Таърих аҷиб гардише дорад,бо мурури замон баъзан ҳолатҳо ё шахсиятҳо аз рӯи тасодуф бошад ё тарбия якдигарро такрор мекунанд ва ҳаммаслакони худро ҳимоя мекунанд,калимаҳои "босмачӣ" ва "қурбошӣ"қариб фаромӯш шуда буд,аммо дар  ин айём раиси ТЭТ -Ҳизби хиёнаткори Наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва косалеси он Кури Юнус он босмачиҳое,ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ ,таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда,дар таърих ва байни мардум ҳамчун босмачӣ  шинохта шуда буданд,ҳимоя мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии мустақими худ ва Кури Юнус  дар баёни фикри худ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ қурбошиҳои асри гузашта Иброҳимбег,Фузайл махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро муҷоҳид эълон намуда ба мардуми олам кӣ будани худро тасдиқ карданд. Муҳиддин Кабирӣ аз калимаҳои ҷиҳод,муҷоҳид, мубориз ва шаҳид лаззат мебарад,зеро ин калимаҳо,саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти Ҳизби хиёнаткори Наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронад,мепӯшонад ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешавад.
Ҳизби хиёнаткори Наҳзат солҳои навадуми асри гузашта ҷиҳод эълон карда хуни мардумро рехт ва дар майдони Шаҳидон чунин эълон намуд:"Кушти ғозӣ мешави,кушта шави шаҳид мешавӣ ва ба ҷаннат мерави" ва имруз бошад бо тариқи шабакаҳои интернетӣ, Кабирӣ ва Саидюнус ҳамон фатвои бе аслро пеш оварда босмачӣ ва қурбошиҳоро муҷоҳид,мубориз ва шаҳид эълон намуданд.

Аз ин суханҳои бе мантиқ маълум мешавад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаки ӯ Кури Юнус аз он босмачиҳо фарқе надоранд. Худ,ки хиёнаткор ҳастанд,хиёнаткоронро ҳимоя мекунанд,ҳақиқати таърихиро дидаву дониста инкор мекунанд,халқи оддӣ аз дасти онҳо чӣ азобу уқубату машаққате дидаст онро намегӯянд ва даъво мекунанд,ки Иброҳимбег, Фузайл махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд.

Ҳақиқати ҳол бошад,қаҳрамони Тоҷикистон,фахри миллати Тоҷик, устод Садриддин Айнӣ гуфтаанд :"Босмачиён на ҳомии дин,ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору  яғмогару хунхоранд".Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ мебошад ва мо имрӯз гуфта метавонем, ки Кабирӣ ва Саидюнус аз он қурбошӣ  ва босмачиҳо фарқе надоранд,миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро.

 

   МӮСОЗОДА ҲОҶӢ ҲУСАЙН

Мусоҳибаи ба номи бо мардуми ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки хеле ноком анҷом ёфт, дар баробари ин ки омил ба зуҳури баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба ҳаракатҳои босмачигарӣ гардид, тарафи дигари фаъолиятҳои ифротгароёна ва зиддимардумии ин ташкилот ва Паймонҳои ба номи “миллӣ”-ву дар асли зиддимиллиро ошкор кард. Вақте Кабирӣ зимнан аз роҳу шеваи босмачиён дар оғози солҳои бистуми қарни гузашта сухан кард, аз гуфтори вай на танҳо андешаҳои ба истилоҳ ифротгароёнаи вай бори дигар тафсир шуданд, балки нукоти мармузи дигаре аз фаъолиятҳои пинҳонкоронаи ТЭН ҲНИ дар даврони мухталиф ошкор ва ин нукта дақиқан мусаллам гардид, ки Кабирӣ ва ҳаммасалакони вай ҳамон ҳаракатҳои зиддимиллиро аз дергоҳ пайгирӣ карда меояд, ки босмачиён доштанд. Аслан тайи чанд соли охир гуруҳе ба истилоҳ кушиши сафед кардани ҳаракати босмачигариро доранд ва ҳатто аз онон мехоҳанд чеҳраҳои миллӣ бисозанд. Вале муроҷиат ба таърихи гузаштаи миллати мо ва мутолеаи осори куҳани  адабиёти миллии тоҷикон худ баёнгари он аст, ки ҳамеша зиёиён ва донишмандон алайҳи таассуби динӣ ва ифротгаройӣ дар мубориза будаанд. Чун гуруҳҳое маъруф бо номи “зоҳид”, “муҳтасиб”, “воиз” ва амсоли ин, ки пайваста мавриди интиқоди зиёиён ва аҳли маърифат қарор доштаанд, ҳамон афродеанд, ки аз дин ба унвони қувва барои расидан ба ҳадафҳои хеш истифода кардаанд.

Таърихи дусад соли охири тоҷикону Тоҷикистон худ шаҳодати фаровоне дорад, ки ин ҷараёни босмачигарӣ на аз дидгоҳи фикрӣ, на аз назари сиёсӣ ва ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда, балки ағлаб пуштибонону парчамбардорони он нафароне маҳсуб меёфтанд, ки бо истифода аз номи  дини ислом мехостанд ҳадафҳои сиёсии хешро пиёда кунанд ва дар умум ба тарҳу бунёди давлати исломӣ даст ёбанд. Аз ин рӯ, дар оғози қарни гузашта асосан ин ҷараён аз сӯи равияҳои фикрие амсоли панисломистҳову пантуркистон идора мешуд ва ин амр баёнгари он аст, ки онҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи ислом истифода мекарданд. Айни ҳамон коре, ки ТЭТ ҲНИ дар оғози соҳибистистқлолии Тоҷикистон мардумро ба номи Ислом ба майдонҳо кашида, омил ба ҳодисаҳои хуношом гардид ва ҳамакнун бо гузашти солҳо ҳатто бо он ки аз ҷониби давлат ба онҳо имтиёзҳо дода шуд, вале ҳадафҳои нопоки хешро мехост пинҳонӣ амалӣ намояд. Чун аз сӯи неру ва ҳаракатҳои беруна, ки бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон хостор буданд, ин ҳаракат ва ҷараён идора мешуд, аз ин роҳ давоми бештар аз 15 сол ҳарчанд имтиёзҳо ва имкониятҳои хуб барояшон пешниҳод гардид, вале пинҳонкорона ҳадафҳои нопоки худро боз ҳам пайгирӣ намуданд.

Ҳамакнун руҷуи дигарбораи Кабирӣ ба ин ҷараён асрори мармузеро аз сафҳаҳои таърихро ошкор намуд. Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ҳануз дар даврони Шуравӣ ба таври пинҳонӣ амал менамуд ва танҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон чеҳраи аслии хешро ҷилвагар кард. Пас, равшан мешавад, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ташкилоти пинҳонкорест, ки  сарчашмаи ҳаракатҳои аслии хешро аз босмачигарӣ мегирад. Чун дар даврони нуфузи ҷараёни босмачигарӣ маълум буд, ки он аз берун идора шуда, ҳадафи аслиаш бо истифода аз номи ислом расидан ба қудрати сиёсӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ҷараён то охирин фурсат дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ошуб ва муборизаҳои мусаллаҳонаи хешро давом дода, қатлу кушторҳои зиёдеро ба миён овард, ҳатто чун мафҳуми бадӣ дар пиндор ва андешаи мардум боқӣ монд. Вале ҳамакнун маълум мешавад, ки гуруҳе аз инҳо, ки баъди шикасти куллии онон фирор намуданд, баъдан бо либоси дигар ба таври пинҳонкорона фаъолияташро давом дода, дар солҳои ҳафтодуми асри бистум бо таъсиси ҲНИ дунболи ҳамон ҳадафҳои аввалияи хеш ҳаракат карданд, ки натиҷаи он воқеоти солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Мутассифона, имрузҳо ҳатто нафароне пайдо шудаанд, ки ҳатто санг бар навиштаҳои устод Айнӣ мезананду мехоҳанд ба афкори зиддитаассубии ин устоди бузург ва қаҳрамони ҳақиқии миллат хати бултон кашанд. Магар, он ҳама ваҳшонияте, ки устод Айнӣ дар китобҳои “Таърихи инқилоби Бухоро”, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ғуломон” ва амсоли ин тасвир намудаанд ва дар онҳо нақши ин босмачиёне, ки ҳамон ҳадафи бунёди чунин давлатҳои ба номи “исломӣ”-ро пайгирӣ мекарданд, ҳамагӣ таҳрифи таърих аст. Ҳаргиз не. Бигзарем аз устод Айнӣ ва биравем ба рузгори Аҳмади Донишу дигар маорифпарварони қарни нуздаҳ. Суоле пайдо мешавад, ки омили аслии таваҷҷуҳи ин бузургони мо ба маорифпарварӣ ва таҷдиди назар ба низоми сиёсиву маърифатб чӣ буд? Магар мубориза зидди ҳамон ифротгаройии динӣ набуд, ки бо дасти чанд тан аз ҳамин гуруҳҳои манфиатхоҳ ва аз номи дини ислом суйистифодакунанда вазъи мактабу маориф хароб гардида, ҳатто низоми иҷтимоӣ ва ахлоқӣ рӯ тахриб ёфт. Тасвири вазъи таълим дар мактабҳои Бухоро аз ҷониби устод Айнӣ ҳаргиз имкон надорад, ки аз рӯи зарурат анҷом ёфта бошад, зеро он хотиротест, ки аз хурдӣ дар ёдӣ ӯ мондааст. Мушоҳидаи маҷмуи амалҳо ва рафтори нобаҷои онҳо бар зидди падидаҳои миллӣ ва маънавии халқи тоҷик Аҳмади Дониш ва дигаронро водор сохт, ки андешаи тағир дар сохтори иҷтимоиро ба миён гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ андешаҳои миллӣ ва маърифатпарвариро талқин намоянд.

Ба гумони ғолиб муаллифони он осоре, ки ба дифоъ аз босмачиён навиштаанду пайравони ин ҳаракат барои худ чун сипар пешниҳод мекунанд, аксаран нафароне ҳастанд,ки замоне бо ин ҷараёнҳо робитае доштаанд ё доранд ва ё пешинагони онҳо дар хидмати эшон будаанд. Мутассифона, имрӯз аксаран номи бархе аз зиёиёни он солҳои тоҷикро мехоҳанд ба ин ҷараёнҳо биомезанд, аммо ин дар ҳолест, ки чунин шахсиятҳои миллиро ҳаргиз набояд шомили ҳаракати босмачигарӣ ва босмачиён набуд, чун босмачигарӣ ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда ва нест.

 Баробари ин, бо итминон метавон гуфт, ки шояд агар нафароне аз ин гуруҳ шомил шудаанд, он ҳам аз руи ноогоҳии амиқ буда, онгуна, ки имрӯз мо шоҳиди онем, ки нафарони зиёде баъди дарки ҳақиқат ва бардоштани парда аз чеҳраи аслии ТЭТ ҲНИ аз роҳи хеш баргаштанд.

Ҳамин гуна, бегумон имрӯз мусоҳибаи Кабирӣ ба ҳақиқат ошкор сохт, ки ТЭТ ҲНИ идомаи ҳаракати босмачигарист, ки мехоҳад бори дигар аз номи ислом барои расидан ба ҳадафҳои хеш ба эҳсосот ва иродаи мардум бозӣ кунад. Аммо, хато мекунад. Чун мардуми тоҷик дигар онҳое нестанд, ки солҳои навадум ба ин суханони фиребои онҳо, яъне давомдиҳандагони роҳи босмачигарӣ бовар кардаву ба майдонҳо кашида шуданд. Ин таҷрибаи талхи таърихӣ барои мардуми тоҷик дарс шуд ва ҳамакнун онҳо медонанд, ки ба куҷо ва аз паси кӣ раванд ва имрӯз пуштибони  ҳақиқии миллат ва давлат кист? Пуштибонии Кабирӣ аз босмачиён бошад дарси ҳикматомузи дигар гардид, ки ҳамагуна паймонҳову созмонҳову ҷараёнҳои вай на миллӣ, балки зиддимиллӣ ҳастанд. 

                                      Нуралӣ Нурзод, Ходими илмии институти илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба

номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Офарин ба он давлатҳое, ки ба халқи тоҷик, миллати тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати азияткашида бовар карда  сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд. Ва ба пойдории миллати мо,  ҳастии фаҳанги волои тоҷикона заминагузорӣ намуданд. Масъулияти беш доштанд аз онҳое, ки зодагони ин марз буданд. Ин ҷо амалҳои ифроткоронаи наҳзатиҳоро дар назар дорам, ки бо чунин амалҳои бадахлоқии хеш ҷомеаро доғ гузошта, бо роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон аз пуштибонии он нафарони бадахлоқе, изҳор кардааст, ки бигзор ин амалҳо дар паси парда монад. Ва дар дил онро хоҳон аст, ки бигзор фарҳанги милли тоҷикон бадин васила зарба хӯрад.

Мо, миллати саодатманд ва куҳантамаддуни тоҷик ҳаргиз ба ин иҷозат нахоҳем дод, ки бо чунин ақидаҳои нопокатон моро тавсия диҳед, зеро то кунун касе аз наҳзатиҳо барои коре тавсия напурсидааст. Аз ин рӯ инро қабул намоед, ки дигар касе шуморо гӯш нахоҳад, кард. Вақте, ки шумо ин қадар тарафдори он бошед, ки чунин амалҳои аз доираи одоб берун идома ёбад.

Мардуми ваҳдатшиор  ва сулҳҷӯи тоҷик ҳанӯз аз давраҳои хело таърихӣ дорои маданияти баланду фарҳангӣ бою ғанист. Ин аст, ки барои зинда нигоҳ доштани фарҳанги миллии тоҷикона тамоми мардуми кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талоши беш аз пеш доранд. Ва бо ҳамин ҳадаф мехоҳанд, ки теша ба решаи онҳое мезананд, ки бо амали зишти хеш ба фарҳанги миллии моро рахна зада, онро олуда карданианд. Гузашта аз ин зиддият ҳам нишон медиҳанд бо таҳдидҳо, ки набояд алайҳи ҷинояткорон бояд ҳукумати кишвар мубориза набаранд. Чи магар тамошо кунем, ки фарҳанги миллати мо чи тавр завол меёбад. Майдони тамаддуну фарҳангро холӣ гузорем, ки шумо онро барои сер кардани нафси худ истифодакунед. Ин хоҳиш ва тавсияҳоятонро бо онҳое гӯед, ки бо чунин кор машғуланд ва ҳатман онҳо бо даҳ гӯши худ гӯш карда аз шумо ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Албатта кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барои наҳзатиҳо нафорам асту дигар роҳи таъсиррасониро наёфта зӯрашон танҳо ба ибрози ақидаҳое, ки доираи одобро намедонад, расидааст.

 

  Кишвари тоҷик, аз азал дорои фарҳангӣ бою ғанист. Албатта инро касе қадр мекунад, ки онро медонад. Бо кӯшиши пайгиронаю дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон ба мақсади мукаммал гардондани ҳаммаи ҷанбаҳои фарҳанги милли тоҷикӣ таваҷҷӯҳи махсус равона гардидааст.

Дар ҷавоби изҳороти Кабирӣ, раиси Паймони милии Тоҷикистон гуфтаниам, ки шумо худ, кӣ ҳастед, ки аз фарҳанг сухан мекунед. Оё наҳзатиҳо фарҳангро медониста бошанд? Бале шояд шинохту донистани шумо фарҳанги азҳоби худатон бошад, фарҳанги ботини нопоки худатон бошад. Вале айнан ҳамон фарҳангеро, ки пушти он фасодкориҳои шумо паси парда мемонад, бо фарҳанги милли мо тавъам нест. Зеро арҷгузори ва гиромидошти зан ва модари тоҷик барои фарҳанги ахлоқи ва маънавии халқи азизам аз ҳама болотар аст. Ва васвасаҳи Кабирӣ, ки гуноҳи зан чист ва гуноҳи кудак чист, маънои онро дорад, ки бигузор мардҳо барои фиреб надодани нафси худ бояд занро фиреб диҳанд.

Ҳамватанони азиз! Бори дигар аз он, ки фаъолияти ин азҳоб дар марзи кишвар баста шуд, шукр гуфтам. Ва боварӣ дорам, ки  решаи ин бетамизон ҳамин тавр оҳиста хушк мешавад ва тамоми олам аз олудагиҳо эмин хоҳанд монд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон банди Конститутсия Тоҷикистонро вайрон накардааст, дар ҷумҳурӣ сулҳу субот пойдор аст. Вале бояд қайд дошт, ки ақидаҳои ғаразноки наҳзатиҳо миёни мардум бахусус дар баъзе маҳалҳо бо дахолати ин ҳизб оромиву осудагии мардумро халалдор карданӣ ҳастанд. Мо ҳама мусалмон ҳастем барои мусалмон будани мо ҳеҷ гуна ҳизби назҳати ислом зарурат надорад ва барои пайрави дини ислом будан дафтарча ҳам лозим нест.

 Имрӯз наҳзатиҳо дини исломро ба дини худашон иваз карда ба мардум мефаҳмонанд, ки ин фарҳанг нест, дигар шариат нест. Дар ҳақиқат аз байни опозитсионҳо ба хориҷи кишвар онҳое фирор карданд, ки бадахлоқу  чашмгурусна ва бефарҳангу бедин ҳастанд, пулу молу чизро аз модар, ватан, фарзанд дида авлотар медонанд, онҳое, ки мансаби муфтро мехоҳанд, коргурезу муттаҳам ва хиёнаткору иғвогар ҳастанд фирор карданд ва мо онҳоро гуреза не ватанфурӯш меномем, муҳоҷир не хоин меномем. Дигар суханронии онҳо кадом аҳамияти хосе надорад, ки пушти он касе андеша намояд.

Ҳанӯз дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Бешак, дар замони истиқлолият соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ - ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тавсиб расида, ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. 

Аммо тавре аз бархеи расонаҳо изҳороти Кабириро хондам, масоили вобаста ба фарҳанг  инқадар шурӯ ғавғо намудааст, ҳол он, ки фарҳанги миллат як тараф ӯ фарҳанги ахлоқро худ намедонад.  Пас,  ки ба ӯ бовар мекунад. Кабирӣ дар ин изҳорот аз чи назарболоӣ кардаасту бо кадом саводаш омӯзгорӣ, ки дарси ахлоқ медиҳад. Чи магар наҳзатиҳо дасту пои давлату ҳукуматро бастааст, ки ба чунин ҷиноятҳо сарфи назар намоянд.

 “Ҷаноб”- и Кабирӣ, фарҳанге ки домуллову муллоҳои замонавӣ таҳти роҳбарии шумо доранд, аҷабо кадом фарҳанг бошад? Магар ба инаш ҳам чашм пӯшем, дили пурҷӯшу хӯрӯши шумобарин домуллоҳову наҳзатиҳо боз чӣ мехоста бошад?

Фасл кардем, ошкор намекунем, монем,ки чунин ҳаромкориҳои муллоҳое фасодкор давом ёбад. Ҳаргиз ҳар вақте, ки наҳзатиҳо сухан мекунад ҳатман паси он кадом балое мегардад. Агар фикри ин беимонҳоро кунем, пас, кӣ фикри фарҳанги моро мекунад, ки он бояд ба маънои томаш дастраси ояндагон бошад?

Бале мо бисёр хуб медонем, ки “фарҳанги наҳзатиҳо бениҳоят аълост ва аз рӯи шариат аст”. Ана маҳз барои ҳамин нафароне, ки сари домуллоҳо ва дигар шахсоне ба наҳзатиҳо муталлиқ коруфтода мегарданд. Чи тавре, ки Кабирӣ дар боло қайд доштааст, албатта аввал дар масъалаҳои хусусии худ истифода менамоед. Ва боз ин наҳзатиҳо соҳибфарҳанг исломанд. Ба ин рафтору ин амалҳои ғайриахлоқии шуморо, ҳатто ҳайвонҳо низ лаънат мекунанд. Ҳол он, ки модару зани тоҷик ва кӯдакони маъсуми онҳо. Ин ҳама натиҷаи амалҳои зишти худи шумо буд, ки мутаасифона дарди онҳоро ин бечорагон мебинанд. Вақте дили “ҷаноб”-и Кабирӣ ин қадар барои модари тоҷик ва кӯдакони бегуноҳи онҳо сӯхт, чаро дар тарбияи шогирдонаш хато кард. Муллогиву роҳзанӣ, хиёнаткориву одамкушӣ, тирпарониву нашъаҷалобиро ку омӯхт, ҳадди ақал аз инсоф кор гирифта, одоби ғайриахлоқиро манъ мекард. Ва имрӯз бо русурхи ба мардум сухан кунад. Ҳамаи суханони Кабириро хонда мақоле ба ёдам расид, ки бесабаб бузургон нагуфтаанд: “Ҳам фасодкориву ҳам пешгирӣ”.

         Ҳамин тариқ ба “ҷаноб” и Кабирӣ гуфтаниам, ки халқро фиреб додан басо кори мушкил аст. Ту бояд донӣ, ки ҳеҷ гоҳ ба чунин “фарҳангшиносӣ”и ту касе қоил намегардад. Сабаб ин, ки охир ҳама медонад, наҳзатиҳо номи исломро барои манфиатҳои киса ва нафсашон истифода мекуннанд. Ва боварӣ дорам, ки рӯзе бо ин хулқу атвори хеш ба ғазаби Худо гирифтор шуда, макони мурданро намеёбанд. Ин гуфтаҳо таҳқир ё таҳдид нест, балки натиҷаи суханони худи ӯст, амалҳои нопоки ӯст.

         Кабирӣ ту аввал фарҳанги ботини худро шинос, ки чӣ гуна аст? Баъд сухан кун бобати фарҳанги кишвари дорои аҳолии 9 миллион нафара, ки чи гуна аст. МО ХУБ МЕДОНЕМ, КИ ФАРҲАНГӢ ШУМО ЧИ МЕХОҲАД. ФАРҲАНГИ КАБИРӢ ВА НАҲЗАТИҲО ИН АСТ, КИ БИГЗОР МАРДҲО ЗАНИ ТОҶИКРО ФИРЕБ ДОДА, ҲАМИН БАД- АХЛОҚИРО ДАВОМ ДИҲАНД

Атаева Таҳмина Ҳусеновна, устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд                                     

 

                                                     

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ТЭТ ҲНИ боз ҷангҷӯй ва беимону бефарҳанг буданашро нишон дода истодааст, оё ин ҳизб нест, ки аз будани худ сӯйиистифода намуда ба сабру таҳаммули мардуми кишвар бо ҳар гуна дасисабозиҳо дахолат намуда, мардуми гумроҳро ба хунрезиҳои нав, интиқомҷӯйиву бесарусомонӣ, бо таҳдиду фишорҳои динӣ гӯё мусулмонӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намуда, сабабгорӣ беооромии кишвар гардидааст, чӣ хел нодида гирем.

Имрӯз баъзе мардуми бесавод  бо риш мондану ба тан сатр гирифтан ин мусалмонӣ комил будани худро гӯё нишон медиҳанд ба ваъдаҳои росту дуруғи ТЭТ ҲНИ бовар мекунад, ба ҷои ин, ки ба Худо бовар дошта бошанд, мутаасифона Худои худро дар симои наҳзатиҳои пастфитрат ва бадахлоқон мебинанд. Ин мардум намефаҳмад, ки зери коса нимкоса ҳасту ҳамаи ин “дилсӯзони ислом” барои мансабу барои ҷой  мехоҳанд бо ин роҳ осоиштагии мардумро барбод диҳанд.

Ҳоло бошад, риояи дини исломро дар он мебинанд, ки бигзор ҳар нафаре чи коре кунад кардаст, ба ин дахолат набояд кард. Вале дар ҷое Кабирӣ баён доштааст, ки дахолат ба масоили шахсӣ ва беобрӯ кардани нафаре фарҳангӣ наҳзатиҳо набудааст. Бале, алббата маҳз дар ҳамин масъалаи бадахлоқӣ ва пинҳон нигоштани он фарҳангӣ шумо инъикос мешавад. Ва масъалаҳои хиёнат ба ватан ба падару модар динфурӯшиву мансабталошӣ умуман наҳзатиҳо фарҳангро кор намебаранд.

Тайи моҳҳои охир дар расонаҳо аз ҷумла «Ахбор.сом» ва «Паём.нет» зиёд матолиб оиди  фаъолияти норавшани ҲНИ ба мушоҳида мерасад. Маълум, ки муаллифон амсоли Саидюнуси Истаравшанӣ аз хоҷагони шиапарасти худ манфиатдор буда, мекӯшанд ҳарфи дурӯғро рӯи қоғаз оварда, кишвари моро бо ҳар гуна восита бадном созанд. Ин амали ба ном «Худотарсон» чандон аз рӯи мардигарӣ нест. Чунончи Саидюнуси Истаравшанӣ дар шабакаи иҷтимоӣ аз изҳори нигаронии Муҳиддин Кабир дар мавриди нақзи ҳуқуқҳои занон дар кишвар ишора карда, афзудааст, ки наҳзатиён ҳам метавонистанд бо овардани наворҳои видеоӣ обрӯи мансабдоронро паст намоянд, аммо дар ин ҷода таҳаммул мекунанд. Онҳо дар даст ягон факт ва далел надоранд. Маҳз ҳаминҳо сабаб шуданд, ки ба домуллоҳои худотарсу соҳибфазилат ҷомеа бо чашми дигар нигоҳ мекунанд. Амалҳое, ки аз ҷониби баъзе аз аъзоёни ҲНИ, ки даст ба фолбиниву табибӣ задаанд, воқеан ҳам гӯшношунид аст.   Зеро онҳо ба корҳое даст задаанд, ки инсони комил, олими дин ба ин кор ҳаргиз намеравад.  Худи вожаи исломро дар шеваи фаъолияти худ корбурд кардан ва манфиат ба даст овардан гуноҳест азим ва нобахшиданӣ, ки онҳо боз ба иғвову дасиса даст задаанд. Чун аксари мо ба Худову расул эътимоди кулл дорему Худоро бо дил мешиносем ҳатман дар гӯшаи диламон пас аз чунин таблиғот ангезаи нобоварӣ нисбати давлат эҳсос карда мешавад. Маҳз бозӣ кардан бо эҳсоси мардум буд, ки мо сабақи талхеро дар гушту нохуни худ эҳсос намудем..

Бояд иқрор шуд, ки ислом ба гурӯҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рӯ ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

Зеро ба андешаи мо сабаби аз фаъолият мондани ҲНИ маҳз сиёсати нодуруст, нигоҳи нобаробар ба мардум  мебошад. Ин ҳизб фаъолияташ чӣ кори манфиатбореро ба халқ анҷомдод? Бидуни ин ҳизб ҳам ҳама мардуми тоҷик мусулмонанд ва ниёз ба ҳизби исломӣ надоранд.

Шукрона барои мардуми тоҷик ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, истироҳат, зисту зиндагонӣ ва кору фаъолият фаровон аст.Вале, ташкилкардани ҳизб бо номи «Наҳзати ислом» магар дуруст аст? Зеро ки исломин маданият, ибодат, гузаронидани расму оин, рукнҳои динӣ ва ҳаёти инсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Барои намозгузорони мамлакат масчидҳои ҷомеъ ва марказӣ дари худро боз намудааст то ки мардум ибодат кунанд. Ё тарҷимаю тафсири китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, эълон гардидани бузургдошти Имоми Аъзам, бозгардидани муассисаҳои таълимии қонунии исломӣ ва даҳҳои дигар чорабиниҳо аз таваҷҷӯҳи асосӣ ба шумор рафта, дониши динию дунявии шаҳрвандонро сол аз сол қавитар ва огоҳтар менамояд.

Шояд савияи дониши мо то имрӯз намерасид вале имрӯз ҷаҳонбинӣ, сатҳи маърифат ва муносибат бо дин дигар шудааст. Манзур аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки қонунгузорӣ оиди фаъолияти бисёр ҳизбӣ иҷозат медиҳад ва иҷозат ҳам дод. Вале ҷавонону шаҳрвандони мо медонанд ва ниёз ба иттилоъ ҳам надоранд, ки ҷомеаи мо ба ҳизби исломӣ ниёзманд нест.

Ба мисолидигар, баромад кардани баъзе аъзоён ва гӯё пешвоёни ҲНИ дар маърака ва расму оинҳои динӣ – мардумӣ оид ба ҳидояти мардум ва ошноӣ аз ақидаҳои динӣ ин хизматионҳо нест. Ин ҳама анъанаҳои динӣ ва маросимҳое, ки солҳои сол идома ёфтаистодааст, бидуни фаъолияти ин ҳизб ҳам мардуми Тоҷикистон ҳама мусулмонанд ва аз дину диндорӣ бархӯрдоранд. Аксари мардумони Тоҷикистон тарафдори исломи анъанавие мебошанд, ки дар тӯли 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ ва то имрӯза рӯзи вуҷуд дорад.

Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Ф. Аюбова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбҳои гуногун дорем, ки барои ободии ин меҳан кору фаъолит мекунем.

Аммо иддае аз мухолифони кишвар, яъне наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони он аст, ки фарҳанги милли тоҷикон бо айби бархе нохалафону бадахлоқон барбод равад. Дар изҳороти Кабирӣ омадааст, ки модарону духтарони онҳоро фикр накардаанд. Агар Кабирӣ ва аъзоёни ӯ фикри зани тоҷик ва духтари тоҷик бошанд, пас чаро ин хиёнатро қабул доранд. Гузашта аз ин идомаи чунин амали ғайри ахлоқиро хоҳон аст. Барои чӣ имрӯз он ваъдаҳои сулҳкунандаро вайрон карда бо ақидаҳои ба худ мувофиқ мехоҳед оромиро халалдор намоед. Акнун ба ин “дилсӯзӣ” ҳои шумо касе бовар намекунад. Ва ба ин афкороти наҳзатиҳо, ки хиёнат нисбат ба зан аст, тамоми мардум маҳкум менамоянд.

 

 

(посух ба Саидюнуси Истаравшанӣ )

Саидюнуси Истаравшанӣ яке аз думравони Муҳиддин Кабирӣ, ки бо мазҳабфурӯшии худ шӯҳраи олам шудааст,  дар шабакаи иҷтимоӣ “роҳбар”-и маънавии худро ба инсони поку зоҳид, худотарсу фазилатпеша баробар карда, аз суханрониҳояш дар гуфтугӯи мустақим бо мардум, ки шаби 18 –уми январ сурат гирифта буд, ёдовар шудааст. Бояд гуфт, ки  ин аввалин вокуниши Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди аъзои ҳизбаш, ки бо сеҳру ҷоду даст ба домони занон мезанад, аст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои телевизионии кишвар сокинон шоҳиди чандин наворҳои видеоӣ гардида буданд, ки домуллотарошони беимон, ки дар маҳалу гузар ва ҳатто шаҳру ноҳияҳо соҳиби обрӯю эътибори хосса доштанд, бинобар содагии мардум аввалан маблағи онҳоро бо роҳи фиреб ба даст меоварданд, сониян бо баҳонаи кушодани бахт ва фатҳу кушоиш ҳатто даст ба домани иффат мезаданд. Аввалҳо худи мардум ба ин воқеаҳои гушношунид бовар намекарданд ва дар гӯшаи хаёлашон низ ҷойгир намекарданд, ки наход чунин мӯйсафедони Худтотарс, ки аз ҳар суханашон калимаҳои мубораку муқаддаси Худову Расул садо медоданд, даст ба амалҳои нангин зананд. Баъдан, вақте наворҳои пинҳониро насб карда, аз “хутбахониҳои” онҳо огаҳ шуданд, лаънати бисёр ба ин нафарон хонданд. Аксари ин домуллоҳои беимон, ки аз кӯчаи одобу ахлоқ ва диниву диёнат нагузаштаанд, парвардаҳои Ҳизби наҳзати исломанд. Мақсади ин нафарон, ки бо супориши махсуси хоҷагонашон иҷро мекарданд, беобрӯй кардани давлат ва Ҳукумати кишвар, бор кардани тӯҳмат бар сари олимони воқеан ҳам диншиноси тоҷик мебошад. Корномаҳое, ки дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисору Восеъ аз ҷониби ин гуна домуллотарошону дамандозон сурат гирифта ғазабу ғиреви халқро дуболо намуд. Охир инсоф ку. Ба даргоҳи ин нафарони беандешаву золим нафароне меоянд, ки дар зиндагӣ худ ба шикаст дучор шудаанд. Яке рӯи фарзандро надидааст, дигаре аз бевафоии шавҳар ва моил шуданаш ба ҳамсари худ соддалавҳона ба ин “табибон” муроҷиат мекунад, аммо дар ҷавоб худ хушунат мебинад. Аксари ин руҳшиносон чунони психологҳои машҳур шудаанд, ки дар як лаҳза занонро ба сеҳри худ медароранд. Кайфияти яклаҳзина дину имони онҳоро месӯзонад. Ҳа, ин нафарон дину имон надоранд, онҳо ҳизб доранд, бо номи наҳзат. Онҳо роҳбар доранд бо номи Кабирӣ, ки ба хотири ба даст овардани манфиат ба ҳама чиз қодиранд. Боз Кабирӣ чун фариштаи бегуноҳ айби ҳамсафони худро рӯйпӯш карда, чунин амалҳоро инкор мекунад, балки ҳушдор ҳам медиҳад, ки чунин наворҳоро онҳо ҳам доранд. Ин дурӯғи маҳз аст. Кабирӣ дар баромадаш боз ишора кардааст, ки дар масъалаи сиёсӣ ба миён гузоштани обрӯи зан, хоҳар ва модарон  ҷоиз нест.Ин суханонро нафаре гуфта истодааст, ки худи аъзояш даст ба фаҳш мезанад. Ислом қудрати ислоҳ кардани ҳамаи гуноҳҳои бандагонашро дорад, дар сурате, ки бандааш дар назди Худо тавба намояд. Исломро бо таассуб не, бо дилаш бишносад. Ин “мӯъбадон”, донандагони илми “исломӣ” дар назди мазҳару ом, дигар сухан мекунанду дар хилват кори дигар.  Ва Саидюнус худ медонад, ки домуллоҳои беимон аксар ба ӯву роҳбараш итоат карда дар кунҷи дилаш билети партиявиро муқаддас мешуморанд, на имону эҳсоси Худотарсиро ....

Шуҳрат Усмонов,

мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