Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили тарбия, бахусус ҷавонону наврасон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, шароити мусоид дар оила ва илму донишомӯзиро талқин менамуданд. Имрӯз ҳам ин самти кор меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад.

Бо мақсади муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ даҳҳо Қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд.

Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамалакат то соли 2020 қабул карда шуд ва дар он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад. Бояд, ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбари давлатамон ҳисси миллии хешро баланд бардошта, ҳушёру зирак бошанд ва баҳри таъмини ояндаи дурахшони худ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, ҳама вақт омода бошанд.

Мутаассифона, маҳз ҷавонони имрӯза қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгароӣ аз сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокофии насли наврас шаҳодат медиҳад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи ҷавонон яке аз мубориза бар зидди падидаи номатлуби ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгарои маҳсуб мешавад.      Пешвои муаззам доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Пӯшида нест, ки солҳои охир ҷалб ва иштироки ҷавонон дар созмонҳои террористиву экстремистӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз шумораи ҷавонони тоҷик дар қаламрави Сурияву Ироқ ва Афғонистон ҷангида беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин  ношукрӣ ва носипосӣ нисбат ба Ватанро нишон медиҳад. Ҳарчанд ки аз тарафи мақомотҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, аммо то имрӯз ин падидаи номатлуб пурра аз байн нарафтааст. Бинобар ин зарур аст, ки дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм худи ҷавонон саҳми дахлдор дошта бошанд. Чунин кор имрӯз аз тарафи созмонҳои гуногуни ҷавонони тоҷик, гурӯҳҳои ихтиёрии ташвиқотии ҷавонон васеъ ба роҳ монда шудааст. Кору фаъолияти ин созмону гурӯҳҳои таблиғотии ҷавонон боз ҳам васеъ карда шуда, доир намудани озмун ва намоишгоҳҳои рассомӣ, мизҳои мудаввар, бозиҳои варзишӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шавад. Дигар дар ҷараёни таълим омӯзгор ва дар оила волидайн корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда модарон пеши роҳи фарзандони силоҳбадасташонро бигиранд, зеро аз дасти ҷавонони беиродаю бераҳм, дунё ба дод омадааст. Мардуми сайёра ташнаи сулҳу салоҳ ҳастанд. Аз байн бурдани ҷони ширини инсони бегуноҳ дар ҳамаи динҳо мамнӯъ аст.

Мо вазифадорем, ки фарзандонро, насли наврасро дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба камол расонем ва боварӣ дошта бошем, ки офтоби хиради  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои кишвари азизамонро ҳамеша дурахшон нигоҳ медорад.

 

Қаюмова С.А., ассистенти кафедраи молия ва қарз               

 

Тоҷикистони азизи мо баъди ба даст овардани Истиқ лолияти давлатии худ бо айби идае аз нобинону кӯрдилон як муддат ба миллати ҷангзада табдил ёфт. Ҳамаи ин ҳодисаҳои даҳшатборро то кунун миллати тоҷик аз хотиир фаромӯш накардааст.

Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистони нав ба Истиқлолиятрасида даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд.

Имрӯз бошад, ин наҳзатиҳо минбари кишварҳои ғарбро ғасб намуда аз худу аз аъмоли нопокаш дифоъ мекунад. Ва арзишҳои миллати моро пушти по мезананд. Дастовардҳои бузурги кишварро нодида мегиранд. Зеро ягона ҳадафи ин нохалафон аз байн бурдани обрӯву нуфузоти миллати мост. Вале бояд донанд, ки ба ин мақ сади нопоки худ ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Имрӯзҳо ҷомеаи орому осоиштаи моро гоҳо ду ҳодисаи номатлуб халалдор месозанд: яке –ба амалҳои беҳудаю зараровар (аз қабили қиморбозӣ ва нашъамандӣ) одат кардан, дигаре ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш. Ин зуҳуроти нохуш, ки оқибати онҳо танҳо пушаймониву бадномист, ба фикри мо, чандин сабаб дорад. Сабаби аввал бекорӣ, аз кору заҳмат гурехтан ва ҷустани роҳи осону беранҷи зиндагист. Онҳое, ки роҳи сабуку безаҳмати ҳаётро меҷӯянд, аввалтар аз ҳама, ба номи шарифу мубораку инсон иснод меоваранд ва баъдан, дар ҷомеа бетартибию беинтизомӣ ва бесарусомонӣ эҷод мекунанд.

Барои дарки дурусти моҳияти ин мавзӯи мубрами рӯз дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талоши ҷиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала рӯшанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро пешниҳод намудаанд. Яъне, барои ҳалли мушкилоти худ «инсонҳо» ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила амалӣ менамуданд. Бо мурури замон муносибат, шакли мубориза ва омилҳои таъсиррасонии ин раванд дар ҷомеа дигаргун шуда, давра ба давра вобаста ба тараққиёти инсоният шаклу шамоилҳои этникӣ, миллӣ, динӣ ва минтақавиро ба худ касб менамояд.

Барои оммафаҳм шудани мавзӯъ моро зарур аст, бо як қатор мафҳумҳое, ки бо ин раванд алоқаманд аст, шиносоӣ пайдо намоем.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ифротгароӣ- экстремизм, фундаментализм – бунёдгароӣ ва тундгароӣ – радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задании низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.

 Табдил гардидани мӯҳити динӣ ва омилҳои мусоидаткунанда ба тундгаро шудани он аслан аз мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ, ба қисматҳо ҷудошавии он дар асоси ҳузури исломи ғайрианъанавии сиёсӣ, инчунин, нокифоя будани донишҳои динии шаҳрвандон ва маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон мебошад. Кишварҳои дунёро зарур аст, дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор чун кӯҳ по бар ҷо истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.

Дар таърихи 12 ноябри соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №776, ба мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо экстремизм ва терроризм «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим барои таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремизму терроризм ва дар ин замина муттаҳид намудани тадбирҳои муштараки органҳои қудратии кишвар, мақомоти идоракунӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ намудани ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ саҳми басозе хоҳад гузошт.

 Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи «амният» муродифи калимаи «давлат» аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оид ба ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи «давлат», зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро аз ҳама намуди хатарҳои номатлуби ҷаҳони имрӯзаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, олими машҳур Томас Гоббос мегӯяд: «Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз».

Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ – миллат ва миллатҳо, қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд.

Вазъи имрӯзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ – таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзу сулҳу суббот ва амният меистад. Ин мавзӯъи дараҷаи аввал маҳсуб мегирад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад намехохад ба корҳои номатлуби замон даст занад. Чунончӣ Ҳофиз дар  ин бобат мегӯяд: «Чеҳра ба гиря бишӯяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷӯяд».

Амнияти давлат мавҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Мӯҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад. Субъектҳои дорои ҳуқуқ, ҳамзамон, вазифаҳои муайян дар самти таъмини амнияти давлатро дорад.

Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандарканорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносибати байналхалқӣ,  давоми сиёсатихориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмӯи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳияти ҷавҳари чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон.

Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост, таърихи ҷнгҳост,  таърихи муборизаҳост. Аз ин фоҷиа набояд сохт. Ин мушкили моро осон намекунад. Онҳоро ҷиддан бояд омӯхт. Аз нигоҳи илмӣ ҳамчун падидаи воқеӣ нигоҳ накарда, зарур аст системаи таъмини амниятро тарзе пешгӯӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки ба миллат осеб натавонанд расонанд.

Ҳамзамон, дар муқобили тахрибкории бадхоҳони миллат, воқеияти дохили мамлакатро низ бояд мадди назар гирифт. Намунаҳои ҳақиқатан ватандӯстона ва миллатпарастонаи онро минбаъд ҳам қувват бахшид. Оид ба арҷгузории масъала аз муҳимтарин категорияи фалсафии сабаб- оқибат дар лаҳзаҳои барои таъмини амнияти миллӣ ҳассос истифода кард. Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъминиамнияти миллии худро дорад. Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешавад. Ҷараёни таъмини амнияти миллӣ навъи мусобиқаи интеллектуалӣ байни сохторҳои ин муассиса бо террористҳо, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, объектҳои таҳти назар муайянкардаи қонун нест.

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамеша аз мавзӯъҳои муҳими  ҷомеа ба шумор меравад. Солҳои охир на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё сафи ҷавонону наврасоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, афзуда истодааст. Агар ҷавонони имрӯзаро бо насли гузашта муқоиса намоем, тафовут хеле калон аст. Сохти иҷтимоӣ кулан тағйир ёфта, ҷавонону наврасон бештар ба соҳаи техника рӯ овардаанд. Агар дар замони гузашта барои тарбияи наврасон ва ҷавонон китобҳои бадеӣ ва осори классиконро истифода бурда, ҷавонон дар мутолиаи китоб байни ҳам мусобиқаҳо ташкил мекарданд, мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ китоб моҳияти худро қариб, ки гумм карда, насли ҷавон дар тамошои филмҳои даҳшатовару куштор ва дорои фаҳш, ки баръакс, ба ояндаи онҳо зиёновар аст, сабқат мекунанд.

Ин ҳама мо-омӯзгоронро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи меҳнатии ҷавонону наврасон ҷиддан машғул шавем. Мебояд, ки дар ин роҳ ҷиҳати ба зеҳни шогирдон расонидани моҳияти маънавӣ ва иҷтимоии кору заҳмат аз усулҳои гуногуни самаровар истифода барем. Нахуст бо истифода аз чанд дақиқаи дарс овардани мисолҳоро аз ҳаёти ҷавонони гумроҳ, ки ба дарди бедавои бекорӣ, бепарвоӣ, нашъамандӣ мубтало шудаанду ҳаёти худро барбод додаанд, зарур медонем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳан, ки ҷавонон ин гуна мисолҳоро бодиққат мешунаванд ва хулосаи зарурӣ низ мебароранд.

         Намоиши филмҳо ва роликҳои кӯтоҳ аз ҳаёту тақдири ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд ва зери тиру туфан мондаанд, боиси нафрат пайдо кардани шогирдон мегарданд.

         Агар мӯзгор дар дарсҳо ба таври кӯтоҳу муъҷаз аз ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии олимон, донишмандон ва суханварони машҳури форсу тоҷик  - Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ғайра мисолҳо орад, ин беҳтарин усули дар роҳи худшиносӣ тарбия кардани ҷавону наврас маҳсуб меёбад.

         Ҳамзамон, ҷавонони имрӯза бояд аз бунёдкориҳову созандагиҳои кишвар огаҳ бошанд.

Хулоса, вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, ба хусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби змони муосир ба монанди радикализм (тундгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик ҳамеша саъю талош варзад. Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ баён намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд».

Абдуллоева Ҳ.Р.

муаллимаи кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идора

 

 

 

 

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои «диндорон» ноҳамвор сохта, нотинҷиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинадӯзӣ, фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз таъсири бади он ранҷ мебарад.

Пас ҳоло ҳоикмияти кишвар дар дасти халқ  аст. Халқе, ки комилан бофарҳангу бомаданият ва комилҳуқуқу босавод. Халқе, ки дигар ҷангу ҷидол ва бесарусомониҳоро намехоҳанд ва маҳкум менамоянд. Ҳоло мардумогне дар ин сарзамин зиндаги мекуннад, ки ба қ адри озодиву ободии кишвар мерасанд ва онҳоро ба қадри ҷони хеш дӯст медоранд.

 

Модар, Ватан, Миллат ин калимаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ифодагари меҳру муҳаббат нангу номуси нафақат шахсеро балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфарҳангии ҳар як халқу миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар ин самт миллати тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик дар давраҳои гуногуни мавҷудияти хеш, ба воситаи фарзандони фарзонаву ифтихорманд, бо заковату соҳибилм ва босадоқаташ ба худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Аммо мутаассифона дар ҳар давру замон фарзандони ноуҳдабарою аҳриманпеша, ки вуҷудашон аз роҳи чизпарастиву мансабталошӣ бунёд ёфтаас бар ивази пулу мол ва ҳимояи баъзе афроди аҷнабӣ арзишҳои инсонигарӣ ва мардонагиву миллии худро ба осонӣ барбод дода, даст ба хиёнати ватану миллати худ задаанд, низ кам нестанд. Алалхусус дар замони ҳозира ҲНИ бо истифода аз қонунҳои демократӣ ва башардӯстонаи давлати азизамон ҷавонони роҳгумзада, бетаҷриба ва ноогоҳро дар  зери ниқоби пайравӣ ва ҳифзи арзишҳои дини Ислом мағзшӯи намуда, дар асл барои иҷроиши фармонҳо ва гуфтаҳои хоҷагони хориҷиашоншон ҳаммиллатони худро аз арзишҳои милливу мазҳабӣ аҷдодиашон дур намуда, ба тақлиди кӯр кӯронаву  гаравидан ба мазҳаби ботили бегона ҳидоят мекунанд. Роҳбарони ин ҳизби ифротӣ кайҳо боз худ дарк намудаанд, ки дар дохили кишвар ба ҷуз шумораи хеле каме шахсони камсаводу аз сиёсат дур, ки он ҳам аксаран аз хешу ақрабои худи онҳо иборатанд, дигар касе тарафдорашон нест. Муайян аст, ки онҳо аз ҳароси нафрати мардум рӯ ба гурез ниҳода дар ҳар кунҷи дунё худро дар оғӯши хоҷагони хориҷиашон ҷо намуда дар ҳаққи давлату миллати тоҷик туҳмату бадгуиҳо намуда истодаанд.

Чи хеле, ки аз эътирозҳои яке аз муассисон ва ташкилкунандагони Ташкилои терористӣ – экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ Сатторов Айёмиддин бар меояд роҳбарони ин ташкилот зери ниқоби Ислом ҳамаи нақшаҳояшонро танҳо бар манфиатҳои тиҷоратии худ ҳал мекунанд, наин кӣ ба манфиати дин. Бо вуҷуди ҳамин қадар далелҳо ва гувоҳҳои зинда ин бадхоҳон аз роҳи разили худ бар намегардан. Воқеаи нанговару шармсоркунандае, ки дар шаҳри Варшава бо таъсиси эътилофи мухолифин бо номи Паймони миллӣ ба вуқуъ пайваст, бори дигар муайян намуд, ки барои Ташкилои терористӣ - экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамаи арзишҳои  миллӣ қимате надоранд ва иҷроиши дастуру амри хоҷагони хориҷӣ дар мадди аввали  фаъолияти харобкоронаи онҳо ҷойгузин мебошад. Ифротгароёни хоин амали маккорнаи худро бо ҳадафҳои ноҷавонмардона барои ба чашми чомеаи ҷаҳониву кишвар хок пошидан ва худро ҳамчун иттиҳоди пойбанд ба арзишҳои демократӣ ҷилва додан роҳандозии намудаанд. Аммо кайҳо парда аз рӯи аслии наҳзатиёну пайравони гумроҳашон бардошта шудааст ва маълум гашта, ки ҳадафи ин гурӯҳи табоҳкор бо роҳи зӯриву қатлу куштор барҳам задании сохти конститутсионӣ ва бунёди давлати мазҳабӣ буда, ба демокртия робитае надоранд. Хушбахтона, мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои нопоки ин хоинҳо кайҳо боз огоҳӣ ёфтаанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки кучактарин ҳадафи нопоки онҳо амалӣ гардад. Зеро бар асари хоиниву нақшаҳои паси пардагии Ташкилои терористӣ - экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ халқи тоҷик як маротиба ба вартаи ҳалокату фаноёбӣ расида буд ва то кунун дар дили модари тоҷик он захм нарафтааст. Бинобарин бо дарки муҳимияти ин гуфтаҳо ҳар фарди худоогоҳи миллатдӯсту ватандӯстро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида ҳисси дӯстдоштани ватанро дар замири хеш комилу болиғ гардонад, то ин ки носипосе ба муқаддасоти мазкур хиёнат накунад ва ба наслҳои оянда ватани ободу зебо ва миллати тамаддунофарро ба мерос боқӣ гузорем.

 

Каримов Ибодқул Раҳимқулович, ассистенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика 

 Дар кишвари азизи мо дар даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Ба дастгирии бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон барои мо тамоами дастовардҳо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. 

Аммо ин пешравиҳо ва тараққиёти кишвари биҳишосои моро чашми дидан надоранд. Наҳзатиён, ки худ ҷамъи афродони ҷангҷӯ ва ифротгароянд, инро пўшида нигоҳ дошта, тавре вонамуд карда истодааст, ки онҳо озодихоҳанду адолатпарвар ва ҳамчун як қавми шарики стратегии Тоҷикистон буда, барои нумўи кишвар фаъолият доранд, вале дар асл онҳо, душманони Тоҷикистонанд ва ақ идаҳои ифротиро дастгирӣ менамояд.

 

Мусаллам аст, ки рӯз аз рӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳо Тоҷикистони азизи мо бо музаффариятҳои тоза мушарраф гардида, сӯи қуллаҳои навин меравад. Таҳкими равобити бисёрҷониба бо кишварҳои олам дар ҳошияи дарҳои кушод, тақвият ва рушди истеҳсолоти Ватанӣ, расидан ба ҳалафҳои стратегӣ, ба монанди истиқлолият энергетикӣ, ифтитоҳу ободонии шабакаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва роҳу нақлиёт, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ , эътибори беандоза ба таълиму тарбия ва пажуҳиш дар бахши илмҳои бунёдӣ аз таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари Давлатамон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар пояи расидан ба ин ҳадафҳои олӣ мо соҳибватанон, махсусан ҷавонон муваззафанд, ки ҳарчӣ бештар омӯзанд. Дар ҷодаи таҳқиқи илмӣ, ихтироот ва навоварӣ, иктишоф ва коркарди захираҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва санъат, эҳтироми арзишҳои волои башарӣ намунаи ибрат бошанд. Маҳз мутахассиси асил ва соҳибтахссус матавонад дар пешрафти самтҳои стратегии рушди кишварамон , ки аз ҳидоятхои Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд саҳми босазо гузоранд. Яке  аз иқдомҳои наҷиби кишварамон соли ҷорӣ эълон гардидани соли рушди ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм мебошад. дар ин ҷода Тоҷткистони азизи мо ба дастоварҳои назарас низ ноил гардид.

Вазъи сиёсии муосир тақозо менамояд, ки ҷавонон дар баробари омӯзиши илму ҳунар аз падидаҳои номатлуби равади ҷаҳони имрӯза огоҳ буда, волоияти қонун ва манфиатҳои миллии кишварамонро ҳимоя намоянд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам ҷараёни номатлуби «фирори мағзҳо», ки аз нобасомониҳои дохилии ибтидои солҳои 90-ми қарни гузашта оғоз гардида буд, идома дорад. Новобаста аз баъзе ноҷуриҳои муваққатии иҷтимоии мавҷуда ҳар як мутахассиси кордонро мебояд дар эъмори давлати мутамаддини хеш ҳиссагузор бошад. Зеро ба ҷуз мо каси дигар Ватани моро обод карда наметавонад.

Бинобар такя ба омори мақомоти дохилии кишвар айни замон теъдоди муайяни шаҳрвандон(ҷавонон)-и кишвари мо аз гумроҳию ғафлатзадагӣ,  бо ҳар роҳу восита ба сарзамини ҷангзадаи Шом интиқол ёфтаанд. Қисме аз онҳо дар задухӯрдҳо ҳалок ва қисме овораю сарсон ва дур аз Ватану пайвандонанд. Шояд яке аз сабабҳое, ки ин ҷавононро ба кӯи ноумедихо бурд муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Лекин дар кишварамон имрӯз ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шудан имкониятҳо хело фаровонанд. Садҳо корхонаю муасисаҳо муҳтоҷи мутахассисони чашмикордонанд. Ба ин танҳо донишу заковат ва ибтикору малакаи касбӣ зарур аст. Дар ҷодаи омода намудани мутахассисони баркамол дар кишварамон қариб 40 муассисаҳои олии касбӣ ва аз ин миқдор бештар муассисаҳои касбӣ амал менамоянд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз зумраи онҳост, ки соли чорӣ дар рақобати сатҳу сифати таълиму тарбия миёни муассисаҳои олии кишвар зинаи чорумро мушарраф шуд, ки боиси сарфарозист. Дар ин муваффақияти калон самараи захмати аҳли муассиса, пояи моддӣ-техникӣ ва кӯшишу ғайрати муҳассилин таҷассум гардидааст. Танҳо дар сурати расидан ба рушди зеҳнӣ ба баланд намудани сатҳи арзандаи зиндагии шоиста ноил гардидан имконпазир аст.

Имрӯз онҳое, ки парвардаи обу хоки муқаддаси Точикистони азиз буда, фирефтаи ифротиёни бо ном ҳизби мамнуъи исломӣ гардида, тавассути расонаҳо аз хориҷи кишвар тинҷию осоиши диёрамон ва сиёсати сулҳҷуёнаи Давлатамонро нодида мегиранд, натанҳо хоин, балки бешарафу беномусонеанд, ки ниқоби ғайриинсонӣ ба сар намуда, мехоҳанд мулки озоду ободамонро гирифтор гардонанд. Лекин фаромӯш месозанд, ки тоҷику тоҷикистонӣ аз имтиҳони ин тахрибкорон гузаштааст. Қалби ӯ, ҷисми ӯ баҳри ҳифзи музаффариятҳои Ватан бедор аст. Ҷанги тахмилии кишварамон, ки тавассути ёварони хориҷии бо ном «пуштибонҳои ислом» собит намуд, ки иғвогарон якпорчагию мустақилияти комили кишвари моро намехостанд ва маҳз ин нияти нопок онҳоро дар сар буд, ки тирашон хок хӯрд.  

Хушбахтона дар фазои озодии дину имон дар кишварамон  имрӯз ҳазорон масҷид  баҳри ибодат ва тарбияи ахлоқии шахрвандон, дар огоҳии мардум аз мӯҳтавои исломи ноб фаъоланд. Танҳо моро зарур аст, ки дар самти нагаравидан ба мазҳабҳои бегона, ҳифзи суннатҳои ҳанафӣ, роҳ надонад ба ихтилофи мазҳабҳо, ки боиси низоъҳои ҷаҳони Шарқ гардидааст, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу суботи бебозгашти кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Абдуев А. омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумиҷамъиятии ДПДТТ ба номи ак. М.Осимӣ

 

Имрӯз Пешвои милати тоҷик бо тамоми ҳастии хеш талош бар он меварзанд, ки ҳадафҳои олии кишварро дар амал татбиқ намоянд.

Озодии кишвар дар он ифода мегардад, ки мардум зиндагии орому осоишта дошта, пеши роҳи ҷинояткориро гиранд. Аминам, ки ин нақшаи зиддидавлатии наҳзатиҳо, ки нопоку ғаразнок аст ба мисоли бадкирдориҳои қаблӣ барбод хоҳад рафт. Зеро гузаштагони бузургамон беҳуда нагуфтанд, ки «Бори каҷ ба манзил намерасад».

Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қ авиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Бо итмимнони комил гуфта метавонам, ки ироаи паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, дубора ба нақ шаҳои нопоки мухолифон зарбаи ҳалокатбор хоҳад зад. Зеро он ҳадафу мақсадҳои амалишуда ва дар оянда амлишавандаро дарҷ намуданд, ки ин гуфтаҳои болоиро исбот мекунад.

 

 

Аз сомонаи «Паём.нет» боз як хабари фирефтакунандаи мардум паҳн гардид. Ин ҳам бошад, манъ кардани рӯймол ва ҳиҷоб барои занону духтарон мебошад. Гӯё мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ расман манъ намоянд. Ин нахустин иқдоми аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. Қаблан монеъаҳо барои сатру ҳиҷоб ғайрирасмӣ амалӣ мешуд. Аз суханони пучи расонаҳои хабарии наҳзатиён гӯё санаи 18-уми декабр дар мизи мудаввар, дар Душанбе бо ширкати намояндагони тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ин масъала  баррасӣ гардид. Як гуруҳи махсуси корӣ дар назди Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ин масъаларо ба ихтиёри вазоратҳо гузоштааст. 

Ҳамаи шоҳиде онем, ки Тоҷикистон давлати демократӣ ва соҳибихтиёр аст. Дар кишвари ҳуқуқбунёди мо занону мардон ҳуқуқи баробар доранд. Занону бонувони мо баробари мардон озодона кору фаъолият доранд. Агар ба гирду атрофи худ назар кунем, мебинем, ки занон роҳбарони ташкилот муассисаҳо, сарварони шуъбаву дастгоҳҳо буда, вазифаҳои баландро соҳибанд. Духтарони тоҷик бошанд дар мактабу муассисаҳои олии кишвар баробари писарон таҳсил доранд. Ҳатто духтарони ноҳияву деҳаҳо дар ихтисоси интихобкардаи худ, дар донишгоҳҳои олии кишвар илм омӯхта истодаанд. Ин ҳама аз оромии кишвар аст. Ҳамарӯза занону духтарони мо бо дили пуру хотири ҷамъ сӯйи коргоҳу муассисаҳои таълимӣ мешитобанд. Хонандагону донишҷӯдухтарони мо бошанд доимо бо либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илм роҳ сӯи таълимгоҳ пеш мегиранд. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бонуи тоҷик дар ҷомеа мақому манзалати баландро соҳиб аст. Дар кишвари озоди мо, дар ҷомеа ба зани тоҷик бо эҳтироми беандоза ва дили саршори меҳр муносибат доранд.

Дар расонаҳои наҳзатиёни беору номус ва нобиноёни пешравии кишвар омадааст, ки шояд яке аз ҳадафҳои мақомот аз қабули ин қонун ин  диндорони асилро маҷбуран тарки кишвар намуда,  худро аз дарди сар халос кардан аст. Охир қаҳрамони миллат аз баҳри ҷони худ баромада, як миллион гурезаро аз кишварҳои дигар ҷамъ кард, нагузошт, ки халқ парешон шаваду миллати тоҷик пароканда дар ҳар гӯшаву канор бошад. Чӣ тавр метавонад бо “қабули манъи рӯймолу ҳиҷоб”  барои занон маҷбур кунад, ки бо оилаашон кишварро тарк намоянд. Аз шунидани ин суханон хандаи кас меояду чӣ гуфтанашро надониста моту маҳбут мемонад.   

Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ҳар шахс чӣ дину оин дорад, онро мепарастад. Дар кишварамон садҳо масҷидҳо мавҷуд ҳастанд. Ҳама озодона кору фаъолият доранду дар баробари ин оинҳои исломро ба ҷо меоранд. Ватани азизи мо озод аст. Ҳеҷ шахсро ба ягон кор касе маҷбурӣ накардааст. Ҳама дастаҷамъона гирди Пешвои худ ҷамъ омадаанду ҳар як гуфтаи он касро бо хушнудӣ қабул мекунанд.

Пас, чӣ лозим суханони подарҳаво? Ҳама чашми сар доранду сиёҳро аз сафед фарқ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлол асту чунин боқӣ хоҳад монд.

Занону бонувони тоҷик бошанд беҳтаринанд. Онҳо ба қадри давлат ва сарҷамъии миллат, оилаи ободи худ расида, фарзандони фарзонаро ба монанди қаҳрамонони миллат тарбия хоҳанд кард.

 

Рафоат Негматуллоева, устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва  агротехнология

 

 

 

Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили тарбия, бахусус ҷавонону наврасон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, шароити мусоид дар оила ва илму донишомӯзиро талқин менамуданд. Имрӯз ҳам ин самти кор меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад.

Бо мақсади муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ даҳҳо Қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд.

Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамалакат то соли 2020 қабул карда шуд ва дар он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад. Бояд, ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбари давлатамон ҳисси миллии хешро баланд бардошта, ҳушёру зирак бошанд ва баҳри таъмини ояндаи дурахшони худ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, ҳама вақт омода бошанд.

Мутаассифона, маҳз ҷавонони имрӯза қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгароӣ аз сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокофии насли наврас шаҳодат медиҳад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи ҷавонон яке аз мубориза бар зидди падидаи номатлуби ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгарои маҳсуб мешавад.   Пешвои муаззам доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Пӯшида нест, ки солҳои охир ҷалб ва иштироки ҷавонон дар созмонҳои террористиву экстремистӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз шумораи ҷавонони тоҷик дар қаламрави Сурияву Ироқ ва Афғонистон ҷангида беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин  ношукрӣ ва носипосӣ нисбат ба Ватанро нишон медиҳад. Ҳарчанд ки аз тарафи мақомотҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, аммо то имрӯз ин падидаи номатлуб пурра аз байн нарафтааст. Бинобар ин зарур аст, ки дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм худи ҷавонон саҳми дахлдор дошта бошанд. Чунин кор имрӯз аз тарафи созмонҳои гуногуни ҷавонони тоҷик, гурӯҳҳои ихтиёрии ташвиқотии ҷавонон васеъ ба роҳ монда шудааст. Кору фаъолияти ин созмону гурӯҳҳои таблиғотии ҷавонон боз ҳам васеъ карда шуда, доир намудани озмун ва намоишгоҳҳои рассомӣ, мизҳои мудаввар, бозиҳои варзишӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шавад. Дигар дар ҷараёни таълим омӯзгор ва дар оила волидайн корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда модарон пеши роҳи фарзандони силоҳбадасташонро бигиранд, зеро аз дасти ҷавонони беиродаю бераҳм, дунё ба дод омадааст. Мардуми сайёра ташнаи сулҳу салоҳ ҳастанд. Аз байн бурдани ҷони ширини инсони бегуноҳ дар ҳамаи динҳо мамнӯъ аст.

Мо вазифадорем, ки фарзандонро, насли наврасро дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба камол расонем ва боварӣ дошта бошем, ки офтоби хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои кишвари азизамонро ҳамеша дурахшон нигоҳ медорад.

 

   Қаюмова С.А., ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд             

Тавре ба мо маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Ҷоиз ба қайд аст, ки яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, нотинҷ кардани вазъияти кишвар ва ба сари қудрат омадан буд. Ҳамин тарзи фаъолияти ҳизб буд, ки бо сабаби мазкур дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ин азҳоб баста шуд.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои ҳизб ва раёсати он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд, ки барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, фаъолияти ҳамаҷонибаи созандагии худро баҳри гулгулшукуфоии диёр ҳамчун ҳизби сиёсӣ равона мекард. Аммо ин кӯрдилону носипосон ба ивази шукри миллати озоду обод, арзишҳои миллатро зарба заданд ва дастовардҳои онро нодида гирифтанд. Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳизб қарор мегирифт. Аммо, мутаассифона, солҳои охир масъулони он фаъолияти зидди конститутсиониро пеша карданд ва шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти сиёсӣ, террористию экстремистидошта содир намуданд. Гузашта аз ин амлаҳои ифротии хеш тасмиим кардаанд, ки бо ҷамъи ҷонибдорони худ аз кишварҳои ғарб истода, тазоҳуроту гирдиҳамоии харарктери ифротӣ доштаро ташкил мекунанд. Ин нобакорҳо гумон мекунанд, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин дасисаҳои наҳзатиҳо ба ҳарос меафтем. Бояд қайд кард, ки ин васвасаҳои шайтонии худро наҳзатиҳо минбаъд дар хоб мебинанд.

Муаммои пайвасати навбатиашон, ҷиҳати либоспушии занону духтаронро дар бар гирифтааст. Ин мавзӯъро бошад, чанде аз коршиносону ҳуқуқдонҳои наҳзатпарастҳо тавре ҷилавгирӣ намудаанд, ки тарафдори либоспӯшии кишвари Эронанд. Ва ба андешаи ин «исломгароён» ҳамсари он зане, ки бе ҳиҷобу рӯисарианд, номардтарини дунёст. Маврид ба зикр аст, солҳои охир аъзоёни ин ҳизб дар байни аҳолӣ бо чунин андешаҳои ғаразнок ва ифротии худ кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият ба роҳ гузошта шудани демократисозии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, барои ташкил ёфтан ва рушди ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳою созмонҳои мухталиф давлат шароити мусоид эҷод намуд. Аз ин вазъият истифода намуда, соҳибмансабони ҲНИ барои мақсадҳои шахсияшон муқобили манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ баромаданд. Ва то кунун ба муқобили давлати соҳибистиқлол муборизаи бемаъно карда, манфиатҳои худ ва хоҷагони хориҷиро аз қонуниятҳои давлати боло бардоштанд.

Солҳои тӯлонӣ ва то имрӯз намояндагони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин мекунанд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» тарғиби либосҳои бегона дар намуди ҳиҷобу рӯисарӣ, ки ба назари ин нохалафон либоси занони мусалмон гӯё ҳамин бошад, кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарият ва аъзоёни ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд. Дар қатори оннҳо имрӯз оилаашон низ тибқи андешаҳои ин наҳзатиҳои беимон фаъолият мекунанд.

Мо медонем, ки ҳоло низ дар хориҷи мамлакат доираҳои сиёсӣ, экстремистӣ, ташкилот ва мақомотҳои қудратманде ҳастанд, ки нооромии вазъи дохилии кишвари моро хоҳонанд ва аз ин манфиатдоранд. Онҳо мақсад доранд вазъи Тоҷикистонро бо вазъияти кунунии Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои ноороми исломӣ табдил диҳанд ва дар сарзамини тоҷикон фазои террористӣ, зӯроварӣ, экстремистиро ташкил намоянд.

Дар хулоса гуфтаниам, ки гарчанде сабабгори чандин нооромии вазъи кишвар ин наҳзатиҳо бошанд ҳам, мо набояд он рӯзҳои сахтро фаромӯш кунем ва нисбати он нафароне, ки ба дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, бояд сахт нафрат дошта бошем ва бар зидди онҳо муборизаи беамонро ба роҳ монем.

Абдусамад Назаров, устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои технологӣ