Аз касе пӯшида нест, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломро дар хориҷи кишвар кӣ пуштибонӣ мекунад? Агар ҳамин тавр намебуд, Муҳиддин Кабирӣ ва ғуломонаш амсоли Илҳом Ёқубов, Алим Шерзамонов ва Шарофиддин Гадоев аз кадом сарчашма Анҷуман месозанду худро бо ифтихор роҳбар меноманд.  Бояд гуфт, ки роҳбари «Паймони миллӣ» Муҳиддин Кабирӣ аз лиҳози одамияту донишманди чандон шахсияти «парии пок» нест. Ӯ нисбати тақдири чандин нафар  зердастонаш бетарафӣ зоҳир намудааст.  хоҷагонаш мудом дастгириӣ ва пуштибонӣ намуда, ӯро мунтазам сармоягузорӣ мекунанд. Вагарна Кабирӣ на сиёсатмадор ва на олими дин ва на ягон мутахассис ва на ягон ҳунарманд аст, ки дар хориҷа бо меҳнати ҳалол рӯзӣ пайдо намуда, худ ва аҳли оилаашро хӯронад. Аз ин нуқтаи назар ҳамагон медонанд, ки Кабирӣ меҳнати ҳалол кардан, заҳмат кашидан ва бо арақи ҷабин дарёфтани ризқу рӯзиро бад дида, мехоҳад доимо бо пайсаи муфти хоҷагонаш рӯзӣ пайдо кунад.

Дар ҷаласаи САҲА ин маротиба Кабирӣ на бо ниқоби наҳзат, балки бо ниқоби демократия ширкат намуда, хостори ба аҳли олам нишон додани он буд, ки гӯё ӯ акнун ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузораду арзишҳои диниро канора мекунад.

Аммо ҳамагон хуб медонанд, ки Кабирӣ аллакай дар хиёнаткориву фиребу қатлу куштор ва ҷаҳолату авбошиву туҳмату буҳтон таҷрибаи кофӣ дорад ва қаблан барои расидан ба татбиқи ин амалҳо ӯ ниқоби дин ба бар намуда буд. Акнун, ки аҳли ҷаҳон аз сӯйистифода ва бадномкуниҳои наҳзат аз дини мубини ислом огоҳ гардиданд Кабирии разил ин маротиба мехоҳад ба худ ниқоби демократия кашида, боз ҳам ҷавонони ноогоҳро гумроҳ намуда, ҳаёти босаодати онҳоро зери суол барад.

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

 

 

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Мутаассифона, рисолати ҲНИ, ки мебоист аҳлоқи покро бояд миёни ҷомеа тараннум мекард, баръкс ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои табадуллоти давлатӣ кӯшиш намуданд. Ин ҳизб аз як ҳизбе, ки барои пешравии миллат кӯшиш меварзид чун як ҳизби террористӣ гардида, тӯли беш аз 25 соли фаъолияташ ба таври пинҳонкорона  фарзандони бонанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Бояд гуфт, ки мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, ифротгароӣ ва нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Мо, шаҳрвандони ин сарзамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, барои боз ҳам шукуфоии Тоҷикистони азиз кӯшиш мекунем. Ба ин аҳримансифатон гуфтанием, ки Тоҷикистон ватани шахсиятҳои меҳанпарасту миллат дӯст мебошад ва мо намегузорем, ки ин миллатро ба дасти хоинони кишвар диҳем. 

 

Дӯстиву ҳамкории малакатҳо аз азал барои рушду такомул ёфтани ҳар ду ҷониб  заминаи мусоид мегузорад. Имрӯз халқу миллати тоҷикро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишварҳои рӯи олам бо наслу наҷоди ориёӣ будану соҳиби тамаддуни бойу ғанӣ буданашон мешиносанду сулҳу субот, амнияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва қабл аз ҳама истиқлолияти моро эътироф сохтаанд. Ин буд, ки таърихи 3 то 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз намояндагони кумитаҳо ва вазирон ба кишвари афсонавии бо миллати тоҷик дӯсту бародар Ҷопон сафари корӣ анҷом доданд.

