Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар даврони Истиқлолият барои мо – ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, созандагию ободонӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонид, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшид, ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва ҷиҳати дастгири  ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

      Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумату давлат мо - ҷавононро мебояд, ки аз шароитҳои мусоид истифода бурда, илм омӯзем, вақти бебаҳои худро ба корҳои беҳуда сарф нанамоем, соҳиби касбу кори муайян гардида, зиндагиямонро ба дурустӣ созем. Ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва дониши сиёсиии худро тақвият бахшем.  Махсусан, дар замони ҳозирае, ки вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя Афғонистон дар ҳолати муташанниҷу ноором қарор дорад, ҳифзи  марзу бум ва амнияти мардум, ки дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон қарор дорад, аз ҳар яки мо садоқамандию далериро тақозо дорад.  Бо воситаҳои шабакаҳои интернет  ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ-экстремистӣ фирефта нашуда,  ба Ватани худ содиқ бимонанд ва ба сиёсати одилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намоем.

     Дӯстию рафоқат, сабру таҳаммул, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини мо ҷавонон бошад. Зеро Ватан     пушти шонаҳои мо, ҷавонон мебошад.

         Тоҷикистон мулки озоду ободи  мост. Мо онро месозем ва пеш хоҳем бурд. Тоҷикистон ба пеш!

 Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

   

Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар тақвият ёфтани нерӯи зеҳнӣ ҷавонон ва қобилияти ташкилотчигии онҳо дар мадди аввал меистад. Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Соли 2017 Соли ҷавонон эълом гардид ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар бинои марказҳои ҷавонон бунёд карда шуданд.

Маҳз роҳандозии силсилаи Барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо аз ҳисоби ҷавонон дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд.

Дар ин росто таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол рӯи кор омад, нишонаи возеҳи эътимод ва боварии Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа мебошад.  Ин ниҳоди ҷамъиятӣ бо мақсади пеш аз ҳама иштирок дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи онҳо, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ,  фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ, инчунин инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо дар идораи давлатӣ, корҳои ҳизбӣ ва маъракаҳои сиёсӣ, дастгирии барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои пешбарикардаи он дар интихоботҳо, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар мебошад. Зеро кадрҳои ҷавон пеш аз ҳама маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносии Пешвои муаззами Сарвари давлат гузашта, садоқат ба Ватану обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд. Таҷрибаи давлатдории Пешвои муаззами миллат натанҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

Туфайли ин ғамхорихои рӯзафзун имрӯз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун нерўи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пештара эҳсос мегардад. Ин нишонаи он аст, ки насли нави даврони истиқлолият соҳиби нерўи фавқулода ва истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҳастанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад» ва ҷои дигар зикр намудаанд, ки “Ҳоло мо дилпурона изҳор менамоем, ки ҷавонони кишвар вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд”.

Бо вуҷуди фаъолияти густурда ҳанӯз  кор дар самти ҷалби аъзо ба сафи ташкилот, тарғибу ташвиқу нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  чандон чашмрас нест. 

Ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳарӯзаи хеш истифода намоянд. Зеро бахшидани як сол барои ҷавонон баҳри рушди босуботи ҷавонони кишвар дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда кори басо бузург буда, бори дигар исботи он мебошад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони саодатмани кишвар боварию эътимоди қавӣ дошта, бо онҳо ифтихор менамояд. 

Барои ба ин боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор гардидан, ҳар як ҷавони кишваро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, математика, химия, астрономия, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хосаро касб намояд.

Фарҳоди Андалеб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби Наҳзати ислом ва думравони онҳо имрӯз вазъияти ҳамсояро ба инобат гирифта, зимни мусоҳибаҳову навиштаҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро ба он равона мекунанд, ки  гӯиё ҳамин ҳоло  дар Тоҷикистон ҷанг оғоз меёфта бошад.

Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дирӯз аз ҳам ҷудо буда, ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, имрӯз боз ба ҳам омада бе шармона аз номи ин миллат суханпардозӣ  менамоянд.

Имрӯз ҳам баъзе хоинони миллат ба мисли Хусейну Кабирӣ ва Иқболбӣ бо кумаки зархаридони хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи  моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси Хусейну Кабирӣ ва Иқболбӣ аст, ки имону маҳзаби худро фурӯхта, теша ба решаи хеш мезананд.

Хушбахтона,   мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии ин «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромӯш нахоҳанд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона изҳор доштанд, ки «Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд».

Бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори Ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри ободӣ, оромиву осоиштагӣ, ҳаёти хушу хуррам мерасанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин дассисаҳо нахоҳанд шуд.

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Солҳост, ки ҳамчун омӯзгори фани таърих  фаъолият дорам ва аз рӯзҳои нахусте, ки донишҷӯён  ба донишкада меоянд, ба онҳо таваҷҷӯҳ менамоям. Дар як синф то 25 - 30 нафар донишҷӯён  паси мизи таълим менишинанд. Ба чеҳраи онҳо менигарам, ки поку мубаррост ва дар олами рангину зебои кӯдакӣ сайр доранд. Ба худ меандешам, тарбияи одамӣ аз рӯзу соат ва дақиқае ибтидо мегирад, ки вай аз батни модар ба дунё меояд. Ҳанӯз нахуст Пайёмбари ориёинаҷодиён Зардушт дар китоби муқаддаси худ «Авасто» роҷеъ ба масъалаи таълиму тарбия андешаҳои худро иброз намуда, қайд кардааст, ки барои ҷомеа тарбияи насли навраси зираку оқилу доно ва тавоно зарур аст. Барҳақ,  аз замонҳои қадим ориёнаҷодҳо ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ додаанд. Мо, ки худро аз насли ориёӣ мешуморем, бояд ба тарбияи кӯдак дар оила диққати махсус диҳем.

Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки фарзанди дар оила хуб тарбияёфта дар мактаб донишу одоби хуб дорад. Аммо оилаҳое, ки ноустуворанд, фарзандонашон душвортарбия мебошанд. Омӯзгорон дар таълиму тарбияи чунин хонандагон душворӣ мекашанд.

Маврид ба зикр аст, ки аҳли илми педагогика тарбияро афзалтар аз таълим донистаанд ва воқеан, шахси тарбиятнодидаву беадаб ҳаргиз дар омӯзиш муваффақ шуда наметавонад ва агар донишманд шавад ҳам, чун хулқи некӯ надорад, манфиатрасони ҷомеа шуда наметавонад, оқибат шармсор мегардад. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “олим шудан осон, одам шудан душвор”. Дар байни мардум аз ҳама бештар маҳз шахсони тарбиятдидаву боадаб соҳибэҳтироманд ва мавқею мартабаи ифтихорӣ доранд. Онҳо дорои беҳтарин фазилату сифатҳоянд ва ҳамагон ба онҳо бовару ихлосу эътимод доранд.

Ин ҷо шояд суоле пайдо гардад, ки оила чист ва посух ба он ҳам бояд чунин бошад: “Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад”. Дар ҳақиқат, оила сарчашмаи аввалини таълиму тарбия ва роҳнамои асосии тарбияи ахлоқӣ ва равонӣ мебошад. Дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши падару модар ва оила бағоят муҳим мебошад. Ба дунё овардани насл вазифаи табиӣ ва иҷтимоии инсон мебошад ва насли инсонӣ на фақат ба падару модар ё оилаи ӯ марбут аст, балки он ҷузъи ҷомеаи устувор, идомадиҳандаи анъанаҳо, расму оинҳост. Пас, одами солим-оилаи солим, оилаи солим-ҷамъияти солим, ҷамъияти солим – давлати солимро пойдевор аст. Оиладорӣ фарҳанги бузурги ҳисси ватандорӣ аст. Агар оила солим бошад, назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим ва дар маҷмӯъ, ҷомеа солим мегардад.

Аз ин рӯ, ҳар падару модарро зарур аст, ки дар тарбияи фарзанд ба саҳланкорӣ роҳ надиҳанд ва дар ин самт оқилона рафтор намоянд.

Баъзе падару модар бар он назаранд, ки бача калон шавад, нағз мешавад. Чун фарзандашон калон мешавад, мефаҳманд, ки андешаашон ғалат будааст. Дар ин маврид мисраҳои шоирро метавон ба ёд овард, ки фармуда:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Ҳар қадар оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯтар хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд. Оиларо бояд поку муқаддас нигоҳ дорем ва аз ҳамагуна кинаю кудурат ва ғаразу нифоқ муҳофизат намоем.

Барои устувории оила ҳам мард ва ҳам зан бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштани зану мард низ ба тарбияи аъзои оила таъсири мусбат расонида, боиси хушбахтии онҳо мегардад. Зеро оила нахустмактаби тарбияи инсон ва шаклгирии тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад.

«Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар» мегӯяд халқ. Аз ин рӯ, тавлиди фарзанд ҳанӯз нисфи кор аст. Кори муҳим ва асосӣ тарбия намудани фарзанд ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст ба воя расонидани фарзанд мебошад. Дар сурати нодуруст ба роҳ мондани тарбия дар оила мақомоти расмӣ ба он дахолат мекунад. Волидон вазифадоранд, ки ба фарзанд дар мавзӯъҳои оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, рӯзгордорӣ, меҳмондорӣ, муносибат ба хешу табори тарафайн ва тарбияи фарзанд сӯҳбатҳо гузаронанд ва дар ин кор анъанаҳои беҳтарини халқи тоҷикро риоя кунанд. Дар раванди тарбия волидон ҳамон вақт муваффақ мегарданд, ки барои рушди ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдак шароити мусоид фароҳам оваранд. Тарбияи фарзандон дар оила характери зеҳнӣ дорад. Он аз сатҳи маданият, маънавиёт ва рафтору кирдори ҳамарӯзаи ҳаёти волидон иборат мебошад.

Ҳамзамон, мавриди зикри хос аст, ки дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳамулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Мактабу омӯзгор низ дар ин ҷода нақши калидӣ дорад.

Муътабар Ғозиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Наздикии ду моҳ мешавад, ки «Толибон» дар Афғонистони ҳамсоя ҳукмронӣ менамоянд. Дар ин муддат онҳо чеҳраи аслии худро ба оламиён нишон доданд. Ба ҷузъ аз қатлу куштор, ҷорӣ кардани режими худхоҳӣ, поймол кардани ҳуқуқҳои занон кореро анҷом надодаанд. 

Аз рӯзҳои аввали сукути ҳокимият дар Афғонистон мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохти ҳукумати нав зери султаи таҳрики «Толибон» муайяну мушаххас буд. Бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баёни худ вобаста ба вазъи  печидаи давлати ҳамсоя дар рӯзҳои аввали сари қудрати сиёсӣ омадани таҳрики «Толибон» шинохти онҳоро бо таъсиси ҳукумати фарогир ва ҳамашумул ва ба мадди назар гирифтани афкори аққалиятҳои миллӣ дар таъсиси давлат матраҳ намуданд. Ҳамчунин пофишориҳо ҳангоми дидору мулоқот бо сарвазири Покистон Имрон Хон зимни баргузории ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии  Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба вазъи сиёсии Афғонистон бори дигар собит месозад, ки мавқеи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва эҳтирому риояи арзишҳои фитрии  инсон бетағйир  ва далолаткунанда ба ободию озодӣ,  пешрафту шукуфоӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи Афғонистон нигаронида шудааст.

Аммо, мутассифона доираҳои толибгаро ва бозингарони сиёсии наздик ба доираҳои сиёсии таҳрики «Толибон» аз чунин мавқеъгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ҳама мардуми кишвари мо хеле нороҳату ранҷур гардидаанд, ки чунин бозтоби яктарафаи масъала, баҳогузорию назаргузории ғайри қобили қабул боиси садсолаҳо идома ёфтани ҷангу хушунат дар давлати Афғонистон мегардад.

Мардуми Тоҷикистон  новобаста аз ҷабру тангназарӣ ва тақсими марзҳои маъмурӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳаққу ҳуқуқи  дастгирии ҳамзабонони худро, ки шумораи муайянро дар давлати Афғонистон ташкил медиҳад, дорад ва нисбати имрӯзу ояндаи онҳо бетарафу бетафовут нест. Фаромӯшӣ ва беэҳтиётӣ ба ҳаёти имрӯзу ояндаи онҳо боис ба доғи таърихӣ хоҳад  шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ироа доштаанд, Тоҷикистон ба умури дохилии давлати ҳамсоя дахолат намекунад, вале нисбати мақому манзалат ва  зиндагии шоистаи ҳамзабонон дар ин масир бетаваҷҷуҳ нест. Ҳама фарзандони баору номӯси Ватан бобати тақвияти  арзишҳои  давлатдорӣ, ҳифозат аз шаъну шарафи миллату ҳамзабонон ва оромию осоиштагии мамлакат ҳамеша  омодаи амалем ва инро қарзи шаҳрвандию  сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ медонем.

М. Машарипова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Сафари президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, баҳри баррасии вазъи Афғонистон боз ҳам бетафовут набудани ин марди хирад ва Тоҷикистонро ба тақдири ҳамсоякишвар, баён месозад.

Имрӯз кишварҳои абарқудрат баҳри баррасии вазъи Афғонистон маҳз ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ мекунанд. 

