Устодон ва шогирдони гиромӣ!

Кормандони азиз!

Фарорасии Соли нави мелодии 2019-ро бароятон сидқан шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки офияти пайваста, иқболи баланд, саодати зиндагонӣ, комрониву сафо, хушрӯзиву фаррухфолӣ ҳамрадифи рӯзгоратон бошад. 

Воқеан ҳам, соли рафтаистода барои ҷомеаи меҳнатии донишкада мо соли фатҳу кушоишҳо маҳсуб  меёбад. Зеро дар ин соли таърихӣ, ки аз тарафи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда буд, ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ соҳиб гардидем.

Боиси хушнудист, ки Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид  бо нишони таваҷҷӯҳ аз меҳнати ободкоронаи  устодону кормандон ба донишкада ташриф оварда, барои боз ҳам баланд гардидани сифати таълиму тарбия дастуру ҳидоятҳо доданд. Самараи роҳнамоии онҳо, меҳнати собидқадамонаи Шумо, устодони муҳтарам буд, ки пояи моддиву техникӣ устувор, робитаи донишкада бо муассисаҳои олии хориҷӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту корхонаҳо густариш ёфта, сол аз сол теъдоди довталабон ба донишкада меафзояд.

          Дар ин лаҳзаҳои нишотовар ба ҳамаи Шумо тансиҳатию хонаободӣ, садоқат ба ин боргоҳи илму маърифат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбию сарбаландӣ, рӯзгори босаодату хотири ҷамъро таманно дорам.

Бигзор Соли нав бароятон дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиб барору кушоишҳои нав ба нав орад!

         Соли нав муборак!

 

 

                                                       

 

 

 

 

Чун ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ Паёми ҷамъбастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид. Паёми Президенти кишварро кормандони ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, ҷомеаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо як руҳияи том тариқи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ тамошо намуданд.

Паёми навбатӣ ҷамъбасти соли 2018-ро фарогир буда, оид ба дастоварду камбудиҳои соҳаҳои асосии кишвар маълумот дод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз муаммои норасоии оби нӯшокӣ оғоз намуда, доир ба ин масъалаи ҷаҳонӣ қайдҳои махсус намуданд.

Баъдан ба ҳодисаи таърихии Тоҷикистон – мавриди баҳрабардорӣ қарор додани якумин агрегати Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун назар намуда, Роғунро ибтидои гардиши куллӣ дар иқтисодиёту саноати кишвар номиданд. Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро яке аз ҳодисаҳои фараҳбахш дар соли 2018 дониста, онро қадаме ба сӯи муваффақиятҳо арзёбӣ намуданд. Зимни паём қайд карда шуд, ки бо муносибатҳои хуби тарафайни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  давоми 9 моҳи соли 2018 2,5 миллион нафар ба дидорбинии хешу пайвандони худ рафтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамаи кӯшиши худро ба амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ равона менамояд. Дар соли 2018 рушди маҳсулот ба 7,3% зиёд шуда, сатҳи таваррум ба 5,4% баробар гардидааст. Давоми соли 2018 зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав ташкил гардида, мардумро бо кор таъмин намудааст. Пешвои миллат қайд намуданд, ки барои беҳтар намудани некӯаҳволии халқ аз обу замин бояд самаранок истифода кард. Ҳамагон огаҳ ҳастем, ки аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо 15% зиёд гардид. Дар соли 2019 бошад барои ин иқдом 1,2 миллион сомонӣ маблағ аз буҷаи давлат ҷудо гардидааст. Маблағи буҷаи давлат дар соли 2019 бошад 24 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта маблағҳо аз ҳисоби буҷаи давлат барои соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7%, варзиш 17,3%, маориф 14%, суғурта 9,5%, тандурустӣ 7,2% зиёд равона гардидааст.

Аз ҷониби муассисаҳои низоми бонкӣ 7,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ дода шудааст. Ҳиссаи пули нақди дар гардишбуда соли ҷорӣ 64%-ро ташкил дод. Бо мақсади омӯзонидан ва ҳавасмандкунии ҷавонон ба соҳибкорӣ хубтар мешавад, агар дар шаҳру ноҳияҳо Маркази хизматрасонии соҳибкорӣ, ки ҳамзамон маркази омӯзишӣ мегардад, ташкил карда шавад.

 Аз 20 номгӯи маҳсулоти содиркунанда 15 намуди он содирот карда шуд. Дар оянда 70 лоиҳаиҳои сармоягузорӣ дар ҳаҷми 30 млрд. сомонӣ ба назар гирифта шудааст. Тоҷикистон бояд аз давлати аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил ёбад. Бинобар ин ҳадафи чоруми стратегии давлат ин саноатикунонии кишвар эълон гардид.

Дар соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда 2,5 баробар афзуда, минтақаҳои сайёҳӣ назаррас муаррифӣ карда шуданд. Ҳунарҳои мардумӣ васеъ паҳн гардида, ҳамагон аз маҳсулотҳои дастии ҳунармандии мардумӣ бештар огаҳӣ ёфтанд. Бо мақсади дуруст ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ солҳои  2019-2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди деҳа ва сайёҳат эълон гардид.

