Дар кори Конфренсия намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, намояндаи комиссияи шаҳрии интихобот Тӯфа Мамадҷонова ширкат варзиданд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Конфренсияи навбатиро оғоз бахшида баён дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мо имрӯз имкон дорем, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешбарӣ намоем. тибқи муқарарроти қонуни мазкур ҳизбҳои сиёсӣ 50 рӯз пеш аз интихобот метавонанд номзадҳои  худро ба вакилии  маҷлисҳои маҳаллӣ  пешбарӣ намоянд. Номбурда дар идомаи суханроинаш аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешбарии вакилон аз ҳисоби занону ҷавонони фаъол ёдовар шуда, зикр дошт, ки бо назардошти дониш, малака, маҳорати ташкилочигӣ ва мавқеъ доштан дар ҷомеа 7 нафар номзадон  ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилоят ва 40 нафар ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда мешаванд.

Аз ҷониби раисикунандаи  Конфренсия номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи  вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешниҳод ва  муаррифӣ гардиданд.

Номзадҳои пешниҳодгардида аз тарафи вакилони конфренсия  якдилона пазируфта шудаанд ва доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бо садо додани суруди миллӣ Конфренсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом бахшид

Дар кори Конфренсия намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, намояндаи комиссияи шаҳрии интихобот Тӯфа Мамадҷонова ширкат варзиданд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Конфренсияи навбатиро оғоз бахшида баён дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мо имрӯз имкон дорем, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешбарӣ намоем. тибқи муқарарроти қонуни мазкур ҳизбҳои сиёсӣ 50 рӯз пеш аз интихобот метавонанд номзадҳои  худро ба вакилии  маҷлисҳои маҳаллӣ  пешбарӣ намоянд. Номбурда дар идомаи суханроинаш аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешбарии вакилон аз ҳисоби занону ҷавонони фаъол ёдовар шуда, зикр дошт, ки бо назардошти дониш, малака, маҳорати ташкилочигӣ ва мавқеъ доштан дар ҷомеа 7 нафар номзадон  ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилоят ва 40 нафар ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда мешаванд.

Аз ҷониби раисикунандаи  Конфренсия номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи  вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешниҳод ва  муаррифӣ гардиданд.

Номзадҳои пешниҳодгардида аз тарафи вакилони конфренсия  якдилона пазируфта шудаанд ва доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бо садо додани суруди миллӣ Конфренсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом бахшид

Дар факултети муҳандисӣ-технологии ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷиҳати дарёфт ва рушди истеъдодҳои нодир аз миёни донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва меъморӣ озмуни “Дизайнери беҳтарин” гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия : “Либоси беҳтарин”, “Корҳои дастии беҳтарин”, “Мусаввараи беҳтарин” ва “Армуғони сайёҳии беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд. Озмун бо омӯзиш аз ҷониби ҳайати бонуфузи ҳакамот, аз ҷумла директори Корхонаи воҳидии давлатии “Маркази таълимӣ”- и шаҳри Хуҷанд Мунаввара Дадобоева, муовини директор оид ба таълими маркази таълимии номбурда Муҳаббат Хоҷаева, мушовири маркази таҳсилоти иловагии №6-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳбари маҳфили бофандагӣ Баҳорхон Охунова, Узви иттифоқи мусаввирони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ Восид Абдураҳмонов, рассом-санъатшинос Наимҷон Бобоев ва директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ оғоз гардид.
Дар озмуни “Дизайнери беҳтарин”, дар номинатсияи “Либоси беҳтарин” зиёда аз 36 амсилаҳои донишҷӯён дар доираи маҳфилҳои гуногуни кафедра омодашуда буданд, ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ гардид. Дар номинатсияи “ Либоси беҳтарин” дипломи дараҷаи якум бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи соли аввал якум Сатторова Қурбоной, дипломи дараҷаи 2 бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 2 Рухшона Қосимова, дипломи дараҷаи 3 бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи ихтисоси курси 3 Шоҳина Абдусамадзода дода шуд.
Дар номинатсияи “Корҳои дастии беҳтарин” зиёда аз 150 навъи корҳои дастии донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар номинатсияи “ Корҳои дастии беҳтарин” дипломи дараҷаи якум 1 бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи курси 3 Маҳинахон Ахмедова, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 3 Муқаддам Ҷалилова, дипломи дараҷаи сеюм бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи курси 1 Фаррух Ғафуров дода шуд.
Дар номинатсияи “Мусаввараи беҳтарин” зиёда аз 100 адад мусаввараҳои донишҷӯён дар мавзӯи “Тоҷикистон – кишвари зебои ман”, “Рушди сайёҳӣ”, тасвири симои шахсони шинохта, нақшу нигори миллӣ, интерери хонаҳои истиқоматӣ ва монанди инҳо ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар ин номинатсия дипломи дараҷаи якум бо ишғоли ҷойи якум насиби донишҷӯи курси 4 Далер Машарипов, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 4 Далер Қурбонов, дипломи дараҷаи 3 бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи, курси 1 Манижа Пӯлотова гардид.
Дар номинатсияи “ Армуғони сайёҳии беҳтарин” зиёда аз 120 адад армуғонҳои сайёҳии аз тарафи донишҷӯён омодашуда ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар ин номинатсия дипломи дараҷаи якумро бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи курси 4 Далер Машарипов, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 3 Фирдавс Абдуназаров, дипломи дараҷаи сеюм бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи курси 2 Манижа Бойматова дода шуд.


Ҳамаи иштирокчиёни фаъоли озмуни “Дизайнери беҳтарин” бо сипоснома аз тарафи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ сарфароз гардонида шуданд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмуни “Дизайнери беҳтарин” ин эҳё намудан ва рушди ҳунарҳо ва анъанаҳои гузаштагон, ҳавасмандкунии донишҷӯён-мутахассисони ояндаи соҳа, коркарди ғояҳои нав ба нав оиди истеҳсоли ягон маҳсулоти нав, конструиронии бадеӣ, тарроҳии маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар равзанаи имрӯзу оянда аз нигоҳи донишҷӯ мебошад.

Бо мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки санаи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод вохӯрӣ баргузор гардид.
Роҳбари гуруҳи корӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Таъкид гардид, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Зикр гардид, ки сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона гардад. Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Агентии содирот, Палатаи савдо ва саноатро вазифадор гардиданд, ки корҳоро ҷиҳати татбиқи равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ суръат бахшида, дар масъалаи шомил шудан ба низоми умумии бархурдорӣ аз имтиёзҳо ва “долонҳои сабз” тадбирҳои амалиро ба роҳ монанд.
Таъкид гардид, ки ҳарчанд ки дар сохтори содирот молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои кишвар зиёда аз 450 номгӯйро ташкил дода, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 18,9 фоизи соли 2013 ба 27,4 фоиз дар соли 2019 расидааст, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Яъне суръати афзоиш ҳанӯз паст мебошад. Дар ин давра ҳаҷми содироти семент, риштаи пахтагӣ, маъдану консентратҳо, қолинҳо ва баъзе намудҳои дигар афзоиш ёфта, содироти алюминийи аввалия, нахи пахта, меваю сабзавот ва консерва бо сабабҳои гуногун коҳиш ёфта истодааст.
Роҳбари Давлат масъулини дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар солҳои минбаъда тамоми захираҳоро ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда равона созанд.
Изҳори нигаронӣ шуд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот ба таври назаррас муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад ва аз масъулон, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноат тақозо гардид, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Бо ин мақсад ва ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав муваззаф гардиданд, ки бояд бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ маълумоти дахлдорро бо зикри номи корхона, номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва дигар иттилооти зарурӣ мунтазам ба нашр расонад.
Сомонаҳои интернетии корхонаҳо роҳи аз ҳама самараноки муаррифии маҳсулоти саноатӣ ҳисобида шуд. Роҳи дигари пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш иштирок дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Яъне аз ҳамаи воситаҳо бояд васеъ истифода карда шавад. Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноат вазифадор гардиданд, ки барномаи рушди содиротро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ изҳори нигаронӣ намуда, риояи маданияти баланди заминдорӣ, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тақозо намуданд.
Таъкид шуд, ки то имрӯз дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст ва ҳоло чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 миллион сомонӣ идома доранд. Бо вуҷуди ин, ҳар сол майдони беш аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор мегирад. Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифад шуданд, ки дар самти пешгирӣ кардани аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо тадбирҳои доимӣ андешанд.Ҳамзамон масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот чораҳои қатъӣ андешанд. Аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми фаъолияти олимон ва кишоварзон дар ин самт арзёбӣ гардид.
Роҳбари гуруҳи корӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ дар анҷоми суханронии худ гуфт, ки дар маҷмуъ муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвар дастуру раҳнамо ва қутбнамои фаъолият аст.

Дар толори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохўрӣ бо академик Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ баргузор гардид.
Темур Тӯйчизода, мудири шуъбаи ҳуқуқӣ-маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.
Сипас, академик Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мулоқоти имрўза тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳияю хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот, фаъолгардонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Пайравони Пешвои миллат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо иштироки ҳайати гурўҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.


Ҳадаф аз мулоқоти имрӯза пеш аз ҳама баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ байни ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ин қишри ҷомеа ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад. Ҳамзамон доир дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳо сиёсии дар пешистода, аз ҷумла, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ва мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.
Мулоқот дар фазои озоду ошкоро анҷом пазируфт.

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон идомаи Конференсияи XXII ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид ва Гулбаҳор Назирӣ ин навбат низ ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карда шуд.
Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзода, муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Орифҷон Умаров, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, 195 нафар вакилон, гуруҳҳои таблиғотӣ, гуруҳои мобилӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва рузноманигорон аз васоити ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок доштанд.
Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки соли 2020 барои сокинони кишвар, хосса барои ҳизбиён соли пурмасъул хоҳад буд. Зеро маъракаи сиёсии интихобот натиҷаҳои фаъолияти ҳизбиёнро муайяну мушаххас намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бештар раҳнамоӣ месозад.


Вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Матлубахон Амонзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маъруза намуда, баён дошт, ки ҲХДТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо роҳандозии оинномаву Барномаи фаъолияташ барои ҳифзи манфиатҳои халқ, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Имрӯз ҳизбиёни вилоят, ки теъдоди онҳо 145 ҳазор нафар мерасад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалҳои неку шоистаро анҷом медиҳад. Мусаллам аст, ки ба фаъолияти ҳизб аз чигунагии номзадҳояш дар мақомоти олии конунбарор ва зинаҳои поёнии маҷлисҳои маҳаллӣ баҳо медиҳанд. Бо назардошти фаъолияти муваффақонаи Гулбаҳор Назирӣ дар парлумони касбӣ номзадии ӯ аз нав ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карда мешавад.
Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи М.С. Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ, раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Абдуҳаким Шарипов ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова аз кору пайкори Гулбаҳор Назирӣ ёдовар шуда, баён доштанд, ки номзади пешбаришуда аллакай дар ҷомеа ба ҳайси олима, зани нерӯманд ва ташкилотчии моҳир шинохта шудааст ва дар сурати пирӯзӣ барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизб, пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқ саҳми калон хоҳад расонд.
Сипас, тариқи бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбатии Гулбаҳор Назирӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия муайян гардид.
Ҳайати комиссияи баҳисобгирии овозҳо иттилоъ доданд, ки бо гирифтани аксарияти раъйи вакилон Гулбаҳор Назирӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Дар фарҷоми кори конференсия Гулбаҳор Назирӣ барои боварию эътимоди вакилон изҳори сипос намуд.

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки намояндаи ШММЗҶМ дар вилояти Суғди РМЗҶМ ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Абдуллозода А. вохӯрӣ доир гардид.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ вохӯриро оғоз намуда, оид ба мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи “мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад”.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Сардори ШПБҶХЭ ШММЗҶМ дар вилояти Суғди РМЗҶМ ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия А. Абдуллозода дар баромади худ қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Яке аз омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва пайваст шуданашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паст будани дониши сиёсӣ, бетарафсозии аҳли ҷомеа, огоҳ набудан аз шароити иқтисодиву ҳолати равона ҷавонон мебошад. Бояд донишҷӯёне, ки қишри саводнокии ҷомеа ҳастанд, ба ҳамсафони худ оқибатҳои маргбори ин амалҳои номатлубро фаҳмонанд.
Алҳол бояд амалиётро зидди терроризм ва экстремизм мушаххас ва амиқ ба роҳ монда, муборизаро пурқувваттар намоем. Зеро ки ҳизбу ҳаракат ва равияҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълоншуда низ, тавассути ҳомиёни худ фаъолияташонро афзуда, таъсирашон ба ҷавонон меафзоянд. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.
Қимматарин неъмате, ки Сарвари муаззами миллат ба Тоҷикистон оварданд ин сулҳ ва тинҷию оромӣ мебошад. Барои ҳамин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва ҳифз намояд.
Мавсуф аз ҷавонон даъват ба амал овард, то ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои бунёди давлати азизамон саҳмгузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ қайд намуд, ки ҳар як шахси баорият ба қадри тинҷиву оромии ҷомеа расад ва шукрона кунад, ки имрӯз мо орому осудаҳолона зиндагонӣ дорем. Барои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз фикр кунем. Бояд барои тинҷии миллати саодатовар бо ҷону дил хизмат намоем.

Бо мақсади бошукӯҳу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ таҷлил намудани Соли нави милодии 2020, ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон, дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоиписандӣ ва маънавиёти баланд тарбия намудани наврасон ва ҷавонони эҷодкор шурӯъ аз санаи 23 декабри соли 2019 дар пояи Арчаи солинавии шаҳри Хуҷанд, дар хиёбони Камоли Хуҷандӣ Фестивал-озмуни солинавӣ баргузор гардида истодааст.

Санаи 24 декабри соли 2019 аз рӯи талабот ва шартҳои Фестивал-озмун байни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Хуҷанд донишҷӯёни бомаҳорати донишкада истеъдоди баланди худро пешкаши мухлисони Хуҷандшаҳр гардониданд. 

Ровиёни хушбаён бо таманниёти солинавии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳозиринро шодбош гуфтанд. Сипас донишҷӯёни ҳунарманд дар иҷрои суруди якка, рақси якка,  бадеҳасароӣ, суруд бо забони хориҷӣ, бозиҳои ҷолиби саҳнавӣ, баромади дастаи зарифону ҳозирҷавобон, сюитаи рақсию овозӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд. Мавзӯи барномаҳои фарҳангӣ бо истифода аз анъанаҳои ҷашни солинавӣ ва расму оинҳои миллӣ мураттаб гардида, дар сатҳи баланди ташкилию фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ то дер дар лавҳи хотири иштирокчиёни чорабинии гирди арча хоҳад монд.

Санаи 10 декабри соли 2019 дар толори донишкада вохӯрии директори донишкада бо донишҷӯёни фаъоли факултети информатика ва энергетика баргузор гардид. Дар рафти мулоқот директори донишкада бо донишҷӯёни донишкада оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, дастовардҳо ва пешравиҳои донишкада тайи 1 соли охир, оид ба фаъолияти паркҳои технологии донишкада ва дастгирии донишҷӯёни фаъолу аълохон суханронӣ намуд. Инчунин дар бораи масъалаи мубрами замони муосир ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ибрози ақида намуда қайд кард, ки ҳар як ҷавонони соҳибиродаву ватандӯст бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пешравии Ватани азизамон саъю кӯшиш намоянд ва барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву масъулиятшиносӣ ва хештаншиносиву худогоҳии миллӣ дар талош бошанд.    

Донишҷӯён ба директори донишкада саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз тарафи донишҷӯён масъалаҳои дар донишкада мавҷуд буда, арзёбӣ гардида  ҳалли худро ёфтанд.

Донишҷӯён дар охир аз ин мулоқоти судманд ба директори донишкада арзи сипос намуда, ваъда доданд, ки аз паи омӯзиши илму дониш  гардида, ҳамарӯза онро такмил диҳанд.

 

 

Дар Кохи фарҳангии ба номи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 650 нафар устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тариқи оинаи нилгун дастҷамъона тамошо намуданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.


Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.
Зикр гардид, ки забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем” - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Таъкид шуд, ки аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Ҷомеаи бисёрҳазорнафараи устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баъди тамошои Паёми Роҳбари давлат тасмим гирифтанд,ки нуктаҳои муҳими онро дар ҷамъомаду соатҳои тарбиявӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Санаи 12.11.2019 дар толори донишкада бо иштироки сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ бо омӯзгорону  донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.

Саидзода Б.Р. доир ба мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии  терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротӣ, ҳодисаҳои охири дар Аврупо рухдода ибрози ақида намуд. Мавсуф қайд намуд, ки терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

Чорабинии имрӯзае, ки аз тарафи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ дар толори донишкада гузаронида шуд, хоссатан барои донишҷӯён амри маҳол буд. Донишҷӯёни донишкада аз баромадҳои Саидзода Б.Р. ва аз филми “Марди роҳ” як ҷаҳон таассуротҳои наҷиб пайдо карда, ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри шукуфоии давлатамон саъю кӯшиш менамоянд.

Дар охири вохӯрӣ филми “Марди роҳ” ба маърази тамошо гузошта шуд.