Либос таҷассумгари ботини инсон буда, фикру андеша ва пайравии шахсро ба ягон фарҳанг нишон медиҳад. Чунончи, ниёгони тоҷикон фарҳанги бой ва чандинасра дорад, либоси миллиамон низ хеле зебову шинам ва ба шароити муосир мусоид мебошад, ҳам аз ҷиҳати гигиенӣ ва ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ хеле қулай аст. Хурсандиовар аст, ки аз тарафи роҳбарияти давлат ба эҳёи ҳунарҳо ва либоси миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидааст.Аз таърих маълум аст, ки дар ҳама давр зан, модар нигоҳдорандаи расму оини муқаддаси ниёгон ба ҳисоб рафта, яке аз муаррифкунандаи анъанаҳои тоҷикона дар ҷаҳон мебошад. Ҳангоми дар бораи либоси миллӣ сухан гуфтан, пеши назар симои зан ҳамчун олиҳаи ҳусн бо либоси зебои шинам, рангоранг ва гулпарто меояд.

 Лекин, солҳои охир либоспӯшии занҳои мо дигаргун шуда, ин масъала боиси баҳсҳо дар ҷомеаи мо оиди фарҳангдории миллӣ гардид ва то ҳоло идома дорад.

Афсӯс, ки баъзе аз духтарон ва занҳои тоҷик  либосҳои ба фарҳангу миллати мо бегона ба бар мекунанд, ки баръакс ҳусни зебои тоҷиконаи онҳоро коста ва доғдор месозад.

Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.

Аммо ба ин нигоҳ накарда, баъзе занони тоҷик ҳусни зебояшонро бо либоси бегона коста карданд, ки ҳар як инсони ватандӯст ва миллатпараст аз ин падидаи номатлуб андӯҳгин мешавад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки либоси хизматии расмӣ иҷозат дода шудаст, ба шарте ки шинам ва зебо бошад. Муҳим он аст, ки занони тоҷик бояд шарму ҳаёи шарқиёнаро аз даст надиҳанд ва фарҳанги ниёгонамонро азиз ва нигоҳ доранд!

 

 

 

Ҳар як қароре, ки имрӯз аз ҷониби ҳукумат бароварда мешавад, бар нафъи халқу миллати тоҷик равона гардидааст,ки бинобар ин моро мебояд, ки қадру қиммати арзишҳои миллиамонро ҳифз намуда барои пешрафту рушди ояндаи он саҳмгузор бошем. Зеро таърих гувоҳ аст, ки ҳар як миллат дорои маданияти хоси либоспӯширо дорад. Маълумотҳои қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯранд. Бозьёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва предметҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои асри 19 ва аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста буд. Либоси занон аз курта, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар шимоли Тоҷикистон) иборат буд. Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребони куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепушиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи, зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд. Буриш ва дӯхти курта дар ҳама ҷо як хел буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Дарозии он одатан аз зону поён буд, вале барои ҷавонон кӯтоҳтар медухтанд. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ, баъзан уфуқию шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданд ё шероза мечаспонданд. Дар шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбуғаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон аз болои курта яктаҳ, ҷелаки беастар мепӯшиданд. Дар Қаротегин, Дарвоз, Яғноб, Мастчоҳ дар пеши ҷелак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медӯхтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктаҳҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Помир ва баъзе қишлоқҳои Дарвоз аз рӯи курта камзӯлчаҳои кутоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаю кампахтаи абраю астардор, ки дар лаби доман, сар остинаш зеҳ мешинонданд, инчунин чакмани моҳутӣ, пашмин ва пӯстин либоси зимистона ҳисоб меёфтанд. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна дар байни сокинони он, аз ҷумла тоҷикон, хелҳои нави пойафзол ва ғайра пайдо шуда, либоси аврупоӣ расм шуд. Ҳоло ҷои куртаҳои якқаду чакман, чоруқу мукиро палтою костюм, плаш, мӯзаю ботинка мегирад. Вале анъанаҳои беҳтарини либоси миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамияти худро гум накардаанд. Дар замони имрӯз бошад баъзе аз бадхоҳони миллати тоҷик ба монанди ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мехоҳанд, ки бо истифодаи бархе аз қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бароварда истифода бурда мардумро ба иғвогарӣ ва бадандеши ҷомеаи имрузи ҳукумату давлат гардонанд Мардуми тоҷик таърихи бойю ғании либоси миллиро доро мебошад, ки ҳеҷ гоҳ ба гуфтаи як ду суханҳои ночизи бадхоҳони миллати азизамон гӯш намедиҳанд ва барои оромии миллатамон саҳмгузорӣ мекунанд.

Норов Исматулло,

устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Давлати соҳибистиқлоли тоҷик, диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, миллати бофарҳанг, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба Ватан мебошад. Ин маконест, ки на танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони  бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо иқомат менамоянд ё ин ки кор мекунанд аз роҳбари давлати худ аз Пешвои муаззами миллати тоҷик мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки таи солҳои охир бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллати Тоҷикистон ватани азизи мо боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.

Бадбахтона бархе аз кӯрдилону носипосон сарфи назар аз ин неъматҳо аз ин ҳаёти хушу хурраму озоди мардуми мо, ҳар гуна амалҳои нангин ва ифротиро анҷом медиҳанд. Нахзатиҳои кӯрнамак, ки худ ба қадри ин мустақилият ва ваҳдати миллии кишвари моро нодида гирифта бо ҳар гуна дасисабозиҳо миёни мардуми миллат шӯру иғво ангехта истодаанд.

Вале хушбахтиовар он аст, ки мардуми босаодати миллати мо бо якдиливу якзабони дар пайравии Пешвои миллат барои пешравии миллати азизамон талош меварзанд. Ин аст, натиҷаи муттаҳидии мардуми кишвар, ки ҳадафҳои нопоки мухолифон ҳамеша барбод рафтаву бесамар мемонад. Зеро халқи тоҷик бо якдиливу якзабонӣ алайҳи ин наҳзатиҳое, ки имрӯз паи милати мо ҳар гуна ахбороти дурӯғу пур аз воҳимаро паҳн карда, ба ақидаи мардум таъсир расониданӣ мешаванд. Ин амал баръакси ҳолат худи онҳоро ба кӯи навмедӣ бурда истодааст. Зеро миллате, ки мардумони он бохираду боақл бошанд, намегузоранд, ки онро ба мисоли Кабирӣ барин номардони замон ба арсаи нестшавӣ баранд.

Гузаштаи миллати тоҷикро аҷдодони боҷасорату боматонатамон сохта ба мо мерос гузоштанд, мо мардуми шарафманди кишвар дар пайравии Пешвои миллатамон имрӯзро бунёд сохтем. Ва мақсад дорем, ки худро барои ояндагон ҳамчун меросхӯрон тоҷвар ва ба ору номус нишон дода, барояшон фардои дурахшону ободро аз худ боқӣ гузорем, то наслҳои оянда доннанд, ки ҳар кадоми мо ворисони арзандаи абармардони шуҷоъву далер, мардумони сарбаланду ватанпарвар ҳастем. Ва ба хотири пойдории сулҳу амнияти кишварамон талош намуда, ба решаи ин ҷинояткорону хиёнаткорон бо маданияту бо заковати азалии хеш теша хоҳем зад, то дарахти аз ғаразу кина пур гаштаашон бебору беҳосил монад.

Мо, мардумони диёр хосатан ҷавонони хушиқболи замони истиқлол фахр аз он дорем, ки миллати мо соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ифтихор аз он дорем, ки сарваре дар болои сари хеш дорем, ки дурандешу ояндабин ва бениҳоят хирадманд аст. Аз ин ҷост, ки сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегирад. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад, ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Акбаров Амон Акбарович,

устоди кафедраи математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

Либоси миллӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва тамаддуни гузаштагони мо буда,  давоми асрҳо зебогию фасоҳати  худро бой надода, баръакс бо мурури замон такмил меёбад. Аз қадимулайём маълум аст, ки тоҷикон дар ақсои  олам ҳамчун миллати дорандаи таъриху тамаддуни бузург на танҳо бо шоирону бузургони худ, балки бо шаҳрдорию офариниши матоҳои абрешим, атласи оламшумул шӯҳратёр гаштаанд. Боиси ифтихори миллӣ аст, ки  бо шарофати Пешвои муаззами тоҷикон, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида,  либоси миллии тоҷикон рушду нумуъ меёбад.

Аз давраҳои куҳан ҳам маълум аст, ки шоҳону амирон ҳам барои сарлашкарону ҳомиён беҳтарин худ, ҳамчун нишонаи иззату икром матоҳои зарбофти атласу адрасро тақдим мекарданд. Имрӯзҳо ҳам аз сарчашмаҳои интернетиву оинаи нилгун намоишҳои мудро тамошо намуда, дарк менамоем, ки тарроҳону дӯзандагон на танҳо куртаҳоро бо услуби тоҷикона, инчунин анвои гуногуни либоси миллиро бо тобиши аврупоӣ дӯхта, миқдори зиёди услубҳои либосҳоро пешниҳод намуда истодаанд, ки симои духтарони тоҷикро оро дода, диққати сайёҳону меҳмононро ба маданияти фарҳанги миллати мо  боз  ҳам зиёдтар намудааст.

Аз қадим занону духтарони тоҷик оину анъанаҳои миллиро ҳамчун як муқаддасот посдорӣ менамуданд, аз он ҷумла либоси миллиро низ як рукни арзандаи фарҳанги миллӣ дониста, онро ҳифз менамуданд, онро аз омезишҳо ва тақлидкориҳо эмин нигоҳ дошта, аз қарнҳои қарн ба имрӯзина ҷавонон мерос гузоштанд. Бинобар ин ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои Рашт, шоҳину алочиву Ҳисор, куртаву тоқиҳои Бадахшон арзишу муҳимияти худро гум накардаанд. Пас, моро низ мебояд, ки як ҷузъи таърихи куҳанбунёди аҷдодони худро – либоси миллиро бе ягон тағйироту иловаҳо, бе ягон тақлидкориҳо, омезишҳо ҳамчун мероси арзишманд ҳифз карда, онро ба наслҳои оянда мерос гузорем. Худ бо пӯшидану муаррифӣ намудани атласу адрасҳо барои кӯдакону наврасон намуна бошем, арзишу гаронии онро ба онҳо низ фаҳмонида, тавонем, ки онҳо низ бо пӯшидану тарғиботи либоси  зебои атлас бо садою нағмаҳои кӯдаконаи худ ба мо ҳамнаво бошанд. Аз хурдӣ онҳоро омӯзонем, ки пӯшидани либоси миллӣ, пос доштани фарҳанги пурғановати ниёгон низ нишонаи ватандорист. Шахсе, ки Модар, Ватан, шаъну шараф, посдории тамаддуни гузаштаро ҳифз мекунад, сифати инсонии худро гум накардааст.

Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони имрӯза бешуурона, бехабар  аз арзишу зебоии либоси миллӣ, тақлидкорона ба фарҳангҳои бегона, бо пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи часпида, шаффофи тобанда, доманаҳои кӯтоҳ рӯ оварда, хавфи коҳиши фарҳанги миллиро ба миён овардаанд.  Ё баръакс бо пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ, ки дур аз фарҳанги мост мехоҳанд афкори ҷомеаро ба таассубу ҷоҳилият бубаранд.   Бубинед, ки бо чӣ қадар душворӣ занону бонувони тоҷик аз қадим либоси миллиро то имрӯз бе ягон тағйирот ба мо мерос гузоштаанд, пас чаро имрӯза ҷавонон ба бегонапарастӣ, тақлидкорӣ даст мезананд?

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Ҳақиқатан баъзе волидайн ба масъалаи тарбияи фарзанд, тарзи либоспӯшии ӯ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ки фарзандон ғофил аз фарҳанги миллӣ ба ғарбу шарқ тақлид мекунанд.

Хулоса, ҳар як волидайн ба тарзи либоспӯшӣ, ба рафтору кирдори фарзанди худ аҳамияти ҷиддӣ дода, посдории либоси миллиро ба фарзанди худ фаҳмонанд. Ҷавононро месазад,ки меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба наслҳои оянда супоранд.   

Саидхучаева Дилафруз Муталибовна, устоди кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

      Ҷумла торикист ин меҳнатсарой,

     Илм дар вай чун чароғи раҳнамой.

         Илму донишу адаб зевар ва сипари инсон аст. Дар шароити имрӯза барои аз ҳар гуна ақида дур будани ҷавонон бохабар будан аз таъриху фарҳанг ва моҳияти ислом ҳатмист. Зеро ҷавононе ки саводи комил надоранд, гумроҳ кардани онҳо осон аст. Нуфузи дини мубини исломро баъзе ҳизбу ҳаракатҳо коста истодаанд. Дар ниқоби дин андешаҳои нодурусту ғаразноки худро паҳн медоранд. Ҳол он ки дар Қуръони карим омадааст: «Ад-дину назифатун» - Дин покизагист. Барҳақ,  набояд ба корҳои ифротию  муғризона ва ҳаромкорӣ машғул шуд. Ва ҳамчунин дар ин китоби муқаддас омадааст, ки Қуръон ҳамеша дар муҳофизати Худост. Аммо муғризон гӯё ҳимояткунандаи Қуръону дин худро номида, дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд.  Дар ҳоле ки:

         Мо барои васл кардан омадем,

         Не барои фасл кардан омадем.

         Рисолати бузурги инсонӣ иборат аз  аҳлу тифоқ кардани мардум аст.   Чунки  рушди давлату ҷомеа танҳо  дар ягонагию муттаҳидист.  Аъзоёни наҳзати ислом, ки имрӯзҳо бо номи «Ватандӯстон» амал мекунанд, ташвиқи реаксионӣ бурда, ақидаҳои нодурусти зиддидавлатӣ мебаранд. Агар онҳо худро мусулмони комил ҳисобанд, чаро мардумро ба иғвою ошӯб даъват менамоянд. Аҳли ислом инсонҳои сулҳҷӯ ва муросокор мебошанд. Дар ҳадис ҳам омадааст, ки аҳл кардану пайвастани инсонҳо савобтар аз намозу рӯзаву закот аст. Пас чунин бошад, чаро аз рӯйи гуфтаи китоби муқаддасу ҳадиси мубораки паёмбари акрам амал намекунанд.  Шояд аъзоёни ин ҳизб маърифати пасти ҳуқуқию динӣ доранд, ки амалашон дар ҷомеа мақбул нест. 

Дар тарзи либоспӯшӣ  мо  бегонапарастӣ менамоем ва  анъанаҳои миллии хешро фаромӯш мекунем. Албатта, зани тоҷик бояд баиффат, баномус бошад. Ва дар гузашта низ зани тоҷик дар сар рӯймолу тоқӣ дошт. Чаро имрӯз мо суннату анъанаҳои худро ба фаромӯшӣ дода, тақлидкорӣ намоем. Ҳанӯз сатр гирифтану ибодати мо тақвои моро нишон намедиҳад. Бояд сараввал дилро покиза дорем ва барои ба  даст овардани дили дигарон бикӯшем, ки ба ин маънӣ Ҷалолиддини Румӣ мефармоянд:

Тавофи каъбаи дил кун, гар диле дорӣ,

Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ.

Тавофи каъбаи сурат Ҳақат бад-он фармуд,

Ки ба воситаи он диле ба даст орӣ.

Ба дин иҷборан мардумро даъват намекунанд. Дар вақташ паёмбар бо ахлоқу рафторашон барои мардум намуна буданду дигарон ба хотири эшон ба ислом гаравида шуда буданд. Имрӯз, ки маърифати динии мардум баланд шуда истодааст, сиёҳро аз сафед фарқ доранд. Ба замми ин давлат имконияти зиёде дод, то тавсеаи улуми динӣ касб намоянд. Ин пеш аз ҳама бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон чоп шудани Қуръон бо забони тоҷикӣ ва тафсири он, кутуби гуногуни исломӣ ва панду насиҳатӣ, ки  барои рушди маърифати динӣ мусоидат менамоянд. Барномаҳои телевизионӣ бо уламои дин низ аз ҷумлаи тадбирҳои судманде дар шинохти асли дин мебошанд.