Танҳо дар соли равон 1300 километр хатҳои баландшиддати барқ ба истифода дода шуд. Дар соли 2018 аз ҳисоби НБО Роғун 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд. Соли 2019 бошад дуюмин агрегати НБО Роғун  мавриди  истифода қарор дода мешавад. Соли 2019 нерӯгоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум” таҷдид карда мешаванд. Бори аввал давоми 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон тайи 2 соли охир мардум пурра бо қувваи барқ таъмин гардида, қувваи барқ ба кишварҳои дигар низ содирот карда шуд. Деҳаҳои дурдасти кишвар низ шабонарӯзӣ бо қувваи барқ таъминанд.

2100 км роҳҳои байналмиллалӣ, 200 км роҳҳои дохилӣ аз нав ва барқарор карда шуд. Зиёда аз 45 пул сохта ба истифода дода шуд. Ҳадафи дуюми стратегии давлат – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ низ амалӣ гардид.

Президенти кишвар хоссатан зикр намуданд, ки имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон бояд соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи корӣ бошад. Ҳаргиз ба зоҳирпарастӣ роҳ надода, баҳри пешравӣ бояд фаъолият бурд.

Қайд карда шуд, ки давоми соли ҷорӣ 50% мактабҳои типи нав кушода шуд. 230 иншооти варзишӣ ба маблағи 175 миллион сомонӣ барои наврасону ҷавонон ба истифода дода шуд.  Давоми солҳои 2008-2018 шумораи иншоотҳои варзишӣ ба 9300 адад расидааст. Ба сифати таълиму тарбия бояд диққати махсус зоҳир намуд.  “Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бояд амалӣ гардад. Махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ волидон бояд ба тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавононро дар рушди кишвар зикр намуда, таъкид карданд, ки ҷавонон бояд дар раҳи ободии кишвар кӯшиши ҳаматарафа намоянд. Дар НБО “Роғун” аз 23 ҳазор кормандон 40%-ро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳанд, ки ин боиси ифтихор аст.

Зимни паёми хеш Пешвои миллат ба нақши занон дар ҷомеи таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Шумораи занони роҳбарикунанда нисбат ба солҳои гузашта афзудааст. Ин аст, ки 19%  занони роҳбар ва 25% хизматчиёни давлатӣ мебошанд.

Баъди итмоми паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода суханронӣ намуданд. Он кас нуктаҳои асосии паёмро баррасӣ намуда, қайд намуданд, ҳар як паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами навбатӣ ба сӯйи ояндаи обод буда, ҳар як шахси худшиносро дар руҳияи ватанпарастиву ватандӯстӣ ҳидоят мекунад. Ҷомеаи устодону донишҷӯён зери сиёсати Пешвои миллат ҷамъ омада, кӯшиш менамоянд, ки соли нави мелодиро низ бо дастовардҳои арзанда ва комёбиҳо гузаронида, барои ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан барои насли наврас ва ҷавонон  машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, барои беҳбудии  саломатии аҳолӣ ва дар навбати аввал насли наврас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир менамояд. Ҷалби донишҷӯён ба варзиш ва бурдани тарзи ҳаёти солим яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни варзишгар зиёд гардида истодаанд.

Соли 2018 дар соҳаи варзиши донишкада соли фаромӯшношуданӣ аст. Зеро дар соҳаи варзиш дастовардҳои зиёде ба назар мерасад. Донишҷӯёни донишкада дар намудҳои гуногуни варзиш, дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст оварданд.

Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии вилоятӣ бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонон фаъолона ширкат варзида,  ғолибият ба даст оварданд:

  • дар риштаи гӯштини тарзи озод - ҷойи дуюм; 
  • дар риштаи варзиши сабук дар ду намуд- давидан ба масофаи 100 метр ва 400 метр ва дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км - ҷойи як;
  • дар риштаи давидан ба масофаи 5км - ҷойи 2.

Умаров Саидвоҳид, донишҷӯи курси 1-и ихтисоси 40.01.01.тА аз факултети информатика ва энергетика дар «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» дар партофтани диск ва гурз қувваозмоӣ намуда, дар ҳар ду намуд сазовори ҷойи аввал гардид. Варзишгар Умаров Саидвохид дар ҳар ду намуди варзиш  қувваозмоӣ намуда, маҳорат ва таҷрибаи баланди варзишӣ нишон дод. Дар партофтани диск ба масофаи 35,12м  ва гурзпартоӣ 47,03мсазовори ҷойи аввал гардид. Ғолибони «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Умаров Саидвоҳид соҳиби ду медал ва дипломҳои дараҷаи якум гардид. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни донишкада фаъолона ширкат варзиданд. Донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 70.02.01 тб Алимов Иброҳим дар риштаи гӯштини тарзи озод сазовори ҷойи дуюм гардид.  Хоналиева Зулола, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 50.01.01 дар риштаи варзиши сабук дар ду намуд- давидан ба масофаи 100 метр ва 400 метр ва дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км сазовори ҷойи якум гардид. Донишҷӯйи курси 3 ихтисоси 37.01.07 та Ҳусейнҷон Худойназаров дар риштаи давидан ба масофаи  5 км сазовори ҷойи 2 гардид. Хурсандиовар он аст, ки Ҳусейнҷон дар пойтахти кишвар дар мусобиқаи ниммарафонии байналмиллалӣ барои дарёфти мукофоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзиданд, мақоми 208- умро соҳиб шуд.

