Хабари марги 4 сайёҳ дар шоҳроҳи Данғара – Душанбе, ки рӯзи 29 июл сурат гирифт, ҷомеаи кишвар ва ҷаҳониёнро ба ларза овард. Шахсан ман аз ин амали ноҷавонмардона, ки чанд тан аз ҷавонони навхат онро иҷро намуданд, сахт андӯҳзада шудам. Дертар фаҳмидам, ки ин амали ваҳшиёнарон Давлати исломӣ бар дӯш гирифтааст. Бубинед, ин гурӯҳи ба ном исломӣ бо дасти ҷавонони ноогоҳ ба чӣ коре даст мезананд. Дар Қуръон омадааст, ки рехтани хуни ноҳақ ҳаром аст. Пас чаро онҳо дидаву дониста, ба хотири манфиатҳои беруна, пойбанди хурофот гардида, ба ин амал даст мезананд. Мо медонем, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири рушди сайёҳӣ чи корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд. Имрӯз  кишвари мо як минтақаи азими сайёҳӣ гардида, ҳамарӯза ҳазорон- ҳазор сайёҳон ба хотири сайру сайҳат, дидани мавзеҳои таърихӣ ба кишвари мо ташриф меоранд.

Нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи душманони кишвари мо ДИИШ ва ҲНИ танҳо ба як хотир аст. Лакнат задан ба обрӯи миллат аст. Зеро душманон фаҳмида истодаанд, ки ин мулки воҳид ва сокинони якдилу якмаромро бо ҳарфҳои сохтаю бофта ба даст оварда намешавад. Ҷониби наҳзатиён иддао доранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири паст задани мавқеи онҳо ҲНИ-ро гунаҳкор медонанд, аммо онҳо дақиқан фаромӯш карданд, ки саркардаҳои ин амали ваҳшиёна иқрор шудаанд, ки бо супориши хоҷагони эронии худ даст ба ин амали нангин задаанд.

Аммо мо гуфтанием, ҳар чи қадар моро шикастанӣ мешаванд, мо ҳамон қадар пурқувват хоҳем шуд. 

 

Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд. Қатъи фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои тундрав, хоҳ ҲНИ ва кадоми дигар бениҳоят мавридист. Дар кишвари мо ҳамеша амнияти кишвар дар мадди назари Пешвои миллат меистад. Ба  сиёсатшиносони "варзида"  гуфтанием, ки ба ҷои он ки чонибҳоро бо суханони пучатон, "холигоҳ тафриқаро ба вуҷуд меоварад" ва дигар найрангхои хиёнатиат, алайҳи якдигар тахрик накунед. Тавонистед чун як нафари хислати инсони дошта, рафтор намоед, вагарна хомӯш истед, то аз ин бесаводиатон  хандахареши мардум нагардед.

 Мо бо як забон иброз менамоем, "новобаста аз он, ки ин гурўҳ сиёсист ё ғайрисиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрўз Точикистон соҳиб шудааст, аз мақомотхои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурӯҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад".

Мо, ахли кормандону устодони ДПДТТ ҳамаи амалҳои нангини хоҷагони хориҷиро бо тамоми ҳастии хеш маҳкум менамоем ва бори дигар ба мардуми шариф ва азизи худ муроҷиат намуда гирифтанем, ки мудом дӯстдори ватан, модар об, хок ва ин сарзамини зебои худ бошанду аз найранг, дурӯғ ва фиреби сиёсиву мазҳабии хориҷиён бохабар шаванд ва чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии аҷдодиро аз худ дур насохта, дар атрофи сарвари давлат боз ҳам қавитар муттаҳид гашта, ба ҳар гуна нотавонбинӣ зарбаи ҳалокатовари забонӣ занем».

 

 

Сияҳдилони раҳгумзада ҳангоми силоҳи сухан ба даст гирифта, ба сабаби ҳақношиносӣ теғи ҷонситон ба ҷигари Модар- Ватани хештан заданӣ мешаванд, метавон гуфт, ки эшон хиёнаткори ватананд. Эшон чунин мепиндоранд, ки дар ҷодаи хиёнаткорӣ аз ҷониби қишрҳои алоҳидаи сокинони диёр  ҳамдилию дастгирӣ меёбанд. Ин хомхаёлон дар мисоли раҳбари кӯтоҳназар - фарзанди нохалафи Кабирӣ, яъне шогирдонаш, ки нав ба нав рӯи об баромада истодаанд. Имрӯз Равшани Темуриён бе дарки амиқи шинохти миллаташ баён кардааст, ки Тоҷикистон дар масалаи музокироти сулҳ бо сарварии  Эмомалӣ Раҳмон беаҳмиятӣ намуда, бо хости худ барояшон сулҳро ҷорӣ сохтанд. Ва ба воқеияти он шубҳа доштааст. Иброз намудааст, ки бояд ҳамаҷониба барои заиф нагардидани пояҳои он талош варзем. Гӯш кунед,  Равшани Темуриён вақте, ки дар ин сарзамин зиндагӣ намекунед монед, ки заминамон аз оризаҳо пок истад. Хоки онро барангехта, бо чанги он мардумро дар гирдбоди он ба талотум набаред. Агар барои пешравию озодии мо кор мекардед, мардум бо ҷанги бародаркуш рӯ ба рӯ намегашт. Замоне худро сулҳпарвар пиндоштед, вале ин корро карда натавонистанд, зеро ки қисми исломгарои мардуми шарифи Тоҷикистон дигар он ҷомеаи сиёсатношинос ва ба ин сабаб аз ҳақиқат ғофили ибтидои солҳои навадуми асри мозӣ нестанд ва имрӯз ба ҳеч ваҷҳ ҳизби бадномшудаи ҲНИ-ро  пуштибонӣ нахоҳанд кард. Мардум ба оқилонаю дурандешона ва хайрхоҳонаю раиятпарварона будани сиёсати Сарвари кишварамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди бузург пайдо кардаанд. Ин фарзанди фарзонаи Тоҷикистони азиз аз ҷониби хурду калон ба ҳайси Пешвои миллат бо ҷону дил пазируфта шудаанд ва сари вақт пешгирӣ карда шудани балвои гумоштаҳои ТЭТ ҲНИ-ро собит намуд, ки кулли бошандагони мамлакатамон имрӯзҳо бештар аз дирӯз дар атрофи ҳукумат ва роҳбари бохиради он муттаҳид гардидаанд. Чунин рӯҳия барои халқи мо табиӣ буданаш лозим аст. Зеро, шароити феълии дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти Тоҷикистон, неруҳои сиёсӣ тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем.

 Имрӯзҳо наҳзатиҳо  бо дастгирии молиявии хоҷагони эронии худ мехоҳанд  ҷомеаи озоду ободи моро ба гирдоби бало кашанд. Вале, ин нафарони сияҳдил бо роҳбарии сарвари  ТЭТ ҲНИТ  Кабирӣ ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро  оламиён бори дигар аз асли воқеа ва сурату сирати аслии ин хоинони миллату мазҳаб ошно гардиданд.

Боварӣ дорем, ки мардуми ориётабор ва ватанпарасту озодихоҳи тоҷик, ба хусус ҷавонони ватандӯсту боору номӯси он, фирефтаи сиёсатбозиҳои ин хоинони миллату мазҳаб намегарданд, ки мехоҳанд як амалеро мисли солҳои 1991-1997 аз нав роҳандозӣ намоянд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯсти тоҷик омода аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад ва дар ин роҳ пеш аз ҳама аз даъвату ҳидояту дастурҳои ватанпарастонаи Пешвои муаззами Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода мебаранд.

 

 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ки аз таърих ва арзишҳои маънавии халқи худ огоҳ аст, аз рўзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш дўстию рафоқат ва ваҳдатро асоси оромию осоиштагии ҷомеа меҳисобад.

Президенти  кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои нави сиёсӣ, маънавию ахлоқиро дар ҷомеа пешниҳод намуд, ки он омили муҳимтарини тавлиди мафкураи ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзамини биҳишосост. Дар ҳамин радиф мо мардуми саодатманди диёр низ умед бар он мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари миллати мақомотҳои давлатии Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд.

Набояд фаромўш кард, ки дар Тоҷикистон барои ташаккули ваҳдати устувори миллӣ монеаҳои зиёде дар гузашта ҷой доштанд, ки он миллатро дар охир ба ҷанги бародаркуш оварда расонид. Айнан ба мисоли имрӯз, ки Равшани Темуриён аз миёнаравак будани хеш нашармида боз гуфта истодааст, ки агар ду ҷониб ба тафоҳум мерасиданд, пояҳои сулҳ  устувор мемонд. Вале инро Эмомалӣ Раҳмон барҳам дод, то музокироти сулҳ дар Франкфурд фурӯ резад.

Ин чи маънои сухан, ки Равшани Темуриён бо дилпури ба мусоҳиб баён доштаст. Магар чашмони Шумо ва пайравонатон нобиност?, ки ин сулҳу ваҳдате, ки монеахои пайдарпайи бо айби Шумобарин миёнаравакҳо рух дод, ҳамаи онро гузашта, имрӯзи дурахшонро насиб шуд. Дар қалбатон нур набуд, ки пайровони нафароне гаштед, ки ин Ватани азизу зодгоҳатонро ба харобазор табдил додани шуда буданд. Маълум, ки дар чашматон ҳам нур нест, ки ин зебоиро, ин сулҳу ваҳдати ҳақиқии бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаро надидааст.

Таъкид бар он дорам, ки Шумо «ҷаноби Темуриён равшанфикр» бояд якбор ба саодату шӯҳрати Тоҷикистон ва аз қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои Эмомаӣ Раҳмон огаҳи пайдо созед, пас он вақт оил хоҳед гашт, ки нисфи умри Шумо дар Канада «ватани дуюматон» қариб, ки беҳуда сипарӣ гаштааст. Зеро ҳаёти хурраму обод, ҳаёти озод аст. Ҳар  як инсон шоиставу арзандаи ҳаёти озоду обод мебошад. Маълум, ки нисфи умри Шумо аз ин неъмат ва аз ин зиндагӣ дар фазои суҳу амонӣ бебаҳра мондааст.

Қайд кардан лозим аст, ки пешравиҳову тараққиёти зиёде дар соҳаҳои мухталифи давлат низ ба амал омаданд, ки онҳо самараи файзбори сулҳу ваҳдат мебошанд.

Ҳамчун  узви Созмони Милали Муттаҳид гардидани Тоҷикистон дар кори ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигарҳо фаъолона фаъолият карда истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки ваҳдат боиси боз ҳам тақвият ёфтани сиёсати байналхалқии Тоҷикистон ва устувор гардидани мавқеи кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодааст.

Оре, ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ дар кори бунёди  ҷомеаи демократӣ корҳои назаррас амалӣ гардонида шуданд.

Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки щояд ваҳдату дӯстӣ барои халқи тоҷик дар кори бунёди ҷомеаи демократӣ ва баҳри расидан ба комёбиҳои нави хурсандибахш нерӯи тавонӣ пешбаранда гардидааст.

Хулоса Равшани Темуриён минбаъд бо дарки аниқ сухан ронед, зеро ин сӯҳбати Шумо чунон маъно дорад, ки сулҳу ваҳдати дар Иҷлосияи тақдирсоз ба даст омадаро нодида гирифта, идао доред, ки барпо гаштани музокираи сулҳу Франкфурт байни ду ҷониб сулҳи пойдорро ба бор меовард. Ман борҳо иброз доштам, ки ҳама мехоҳад дар фазои оромӣ зиндаги кунад, ки Пешвои миллат ин шароитро ба мардум муҳайё сохтааст, танҳо бо як ҷумла ба мардум сулҳу ваҳдатро тақдим намудааст. Шумо чӣ тавар чунин маъноро бардошт мекунед, ки ҳамкорӣ намудан бо ТЭТ, ки ҲНИ  низ чунин эътироф гаштааст, кишвар ба сулҳи ҳақиӣ расида метавонад.

Дар фарҷом бароятон гуфтаниам, ки дигар мардумони миллати бардошти аз даст додани азизтарин неъмат, истиқлолияту озодиро надоранд. Аз ин лиҳоз дуюмбора намегузоранд, ки пои нохалафе чаманистони Тоҷикстонро ба биёбон мубаддал созанд.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда,  дар  раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад.  Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда,  ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ асос меёбад. Мафҳуми экстремизм ин «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа».

Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадор аст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад. Аз ин чост, ки барои амнияти кишварро аз ҳар гуна хатару нопокихо эмин доштан барои манъи фаъолияти ТЭТ ХНИ карор намуд. Имруз тамоми ҷомеа ҷаҳонӣ воқиф аз онанд, ки ин ташкилот, чун ташкилоти терористиву экстремистӣ эътироф гардидааст.

Аз баёноти хизбиён маълум аст, ки рафтори ифротгароёна доранд. Чун дар боло иброз намудам, маънои тероризм ин бо воситаи зӯри ба даст овардани хокимият аст. Чунончи назҳатиҳо худро чун тахдидкунандагон ва ба ин васила нияти ба даст гирифтани мақомотро доранд. Худ қазоват намоед, ки навишти ин хама изҳорот роҳи таҳдид нест магар?  Вале бояд донанд, ки мо дигар аз чунин таҳдидҳо наметарсем.

Дар масъалаи ДОИШ бошад, чунин ибрози андеша мекунам, ки мақомот чизеро аз касе пинҳон намекунад, ягона ҳадафи давлату миллат ва Пешвои миллат он аст, ки ба амнияти кишвар хатаре набояд бошад. Дар хамлаи Данғара низ гуфтаниам, ки аввалку тамоман ба гуноҳатон иқрор  нашудед, пасон гуфтед, ки ин амалиёти махсуси ДОИШ аст. Дар натиҷаи таҳқиқоти мақомот маълум гашт, ки ин ҳама бозиву найрангҳои ТЭТ ҲНИ ва фармонҳои Кабирист. Тамоми мардум ба воситаи оинаи нилгун наворӣ  иқрор шудани нафароне, ки дар ин амалиёт даст доштанд, шоҳид гаштанд ва ба мисоли модари бечораву танхо мондаи он ду бародари дар доми фиреби наҳзатиҳо дармонда, ба онҳо лаънат хонданд.

Ягона чизе, ки баҳона намуда фаъолият доштед, ин барои дин буд, ки ин хам ғайрикунуни будааст, албатта касе намехохад, чунин ифротгароён миёни мардум сайр карда, боз ҷавонони зиёдеро гумроҳ созанд.

Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст. Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад.

Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад.

         Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зарурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад. 

Абдуқаҳҳор Бӯриев,

номзади илмҳои математика,

устоди кафедраи математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Муаллим, омӯзгор — вожахое, ки барои фарзанди инсон ошною мукаддас маҳсуб меёбад. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб меомӯзад. Муаллим  бузургшахсест, ки дар баробари волидони мӯнису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Бахшида ба Иди касбии омӯзгорон чорабиниҳои тантанавӣ идома ёфта истодаанд. Бо иқдоми наҷиби донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт дар факултет чорабинии бошукӯҳу идона баргузор гардид. Чорабиние, ки аз ҷониби донишҷӯён пешкаши устодон гардид, дар сатҳи баланди касбӣ намоиш дода шуда, табъи устодонро болида гардонд. Сараввал декани факултети сохтмон ва нақлиёт Акрамов Акрам ҷомеаи  устодони факултетро бо Иди касбиашон табрик намуда, таманниёти нек, ба корҳояшон муваффақияту комёбиро орзу намуданд. Баъдан суруду рақс, табрикоти устодон аз ҷониби донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид. Ин қадршиносии донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт устодонро рӯҳбалад намуда, меҳри онҳоро ба шогирдон дучанд гардонд.

 

 

Дар ҳошияи мақолаи  «Кӣ дар Тоҷикистон аз ДОИШ ҳимоя мекунад ва чаро мақомот бар вуҷуди он эътироф намекунанд?»

Дастовардҳои беназирии  давлату миллати тоҷик, мақоми баланди  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пешниҳодҳои умумибашарии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гиромидошти неъматҳои табиӣ наҳзатиёнро нороҳат кардааст. Онҳо, ки ҳасудхуру чоплус ҳастанд, намехоҳанд музаффариятҳои кишварамонро бубинанд. Ҳар даъвое, ки ин гурӯҳи худбохта оид ба озодиву озодандешӣ пеш меоварад, ҳарфи дурӯғе беш нест. Зеро исботи дурӯғпардозии террористони наҳзатӣ кори мураккабе набуда, бо як нигоҳ ба таъриху роҳи тайкардаи ТТЭ ҲНИ ҳамаи воқеиятҳо пеши назар меоянд. Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зидди милливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст. Бараъкс ин худобехабарон худ даст ба амалҳои террористӣ зада, боз тӯҳмату дасиса мекунанд, ки давлат ва Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро онҳоро ба ҳар амал гунаҳкор мекунанд. Куштори бераҳмонаи саёҳон маҳз кори наҳзатиён аст ва ин исботи худро ёфт.

Пас онҳоро мебояд ба шикасти худ иқрор шуда, рӯ ба зиндагии осуда ниҳанд на ғиревбозӣ

 

Дар доираи эълоншавии Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасон ва дастпарварони солҳои таваллудашон 2001-2004 – и муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.  

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати ҷавонони вилоят ташкил ва гузаронида шуд.

Донишҷӯи курси 1 – и ихтисоси 43.01.03тБ – и ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ Алимов Ҳасанҷон низ иштирокчии мусобиқа оид ба гӯштини самбо гардид. Ҳасанҷон бо маҳорати баланди касбӣ ҳарифро мағлуб намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ба ғолибони мусобиқа диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ба Алимов Ҳасанҷон низ дипломи дараҷаи 3, медали биринҷӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Аз номи кулли устодон ва донишҷӯён Алимов Ҳасанҷонро бо ғолибият табрик намуда, барои таҳсил муваффақият ва дар ҷодаи варзиш комёбӣ орзумандем.  

 

 

Ҷомеаи имрӯза пур аз рангорангӣ, ихтилофот ва таззодҳои мухталиф буда, дар назди ҳар як инсони комил вазифагузорӣ менамояд то масъулияти баландро ҳис намояд. Дар давраи истиқлолият бунёдкориҳои бузург ҷомеаро фарогир буда, пеш аз ҳама ба сулҳу осоиштагӣ дар кишвар иртибот дорад.

Ҳаёти сиёсии муосир аз ҷавонон ҳушёрии сиёсӣ, зиракии сиёсӣ, ақлу хиради баланди сиёсиро талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд аз рӯи донишу малака, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсии хеш дар раванди сиёсӣ бошуурона ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки сиёсӣ, қабули ин ё он қарор бояд масъулияти хосаро ҳис намояд.

Дар назар бояд дошт, ки яке аз хусусиятҳои ҷомеаи демократӣ бисёрақидагии сиёсӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон ақида, манфиатҳо ва ҳадафҳои худро дар ҷомеа озодона баён сохта метавонанд. Бахусус, раванди ҷаҳонишавӣ дар замони муосир ба он таъсироти хешро мерасонад ва ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳо ва одатҳо, менталитети сиёсӣ таъсир мерасонад.

 Мардуми тоҷик дарк намуданд, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятро қадр намуда, минбаъд баҳри ободониву созандагӣ камари ҳиммат банданд, саҳми арзандаи хешро дар пешбурди ҷомеа гузоранд, манфиатҳо ва ҳадафҳои худро амалӣ созанд, Ватани ҷоноҷони хешро обод гардонанд.

Манзур аз ин гуфторҳо дар он аст, ки имрӯз ҷомеаи моро фасодкории намояндагони як ташкилоте, терористӣ эътироф шудааст, рӯз ба рӯз фаро гирифта истодааст. Намояндагони ТЭТ ҲНИ як - як аз паси парда истода бобати миллати мо ҳар гуна суханҳо гуфта ба ақидаи хеш мехоҳанд, ки гӯё бо ин корашон ба обрӯи миллату Пешвоямон зарба мезананд. Ҷавонони моро ба ҳар гуна роҳҳои фанду фиреб зери ниқоби ислом ба тарафи худ кашида аз онҳо сипоҳе омода карданианд, ки сипоҳи миллат шаванд. Ин нафарон таҳти роҳбарии шахсони сиёҳдилу беимон Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва нафари навакак, бо «озодбаёниву хушгӯиҳои худ» Равшани Темуриён бо мусоҳибон расонаҳои гуногун бобати вазъи кунунии Тоҷикистон сӯҳбатҳо гузаронида, доираи Тоҷикистонро «Ватани азизашро» бениҳоят мавриди танқид қарор додааст. Темуриён тавассути баён кардани ҳар гуна суханони бардурӯғ нисбати халқу миллати мо ва сарвари оқилу доноямон, ки барои мардуми халқ ҳамаи хушбахтиҳои дунёро насиб намудааст, этироз кардааст, ки гӯё сарвари давлат боиси бисёр пешравиҳо гаштаанд. Аз ҷумлаи он, ки замоне ӯ миёнараваки ду ҷониб гашта, ба миллат музокираи оштиро миёни тарафҳо барқарор кардан доштааст. Вале ба фикрам аз кинаву ҳасад ботинаш сӯхта хокистар шуда истодааст, ки Пешвои миллати мо марди ҷасуру доно ин қаҳрамониро бо ҳиси баланди масъулият дар назди халқ худ сулҳу салоҳро барқарор намуд. Ва баҳри устуоврӣ ва пояҳои мустаҳкамии он заминаи мусоидро фароҳам овардаст.

Бале дар Тоҷикистони мо имрӯз тамоми шароит мусоид аст, дар ҳамаи соҳаҳо. Ҳам Кабирию Равшан ва ба мисоли инҳо наҳзатиҳоро зарур меояд, ки боре сиёсату вазъи кунунии Тоҷикистонро ҳамаҷониба омӯзед. Агар аз нодонӣ чунин сухан гуфта бошед. Ва агар на боз ба чунин шармандагие, ки дар конфронси САҲА шуморо домангир гашт, дуюмбора аз гирдбоди он раҳо нахоҳед гашт.

Дар ҷомеаи имрӯза бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд ва аҳолӣ кулли рукнҳои диниро ба субот мерасонанд. Аммо шахсоне ёфт мешаванд, дуруст ба мисоли дар боло зикршудаҳо, ки бениҳояд «диндору исломдӯстанд» аз номи дини муқаддаси ислом баромад менамоянд, амалҳои номувофиқ содир мекунанд. Лекин бояд тазаккур дод, ки ин рафтору амалҳо ному манзалати онҳоро дар ҷомеа баланд намегардонад, обрӯ ва эътиборашонро дар байни ёру дӯстон ва хешу табор паст менамояд. Аз ин ҷиҳат падару модарон вазифадор ҳастанд, ки дар тарбияи фарзанди хеш масъулияти бузург нишон дода, оянда ба ҷамъият инсони комилро ба воя расонанд.

 Гулнора Юсупова,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

декани факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ

 

 Боиси ифтихор аст, ки насли наврасу ҷавон бо маърифати арзишҳои волои инсонӣ, бо парҳез ва нафрат аз фасоди ифротгароёни террористӣ имрӯзҳо, чун ворису номбардори Алломаҳои безаволи миллат чун Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Айниву Сино ва дигар абармардони дар роҳи   ба озодӣ баровардани миллат ҷоннисорнамуда, дар партави дастуру ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон раҳнамун гашта, панди пирони хирадро шоҳшиори зиндагии худ қарор додаанд.  Бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ  маърифат намудаанд, ки ҳаёти осудаву ободи имрӯзаи мо натиҷаи ҷонбозиву фидокориҳои падарону бобоёни шарафмандамон дар набардҳои зиддифашистӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Хушбахтона, имрӯз мо Пешвои маззаме дорем, ки тамоми ҳастияшро барои ин миллат бахшидаву борҳо дар ин пайроҳа кам монда буд, ҷон диҳад.

Вақте Равшани Темуриён ба сухан омада бо мусоҳиб сӯҳбат оростааст, ҳатман, ки зиёдарави намудааст ё худ чизеро надониста бо пайрави аз он наҳзатиҳои ҷангҷӯ сухан рондааст, ки «ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия баромад намуду сипас, музокираи Франкфурт фурӯ рехт». Равшани Темуриён агар суханони дар Иҷлосия гуфтаи Пешвои миллатро намедониста бошад, ман ба ӯ хотирнишон месозам, ки он гуфтаҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ҳам овард. Он суханони аз дили Сарвари миллат баромада мардумро аз вартаи нобудшавӣ халос кард. Билохира бо он ки Пешвои миллат ба забон овард, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам», қалби мардумони дар кулфату азоби ҷанги бародаркуш мондаро умеду шодии ҷадиде фаро расид. Ин буд суханони тақдирсозу ояндабинонаи Эмомали Раҳмон, ки дар Иҷлосия гуфта шудааст.

Гуфтаҳое, ки бобати сиёсати кунунии Тоҷкистон, ки Равшан онро «бо самимият, зодгоҳи азизам» унвон додааст ва баён доштааст. Ин танҳо нияти тафриқаандозист, зеро замоне миёнарави ҳукумати давлат ва намояндагони наҳзатиён, ки ин давлату ҳукуматро мақсади талаф додан доштанд, будааст. Инчунин кӯшидааст, ки байни ду ҷониб муросо андохта дар Франкфурт музокираи ҷонибҳоро ба роҳ мондаанд. Дид ки Эмомали Раҳмон худ дар кишвар фазои сулҳу субот ва ягонагиву ваҳдатро танинандоз сохт, ба фикри ман ин аз ҳиссиёти ҳасудхӯриаш шуд. Вагарна барои ду тақсим шудани обрӯю шарафаш миён мардуми тоҷик маълум, ки муғризона амал намудааст. 

Мутмаинам, ки маҳз аз ин гуна ҳаводису паёмадҳои ҷадиди тарафҳои мухолифин, ки бо ҳар роҳу равиш ақидаҳои мардумро вайрон месозанд. Ҷавонони моро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ворисону меросбарони ниёгон бошанд, ҳисси баланди масъулиятро дар назди гиромидошти таърихи гузашта пос доранд. Ман мутмаинам, ки ҷавонони мо имкон пайдо мекунанд, ки самтҳои хоси шинохти арзишҳои миллии гузаштаро муқаррар намуда, сабақҳои шоиста ва пешбарандаро дар ҳаёти маънавӣ ва фикрии хеш дармеёбанд. Зеро корномаҳои Пешвои миллатамонро ба ҳар восита қадр намуда, онро гироми медоранд, ки ҳамаи ин корнамоиҳову қаҳрамониҳо ба меъёри маърифати арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон аз нигоҳи аввал барои густариши фикрӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллии ҷавон омили муассир ояд, аз дигар сӯ сабақбардорӣ аз зиндагии ибратбахши ниёгон насли нави имрӯзро ба сӯи ормонҳои олӣ ҳидоят намуда, шоистагии онро дар баробари ниёгони шӯҳратманди хеш ба субут мерасонад.

Р.Зокиров, устоди кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд