Таи солҳои  охир роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ бо  муроҷиати худ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон худро чун “қосиди сулҳ” нишон дода истодааст. Чунин рафтори онҳо вақтҳои охир маълум шуда бо барномаҳои якрангу бемантиқи худ дар назди мардум баромадҳо намуда истодаанд.

Дар суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ ҷангҳои дохилаи кишварро бар дӯши собиқ коммунистон ва дигар манфиатхоҳон дониста, қайд намуд, ки нерӯҳои ватандӯст, истиқлолхоҳ ва озодандеши кишвар, шахсиятҳои миллӣ ва оммаи мардум ин падидаро бо шодиву фараҳ истиқбол карданд. Ман нафаҳмидам, ки “нерӯҳои ватандӯсту истиқлохоҳон ва озодандеши кишвар” гуфта ҷаноби Кабирӣ киро дар назар дорад. Агар Сайидабдуллоҳи Нурӣ, Тоҳирӣ Абдуҷаббор ва дигар “шахсони таърих”-и  истиқлолиятро сохтаанд, пас чаро касе онҳоро дар хотир надоранд.

Маҳз ҳамин “пирӯзии дерҳангом”  бо айби наҳзатиҳо дер ба самар овард. Чаро Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии хеш ҳарфе аз хоҷагони худ нагуфт. Чаро қайд накард, ки Аёмиддин Сатторову Сайидқиёмиддин Ғозӣ нисбати онҳо “тӯҳмат” заданд.

Кабирӣ борҳо дар баромади хеш аз “нақши таърихи”-ии Иттиҳоди опозитсиони тоҷик ҳарф зада, сулҳу ваҳдатро моли наҳзатиён донист. Кабирӣ дар  ин бора низ сухане лаб во накард. Ба Кабирӣ ва дигар  иттифоқчиёни нави онҳо гуфтанием, ки офарин ба он давлатҳое, ки ба халқи тоҷик, миллати тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати азияткашида бовар карда  сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд.

Роҳбарият ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ кадом вазъи Тоҷикистонро номуносиб, ғайриқонунӣ, ғайриахлоқи ҳисобида имрӯз мардумро боз ба шӯр андохтанӣ мешавад. Ӯ босмачиёнро, ки оғози асри 20 ба куштори мардум даст зада буданд, инсонҳои ватандӯсту миллатпараст унвон карда, ҳарфе аз аввалин инсонҳои бавиҷдони хату саводи бесаводонро бароварда нагуфт. Пас маълум, ки ӯ низ аз ҳамон босмачиён беш нест.  Ба Кабириву кабириҳо гуфтанием, бас нест, тафриқандозӣ, бас нест магар он хунрезиҳои мардуми бегуноҳ, ятим мондани фарзандон, бева мондани гуларӯсон, бе саробон мондану доғи фарзанд дидани падару модарон. Кадом шахсият ва кадом ҳизбҳо барои зиндагии хушбахтона муқобилият карда истодааст, агар як-ду нафар онҳое, ки ҳоло ҳам чашмашон дар хоб асту ин зиндагии осудаву ободро дида наметавонанд ва бемансаб мондани баъзе намояндагони ҲНИ набошад, дигар ҳама аз ин ҳаёти хушу хуррам ободу осудаи мамлакат шоду масрур бо меҳнати ҳалол зиндагии худро ба пеш бурда истодаанд.

Ҳанӯз аз оғози таъсиси собиқ ҲНИ давлату миллати тоҷик ягон эътирозе надошт баръакс бовар дошт, ки ин ҳизб низ дар қатори ҲХДТ барои манфиатҳои мардуми кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт, касе ҳатто фикр намекард, ки онҳо дар ниқоби ислом ҳар гунна ҳаракатҳои ифротию терористи байни мардум ташфиқот мебарад. Боадолатона рафтор намудани Ҳукумати Ҷумҳуриамонро бинед, ки ба онҳо баъди ба имзо расидани сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ  бовар карда вазифаҳои гуногунро ба дӯши эшон супориданд. Лек боиси таассуф аст, ки аксарияти онҳо ба Ватан хиёнат карданд мисоли воқеаҳои сентябри 2015 бороҳбарии ҷонишини вазири мудофиа генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашон, ки ҳамаи онҳо аъзои собиқ ҲНИ буданд.

Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст қариб тамоми  аҳолии Тоҷикистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Қисми зиёди онҳо дар мазҳаби Ҳанафия мебошанд, ки наздик 1300 сол боз саҷда мекунанд. Аммо як нуқтаро низ мехоҳам ёдовар созам, ки мо миллатгарои намекунем, ҳамаро бо як чашм назар менамоем, на ин ки дар байни мардум  иддаои миллатҷудокуниро қасд менамоем.

Давоми солҳои охир як зумра аз аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, имрўз он ҳамчун ташкилоти терористию экстремистӣ эътироф гардидааст, ки рафтори ношоиста, кирдори ифротгароёна, фаъолияти ҷудоиандозиро пеша намуда, вазъи оромии ҷомеаро халалдор мекарданд. Кирдори ношоистаи худро хостаанд дар миллате, ки дар он ҷо зиндагӣ доштанд, амалӣ намуданд.

Имрӯз бошад, М.Кабирӣ дар чунин як конфронси «баландпоя»-и САҲА дар Варшава аз худу ҳаммаслаконаш дифоъ менамояд. Гуноҳи нобахшидании худу аъзоёнашро маҳкум намуда, иддао дорад, ки ин воқеаҳо маҳсули дасти мақомотҳое ҳастанд, ки барои давлат кор мекунанд. Як бор инсон пеш сухан гуфтан бояд ҳамаҷониба андешад, зеро он тӯҳмате, ки ӯ алайҳи мардуми мо карда истодааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нест, сӯхтан осон, аммо сохтан хеле душвор аст, ин миллатро ба душвории бениҳоят хос ба озодӣ баровардаанд, чаро бояд онро ба вартаи нобудшавӣ  оварда расонад.

Аюбова Ф., муаллим-коромӯзи кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Халқе, ки барои гиромидошти арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии хеш талош мекунад, ҳамеша муваффақу комгор ва озоду обод хоҳад буд, зеро нерӯе дар гетӣ тавонотар аз нерӯи тавонои озодӣ нест. Ва саодате баландтар дар ҷаҳон аз саодати халқи озод нест. Мусаллам аст, ки вазъи имрӯзаи глобалӣ ва дар қатори он кишвари мо низ бо ташаббуси якчанд “исломдонон” муташанниҷ гардида истодааст. Раванди исломикунонии бархе аз давлатҳое, ки фирефтаи доми терористон гардида, баъзеи онҳо иҷборан барои исломи гаштани давлат иддао доранд, моро, мардуми Тоҷикистониёнро водор сохт, то аз фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон ҳамаҷониба бохабар бошему дар ҳифзу ҳимояи он кӯшем ва нагузорем, ки заҳмати чандинсолаи гузаштагони мо барбод наравад, зеро барои имрӯзиён ҳазорҳо аҷдодони мо ҷоннисорӣ намуда, барои насли оянда миллати тоҷдореро ба ном Тоҷикистон эҳё намудаанд. Дар ҷавоби ҳамин ҷоннисориҳои гузаштагонамон талош намоем то майдонро онҳое, ки мухолифи давлату миллати мо ҳастанд пур куннад.

Инак боз як бозии  рӯбаҳонаи роҳбари Паймони милли Тоҷикистон дар асл ТЭТ ҲНИ Кабиӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Баробари ошнои пайдо кардан аз сӯҳбати рӯбарӯи Кабирӣ бо мардуми кишвар, ба ин васваса ва ҳангомасозиҳои ӯ қоил гаштам. То ба дараҷае ботини ин шахс фасод гаштааст, ки мӯҳтавои суханони “аз самими қалб ба мардумони азиз” – аш гуфтааш пучу бемаъно ва дурӯғ асту дигар осоре нест. Ба ҷуз иғвою дасиса андохтан миёни давлату ҳукумат ва мардуми кишвар.

Кабирӣ бо “меҳрубонӣ”- ҳо мардумони азизам гӯён сухан кардааст. Офарин ба ин “лутфу каромат”- е, ки нисбати мардуми кишвар нисор кардааст!

Агар ин қадар мардуму ватанаш азиз ва бародаронаш баробари ҷонаш бошанд, сари мардум зулмро пеша кард ва чаро тарки диёр намуда, ин “бароддаронаш” ро танҳо гузошт. Ҳол он , ки таҳриккунанда ва устоди ин нобакорону хиёнаткорон, ки айни замон зиндони гаштаанд худи ӯ буд. Кабирӣ фирефтаи пули моли хориҷиён шудааст. Дуруст, камтар пуле, ки арзиши ҳеҷ кореро надорад. Ба хотири ҳамин манфиати худ, имрӯз ҳазоронро дарбадару бенаво ва саргардон сохт. Ва ба дуои бади модарони ҷигарбандгумкарда ва кудакони маъсум гирифтор гашт. қайд кардан ҷоиз аст, ки ӯ ба хотири манфиати хоҷагонаш то кунун фаъолият мекунад, на ба хотири онҳое, ки дар зиндонанд.

Бояд тазаккур дод, ки таслим шудани Зайд аз нигоҳи ту барин хиёнаткор иштибоҳ аст. Зайд имрӯз ба хотири он, ки мутаккои ту гашта буд, азоби виҷдон кашида, ҷавоби гуноҳҳои туро медиҳад. Ва кулли мардум ва ҳатто аъзоёне, ки имрӯз озоданду туро ситоиш мекунанд бояд донанд, ки агар ба ҳоли Зайд гирифтор шаванд, онҳо низ ба як гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. “Барои бародаронам аз хориҷ истода ягон кор кунам беҳтар, ба ҷои он, ки зиндони гашта, иштибоҳи Зайдро таркор кунам” гуфтани Кабирӣ чун ҳарвақта ба ҷуз як баҳона ва худсафедкунӣ дигар мақсаде нест.

Абдуллоев Б.Б., асистенти кафедраи Автомобилҳо ва доракунии нақлиёт  

 

Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзатиҳо имрӯз барои вайрон кардани фазои озодии кишвари мо саҳм гирифтаанд. Наҳзатиҳо сохти конститутсионии кишварро, ки барои мо зиндагонии озодро фароҳам овардааст, вайрон карданианд. Ҳар як амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, мавзеъҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешаванд. 

Ин ташкилоти наҳзатиҳо низ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст. Бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ, суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Он шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад.  Кабирии беимон имрӯз талош дорад, ки ба ин тариқ ба боварии мардум даромада ифротгароиро дар зери ниқоби ислом расво кунад. Аммо ин мақсадҳои нопоки ӯ танҳо дар тахайюлоташ боқӣ мемонаду бас. Зеро мардуми мусалмони мо аз пок будани дини ислом огоҳанд ва фирефтаи доми ин макоорон намегарданд.

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки барои як гуфтугӯи мустақим бо мардум иқдом кард, ки дар он давоми 2 соат ба суолҳои воридшуда посух гуфт. Мавзӯи саволҳо гуногун буданд ва чун баҳс тӯлонӣ буду мардум дар кишвар имкони тамошои онро надоранд, “Паём”, ки минбари розу ниёзи наҳзатиҳост тасмим гирифт баҳсро вобаста ба мавзӯъ қисм-қисм созад ва шарҳи муҳимтарин мавзӯъҳоро дар шакли чопӣ нашр кунад. Аммо ин ҷо соле ба миён хоҳад омад, ки дар ягон посухҳои Кабирӣ муҳимият дида намешавад. Чаро Кабирӣ аз он посухе, ки бояд аз рӯи виҷдон дар сафи чандин зиндониёни наҳзатӣ омада, ҷазои гуноҳҳояшро бояд ҷуброн кунад сар мепечида бошад. Ана ин ҳам суол ва ҳам посухе бояд мебуд, ки муҳимиятро инъикос мекунад. Он “ситоиш ва дилсӯзиҳо”-и Кабирӣ як суханони мардумфиребона аст. Вагарна агар аз дасташ барои раҳоӣ кардани “бародаронаш” ва “халқи азизаш” ягон кор меомад, пас чаро онро накард?

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин ҳама ҳангомасозиҳои ӯ танҳо барои манфиати худи ӯст. Агар не, пас чаро коре барои бародаронам кунам гуфта, таи ин қадар сол хомӯш нишастааст? Посухи суол он аст, ки гуноҳи онҳо, ҷинояти онҳо то ба дараҷаест, ки шуста натавониста истодаанд. Агар ба дигар мантиқ гӯем, “Об аз сар лой аст”. Ба ҳамин маънӣ ин наҳзатиҳо замоне дар айни маъракаи интихоботи низ хостанд, ки “обро лой карда моҳӣ доранд” ва ин сӯиқасди наҳзатпарастҳо бар зарари худи онҳо анҷом пазируфт.

Ба суол дар мавриди ин ки чаро раиси ҲНИТ ва аз моҳи сентябр раҳбари Паймони навтаъсиси Миллии Тоҷикистон пас аз баста шудани ҳизбаш ва ҳатто пас аз таъсиси Паймони Миллӣ хомӯш буд ва гуфтугӯе бо мардум надошт, Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки “ин тавр ҳам набуд, ки комилан бо мардум сӯҳбат накарда бошем, гоҳ-гоҳ бо муносибатҳои гуногун бо мардум сӯҳбат мекардем.  Мавзӯҳои гуногун гуфта, яқин медонам, ки бо “самимият” нисбат ба ватан ва истиқлолияти он номаи табрикотии таҳқиромез ирсол намудааст. Ва чун ҳамешаги иброз кардааст, ки дар раванди мустақлгардонии давлат дасти наҳзатиҳо низ будааст ва онро Истиқлолияти дерҳангом номидааст. Аминам, ки агар ҳамин дасти наҳзатиҳо намебуд, ин дастовард дерҳангом намешуд. Хушбахтона барои мардуми шукркунанда ва мусалмони асили тоҷик ҳамин Истиқлолияти дерҳангом тамоми хушбахтиҳоро дар зиндагони фароҳам овард.

Кабирӣ дар ин мулоқот низ ин қадар аз “ислом” зебо сухан кардааст,  ростӣ, ки “ҳавасам” омад. Зеро ӯ гуфтааст, ки то ба ватан баргаштан номи азҳобаш исломӣ мемонад. “Ба хотире, ки онро бисёр пок медонистааст”.

Дар масъалаи он,ки “чаро Кабирӣ омада, дар қатори муовинонаш зиндонӣ нашуд” чаро? Худ, ки адоватпарвар аст, қудрати қувваи адолат ӯро шикаст дод.

Рафоат Неъматуллоева,

номзади илмҳои техникӣ,

омӯзгори калони маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

Муҳиддин Кабирӣ, ки худ роҳбари ташкилоти терористиву экстремистӣ аст, ақидаҳои ифротиро миёни мардум ба ҳар восита паҳн карда истодааст. Вале мо мардуми ватандусту худшинос талош бар он меварзем, ки ҳамеша кишвармон ободу пешрафта бошад. Ақидаҳои ифротиёнро махкум менамоем ва ба нахзатиҳо то чи андоза муқаддас будани  ватанамонро нишон медиҳем.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, чун нҳзтиҳо, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

    

Аз баъзе амалҳои ноҷо ва гуфтору рафтори Муҳиддин Кабирӣ кас ба тааҷуб меафтад. Ба назар чунин менамояд, ки ӯ худ намефаҳмад, ки чӣ гуфта истодаасту чӣ мақсаду маром дорад? Воқеан, шояд чунин ҳам бошад.

Чӣ гуна ақли инсон мегирад, ки ӯ низ дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият бурда, худро “раис”-и ҲНИ гирифтаасту худ бехабар аз оинҳои ислом аст. Дар остонаи соли нави мелодӣ паёми табрикотии Муҳиддин Кабириро хонда будем. Дарвоқеъ,  Муҳиддин Кабириро умуман фаҳмида намешавад. Ишораи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода барҳақ аст:  “Кабирӣ душмани асосии солшумории мелодӣ аст ва солшумории ҳиҷриро афзалтар медонад, аммо шарм накарда ҷомеаи кишварро бо ин ҷашн табрик мекунад”.  Ӯ худ аз адолат ҳарф мезанад, вале чаро пайравони худро ҳимоят намекунад, бегуноҳии онҳоро исбот намесозад? Нафаре ки бо Муҳиддин Кабирӣ сарукор дошт ба балои бад гирифтор шудааст. Умуман, касе ки бар чашми мардуми худ хок пошида, хоини кишвари худ аст, ҳеҷ гоҳ ба мақсаду муроди худ нахоҳад расид. Ҳар яки мо – мардуми кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед. Меҳнат ва хизмати шоистаи мо ба Тоҷикистони азиз  боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдорамон ва пойдории сулҳу ваҳдат  хоҳад гардид. Пас, нест бод ҲНИ ва Муҳиддин Кабирии хоини Ватан!

 

Паёми солинавии  Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ мисли паёми рамазониаш пучу бемағз буд. Бо навиштаи олими тавонони илми диншиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода  бори дигар бовар ҳосил кардем, ки дини ислом бо роҳи худу ҳизби ислом бо роҳи худ. Ин «таманнои солинавӣ» бори дигар исбот кард,  ки инсон ба хотири манфиати худу пайравонаш ба чӣ кор қодир аст. Нафаре бо воситаи минбари баланд садо мекунад, ки боиси бадбахтии чандин нафарони раҳгумзада шудааст. Шахсияте ки мехост кинаву кудурати чандинсолаи худу аъзоёнашро бо воситаи барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ берун созад. Ӯ дар паёмаш  аз вазъи ба гуфти худаш «пасти» иқтисодӣ  кишвар сухан мекунад ва чун вақта бо сухани «таскинбахши» худ аҳолии кишварро аз фурсати муносиби мубораки моҳи рамазон «умедвор» мекунад. Умедвор ба он, ки онҳо меҳоҳанд ҷомеаи соф фундаменталии исломӣ созад.      Худ дар мизони андеша баркашед. Ин ҳизб чӣ мехост? Қудрат ва тавоноӣ, дар фарҳанги маънавии мардум маҷбуран таҳмил кардани таассубу хурофотпарстӣ ва ахиран террору экстримизм. Магар ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ, Афғону Покистон барои мо дарси ибрат нест. Пас ин мардуми ваҳдатшиор ҳадафмандона будани ин ҳизбро инкор намуд. Хубиаш он аст, ки мардум кӣ дӯсту ки душманро дар симои ҳамин ҳизб фаҳмида гирифт.Воизону муаббирони наҳзатӣ дар оғози изҳороти худ гӯиё мардумро тарсониданӣ мешаванд, ки агар «ҳуқуқи наҳзатиён поймол шавад, хатари ҷанги бародаркуш сар мезанад», аммо ин «воломақом»-ҳо боре ҳам намеандешанд, ки дигар мардум сабукбор нестанд, дар мағз-мағзи устухонашон ҷароҳатҳои ҷанги бародаркушро эҳсос кардаанд. Ва идома ёфтани ин қувва баръакс хатари ҷанги шаҳрвандиро шиддатнок менамоянд.Мо ба ҳамагуна таҳримҳои душманони аҳримансифат омодаем ва бо дониши баланду рафтори намунавӣ ба онҳо посух мегӯем.

 

 

Шахсияти Муҳиддин Кабирӣ аллакай ҳамчун инсони разилу нопок ва рафтораш берун аз доираи одамгарӣ ба миллати тоҷик аён гаштааст. Аз ҳар суханони пучи ӯ бори дигар боварӣ ҳосил менамоем, ки  инсон ба хотири манфиати худу пайравонаш ба чӣ корҳо қодир асту ба хотири пулу мол омода аст хиёнаткори миллати хеш гардад. Пайравони ҲНИ чӣ мехоҳанд? Мақсадашон чӣ? Бетартибиҳо дар Тоҷикистон? Зиёд намудани сафи наҳзатиён? Ҳаргиз! Имрӯз ҷомеаи мо обод аст. Мардум ҳеҷ гоҳ ҷанги бародаркуширо аз хотир фаромӯш намекунад. Ва намехоҳад, ки боз ба гирдоби бало ва вартаи ҷанг қадам гузорад. Ва сабаби он як ҳизбе, ки солиёти дароз дар Ватани худ истода, ҷангро мехост, гардад. Мо, тамоми мардуми тоҷик, аз ҷумла, Шӯрои занон ва духтарони ДПДТТ бар зидди ҲНИ, бар зидди ҷангу ҷидол ва вайрониҳо ҳастем. Ҳаргиз намегузорем, ки пойи бадбахти удӯ ба Ватани биҳиштосоямон гузошта шавад. Бори дигар, мардуми тоҷик, алахусус ҷавононро ҳушдор месозем, ки ҳеҷ гоҳ ба шахсони номаълуму ношинос ва гурӯҳҳои ифротӣ дучор нагарданд. Худро аз тоифаи бесаводу нобинони ободии кишвар дар канор гирифта, аз пайи хизмат ба Ватан гарданд.

Исломе, ки то чи андоза поку беолоиш будани онро мо мардуми тоҷикон аз ҳама беш медонему дарк менамоем, мутаасифона боз ҳам дар чанголи он гуруснаҳое, ки бо хуни мардумони бегуноҳ чашми худро сер мекунанд афтода истодаем. Маҳфуме ҳаст, ки ман низ аз рӯи хулосаҳои худ маротибаҳои зиёд иброз намудам, ки мушкилоти чавонони мо имрӯз дар он ифода гашта истодааст, ки исломро аз имон дар фарқ гузошта наметавонанд, ин бевосита пеш аз ҳама мушкилоти худи онҳо мегардад, ки ҳаёту зиндагии худро табоҳ сохта, баъдан бо ин рафтори худ дар ҷомеа доғ мегузоранд. Хусусан, ин ҷангҳои бемаънову дасисаҳои беасос дар ҳодисаҳои сиёсии Сурия ва таъсиси ДИИШ вусъат ёфта истода, ҷавонони тамоми ҷаҳонро гирди худ ҷамъ оварда истодааст, ки ин тамоюл гурӯҳҳои экстремистон ва миллатгароёнро бо таҳқиру шиканҷаи мусулмонон фаъолтар намуданд, ки ин албатта тафаккури мардумонро бетаъсир намемонад. Гуфтан ҷоиз аст, ки байни мардум таассуб мавқеи бениҳоят ҳам мустаҳкамро касб намудаасту тақлид ба урфу одатҳои дигар миллатҳо намуда, оқибат дар як гирдбоди гароне бармехӯранд, ки аз он дигар роҳи баргашт нест.

Метавонем зикр намуда бошем он нафаре ки ба озодиву ободии диёру ватани хеш бетарафӣ зоҳир менамояд ба қадри оила, ёру дӯстон ва бар зидди фарзандон намерасад, шукронаи ин сарзамини муқаддас намекунад, нонро аз нонреза тафовут мерасонад, бедорхобиҳову сарсониҳои волидайни хешро намедонад ва ҷоннисориҳои қахрамононро пушти по мезанад экстремист гуфта тавонем.

Мутаассифона, таи солҳои охир на танҳо дар дигар кишварҳо, балки дар кишвари мо низ чандин нафарон симои воқеии худро, ки дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ онҳо буданд, бо вуҷуди ин ки ҳамаи он афродон сохиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, ҳоло ҳама экстремисти диниро, ки бадхоҳон эътироф менамоянд, халқи мо тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият  онро пурра маҳкум менамоем ва дар муттахидии якдигар онро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо бехатарии ҷиддӣ таҳдид менамояд.

Мо бояд донем, ки бобоҳову бибиҳоямон, гарчанде ки синну солашон калон буд, барои имрӯзи озодӣ солҳо ҷангиданду мубориза бурдаанд, ҳоло ҳар яки моро мебояд, ки чун гузаштагони худ ба наслҳои оянда як миллату давлати тинҷу оромро созем, то он ки онҳо низ моро ҳамчун аҷдодони тоҷвар шиносанд ва нагузоранд, ки миллат аз рушд боз монаду туъмаи дигарон шавад.

Аммо Кабирӣ ва кабири барин бедину беимонон мехоҳанд, ки бобоёни моро, ки алайҳи торикиву зулмат, бесаводиву фунтдаменталӣ мубориза мебурданд, имрӯз душмани миллат ном баранду босмачиҳои ғоратгару зинокор ва хуни мардумхӯрро қаҳрамон. Каме буд, ки Анварпошшои туркро низ қаҳрамон тарошад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

 

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯзаро ҳангомасозиҳои терористону ифротгароён фаро гирифтааст. Дар пайравии ҳамин терористони хунхор баъзе аз хиёнаткорони ватан ба мисоли роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли наҳзати низ дар чунин амалҳои зишт даст зада, оқибат хоину хиёнаткори ватани хеш гаштанд. Имрӯз бошад, ин хиёнаткорон ба хотири як миқдор пули пучи хориҷиён манфиатҳои милли моро пушти по мезананд. Аз рӯи фармони хоҷагонашон амал намуда, мақсад доранд, ки давлати моро низ ба кишвари ҷангзада мубаддал созанд.

Ба наҳзатиҳо зарур аст, ки бояд донанд мардуми тоҷик дигар он мардумони зудбовари садаи гузашта нест. Замоне онҳо низ ба чунин исломгароён одамвор бовар кард ва натиҷаи боварии онҳо кишварро ба ҷанги хонумонсӯз оварда расонд. Ва дигар касе ба ин нобакорон иҷозат нахоҳад дод, ки амалҳои зишташонро дар миллати мо амалӣ созанд. Акнун ватан соҳибони ҳақиқии худро дорад ва намегузорад, ки ҳатто сояи нопокон ба кишвари мо ворид гардад. Минбаъд танҳо талош бар он меварзад, ки решаи терористону ифротгароёнро ба теша зада нобуд созад. Кӯшиш мекунад, ки ватанамон ободу озод ва мустақилтар гардад. Саъй мекунад, ки барои хизамти содиқона баҳри марзу буми муқаддаси хеш ҳамеша омода бошад ва барои ҳимояи як зарраи хоки диёр ҷони хешро дареғ надорад.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.

 

Дар остонаи соли нави мелодӣ паёми табрикотии Муҳиддин Кабириро хонда будем ва ба чунин хулоса ҳам омадем, ки Муҳиддин Кабириро умуман фаҳмида намешавад. Гоҳе ӯ аз дунявият сухан мекунаду  гоҳе аз Худою расул ва ишораи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода барҳақ аст, ки Кабирӣ душмани асосии солшумории мелодӣ аст ва солшумории ҳиҷриро афзалтар медонад, аммо шарм накарда ҷомеаи кишварро бо ин ҷашн табрик мекунад. Яъне ӯ то ҳадде замонасоз шудааст, ки асолату арзиши динӣ ва талаботи хоҷагони худро ба боди фаромӯшӣ задааст. Сониян ӯ воқеан ҳам вазифадор аст, ки ба ҷароҳатҳои ҳамсангарҳои худ, ки имрӯз ба доми тазвираш даромада имрӯз дар маҳкамаянд намак пошад. Ӯ худ аз адолат ҳарф мезанад, вале чаро аз пайравони худ ҳимоят намекунад, бегуноҳии онҳоро исбот намесозад. Мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки нафаре ки бо Муҳиддин Кабирӣ сарукор дошт ба балои бад гирифтор шудааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии милли бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд. Меҳнати суботкорона посух ба душманони миллати мост!