декан оид ба тарбия, устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, кормандони китобхонаи донишкада доир гардид.

Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Дилбар Ҷӯраева зимни баромад аз ташаббусҳои маънавиасос ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда,  зикр дошт, ки китоб ҳамеша мӯнис ва раҳнамои мо дар ҷомеа аст. Мавсуф зикр намуд, ки дар донишкада озмуни “Фӯрӯғи субҳи доноӣ китоб аст” минбаъд ба ҳукми анъана даромада,  беҳтаринҳо аз ҷониби Раёсати донишкада бо тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.   Ӯ  барои иштирокчиён бурдборӣ ва тавфиқ хост.

Сипас донишҷӯён бо навбат аз рӯйи номинатсияи интихобкардаашон китобҳои хондаашонро шарҳ доданд. Ба ҳар донишҷӯ барои қобилияти нақл, тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар ва санъати суханварӣ ва таассурот баҳогузорӣ карда шуд. Зиёда аз 82 нафар донишҷӯ  иштирок намуда, 30 нафари беҳтарин махсус номнавис гардиданд, ки аз байни онҳо ба даври савум 18 нафар донишҷӯ роҳ  ёфтанд.  Инҳо
Назарзода Ибодулло – 2–43.01.03та, Қулматов Беҳзод – 1– 40.0101та, ҚодироваҶамила – 1– 40.01.01та, Маҳкамова Умеда – 2– 70.02.01 тб, Шокиров Пайрав – 2–40.01.01тб, Қурбонқулов Ҷаҳонгир – 1–25.01.04та, Мамадҷонов Мӯъминхӯҷа – 4–40.01.02та, Бобоев Муҳсинҷон – 3–44.01.01тб, Каримова Хушнуда –2–45.01.01ра, Ибрагимов Сомон – 4–69.01.01тб, Сайидов Олимҷон – 3–25.0104 тб, Шарипов Дониш – 3–43.01.03 тб,  Олимзода Хусравхон – 1–44.01.01 та, Ғаниева Шаҳноза 2_25.01.04ра, Одилҷонзода Нилуфар  2_40.01.02тб, Аминзода Абдусаттор – 1. 70.02.01 тб,  Иномова Зулфия – 2–57.01.01 та, Маҳмудова Рисолатбону – 1. 40.01.02 тб мебошанд.

 Ба донишҷӯён барои такмил додани донишу асарҳои минбаъд қироат мекардаашон маслиҳатҳои муфид дода шуд. Инчунин дар рафти  озмун аз ҷониби китобдорон намоиши китобҳои ба тозагӣ нашр шуда муаррифӣ карда шуд.

1 май дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон К.Ташиев доир гардид.

Бо мақсади аёдат ва аз наздик шиносоии пайдо кардан аз ҳаёти кӯдакон гуруҳи ташабускор иборат аз донишҷӯёни курси 1 ихтисоси 450101 ра ва курси 3 ихтисоси 430103тб таҳти роҳнамоии куратори гурӯҳ номзади илмҳои техникӣ Дадахон Ҷӯраев аз Муассисаи давлатии  “Маркази дастгири оила ва кӯдак” боздид ба амал оварданд.  Онҳо дар ин рӯз ба ин муассиса маводи хӯрока ва пӯшока оварда, бо мураббиягону кудакон мулоқот анҷом доданд.

Дар суҳбатҳо гуфта шуд, ки иқдоми ҳамешагии Роҳбари давлат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ғамхории ятимону камбизоатон ҳам устодон ва ҳам донишҷӯёнро руҳбаланд менамояд. Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти донишкада низ сарпарасти чунин муассисаҳои иҷтимоӣ буда, мунтазам  ба бошандагони онк ӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.