Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ борҳо дар суханрониҳои худ нисбати зиёд гардидани  ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар либоспӯшӣ ва рафтору кирдори занону духтарон таъкид намудаанд. Махсусан президенти кишвар дар суханронии худ нисбати пӯшидани либосҳои сиёҳу бегона, бахусус сатру бурқаъ, дуруст қайд менамоянд, ки  «халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпўш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпўшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпўшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспўширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд».

Ҳамчунин бо баробари танзим намудани пӯшидани сатр аз ҷониби духтарон ва занон, бояд ба дигар масъала, ба масъалаи аз ҳад гузаштан дар пӯшидани либосҳои аврупоӣ аз ҷониби ҷавонон низ эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро ин раванд низ раванди бегонапарастӣ буда, ба таҳкими рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд ҳамавақт дар либоспӯшӣ чорчӯбаи маънавию ахлоқӣ нигоҳ дошта шавад. Аз ҳамин лиҳоз бо мақсади пешгирии раванди бегонапарастӣ дар ҷомеа махсусан дар баӣни ҷавонон бояд корҳои  фаҳмондадиҳӣ нисбати ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ,  ҳисси ватандустӣ, ҳувияти миллӣ, ҷоннок карда шаванд.

Ҳоло бо мақсади мақсади таҳкими фарҳанги либосҳои миллӣ аз ҷониби кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дастурамали мазкур бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ омода гардида хусусияти тарбиявӣ дорад. Дар дастурамали мазкур намунаи либосҳои тавсиявӣ оварда шудааст, ки бевосита барои эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маданияти либоспӯшии ҷавонон мусоидат менамояд. Ин дастурамал аз 11 бахш иборат аст:

    Бахши якум.  Либосҳои миллии муосири тоҷикӣ

    Бахши дуюм. Либосҳои духтарон ва занон барои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ.

Бахши сеюм. Либосҳои махсус (униформа) ва кории духтарон ва занон.

Бахши чорум. Либосҳои духтарон ва занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ.

Бахши панҷум. Либосҳои духтарон ва занон дар рӯзҳои идҳои расмӣ ва давлатӣ.

Бахши шашум. Либосҳо барои сайругашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, театр, толорҳои консертӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Бахши ҳафтум. Либосои духтарон ва занон барои рӯзҳои истироҳат (шанбею якшанбе).

Бахши ҳаштум. Либосҳои арӯсӣ.

Бахши нӯҳум. Либосҳои маросими азодорӣ.

Бахши даҳум. Андоза ва тарзи пӯшидани либосҳои тавсияшаванда.

Бахши ёздаҳум. Либосҳои духтарона ва занонае, ки пӯшидани онҳо тавсия намешавад.

Махсусан барои устодон ва мурабиён дар раванди ташкили корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон нисбати иҷроиши тавсияҳои бахши ёздаҳум эътибори махсус додан лозим аст. Зеро дар ин қисмат намунаи либосҳои духтарона ва занонае, ки пӯшидани онҳо тавсия намешавад оварда шудааст. Бевосита дар ин боб чунин оварда шудааст:

- барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб;

 - либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдомон (миниюбка), деколте, топик;

  - куртаҳои нафис ва тунук, ки баданро намоён мекунанд;     

 - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд;

 - либосҳо аз матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатӣ зарар доранд.    

  

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки риояи дастурамали мазкур ба баланд бардоштани маданияти либоспӯшӣ ва фарҳанги миллӣ байни занон ва духтарон мусоидат менамояд.

Ахмедова  М. М.

дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон такя ба нерӯи созандаи ҷавонон намуда аз эшон талаб менамоянд, ки ҳамеша ватандӯсту хештаншинос ва зираку ҳушёр бошанд. Амалҳои зишти наҳзатиёнро маҳкум намуда, зидди нафарони иртиҷоӣ ва мубаллиғони онҳо мубориза баранд.

Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои хеш таъкид дошта буданд, ки “Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташакилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон  ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократии дорои иқтисоди бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад”.

Дар ҳақиқат маълум гашт, ки нафарони дар гирдбоди хоҷагони хориҷӣ ва Кабирӣ ба бод рафта, ба ҷуз муттаҳамкунии Тоҷикистон дигар дар зиндагии худ ягон ҳадаф надоштааанд. Ҳар кадоме изҳор менамоянд, ки хатогиҳои мақомот, сиёҳкориҳои макомот, гуноҳи мақомот, хоҳиши мақомот ва чанд васвасаҳои дигари бофтаи наҳзатиҳо дигар дилгиркунанда шуд. Кӣ ба ҳамаи ин дурӯғу фиреб бовар мекунад? То кай чунин дурӯғу тӯҳмат алайҳи мардум ба кор меояд? Наҳзатиҳо бояд кадоматон хуб донед, ки вақту замони худхоҳиву худситоии шумо кайҳо гузашта рафтааст. Тамоми мардум аз сулҳи кишвар мефахранду меболанд. Якбор, ки ба доми макру фиреби чуинин исломгароён афтода, натиҷаашро дидаанд.

Мубаллиғони наҳзатӣ муборизаро барои барҳам додани сулҳу суботи кишвар ҳанӯз аз асри гузашта оғоз ёфта буд. Ва ин то кунун идома дошта, амалҳои инсонфиребонаи худро паси парда нишон доданианд. Вале мардуми зираку ҳушёр инро дарк менамояд ва он суханонеро, ки Кабирӣ ва намояндагони наҳзати дар расонаҳои интернети пахшу пахн менамоянд, бовар намекунанд ва онро маҳкум мекунанд.

Хоса ҳамаи он изҳоротеро, ки аз ҷониби Раиси ТЭТ ҲНИ то куннун ба мо расидааст, ҳатто гӯшношунид аст, зеро имрӯз мардуми бофарҳангу бомаърифати тоҷик медонад, ки кадом роҳ росту кадомаш каҷӣ дорад. Дигар ягон ҳоҷат ба тавзеҳот ва хуннолидани наҳзатиҳо нест, чун ҳама медонад, ки тарафдорони ин аҳзоб ба чи кор машғуланд ва ҳадафҳои нопокашон дар кадом ҷанба пешбинӣ гардидааст. Аз ҳамин лиҳоз намояндагони ин ташкилоти террористӣ ва экстремистиро бо роҳбарии Кабирӣ мебояд, ки ба кори суханони худ, ба таблиғоти бемаъниву авомфиребонаи худ хотимаи воқъи бахшанд. Вагарна барои худ чоҳеро омода месозанд, ки худ дар он меафтанд. То кай мардуми моро фиреб мекунанд ва ба доми макур фиреб меандозанд. То кай  модарону кӯдакони маъсум хун мегирянд. То кай фиребу сӯӣ миллати тамаддунсоҳби тоҷик ҷоҳ меканнанд. Амнам он рӯз дур наҳоҳад буд, ки ин наҳзатиҳои бевиҷдону беимонро рӯзе нону намаки миллати тоҷик кӯр мекунад. Дур нест он рӯз, ки ин нохалафон дар чоҳи кандаи худ, худ меафтанд. Зеро беҳуда бузургони гузаштаи нагуфтаанд, ки: «Чоҳкан зери чоҳ».

Хайруллоева Н. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Мо, устодони факултети муҳандисӣ - технологӣ, хосса кормандони кафедраи дизайн ва меъморӣ аз гуфтахои фачу иғвоҳои наҳзатиён дар мавриди манъи либоси динӣ дар корхонаву ташкилотҳои давлатӣ чунин хулоса бардоштем, ки онҳо мехоҳанд бо эҳсоси мардум бозӣ карда, халқро алайҳи давлат шӯронанд. Вале ин илоҷи вокеа нест. Зеро мо медонем, ки ҳар як давлат ба худ хос анъанаву расму русум дорад. Мо пештар ба халқи туркман ҳавас мекардем, ки чи гуна ба либоси миллии худ арҷ мегузоранд ё аз қирғизон истиқбол мекардем, ки онҳо низ либоси худро доранд. Бехабар аз он, ки аз қадимулайём тоҷикон бо фарҳанги либоспӯшии шинаму зебои худ дар ҷаҳон ном бароварда буданд. Либоси миллии мо атласу адрас, чата наст. Ва солҳои охир бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси миллии тоҷикона аз нав эҳё шуд. Шогирдони донишкадаи мо дар озмунҳои мухталифи адрасу атлас ҷойҳои нахустинро ишғол намуданд.

Пас мо ба миллатфурӯшони лаин гуфтанием, ки либос баҳонае беш нест. Бас аст аз таги нохун чирк кофтанҳо. Зеро ин роҳи мубориза нест.

 

Сарвари собитқадами миллати тоҷикон, Пешвои мардуми сарфарози тоҷик дар яке аз паёми хеш бо боварии том ба мардуми қавииродаи ориёитабор иброз намуданд, ки: “Ман итминон дорам, ки вакилони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат, тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, бонувони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, кормандони далеру ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳар як фарди меҳандӯсти кишвар ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат мекунанд ва бо ин амали неку созандаи хеш қарзи виҷдониву инсонии худро адо менамоянд.

Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.

Тавре барои мо маълум аст дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти халқамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Хушбахтона, мо ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки ҳамаи мо дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо сарвари давлат ва ҳукумати кишвар бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем ва барои зиндагии шоистаи қадамҳои устувор хоҳем гузошт.

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем. Ин суханҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ба хотири фазои оромиро ба мардуми мамлакат муҳайё намудан чи қадар абармардони ватанпарвару худогоҳи миллат ҷонфидои намудаанд.

Хоса барои он нафароне хоин ба мисоли наҳзатиёни ватанфурӯш нишон хоҳем дод, ки мо то чи андоза ватандӯсту меҳанпараст ва хештаншинос ҳастем. Нишон медиҳем, ки мо барои ҳифзу ҳимояи як зарраи ин хоки муқаддаси диёрамон ҳатто аз ҷони хеш гузашт менамоем. Зеро ин марзи муқаддас Ватани мост – модари яктои мост.

Тошхӯҷаева М.И. – устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ шинохта шудааст ва ин амал аз ҳар як шаҳрванди соҳибҳуқуқи кишвар тақозо менамояд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии худро афзун намоянд. Дар воқеъ, имрӯз маърифати сиёсии шаҳрвандон боло рафтааст, ки инро мо дар хаёти харруза аллакай мушоҳида карда истодаем.

Чоизи зикр аст, ки замоне баъд аз манъи фаъолияти ҲНИ, раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ба кишварҳои кафили Созишномаи сулҳи байни тоҷикон муроҷиъат кард ва аз онҳо даъват намуд ба қарорҳое, ки дар ин робита аз тарафи Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон бароварда мешаванд, дахолат кунанд ва ба нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар кишвар мусоидат намоянд. ҲНИ он вақт таъкид мекард, ки таъқибу маҳдудкунии фаъолияти ин ҳизб метавонад сатҳи ифротгароии мардумро боло барад ва амнияти Осиёи Марказиро зери хатар гузорад. Аввал ин ки баста шудани фаъолияти ин азхоб на танхо карори сарвари давлат аст, дуюм ин ки Точикистон давлати демократи мебошад, яъне хокимият дар дасти халк. Мардум озод хастанд ва миёни эшон озодии баён хукмрони мекунад. Аз ин чост, ки ин карори таоми мардум ва Суди Олии Точикистон аст. Дар хакикат фаъолияти чунин як ташкилоте, ки терористи эътироф шудааст ба халк зарар ва ба мардум халал ворид мекунад.

 Муҳиддин Кабирӣ бо тахдид баён доштааст, ки макомоти давлати ба корҳои сиёсие даст зада истодаанд ва намеандешанд, ки охираш бо бади анҷом меёбад. Бо ибрози ин фикраш Кабирӣ руи рост тарафи мо тахдид карда истодааст. Инчунин тӯҳмат зада истодааст, ки хазорон аз набудани волоияти конун гуё аз давлат фирор карда истодаанд. Ин баръакс аст, Кабирӣ инро ту низ медонӣ, ки замоне Асосгузори сулху вахдат- Пешвои миллат, Эмомали Раҳмон барои фирориёни чанги бародаркушро ба ватан баргардонидан, борхо чони хешро ба хатар гузошт, то эшон дар миллати худ дар зодгохи азизи худ, зиндагии арзанда дошта бошанд. Устоди тухматчиён шудаед, куллатон, ки чанде пеш ходисаи куштори сайёхонро ба ДОИШ бало монда будед, акнун ба фикрам тирро ба хадаф расонида натавонистед, ки инро чониби макомотхои давлати хавола додед. Шояд шумо шунидаед, ин ходисаро, ки кадом чониб содир намудааст, мо бошем дидем бо ду чашми сар, ки шогирдони "вафодор"- шумо бо амри бевоситаатон ба ин амали нангин даст задаанд.

Ин суханон дар назди хама як худсафедкуниро мемонад ва бояд қайд намуд, ки ин худсафедкунии Кабирӣ ягон асосе надорад. Чунки он намояндагони ҳизб, ки тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҳабс гирифта шудаанд, бевосита дар асоси факту далелҳои раднопазир гуноҳашон исбот гардида, дар ҳодисаҳои рӯй дода, исён катлу куштор ва ё табадуллоти давлати даст доранд. Зеро аъзоёни фаъоли ҲНИ, мақсад дошт, ки тавассути ин хама амалиётхои чанги аз чумла табаддулоти давлатӣ сулҳу суботи ҷомеаро аз байн бурда, Ваҳдати миллиро поймол созад ва хушбахтона ин амали нангин ба бахти миллати тоҷик ба нокомӣ дучор гардид.

Аз ин хотир ҳодисаи охир барои сабук намудани ҲНИ як баҳонае набуда, балки сифати ҳақиқии ҳизби мазкурро барои аҳли ҷомеа равшантар месозад. Бинобар ин, кушишҳои Кабирӣ дар бораи ба ҷараёнҳои ифротгаро ва экстремистӣ ҳеҷ муносибат надоштани ҲНИ кушишҳои беҳуда буда, беҳтараш ӯро лозим аст, ки ба гуноҳи ҳизбу пайравонаш иқрор шавад ва ин беҳтарин ва ягона роҳи дурустест, ки бояд ӯ интихоб намояд.

Шамшод Алиев,

мудири кафедраи автомобил ва идоракунии нақлиёт

 

Дар ҳама давру замон нохалафоне ҳастанд, ки бар зидди пешравию ободӣ баромада, фикру ақидаи хешро дуруст ва ҳақ мешуморанд. Баъзе нафарон, ки ҳамфикрони бадхоҳи худро гирдашон ҷамъ оварда, онҳоро низ ба роҳҳои фиреб мебаранд, даъвоҳову дурӯғҳои беасосро паҳн карда истодаанд.

Ҳамагон шоҳиди онем, ки солҳои охир ҲНИ чандҳо маротиба суханони дурӯғро овоза карда, худро соҳиби ҳақиқии давлату миллат пиндошта истодаанд. Аз лаҳзаҳои манъ шудани фаъолияти ин ҳизб мардум овозаҳои гуногуни хандаоварро шунида, аллакай одат кардааст. Агар аввалҳо ин дурӯғу фиребҳои наҳзатиён ба дили мардум тарсу ваҳмро ҷойгир намуда бошад, пас имрӯз ҳамагон онро овозае беш намедонанд.

Навиштани ҳар гуна ҳарзаҳо дар расонаҳои хабарӣ, барпо кардани гирдиҳамоиҳо, баромад аз минбарҳои баланди ташкилотҳои бонуфуз...

Аммо чӣ суд аз ҳамаи ин худнамоишдиҳо? Ҳамаи ин баромадҳои “воҳиманок” ба мардуми тоҷик заррае ҳам бошад ягон таъсири худро нарасонидааст. Баръакс, нафрати халқу миллати тоҷикро аз хурд то бузург ба бадхоҳони мо зиёд намуда истодааст.

Боз як овозаи дигар... Оид ба либоси миллии тоҷикона. Имрӯз мебинем, ки бисёри духтарон аллакай аз фарҳанги бегона даст кашида, матоҳои гуногунро бо дӯхти замонавӣ ба бар кардаанд. Ҳастанд нафароне, ки то ҳоло маданияти либоспӯширо хуб дарк накардаанд. Аммо аз 1-2 соли охир маданияти либоспӯшии занону духтарон то дараҷае баланд гардидааст.

Бо қабул гардидани тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба либоси ягона имрӯзҳо мебинем, ки аллакай донишҷӯдухтарон бо либосҳои протоколӣ, куртаҳои миллӣ ба муассисаҳои таълимӣ меоянд. Занону бонувонеро мебинем, ки дар тан либоси миллӣ доранд.

Халқи тоҷик аз қадимулайём халқи бомаданияту фарҳангдӯст аст. Занони тоҷик намунаи зиндаи оиладориву рӯзгордорӣ буда, маданияти баланд ва ҳисси баланди масъулият доштанду доранд.

Пас, чаро мо имрӯз бояд либоси миллӣ – куртаҳои хушнамудро гузошта ба фарҳанги бегона рӯй орем. Ҳатто аз филмҳои замони шӯравӣ аён аст, ки модарону бибиёни мо  куртаҳои атлас ба бар намуда, дар сар  тоқӣ ва рӯймол доранд.

Биёед, ин анъанаи некро давом диҳем. Намунаи зебои бонуи тоҷик гардида, доимо дар роҳи рост бошем.

 

 

 

 

 

Халқи заршиноси ҷумҳурӣ медонанд, ки ҳизби наҳзати ислом аз нахсутин рӯзҳои ба арсаи сиёсӣ омадан, дари фитнаю мусибат, ҷангу ҷанҷол ва харобгарию тороҷгарӣ боз шуд. Бо ташвиқи саркардагони ҳизб дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар пойтахти Ватани мо шаҳри Душанбе гирдиҳамойи бемантиқ оғоз ёфта, мардуми тоҷикро ҷонибдори ду майдон – майдони Озодӣ ва Шаҳидон ҷудо намуд, ки мубоҳизаи фоҷиабори ин майдонҳо ба сари халқу миллат бадбахтиҳои зиёд овард. Азрӯзҳои аввалини фаъолияташон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳизбҳо ғамхорӣ ва дастгириҳои бемислро роҳандозӣ намуданд. Хусусан ба ҳизби назҳати ислом доманаи фаррох кушоданд. Бо дастгирии давлат масҷидҳои дар давраи Шӯравӣ несту нобудшуда,  аз нав бунёд шудаанд.  Ба ғайр аз ин чӣ қадар масҷидҳои нав бунёд шуданд, ки давлати нав бо мақсади рушди ислом дастгирӣ намудааст, бар замми ин масҷидҳои бузургтарин бунёд ёфтанд, ки дар онҳо ба намозгузории панҷвақта иҷозат дода мешуд. Саркардагони ҳизб ба ҳамаи некиҳои давлат қонеъ нашуда, фитнаю ҷангу найрангро ба миён оварда, оқибат сабабгори ҷанги сахти шаҳрвандӣ гардиданд, ки харобати бадбахтиҳои бемислро ба сари халқ овард. Ин ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ, чӣ қадар қурбониҳои бемислро ба миён овард, ки қалам аз тасвири он оҷизӣ мекашад. Чӣ қадар модар бефарзанд, чӣ қадар зан бешавҳар, ҷӣ қадар бачаҳо бепадару модар гашта дидор ба қиёмат монданд. Ин ҷанги хонумонсӯз падару писарро гиребонгири якдигар, бародарро бо бародар ба набарди хунин андохта ба тӯъмаи марг ҳаво дод. Ин манзараи фалокатбор, хунрезии ваҳшиёнаю куштор, ки дар сари он ҳизби Назҳати ислом ва саркардагонаш меистаданд, боиси ғарибии ҳазорон нафар гардид. Дигарон ғариб карданду худ низ дар мулки ғарибӣ  даст ба иғвову дасиса мезананд.  

Мо медонем, ки ҷавҳари ислом ваҳдату ҳамбастагист.  Аммо ҲНИ бо нотавонбинию фитнаангезӣ ҳамоно мехоҳад амалҳои зишти худро пиёда созад.  Мехоҳанд ҷавонони моро ба ғафлат мононда, дасисаю фитнаҳои навро эҷод намоянд.

Ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол ба Шумоён бо дили пур муроҷиат менамоям. Шумо ҳам дар ҳақиқат ниҳоят пеш рафтаед, бо техникаи ҳозиразамон аз бисёр чизҳо воқиф гаштаед. Ақлу заковати Шумо ба дуриҳои дур парвоз карда метавонад. Бинобар ба Шумо муроҷиат карда мегӯям, ягон дақиқа ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед, ба суханони пуч ва ваъдаю даъватҳои ғаразноки Ҳизби фалокатовари назҳати ислом фирефта нашуда, бо ин хел афроди хоину вайронкор муборизаи беамон баред

Ҳамеша ба ғояҳои ҷовидонии Президенти маҳбуби кишвар содиқ, вафодор бошед, ки Тоҷикистон маҳз бо заковати пурмаҳсули Шумо ободу зебо мегардад.

 

Исломова М.М., ассистенти кафедраи молия ва қарз

Хушбахтии мардуми тоҷик ва хирадмандии Пешвои он аст, ки фаъолияти ғайриқонунии ҲНИ саривақт боз дошта шуда, тамоман манъ карда шуд.

Амалҳои ҲНИ, ки солҳои дароз худро узви Тоҷикистон ҳисоб намуда, аммо аз дарун бар зидди давлат баромад, ҳамаро ба ташвиш андохт.

Сарвари давлат, ки инсони наҷиб аст, ба ин ҳизб ҳамаи шароитҳоро фароҳам овард, то мардуми тоҷикро дар руҳияи дини мубини Ислом ба роҳи росту дуруст ҳидоят намояд.

Аммо пайравони ин дин ҳама ватанфурӯшу нохалаф будаанд. Амалҳои зишти худро бо дин рӯйпӯш намуда, бар муқобили миллату давлати худ муборизаро оғоз намуданд.

Бо зиракиву ҳушёрии Сарвари давлат ва кормандони мақомотҳои махсус ҳамаи ин кирдорҳои ғайриқонунии наҳзатиён ошкор гардид. Фавран чораҳои зарурӣ андешида шуд. Халқ аз дасти бесарусомониҳои нав наҷот ёфт. Мутаасифона шахси бадгуҳар то охири умри худ ислоҳ нахоҳад шуд. Хоҳ дар ватани худ бошаду хоҳ берун аз он.

Имрӯзҳо мебинем, ки наҳзатиёни фироркарда берун аз кишвар истода, Тоҷикистонро зери борони танқиду маломат гирифтаанд. Чӣ гуфтанашонро надониста, дурӯғҳои бофтаи худро тавассути расонаҳои хабарӣ ба мо ирсол намуда истодаанд. Тирашон ба нишон нарасида истодааст. Аммо ин ҳам онҳоро боз надоштааст. Суханонашон ба касе таъсир накард. Бо амал пурқуватии худро намоиш додан хостанд. Аммо бефоида.

Ба наҳзатиён гуфтанием: мо аз вартаи ҷанги хонумонсоз раҳоӣ ёфта, сулҳро пеш гирифтаем. Мо зиндагии осоиштаро хоҳонем. Мо муттаҳид ҳастем. Пешвои худро дорему пайрави ӯ ҳастем. Бас аст масхарабозиҳои шумо! То кай вақти худро сарф намуда, дурӯғ мебофеду онро боз ба мо мерасонед. Овозаҳои беасоси шумо нафрати моро дучанд гардонида истодааст. Ҳаминро бояд донист, ки ҳеҷ як бадхоҳ ба мақсад намерасад.

 

Бад макун, ки бад афтӣ

Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

 

 

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза ба истиқлол расида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд.

Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон моҳиятан “як раванди ташвишовар” баҳогузорӣ карда шуд: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидко­рӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала натанҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқку­нан­даи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бороҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад. 

Сазовори гуфтан аст, ки дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан милли­доштаро ба бар мекарданд. Ин сарули­бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳия­ҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯши­данд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳво­нӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси ранго­ранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.   

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар па­зи­руфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо исти­ло­­ҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Брито­ниёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкило­ту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гар­ди­дааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад.

Сазовори мухтасар ёдовар шудан аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём либоси хоси хешро дошт ва ба маданияти либоспӯшии ин миллат дигар халқҳо ҳавас мехӯрданд. Анъанаи сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.   

Хулоса, дар вазъияти баамаломада барои ҳифзи асолати сару­либоси миллӣ ва динию эътиқодии худ тарроҳони моро мебояд, ки дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро баровардаи хайр гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва таваҷҷӯҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд. 

Пӯшидани либоси миллӣ ва пос доштани фарҳанги пурғановату арзишманди ниёгонамон низ нишонае аз ватандорист. Устод Садриддин Айнӣ дар як мақолааш таъкид намуда: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб, ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто, аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад». Ин суханони воқеан, пурарзиш барои ҳамаи мо сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд.

Қосимова Малика,

устоди кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Миллати тоҷик яке аз давлатҳои қадима байни давлатҳо дар қитъаи Осиё ва дигар давлатҳои рӯи дунё ба шумор меравад. Аз даврони қадим то ба имрӯз, расму оини либосҳои миллӣ дар Тоҷикистон ҷои хосе дошт.

Хушбахтона, дар даврони истиқлолияти давлатӣ оиди либосҳои миллӣ ва рушди он саҳми назаррас аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашм мерасад.

Либосимиллӣ – ин либоси беназир барои духтарон ва занони дар ҶумҳурииТоҷикистон мезиста бо таърихи дуру дароз мебошад. Дар муқобили либоси миллӣ солҳои охир ҳиҷобу рӯисарӣ низ ба қавле мода шуд. Аксар занҳо барои худнамоишдиҳӣ ба бар ҳиҷоб мекунанд. Дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ агар ҳукумат зимоми ба ном «диндорон»-ро накашад ҳоло фаранҷипӯшӣ низ расм шуда истодааст. Ин агар аз як тараф таълимоти моҷароҷӯёнаи наҳзатиҳо бошад, аз ҷониби дигар бозӣ кардан бо эҳсоси мардум аст.   

Ин тафриқаандозӣ ва моҷароҷӯиҳои  ҲНИ ҳеҷ вақт бар фоидаи миллат, ва худи наҳзатиён нест. Зеро тӯли беш аз ҳазор сол кӯшиш карданд, ки фарҳанги бегона, хоссатан арабиро ба рӯзгори мо таҳмил намоянд, аммо ба ин комёд нашуданд. Зеро халқ медонад, ки чиро қабул кунаду чиро не.  

 

Бо мақсади эҳё намудани анъана ва расму оинҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётии онҳо бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд озмуни “Дастони моҳир” эълон гардида буд.

Дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони бомаҳорат озмуни “Дастони моҳир” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Шартҳои озмун барои духтарон ва писарон муайян карда шуда, иштирокчиён аз рӯи он қувваозмоӣ намуданд. Барои донишҷӯдухтарон чунин шартҳо пешниҳод гардид:

  • дар бар намудани либоси мувофиқ барои пухтупаз;
  • тайёр намудани хамираи самбӯса (аз гӯшт);
  • моҳирона бастани самбӯсаҳои миллӣ;
  • пухтан ва пешниҳоди самбӯсаҳо.

Барои донишҷӯписарон шартҳои зерин муайян гардид:

  • дар бар доштани сару либоси мувофиқ барои ошхона;
  • тарзи дуруст реза кардани сабзӣ;
  • тоза кардани себ аз пӯст;
  • оростани дастурхон (бо сачоқ ё сақоқи қоғазин, табақчаҳо, қошуқ, панҷшоха, зарфи шишагин).

Ҳамаи иштирокчиёни озмун маҳорати баланди худро нишон дода, аз уҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд.

Аъзоёни ҳакамон  ба лаёқати пухтупазии иштирокдорон баҳои баланд доданд.

Ҳамин тавр, донишҷӯи курси 1_50.01.02та Тошматова Эъзозхон аз ДПДТТ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Донишҷӯи дигари донишкада Алимов Ҳасанхон, ихтисоси 1_43.01.03тБ низ дар озмун фаъолона иштирок намуда, сазовори сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Ҳамагон бо шавқи том озмунро тамошо намуда, ба ҳунармандии донишҷӯён баҳои арзанда доданд.