         Ёдовар бояд шуд, ки зимни ин сафар барои натиҷаи басамар ва сафари мақсаднок барои ҳамкории ҳамаҷониба ҳафт санади муҳим ба имзо расид, ки он метавонад дар ояндаи ду кишвар риштаи дӯстиро мустаҳкам намоянд ва робитаҳои ҳамкорӣ қавитар гардад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонашро дар фурудгохҳи Ҷопон шахсан воломақоми Ҷопон бо намояндагии дипломатияхо хуш пазируфта, барои сарвари давлат ва намояндагон аз кишвари мо ба хотири эҳтиром меҳмондории боҳашамате оростанд. Аммо аз ин пешравию рушди миллати мо хуши ҷониби мухолифон наомадааст, ки ин кадар булбулвор сароидаанд. Чи тавре хоҳанд, росту дуруғ сухан гуфтаанд.

         Акнун кори ин нафарони хиёнаткору ватанфурӯш ҳамин, дигар зӯрашон ба корҳои дуруст ва ба андешахои дуруст расидагӣ намекунад, ки доим пайгири миллати мо гаштаанд. Бобати миллати тоҷик чиҳое гуфта истодаанд, худ намедонанд. Агар медонистанд чунин намегуфтанд, зеро худ шаҳрванди Тоҷикистонанд, нону обашро хурда аз ношукри по ба ин неъматхо зада истодаанд.

         Аз кай  боз ин нохалафон фикри буҷаву фонди Тоҷикистонро барои беҳбудии миллат меандешидагӣ шудаанд, ки идао намуда истодаанд. Гуиё сарвари давлат аз буҷети давлати сафар намуда, ба он зарар ворид сохтааст.

         Ин ҳама дастовардҳо дар масъалаи дӯстиву ҳамкории давлатҳо бо Тоҷикистон буд, ки дарвозаи тамоми мамолики рӯи олам барои тоҷику Тоҷикистониён боз аст, ҳам барои сайёҳон ва ҳам барои соҳибкорон. Натиҷаи чунин ҳамкорӣ байни ду кишварҳо буд, ки Тоҷикистон баъдии солҳои зиёд бо давлати Ӯзбекистон, ки аслашон як аст ба мувофиқа расида, ҳамаи сарҳадҳоро барои раводиди ҳар ду ҷониб кушоду озод қарор доданд.

         Шумо сиёҳдилони хиёнаткор бояд донед, ки хамаи ин агар барои як Сарвари давлат лозим мебуд, хеҷ гоҳ аз худпарастӣ ин корро намекунад, инро ҳамаи шумо хело хуб медонед. Агар ин худнамоӣ мебуд ва кишвари Ҷопон моро чун меросбарони аҷдодони номдор намешинохт, пас он вақт ин сафарро бенатиҷа номидан мумкин буд. Боиси сарфарозӣ фахри мост, ки ба тамоми олам тавассути расонахои ахбороти маълум гардид, ки Пешвои миллати тоҷиконро чи гуна пешвоз гирифтанд. Ин эҳтироми воло шуморо ба ғазаб овардааст, ки аз ҳасад ин суханонро гуфтаед. Хушбахтона, ба рағми ин душманон дар Ҷопон Пешвои миллат бо ҳамроҳонашон ҳафт санади муҳими ҳамкории Тоҷикистону Ҷопонро имзо намуданд.

         Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ҳамаи ин пешравии Тоҷикистон ба ҷониби мухолифон зарбае зада истодааст, ки руҳи онҳоро ба ҳоли ҳалокатбор овардааст. Вагарна чаро ба буҷети давлатву робитаҳои Тоҷикистон бо дигар давлатҳо чашми ҳасуд дӯхтаанд. Дур нест он руз, ки натиҷаи ин санадҳо ба хамагон маълум мегардад ва бори дигар душманони миллатро аз ин гуфтаҳои пучу бемаънояш миёни омма шарманда месозад.

Усмонҷон Ахмедов,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд. Мо, мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст, бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳост. Аз ин ҷост, ки дар такл ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба ҳамаи шаҳрвандони баору номус ва меҳанпарасти миллат даъват ба амал меоварам, ки қабл аз ҳама зиракии сиёсии хешро аз даст надода, барои муҳофизати якпорчагии ватан хизмат намоянд. Чи хеле, ки аз расонаҳои хабари маълум мегардад, тарафҳои мухолифин ба фикри худ майдони набарди иттилоотро холӣ дида, тавассути он ҳар гуна ахбороти дуруғинро паҳн сохта истодданд. Ин амали онҳо барои худсафедкунии  худ аз ҷумлаи роҳбари ТЭТ ҲНИ,Кабирӣ оғоз намуда, то намояндагони “сухандону диндораш” равона гардидааст. Бад-ин мақсад хоста истодаанд, ки мардумро тарафи худ кашида, дар миёни онҳо тафриқа эҷод карда истодаанд.

Дар асл ин баромадҳои назҳатиён дар Варшава дар конфронси солонаи САҲА ҳамааш пучу бемӯҳтавост, инро ҳатто иштирокдорон низ пай бурда, эшонро баром баромад намудан иҷозат ҳам надоданд. Ин пайгирии иштирокдорон ва дар миёни майдони шармандаги қарор гирифтани назҳатиҳо худ зарбае буд, ки бори дигар онҳоро огоҳ сохт, то бобати Тоҷикистон бӯҳтону тӯҳмат намуданро бас кунанд. Ва бинобар чунин маърӯзаи одамфиребонаи ин ифротиён масъулини конфронс маҷбур гашт, ки Кабирӣ ва намояндагони аз ватан бадарға гаштаро аз ин конфронс низ бадарға намуданд. Ин дар ҳолест, ки кори конфронс ба охир нарасида буд. Ва таъкид ҳам сохтанд, ки агар дуюмбора чунни кори  худро такрор созанд, ширкати онҳоро минбаъд қатъ хоҳад кард. Ин муқаррароти нав, тамоми нақшаҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ-ро барбод дод, зеро онҳо барои эҷоди чунин намоишу эътирозҳо дар доираи ин ҷаласа моҳҳо тайёрӣ дида буданд. Яъне «чоҳканро зери чоҳ намуданд». Зеро баромади Кабирии бадтинатро аз риштаи муҳокимаи гузаронида будам, ки саросар аз ташвиқоти ифротгароӣ дарак медод.

Гузашта аз ин аз ҳамин минбар истода, бо изҳори табрикоти «самимона нисбати ҳамватанонаш» мардумро ба ворид шудан ба ин ташкилотҳи иртиҷоӣ таҳрик намуда истодааст.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

 

                                                            Мавлонова Маърифат                                                                          мутахассиси шуъбаи ВАО

Мо хеле хуб дар хотир дорем, ки  баробари соҳибистиқлол шудани ватани маҳбубамон –Тоҷикистон, ҲНИ фаъолияти сиёсии хешро оғоз намуд ва дар ҳама гӯшаю канори ватанамон бо воситаи аъзоёну ҷонибдоронашон тарғиботи сиёсии худро ба роҳ андохта, аз илми дини муқаддаси ислом маккорона ба зеҳну тафаккури ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҳадафҳою ниятҳои нопокашон тарғибгарӣ мекарданд. Ва ҳатто тавонистанд, ки баъзе аз пешвоёни худро ҳатто ба олитарин маҷлиси ҷумҳурӣ ба ҳайси вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии кишвар ҷойгузин намоянд. Ин ҳизби аз ҷониби аҷнабиён таъсис дода, тавонист, ки ҳатто дар муҳити маънавию сиёсии кишвар нобасомониҳои хело нангинро ба бор оварад ва дар як муддати хело кӯтоҳ ду майдонро ба миён овард, ки ҳатто писар ба муқобили падар менишаст. ҲНИ, ки воқеан ҳадафҳои нопок ва разилона дошт тавонист, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ҷанги бародаркушро оғоз намуда, ҳазорҳо одамонро бехонаю ҷой ва садҳо одамони бегуноҳро ба коми марг кашад.

ҲНИ инчунин тавонист, ки садҳо ҳазори дигар одамонро бадном ва аз Ватан дур созад. Бо сарварони ин ҳизби маккору сияҳандешаву сияҳмақсад фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар хориҷи кишвар ҷони азизи худро ба кафи даст гирифта, вохӯриҳо ташкил намояд ва мулоқотҳои тӯлониро ба роҳ андозад. Бо заковати  фозилонаи азалии хеш  Сарвари давлат тавонист, ки сарвари ҲНИ-ро ба сари мизи музокироти шинонанд ва ба эшон мулоқотҳо орояд ва билохира соли 1997 Созишномаи беназири Ваҳдати миллиро бо сарварони ин ҳизб ба имзо расонад. Тибқи ин созишнома қисме аз аъзоёну ҷонибдорони ин ҳизби хиёнатпеша соҳиби вазифаҳои гуногун дар Вазорату муассисаҳои гуногун гардиданд.

Ин носипосону хиёнатпешагони миллату ватан ба ҳамаи боварию самимияти Сарвари давлат носипосию курнамакона, ноҷавонмардона рафтор намуда, боз хостанд, ки дар Тоҷикистон хуни ноҳақ рехта бо воситаи табаддулоти давлатӣ ба сари қудрат оянд.

Бадхоҳони миллат ба нияти нопоку разилонаи хеш нарасиданд. Зеро миллати бедору ҳушёри мо аз ҳар вақта дида муттаҳидтар гардида, сиёсати хирадпарваронаи Президенти мамалакатро дастгирӣ мекунанд. Мо як Ватан ва як сарзамини биҳиштӣ дорем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт мекунем. Зеро ин Ватан хонаи мост Пешвои миллат Пешвои воқеан ҳам мардумии мост.

Солиев Зоҳир Тоирович,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

устоди ДПДТТ, собиқадори меҳнат  

 

Ҷомеаи кишвар ҳоло ҳам ба ҳоли масхарабозони Кабирию, Шерзамону Илҳом ва Шарофиддин механданд. Охир чаро наханданд, вақте ин «роҳбарон» худашон ба худашон роҳбаранд. Яъне, кассе нест, ки аъзои онҳо бошанд. Агар чунин намебуд, ҳоло теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ бо нишони ихлос ба «Сарвар»-и худ ба Илҳом Ёқубов муроҷиат мекарданд.  Ё ҷамъи озодандешони Аврупо барои маслиҳат назди «олими пуркор» Алим Шерзамонов меомаданд. Дигарон, ки барои рушди ояндаи кишвар фикр мекарданд, аз идеяҳои созандаи Шарофиддин Гадоев истифода мебурданд ва ниҳоятан ҳамаи шиамазҳбони ҷаҳон назди «доҳи»-и худ Кабирӣ омада, чи тавр сохтани давлати фундаменталиро тарҳрезӣ менамуданд. Аммо ҳамоно онҳо дар курсии мулоим интизори корафтодагонанд.Шояд дар ояндаи наздик касе наздашон ояд, ӯ низ барои лаънатгуфтан меравад на таҳсину офарин гуфтанд.

Ман ҳайронам, ки, як гуруҳи 5-нафара чи гуна метавонад, ки миллатро

Як «паймон»  не, агар ҳазор созмону  «паймон»  таъсис диҳед ҳам, гӯши мо фарёди шумо хоинонро намешунавад. Таъсиси ҳизбу ҷунбишҳо барои шумо чун ивазсозии ҷуробу либоси тагпӯш шудааст, ки дар ҳар лаҳза ба хотири манфиатҳои ғосибонаву дуздонаатон ба майдон меоред.

«Паймони миллӣ» чун дигар  ҷунбишу ҳаракатҳои таъсисдодаатон ниятҳои нопоки дар хок рафта аст, ки инро нағз медонед. Марг ба шумо наҳзатиёни лаънатии хоин!

 

Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои  террористию ифротгароӣ ба кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркушии солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чигуна бо майдонсозиву аз номи Ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати ислом садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дассиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз бо дасти хоҷагони зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд аз ҷумла, ин бадсиголон пешравии давлат ва Ҳукумати кишварро дидан нахоста ҷараёни баргузории нишасти сарони давлатҳоро дар доираи Самити ШОС яктарафа инъикос намудаанд. Аз ҷумла дастовардҳои азими сохаи кишоварзиро, ки пешкаши роҳбарони 7 давлатҳои хориҷӣ намуданд мавриди тозиёна қарор доданд. Ба ин носипосон гуфтанием, ки Тоҷикистон ватани меваҳои шаҳдбор аст. Ва роҳбари давлат ба таври шоиста онро муаррифӣ намуд. Пас ҳалоли ӯ бод. Бигзор бахилон дар оташи ҳасад бимиранд.   

 

 

 Ҳамаи мо огоҳем, ки дар нишасти солонаи САҲА як гурӯҳи хоинони миллат ба худ либоси дигар дарбар карда, чор созмони оппозитсионӣ ташкил намуда,  худро ба ҳайси чеҳраи нави сиёсии оппозитсионӣ бо номи «Паймони миллӣ» дар хориҷи кишвар муаррифӣ карданд. Аммо бо гузашти як моҳ ин ниҳоди «пурқудрат» натавонист тарафдорони худро пайдо кунад. Онҳо гумон доштанд, ки фавҷи одамон тавассути шабакаҳо ба онҳо пайваст шуда, як рақиби пурзӯре хоҳад шуд. Аммо тушбераро хом шумориданд. Бо ин амалашон онҳо нафрату надомати халқро боз ҳам зиёдтар намуданд.  Зеро ҳама аз чеҳраҳои манфури роҳбарони ин «Анҷумаҳо» безор шудаанд.

Мо хоҳони онем, ки ин хоинони бадсиришт аз роҳи пурхиёнаташон баргарданду ба назди ин сарзамини биҳиштосо ва ин кишвари ободу озоду зебо сар фуруд оварда, саҷда намоянд, тавба кунанд. Аммо гумон аст, ки мардум ин қассобони даст дар хуни миллат тарро бубахшад. Ин бадбахтҳоро на Худо мебахшабу на халқ!

 

Ҳамаи мо хуб медонем, ки Муҳидин Кабирӣ ҳангоми муҳосибаҳо кӯшиш менамояд, ки худро ғамхори ҷомеаи кишвар нишон дода, бештар роҷеъ ба мушкилоти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кунад ва онҳоро аз буданаш бузургтар ҷилва диҳад. Лек дар асл Кабирӣ ва наҳзатиён афроди ифротии хиёнатпеша ва риёкоронанд, ки барои манфиати хеш қодиранд аз баҳри ҳама чиз бароянд.  Худ бо чашми воқебин ба фаъолияти сиёсии Кабирӣ назар афканед, мебинед, ки яке аз ҳадафҳои аслии ӯ аслан низоъ андохтан дар ҷомеа  ва дар заминаи он бунёд намудани давлати исломии фундаменталӣ мебошад.

Наҳзатиён бо мабалғгузориҳои хоҷагони хориҷиаш имрӯз беягон мушкилӣ дар калонтарин шаҳрҳои Аврупо паи дасисабозиянд.

Ба ин бадсиолон гуфтанием, ки талошҳои бесамарашон ва хидматгоронаш на факат дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар дохили кишвар низ наметавонанд фазои орому озод ва афкори ҷомеаи моро тағйир дихад. Мардум афкори худро нисбат ба ин хоини миллат дар ВАО озодона баён мекунанд. Ҳокимияти кунунии кишварро садоқатмандона ҷонибдорӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҷӯёни манфиатҷӯ фурсат намедиҳанд, ки дигарбора вазъияти сиёсии кишварро бо чангу ғубори ҷанги шаҳрвандӣ олуда кунанд.

 

Алим Шерзамонов, ки дар гузашта ба ҳизби сотсиал-демократ хиёнат карда, худро ба наҳзатиҳо пайваста буд, дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки мо бо таъсиси созмони «Паймони миллӣ» интизор доштем, ки мардум онро бо хушнудӣ қабул мекунад, аммо давоми як моҳ аст, кия гон вокуниши мусбате нисбати ин тадбирандешии мо нашудааст. Воқеан чаро мардум ба ин амалкарди онҳо бархӯрди мусбат кунанд, вакте ки сарварии ин ниҳодҳои сохтаро 4 наҳзатӣ бар дӯш доранд. Яъне, хар ҳамону пӯстинаш дигар.

Масалан Илҳом Ёқубовро кӣ нмешиносад. Дар гузашта тоҷиру муваффақ ва фарзанди устоди ДДХ буд. Ӯ раисии ҲНИТ дар шаҳри Хуҷандро бар дӯш дошт. Ё Шарофиддин Гадоев ӯ низ тоҷири  пешрафта буд. Чун қонунгузории кишвар барои фаъолияти соҳибкориаш санадҳои меъёриву ҳуқуқиро талаб кард, думро хода карда гурехт. Акнун ин нафарон ба худ мансабҳои сохта гирифта, мехоҳанд ҷомеи ҷахониро ба худ кашанд.   

Ба ин нафарони ҳардамхаёл, ки думравони Кабирӣ ҳастанд гуфтанием, роҳи интихобкардаатон хатост. Беҳуда зӯр назанетон, то миёнатон нашиканад.

 

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.

Вале чанд тан ноҷавонмард бо амали тахрибкоронаи худ хостанд ба ҳамаи ин амалҳои нек хатти батлон зананд. Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.

Мо навиштаҳои душманони миллати худро қотеъона маҳкум намуда, гуфтанием, ки дар ягон давру замон нокас пирӯз нахоҳад шуд.