Бори дигар таъкид менамоем, ки агар фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом боадолатона мебуд, аъзоёни он зиёд гардида, мардум онро хуб қабул мекарданд. Худ қазоват кунед ва гӯед, ки ин ҳизб ба кадом мардум хизмат карда истодааст. Пас фаъолияти он ҳеҷ маънӣ надорад.

Мо, омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявӣ ва фанҳои ҷамъиятшиносӣ донишҷӯёнро ҳушдор месозем ва таъкид менамоем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва сараввал бо дониш худро мусаллаҳ созанд, китобҳои Пешвои миллатро мутолиа намоянд, ихтисосро хуб омӯзанд, аз ҳаёту фаъолияти бузургон ва абармардони миллат ибрат пазиранд. Чунонки Фирдавсӣ фармуда:

Туро донишу дин раҳонад дуруст,

Раҳи растагорӣ бибояд ҷуст.

                                    Нозирова Мунаввара,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ

 

                       

 

 

 

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёми хеш доир ба самтҳои муҳими рушди устувори иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маориф  чораҳои муассирро пешниҳод намуда, дар амалисозии он саъю кӯшишҳои боэътимодро талаб менамоянд. Дар ҳақиқат, маориф соҳаи афзалиятноки давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин   ҳукумати кишвар ҳамвора ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот тамоми имкониятро истифода менамояд.

Дар Паём Сарвари кишвар таъкид сохтанд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хидматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем». Ҳамчунин афзуданд, ки сатҳи касбияти омӯзгорон баланд бардошта шавад, сифати таълим низ боло меравад.Ҷавобан ба ғамхориҳо ва татбиқи Паёми Президенти кишвар донишкадаи мо ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, истифодаи васеи усулҳои инноватсионӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон тадбирҳои судмандро андешидааст ва мунтазам семинару конференсияҳо мегузаронад. Ҳар моҳ устодони пуртаҷриба дарсҳои кушод дода, малакаву маҳорати хешро тавсеа мебахшанд. Боварӣ дорем, ки минбаъд низ омӯзгорони донишкада сатҳи дарсгузариро боз ҳам рушд хоҳанд дод.

Президенти мамлакат ба ҳамаи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯй оварда, барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудан бо ҷойи корӣ   дастуру супоришҳо доданд ва ҳадафи чаҳоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод гардид. Донистани забони давлатӣ шаҳодати ҳувияти миллӣ, мутахассиси ҷонсӯзи кадри миллист. Бинобар ин ҳар як тоҷикистонӣ бояд забони модариашро хуб донад. Мо дар симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ватандори асил, донанда ва муҳофизи матини забони тоҷикиро мебинем ва онро забони ширини шоирона номиданд,  ки ҳақ асту рост. Мавсуф таъкид доштанд, ки баробари ин ҷавонон бояд забонҳои русӣ ва англисиро хуб омӯзанд ва ба Академияи илмҳо супориш дода шуд, ки  дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намояд. Зеро бе донистани забони хориҷӣ аз худ кардани техника ва технологияи муосир ғайриимкон аст.

Имрӯз ҳар яки мо ба қадри истиқлолияту зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем  ва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардем. Чунонки дида истодаем дар ҷаҳони имрӯз, махсусан дар Шарқи Наздик амалҳои террористӣ ва экстремистӣ давом дорад ва бархе ҷавонони гумроҳ гирифтори ин ғаризаҳои   номатлуб гашта, ҳаёти худ ва дигаронро ба хатар мегузоранд. Бинобар ин моён – аҳли зиё  дар тарбияи насли наврас бояд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, мутахассисони бомаърифату мусаллаҳ бо донишҳои сиёсиву кордонро тарбия намоем.

Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз Паёми  пешин то Паёми имрӯзин роҳҳои нави ҳалли масоили муҳим ва мубрами ҳаётро ба мо пешниҳод мекунанд ва мо вазифадорем, ки баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиш намоем. Зеро мехоҳем Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ боз ҳам нуфуз ёбад ва ҳаргиз мабод ки ин озодӣ ва оромие, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омадааст, халалдор шавад. 

Барои ба ҳадафҳои неки худ даррасидан бояд муттаҳид гардем, дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳиссагузор бошем.

 

                  Нозирова Мунаввара, 

 устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар донишкадаи мо баҳри баландбардории сатҳи дониш ва маърифати донишҷӯён маҳфилҳои илмию адабӣ амал мекунанд, ки баъд аз машғулиятҳои асосӣ донишҷӯёнро ҷалб менамояд. Маҳфили “Хуш омадед ба Тоҷикистон” (“Welcome to Tajikistan”)-и забони хориҷӣ аз зумраи онҳост. Донишҷӯёни курси 1-уми гурӯҳи 50.01.02тБ низ аъзои маҳфили мазкур буда, бо  ҳамроҳии роҳбари маҳфил, номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори калони кафедраи “Забони хориҷӣ” Ахмедова Н.К. аз таърихи халқи тоҷик бо забони англисӣ шиносоӣ пайдо намуда истодаанд.

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҳаёту фаъолияти қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯёни гурӯҳи 1_50.01.02тБ ба осорхонаи Бобоҷон Ғафуров, ки аз соли 1998 фаъолият дорад, ташриф оварданд. Корманди осорхона Қодирова Марҳабохон донишҷӯёнро роҳбаладӣ намуданд. Донишҷӯён бо шавқи том мусаввараҳо бо расми Бобоҷон Ғафуровро тамошо намуда, асарҳои устодро аз назар гузарониданд. Роҳбари осорхона, доктори илмҳои таърих, профессор Холҷӯраев Ҳабибулло Холҷӯраевич донишҷӯён ва устодро ҳамроҳӣ намуда, аз ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров нақлҳои ҷолиб намуд. Аз ҷумла, зикр кард, ки “Дарвоқеъ, месазад, ки имрӯз номи аллома Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор ба забон оварда, хизматҳои шоёнашро пеши назар орем. Зеро ин абармард ва олими бузург бо асари “Тоҷикон”-и худ халқи қадима, фарҳангдӯст ва бомаданият будани тоҷиконро исбот намуд.  Чунин фарзандони халқ бояд дар хотираи мардум ҳамеша пойдор бошанд. Мо набояд чунин ашхосро фаромӯш намоем. Пайваста кӯшиш намоем, то ба таърихи халқи худ назар афканда, аз гузаштаи худ бохабар бошем. ”

Донишҷӯён бо ҳамроҳи устоди худ Ахмедова Н.К аз ташриф ба осорхона як ҷаҳон маънӣ ва таассуроти нек бардошта, бо як ҷаҳон маънавиёти хуб баргаштанд.

 

 

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи зиёда аз бисту ҳашт соли соҳибистиқлолии хеш, воқеаҳо ва ҳодисоти зиёдеро аз сар гузаронда, ба сулҳу ваҳдату созандагию бунёдкориҳо расид. Айни замон орзую омоли деринаи фарзандони ҳисси ифтихори миллии баланддошта ва ватандӯсти тоҷик ҷомаи амал пӯшида истодааст ва Ватани азизамон Тоҷикистон ба сафи мамлакатҳои пешрафта даромада, шаҳрвандонаш орому осуда ва сарбаландона зиндагӣ доранд.

Ҳоло дар ҷаҳон муборизаҳои сиёсиву иҷтимоии байни давлатҳо, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар авҷ аст. Дар ин раванд мубориза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон барои ҳар як шахси бедордилу равшанфикр ва масъулиятшинос бояд дар мадди аввал истад. Мутаассифона, дар замони ҷаҳонишавӣ, чанд омили хатарноки бегонагон ва бегонапарастон зуҳур намуда, кулли шаҳрвандони мамлакати моро ҳам ба изтиробу нигарониҳо овардааст. Барои амали шудани орзуҳои худ, марому мақсадҳои аҷнабиён гурӯҳе аз шаҳрвандони мамлакат фирефта шуда, ба гирдоби фалокат фурӯ рафтанашон аксариятро ба андеша ва тадбирҷӯиҳо водор намудааст.

Яке аз «наҷотдиҳандагон»-и миллат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки мехоҳад бо дасисаву иғво тарафдорони худро зиёд сохта, ҷомеаро ба сӯи гумроҳӣ барад. Вале  ин амали онҳо пойанла нест. Зеро халқ худ бадиро аз некӣ ҷудо карда метавонад.

Ба ин сияҳдилон гуфтанием, ки биёед ба рушди кишвар бо ҷашми ҳакбин нигарем. Ба пешрафту хизматҳои шоистаи он арҷ гузорем.

 

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар  Паёми хеш доир ба самтҳои муҳими рушди устувори иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маориф  чораҳои муассирро пешниҳод намуда, дар амалисозии он саъю кӯшишҳои боэътимодро талаб менамоянд. Дар ҳақиқат, маориф соҳаи афзалиятноки давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин   ҳукумати кишвар ҳамвора ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот тамоми имкониятро истифода менамояд.

Дар Паём Сарвари кишвар таъкид сохтанд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хидматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем». Ҳамчунин афзуданд, ки сатҳи касбияти омӯзгорон баланд бардошта шавад, сифати таълим низ боло меравад.Ҷавобан ба ғамхориҳо ва татбиқи Паёми Президенти кишвар донишкадаи мо ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, истифодаи васеи усулҳои инноватсионӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон тадбирҳои судмандро андешидааст ва мунтазам семинару конференсияҳо мегузаронад. Ҳар моҳ устодони пуртаҷриба дарсҳои кушод баргузор намуда,  малакаву маҳорати хешро тавсеа мебахшанд.

Президенти мамлакат зимни ироаи паёми хеш дар баробари таҳилили ҳама соҳаҳо ҳамчунин ба масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯй оварда, барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудан бо ҷойи корӣ дастуру супоришҳо доданд ва бо чунин мақсад ҳадафи чаҳоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод гардид. Донистани забони давлатӣ шаҳодати ҳуввияти миллӣ, мутахассиси ҷонсӯзи кадри миллист. Бинобар ин ҳар як тоҷикистонӣ бояд забони модариашро хуб донад. Мо дар симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ватандори асил, донанда ва муҳофизи матини забони тоҷикиро мебинем ва онро забони ширини шоирона номиданд,  ки ҳақ асту рост. Мавсуф таъкид доштанд, ки баробари ин ҷавонон бояд забонҳои русӣ ва англисиро хуб омӯзанд ва ба Академияи илмҳо супориш дода шуд, ки  дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намояд. Зеро бе донистани забони хориҷӣ аз худ кардани техника ва технологияи муосир ғайриимкон аст.

Имрӯз ҳар яки мо ба қадри истиқлолияту зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем  ва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардем. Чунонки дида истодаем дар ҷаҳони имрӯз, махсусан дар Шарқи Наздик амалҳои террористӣ ва экстремистӣ давом дорад ва бархе ҷавонони гумроҳ гирифтори ин ғаризаҳои   номатлуб гашта, ҳаёти худ ва дигаронро ба хатар мегузоранд. Бинобар ин моён – аҳли зиё  дар тарбияи насли наврас бояд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, мутахассисони бомаърифату мусаллаҳ бо донишҳои сиёсиву кордонро тарбия намоем.

Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз Паёми  пешин то Паёми имрӯзин роҳҳои нави ҳалли масоили муҳим ва мубрами ҳаётро ба мо пешниҳод мекунанд ва мо вазифадорем, ки баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиш намоем. Зеро мехоҳем Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ боз ҳам нуфуз ёбад ва ҳаргиз мабод ки ин озодӣ ва оромие, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омадааст, халалдор шавад. 

Барои ба ҳадафҳои неки худ даррасидан бояд муттаҳид гардем, дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳиссагузор бошем.

 

                                    Нозирова Мунаввара, устоди кафедраи  ДПДТТ

 

 Замони имрӯза бо музаффариятҳои бузурги худ аз даврони гузашта аз асрҳои пешин фарқи кулӣ дорад. Ақлу заковати беназири инсон кашфиятҳои бузургро эъҷод намуд, ки ҳар яке ба беҳдошт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии инсоният нигаронида шудааст. Замони имрӯзаро давраи ҷаҳоншавӣ меноманд, ки ин тараққиёти азим байни эҷодкорон халқу миллатҳои ҷаҳон як навъ мусобиқаро ба вуҷуд оварда бо баробари пирӯзиҳо, хушбахтию хуррамиҳо як навъ рақобатро ба вуҷуд овардааст. Маълум аст, ки инсон шарифтарин махлуқи рӯи замин мебошад, ки ақлу хирад, шуур эҷодкориро Худованди бузург маҳз ба инсон ато карда, Инсонро аз махлуқот бе болотарин зина гузошта ба худ ниҳоят наздик намудааст.

Одамизод дар навбати худ сазовор гардидааст, ба боварии Худованди бузург ва руҷӯъ намудааст, ба офаринишу эҷодкорӣ ва ба боварии Офаридгораш ноил шуда, қувваи хариди хешро ба созандагию эҷодкорию ободгарӣ сафарбар менамояд.

Имрӯз агар бо гуфтаи устод Рӯдакӣ ба зиндагӣ бо чашми хирад назар дӯзем, мебинем, ки ҷои қувваи ҷисмонии инсониятро техника беш аз беш гирифта ба қувваи ҷисмонии инсон  сабукӣ додааст.

 

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад он чашм к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштии соз то аз он бигзарӣ.

 

Ин шоҳбайтҳои ҷовидониро ҳоҷат ба шарҳу эҷоз нест, бо забони ширини тоҷикӣ гуфта шудааст ва асрҳои аср, ба халқҳои ҷаҳон хизмат намуда, дар муборизаи некиву бадӣ байрақи ғолибиятро насиби мардуми тоҷик гардонидааст.

Ҳарчанд ки асри XX – XXI –ро асри ҷаҳонишавӣ, асри боҳамбарангезии тамаддунҳо, асрҳои дастоварҳои бузург муаррифӣ мекунем, ин асрҳои офаранаю созандагӣ бо баробари дастовардаҳои бузург мушкилиҳои сангинро ҳам эҷод карда, ба ҳаёти мардуми ҷаҳон талхиҳои чашмнодиду гӯшношунид ва то ҳатто ба гӯшаи ақл намеомадаю ақл бовар намекардаро ба миён оварда истодааст. Инсон аз ҳама мукаррам, маҳз имрӯз бояд ҳушдор бошад, ки зиндагии хуррамонро ба ҳама накӯҳояш, ки Худованд ба инсон додааст ройгон ба бадбахтӣ аз даст надиҳад, ба гуфти Саъдии бузургвор ба ҳамдигар дасти мадад дароз намуда, роҳи аз бадбахтиҳо кӯштор, ваҳшигарӣ, ноодамӣ наҷот ёфтан ба миён гузорад, донад, ки қатъи назар аз забон мазҳаб, миллат дин ҳамаи одам аз як гавҳар бино ёфтааст.

 

           Бани Одам зи як гавҳаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

Чу узве ба дард овард рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

        

         Ва аз рӯи мазмуни пурмӯҳтавои ин порча амал карда, месозад, ки дар зиндагии кӯтоҳ ба якдигар дасти мадад дароз намояд ва ба гуфти устоди бузург Рӯдакӣ аз некӯкорӣ ва некӯиҳо тӯшаи охирати худро бунёд намояд.

         Чуноне ки дар боло арзёбӣ намудем бо баробари пешрафти беназир, хавфи бадбахтиҳо ба миён омада инсонро ҳушдор медиҳад, ки даст ба дасти ҳамдигар дода бо терроризм муборизаи беамон барем. Ҳарчанд, ки саршумори терорист кам аст, аммо ин яккаю ягонаҳо офати азиме овардаанд бо сари деҳаю шаҳри вилояту сарзаминҳо, ки имрӯз ба асари ин амали номатлуб чӣ қадар харобиҳо, ҷангу хунрезиҳо дар кишварҳои ҷаҳон идома доранд.

         Душманони инсоният, душманони ҳаёти осоишт, нотавонбинон, хоинони халқу миллат дар ҳар ҷо ҳар ҷо шахсиятҳои гумроҳро побанди асири ғояҳои нопоки хеш бо роҳҳои гуногун намуда ба ҳадафҳои худ расида истодаанд.

Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон терорист на дин дорад, ягона ҳадафи ӯ офаридани бадбахтӣ ҷангу куштор, хунрезӣ мардумозорию ноодамӣ мебошад. Таҷрибаи зиндагии ҳаррӯза моро водор мекунад, ки ақлу идроки мо ҳар сония чун соат кор карда истад ва мо аз мӯ хамирро ҷудо карда тавониста бошем ва дастҷамъона бо унсурҳои нопок ба дасти ҳамдигар дода муборизаи беамон барем.

Маҳз бо ҳиллаву найранги разикони палид дар Тоҷикистони гулгул шукуфони мо дар гузаштаи наздик оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада қариб буд, ки миллати машҳури тоҷик сӯхта нобуд шавад. Шукри беадад ба меҳрубонии Худованди бузург, ки ба сари давлат шахсияти хирадманд, тавоно, донову соҳибтадбир дурандешу эҷодкор, созандаву фидокор, ватандӯсту ҷасуру олимазҳабро биншинонид, ки ин марди шариф бо ҷасорати беназир ва қаҳрамононаи хеш тамоми бадбахтиҳоро аз сари халқ дур карда зиндагии амну осоиштаро, ки зиндагии имрӯзаи мо аз ҷанноти афсонавӣ камӣ надорад насибамон гардонид. Таърих гувоҳ аст, ки бадгуҳарон, чӣ қадар фарзандро бепадар, чӣ қадар модарро бешавҳар, чӣ қадар писаронро гиребонгири падар намудаанд ва чӣ қадар мардуми меҳнаткашро ҷалои Ватан кунониданд, ки дар мамлакатҳои бегона бо мусибату хорию зорӣ ҷон ба ҳалокат супориданд. Ҷони худро ба каф гирифта фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои сазовору арзандаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯи бузурги қаҳрамонона хавфноктарин пайроҳаҳои мудҳиши муборизаро тай намуда, мардуми парокандашударо бо ғамхории падарона ба Ватан баргардонид, барои бунёди миллат ба гумроҳон авф эълон намуда барои аз нав сабзиши миллат шароити мусоид фароҳам овард.

Дар Ватани гул-гулшукуфони мо, ки имрӯз амону осоиштагӣ ҳукумфармост ҳаёти хушу хуррамона ҷӯш мезанад, аммо ҳоло ҳам душманони миллат душманони мазҳаби Имоми Аъзам, Абӯҳанифа орому осудагии халқи Моро дида натавониста шахсиятҳои гумроҳ ва ақидаашон сустро ёфта ба зидди давлати мо тадбирандешӣ доранд.

Бинобар ин пеш аз ҳама падару модарон, устодон фаъолон аз як қадами ҷавонони мо бохабар шуда, ба зуҳури ҳодисаҳои номатлуб бояд муборизаи беамон баранд.

Тероризмро вабои аср, гӯем ҳам ҳам хато намекунем. Имрӯз аз васоити ахбори умум, садо ва симо матбуот ҳар яке мо бохабар ҳастем, дар кишварҳои гуногун терористон ба сари мардуми осоишта чӣ бадбахтиҳоро оварда истодаанд.

Нағз дар хотир дорем, ки солҳои гузашта бо дасти як ду терорист дар Амрико таркиши сахте ба амал омада сабабгории қурбонии беназир гардида буд бубинед он харобаю вайронкориро фарзанди инсон ба вуҷуд овардааст ва ӯ падар, модар хешу табор шояд зану фарзанд ҳам дошта бошад. Терорист, дили инсонгарона надорад, шояд дар назди вай падару модар, ватан низ як зарра арзише надошта бошад. Мақсади вай танҳо харобгарӣ, сӯхтан, куштор, хунрезӣ, ваҳшигарию ноодамӣ аст.

Ҷавонон нерӯи бузург ҳастанд, терористон дар кӯшиши онанд, ки ин қувваи бузургро ба манфиати ғаразноки хеш истифода бурда, ҳадафҳои нопоки хешро бо дасти ин қувваи бузург амалӣ созанд. Ба миён омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” даъвати хайрхоҳона ва некбинонаи саривақтӣ мебошад, ки ин қарор пеши роҳи бадхоҳони миллатро албатта қодир аст, гирифта тавонад. Назорати муттасил ва дастаҷамъона метавонад аз фарзанди мо шахсиятҳои бузурги таърихиро ба воя расонданд, ки барои рушди мукофоти миллат ҳиссагузорӣ намуда тавонанд.

Имрӯз аз оинаи нилгун қариб ҳар рӯз мешунавем, ки дар мамлакати ба мо ҳамсоя дар Афғонистон бо дасти терористон чӣ қадар фоҷиаҳои хунин сар зада истодааст. Бо чашми худ дида истодаем, чӣ қадар қурбониён, чӣ қадар маҷрӯҳон бо ҷисми особдидаи худ дар номину махлуқанд.

Ба гуфти Абулмаъонӣ Мирзоабдулқодири Бедил ҳаёти инсон ниҳоят кӯтоҳ, камсурсат, монанди ашки дар сари мижгон истифода мебошад, пас агар ҳаёти одам ин хел кӯтоҳ бошад, чӣ лозим бадбахти овардан ба сари инсон, чӣ лозим аст, эҷод намудани мусибату азодорӣ ба халқи олам.

 

                   Як қадам роҳ аст, бедил аз ту то домони хок,

                   Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ ҳушёр бош.

 

Имрӯз на танҳо дар Афғонистон ин ҳодисаи номатлуб ҷараён дорад дар кишварҳои дигар: Покистон, Арабистон, Белгия, Итолиё, Фаронса ва Амрико ва дигар кишварҳо ҳам ин ҳодисаи номатлубу нангин ба назар мерасад. Бо дасти терористон имрӯз дар Сурия ҷанги хонумонсӯз якчанд сол инҷониб давом карда истодааст, ки абарқудраттарин давлатҳои ҷаҳон аз қабили Русия ва Амрико барои хомӯш кардани ин ҷанги хонумонсӯз қувва масраф карда истодаанд, вале то ҳанӯз хомӯш нагардида истодааст.

Терористон ҷавонони зархаридро аз мамлакатҳои гуногун ҷамъ карда, дар ҷои ҷанги бешарафона истифода бурда истодаанд, ки ҳар яки онҳо бо ибораи халқӣ гӯем “фанатик” шудаанд. На ёди Ватану на ёди падару модару, на ёди хешу табор доранд. Терористон дар ин маҳалҳо аз дин моҳирона истифода бурда истодаанд.

Дини мубини ислом дини инсондӯстона инсонгароёна мебошад. Мазҳаби дини мубини ислом мазҳаби Имоми Аъзам, Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки асрҳои аср аз имтиҳонҳои зиддии ҳаётӣ гузашта бо дастовардҳои назарраси худ ба халқи азизам муроҷиат карда мегӯям, ки маҳз имрӯз мо ҳушёрии худро аз даст надода, барои ҳифзи ғояҳои олии башардӯстонаи хирадмандонаи Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит тамоми нерӯи ақлонии худро сафар намуда муваффақ шавем, он дастоварди бузурге, ки Истиқлолият ба мо дод, ройгон аз даст надиҳем. Мо ҳушдор бошем, ки терористон имрӯз дар дохили ин динравияҳои нави зарарнокро ба вуҷуд оварда байни ҳам ба ҷанг андохта истодаанд.

Моро лозим аст, бо ин нохалафон, ноодамон муборизаи беамон бурда, ҳар як фаъолияти хешро бо мизони ақл баркашида амал намоем, ба авлоду аҷдоди худ ба бузургон ва хирадмандони худ иснод наоварем.

Ман боварӣ дорам, қувваи некӣ Ҳурмуз аз болои қувваи бадӣ – Аҳриман ғалаба карда тероризми бебунёд оқибат маҳв мегардад ва пирӯзии қувваи созанда ва эҷодкор пойдору ҷовидон мегардад.

Бобоев М.У.

мудири кафедраи молия ва қарз, н.и.и., дотсент

Имрӯзҳо вазъи иқтисодии на танҳо ҷумҳуриии мо балки тамоми ҷаҳон муташанниҷ гардидаву баъзе аз масъалаҳои дигар ба мисоли амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгарою иртиҷоии терористон бо вуҷуди пешгирӣ намудан, вақтҳои охир каме авҷ ёфтааст. Ин ҳама сабаби он гардидааст, ки дар байни мардум,  ақидаҳои бемаънӣ пайдо гардида,  ин масъала аз тарафи дигар боиси бекор мондани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷаи кишвар  шуда истодааст.  Ва маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб, ҳам ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳам ба мафкураи ҷомеаи ҷаҳонӣ халал ворид менамояд.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ин нохалафон,  наҳзатиёни мухолиф ҳадафҳои нопоки хешро бо воситаи мо амалӣ созанд ва аз номи шаҳрвандони бегуноҳи кишвар дар ҷомеа доғ гузоранд. Макони ин наҳзатиҳои дар ба дару ғулом, ки мамлакатҳои ғарб гаштааст, аз ҳамон макон садо баланд кардани шудаанд, яъне ба ҳар восита ақидаҳои нопоки хешро расонаӣ ва таблиғ кардаанд.

Тавре аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, қайд карданд, ки: «…дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки миқёси олам пур аз ҳаводисоти сиёсатбозиҳост, ба мисли ҷавонони солҳои наваддуми садаи гузаштаи фирефтаи афкороти бегонагони ифротгаро нагрдида, ба хотири пос доштани як зарра хоки муқаддаси ватан талош намоянд. Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ кишвари худро дӯст доранд ва арзишҳори онро қадр кунанд».

Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик ба хусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ҳам ба фитнаву дурӯғи ин исломгароёне, ки аз рӯӣ «исломшиносӣ» - ашон дар қарни гузашта миллатамон, наздик ба ҳали таназзулёби рӯ ба рӯ гашт, бовар накунанд.

Бо боварии том гуфта метавонам, ки дар радифи гуфтаҳои дар боло зикр кардаам, тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар миқёси кишвар талош варзида саҳми босазо хоҳанд гирифт, зеро пеши роҳи чунин ошӯбгаронро танҳо қувваи пешбарандаи халқ, яъне ҷавонони саодатманди диёр бо заковату матонати мардонагии хеш гирифта метавонанд.

Ҷавонони азиз, ҳама вақт кӯшиш намоед, то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик содиқ бимонед. Хушбахтии тамоми милати тоҷик, хосатан насли ҷавон дар он аст, ки бо дастгириву ғамхориҳои сарвари созандаи кишвари азизамон, Пешвои миллат имрӯз мо ба озодии воқеӣ расидаем. Ва барои ҳифзу ҳимояи ин муқаддасоти кишвар ҷони хешро дареғ наҳоҳем дошт.

Атаева Таҳмина Ҳусеновна, устоди кафедраи

забонҳои хориҷӣ