Бо мақсади дар амал татбиқи намудани дастури супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.12.2019 зикр гардидаанд ва нақшаи стратегии рушди донишкада, аз санаи 20.01.2020 то 23.01.2020 семинар дар мавзӯъҳои “Сохт ва таркиби силлабусҳои фанҳои зинаи бакалавриат шакли таҳсили рӯзона дар нимсолаи 2”, “Моделҳои дарсгузаронӣ аз рӯи фанҳои шакли таҳсили фосилавӣ дар зинаи бакалавриат”, “Талабот нисбати сохт ва таркиби силлабусҳои фанҳои зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ дар нимсолаи 2“,“Семинар - ҳисобот оид ба китобҳои дарсии фармоишӣ: мундариҷа, тарзи таҳия ва талабот” ва Семинар – ҳисобот оид ба дастурҳои таълимии фармоишӣ: мундариҷа, тарзи таҳия ва талабот баргузор гардид.

Дар семинар доир ба мавзуъҳои номбурдаа маълумоти дода шуда, бо мисолҳои мушаххас намунаи силлабусҳои фанҳо нишон дода шуданд. Устодони донишкада дар ҷараёни семинар иштироки фаъолона намуданд.

«Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Бахшида ба Рӯзи мутахассисони соҳаи саноати хӯрока дар факултети муҳандисӣ – технологии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ аз ҷониби донишҷӯёни кафедраи агротехнология ва махсулоти хӯрока озмун аз рӯи номинатсияҳои «Нӯшобаи бехтарин», « Хуриши беҳтарин» , «Таоми беҳтарин», «Дисерти беҳтарин» баргузор гардид. 
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳайати доварони озмун таҳти роҳбарии муовини директории оид ба таълим Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба илм ва иноватсия Усмонҷон Ахмедов, сардори шӯъбаи илм ва иноватсия Замира Ҷӯраева, сардори маркази бақайдгирии донишҷӯён Муҳаббат Юсупова, мудири кафедраи дизайн ва меъмории Ҳамро Раҳимова, директори генералии ҶДММ «Темуриён» Баҳромҷон Усмонов ба иштирокчиёни озмуни мазкур бо баҳодиҳӣ карданд, ки 12 нафар ғолибон муайян гардиданд.
Аз ҷумла аз рӯйи номинатсия «Нӯшобаи бехтарин», ҷойи аввалро Мадина Содиқова, ҷойи дуюмро Ҳусниддин Орифҷонов, ҷойи сеюмро Абдурофеъ Ҷалилов ба даст оварданд. Дар номинатсияи «Хуриши беҳтарин» мақоми аввал насиби Фирдавс Ҳакимов, Наимҷон Иброҳимов ва Абдураҳим Юсупов, мақоми дуюм Раҳмоналӣ Илашов, зинаи сеюм Хайрулло Бобоҷонов гардид. Аз рӯйи номинатсияи «Таоми беҳтарин» Равнақ Ҷалилов, Ш. Обидов ва Шероз Пӯлотов мутаносибан ҷойхои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар номинатсияи «Дисерти беҳтарин» ҷойи аввалро Азиза Раҳматова, мақоми дуюмро Азиза Ҳасанова, ҷойи сеюмро Сарвиноз Юнусова соҳиб гардиданд. 
Ба ғолибони озмун ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои дар амал татбиқ намудани дастуру супорпишҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати истеҳсоли босифати маҳсулоти озуқаворӣ ва соҳаи саноати хӯрока нақши босазо дорад. Ба он хотир, ки факултети муҳандисӣ – технологии мутахассиони соҳаи маҳсулоти хуроквориро омода месозанд, ки дар оянда барои амалӣ намудани ин ҳадафи стратегии кишварамон талоши бештар мекунанд, ки тадбирҳои созанда андешанд.

 

Бо мақсади дар амал татбиқи намудани дастури супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 26.12.2019 ироа гардид, бо Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳифз ва гиромидошти ҳуввияти миллӣ, пайдо намудани варзишгарони болаёқат ба дастаи мунтахаби донишкада, бо ибтикори Директори донишкада, аз санаи 27 то 31 январи соли 2020 байни кормандон ва омӯзгорони донишкада, барои дарёфти Ҷоми Директори донишкада, аз рӯи намудҳои волейбол ва тенниси рӯи мизӣ байни мардону занон, футбол байни мардон, баскетбол байни занон спартакиада баргузор гардид.

 

Мусобиқаҳо дар  толори варзишӣ ва майдончаи футболи донишкада, бениҳоят тезутунд гузашта, ҳар як даста кӯшиш менамуд, ки ғалаба ба даст орад. Дар натиҷаи ҷамъбаст беҳтаринҳо муайян гашта, дар ҷашни Наврӯз қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

 

Ин ташаббусҳо ҷомеаи меҳнатии донишкадаро рӯҳбаланд гардонида, боиси афзудани дастовардҳо, ширкати фаъолона дар спартакиадаҳои вилоятиву ҷумҳриявӣ хоҳад гашт.

Баҳри дарёфти мутахассисони баландихтисос ва дар оянда бо ҷои кор таъмин намудани онҳо дар ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ якчанд лоиҳаҳо амалӣ ва мунтазам чорабиниҳогузаронида мешавад.
Дар ин замина бо ҳамкории бонки “Эсхата” 70 нафар донишҷӯёни донишкада дар шакли имтиҳон ва суҳбат барои иштирок дар курсҳои омӯзишии “Саводнокии молиявӣ” донишҳои хешро санҷиданд.
Намояндагони бонки “Эсхата” баъди гузаронидани санҷиш ба дониш ва саводнокии донишҷӯёни донишкада баҳои баланд дода, миннатдории худро ба роҳбарияти донишкада барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва рушди зеҳнию ақлонии донишҷӯён баён намуданд.
Интизор меравад, рӯзҳои наздик барои донишҷӯёни фаъол аз ҷониби мутахасисони бонки “Эсхата” курси омӯзишии “Саводнокии молиявӣ” оғоз мегардад.
Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, то донишҷӯёни болаёқат дар даврони донишҷӯён бо кор таъмин гашта, ҳамзамон барои пешравии Ватани азизамон кӯшиш намоянд.

Фарҳанги миллӣ як рукни ҷудонашавандаи давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, василаи асосии муаррифии давлату миллат дар сатҳи  байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.


Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми ҷодаҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии  давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст.

Агар ба гузаштаи миллати тоҷик диққат намоем аз рўи сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дорои фарҳанги волову пурѓановат буда, баъзе аз ананаҳояшон то ба замони мо омада расидаанд. Аммо қисми зиёдашон бо таъсири омилҳои бегона ва лашкаркашии қавмҳои гуногун аз байн рафтанд. Мисол агар танҳо як хатро гирем дар гузаштаи миллати тоҷик чандин намуди хатҳо вуҷуд доштаанд, аммо бо мурури замон аҳамияти худро гум карда, аз байн рафтанд. Бо вуҷуди он ҳама тохтутозҳое, ки бар сари миллати тоҷик омад, лек аҷдодони мо ҷонашонро фидо сохтанду рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ: хат, забон ва санъати худро нигоҳ доштанд ва ба мо меърос гузоштанд.

Мо ҷавонон пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки имрўз миллати тоҷик баъд аз ҳазорон сол боз аз нав соҳиби давлат ва фарҳанги  волои худ гаштааст ва ин боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми тоҷик бояд бошад, зеро дар ин давраи пур аз ҷангу ҷадалҳое ки миллати тоҷик аз сар гузаронид ба даст овардани фарҳанги миллӣ ва истиқлолӣ миллӣ кори саҳл нест. Аз ин рў вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон аст, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва барои пос нигоҳ доштан ва инкишоф додани он саҳми арзишманди худро гузоранд. Ба андешаи коршиносон барои пос доштан ва рушди фарҳанги ҷавонон нақши аввалиндараҷа доранд. Зеро бунёдгузор ва нигоҳдорандаи фардои фарҳанги миллӣ маҳз ҷавонон маҳсуб меёбанд. Аз ин рў ҳар як ҷавони имрӯзи ватанро мебояд, ки таърих ва фарҳанги гузаштаи худро омўзаду аз он ба хубӣ бархўрдор гарданд, то ки ба қадри он ҳама арзишҳои фарҳангие, ки то ба мо омада расидааст бирасанд.

Албатта доираи фаҳмиши фарҳанг хело васеъ буда, он фарогири зиндагии ҳаррўзаи мо мебошад. Аз ин рў дар замони муосир тамоми мардуми сайёра ба масъалаи омўзиши он диққати махсус зоҳир менамоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва бе инкишофи фарҳанг давлат аз нигоҳи иқтисодӣ пеш рафта ва сатҳи зиндагии мардум низ наметавонад рушд кунад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар махсусан Сарвари давлат нисбати фарҳанг ва арзишҳои миллии он диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд. Қабули қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», қонун дар бораи «Забони давлатӣ» Эълон намудани иди Наврўз» ҳамчун иди байналмилалӣ, қайд намудани «Рўзи фалак», «Иди меҳргон», «Рўзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд далели ин гуфтаҳост.

Инчунин дар ин самт бунёди иншоотҳои гуногуни фарҳангӣ  Осорхонаи миллӣ, ки дар он ёдгориҳои беназир ва қадимаи ин миллати куҳанбунёд ба маърази тамошо гузошта шудааст. Воқеан ин як иқдоми неки ҳукумати мамалакат ба хотири пос доштани фарҳанги миллӣ мебошад, ки мо бо ин васила метавонем маданияти гузаштаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Иқдоми дигари ҳукумати кишвар таъсиси Китобхонаи миллӣ аст, ки он бори дигар собитгари адабиёти бою рангин, нависандагон, шоирони бузургу тавонои тоҷикон мебошад. Дар ин самт бунёди марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, ва раванди сохтмони Театри миллӣ дар кишвар ки бо ибтикори худи Пешвои миллат ба он оѓоз бахшида шуд гувоҳи он аст, ки ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инкишофу пойдории фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд: - «Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».

Ҷавонон, ки посдоранда ва инкишофдиҳандаи фарҳанги миллӣ мебошанд, дар баробари он ҳама иқдомҳои некхоҳонае, ки Сарвари давлат нисбати ҷавонон доранд мутаасифона, имрӯзҳо чун ба мушоҳида мерасад ҷавононе  ҳастанд, ки на танҳо арзишҳои фарҳангиро поймол мекунанд. Балки ба рукнҳои асосии фарҳанг диққат надода, нисбати забон ва хат беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Дар вақти суханронӣ  калимаҳои қабеҳ ва бегонаро ба ин забони ноб омехта месозанд. Ичунин ба омузиши Забони давлати кам таваҷҷуҳ доранд ва аз таърихи гузаштаи худ хуб огоҳ нестанд, ки ин ба фарҳанги волои худ давлате чун Тоҷикистон рў ба инкишоф бе таъсир буда наметавонад. Албатта дар ин баробар кам нестанд ҷавонони худшиносу ватандўст, ки нисбати арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва аз онҳо ба хуби бархурдоранд, аммо дар ин даврае ки ҷаҳонигарои дар ҳоли рушд қарор дорад ва таъсири омилҳои бегона хеле зиёд аст.  Фарҳанги миллии давлатхои хўрд дар ҳоли хатар қарор доранд моро мебояд нисбати арзишҳои миллии худ махсусан ҷавонон диққати аввалиндараҷа дошта бошем, зеро аз андак ноустувории мо метавонанд ба хуби истифода намоянд. Ба андешаи ҷомеашиносон дар ин раванд давлатҳои абарқудрат мехоҳанд фарҳанги худро болои давлатҳои хурд ва аз нигоҳи иқтисоди кафомонда бештар талқин кунанд ва онҳоро аз фарҳанги аслиашон дур созанд. Аз ин рӯ махсусан ҷавонон бояд дар ин самт зиррак бошанд ва нисбати фарҳанги миллии худ эҳтиром дошта бошанд то тавонанд онро пос доранд.