Дар Дави миллӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар назди КВД Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” 1000 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзида, бо туҳфа ва сипосномаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ гардиданд.

Давлатов Муҳаммадисо дар  мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо вазни 73 кг қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи 1 гардид ва Ҷоми раиси вилоятро ба даст овард. Ғайр аз ин, Давлатов Муҳаммадисо дар мусобиқаи мазкур дар намуди варзиши гӯштини миллӣ низ ҷувваозмоӣ намуда, бо маҳорати баланди касбӣ сазовори ҷойи 2 гардид. Ба Муҳаммадисо  дар ду намуди варзиш дипломҳои дараҷаи 1 ва 2, Ҷоми Раиси вилояти Суғд ва тӯҳфаи хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди  шаҳрӣ оид ба самбои муҳорибавӣ, ки соли равон 80-солагии ин намуди варзишро ҷашн мегиранд, баргузор гардид. Давлатов Муҳамадисо дар вазни 74 кг қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Донишҷӯи курси 1 – и ихтисоси 43.01.03тБ  Алимов Ҳасанҷон дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасон ва дастпарварони солҳои таваллудашон 2001-2004 – и муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзид.  Ҳасанҷон бо маҳорати баланди касбӣ ҳарифро мағлуб намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Соли ҷорӣ мусобиқа дар намуди варзиши “гӯштини камарбандӣ, тарзи классикӣ ва озод” сурат гирифт, ки дар он наврасони соли таваллудашон 1998-2001 байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бобоев Хуррамшо бо вазни 75кг ҳарифи худро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Донишҷӯи дигар Саидов Ёрмаҳмад дар вазни 62кг сазовори ҷойи сеюм гардид. 

Дар Спартакиада байни донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои ш. Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишии донишҷӯдухтарон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб донишҷӯдухтарони донишкада аз рӯи панҷ намуди варзиш волейбол, шашка, шоҳмот,  тенниси рӯи миз, варзиши сабук ширкат варзида, ҷойи дуюм ишғол намуда,  бо Ҷом ва сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии в. Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархи аввалини НБО Роғун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои фахрӣ гардиданд:

  • гӯштини дзюдо – ҷойи 1;
  • гӯштини миллӣ – ҷойи 2;
  • бокс – якто ҷойи 1; якто ҷойи 2;  шашто ҷойи 3;
  • варзиши сабук -  дуто ҷойи 1; панҷто ҷойи 2; сето ҷойи 3.

Ин дастовардҳо ва ғалабаҳои назаррас дар соҳаи варзиш дар соли 2018 руҳияи тамоми донишкадаро баланд бардошт. Барои машқу тамрин ба донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайё мебошад. Бигзор чунин ғалабаҳо дар солҳои оянда бисёртар гардида, варзишгарони мо номбардори донишкада гарданд.

 

 

Соли нави мелодӣ бо тамоми файзу тароваташ пас аз чанд рӯз меҳмони хонадони мо мегардад. Ба истиқболи ин ҷашн чун солҳои пешин  бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд дар майдони ситораҳои шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардида истодаанд.

Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар доираи нақша- чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр  санаи 25 декабр бо барномаи рангини консертӣ хотири беш аз ҳазор сокинони шаҳр ва меҳмононро шод намуданд.

Ровиёни хушбаён бо таманниёти  солинавии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳозиринро шодбош гуфтанд. Сипас донишҷӯёни ҳунарманд дар иҷрои хори умумӣ, рақси якка, бадеҳасароӣ, лаҳзаи хаҷв, суруди якка, суруди умумӣ, суруд, рақси гурӯҳӣ, сютаи рақсию овозӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Чорабинӣ то дер дар лавҳи хотири иштирокчиёни чорабинии гирди арча хоҳад монд.   

 

 

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар самти вусъатёбӣ ва рушди устувор доимо кӯшиш ба харҷ дода, ҳамеша аз пайи наовариҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад. Дар соли 2018 донишкада робитаҳои худро бо ташкилоту донишгоҳҳои байналмиллалӣ қавитар гардонд, ки ин ҳамкориҳои тарафайн  самараи худро дод.

Маврид ба зикр аст, ки шуруъ аз соли нави таҳсил дар доираи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Erasmus+ 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология таҳсил доранд, дарс гуфтанд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои GIZ ва “HECAFS”   таҷҳизот ба лабораторияи таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултет ба маблағи 103 989 евро харидорӣ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки якчанд таҷҳизотҳои лабораторияҳои таҳлили маҳсулоти хӯрокаи факултети муҳандисӣ-технологӣ, аз қабили лаборатории сенсорӣ, маҳз бо дастгирӣ ва маблағгузории   лоиҳаи GIZ харидорӣ ва насб шудааст.

Бо мақсади баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён ва ивази таҷрибаи устодон, ҳамзамон, дар доираи барномаи “HECAFS” намояндагони Донишгоҳи Литва меҳмони донишкадаи мо гардидаанд.

Гражина Янушлявичене, доктори илмҳои байторӣ, профессори Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёт, Алвидас Шарлакаус, доктори илмҳои технологӣ, Александр Новославский доктори илмҳои кишоварзӣ аз фанҳои гуногун дар факултети муҳандисӣ – технологӣ, кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  ба донишҷӯён дарсҳо гузарониданд. Устодони Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёти Литва аз фанҳои “Методҳои ташхис ва таҳлили маводи хӯрока”(Food quality and safety control systems), “Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ”  (Quality control systems), “Микробиологияи хӯрока” ба донишҷӯёни зинаи бакалаври 2.49.01.02 ва 2.74.02.06,   “Асосҳои илмии идораи сифати маҳсулоти хӯрока”( Quality management), “Микробиологияи хӯрока” ба магистрантони ихтисоси мазкур дасрҳои амаливу назариявӣ гузарониданд. Ғайр аз ин, намояндагони Донишгоҳи Литва бо устодони кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  тренинг оид ба масъалаҳои стандарти байналхалқии бехатарии маҳсулоти хӯрока баргузор намуда, бо ҳамдигар ивази таҷриба намуданд.

Намояндагони Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии Чин Хонгу Зенг, Сияопенг Занг, Хуа Лин, Хаиханг Ли ба донишкадаи мо ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ наздиктар шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳайати меҳмононро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбати озоду самимӣ меҳмонон аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки дидани шаҳри зебою қадимаи Хуҷанд насибашон гашт. Меҳмонони олиқадр аз лабораторияҳои муосири факултетҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт ва муҳандисӣ-технологӣ дидан намуда, бевосита бо донишҷӯён сӯҳбати гарму самимӣ намуданд. Меҳмонон ба шароити таълиму тарбия, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим баҳои баланд дода, изҳори боварӣ  намуданд, ки робитаи мустаҳками ду муассисаи олӣ барои боз ҳам баланд шудани мавқеъ ва мақоми донишкада мусоидат мекунад. 

Дар назар аст, ки донишкада бо Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии мардумии  Чин  се самт шартнома -  ташкили факултети муҳити зист дар донишкада, ташкили лабораторияҳо, таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ивази таҷрибаи устодон ба таври муштарак мебандад. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки донишкада аз рӯи 19 ихтисос кадрҳо омода мекунад. Соли равон дар пояи факултети муҳандисӣ-технологӣ барои 20 ҷойи ихтисоси ҳифз муҳтити зист иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баландбардории иқтисодиёти кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат, самаранокии фаъолияти Парки технологӣ дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ боз як коргоҳи нави истеҳсоли  маҳсулоти нонӣ дарҳои худро боз намуд.

Давоми моҳи  ноябри соли равон бошад, дар донишкада  семинар дар мавзӯи “Технологияи пухтани маҳсулотҳои нонӣ” баргузор гардид.

Дар семинар намояндагони ширкатҳои ордбарорӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ, намояндаи лоиҳаи байналхалқии GIZ Франс Холрахер ширкат варзиданд. Франс Холрахер доир ба таҷҳизотҳои муосири нонбарорӣ тариқи намоиши слайд баромад намуда, ҳозиринро бо кори 4 таҷҳизоти нав шинос намуд. Лабораторияи истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ фаъолияти худро дар ДПДТТ, дар доираи Парки технологии донишкада аллакай оғоз намудааст. Ин иқдоми нек барои донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-технологӣ шароити хуби кории мусоид фароҳам оварда, маҳсулоти босифати ватаниро кафолат медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки барои ин муваффақиятҳои беназир саҳми Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ хеле бузург мебошад. Чунин ҳамкориҳо дар ҳақиқат саривақт ва зарурӣ буда, нақши мусбии хешро дар сатҳу сифати таълим, баландбардории дониши донишҷӯён ва муносибатҳои дӯстонаи байналмиллаӣ хоҳад гузошт.

 

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён доир гардид.

Нахуст аҳли нишаст филми мустанадро дар бораи ҳаёти талхи ҷавонони гумроҳшуда, ки дар кишварҳои Ироқу Сурия қарор доштанд тамошо намуданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Зариф Довудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки донишҷӯён дар баробари хуб таҳсил кардан, ҳамчунин дониши баланди сиёсӣ дошта бошанд ва ба ҳаводиси рӯйдода баҳои воқеӣ дода тавонанд. Он гоҳ гумроҳиву ҳар гуна қувваҳо наметавонад иродаи онҳоро шиканад.

Сардори хадамоти назорати пешгирӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати корҳои дохилии вилоят, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ зимни баромади хеш зикр дошт, ки аз тавсиби қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соли равон 10 – сол пур мешавад. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки амалигашти ин қонун дар ҷомеа чӣ манфиатҳоро ба бор овард. Бояд, ки моҳияти қонун ба таври пурра омӯхта шавад, то масъулияти волидон дар назди ҷомеа боло равад.

Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 148 ноболиғ 183 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ки аксарият бинобар беназорати падару модар ин ҳолатҳо ба қайд гирифта шудааст. Яке аз омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва пайваст шуданашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паст будани дониши сиёсӣ, бетарафии аҳли ҷомеа, огоҳ набудан аз шароити иқтисодиву ҳолати равонии ҷавонон  мебошад. Бояд донишҷӯён, ки қишри саводнокии ҷомеа ҳастанд, ба ҳамсафони худ оқибатҳои маргбори ин амалҳои номатлубро фаҳмонанд.

Нозимҷон Турсунов, полковники милитсия, корманди ҳамин Хадамот дар баромадаш аз афзудани қонунвайронкунии ҷиноятҳо байни ҷавонон изҳори ташвиш намуда, афзуд, ки мутаассифона, миёни донишҷӯён ҳастанд нафароне, ки бо мошинҳои шахсӣ ба машғулият меоянд, инчунин теъдоди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби донишҷӯён кашидани сигор ва нос ба қайд гирифта  шудааст.  Таблиғи адабиётҳои динии характери ифротидошта низ байни донишҷӯён ба қайд гирифта шудааст, ки чунин амалҳои номатлуб боиси гаравидани ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ мегарданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди донишкада перомуни дастовардҳои даврони истиқлол сухан ронда, қайд кард, ки бо талошҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради халқ ҳамаи соҳаҳо рушд карда, ифтихори миллӣ хеле боло рафт. Махсусан соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, мудофиа хеле пешрафта, моро ояндаи дурахшон интизор аст.

Дар анҷоми мулоқот Зариф Довудов барои чунин як мулоқоти зарурию омȳзанда ба кормандони  ҳифзи тартибот изҳори сипос намуд.  

 

 

Санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар толори ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ филми “Марди роҳ” тариқи телевизиони “Сафина” намоиш дода шуд. Ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишкада аз нақши  таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва оромии ҷомеа тавассути ин филм огоҳии бештар ёфтанд.

Филми “Марди роҳ” дар ҳақиқат баёнгари таърихи навини кишвар, аз вартаи марг наҷот ёфтани давлату миллат, қаҳрамонии Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

“Марди роҳ” фарогири тамоми ҷанбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Филм бо инъикоси вазъи сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум оғоз гардида, тамоми ҳодисаву рӯйдодҳои он вақтаро дар бар мегирад. Мусоҳибаҳои ходимони сиёсиву давлатӣ, адибони машҳури кишвар аз қабили Атахон Сайфуллоев, Усмонҷон Ғаффоров, Гулназар Келдӣ, Бозор Собир бори дигар собит намуд, ки Президент дар роҳи интихобкардаи худ якқавлу якмаром ҳастанд.

Дар филми мазкур порчаҳои таърихӣ  аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, харобию вайронаҳои он замон оварда шудааст.

Шахсиятҳои машҳури кишвар, ки иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, худ шоҳиди бесару сомониҳо гардида буданд, ақидаҳои хешро муфассал баён намуданд.

Худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, вазъияти ҷанги бародаркуширо ёдовар гардиданд.

Замони ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон давлат бесоҳиб монда буд. Роҳбаре лозим буд, ки барои сарҷамъии миллати тоҷик ҷони худро дареғ надорад. Пешвои миллат қайд намуданд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ, аз лаҳзаҳои  Роҳбари Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон тамоми фикру андеша ва амалҳои худро барои осудагии кишвар равона намуда буданд. Ҳангоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан бисёр нафарон ҳатто таъкид намуда буданд, ки аз ин вазифа даст кашида, ҷони худро азиз доранд. Аммо тамоми фикри Эмомалӣ Раҳмон барои ба дастоварии сулҳ ва мутаҳиддии халқ равона буд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки баъди ин суханон бисёр чизҳоро дарк намекарданд. Танҳо лозим буд, ки Тоҷикистонро фазои  сулҳ фарогир бошад. Он замон Пешвои миллат тамомии ҳастиии худро барои халқ бахшиданд. Дар лаҳзаҳои душвортарин ба халқ такя намуда, вазъияти мавҷударо ба ростӣ ба мардум фаҳмониданд.

Баъди суханронии пуртаъсири Эмомалӣ Раҳмон, ҷавони 40-сола, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки барои пойдории сулҳи тоҷикон қасам ёд намуд,  82% барои роҳбарии ӯ овоз доданд.

Дар Тоҷикистон вазъият хеле ноором буд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ 150 ҳазор нафар кушта шуданд, 50 ҳазор кӯдак ятим монда, 25 ҳазор нафар занон шавҳарони худро аз даст доданд. 1400 сарбозу афсар ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 1 миллион нафар аз Тоҷикистон фирор намуданд.

Ҳазорҳо мактабҳо, садҳо шаҳру деҳаҳо ба харобазор табдил ёфта буд. Гуруснагӣ кишварро фаро гирифта буд. Навбатҳои беохир барои буридаи нон ба итмом намерасид. Амнияти кишвар таъмин намуд, зеро кормандон аз вазифаҳои худ даст кашида буданд. Халқ ба ҳукумати кишвар ва осудагии давлат боварӣ надошт.

Азбаски вилояти нисбатан оромтар ин вилояти Суғд буд, хиёнаткорон мехостанд бо ташкили “роҳи озоди иқтисодӣ” роҳро баста, намояндагони аз шаҳри Душанберо ба Иҷлосия роҳ надиҳанд...

Аммо ҳамаи ин нобасомониҳо паси сар гардид. Фарзанде, ки аз баҳри ҷони худ баромада, нестшавии халқу миллати тоҷикро аз байн бурд, ғолиб омад. Тоҷикистонро аз як мамлакати вайрону абгор ба биҳишт мубаддал гардонд. Пас, месазад, ки имрӯз ӯро Пешвои муаззами худ хонем. Арзанда аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф намоем. Дар воқеъ, сулҳи тоҷикон нишонаи якдиливу ҳамфикрӣ ва ҷонфидои халқ будани сарвараш аст.

Донишҷӯён ва устодон бо як рӯҳияи том филмро дастаҷамъона то охир тамошо карданд.

 

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 декабр Рӯзи энергетика қайд карда мешавад. Ба муносибати Рӯзи энергетика ва Ифтитоҳи якумин агрегати НБО “Роғун” санаи 22 декабри соли 2018 дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи дуюми илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Технологияҳои муосир дар электроэнергетика ва саноат” баргузор гардид.

Дар конференсияи устодони ДИСДТТ,  ДДХ ба номи Б.Ғафуров, ДКМТ дар ш.Бӯстон, ДМТ, мутахассисони соҳаи энергетика, ҷомеаи устодони донишкада, устодон ва донишҷӯёни кафедраи Таъминоти барқ ва автоматикаи ФИЭ ширкат варзиданд.

Дар толори донишкада намоиши макетҳо ва корҳои донишҷӯёни ДПДТТХ ва ДКМТ ташкил карда шуд, ки иштирокчиёни конференсияи аз онҳо дидан намуданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Холматов Т.Ё. ба чорабинӣ  ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханони табрикотии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба ҳозирин расонид. Баъдан оид ба соҳаи энергетика ва нақши он фикру ақидаи хешро баён намуд. Зимни баромади хеш қайд намуд, ки бо дастгирии Раёсати донишкада ва ҳамзамон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 20 нафар донишҷӯёни кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика бо роҳбарии устод Қаландаров Ҳ. ба НБО “Роғун” сафар намуда, аз корҳои сохтмонии ин иншооти бузург аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Қайд карда шуд, ки хатмкардагони ихтисосҳои 43.01.03 – Таъмини барқ ва 53.01.05–Ҳаракатоварҳои автоматонидашудаи барқӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва шабакаҳои барқии қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд.

Масъули конференсияи мазкур, мудири кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Қаландаров Ҳ ҳозиринро бо кори конференсия ва меҳмонон шинос намуд.

Номзади илмҳои техникӣ, профессор Раҳимов О.С оид ба муаммоҳои баҳсталаби соҳаи энергетика маъруза намуданд. Зимни баромади хеш масъалаҳои асосӣ ва роҳи ҳалли онҳо дар ҷодаи электроэнергетика, тарзи сарфакорона истифода бурдани нерӯи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Директори иҷроияи Ташкилоти экологии ҷавонон “YGPE”  Мамадов Икром оид ба ҳифзи муҳити зист суханронӣ намуд. Мавсуф дар баромади хеш қайд намуд, ки истифодаи қувваи барқ дар рӯзгор ва саноат ба ҳифзи захираи табиӣ таъсири мусбат мерасонад. Зеро ҳангоми истифодаи нерӯи барқ захираҳои табиӣ, аз ҷумла, ангишт, ва дарахтон боқӣ мемонанд.

Қобилов Р. намоянда аз ШСХК “Барқи тоҷик” низ суханронӣ намуд. Намоянда аз кафедраи ЮНЕСКО оид ба Идоракунии захираҳои обии интегронидашудаи назди Донишгоҳи Қазоқистону Олмон дар шаҳри Алмаато Тулиева Шоҳида баромад намуда, оид ба Донишгоҳи мазкур ва фаъолияти кафедра иттилоъ дод.

Бахши дуюми кори конференсия мастер-класси экспертон оид ба муаммоҳои соҳа мебошад. Дар бахши мазкур эксперти ДПДТТХ Раҳимов О.С. маърузаи худро бо забони русӣ пешниҳод намуданд.

Эксперт аз ДКМТ Сангинов О. низ баромад намуда, масъалаҳои дахлдори соҳаи энергетикаро таҳлил намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки дар намоиши корҳои амалии донишҷӯён корҳои беҳтарин оварда шудаанд, ки дар ҳақиқат метавонанд дар соҳаи саноат истифода бурда шаванд. Ба ду нафар лоиҳаҳои беҳтарини донишҷӯи курси 2.43.01.03тВ Ҳасализода Файзалӣ аз ДПДТТХ ва Худойназаров Худойбердӣ, донишҷӯи курси 5.43.01.03-и ДКМТ аз ҷониби Сангинов О ифтихорномаҳо супорида шуд.

Бахши сеюм коллоквиуми илмии донишҷӯёнро дар бар гирифт. Дар он донишҷӯён Холмуродов Шавкат аз ДПДТТХ дар мавзӯи “Энергосарфа дар манзилҳои истиқоматӣ”, Зокиров Фирдавс аз ДКМТ дар мавзӯи “Роғун-қадами пурра ба истиқлолияти энергетикӣ” баромад намуданд. Магистрантон ва докторантони донишгоҳҳо, аз ҷумла, Алиев Аминҷон ва Каримов Ибодқул маърузаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Иштирокчии экспедитсияи илмӣ-тадқиқотии ҷавонон “Аз пиряхҳо то баҳри Арал” Қурбонов Номвар оид ба истифодаи самараноки сарчашмаҳои энергия дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон баромад намуд.

Дар ҳамаи баромади устодону донишҷӯён аҳамияти НБО "Роғун" дар рушду нумӯи кишвар ва ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин нерӯгоҳ хоссатан зикр карда шуд. Баъди итмоми бахшҳо саволу ҷавоб оғоз ёфт. Ҳозирин ба суолҳои худ, ки ба соҳаи энергетика нигаронида шудааст, посухҳои мушаххас гирифтанд. Қаландаров Ҳ. кори конференсияи дуюми илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро хулосабарорӣ намуда, фикру ақидаи хешро баён намуд. Донишҷӯёну устодони кафедраи Таъмини барқ ва автоматика дар конференсия бо шавқи зиёд иштирок намуда, дониши худро сайқал доданд.Бо ҳамин конференсия ҳусни анҷом ёфт.

 

Мақсад аз гузаронидани озмуни "Беҳтарин хонаи истиқоматӣ дар хобгоҳ" ободу зебо нигоҳ доштани дохили утоқи истиқоматӣ буда, дар рафти он ҳолати мизу курсиҳо, либосовезаку пойафзолмонак, ҷевонҳо ва рахти хоб, намуди зоҳирии катҳои хоб, тозагӣ ва ороиши деворҳои утоқ ва эҷодкорона рафтор намудани истиқоматкунандагони утоқ, қадр намудани меҳнати софдилонаи ҳамзистони хоб ба назар гирифта мешавад. 

Шартҳои асосии озмуни "Беҳтарин хонаи истиқоматӣ дар хобгоҳ":

  • Дар озмун ҳамаи истиқоматкунандагони хобгоҳи донишкада иштирок намуда, маҳорати баланди тоза ва озода нигоҳдории хонаи истиқоматиро пешниҳод менамоянд;
  • Инчунин, ҳолати тозаву озода нигоҳдории мизу курсиҳо, либосовезаку пойафзолмонак, ҷевонҳо, рахти хоб ва ҳолати санитарии лавозимотҳои хоб (навлочка, простинҳо, пододеялникҳо, покривалоҳо) ва ғайра аз тарафи ҳакамон аз назар гузаронида мешавад;
  • Бояд зикр кард, ки аъзои ҳакамон ба тозагии долонҳо (балкон), дару тирезаҳо аҳамияти хоса медиҳанд;
  • Риояи қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор дар мавриди истифодаи гармкунакҳои барқӣ низ санҷида мешавад;
  • Аъзоёни ҳакамон бо баробари омӯхтани талаботи озмун инчунин дархосту пешниҳоди истиқоматкунандагонро ба инобат гирифта, хулосабарорӣ мекунанд. 

Муҳлати гузаронидани озмуни "Беҳтарин хонаи истиқоматӣ дар хобгоҳ" аз 14 декабри соли ҷорӣ эълон шуда, дар арафаи соли нави 2019-ум аз санаи 26-28 декабри соли ҷорӣ гузаронида шуда, аъзоёни ҳакамон натиҷаи озмунро ҷамъбаст менамоянд. 

Мукофоти озмуни  "Беҳтарин хонаи истиқоматӣ дар хобгоҳ"

Аъзоёни ҳакамони озмун дар муддати эълоншуда ҳамаи хонаҳои истиқоматии хобгоҳро омӯхта, таҳлил намуда, аз рӯи шартҳои озмун баҳогузорӣ ва рӯйхати ғолибони озмунро ба маъмурияти донишкада пешниҳод менамоянд. 

 

Фарҳанг ва маданият дар ҳама давру замон мақоми хосае дошта, маърифати шахсро баланд мебардорад. Ин аст, ки дар ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардида, донишҷӯён бо дарки баланди масъулият дар онҳо ширкат меварзанд.

Соли 2018 барои ҷомеаи донишкада соли бобарор дар ҷодаи фарҳанг гардид. Устодону донишҷӯёни мо дар чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд иштирок намуда, муваффақиятҳои назаррасро соҳибӣ намуданд.

Донишҷӯён дар Фестивал-озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Суруди Модар - Алла” байни ҷавондухтарон бахшида ба Рӯзи Модар ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иштирок намуданд. Донишҷӯи курси 1_740206 Абдуллоева К. маҳорати баланд нишон дода, байни 20 нафар иштирокчиён мақоми сеюмро сазовор гардид. 

Дар соли ҷорӣ 16 нафар донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон соҳиби Стипендияи Раиси вилоят,  2 нафар соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр, 5 нафар соҳиби идрорпулии яквақтаи ҲХДТ гардиданд.  7 нафар донишҷӯён дар ҳафтаи худидоракунии МИҲД-и в.Суғд иштирок карда, соҳиби гувоҳнома гардиданд. 

Дастаи ҳозирҷавобони донишкада дар озмуни «Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон», ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар арафаи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон аз тарафи Раиси вилояти Суғд ба ғолибон Диплом ва мукофотпулиҳо тақдим шуд.

Донишкада дар  Фестивали шаҳрии “Атласу адраси Хуҷанд - 2018” низ фаъолона ширкат варзид. Донишҷӯи курси 3, ихтисоси 500102 Бобоҷонова Н дар озмун истеъдоди баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза ва корманди Парки технологии донишкада Қосимова Р. дар номинатсияи  “Беҳтарин либосҳои кӯдакона” соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин, дар “Қасри маданияти Арбоб” ҷамъбасти Фестивал-озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” баргузор гардид, ки донишкадаи политехникӣ дар Фестивал-озмуни мазкур фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Аз тарафи Раёсати хадамоти муҳоҷират дар в. Суғд, раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и в. Суғд ва бо ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт», «Умед» бахшида ба 18 декабр Рӯзи байналмиллалии муҳоҷират таҳти унвони «Муҳоҷирати бехатар» озмуни иншо ва расми беҳтарин байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии ш.Хуҷанд ташкил гардид. Дар озмуни иншои беҳтарин ҷойи дуюм насиби донишҷӯйи курси 3, ихтисоси 70.02.01тв Рӯзиева Моҳира ва дар озмуни расми беҳтарин ҷойи дуюм насиби Рахатқулова Сурайё – донишҷӯйи курси 4, ихтисоси 50.01та гардид.

Ҳамзамон, дар доираи нақша-чорабиниҳо бо мақсади баландбардории сатҳи тарбия номгӯи зиёди вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд. Вохӯриҳо бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, вохӯрӣ бо ҷанговарон ва собиқадорон, суҳбатҳо бо намояндагони кумитаи кор бо занон ва оила, мулоқотҳои судманд бо шахсиятҳои барҷаста аз зумраи ононанд.

Маҳз кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди устодону донишҷӯён буд, ки донишкада ба чунин дастовардҳо ноил гардид. Аҳли кормандон, ҷомеаи устодон ва донишҷӯён дар оянда низ кӯшиш менамоянд, то дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, нуфузи донишкадаро байни дигар муассисаҳои олӣ баландтар бардоранд.

 

Мувофиқи фармони Раиси вилоят ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯёни дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд таҳсилкунанда баргузор мегардад. Имсол низ чун анъана бахшида ба Соли нави мелодӣ вохӯрии донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва касбии миёнаи шаҳри Хуҷанд бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барпо гардида истодааст. Мақсад аз ин вохӯриҳо шиносоӣ аз раванди таҳсили донишҷӯён, таълиму тарбия ва шарту шароити зисти донишҷӯёни  вилоят  дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардидааст. Аз санаи 5 декабри соли равон  то имрӯз вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳристон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом доир гардид.  Аз ҷумла, донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ дар ин вохӯриҳо ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо суҳбати озоду самимӣ ба миён омада, донишҷӯён аз рафти дарсазхудкунӣ, шароити хобгоҳ ва тарзи гузаронидани вақтҳои холигии худ маълумот доданд. Инчунин, миннатдории самимии хешро барои чунин шароити фароҳам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз баён намуданд.

Силсилаи вохӯриҳо дар бинои “Кохи фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ” ва Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гашта истодааст. Ёдовар бояд шуд, ки вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Гулистон, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Хуҷанд рӯзҳои наздик баргузор мегардад.