Вале як ду хоинаке, ки берун аз ватан доим ба сӯи Тоҷикистон санг мепартоянд, дар ин лаҳзаҳои ҳассос низ рӯи аслии худро нишон доданд. Ин шаурмахуракон, ки хизматгоре баҳри хоҷагони хориҷиашон беш нестанд, дар Порис ба қавли худ пикет баргузор намуданд. Ҳатто Аврупо низ дар ин лаҳзаҳо аз онҳо дастгирие накард. Ҷонибашон як "киш" гуфт, ки аз ин дида шармандагие нест. Кӣ будани ин хоинон ба ҳама маълум аст. Имрӯз он кишварҳое, ки аз онҳо дастгирӣ мекарданд, дигар як-як рӯй гардонида истодаанд. Чунки аллакай ҳама фаҳмид инҳо хоине беш нестанд.

Ин хоинон чеҳраи аслии худро ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон нишон дода буданд. Дар он лаҳзае, ки мардуми тоҷик ҳамагӣ муттаҳид гардида буданд. Ин як ду хоинакон бар зидди мардуми тоҷик сухан гуфта аз қирғиз ҳимоят карда буданд. Ин амалашон бори дигар хоин буданашонро собит кард.

Дар масъалаҳои Афғонистон низ ин сагакон доим ав-ав доранду аз "Толибон" дастгирӣ доранд. Чун ҳамеша аз пайи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳастанд. 

Сафари Пешвои миллат ба Фаронса ва рақсу бозии тоҷикони Фаронса бори дигар исбот намуд, ки хоинони миллат чени саге қадр надоранд. Аз гуфторашон маълум аст, ки нисбати миллати тоҷик хубие намехоҳанд. Он қадар, ки ватандоранд пас чаро аз дур наъра мезананд. Ин амалашон тудаи шағолонро ба хотир меорад, ки аз дур ҷониби шер ав-ав мекунанд. Вале қудрату ҷуръате надоранд то ба шер наздик шаванд.

Беватане аз ватани бегона доди ватандорӣ мезанад!

Хуршед Худойбердиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

Миллати афғон яке аз миллатҳои ҷабрдидаи солҳои тӯлонӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо низ дар сарзамини Афғонистон нооромӣ бо айби гурӯҳи Толибон идома дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоқоташон бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имронхон масъалаи ин мулки ҷангзадаро баррасӣ карда, баён доштанд, ки халқи афғон ҳуқуқи зиндагии шоистаро доранд ва бояд ба сари ҳокимият дигар миллату халқиятҳо низ оянд.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар аққалиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум карда бетараф нест. Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Бояд қайд намуд, ки мубориза ба терроризму ифротгароӣ ва хар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф масъалаҳои доғи ҷомеа маҳсуб ёфта, алайҳи ин вабои аср дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ тадбирҳо андешида мешавад. Яке аз сабабҳои асосии ҷангу ҷидол, ки вазъияти имрӯзаи Афғонистонро дар бар гирифтааст, ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳо ба шумор мераванд. Ва бояд таъкид намуд, ки ҷавонони имрӯзи кишвар бедору зирак шаванд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил нашаванд.

 

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

 Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлата мо расидааст.   Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террориста манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғаӣришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амниятаи давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто такдири тамоми ахди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

  Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Экстремизм аз вожаи лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш майл доштан ва тарафдор будан ба акидахои ифродии мочарочуён мебошад. Максади асосии экстремизм андохтани кинаву адоват ё низои милли, нажоди, дини, махалгаройи, паст задани эътибори милли, таргиби бартарии шахрвандон аз нигохи муносибат ба дин, мансубияти онхо ба миллат мебошад.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террориста аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун мухдмтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дани мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттахдд, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯншшро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дастахои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу хдмояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдата миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулху суботи кишвар мебошем.


Мансурҷон Носиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳамагон медонанд, ки  ифротгароӣ ва терроризми дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Ин суханон борҳо аз  забони Асосгузори сулҳу ваҳдати          миллӣ – Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад. Бо он ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо  истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро  васеъ намуда, даҳҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун василаи  сода ва арзон муошират истифода  менамоянд,  дар баробари ин ҷанг задан ба эҳсоси мардум ҳамагуна ҳадафу ҳаракатҳои  худро бо дин омехта мекунанд. Имрӯзҳо  миллионҳо нафар  ба василаи техникаву технологияҳои нав вориди гурӯҳҳои  ифротӣ гашта истодаанд.

Истифодаи васеи  технология аз ҷониби ҳаракату  равияҳои  ифротгаро бисёр хатарзо ва таассуфовар аст. Мушоҳидаҳо нишон  медиҳанд, ки  қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути  шабакаҳои интернетӣ ҷалб мешаванд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини Ислом, паст бурдани сатҳи маърифату дониш, гумроҳӣ ва  бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда  натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа,  нокомӣ дар  мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ  мегардад, ки дар анҷом  ё ба ифротгароӣ ва ё терроризм  бурда мерасонад.

Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани гурӯҳҳои ифротию тундгаро сатҳи пасти  шароити зиндагӣ,  бехабар будан аз тарбияи  нокифояи насли  наврас маҳсуб меёбад. Дар шароити  ҷоҳонишавӣ ба масъалаҳои ҳифзи  сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва  маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар хусусан  ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Бинобар ин,  мо шаҳрвандони кишвар ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ масъулияти худро натанҳо бо  шиору гуфтор ситоишу парастиш намоем,  балки бо меҳнати  софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем,  бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ,  худогоҳиву  худшиносӣ,  инчунин  ҷалби  онҳо дар корҳои  созандагиву  ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои  истиқлолият ва таҳким  бахшидани ваҳдати  миллӣ  саҳмгузор бошем.

 Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».  Воқеан ҳам ин омили даҳшатафзо кори гурӯҳ ё ташкилотҳое ҳаст, ки аз ин амалашон манфиате  хоҳанд дод. Суоле ин ҷост, ки саркардаҳои амалҳои ифротиву террористӣ чаро маҳз дини исломро маҳаки таблиғи манфиатҳои худ медонанд? Посух ин гуна аст, ки пайравони дини мубини ислом дар ҷаҳони муосир ба тадриҷ меафзоянд ва аз рӯи  мушоҳидаҳои коршиносон дар баробари эҳсоси динии шаҳрвандон таассуб ва хурофотпарастӣ низ миёни мусулмонон бештар зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, “хоҷагон” бештар такя ба мусулмонон мекунанд.  

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ҳар гуна падидаҳои номатлуб ин пеш аз ҳама сатҳи ноустувории шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас мебошад.

Пешгирӣ намудани ҷиноят нисбат ба ошкор кардани он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар аст.

 Ин мавзӯи доғи рӯз, ки тамоми ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба пешгирии ин ҳодисаи номатлуб байни мардум бисёр корҳои ташвиқотию тарғиботӣ рафта истода бошад, ҳам бархе аз ҷавонони мо фирефтаи молу чиз гардида, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғайри қонунӣ шомил мешаванд. Мақсади ягонаи чунин гурӯҳҳо ба ватани тинҷу ороми мо халал расонида, ба харобию ноободӣ оварда расонидан аст. Аз ин лиҳоз мо бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, баҳри пешгирии он ҳаматрафа кӯшиш намоем, то ки нохалафон зиндагии осудаи мардуми кишварамон зарари худро расонида натавонанд. Бо ин мақсад дар тамоми соҳаҳои гуногуни кишвар корҳои фаҳмондадидӣ оиди пешгирии ҳодисаҳои терроризм ва экстремизм  гузаронида шуда истодааст. Вобаста ба ин мавзӯи доғи рӯз аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд дар ташкилоту корхонаҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Хучанд барои тақвият бахшидан ба мавзӯи зикр гардида, тарғиботу ташвиқот бурда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро  нерӯи созанда ва ояндаи миллат шуморида, дар ҳар баромадҳояшон оиди  дастгирии ҷавонон истода мегузаранд. Ҳамаи шароитҳо барои таҳсили илм ва барои фароғатии ҷавонон  муҳайё мебошад, то ки онҳоро ҷалб намуда, аз роҳҳои ношоиста ва ғайриқонунӣ баргардонанд. Аз ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ҷавонон шукргузорӣ ва истифода намуда, баҳри омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар саъю кушиш намоянд. Зеро ҷавонон пешбаранда ва нигоҳдорандаи сулҳу субот дар ояндаи  Тоқикистони маҳбубамон мебошанд.  Имрӯзҳо баҳри пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷалб намудани онҳо ба саҳаҳои  варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар корҳо бо маром иҷро шуда истодааст, ки то ҷавонони мо гумроҳ нагардида, ба корҳои беҳудаву оворагардӣ машғул нашаванд. 

Имрӯз тамоми саъю кӯшишро ба он равона кард, ки то шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб пешгирӣ карда шавад ва онҳоро ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят намоем. Сари вақт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби ҷавонон, занон, олимон, зиёиён ва ходимони дин имкон медиҳад, ки ҷавонон аз оқибатҳои даҳшатноки терроризму экстремизм огоҳӣ пайдо намуда, аз шомилшавӣ  ба ин гурӯҳҳо канораҷӯйи намоянд.

Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар ҳар як ҷаласаву вохӯриҳо ба аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони минтақаҳои Тоҷикистон таъкид ба амал меоранд, ки бобати таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас диққати аввалиндараҷа дода, онҳоро ба омӯзиши илму маърифат, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят намоянд. Ҳатто падарвор ба ҷавонон насиҳат мекунанд, ки тамоми имкониятҳои худро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, илму дониш, касбу ҳунар ва эҷодкориву ихтироъкорӣ диққати махсус зоҳир мекунанд. 

Ҳамаи мо кушиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем ва ба ҷомеаи ҷавонамон фаҳмонида тавонем, ки бо тақлидҳои кӯр - кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум аст, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, муқаддасоти динӣ ва дастурҳои  шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бояд ҷавонон худ донанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс мубориза бар зидди терроризм ва эстремизм ба хотири  ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конситутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои динӣ бо забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума ва дастраси мардум гардидааст. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони  Карим бо теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд.

         Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст, ки ин ба ҳамагон аён аст.

Пешвои миллат фикру ақидаҳои худро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон борҳо аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар суҳбатҳо истода гузаштанд.

Мардуми Афғонистон барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор, бо таъриху тамаддун ва фарҳанги қадимаи худ ягон гуноҳе надоранд, таъкид карданд Пешвои миллат.

Он бадбахтиҳое, ки ба сари мардуми Афғонистон омадааст, ин ҳама натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ мебошад, ки онҳо бештар манфиати худро доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ба қазияи Афғонистон бетараф нест ва мо ҷонибдори тезтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва ваҳдат дар ин кишвари ба мо ҳамсоя мебошем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар ҳақиқат ганҷи бебаҳост, ноёфт ва арзандаи обрӯву эътибори инсон аст. Шахсе, ки аз китоб баҳраманд гардидааст, дар ҳама ҷо сари баланд, забони гӯё ва бо некӣ ӯро ёд мекунанд. Китоб инсонро ба ҷаҳони маънавиёт ва андешаҳои дур мебарад. Аз симои шахси китобдӯсту китобхон нур меборад ва аз суханрониву андешабаёнкунӣ аён мегардад, ки саводи кофӣ дорад. Ба кадом масъалае, ки пурсон шавем бемалол баромад, фикрронӣ карда метавонад.

Дар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами давлат беҳуда дар бораи китоб чунин нагуфтаанд: “ Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”.

Чи хеле, ки ба ҳамагон аён аст, имрӯз каме мардум аз китобхонӣ дур гашта, рӯ ба интернет овардаанд. Ин ҳам хуб аст, лекин лаззати китоб хондан дигар аст. Аз давраҳои қадим ба сари болини кӯдак китоб мегузоштад, то ин ки оқилу доно ва хирадманд шавад. Нияти нек мекарданд, ки инсони бомаърифат камол ёбад ва китобдӯсту хушахлоқ ба воя расад. Ин ҳам як хосияти хубу анъанаи мардумӣ ба шумор меравад. Аз кадимулайём мардуми мо китобдӯст буданд ва фарзандонашонро ба китобхониву меҳр бастан ба китоб ҳидоят мекарданд.

Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб бо шукуҳ қайд карда мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то рафт ба китобхонаву китобдустӣ ва арҷгузори ба ин самт диққати аввалиндараҷа дода истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо бо дастгирии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дастрасӣ ба китоб дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудият надорад, танҳо ҳавас ва қобилияти китобхонии донишҷӯён зарур аст, ки мо сӯи китобхона раҳсипор шавему аз махзани бойи он истифода барем. Алҳол дар махзани китобхонаи донишкада 154 ҳазору 248 нусха китобҳои чопӣ ва  56 ҳазору 677 нусха китобҳои электронии ҳам бадеӣЮ ҳам илмӣ – таълимӣ ва  оммавӣ  маҳфузанд.

Наслҳои имрӯзаву ояндаро ба китобхониву китобдӯстӣ ва дар қалби онҳо ҷой намудан меҳри китобро бояд ҳар яки мо устодон рисолати худ донем.

М. Бобоева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд