Ватан калимаи арабӣ буда, маънояш зодгоҳ, ҷои таваллуд аст. Аз замонҳои қадим калимаи ватандӯстӣ муҳаббат ба ватанро ифода мекард.

*      *     *

    Бо мафҳуми Ватан чунин муҳити сиёсӣ, маданӣ ва иҷтимоиеро фаҳмид, ки дар он ташаккули инсон ба вуқӯъ меояд.

*      *     *

    Танҳо ҳамон кас ватандӯсти ҳақиқист, ки барои мудофиаи манфиатҳои меҳнаткашон ва ба мамлакати озоду демократӣ табдил додани Ватани худ мубориза мекунад.

*      *     *

    Танҳо ҳамон кас маънаван аз Ватани худ фахр карда метавонад, ки бо соҳаи хеш муваффақиятҳои онро афзун мегардонад.

*      *     *

    Ватандӯстон дар куҷое ки кор накунанд, иқтидор ва шуҳрати Втанамонро афзун мекунанд.

*      *     *

   Ватан, ба шуҳрати  ту шарик шуда, туро боз ҳам бузургу мустаҳкам мегардонем, бо меҳнати бурдборониву ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ояндаро барпо мекунем.

 

Маҳбуба Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Тоҷикистон  макони инсонҳои сулҳ ва меҳнатпарвар мебошад. Худ қазоват намоед, ки тӯли 28 соли Истиқлолият мо ба чӣ гуна муваффақиятҳо ноил гардидем? Новобаста аз бӯҳрони иқтисодие, ки аксари давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба соҳаи маориф, тандурустӣ диққати махсус дода ирсоли маблағро ба ин соҳа зиёд карданд.Он ободкориҳое, ки мо дар шаҳру ноҳияҳо мебинем, касро ба ҳайрат мегузорад. Бесабаб нест, ки миқдори саёҳон аз хориҷа ба дараҷае зиёд шуда истодааст.

Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Афсӯс, ки ҲНИ аз ин масъалаҳо дур рафтааст ва ӯ танҳо дар хаёли ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро нотинҷ кардан мебошад, лекин халқи тоҷик дигар фиреб хӯрдан намехоҳад, зеро ки дарси солҳои 90-ум дар хотираи мо мебошад.

Ба ҳамаи ин пешравиҳо нигоҳ нокарда, ТЭТ ҲНИ дар солҳои охири фаъолияти худ, дар сафи худ шахсонеро ҷамъ намуд, ки ин пешравиҳоро дидан намехоҳанд. Албатта, дар кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барояшон нафоридаву дигар роҳи таъсиррасониро наёфта зӯрашон танҳо ба силоҳу аслиҳа расидааст. Гарчанде, ки гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ то имрӯз ҳар гуна амалҳои ношоистаро ба анҷом расонида бошанд ҳам, то ҳол инсонҳое ҳастанд, ки мафкураи нопоки онҳоро маҳкум намуда, барои сулҳи ватан мекӯшанд ва бо якзабони эътироф менамоянд, ки «Ифротгарои оини тоҷикон набуд ва минбаъд низ нахоҳад шуд». Онҳо мехоҳанд, ки динро ба давлат омехта намуда, қоидаву қонуниятҳои асримиёнагиро ҷорӣ намоянд. Хусусан занҳо бояд аз ҳама намуди фаъолноки маҳрум карда шаванд. Мо хуб медонем, ки дар давлатҳои ба ном “исломӣ”ҷамъият дар чи ҳол аст. Зеро исломи он нохалафон исломи худсохта, дар ниқоби разолат аст. Конститутсияи кишвари  мо равшан муайян намудааст, ки дин аз давлат ҷудо мебошад. Ҳар касе, ки мехоҳад тоату ибодатро адо намояд ва онҳоро давлат дастгирӣ менамояд.

Мо мардумони тоҷик дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки ҳатто замони шӯрави ҳолат чунин набуд.

Хоса мо шаҳрвандони Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамонро ҳаматарафа дастгири намуда, дар гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон ҳиссаи босазои хешро хоҳем гузошт.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 
 
Аҳли хонандагон ва омўзгорони ҷомеаи Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва тарғиби дастовардҳои Истиқлолият бахшида ба 30 солагии ҷашни умумимиллӣ чорабинӣ адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳумоюн бод, Истиқлоли тоҷик” баргузор намуданд.
Дар композитсияи адабӣ таҳти унвони “Тоҷикистон” шеърҳои ватандўстона дар васфи Истиқлолият, Тоҷикистон, Ватан, Президент қироат карда шуд.
Рақси попурии духтаракони синфҳои ибтидоӣ табъи ҳозиринро болида намуда, суруди “Тоҷикистон” бо ҳисси баланди ватандўстӣ саройида шуд.
Ҳамчунин сањнаи ҷолиб ва филми мустанад дар бораи фаъолияти литсейи политехникӣ намоиш дода шуд.
 
Иттилоъ дода шуд, ки соҳибистиқлолӣ барои ҷомеаи мо имкон фароҳам овард, ки Ҳукумати мамлакат дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба имрӯзу фардои кишвар иқдомҳои шоистаро амалӣ намуда, ба созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза бахшад. Натиҷаи ин аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Ватани мо симои наву замонавӣ гирифта, ҳазорҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бино ёфтанд. Гардиши куллӣ дар раванди таърихи давлатдории навини мо бо таҳаввулоти наҷиби соҳаи маориф ва илми кишвар низ иртиботи қавӣ пайдо намуд. Дар ин раванди барои рушду такомули давлат ва ташаккули ҷомеа саҳми зиёиёни кишвар, аз ҷумла омӯзгорон басо муҳим арзёбӣ мешавад. Соҳаи маориф, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор меравад, бешубҳа дар раванди тарғибу ташвиқ, ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозад.
Композитсияи “Тоҷикистон ба пеш” ба барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.
Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфуллоҳ Раҳматзода, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти литсей иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Таъкид гардид, ки таъсиси Литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ талаби айём буда, яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолият маҳсуб меёбад. Он даҳ сол қабл дар пояи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади татбиқи амалии Сарвари давлат ҷиҳати эълон доштани соли 2010 – Соли фарҳанги техникӣ арзи ҳастӣ намуда, барои азхуд кардани технологияи иттилоотӣ, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, забондонӣ ва дар маҷмӯъ, барои омода намудани намудани насли наврас ба талаботи замони муосир таъсис дода шудааст.
Тӯли ин солҳо ҷомеаи меҳнатии аҳлу тифоқи Литсей тавонистанд ба ҳадафҳои дар наздашон гузошта пурра расанд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи сокинон дар қиёс ба солҳои пешин ба Литсей хеле зиёд аст. Агар дар солҳои нахустини фаъолият теъдоди хонандагон ҳамагӣ 131 нафар бошанд, пас имрӯз он ба 550 нафар расидааст.
 

 

Бахшида ба 24-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» доир гардид. Дар кори конференсия олимону устодон ва шогирдони донишкада ширкат варзиданд.

Конференсияро декани факултети сохтмон ва нақлиёт Абдуқодир Акрамов ҳуси ифтитоҳ бахшид.  Номбурда зимни баромадаш таъкид дошт, ки санаи 27-июни соли 1997, ки дар баъзе аз минтақаҳои кишварамон ҳанӯз нобасомониҳо идома дошт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани чунин Созишнома дар таърихи навини давлатдории Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Аксарият, махсусан насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ кишварамон ба чӣ рӯйдодҳои мудҳиш рӯ ба рӯ гашта, муттаассифона талафоти зиёде ҳам дод.

Хушбахтона, хиради азалии миллати мо, таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло гирифту дар сартосари Ватан сулҳи бебозгашт омад.

 

Номзади илмҳои педагогӣ, котиби кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи М.С. Осимӣ Хайринисо Темирова  зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат ва хамдигарфаҳмии ҳалқҳои Тоҷикистон» қайд кард, ки маҳз такя намудан ба хиради азалӣ, даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати бетараф набудан ба воқеаҳои даҳшатбори солҳои навадум, овардани гурезагон ба макони муқимии худ, такя намудан ба арзишҳои дини мубини ислом ва ҳимояи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун дини покиву ахлоқӣ на терроистиву ифротгароӣ, нигоҳи баробар ба миллату халқиятҳое, ки дар кишварамон умр ба сар мебаранд, ба ҷанги бемаънӣ хотима гузошт.

Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабур Абдуваҳҳобов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ваҳдат- тахкимбахши истиқлолият» таъкид дошт, ки ҷанге, ки дар аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, ҷанги таҳмилӣ ва дар қиёс ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ он хунрезиҳову нобасомониҳо мудҳиштар буд, зеро дар баробари хисроти моливу иқтисодӣ ҷони ҳазорон- ҳазор шаҳрвандонро ҷанги бародаркуш рабуд. Вале ба бахти ин миллати саодатманд тарафҳо ба ҳам омаданд ва таҳти роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи комил ба даст омад ва натиҷаи ин гуфтушуниди муфид, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Бишкек ва кишвари Афғонистон самар овард.

Бо ҳамин чорабинӣ  анҷом ёфт.

 

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ РТ сообщает, что вопреки официальному заявлению кыргызской стороны,  не соответствующему действительности, опубликованному в  СМИ, в результате работы межправительственной комиссии Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации из общей протяжённости, составляющей  986,7 км, описано  519,9 км таджикско-кыргызской госграницы. Одним из оставшихся  неразделённых участков на данной территории является перевал Шатты.

Высокие распри как отражение национальной катастрофы

Сложные отношения нынешнего президента Кыргызстана Садыра Жапарова и назначенного им главой ГКНБ КР Камчыбека Ташиева, несмотря на усердно демонстрируемое единство, похоже переходят в особую фазу "хрупкости". Из инсайдерских каналов стало известно об очередной "ссоре", а иначе ругани между верховными боссами страны.

Соли чорум аст, ки бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ - амалӣ сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ин дафаъ конференсия бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мавзӯҳои муҳими соҳати сифати таҳсилро матраҳ намуд.

Дар кори конференсия муовинони сарварони як қатор мактабҳои олии вилоят, олимону донишҷӯён ширкат доштанд.

Конференсияро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба ҳозирин расонид. Номбурда дар баромадаш аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузори конференсияи имрӯза баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз таҷрибаю малака ва маҳорати корбарии устодону навовару навҷӯ дар такя аз технологияи муосири таълим мебошад. Конференсия дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Маҷлиси Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат махсусан қайд намуданд, ки  “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.

 

Сипас Умарҷонов А.А,  номзади илмҳои техникӣ, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Проектирование инженерных образовательных программ в соответствии со стандартами подхода CDIO-залог успешной международной аккредитации образования”, Маҳмадшо Маҳмадшоев, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, Абдуллоева Адолат номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи идораи сифати ДДҲБСТ дар мавзӯи “Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулияти лексионӣ” , Мухторов Саидқосим, номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ДИС ДДТТ дар мавзӯи ““Зарурияти гузаронидани аккредитатсияи байналхалқии барномавии ихтисосҳо дар асоси ҷалб намудани Агентиҳои назорати сифати таълими Иттиҳоди Аврупо”, Насим Тошхӯҷаев, номзади илмҳои химия, мудири шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи “Консепсияи сифат ва меъёрҳои асосӣ”, Раъно Исомадинова, номзади илмҳои физикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  оид ба фаъолияти Шӯрои экспертӣ дар ДПДТТ маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Бо ҳамин қисми аввали конференсия анҷом ёфта, дар қисмати дуюми конференсия муаллифони мақолаҳои илмӣ дар ҷаласаи планерӣ навиштаҳои худро асоснок карданд.

 

Безосновательное заявление Председателя ГКНБ Республики Кыргызстан Камчыбека Ташиева по поводу Воруха не только взбудоражило таджикское общество, но и привело к вооруженному конфликту, в результате которых с обеих сторон имеются жертвы.

Шаҳзод Сангинов, донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 53.01.та, факултети информатика ва энергетикаро натанҳо дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мешиносанду эътироф мекунанд, балки ӯро чун Чемпиони Тоҷикистон оид ба намуди  муҳорибаи ҷангии дастӣ байни ҷавонону калонсолон мешиносанд. Ин ҷавони шухи Консойӣ аз сини 4 – солагӣ ба ин намуди ваарзиш машқу тарин намуда, борҳо дар ҳайати вилоят дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона варзидааст. Чун сазовори номи донишҷӯи гардид, шарафи донишкадаро дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ҳимоя мекунанд.

Санаи 21 феврал дар чемпионати вилоятӣ аз рӯи намуди ҳамин варзиш ғолибият ба даст оварда, санаи 17 май дар шаҳри Душанбе дар вазни 80 килограмм ҳамаи рақибонашро мағлуб намуда, сазовори ҷои якум ва ба гирифтани Чемпиони Тоҷикистон шарафёб гардид.

Мавсуф ҳамаи дастовардҳоро аз дастгирии роҳбарияти донишкада, шахсан аз директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода медонад. Ба гуфти қаҳрамон маҳз шароити хуб машқу тамрин дар донишкада, ширкати фаъолона дар машғулиятҳо боиси ғолибияти ӯ гардид.

Бешубҳа, Шаҳзод Сангинов ифтихори донишкада мебошад. Ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои варзишӣ барору комёбиҳо таманно дорем.

Пирӯзӣ муборак!

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

 
Дар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2021» баргузор гардид, ки дар он тарроҳон ва донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шащри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, панҷ мақоми ифтихориро ба даст оварданд.
Фествал-озмун аз рӯйи шартҳои: “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ” ва “Беҳтарин либоси идона” “Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ” бо маҳсули эҷоди 20 тарроҳ ва зиёда аз 200 муаррифкунанда сурат гирифта, ғолибон муайян гардиданд.
Ҳамин тавр, Малика Умарова ва Шоҳина Ғафурова дар номинаи рўзмарра ҷойҳои 2 ва 3, Мусавварахон Саидвализода ва Нигора Болтубоева дар номинаи «Арўсиву домодӣ» мақоми 2 ва 3-юмро ба даст оварданд. Дар номинаи «Идона» Қурбоной Сатторова зинаи дуюмро касб намуд.