Ҳасанҷон АЛАМШОЕВ

рўзноманигор

 

Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллию таърихии миллати тоҷик аст, дар замони Истиқлолияти давлатии кишварамон бо ибтикори хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештар ошноӣ пайдо намудани халқ ин ҷашн аз нав эҳё гардида истодааст.
Тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи илм ва иноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ инчунин барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд конфронси илмӣ – адабӣ бахшида ба ин ҷашни муқаддасу таърихии тоҷикон таҳти унвони “Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист” бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиноси, номзади илмҳои филологӣ Таибахон Бобоева ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро ба ҳозирин маълумот дод.
Сипас омӯзгори калони кафедраи мазкур Хайринисо Темирова баромад намуда, оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон, ки иди анъанавии халқи тоҷик аст маълумот дод. Баъдан устоди кафедраи номбурда, Абдухолиқ Мирниёзов бобати хусусияти ин ҷашни таърихии миллиамон муаълумоти мухтасарро пешниҳоди донишҷӯёну устодон намуд.


Дар охир мудири кафедраи агротехнология ва маҳсулоти хӯрокаи донишкада н.и.т Наим Рашидов доир ба ҳадафи стратегии кишвар оид ба амнияти озуқаворӣ баромад намуда, саҳми мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти хӯрокаро дар амалисозии ин ҳадафи стратегии кишвар муҳим донистанд. Инчунин маърӯзаи пурмӯҳтавоеро доир ба ин иди миллиии тоҷикон пешниҳод намуданд.
Бо ҳамин конфронси илмӣ –амалӣ ба кори худ хотима бахшид.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов ва сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода мулоқоти васеъ бо устодону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаи мазкур баргузор гардид.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории вохўрӣ, ин фаҳмонидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, шинос намудани онҳо бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои инфиҷорӣ ва оқибати истеъмоли маводҳои нашъаовар, тарғиби либоспўшии миллӣ ва саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ мебошад.
Собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов доир ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ҳарф зада, мавсуф қайд кард, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа кори дастаҷамъӣ буда, бояд ҷавонон ба ин бетараф набошанд. Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар ин самт ба тасвиб расонидааст, ки заминаи хуб барои решакан кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мебошад. Вале, новобаста аз ин, ҳоло ҳам мизони коррупсия дар баъзе аз соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф кам нагардидааст ва мебояд ба ин муборизаи беамон бурда шавад.


Доир ба вазъи ҷаҳонишавӣ ва мураккаби ҷаҳон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ ба сухан баромада, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд”. Зеро, имрўз беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар имрўза авзои сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Агар ба марҳилаи 28-соли соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон чандин барномаву консепсияҳо ва стратегияҳо қабул гардида, баҳри рушди иҷтимоии ҷавонон заминаи хуб фароҳам оварда шудааст.
Таъкид градид, ки имрўз бо вуҷуди тадбирҳои амалигаштаистода, то ҳол сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон ташвишовар буда, бояд масъулини соҳа ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ корбариро ҷоннок намоянд.


Ҳамчунин намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маърўза намуда, таъкид кард, ки дар асри 21 боз як падидаи номатлуб даст ба нашъамандӣ задани ҷавонон ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола даҳҳо нафар шаҳрвандони мо гирифтори ин бемории вабои аср мегарданд. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъол бошанд, аз оқибатҳои нангини ин амал ҷомеаро ҳушдор диҳанд. Зеро, ҳар як давлат пеш аз ҳама ҳамон вақт тараққӣ ва пешрафта мегардад, ки дар он тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуда бошад, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин бошад.

Соҳибназар Раҳимов аз ҷумлаи устодонии фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, имрӯз дар ҷодаи илм натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки устоди номбурда ҳанӯз аз аввали фаъолияти худ нисбати пешрафти илм дар донишкада фаъолияти самаранок дошта, ҳамчун омӯзгори ботаҷриба ва донандаи илмҳои дақиқ шинохта шудааст. Тайи солҳои фаъолият якчанд нафар шогирдонро аз илми дақиқ махсусан физика баҳраманд сохта, ҳамчун мутахасиси баландпоя ба камол расонидааст.
Натиҷаи ҳамаи ин фаъолияти босамари устод Соҳибназар Раҳимов дар соҳаи илму таълим буд, ки имрӯз дар дафтари таҳлилии китобхонаи электронии ELIBRARY.RU коэффитсенти “Хирш” – и мавсуф ба 9 баробар шудааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки китобхонаи илмии – электронии ELIBRARY.RU барои устодони тамоми олам, ки бо иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ мақолаву рисолаҳои илмии худро ҷой медиҳанд ва аз рӯи индекси «Хирш» то чӣ андоза актуалӣ будани кори илмии онҳо баҳогузорӣ карда мешавад. Метавон гуфт, ки сатҳи дониш ва кори илмии воқеъии устодонро аз рӯӣ ҳамин нишондод метавон баҳо дод.
Ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишкада устоди муаззаму пуртаҷрибаро бо ин дастоварди бузург дар ҷодаи илм табрику шодбошиҳо намуда, умед ба он мебанданд, ки дар ояндаи сафи устодони донишкада ба мисли ин олими доно афзуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада боз ҳам саҳми муносиби хешро мегузорад.

Санаи 8 ноябри соли 2019 бо мақсади эҳё намудани анъана ва расму оинҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётии онҳо, инчунини ҳавасмандкунонии ҷавонони бомаҳорат озмуни  вилоятии  “Дастони моҳир” байни макотибҳои олии вилояти Суғд  баргузор гардид.   

Дар ин озмуни мазкур 2 нафар донишҷӯёни донишкада Қосимов Раҳмонҷон донишҷӯи бахши 3 ихтисоси меъморӣ ва Эмомова Манижа донишҷӯи бахши 4-и ихтисоси меъморӣ ширкат варзиданд.

Боиси ифтихор аст ки истеъдоди донишҷӯёни донишкада аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифта дар натиҷа ҷои аввал байни ҷавонписарон насиби Қосимов Раҳмонҷон донишҷӯи бахши 3 ихтисоси меъморӣ ва ҷои дуввум байни ҷавондухтарон насиби Эмомова Манижа донишҷӯи бахши 4-и ихтисоси меъморӣ гардид. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадрдони карда шуданд.

 

 

Устодони арҷманд, муаллимони воломақом!

         Муаллим, устод, омӯзгор ҳанӯз аз арзи номаш барои ояндаи насли наврас хизматҳои шоён намудааст.

         Агар барои эҳёи тафаккури нав, ҳаёту зиндагонии нав муаллим хизмат намекард, пас ҳаёти мо ҳатто як лаҳза ҳам пеш намерафт.

Инак ҳар кадоми мо боз ба як санаи фархундаву ҳумоюнӣ, рӯзи мубораки омӯзгорон шарафёб гардидем. Имрӯз ҳар кадоми мо устодон ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишварро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри зиёиён беш аз пеш эҳсос менамоем. Зеро дар ҳақиқат дар замони муосир таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва саҳми устодону омӯзгорон дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ басо назаррас унвон  шудааст. Ба он хотир, ки аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.

Устодони гиромӣ, ҳамкасбони азиз!    

Шуморо ба ин муносибати рӯзи фархунда, рӯзи касбиатон самимона шодбош намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар роҳи тайкардаи худ, барои эҳёи тафаккурҳои созанда миёни насли ҷавон саҳми сазовори хешро хоҳед гузошт.

Рӯзи омӯзгор муборак бод!