Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид. Конференсия мазкур ба маросими ба истифода додани чархи аввали НОБ-и Роғун бахшида шуд.

Дар конференсия устодон ва донишҷӯёни фаъол, намояндагони Раёсати ҷавонон ва донишҷӯён аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ДДҲБСТ, ДИСДДТТ, ДКМТ, ДПДТТ, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи омӯзгорӣ, Раёсати ҷавонон  ширкат варзиданд.

Конференсияро муовини директори ДПДТТ оид ба илм Холматов Т.Ё ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо ҷашнҳои бузурги дар пешистода аз номи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода табрик намуда, бо барномаи конференсия ва меҳмонони олиқадр шинос гардонд.

Сараввал маърузаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд Каримов М. оид ба мавзӯи “Бунёди НОБ-и Роғун аз ибтикороти кори Пешвои миллат сарчашма мегирад” шунида шуд. Зимни маърузаи хеш Каримов М. қайд намуданд, ки дар ҳақиқат бунёди Роғун иншооти бузурги аср маҳсуб ёфта, аҳамияти таърихӣ дорад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки  Роғун ҳамагӣ 17 миллирад Квт қувваи барқ истеҳсол менамояд, ки аз НОБ-и Норак 1,5 баробар зиёд мебошад.

Баъдан Раиси олимони ҷавони вилояти Суғд Саидзода Ш. таҳти унвони “Роғун – заминаи амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар” баромад намуда, оид ба бадастории истиқлолияти энергетикии кишвар суханронӣ намуд.

Номзади илмҳои таърих, дотсент, устоди ДПДТТ Ғозиева М. оид ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиши фанни таърих баромад намуда, оид ба асарҳои Пешвои миллат маълумот доданд.

Раиси Раёсати ҷавонони ДПДТТ Масаидов Ҷамшед бо маърузаи “Роғун-равшангари имрӯзу фардо” баромад намуда, қайд намуд: “Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо қаҳрамонон ва фарзанди фарзонаи миллатамонро хубтару беҳтар шинохтем. Ҳоло шароит фароҳам овардааст, ки шеваи худшиносӣ дар ҷомеа торафт баланд мегардад. Вақте як миллат ба худшиносӣ мерасад, ин маънии онро дорад, ки он миллатро аҳли башар мешиносад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибтамаддуну сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд. Имрӯз бошад, мо бо меҳнату заҳмати худ НОБ-и Роғунро бунёд намуда истода, чархи аввали онро ба истифода хоҳем дод.” Ҳакимов Н. – раиси волонтёрони вилояти Суғд ба мавзӯи “Конститутсия-бахтномаи миллат” баромад намуд.

Дар анҷоми конференсия ба ҷавонони фаъоли вилоят Сипоснома ва Ифтихорномаҳо бо туҳфаи хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бо ҳамин кори конференсия бахшида ба фаоългардонии чархи аввали НОБ-и Роғун ҳусни анҷом ёфт.  

Барномаҳои GIZ ва HECAFS, ки асосан бо факултети муҳандисӣ-технологӣ, кафедраи “Агротехнология ва маҳсулоти хӯрока” ҳамкорӣ ва робитаи қавӣ дорад, боз як иқдоми хуберо баҳри баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён пеш гирифт.

Дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои мазкур ва робитаҳои дуҷониба  давоми 1 моҳи охир таҷҳизот ба лабораторияи таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултет ба маблағи 103 989 евро харидорӣ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки якчанд таҷҳизотҳои лабораторияҳои таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултети муҳандисӣ-технологӣ, аз қабили лабораторияи сенсорӣ, маҳз бо дастгирӣ ва маблағгузории  лоиҳаи GIZ харидорӣ ва насб шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил дар доираи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Erasmus+ 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи таҳсил доранд, дарс мегӯянд.

 

Солҳои охир робитаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии хориҷи кишвар густариш меёбад. Бино бар иттилоии мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии донишкада Шӯҳрат Мақсудов донишкада бо 234 муассисаҳои олии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, айни замон 40 нафар донишҷӯёни донишкада дар асоси созишномаи ҳамкорӣ дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ доранд. Илова бар ин мунтазам устодони донишкада бо дастгирии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар доираи барномаҳои сафарбаркунии академикӣ ва таҷрибаомӯзии байналмилалӣ, дар муассисаҳои беҳтарини хориҷи кишвар табодули таҷриба мекунанд ё бараъкс устодони донишгоҳҳои хориҷӣ барои ошноӣ бо фаъолияти таълиму тарбия ба донишкада ташриф меоранд.

Чунончи соли сеюм аст, ки дар доираи Барномаҳои GIZ (Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) ва Ерасмус плюс устодони донишкада дар пешрафтатарин муассисаҳои олии Олмон, Испания Полша, Латвия, Литвия, Қазоқистон, Қирғизистон такмили дониш намуда, аз вазъи таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ дидан намуданд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада низ барои тақвияти дарсҳои азхудкардаи худ муддате дар Донишгоҳҳои олии  Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил намуда, баръакс шогирдони ин донишгоҳҳо бо ҳамроҳии устодонашон моҳҳои апрел ва май дар Донишкадаи политехникӣ таҳсили илм намуданд.

 

Шурӯъ аз соли нави хониш дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ» -и Барномаи Ерасмус плюс 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология таҳсил доранд, дарс мегӯянд. Айни замон устодон Хаваняк Масей, Марчин Ниемес ва Дегмара Зюзек аз Ҷумҳурии Полша бо истифода аз шароити хуби таълимӣ ва лабораторияҳои муҷаҳҳази факултети муҳандисӣ – технологӣ ба шогирдон дарс мегӯянд.

- Хеле хушҳол ҳастам, ки дар доираи  лоиҳаи Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ» ба Хуҷандшаҳр омадам. Банда устоди кафедраи Агротехнология ва Агроэкологияи Донишгоҳи аграрии шаҳри Кракови Ҷумҳурии Полша мебошам.  Ҳоло бо шавқи том ба донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дарс мегӯям. Донишҷӯёни донишкада завқи зиёд барои азхудкунии ихтисосашон дошта, мехоҳанд бештар самтҳои истеҳсоли органикӣ ва методҳои сертификатсия ва стандартизатсияи истеҳсолот дар хоҷагиҳои деҳқониро донанд. Фикр мекунам, ки лоиҳаи мазкур воқеан ҳам барои тараққиёти соҳаҳои маҳсулоти растанипарварӣ, боғу токпарварӣ ва дар маҷмӯъ сертификатсияи маҳсулотҳо заминаи хуб мегузорад. Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофиаш макони беҳтарин барои рушди хоҷагии деҳқонист. Зеро обу ҳаво имконият медиҳад, ки деҳқонон анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро парвариш ва истеҳсол кунанд ва онро ба дигар давлатҳо фурӯшанд. Барои роҳандозии ин амал гумон мекунам лоиҳа кӯмаки бештар мекунад. Эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои муаррифии шоистаи дастовардҳои соҳаи агротехнологияи кишвар заминаи хубе хоҳад буд.   Бояд гӯям, ки ҳамоҳангсози лоиҳа аз Латвия Ирина Кулитане аст ва ӯ мушкиливу муаммоҳои соҳаро хубтар медонад. Мо, устодон аз ҷумҳуриҳои Полша, Латвия ва Литвия  аз пазироии гарму ҷӯшони роҳбарияти донишкада хеле шодем ва боварии комил дорем, ки робитаи мо минбаъд низ қавӣ мегардад. Ифтихорманд аз он ҳастам, ки шарафи дидани чунин як шаҳри зебо ва ҷавонони ҳушёру доно насибам гардид- мегӯяд зимни сӯҳбат Хаваняк Масей.

Донишҷӯёни донишкада низ аз машғулияти устодони хориҷӣ барои худ донишҳои навро гирифта истодаанд.  Мо пайгири навовариҳои устодону шогирдонем.

 

 

 

 

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар самти вусъатёбӣ ва рушди устувор доимо кӯшиш ба харҷ дода, ҳамеша аз пайи наовариҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад.

Ҳамагон огаҳ ҳастанд, ки робитаи донишкада бо донишгоҳҳои бурунмарзӣ хеле қавӣ буда, ҳамкориҳои тарафайн  самараи худро дода истодаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, намояндагони Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин Хонгу Зенг, Ксияопенг Жанг, Хуа Лин, Хайксянг Ли ба донишкадаи мо ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ наздиктар шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳайати меҳмононро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбати озоду самимӣ меҳмонон аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки дидани шаҳри зебою қадимаи Хуҷанд насибашон гашт. Меҳмонони олиқадр аз лабораторияҳои муосири факултетҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт ва муҳандисӣ-технологӣ дидан намуда, бевосита бо донишҷӯён сӯҳбати гарму самимӣ намуданд. Меҳмонон ба шароити таълиму тарбия, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим баҳои баланд дода, изҳори боварӣ  намуданд, ки робитаи мустаҳками ду муассисаи олӣ барои боз ҳам баланд шудани мавқеъ ва мақоми донишкада мусоидат мекунад.  

Дар назар аст, ки донишкада бо Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии  Чин  се самт шартнома -  ташкили факултети муҳити зист дар донишкада, ташкили лабораторияҳо, таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ивази таҷрибаи устодон ба таври муштарак мебандад.

Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ зимни суҳбат қайд намуд, ки бо дастовардҳои Донишгоҳи Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин аз наздик ошоноӣ дорад  ва дар яке аз форумҳои он иштирок ва суханронӣ намуда буд. Алҳол як донишҷӯи донишкада дар ин донишгоҳ дар асоси шартнома таҳсил дорад. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки донишкада аз рӯи 19 ихтисос кадрҳо омода мекунад. Соли равон дар пояи факултети муҳандисӣ-технологӣ барои 20 ҷойи ихтисоси ҳифз муҳтити зист иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри зебою афсонавии Гуилин соли 1956 сохта шуда, яке аз муассисаҳои пешрафтаи ин кишвар буда, алҳол дар 17 факултети донишгоҳ наздики 19 ҳазор донишҷӯён таҳсили илм доранд. Донишҷӯёни  беш аз 30 давлати хориҷӣ инҷоро хонаи дуюми худ меҳисобанд. Зеро ин ҷо барои такмили дониш ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошад.

Бо як ҷаҳон таассурот ҳайати меҳмонон аз донишкада рафтанд. 

 

Тоҷикистон чун кишвари агросаноатӣ барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти хосса медиҳад. Зеро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад. Барои амалӣ шудани  ин ҳадафи созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ мусоидати бештар менамояд. Тибқи омори расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд ҳудуди 5 ҳазор хоҷагиҳои дехқонӣ фаъолияти бомаром доранд. Солҳои охир бинобар замин соҳиби аслии худро ёфтан, кишоварзон роҳҳои баланд бардоштани самараноки меҳнатро ҷӯё мешавад. Коршиносони соҳа бар онанд, ки махсусан кишти пунбадона ва парвариши он барои кишоварзон нафъи бештар меоранд. Аз ин лиҳоз соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд майдони кишти чигит зиёд гардида,  мувофиқи дурнамо бояд  150 ҳазор тонна ҳосили пахта ғундошта шавад. Айни замон чидани ҳосили бо ранҷ пухта расида вусъати тоза касб намуда, саҳмдорон бо кӯмаки ҳашарчиён баҳри беталаф ғунучини он кӯшиш мекунанд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри ҳавасмандии чинакчиён анъанаи пешини ҷамъбасти даҳрӯзаро аз нав эҳё кард. Ба ғолибон дар ҷамъбасти ду даҳрӯза мукофотҳои пулӣ дар хаҷми калон дода шуд.

Худи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ташаббус нишон дода, чанд маротиба дар рӯзҳои истироҳат барои кӯмак барои ҳашарчиён рафтанд. Дар пайравӣ ба ин ташаббуси Раиси вилоят ташкилоту корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи истироҳат ба майдони пахтазор  мераванд ва паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон барои беталаф ғундоштани дурри гаронбаҳҳо кӯмак менамоянд.  Чунончи бо истифода аз ҳавои офтобӣ рӯзи шанбе устодону шогирдони донишкадаи ДПДТТ  бо ҳамроҳии дигар ҳашарчиёни шаҳр ба саҳроҳои хоҷагии ҳудуди Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтанд. Онҳо бо ҳамроҳии ҳашарчиён ғайратмандона меҳнат намуда, дар маҷмӯъ беш аз 4 тонна ба хирмани хоҷагӣ рехтанд.  Ба чинакчиёни чобукдаст дар фарҷоми кори бобарор тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.   

 

Санаи 9 ноябри соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, дар факултети муҳандисӣ-технологӣ вохӯрии донишҷӯдухтарон бо сиёсатмадор, фаъолзан, собиқадори меҳнат, депутати халқии Иттифоқи Шӯравӣ ва Тоҷикистон Бихоҷал Раҳимова баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори ДПДТТ, Раиси Шӯрои занони донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, муовини Раиси Шӯрои занони донишкада Темурова М, раиси занони ФМТ Раҳимова А.Р.,  декани ФМТ Ваҳҳобов А. ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. 

Сараввал устод Ваҳҳобов А. меҳмони олиқадрро ба ҳамагон муаррифӣ намуда, ба  донишкада хайрамақдам намуданд. Қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳои духтарон бо фаъолону собиқадорон ва шахсони рӯзгордида хеле саривақтӣ буда, нақши мусбии хешро  ҷиҳати фаъолгардонии духтарон мерасонад. 

Ҳангоми баромади хеш Бихоҷал Раҳимова ба духтарон муроҷиат намуда, зикр карданд, ки оила аз ҳама чизи муқаддас ва беназир маҳсуб меёбад. Он кас аз рӯзгор ва кору фаъолияти хеш ба ҳозирин қиссаҳои ҷолиб нақл карданд. Ба духтарон таъкид намуданд, ки ҳамеша фаъол бошанд, дар корҳои ҷамъиятии донишкада ва берун аз он ширкат варзанд, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хешро васеъ намуда, касби хуберо аз худ намоянд. Зеро имрӯзҳо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, шароити мусоид барои ташаккули маҳорату малака, донишомӯзӣ, соҳибкасб шудан фароҳам оварда шудааст. 

Муовини Раиси Шӯрои занони донишкада Темурова М. зимни баромади хеш қайд намуданд, ки дар донишкадаи политехникӣ Шӯрои занону духтарон фаъолият дорад ва тибқи нақшаи шӯро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқию маърифатии духтарон, омода намудани онҳо ба ҳаёти оиладорӣ, пешгирӣ намудан аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб ҳар гуна чорабиниву вохӯриҳо ташкил карда мешавад.

Донишкада бо роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, ки ҳамзамон вазифаи Раиси Шӯрои занону духтарони донишкадаро бар зимма доранд, бо мақсади фаъолгардонии духтарон дар ҷамъият, омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадри болаёқат, дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз байни духтарон ва омода намудани онҳо ба ояндаи дурахшон ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳад. 

Донишҷӯдухтарон ва устодони ФМТ аз сӯҳбати меҳмони олиқадр Бихоҷал Раҳимова як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. Онҳо зикр намуданд, ки тамому саъю талоши хешро ба илмомӯзӣ ва омӯзиши касбу ҳунари муосир, ободиву пешрафт ва рушди Ватани азизамон Тоҷикистон равона хоҳанд кард. 

 

 

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз шароити таълиму тарбия санаи 27 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Раиси Вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди таълиму тарбия, шароити омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, ҷараёни дарсҳо бештар огоҳӣ пайдо намуда, бо директори ДПДТТ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори литсей Аминова Зебо бобати пешрафти таълиму тарбия ҳамсӯҳбат гардиданд.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар литсейи ДПДТТ 450 нафар хонандагон таҳсили илм доранд. Омӯзгорони пуртаҷрибаву кордон мекӯшанд, то ҳар як лаҳзаро самаранок истифода бурда, тамоми донишу таҷрибаашонро баҳри омӯзиши хонандагон сарф намоянд.

Зимни суҳбати Раиси вилоят бо хонандагон аён гардид, ки литсей дар ҳақиқат дорои шароитҳои хуби талимӣ буда, хонандагон донишу саводи баланд доранд. Раиси вилоят оид ба  сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сухан ронда, бори дигар таъкид намуданд, ки хонандагон ба забонҳои хориҷӣ  бештар диққат дода, онҳоро хуб аз худ намоянд. Ҳамзамон қайд намуд, ки дар литсей кабинетҳои фаннӣ бо шароити хуб ба кор монда шуда, бо сифати баланд ҷиҳозонида шаванд. Раиси вилоят ба роҳбарияти донишкада дастур дод, ки дар ояндаи наздик тарҳи бинои нави литсей омода шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст, ки барои азнавсозии бинои литсей кӯмак намояд.

 

Ёдовар бояд шуд, ки литсей дастовардҳои бисёри илмӣ дорад. Аз ҷумла, 2 нафар ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мебошанд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Шерматов Азамат, хонандаи синфи 8 аз фанни химия сазовори ҷойи 1, Исроилов Олимҷон, хонандаи синфи  7 аз фанни химия сазовори ҷойи  3 гардидаанд.

Омӯзгори фанни физика Бобоҷонов Ҷумъабой дар озмуни “Мутахассиси ҷавон” – и шаҳрию вилоятӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст овардааст.

Омӯзгори фанни химия  Иброҳимов Муъминҷон дар машварати августии омӯзгорон соҳиби Ҷоизаи Раиси вилоят, мукофотпулӣ ба маблағи 6000 сомонӣ гардидааст.

Дар охир Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Литсейи ДПДТТ 2 адад компютер тӯҳфа намуда, ба хонандагону омӯзгорон дар ҷодаи илму таҳсил барору комёбӣ таманно намуд.

Устодони гиромӣ,

Шогирдони арҷманд!
Ҳанӯз 24 сол муқаддам Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он яке аз дастовардҳои навини мо ба ҳисоб меравад.
Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи ҷумҳурии мо ҳамчун шиносномаи давлату миллат ва шоҳсутуни давлатдории навини тоҷикон арзи ҳастӣ дорад. 
Имрӯз бо ифтихору бо сари баланд гуфта метавонем, ки ин ҳама дастовардҳо, пешравиҳо, ободкориву созандагиҳо ва обрӯю мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол аз амалигашти Конститутсияи кишвар ва бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст .

Давлати мустақил гуфта, давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш бошад. Баробари ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонашон сабт шудаанд. Кишвари мо ҳам соҳиби Конститутсия мебошад, ки мо онро “Қонуни бахт”, “Бахтномаи миллат” мегӯем, зеро дар он тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудаанд.


Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.

Дар қатори мардуми ваҳдатшиори кишварамон ҷомеаи меҳнатии донишкада ба қонуни асосии кишварамон арҷ гузошта, онро роҳнамои худ дар ҳама ҷодаҳо медонанд. Дар арафаи ин ҷашни миллӣ ташриф овардани Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саид Нуриддин Саид ва Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷҷаббой Аҳмадзода руҳияи идонаи моро дучанд намуд. Он дастуру ҳидоятҳое, ки онҳо барои пешравии фаъолиятамон доданд, гумон мекунаи обрӯ ва манзалати донишкадаамонро боло мебардорад.

Бо истифода аз фурсати мувофиқ ба кулли кормандони донишкада  умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, хонаи обод ва рӯзгори босаодат таманно карда, орзу менамоям, ки ҷашни 24-солагии қабули Конститутсия низ идомаи комёбию муваффақиятҳои наватон шавад.

Ҷашн муборак!

Чанде пеш дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва доираҳои васеъи соҳибкорону ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки солҳои охир дар кишвар рушди сохтмон ва меъморӣ ба тадриҷ инкишоф ёфта, намояндагони ин касб бо тахаюли рангин ва эҷодиёти нав навъҳои гуногуни тарҳи биноҳоро бо махсусиятҳои миллӣ офарида истодаанд. Имрӯз бо шарофати ташаббусҳои созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ба пешвози 30 солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6300 иншооти таъиноташ бунёд шуда истодааст. Дар радиф дар қаламрави вилояти Суғд дар баробари корҳои бунёдӣ, рушди бемайлони соҳаи саноати кишвар ба мушоҳида мерасад, ки фақат давоми 9 моҳи охир маҷмуъи маҳсулоти саноатии вилоят ба беш аз 8, 1 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз 60 ширкат ҳузур доштанд.  

Донишкадаи моро кафедраҳои сохтмон ва дизайн ва меъморӣ бо дастгирии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба таври шоиста муаррифӣ намуданд. Устодони донишкада Амиртемур Ваҳҳобов,  Фирӯз Юсупов, Ваҳҳобов Исроилхӯҷа бо ҳамроҳии шогирдони донишкада тарҳ ва лоиҳаҳои иншоотҳои гуногунро пешкаши намоишгоҳ намуданд. Намунаи эҷоди онҳо, ки маҳсули заҳматҳои онҳо дар раванди машғулиятҳо маҳсуб меёбад, аз ҷониби коршиносон ва ҳайати меҳмонон баҳои баланд гирифт. Зикр шуд, ки робитаи донишкада бояд бо ширкатҳои сохтмонӣ қавитар гардад, то онҳо тавонанд дар ҳамҷоягӣ тарҳҳои биноҳои замонавиро бунёд созанд.

Дар қисмати ҷамъбасти намоишгоҳ Амиртемур Ваҳҳобов, декани факултети муҳандисӣ- технологӣ барои саҳми шоистаи худу шогирдонаш бо Сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯи кор омад.

 

Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан барои насли наврас ва ҷавонон  машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, барои беҳбудии  саломатии аҳолӣ ва дар навбати аввал насли наврас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир менамояд.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини дзюдо байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид. Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд доир гардид. Бо ифтихор метавон гуфт, ки донишҷӯи донишкадаи мо низ Давлатов Муҳаммадисо дар ин мусобиқаи вилоятӣ бо вазни 73кг қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи 1 гардид ва Ҷоми раиси вилоятро ба даст овард.

Ғайр аз ин, Давлатов Муҳаммадисо дар мусобиқаи мазкур дар намуди варзиши гӯштини миллӣ низ қувваозмоӣ намуда, бо маҳорати баланди касбӣ сазовори ҷойи 2 гардид.

Ба Муҳаммадисо  дар ду намуди варзиш дипломҳои дараҷаи 1 ва 2, Ҷоми Раиси вилояти Суғд ва тӯҳфаи хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Аз номи кулли донишкада Муҳаммадисоро бо ғолибияти дукарата табрик намуда, қуллаҳои баландро дар ҷодаи варзиш таманно дорем.

Бигзор чунин ғалабаҳо дар оянда бисёртар гардида, варзишгарони мо номбардори донишкада гарданд.  

 

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид  ҷиҳати ошноӣ аз раванди таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникӣ ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташриф овард. Зимни азназаргузаронии дастовардҳои донишкада Вазири маориф ва илми кишвар ба роҳбарияти донишкада дастур дод, ки таҷрибаи раванди таълимии сиклӣ ва тарзи иҷроиши сарборие, ки дар донишкада роҳандозӣ шудааст, бояд дар дигар муассисаҳои олии кишвар ҷорӣ карда шавад. Зеро ин намуди таълим масъулият ва салоҳияти устодонро баланд бардошта, онҳоро ба навовариву навҷӯи талқин мекунад.

Нуриддин Саид дар идомаи вохӯрӣ зарурати тағйирот нисбати қабули довталабон ба магистратураро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонид. Зикр шуд, ки шогирдони боистеъдоду навовар, ки зимни таҳсил худро фаъол нишон додаанд, бояд ба таҳқиқу пажӯҳиш бештар ҷалб карда шаванд.

Вазири маориф ба тадқиқоту раванди корҳои амалии устодону шогирдони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ баҳои баланд дода, бори дигар аз устодон даъват ба амал оварданд, ки ҳамвора илмро бо амалия пайваст созанд. Махсусан ба устодоне, ки ба тадқиқоти тафтиши орфографии калима машғуланд, тавсия дода шуд, ки барои омоданамоии барномае, ки бевосита тафтиши автоматики ҷумларо назорат мебарад, машғул шаванд.

Ёдовар мешавем, ки шогирдони ин кафедра, устодони ҷавони донишкада Парвиз Солиев ва Абдунабӣ Қосимов соли гузашта дар озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар миқёси шаҳри Хуҷанду вилоят мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

Вазир ҳамчунин ба тадбиқи раванди таҳсилоти фосилавӣ баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки минбаъд низ бо баргузори семинару конфронс бо иштироки устодони мактабҳои олии кишвар ин таҷрибаи андӯхтаро паҳн намоянд. Директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд намуд, ки соли шашум аст, ки ин раванди таълим дар донишкада ҷараён дошта, аввалин хатмкунадагон бо дониши баланд пайи кору истеҳсолот ҳастанд. Иттилоъ дода шуд, ки устодон бо вебинарҳо ба шогирдон дарс гузашта, бо мақсади санҷиши воқеии дониши шогирдон соле як маротиба донишҷӯ даъват карда мешавад.

Ба Вазири маориф ва илми кишвар намунаи корҳои эҷодиву истеҳсолии кафедраи химия ва агротехнология низ хеле писанд омад. Шогирдони ин кафедра дар баробари такмили дониши назариявӣ, ҳамчунин бо истифода аз лабораторияҳои муҷаҳҳаз, ки соли равон боз аз ҳисоби маблағҳои грантӣ такмил ёфтанд, таҷрибаашонро ғанӣ мегардонанд.

Сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, ки дар назди парки технологии донишкада ба роҳ монда шудааст, писанди вазир гардида, номбурда барои боз ҳам васеътар гардидани доманаи фаъолият ва кушодани сехҳои дӯзандагӣ дар минтақа ҷануби кишвар ба роҳбарияти донишкада супориш дод.

Боздид аз лабораторияҳои таъмини барқ ва автоматика, самаранок истифода бурдани лабораторияҳо, ҷустани роҳҳои ҳамкорӣ бо коргоҳҳо ва ҷорӣ кардани истеҳсоллти барқи алтернативӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни ин ихтисос зимни вохӯрӣ вазир таъкид дошт. Дар ин замина Саид Нуриддин ба роҳбарияти донишкада супориш дод, ки дастоварди донишкада бояд берун аз кишвар низ муаррифии шоиста шавад, то теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ низ сол аз сол зиёдтар шавад.

Саид Нуриддин ҳамчунин аз майдончаи футбол дидан намуда, барои баргузории мусобиқаи футбол байни муассисаҳо  тавсияҳо дод.

Дар стансияи  таъмири автомашинаҳо бештари донишҷӯёни дар риштаи роҳу нақлиёт таҳсилдошта машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд. Ҳамчунин ба масъулин вазири маориф ва илми кишвар дастур дод, ки чунин марази ташхисию таъмирӣ дар маркази шаҳр таъсис дода шавад.

Вазири маориф аз рафти омодагӣ ба зимистон, ҳолати воқеии дегҳои гармкунӣ, захираи ангишт дидан намуда, барои боз ҳам хубтар омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дастурҳо дод.

Дар фарҷоми мулоқот Саид Нуриддин Саид аз устодони донишкада даъват ба амал овард, ки собитқадамона меҳнат намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои азими меҳнатӣ истиқбол намоянд.