Ватани ҷоноҷони мо Тоҷикистон рӯз аз рӯз мисли гулҳои тару тозаи ҷаннат дар шукуфтану нашъунамо ёфтан аст. Миллати куҳанбунёди мо, мардуми сарбаланду машҳурбаҷаҳон гардидаи мо баъди ҳазорсолаи таърих аз нав эҳё шуда, истиқлоли комили худро ба даст овард. Насли имрӯза воқеан насли хушбахтаринест, ки ба ин неъмати бебаҳо расид. Аҷдоди ниёгони  мо дар гузаштаҳои дуру наздик  дар орзуи ин бахти баланд ба мақсад нарасида, дунёро бо нокомиву ҳасрату надомат, бо дидаи ашкбору дили пурнолаву оҳ падруд гуфтанд. Маҳз бо тадбири хирадмандонаи  фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Қаҳрамони Халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолият насиби мардуми хушбахти имрӯзини тоҷик гардид. Ҳар рӯзи имрӯзаи миллати тоҷик бо навид ва муждаи тоза оғоз шуда, бо дастовардҳои бузурги назаррас ҷамъбаст гардида, миллати қариб нобудгардидаи моро бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодааст. Муваффақиятҳои бадастовардаи мо бо роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон пойдору бобақову ҷовидонист!

Ба кор даромадани агрегати якуми НБО  “Роғун”, ки бо дасти муқаддас ва бобаракати Эмомалӣ Раҳмон ба кор оварда шуд, воқеаи оламшунида ва рӯҳафзои умумиҷаҳонист, ки ба нафъи халқи ҷаҳон раҳпаймоӣ дорад. Хато намекунем, агар гӯем, ки иқтидори ин НБО-и бузург ба нур бахшидани Шарқи наздик дар оянда кифоягӣ карда, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардумони ҳамсоядавлати мо ҳиссагузорӣ хоҳад намуд.

Дар тамоми соҳаҳо: соҳаи иқтисод, маориф, тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, сиёсат, варзиш ва дигарҳо, маҳз ба шарофати Истиқлолият муваффақиятҳои назаррас насиби миллати мо гардид. Ҷаҳониён бо ангушти ҳайрат, бо ҳавас ва ҳавсалаи бузург, бо чашми ҳасад ва орзумандӣ сӯи Тоҷикистони мо менигаранд. Аммо ин ҳаёти осоиштаи имрӯзаи мо бе талафоти азим ва бадбахтии сахт, ки таърих миллати моро аз имтиҳони бузург гузаронид, ба даст наомадааст.

Ман ба миллати машҳури тоҷик, ҷавонони хирадманд, нерӯманду закитабъи тоҷик бо забони софу гуворои ҷолиби тоҷикӣ ва пур аз андарзи бебаҳо муроҷиат карда гуфтаниам, ки ба қадри гавҳар ва лаъли бебаҳои тоҷикона - Истиқлолият бо тамоми ақлу хиради хеш расида, дар ҳифз ва рушду нумӯъи ин неъмати бебаҳо ҳиссагузорӣ карда,  ин бахти баланди Худододро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем!

Душманони ҳаёти хушбахтонаи мо, имрӯз ҳам умеди худро аз халалдор кардани зиндагии халқи мо накандаанд. Шому субҳ дар паи нақшаҳои бебунёд, бесамар ва размонаи худ қувва сарф карда, ҷидду ҷаҳди азиме доранд. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо сиёҳдилони ноҷавонмард ва хоинони миллат муборизаи беамон барем. Нагузорем, ки душманон ҳаёти осоиштаи моро, ҷавонони моро гумроҳ карда, ба ҳаёти ширини мо осебе расонанд. Яке аз ин гуна ғаддорон, ки ғояи экстремистӣ, террористӣ аз рӯзи аввалини фаъолияташ маҳаки амали худ қарор дода буд, ба зиндагии мо бадбахтиҳои зиёд эҷод кард, Ҳизби фоҷиабори наҳзати ислом мебошад.

Ин ҳизби бебунёд, аз рӯзҳои аввалини фаъолияташ бисёр вайронкориҳои азимеро ба вуҷуд овард, ки чӣ қадар мардумони зиёд бо айби ин ҳизби бадхоҳ қурбони ғадр гардида, сарсону саргардон дар ғарибию мусофирӣ тӯъмаи марг шудаанд. Ин ҳизби бадхоҳи ҳаёти осоишта номуси шарафи худро ба хоҷагони хориҷаи Эронии худ фурӯхта, ҷавононро, ки қувваи бузурганд, гумроҳ карда, майнаашонро заҳролуд намуда, ҷавонмарг намуданд.

Ман ба ҷавонон муроҷиат карда гуфтаниам, ки фирефтаи найранги ин хоинони миллат нашуда, бо тамоми хиради созанда ва эҷодкорӣ худро барои ободии кишвар равона намуда, аз сабақи ҳаётии гузашта дарси ибрат гиранд. Роҳ надиҳанд, ки ин офарандагони ҷангу хунрезӣ дигар мардуми моро гумроҳ карда, ба вартаи ҳалокат баранд. Бедили бузургвор дар яке аз байтҳояш гуфтааст:

Аз сифла он чӣ зояд, таъзимро нашояд,

Нақше, ки ҷӯшад аз по, ҷуз зери по набошад.

Ба гуфти Бедил аз ин мардуми сифла ва ғаразнок, ки исломро ниқоби худ карда, мардумро гумроҳ намуда, чӣ қадар бадбахтиҳоро ба вуҷуд оварданд, дар ҳазар бошем. Худо нахоҳад, ки ғояҳои террористӣ - экстремистӣ ва ғоратгаронаи Ҳизби наҳзати ислом дар байни мо роҳ ёбад. Мо бояд муборизаи беамон барем, нагузорем, ки як зарраи ғояи бешарафонаи ин ҳизб дар байн роҳ ёфта, ҳаёти ширини мардуми моро талх гардонад. Ҳизби мазкур аз ибтидо дар байни мардум низову ноиттифоқӣ ба вуҷуд оварда, дини исломро доғдор намуд. Ислом, ки бо ғояҳои башардӯстонаи худ асрҳои аср аз имтиҳонҳои сахти ҳаёт гузашта омадааст, ваҳдат, ягонагӣ, ҳамдилӣ, некхоҳӣ ба насли башар, покию озодагӣ, муҳаббат ба наслҳо ва ғояҳои инсондӯстиро талқин карда омада истодааст. Ба ислом ягон ҳизб лозим нест. Ислом бо роҳи адолатхоҳӣ, некҷӯӣ, некхоҳиву некбинӣ, инсондӯстӣ, хоксориву фурӯтанӣ, поквиҷдонию зебопарастӣ ва ҳақпарварии худ мардумро ба роҳи покизагӣ ҳидоят менамояд. Дар ягон ҷои китоби ахлоқии муқаддаси мо - Қуръони маҷид ғояи террористӣ - куштани одам бо дасти одам талқин наёфтааст. Балки даст ба дасти якдигар дода, мадад расонидан ба ниёзмандон талқину таҳрезӣ шудааст. Устод Саъди Шерозӣ, ки донандаи бузурги Қуръон буданд, бо асарҳои худ ғояҳои ҳикматноки Қуръонро бо суханони таъсирбахш  ва пуриқтидори шоирона ифода карда, тамоми ашъори худро ба инсонпарварӣ, ахлоқи ҳамида, фидокорӣ равона намудаанд. Дар яке аз шоҳбайтҳои худ, ки дар пештоқи маҷмааи ЮНЕСКО бо хати зар сабт шудааст, чунин фармудаанд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

         Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

  Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

    Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Дар мисраҳои боло ғояи аслии башардӯстона, ки дар мағз андар мағзи Қуръон ҷойгир аст,  тараннум карда шудааст. Пас инсон набояд ба сари бародари худ бадбахтӣ оварад, қатлу хунрезӣ намояд, мардумро ба гумроҳӣ андозад. Бояд гӯем, ки саркардагони  Ҳизби разилона ба Ислом иснод оварданд, ин Худозадаҳои беимон сабабгори балову офатҳои азим гардида, ба ҳаёти осоишта талафоти зиёди молию ҷонӣ ба миён гузоштанд. Ҳар касе, ки ба ҳаёти имрӯза ношукрӣ мекунад, ба неъматҳои зиндагии имрӯза хиёнат мекунад, таърих ва Худованд гуноҳи ӯро асло намебахшад.

Дар давлати имрӯза инсон маҳз  ба  туфайли  меҳнати пурмашаққат  сазовори   ҳурмату эҳтиром   мегардад, маҳз ба туфайли меҳнати софдилона сатҳи зиндагии худро баланд мебарорад.  Маҳз  самаранокии    меҳнат,    инсондӯстӣ,  ватанпарварӣ,  пайванди   илму ҳунар будан  маърифати  инсониро баланд гардонида, аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо эмин медорад.  Агар мо меҳнат накунем, барои ободӣ ҳисса нагузорем, пас чӣ тавр хушбахт мешавем? Пайравони Ҳизби наҳзати ислом мардуми беҳунар, догматикҳои бебунёданд, ки ба ҷои мардумро ба созандагӣ ва ободкорӣ даъват намудан, ба роҳи ғоратгарӣ, куштор, роҳандозӣ, авбошӣ мебаранд. Вале чуноне, ки дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». Ҳизби наҳзати ислом симои ҳақиқии худро нишон дод. Ғояҳои нопок, ғоратгарона  ва бедодгаронаи ин ҳизб, ки аз пойдевор беасос буд, боло нарафта, дар нимароҳа чаппа шуда, симои ҳомиёни худро нишон дод, ҳаёт ниқобро аз рӯи онҳо бардошт. Ҳофиз гуфтааст:

                           Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд,

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:

                           Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Аз расонаҳои ахбор маълум аст, ки сарварони ин ҳизб чӣ қадар маблағҳои дар ихтиёри ҳизб бударо аз худ карда, дар гурезагӣ дар хориҷа умр ба сар доранд. Ин ашхосони бешараф дар қафо истода, чӣ қадар ҷавонони дар муҳоҷират зиндагӣ доштаро гумроҳ намуда, ба ҷанги хонумонсӯзӣ сӯи Сурия фиристоданд, ки аксарият куллан беному нишон шуда рафтанд. Бисёр хуб шуд, ки Давлати Соҳибихтиёри мо пардаро аз рӯи ин ҳизби зарарнок бардошта, фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кард.

Умри инсон ниҳоят кӯтоҳ аст, ба гуфти Бедил ба монанди ашк дар болои миҷгон. Бинобар ин матлаби мо  дар  он аст,  ки   насли  имрӯзу   фардоро   дар  руҳияи   инсондӯстӣ,     ватанпарварӣ,   маърифатнокӣ ва   меҳнатдӯстӣ   таълиму  тарбия   намоем.

Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватан бояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияту пойдории мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳар гуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммиллатони моро заҳролуд намоянд.

Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад. Вазифаи ҷонии ҳар як ҷавони даврони соҳибистиқлол ин омӯзиши касбу ҳунар ва обод намудани Ватан аст. Ояндаи Ватан дар дасти ҷавонон аст, зеро 70 фисади кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ба ҷуз ҷавонон касе Ватанро обод намекунад.

Мухбира Комилова, устоди кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Олими воқеан ҳам пуркору донандаи илми ислом Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода   дар нигоштаи худ бори дигар аз дурӯягӣ чоплусӣ ва манфиатҷӯии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари маънавии наҳзатиён ишораи дуруст кардааст. Кабирӣ давоми беш аз 24 соли фаъолияти ҲНИ эркаи ҳам давлату ҳам ҳамтоёни худ буд. Дар асл ба ҳамин Кабириву кабириён менигараму барояшон ҳар нафаси гирифтаашонро ҳайф медонам, зеро ба он нафароне, ки зиён коранд умуман дар ин дунё барояшон ҳаққи зиндагӣ нест, ҳол он ки оно то имрӯз марзи хоки поки мукаддаси моро меҳан мехонанд. Чаро ин истиқлолро чашми дидан надоред? Маълум аст, ки хубӣ бароятон хуушоянд несту пардаи чашми шуморо хуни дар замин яксон шудаи одамони  бегуноҳ пӯшонидааст. Медонам ин одат аст, барои шумо акнун, ки ҳар дақиқа ба қатлу куштор даст занед. Ва маҳз барои ҳамин ҳам ин сарзминн ҷои ифротиён нест. Ин ҷо сулҳу салоҳ ҳукмфармоӣ дорад ва ба мо мардуми саодатманди диёр ҳама чизро дод, ки муҳимтарини он ба он дасисаҳои бемаънии хиёнаткорон нуқтаи ҳамешагӣ гузошт, то мардум дар фазои озоди истиқлоол нафаси озод кашад. Зиндагии шоиста ба сар бурда аз миллату аз авлоди худ ифтихор намояд.  Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Ҳар як шаҳрванди кишвар аз ин вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳукмрон аст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузошта бошанд.

Мо бояд донем, ки бобоҳову бибиҳоямон, гарчанде ки синну солашон калон буд, барои имрӯзи ободу озоди мо, солҳо ҷангиданду мубориза бурдаанд, ҳоло ҳар яки моро мебояд, ки чун гузаштагони худ ба наслҳои оянда як миллату давлати тинҷу оромро муҳайё созем, то он ки онҳо низ моро ҳамчун аҷдодону ворисони ҳақиқии қаҳрамонони Тоҷикистон шиносанд ва нагузоранд, ки миллат аз рушд боз монаду туъмаи дигарон шавад.

 Муттассифона, имрўз нафароне аз зодагони ҳамин хоки ватан ба кишвари худ ба диёри худ хиёнат намуда, ба ҷои он ки дар пайравии Пешво барои ободии ватан саҳм гиранд. Баракси ҳол, ки рафтанд фармонбардору мутаккои хоҷагони “бузургӣ” хориҷӣ шуданд, ки барояшон дар ниқоби исломи пок амалҳои ваҳшиёнаро омўхт. То ин фиребхўрдагон дар ватани худ ҷангу маломатро оғоз кардани шудаанд.

Тавре аз расонаҳои хабариву иттлоотӣ бармеояд, раиси собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ то ҳол кӯшиш карда истодааст, ки худ ва аъзоёни ифротгарашро бо баҳонаҳои гуногун сафед намуда, амалҳои характери терористи доштаашро паси пардаи дини ислом тарғибу ташвиқ карда истодаанд. Яке аз чунин амали зишти ў гумроҳ намудани ҷавонони мо ва зарба задан ба арзишҳои милли халқи мост.

Кабирӣ, ки худ афроди ҷангҷӯ ва ифротгарост, аммо ин хистлати ифротиашро зери ниқоби дини ислом пўшида нигоҳ дошта, тавре вонамуд карда истодааст, ки ў ва намояндагонаш ҳамчун як миллати шарики стратегии Тоҷикистон буда, барои нумўи кишвар фаъолият доранд. Вале дар асл суханони инсонфиребонаи онҳо, дурӯғи маҳз асту халос. Зеро дар асл онҳо душманони Тоҷикистонро дастгири менамояд, фоҷиаҳои охире, ки дар Тоҷикистон рӯй дод, бо ташаббуси бевоситаи худи Кабирӣ сар зад, хотираи тамоми мардумро аламзада намуда, модарони зиёдеро ба вартаи доғи фарзанд андохт.

Баъди воқеъаҳое, ки бо ташаббуси ТЭТ ҲНИ  дар кишвар ба вуқўъ пайваст мардум аз ин ҳизб воқеан дилсард гардиданд ва қисми зиёди аъзоёни он ҳизбро тарк намуданд. Худ қазоват намоед, ки ҳама ҳаёти орому осоишта ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро мепазиранд. Пас касе дигар ба ин ҳизб эътимод намекунад, ба ҷуз ононе, ки саводи дурусти исломи надоранду зуд шефтаи фиребу фасоди ифротиён мегарданд.

Таассубгариву “диндорӣ” – и ин наҳзатиҳои динфурӯш то ба дараҷаест, ки ҳатто мардумро алайҳи анъанаҳои милливу мардумии мо таҳрик карда истодаанд. Либоси миллии тоҷиконро пушти по зада, тарғиби либосҳои эронро ба роҳ андохтаанд. Бо боварии том гуфта метавонам, ки ин ҳама дасисабозиҳо наҳзатиҳоро дучанд шармандаву беобрӯ мегардонад, зеро мардуми бофарҳангу бомаданияти тоҷик медонанд, ки мероси аҷдодии миллати мо гаронарзиш асту, ҳифзу ҳимояи он қарзи фарзандии ҳар кадоми мост.

Ҷӯраева Матлуба, устоди факултети муҳандисӣ- иқтисодии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

дар ҳошияи мақолаи “Буқаламун”-и раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода   

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Наҳзатиҳое, ки имрӯз кишвари тоҷик ва нуфузи давлати моро дар арсаҳои байналмилалӣ нодида мегиранд, гуфтаниам, ки ин рафтори шумо аз бадкинагиву носипосии шумост. Вагарна сайёҳони хориҷие, ки имрӯз барои тафреҳ ба кишвари мо омаданд, кишвари биҳиштосо озоду ободи моро ба оламиён муаррифӣ карданд.

Мо бидуни афкору пайкори наҳзатиҳо роҳи расидан ба истиқлолиятро тай намудем, ба ин восита ба сулҳ ва ваҳдату ягонгагӣ низ соҳиб гардидем. Ин роҳи тай кардаи мо мардуми шарафманди диёр роҳи мурод, роҳи расидан ба ормонҳои чандинасраи мардуми сарфарози тоҷик буд, роҳе буд, ки тоҷику Тоҷикистониёнро дар арсаи баландпояи ҷаҳонӣ шукӯҳу шаҳоматашро боло намуд. Минбаъд низ бе фишори онҳо метавонем роҳи мақсудро идома диҳем. Дар ҳамин раванд мо мардуми тоҷик бо қувваи худ метавонем, ки аз имрӯз бештар кишварамонро ободу миллати азизамонро аз олудагиҳо эмин дорем. Бо тӯҳмату дурӯғ зарбазаниҳои Кабирӣ баракс тираш ба тарафи худаш равона шуда истодааст. Зеро найрангҳои ӯ ҳеҷ мантиқи набуда, ҳадафаш кишварро дар назди мардумаш доғдор кардан аст. Мо дар гузашта мардумони бомаданият ва соҳибфарҳанг будем, имрӯз ин рисола беш аз пештара аст ва хоҳем дид, ки оянда ин анъанаву урфу одатҳо ба арши аъло хохад расид. Ба хотире, ки миллати мо дроҳи демократияро пеш гирифта, барои зиндагонии мардуми кишвар тамоми шароитро фароҳам овардааст.

Кабирӣ ва намояндагони “фаъоли” ӯро зарур аст, ки агар дар гузашта аз демократи будани кишвари мо дарак надошта бошанд, бори дигар таърихи начандон дури онро варақгардон намоянд. Он гоҳ хоҳан дид, ки Тоҷикистон мазраи ободу озоди мардумони соҳибфарҳанг аст.

         Чанде ин наҳзатиҳо миллати моро бо истиқлолияти дерҳангоми ба даст омада мутаҳҳам сохтанд ва аз мағрурии худ истифода карда, идао сохтанд, ки агар бо онҳо забон як мешуд истиқлолият зудтар ба аст меомад. Ба индурӯғ, кӣ бовар мекунад. Охир асре пеш бо айби чунин исломхоҳон кам буд кишвари мо ба вартаи нобуди мерафт. Ҳамин пирӯзии нобаҳангоми ибрознамуди Кабирӣ, маҳз бо вайронкориҳои ин ҳизбиён ба дер ба даст омад. Хушбахтона дер ҳам бошад, ба даст омад, бар қасди онҳое, ки миллатро ба вартаи яғмо бурдани буданд дер ҳам бошад ба даст омад. Ва ин боиси болидахотириву соадатмандии кулли мардуми тоҷик гашт.

Дар асл ба ҳамин Кабириву кабириён менигараму барояшон ҳар нафаси гирифтаашонро ҳайф медонам, зеро ба он нафароне, ки зиён коранд умуман дар ин дунё барояшон ҳаққи зиндагӣ нест, ҳол он ки оно то имрӯз марзи хоки поки мукаддаси моро меҳан мехонанд. Чаро ин истиқлолро чашми дидан надоред? Маълум аст, ки хубӣ бароятон хуушоянд несту пардаи чашми шуморо хуни дар замин яксон шудаи одамони  бегуноҳ пӯшонидааст. Медонам ин одат аст, барои шумо акнун, ки ҳар дақиқа ба қатлу куштор даст занед. Ва маҳз барои ҳамин ҳам ин сарзамин ҷои ифротиён нест.

Мазбут Холиқов,

устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёти  ДПДТТ

Ҳадафи ман аз навиштани ин мақола он аст, ки мо омӯзгорон гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ, кормандони мақомотҳои дахлдори қудратиро зарураст, ки аз пешатара дида бештар дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ворид гашта, ба ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон фаҳмонем, ки ривоҷи терроризм, экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯхӯ ҳизбҳои мамнӯъ аввал хатар бА худи онҳост. Моро зарур аст, ки бештар дар байни мардум аз зарарҳои ҷонкоҳи шомил шудан ба азҳобҳои гуногуни сиёсӣ ба ҷавонон ҳушдор диҳем ва бо мисолҳои мушаххас исбот намоем, ки чи гуна ин азҳобҳои ба дину ойин ва таффакуру эътиқоди мо душман буда, барои ҷавонону давлати мо метавонанд зарарҳои гарони ҷониву молӣ оранд. Фақат моро лозим аст, ки ба онҳо аз зарари ба сари миллати мо меомадаро ҳам аз лиҳози ҷонӣ ва ҳам аз лиҳозӣ молиявӣ дуруст фаҳмонем. Ман мушоҳида карда истодаам, ки ба ҷавонону ҷомеаи мо боз ҳам зарур ва лозим аст, ки аз дастовардҳои хело назарраси кишварамон дар тӯли 28 соли Истиқлолият ва ривоҷи хело хуби тақвияти риояи оинҳои милливу маънавии мардумамонро ба тамоми қишрҳои ҷомеа бо мисолҳои равшан аз қабили баромаданамон аз бунбасти комуникатсионӣ, нокифоягии барқ (ҳоло дар  тамоми кишвар тамоми шабу рӯз истифода мешавад), фаровонии мағозаву бозорҳои кишвар аз тамоми маводҳои хӯрока ва пӯшока, ки ба мардум лозим аст, сарозер шудаанд ифтихормандона фаҳмонида, зеҳни худшиноси ва хештаншиносии онҳоро боз баландтар бардошта, онҳоро дар руҳияи дӯст доштани ин марзу бум Тоҷикистони азиз равона созем.

Имрӯзҳо сар то сари оламро муборизаҳои пасипардагии абарқудратҳо барои дастёфтани доройии давлатҳои камқувваттар ба ҳайрат овардааст. Дар наздикии сарҳади давлатии мо ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 1000 (ҳазор) км дар бар мегирад, аз тамоми давлатҳои олам дар гурӯҳҳои номнависшуда ва номнависнашудаи Афғонистон фиристондагони махсусе ҷойгиранд, ки мақсади онҳо мунтазам вайрон кардани амнияти сарҳадӣ буда, дар лаҳзаҳои қулай ба тарафи давлати мо яъне Тоҷикистон фиристондани ҷосусашон мебошад, ки мақсади асосии онҳо аз вайрон кардани мафкураи ҷавонони мо иборат буда, мехоҳанд, ки фазои орому осоиштаи сиёсии моро бо таффаккурҳои заҳролудшудаашон ки мақсади ниҳоии эшон аз ташкил кардан ва ба амал баровардани кушторҳои ғайричашмдошт бо тариқи терорӣ мебошад, ки мисоли онро мо ба наздики дар ҳудуди ноҳияи Данғара мушоҳида кардем, ки дар натиҷаи он якчанд нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захм бардоштанд ва мехостанд, ки обрӯй ва шарафи давлати гул-гул шукуфта истодаи моро дар арсаи байналмиллалӣ паст зананд ва хушбахтона ба ҳадафҳои нопокӣ худ нарасиданд, зеро заковати баланди сиёсӣ доштани давлатмардони моро имрӯз дар тамоми ҷаҳон хело хуб мушоҳида кардаанд.

Дигар аз амалҳои ноҷавонмардонаи душманони миллат, хосса ҲНИ ин нобасомон кардани вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта дар ин минтака баъди сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори нигаронӣ намудан аз вазъи фаъолияти мақомотҳои қудратӣ хоинони миллат хостанд халқи одиро алайҳ давлат шӯронанд. Ҳамаи мо шоҳиди чандин даъватҳои беасоси тарафҳои манфиатовари хоҷагони хориҷӣ гардидем. Ва ин қувваҳо дар хориҷи кишвар истода ба оташ аланга зада истодаанд. Ҳодисаи дирӯз шударо ҳангома сохтан сомонаҳои мухталифи хидматгори хоҷагони беруна худ гувоҳи он аст. Дар он гӯё як гурӯҳ ҷавонони бадахшонӣ алайҳи давлат ҷанг кардаанду Аёмбекову дигар “лидерҳо” онҳоро бо мақомотҳои қудратӣ оштӣ сохтаанд, ин дурӯғи маҳз аст. Давлат пойдор аст ва ҳар он касе, ки ба қонун итоат намекунанд, тибқи қонун ҷавобгар аст. Барои ин аз Аёмбекову Муҳаммадбоқир қаҳрамон тарошидан хатои маҳз аст.

Ман ҳамчун омӯзгор мутмаин ҳастам, ки агар кулли ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама, дастҷамъона барои аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуб аз қабили тероризм, экстремизм, шомил гаштан ба азҳобҳои гуногунии мазҳабӣ чи хели ки Асогузорӣ Сулҳу Ваҳдати Миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти мӯҳтарами Кишвар Эмомали Раҳмон фармудаанд: “агар бо дасту дили пок”, ҳадафмандона тарғиботу ташфиқот барем, ҳеч гоҳ дар ҷомеаи мо ин гуна шахсонӣ ба ҷомеаю миллат хатарнок пайдо намешаванд ва аз табори онҳо будагиҳоҳам оҳиста-оҳиста фаҳмида аз ақидаҳои нодурусти худ даст мекашанд.                       

      Ҳасанов Ф.А., н.и.и.

омӯзгори калони кафедраи молия ва қарзи

ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик М.Осимӣ

 

   

Гузаштаи миллати тоҷикро аҷдодони боҷасорату боматонатамон сохта ба мо мерос гузоштанд, мо мардуми шарафманди кишвар дар пайравии Пешвои миллатамон имрӯзро бунёд сохтем. Ва мақсад дорем, ки худро барои ояндагон ҳамчун меросхӯрон тоҷвар ва ба ору номус нишон дода, барояшон фардои дурахшону ободро аз худ боқи  гузорем, то наслхои оянда донанд, ки ҳар кадоми мо ворисони арзандаи абармардони шуҷоъву далер, мардумони сарбаланду ватанпарвар ҳастем. Ва ба хотири пойдории сулҳу амнияти кишварамон талош намуда, ба решаи ин ҷинояткорону хиёнаткорон бо маданияту бо заковати азалии хеш теша хоҳем зад, то дарахти аз ғаразу кина пур гаштаашон бебору беҳосил монад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал бомаданияту бофарҳанг ва меҳандӯсту хештаншинос буд. Қаҳрамонҳое, дошт ки ояндаи миллати худ, яъне имрӯзи моро бар ивази ҷони хеш харида буданд.

Аз ҳамин лиҳоз барои мухолифони кишвар, ки бо ҳар гуна суханони авомфиребона суӣ мардуми мо тӯҳмат мезананд гуфтаниам, ки агар ҳуқуқшиноси тоҷик Файзинисо Воҳидова бар зиддди қоидаву қонуниятҳои кишвар амалкарда бошад, кардааст. Ин барои кори касе ва ба миллате монеа набуд. Суханони ӯ танҳо ҳаминро мемонад, ки бар пайравии мухолифони миллат забон як карда бошад, шояд. Тахмин мекунам, ки шояд муаммои марги мавсуф амал ва  ҳангомасозиҳои наҳзатиҳо бошад. Мусаллам аст, ки ин манфиатҷӯён то анҷом додани кори худ, бечорагону гумроҳонро истифода мекунанд. Дидаанд, ки Файзинисо бемору бечора гашт, фурсатро муносиб дониста, қасди ҷонаш кардаанду чун ҳарвақта онро ба гардани давлат бор карда истодаанд. Боре худ суханони гуфтаатонро андешед, эй кӯрсаводон, ки бегонагонро хуб фиреб медиҳед. Бо ин, ки давлати мо қасди ҷони Файзинисоро кардааст, фарз мекунем бегонагон бовар карданд. Бо кадом ақлатон шавҳари ӯро низ фиреб доданиед. Ҳол он, ки эътироф кардааст, ҳамсараш таи сесол аст, ки гирифтори ин беморӣ шудааст.

Ман ба ҳамаи мардумони ҳушёру зирак ва масъулиятшинос гуфтаниам, ки асло ба суханони ин фиребгарону хиёнаткорон бовар накунанд. Тавре мусоҳиботи коршиносонро оид ба марги номбурда хондам, ҳатто аз ҷониби табибон ҳуҷҷатҳои таҳлиливу ташхисии бемор нишон дода шудааст, ки ба ҷони ӯ бемории Ҳепатити «Б» таҳдид карда, оқибат ӯро ба доми марг кашидааст.

Эътирофи шавҳар ва табибони беморхона нисбат ба вазъи марги Файзинисо далели он аст, ки таоми суханони наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ дурӯғи маҳс аст. Мухолифон ва хиёнаткорони ватан, аъзоёни фаъоли ташкилоти терористии ҲНИ таҳти сардории Кабирӣ ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамқадаҳонатон хотима деҳед, то чакрае аз дараҷаи инсониатон осор монад ва агар ин корро карда натавонистед, пас бидонед, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они носипосону нобакорон нест, зеро хиёнати ватан худ бечорагони дарбадарро беватан кардааст.

 

ХАЙРУЛЛОЕВА Н.А. – муовини декан оид ба тарбияи факултети сохтмон ва нақлиёт

Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷавоби ҳаимн ғамхориҳои давлату ҳукумат моро мебояд, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби аср, бар зидди онҳое, ки мухолифи миллати мо ҳастанд мубориза барем. Амалҳои тӯҳматбори наҳзатиҳо ва дигар мухолифонро маҳкум намуда, барои ҳифзу ҳимояи кишвари худ саҳми сазовор гузорем.

 Бо итминоми комил гуфта метавонам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаманистон мегардонанд.

 

Боз як мақолаеро дар рӯзномаи “Дунё” хонда қалам ба даст гирифтам, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва махсусан ба ҷавонон муроҷиат намуда гӯям, ки хоин на мазҳаб, на миллат ва на ватан дорад. Собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон Шерзамонов А - аз Конгресси озодандешҳои Тоҷикистон, Кабири М – аз ҲНИ Тоҷикистон (ҲЭТ), Гадоев Ш – аз “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, Ёқубов И – аз Конгресси муҳоҷирати Осиёи Марказӣ дар хориҷ аз кишвар боз ба мақсади бадном кардани давлати тоҷикону сиёсати пешгирифтаи давлат, ки мӯҳтавои асосиаш дар сатҳи лозимаи байналмиллалӣ баланд бардоштани нуфузи тоҷикону тоҷикистониён аст, бо назари ғараз ва бо мақсади пардапӯшона амалӣ кардани ниятҳои бадашон дар давлати Полша ба ҳам омада ба давлату миллати мо боз тӯҳматҳои гӯшношуниду ибрози ақидаҳои сиёсии пур аз ифлосиҳоро равона сохтаанд. Агар онҳо ҳақиқатан ҳам фарзандони вафодори ин миллату ин ватан мешуданд, яке бо истифода аз мақоми хело баланд дар ҲНИ дошта ба табаддулоти давлати даст намезаду дигаре аз маводи мухаддир ҷавононро ба ҳалокат намерасонду саввумину чорумашон бо истифодаи пулҳои боғараз додаи хориҷиён ҷавонон моро шомили гурӯҳҳои салафиву ваҳобӣ ва шиапарастон дохил намекарданд. Ин ашхоси дар ҳақиқат ношукри ватан буда, имрӯзҳо дастовардҳои хело назаррабоӣ давлату ҳукумати Тоҷикистон, онҳо ва хӯҷаинҳои пасипардагиашонро хело безобита кардааст ва онҳо бо ҳаргуна баҳонаву тӯҳматҳои нолозима ба сӯйи давлату миллати мо санги маломат ҳаво дода истодаанд.

Ман ба ҷавонони ғаюру ба нангу номуси миллат ва кулли Тоҷикистониён муроҷиат карда мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат ба доми фиреби ин хоинони миллату давлат наавтед, ки онҳо барои қудрату вазифа, ҳатто аз рехтани хуни бародари худ ҳам даст намекашанд, онҳо садҳо ҷавонони соддаю софдилро ба доми фиреби худ дароварда солҳои 1992 то 1997 ба доми марг кашидаанд. То он ҷойе, ки мо огоҳ ҳастем баъзе аз аъзоёни пайравони ин ашхоси аз ватан гуреза ҳатто шомили гурӯҳҳои ДИИШ – гашта дар набардҳои Сурияву Афғонистон иштирок карда истодаанд. Шумо ҳамватанони азиз худ қазоват кунед, ки ДИИШ ба сарбозону ҳамсарони онҳо чи гуна муносибат мекунанд, онҳоро рӯйирост ба мурдан раҳсипор намуда ҳамсарони дар набардҳо кушташударо боз ба афсарони дигарашон ба ҳаамбистарӣ медиҳанд ва агар боз онҳо дар набардҳо кушта шаванд боз оилаи онҳоро ба афсарони дигарашон медиҳанд. Шумо худатон як мулоҳиза намоед, ки ин чи хел ислом асту инҳо чи гуна дӯстдорони исломанд?! Дини мубораки ислом талқин менамояд, ки хуни ноҳақ рехтан ҳаром аст. Таваҷҷӯҳ намоед, ки ин хоинони ватан ва миллат бо фиреб додани ҷавонони мо, чӣ даҳшатҳои сангинеро ба сари ин ҷавонони соддаю гумроҳ бор кардаанд, ки оонҳо дар асл ғайри шариатию шаръи кушта мешаванд ва ин хоинону хӯҷаинҳои ғарбиашон боз аз пайи фиреби ҷавонони дигар гашта, онҳоро ба доми фиреби худ бо истифода аз дини мубораки ислом ва маблағҳои комилан ҳароме, ки аз дигар мардум бо роҳи дуздиву ғорат ба даст овардаанд, гумроҳ месозанд. Ҳамдиёрони азиз ва ҷавонони бо нангу номуси ватани азизам. Тоҷикистон, Шумо бояд аз ин ватан, аз ин мулки биҳиштӣ, ин ин Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Президенти кишвар, гул – гулшукуфии Тоҷикистон шукрона карда худ ва дигаронро огоҳ намоед, ки ба доми фиреби ин хоинони мазҳабу миллату ватан наафтанд ва ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед.

 

Сармуаллими ДПДТТ,

н.и.ф., Акбаров А. А.

Роҳбарони ТЭТ ҲНИ дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд. Бо ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлин барои дигар хиёнаткори Ватан бадани худро собит намуданд. Воқеан, дар вуҷуди ҳар нафари беҳувият ва бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеҷ арзише ба ҷуз иҷроиши дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад...

Ин ташкилоти террористӣ пас аз озмоишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида, ба тарзи мудовом ба террори давлатӣ машғул шуд ва аз озодиву имконҳое,ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буд, истифода карда, кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотӣ ва таасубзада намояд. Афкори пучи ин ҳизб зеҳни даҳҳо ҷавононро мағшуш карда, сабаби ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳоро гардид. Ҳама амалҳои наҳзатиён хиёнат буд ба давлат, хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан ва хиёнат ба ҳамаи муқаддасоти ин марзу бум.

Хиёнат бадтарин амал аст, ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Аксари қонуншиканҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТЭТ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳ низ иттиҳоми асосӣ ба худи ТТЭ ҲНИ бармегардад ва равшантарин далели он Абдуҳалим Нзаразода аст, ки даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид.

Роҳбарони ҳизби наҳзат ҷоҳталабона аз дини мубини Ислом сӯиистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкилосонкунон вонамуд мекунанд. Вале аҳли ҷомеа найрангҳои ононро медонанд. Наҳзатиҳо аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб кардаанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд, иқтисоди кишвар рушд ва масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.  

 

Ахмедов Фазлиддинхон Валиевич - устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идораи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Аз ин мисраҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бармеояд, ки одамият бояд бо ҳам муттаҳид бошад, яъне дар зери ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунад на дар тафриқаву ҷудоиандозӣ. Мавлоно мегӯяд, ки мақсади ба дунё омадани мо барои васл кардан, муттаҳид кардан, ваҳдат кардан ва дусту бародар зиндагӣ намудан мебошад. Ингуна зиндагӣ кардан ба мрдум бахт меорад, баръакси он бошад рӯзи сахт меорад.

Мардумро ба гуруҳҳо ҷудо намудан, тафриқа андохтан ва фитна барпо намудан ин бузургтарин гуноҳ ба ҳисоб меравад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дустдоштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеъи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

Исмоилов Исмоил,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таърих ва арзишҳои маънавии халқи худ огоҳ аст, аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш дӯстию рафоқат ва ваҳдатро асоси оромию осоиштагии ҷомеа меҳисобад.

Президенти  кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои нави сиёсӣ, маънавию ахлоқиро дар ҷомеа пешниҳод намуд, ки он омили муҳимтарини тавлиди мафкураи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Аммо бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои афроди алоҳида он қадар писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд.

Ман борҳо иброз доштам, ки ҳама мехоҳад дар фазои оромӣ зиндаги кунад, ки Пешвои миллат ин шароитро ба мардум муҳайё сохтааст, танҳо бо як ҷумла ба мардум сулҳу ваҳдатро тақдим намудааст. Баъзе аз мухолифони кишвар бо тарафдорони наҳзатиҳо чӣ тавр чунин маъноро бардошт мекунед, ки ҳамкорӣ намудан бо ТЭТ, ки ҲНИ низ чунин эътироф гаштааст, кишвар ба сулҳи ҳақиқӣ расида метавонад. Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афродро, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонанд, ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро хиёнат ба Ватан ва бозӣ кардан бо тақдири 9 миллион  нафар аҳолӣ кори нобахшиданист.

Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзаимни биҳиштосост. Дар ҳамин радиф мо мардуми саодатманди диёр низ уммед бар он мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари миллати мақомотҳои давлатии Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд.

Хулоса аз ҳамаи шаҳрвандони баору номуси миллати азизамон Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки кӯшед, то ҳама вақт ҳампару боли давлату ҳукумат шуда, дар решакан намудани дарахти мухолифони Ватан саҳм дошта бошед. Нагузоред, ки ин хиёнаткорон бо ақидаҳои ифротии худ ҷомеаи моро носолим сохта, мардумони моро ба манфиати хеш истифода намоянд.

Фарзонаи Эраҷ,

устоди кафедраи барномрезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