Коррупсия маҳфуми лотинӣ буда, дар ибтидо амалҳои ашхосеро ифода мекард, ки ҳадафашон “вайрон сохтан”, “халал расонидан” ба рафти муътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд. Минбаъд зери мафҳуми “коррупсия” харидан ва додани пора ба шахсони мансабдор, арбобони ин ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатӣ, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020 таърифи коррупсияро бо мазмуни зерин ифода намудааст: Кирдоре, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба суюъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ.

Одатан дар урфият зери мафҳуми “коррупсия” танҳо порагирӣ фаҳмида мешавад, аммо ин зуҳуроти номатлуб шакл ва тарзҳои гуногуни зоҳиршавии худро дорад. Масалан, он дар истифодаи аз меъёр зиёд пешбинигардидаи ҳокимият, истифода ё ғайриқонунӣ додани афзалият ҳангоми тақсимоти неъматҳои моддӣ, азхуд кардан ё тороҷ сохтани амволи боваркардашуда, сохтакории хидматӣ, ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар амалисозии ҳуқуқу манфиатҳояшон, ошнобозӣ, протексионизм, хешутаборчигӣ дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, маҳдудсозии рақобат ва ғайраҳо падидор мегардад.

Коррупсия чун зуҳуроти таърихӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ сабабҳои зиёди пайдоиш дорад ва яке аз онҳо якҷояшавии ҳокимият бо иктисодиёт мебошад, ки миллату давлати мо низ дар таърихи мавҷудияти худ онро паси сар намудааст. Он дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ боз ҳам амиқтар гузашта буд, чун имконияти дахолати давлатӣ ба равандҳои иқтисоди барои салоҳиятҳои маъмурӣ гирифтани фоидаи шахси ҳамеша шароитҳои муносибро ба хизматчии давлатӣ фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти низоми идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кам кардани шумораи вазоратҳо, муттаҳидсозии функсияҳо, таҷдиди назари салоҳиятҳои онҳо, маҳдуд кардани дахолати давлат ба иқтисодиёт мебошад.

Сабаби дигаре, ки барои коррупсия заминаҳои мусоид фароҳам меоварад, ин шаклҳои нави бозории батанзимдарорандаи давлатии иқтисодиёт бо роҳҳои иҷозатномадиҳӣ, гузаронидан аз қайди давлатӣ, сертификатсия, харидории давлатӣ ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ, имконияти ихтиёрдории захираҳои табиию энергетикӣ ва ғайраҳо мебошад. Сатҳи нокифояи таъминоти моддии хизматчиёни давлатӣ, камназоратии фаъолияти онҳо аз тарафи давлату ҷомеа, номукаммалии қонунгузорӣ, дар баъзе қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ мавҷуд будани “сӯрохихо” ва меъёрҳое, ки барои коррупсия имкониятҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд, ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони низ коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намудааст. Ҳукумати кишвар аз рузҳои нахустинни ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза ба коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт шуруъ намудааст.

Азимов Н.С., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ як қисмати Тоҷикистони биҳиштосо маҳсуб шуда,  вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти ин минтақа пайваста таҳти тавааҷуҳ ва назари хоссаи Сарвари давлат қарор дорад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин гӯшаи зебои диёр ба мушкилиҳои роҳу нақлиёт, камбудиву норасогиҳои нерӯи барқ, ғизо ва чандеи дигар мувоҷеҳ буд. Ҳоло вилоят ба сурати умум пеш рафта, коргоҳҳои калону хурди истеҳсолӣ барои таъмини хоҷагии халқи вилоят мусоидат намуда истодааст. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо иродат ва ташаббуси беназири Роҳбари давлат нерӯгоҳи “Помир” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, махсусан дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои неку шоиста ба сомон дода шудааст. Коргоҳи истеҳсоли орд мушкилии мардумро дар самти дастраси ба маҳсулот ғалладонагӣ хеле осон намуд. Ҳоло дар тамоми фаслҳои сол равобит байни минтақаҳо фаъол гардида, дар фосилаи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо мактабу марказҳои саломатӣ арзи ҳастӣ намуданд. Мактаби байналмилалии шаҳри Хоруғ дар минтақа назир надорад. Ҳоло даромади аҳолӣ дар қиёс ба солҳои пешин хеле зиёд гардида, музди миёнаи маоши кормандон дар қиёс ба минтақаҳои Суғду Хатлон баланд аст. Яъне музди миёнаи маоши кормандон 1700 сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба даҳ соли пешин даҳ маротиба зиёд аст. Роҳбари давлат дар як сол на кам аз ду маротиба ба ин гӯшаи зебои диёр сафар карда, зимни мулоқоту вохӯриҳо самимият ва дӯстдории амиқи худро баён намудаанд ва Бадахшонро дарвозаи тиллоии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кардаанд.

Акнун имрӯз вазъи ободии Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистонро бубинему ҳолати ногувори Бадахшони Кӯҳии Ҷумҳурии Афғонистонро фарқ аз замин то осмон. Пас чӣ зарурат аст, ки боз ношукрӣ кунему роҳи бандизм ва зӯргӯиро пеша намоем. Анқариб наздик ба се моҳ аст, ки маркази маъмурии Бадахшони Кӯҳӣ ноором аст. Як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки худро дар олами мафияу рекетҳо мебинанд, мехоҳанд, ки сар аз роҳбари вилоят, мақомоти қудратӣ ва дигар сохторҳо ба онҳо вобаста бошанд. Онҳо шеваи зӯргӯиро ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чашида, мехоҳанд он рӯзҳоро  такрор кунанд. Яке аз “лидерон”-и ин гурӯҳ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров мебошад, ки мехоҳад ҳама дар зери  зимоми ӯ бошад. Агар ду моҳ муқаддам онҳо ёрдачии Прокурори ноҳияро бо баҳонае  истинтоқ карда бошанд, ҳадафи навбатии онҳо ба сари сардори Раёсати маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов афтид. Азбаски Лутфулло Наврӯзов зодаи ноҳияи Ванҷ аст, Муҳаммадбоқир ӯро хуш надод. Ва аз ӯ талаби тарки вазифа намуд. Чун дид, ки истодагарӣ мекунад, ӯро зери мушту лагад гирифт. Ин ҳолат воқеан ҳам риққатангез аст, вақте корманди як ниҳоди давлатиро зӯргӯён зери мушту лагад гирад. Аммо Муҳаммадбоқир  бо гузашти чанд муддат ин итиҳомро ба гардан намегирад. Охир чь тавр ба гардан гирад, вацте сархуш муаллимро зери мушту лагад мегирад. Магар ин айб нест, ки як корманди соҳаи маорифро, ки барои фарзандонамон хизмат мекунад, чунин бераҳмона занад. Магар дар ин вазъияти душвори бархӯрди тамаддунҳо, ки аксаран ба хотири фардои насли имрӯз заҳмат мекашанд, чунин бадиро раво бинанд. Аҷибаш он, ки расонаҳои мустақили ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ амалкарди мақомоти ҳокимияти давлатии Бадахшонро зери тозиён гирифта, ин аблаҳи майхораро қаҳрамон метарошанд. Дар симои ӯ наҷоти Бадахшонро инъикос мекунанд, ки хатои маҳз аст. Маҳз чунин гурӯҳбозиҳо буд, ки мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо оқибатҳои нангини талафоти ҷониву молӣ паси сар намудем. Дигар мардуми сулҳхоҳи кишвар хосса Бадахшониҳо намехоҳанд, ки ҷанг шавад. Пас моро мебояд, ки сари як мақсад оем ва пеши роҳи номуназзамиҳоро бояд гирем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд      

 

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби чаҳонӣ ба шумор меравад, ки он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ҳамаи ин беадолатиҳо ба вайронкорӣ оварда мерасонад. Экстремизм ва терроризм боиси ташвишу нигаронии тамоми кишварҳои олам гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ин масала ҳамарӯза андеша дошта, онро дар мадди аввал мегузорад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем, ки хоинони Ватан мақсад доранд, ки вазъи ороми моро халалдор созанд. Ҳадафи нопоки худро амали гардонанд. Мардуми тоҷик  ҳеҷ гоҳ фаромуш намесозад, ки солҳои аввали истиклолият бар асари фитнаи душманони миллат гардида буд. Дар он вақт эҳтимолияти аз харитаи ҷаҳон нест шудани халқи тоҷик ва парокандагии миллати тоҷик вуҷуд дошт. Хушбахтона бо шарофати Сарвари давлатамон Тоҷикистони мо рӯ ба ободиву оромӣ ниҳод.

Мафҳуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Баъди чун фасоду зиён танхо ва танхо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси хайвоноту дарандахо ва хашароти зараррасон аст, ки онхоро табиат чунин офаридааст.               

Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. Ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузорад, то зинданом бошад.                                                         

Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: "Давлат ба ақл наздик аст." Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор хамеша ба чазои Офаридагори бузург сазовор хохад буд. Аз ин лихоз мо бояд Ватани азизамонро дуст дорем ва хамеша аз хоинони миллат мухофизат намоем!

 

Қаюмова С.А. устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд        

 

 

 Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳаётан муҳим, яъне соҳаи маориф ба натиҷаҳову дастовардҳои назаррас расида истодааст, ки онро метавон мушоҳида намуд.

Дар Паёми соли 2021, ки 21 декабр баргузор гардид, Пешвои миллат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса доданд. Таъкид намуданд, ки бе маориф ягон давлат рушд карда наметавонад. Таъкидҳову гуфтаҳои Пешвои миллат ҳақ асту рост. Маориф кафолати рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Бояд Паёми Роҳбари давлатро натанҳо кормандони соҳаи маориф балки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ, чун ҳуҷҷати сарнавиштсоз муайян намуда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор доранд. Дар Паём қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода супорида шавад.

Яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ иброз намудани Паём аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тантанаи давлатдрии миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Махсусан дар ҳар Паёми худ Пешвои муаззами миллат дар боби маъориф, сатҳу сифати он, беҳбудӣ бахшидау ҷалб намудани омӯзгорони ботаҷриба ва навовар истода мегузаранд. Пешвои миллат иброз доштанд: “Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхори нисбат ба маъориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.”

Мо кормандони соҳаи маориф яъне омӯзгорон аз Паём, ки хуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ, оинаи равшании рушди иҷтимову иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммалии кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувории ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад, илҳом гирифта, ба касби пурифтихори худ содиқ бошем ва пайваста омӯзем, дар ҷустуҷӯи навовариҳову навгониҳо кӯшиш намоем. Ҳуқуқҳои дар Паём зикргардидаамонро дар баробари истифода бурдан, инчунин аз пайи иҷрои ӯҳдадориҳоямон аз қабили омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва нав сохтани нақшаву барномаҳои таълими низ бошем. Ҳар як корманди соҳаи маъорифро зарур аст, ки ба Паём ва мавзӯҳои дар он зикр гардида диққати ҳамаҷониба диҳанд, омӯзанд ва дар амалӣ сохтани ӯҳдадориҳои ба душомон гузошташуда камари ҳиммат банданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон! Биёед мо ҳама новобаста аз синну сол ва касбу кор худро ҳамчун як ватандор ҳис намуда даст ба дасти ҳам дода, Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешравӣ, ободӣ ва гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Тошхӯҷаев Н.А.,

устоди ДПДТТ дотсенти кафедраи                

физика ва химия

 

 

         Ҳамкории самарабахши аҳолӣ бо мақомоти давлатӣ яке аз шартхои таъмини амнияти ҷамъиятӣ мебошад. Афзоиши терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари зуҳуроти фаъолияти он дар тамоми ҷаҳон давом дорад.

Терроризм ҳадафи ноором кардани субот, дигаргуниҳои хушунатомезӣ, тарсонданн аҳолӣ, муомилоти яроқу аслиҳа, ба вучуд овардани шабакаҳои байналхалқии ҷиноятӣ ва ғайра амалҳои номатлубро  пайгирӣ мекунад. Аз ин бармеояд, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне аҳолӣ умуман манфиатдор аст.

Терроризм як масъалаи бисёрҷанба буда, ҳамкории ҷомеа ва давлат яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм мебошад.  Дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории байни ҳукумат ва ҷомеа ба терроризм самаранок мубориза бурдан мумкин аст. Дар ҳоли ҳозир, бидуни ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бе такмили воситаи ахбори омма ва бе иштироки ташкилотҳои чамъиятӣ  бо терроризму ифротгароӣ муборизаи муассир бурдан ғайриимкон аст.

Пеш аз ҳама ба ифротгароии иттилоотӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, таваҷҷуҳи махсус бояд дод. Чи хеле ки маълум аст, дар фазои шабака ҳукумат ҳама гуна маълумотро назорат  карда наметавонад, бинобар ин, ин муҳит аз ҳама бештар барои паҳншавии ифротгароӣ мусоид мекунад.

Агар ифротгароӣ дар ҷузъи идеологӣ ба муқобила дучор нашавад, пас дар минбаъд онро гурӯҳҳои муайяне истифода бурда, ба мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё дигар мақсадҳои ҷинояткоронаи худ мерасанд.

Мақомот ва ҷомеа бояд барои мубориза бо терроризми иттилоотӣ ва ифротгароӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, зеро дар муҳити интернет назорати давлатӣ вуҷуд надорад.

Масъалаҳои паҳншавии ифротгароӣ ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар ҶТ яке аз омилҳои асосие мебошад, ки ба якпорчагии давлат тахдид карда, боиси афзоиши ноустувории чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷа мегардад. Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, тафтиши ҷиноятҳои характери террористӣ дошта, пурзур намудани мубодилаи таъҷилии ахбороти байни органҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ дар бораи шахсон, алоқаҳо ва гуруҳҳои террористонро пурзӯр кардан лозим аст.

Ҳамин тавр, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ ва маданияти шаҳрвандӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди масъул мебошад, ки метавонад фикру мулоҳиза ва хулоса барорад.

Қосимова М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар Паёми имсолаи  хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 – 2026 –ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд.

       Саноатикунонии мамлакат  яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти давлат, афзоиши даромади буҷет, бо молу маҳсулоти  истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани аҳолии мамлакат ва фароҳам овардани даҳо – садҳо ҳазор ҷои кории нав барои сокинони кишвар  ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми неки Пешвои муаззами миллат ба пешрафти давлати соҳибистқлоламон ва барои беҳтар намудани шароити зиндагонии халқ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обурӯю эътбори Ҷумҳурии азизамон мусоидат менамояд.

 Барои амалӣ гаштани мақсадҳои пешниҳод намудаи пешвои муаззами миллат Сарвари давлат аз мутахасисони соҳа аз худ намудани технологияи муосирро тақозо менамояд

Тоҷикистони мо мамлакати офтобрӯя буда, барои истеҳсоли навҳои навтарини маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи биотехнологияи муосир, миқдоран ва сифатан баланд бардоштан шароити беҳтаринро доро мебошад..

    Аз кормандон, мутахасисони соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрока  барои иҷрои ин ҳадафи муҳимтарин ва бузурги давлат тақозо менамояд, ки ҳосилнокӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзиро ба монанди ғалладонагиҳо, меваю сабзавотҳо, полезиҳо ва маҳсулоти чорво - гӯшт ва ширро бо истифодаи технологияҳои навтарин, миқдоран ва сифатан баланд бардошта, саноатро бо ашёи хоми хушсифат таъмин намоянд.

      Саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат буда, бо ин роҳ миқдори корхонаҳои саноатиро зиёд намуда  миқдор, сифат ва хусусиятҳои  ғизонокӣ  барои инсон фоидабахш ва нисбатан ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулотҳои арзонро истеҳсол намуда иқтидори давлат ва некуаҳволии аҳолии кишварамонро боз ҳам беҳтар намоянд. Кормандон ва мутахасисони соҳаи технологҳои  истеҳсол  ва нигоҳдошти маҳсулоти ғизоӣ бояд  технологияҳои муосири истеҳсол, коркард ва нигоҳдошти  маҳсулоти ғизоиро аз худ намуда, маҳсулотҳои  навтарини аз ҷиҳати экологи тоза , хушсифат, барои инсон фойидабахшро   истеҳсол намуда,  муҳлати нигоҳдошти онҳоро  дароз намоянд бо ин пешрафти ҷомеъаро таъмин намоянд.

    

Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

       

Тарбияи ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрам дар ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз муайян намудани роҳи ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад.

Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад.

Дар даромадгоҳи донишгоҳи Стелленбоси (Stellenbos)  Африкои Ҷанубӣ навиштаҷоти зеринро хондан мумкин аст: “Нобудкунии ҳар гуна миллат бомбаҳои атомӣ ё истифодаи мушакҳои дурпарвозро талаб намекунад. Танҳо коҳиш додани сифати таҳсил ва иҷозати фиребу тақаллуб  ба донишҷӯён дар имтиҳонҳо талаб карда мешавад. Беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд. Биноҳо аз дасти чунин муҳандисон вайрон мешаванд. Асъор дар дасти чунин иқтисоддонон ва муҳосибон гум мешавад. Инсофу адолат аз дасти чунин ҳуқуқшиносон ва судяҳо гум мешавад. Шикасти таҳсилот-ин шикасти миллат аст”.

Омӯзонидани илму техникаи муосир ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи

эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии

гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад.

Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».

Оиди нақши омӯзгорон дар таълиму тарбия як нуқтаи назари ниҳоят ҷолибе ҳаст. Аз нахуствазири Ҷопон пурсидаанд, ки чӣ гуна ҷопониён ба чунин пешрафт дар соҳаи илму техника аз ҳама ҷаҳониён пешсаф шуданд? Нахуствазир посух додааст: “Мо ба омўзгор моҳонаи вазир, масъулияти дипломат ва обрӯи императорро додем ва ин аст, натиҷааш”.

Бузургону хирадмандони тоҷик, омӯзгорон бо заҳмату талоши пайвастаашон метавонанд ба тарбияи ҷавонон таъсири худро расонанд.

Оре, маҳз таълиму тарбияи ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Ҷавонони мо бояд ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расанд, ба неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ шукргузорӣ намоянд, зеро ки дар дунё давлату ҷомеаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора – пора шуда истодаанд.

Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму

тарбияи дуруст надодан ба ҷавонон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад.

 

Абдуллоева Ҳ.Р., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд        

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ қайд карданд, ки «Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгароии дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрванди кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид».

Дар ҳақиқат афроди беруна, мамлакатҳои ҳамсояву дур, ки сиёсати гуногунро пайравӣ менамоянд кӯшиш ба харҷ дода мехоҳанд мамлакатҳои гуногунро ба зери сиёсати пайравикунандаи худ аз ҷиҳати иқтисодиву сиёсӣ муттаҳид намуда роҳ ба иқтисоди дохилии он ёбанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ онро роҳгумзада созанд ва ба манфиати худ то қадри имкон истифода баранд. Ин намуд таҷриба ва амалия байнидавлатӣ вуҷуд доранд ва аксарияти давлатҳо ин амалияи нодурусти ба осудагиву оромӣ мухолифро пайравӣ менамоянд, ки ояндаи он нокомӣ ва гум кардани алоқаҳои байнидавлативу баамалории нокомиҳои маънавӣ мебошад. То қадри имкон ин равияву амалҳои нокомсозанда дар таҷрибаи ҷаҳонӣ амал мекунад ва бо ин роҳ муносибатҳои баробар ва баробарҳуқуқро аз байн мебаранд ва боиси зӯрии ниҳониро байни давлатҳо баамалӣ овардан сабаб мешаванд. Набояд байни давлатҳо ин намуд муносибатҳо ҷой дошта бошад. Баробарҳуқуқӣ, эҳтиром байни давлатҳои миёнаву абарқудрат, ҳукумрон бошад. На як давлат хоҳад аз шартнома барояд ё ки онро бо хоҳиши худ бекор кунад. Ин набояд дар муносибатҳои байнидавлатӣ ҷой дошта бошад.

Аз дигар тараф дасисабозиҳои дохили ҳизбӣ ва дохилии мардумӣ, дар ҷомеъа ҷой дошта низ саҳми калонро оиди вайронсозӣ ва баамалоии низоъҳои байнигурӯҳӣ, дохили ҷомеъавӣ сабаб мешавад, ки саҳми онҳо дар вайронсозӣ хело калон ва даҳшатнок мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногун байни мардум ақидаҳои росту дурӯғи худро тарғиб намуда ба баамалоии тарафҳои мухолифини давлативу, зидди давлати баамал оварда шӯру мағалро, оқибат куштору нооромиро дар мамлакат баамал оварданд. Инсонҳо ба фардои орому осуда боварӣ надоштанд ва боварӣ қариб аз байн рафта буд. Гуфтори бузургон, охири шаби сияҳ сафед аст, албатта қиммати худро гум накардааст ва ҳеҷ гоҳ гум намекунад ва пайваста рӯзгори инсонҳоро равшан мегардонад. Барои бунёди рӯзи равшани бардавом ақли солим, иродаи мустаҳакам, дурбинии таҳаммулпазирона лозим буд, ки ин сифатҳоро президенти ҷумҳуриамон зоҳир намуда, ба муросо омадани мухолифинро талаб карданд ва барои амалӣ кардани ин нақша ҳамаи чораҳои заруриро андешиданд. Албатта дар ин лаҳзаҳои пурмасъулият якчанд шабҳои бехоби паси сар мешавад. Фикру хаёли печ дар печ бо саволҳои, аз кадом тарафи муаммо сар кардан лозим, ки масъала ҳалли худро ёфта бошад. Оё мухолифин ба ину он пешниҳодҳои ман розӣ мешуда бошанд. Агар розӣ нашаванд, пас чи кор бояд кард? Агар ин гуфтушунидҳои забонӣ тӯл кашад, пас ҳоли мардуми фирорӣ чи мешуда бошад? Оё ин равандро тезонидан мумкин аст? Барои тезонидан чи бояд кардҳо барин саволҳои Раҳмонӣ фикри пешвоямонро банд месохт ва ҳалли тезтари онро барои пайдо кардан аз кадом тарафи масъала бояд дохил шуд ва кадом масъалаҳоро кундалнг бояд гузошт, роҳбарамонро ба ташвиш меандохт. Ақлу тамизи фарогири роҳбарамон ҳаммаи ҷабҳаҳои ин масъаларо пайваста омӯхта, ҳалли дурусти онро пайдо карда пас муамморо барои таҳлилу ҳалкунӣ ба миён гузошт. Ҳамаи он шабҳои бехобӣ, масъалагузориҳои дақиқу нотакрори пешгӯянда ва пешбинанда, кори худро кард ва сулҳи деринтизори тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ партавафшон шуд, ки хизматҳои Пешвоямон муайянкунанда ва бунёдсозанда буд. Албатта муҳаббати беандозаи президентамон ба мардуми кишвар, нисбат ба талаботҳои кӯтоҳандеши ифродгароӣ мухолифин якчанд андоза боло гирифт ва сулҳ дар кишвар пойдор гардид. Ин ҳама аз дурбинӣ ва таҳаммулпазирии президентамон нисбат ба муаммоҳо, гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамаи ин баҳсу мунозира ва кашмакашиҳо ақли буррои призидентамон кори худро кард ва сулҳ пойдор гардид. Албатта ақли бурро ва таҳаммулпазирӣ беандозаи халқамон, масъалаи пайдошударо дуруст аз ҷиҳати ҳам иқтисодиву ҳам сиёсӣ фаҳмида рӯ ба дастгирии ақли солим карданд. Дастгирии онҳо буд, ки муаммо ҳалли худро ёфт. Бе дастгирии мардум ҳалли муаммо тӯл кашиданаш мумкин буд.

 

Файзулло Ҷалилов, дотсенти кафедраи физика ва химия  

 

Ба ҳамагон мусаллам аст, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекард. Яке аз ин ҳизбҳо ин ҳизби наҳзат мебошад. Намедонам, ки замоне чи сабаб шуду ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёси расман ба кайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофи аз моҳияти он бархурдор набуд, ки имрӯз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем. Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд. Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ. Тамом, вассалом. Намояндагони наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавониста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардурӯғ намуда, дар расонаҳои ахборотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Мусаллам аст, ки пас аз мамнӯ гаштани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо аъзоён ва тарафдорони он, аксар чун қавми тӯдагурези босмачӣ аз Кабирӣ оғоз то дигар шогирдони «сухандону сиёсатшиносу кордонаш» дар кадом мамлакатҳои ғарб парешону бесарпаноҳ гаштаанд. Имрӯз онҳо дарбадару худ гумроҳанд, ин танқӣду таклиди беасоси мухолифон аз ночориву ноилоҷист. Аз ин пас муқтазои ин беимонон ҳамин аст, лагандбардору фармонбардорӣ беимонон гардидаанд.

Агар Муҳиддин Кабирӣ дар симои худаш чунин раҳбареро мебинад, барномаҳояшро пешниҳод созад. Шояд мардумро (ва пайравони тамоми шохаҳои исломро, ки аз ниҳояти ҷаҳлу бесаводӣ ба наздики сад шоха расидаанд) қонеъ карда тавонад ва он гаҳ ману дигарон низ аз пасаш равона хоҳем шуд. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънии ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷу амони ва хаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.

ҲНИ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амали намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ намуда, дар миллати мо хостанд, оташи ҷангро барангезанд. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи намояндагони ТЭТ ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳӣ ва босмачигиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Кабирӣ ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамқадаҳонат хотима деҳ, то чакрае аз дараҷаи инсониятат осор монад ва агар ин корро карда натавонистӣ, пас бидон, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они ту нест, зеро хиёнати ватан худ туро беватан кардааст. Агар нону намаки Ватан мехостӣ, онро пос медоштӣ, арзишҳои он ва ахлоқатро гироми медоштӣ.

Замоне, ҳатто то кунун нияти нопоки худро бо мардуми худ бо миллати худ амали кардани хастӣ. Пас масъалаи роғунсозии ту аз куҷо буромад. Бовар кунед вақтҳои охир дурӯғу муболиғоти ин наҳзатиҳо касро дилбазан кардааст. Ба фикратон агар шумо ҳар чи хоҳед амалӣ мешавад. Вале донед, ки ин танҳо хаёлпарастист. Хаёлпарастии наҳзатиҳо асту бас. Зеро то кай худхоҳиву худписандӣ, то кай гапи ин назҳтиҳо гапу гуфтаҳояшон амалишаванда. Он рӯзҳо гузашту рафт, нияти фаъолият медоштед, инсонвор бояд кор мекардед, на ин ки мардумонро илми ҷангу ҷидол ва силоҳбадастиро медодед.

 Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигузор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд. Онҳо бояд хис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷой ягон гап ҳаст, яъне мардум ҳамин тавр ба рафти фаъолияти ТЭТ ҲНИ беҳуда таваҷҷӯҳ зохир намуда, натиҷбардорӣ накард ва фаъолияти ин ташкилоти терористиро мамнӯъ эълон накардааст. Ин ақидаде буд, ки замони манъи ин ҳизб миёни мардум гап гап шуда буд, аммо ин аӣқдаҳо ба ҳакқиқат мубаддал гаштааст, ки рӯз то рӯз ин нохалафон аз ҳар манотиқи дунё истода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ сохта истодаанд. Яъне ҳамон “зери коса нимкоса ҳаст”, гуфтани мардумон имрӯз дар амали ин терористон инъикос ёфтааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарон ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд.

Назира Бобоҷонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Шароити имрӯзаи тамоми ҷаҳонро назар кунем, ҳамаи давлатҳо ва халқиятҳо аз ихтилофи зиддиятҳо ва таззоду мушкилиҳо, аз густариш ёфтани ҳаракатҳои иртиҷоию гумроҳшавии одамон, аз бой додани ҳуввияту инсондӯстии шаҳрвандони худ бисёр нигарон шудаанд. Аз ҷумла, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ, ки як узви комилҳуқуқи ҷомеаи имрӯза аст, ҳамчун давлати куҳанбунёд ва инсондӯст дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ новобаста дар шароити бархурди тамаддунҳо ва хатарҳои руҳафзуни зиддиинсонӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин кишвари тамаддунофар, ки онро мамлакатҳои бузургтарини олам эътироф кардаанд, бо халқи меҳнатдӯсти худ аз хавфу хатарҳои беруна, ки ба сулҳу субот ва осмони софи он таҳдид мекунанд, ҳеҷ вақт дар канор қарор намегирад. Яке  аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки давлату миллат дар замони ҷаҳонишавӣ ин мубориза алайҳи терроризму экстремизм гаштааст,ки он бевосита мувофиқи қонунҳои амалкунанда ва тавассути мақомотҳои дахлдор амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии намояндаҳои гурӯҳҳои террористиро таҳлил намоем, ин нооромии кишвар, усули таъсиррасонии абарқудратҳо ва охирон ин тиҷорат, ки дар кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ сарватманд амалӣ карда мешавад, асту бас. Ҳар як шахси хирадманду қавиирода, мақсади ғаразноки ин гурӯҳҳоро дониста истода, бояд ба қадру қимати сулҳу осоиштагӣ расад ва нагузорад, ки ин шахсони ватангумкарда ба ҳадафҳои худ расанд. Ба ҳаракатҳои чандинсолаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ назар афканем, аз он фақат қатлу куштор, харобгардонӣ, таркиш, вайронкорӣ ва бадбахтӣ боқӣ мондаасту халос. Модаре бефарзанд, фарзандони ятиммонда, хонаҳои сӯхта ва бадбахтии тамоми миллат аз паи кори номатлуби ин гурӯҳҳои ифротгароӣ аст.  Муборизаҳои чандинсола алайҳи терроризм нишон медиҳад, ки ҳамкорию ҳамгироии доимӣ бо мардум омили пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ногуворӣ ин кор мебошад, бахусус ҳамкории ҷавонон бо Ҳукумат, истифодабарии нерӯи бунёдкоронаи онҳо дар самти муқобилият бо терроризм натиҷаҳои назаррас додаанд. Имрӯзҳо иқтидори муборизаи мамлакати мо, мақомотҳои давлатӣ  бо ин омилҳою қувваҳои беруна ва ҳаракатҳои ифротӣ расад ҳам, аммо бо мақсади таъмини пурраи амнияту субботи кишвар ва бехатару амонӣ нигоҳ доштани халқу миллат, ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ бо аҳолӣ заминавӣ ҳисобида мешаванд. Пирӯзӣ дар самти пешгирии омилҳои ифротгароёна ва оқибатҳои бади он аз маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиву фарҳангии аҳолии кишвар вобастагии хеле калон дорад. Ҳар як шахс дар ин самт саҳми худро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд гузорад ва нисбати ояндаи Ватани хеш бетараф набошад, нагузорад, ки ягон ватангумкарда ба сулҳу амнияти миллӣ, ба рушди ояндаи мамлакат халал нарасонад. 

Дилафрӯз Саидхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Инсоният дар давраи рақамикунонӣ қарор дорад. Ду даҳсолаи охир афзоиши миқёси татбиқ ва истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотӣ дар ҳаёти ҷомеа мушоҳида карда мешавад. Ва шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, гуфтан мумкин аст, ки ҳамчун яке аз василаи робитаи байниҳамдигарии гуруҳи аҳолӣ ва ахбори умум хусусияти хоси замони мо шудааст. Интернет торафт бештар қариб тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро забт мекунад. Умуман, ҳаёти имрӯзаро бе технологияи иттилоотӣ ва шабакаи Интернет тасаввур кардан имконнопазир аст.

Аз рӯи мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки гуруҳи бештари истифодабарандагони фаъоли шабакаи умумиҷаҳонии Интернетро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳаёти ҷавонони имрӯза зери таъсири Интернет як қатор табаддулот ба вуҷуд омаданд: шабакаҳои анъанавии қабули маълумот, хислати муносибати байнишахсӣ тағйир ёфта, низоми арзишҳои инсонӣ дигаргун шудааст.  Ҳоло таҳқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва хатто ба безурётӣ оварда мерасонад.

Пас суоле ба миён меояд, ки шабакаи Интернет ба ташаккулёбии шахсият чӣ гуна таъсир мерасонад? Ба ақидаи мо, метавонад ҳам манфӣ ва ҳам мусбӣ таъсир расонад. Таҳқиқоти дар ин соҳа гузаронидашуда далели он аст, ки шабакаи умумиҷаҳонӣ ба услубу тарзи ҳаёт, одатҳо ва тартиботи рӯзи истифодабарандагон таъсири назаррас мерасонанд.

Мутаассифона, таъсири манфии шабакаи интернет ба истифодабарандагон, бахусус насли ҷавони ҷомеа бештар ба назар мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки аксарияти ҷавонон маданияти истифодабарии васоити муосири муошират ва шабакаи интернетро ба таври бояду шояд дуруст дарк накардаанд.  Онҳо аз телефон ва шабакаи интернет на барои гирифтани маълумоти мукаммалкунандаи донишу малака, балки барои дарёфти дигар маълумоти ба ахлоқи ҷомеа зарарнок сару кор мегиранд. Соатҳои тӯлонӣ вақти худро зоеъ сарф мекунанд. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки он ҷо ҳар рӯз маълумоту ахбори нав ба нав нашр карда мешавад ва гуруҳҳои мухталифи истифодабардагон мавҷуданд, навиштаҷоти бемантиқ, дашному таҳқиромези бархе ҷавонон боиси таассуф аст. Ё ҳар гуна иттилооти иғвоангез нашр мекунанду шарҳҳои беасос менависанд. Аҷоиботаш он аст, ки ин гуна амалҳо аз тарафи ашхосе, ки дар шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи қалбакӣ ё ному насаби мустаор доранд, раво дида мешавад. Масъулону маъмурони шабакаҳои иҷтимоиро мебояд ба ин гуна ҳолатҳо роҳ надиҳанд.

Дар ташаккулёбӣ ва риоя кардани маданияти истифодабарии интернет оила нақши муҳиму ҳалкунанда мебозад. Дар оила бо воситаҳои алоқа ва шабакаи Интернет чӣ гуна  муносибат кунанд, фарзанд аз он ибрат мегирад. Бояд худи падару модар назди кӯдак бисёр аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ борҳо таъкид мекунанд, ки одобу маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ, шабакаи интернет аз тарафи ҷавонон бояд риоя карда шавад. Ҷавононро мебояд бо мақсади ғанӣ гардонидану такмил додани савияи дониш, ҷаҳонбинии худ барои дарёфти маълумоти  манфиатдор, китобҳову навгониҳои соҳаи илм шабакаи интернетро истифода баранд.

 

Турсунова Ш.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд